Омилҳои антропогенӣ

Таъсири одам ба табиат ҳамчун омили экологй хеле зиёд ва гуногун мебошад. Дар замони муосир ягон омили экологй ин қадар таъсиру тавоноии сатҳи сайёравй ба монанди одам надоранд, гарчанде ин яке аз омилҳои ҷавонтарини табиат ба ҳисоб меравад. Таъсири омилҳои антропогенй аз давраҳои ҷамъоварй оҳиста оҳиста ( он вақт таъсири одам аз таъсир ҳайвонҳо кам фарқ дошт) то давраи мо, яъне пешрафти илмию техникй ва таркиши демографй пурзӯр шуда истодааст. Дар рафти фаъолияти худ одам намудҳои навъи ҳайвонот ва растаниро ба вуҷуд оварда, дар азнавсозии табиат ҳисса гузошт. Одамон мусоидат намуданд, ки навъҳо ва намудҳои нави офаридагиашон хусусияти хос ва сифати хуб, яъне дар мубориза барои ҳаёт устувор, масуният нисбати организмҳои касалиовар ва ғ. дошта бошанд.

Тағйирёбиҳое, ки одамон дар муҳити зист ба амал меоранд, ба як намуд мусоид ва ба дигар намудҳо гайримусоид таъсир мерасонад. Ҳамин тавр, фаъолияти инсон ҷамоаро сермаҳсул ё ки каммаҳсул менамояд. Таъсири антропогении одамон ба табиат метавонад бошуурона, тасодуфӣ ё ки бешуурона бошад. Одам майдони зиёди заминҳоро аз худ карда агросенозҳоро ҳосил мекунад. намудҳои ба бемориҳо устувори ҳосилнокиашон баландро бароварда, як намудро паҳн карда дигарҳоро нест мекунад. Ҳамаи ин тағйирёбиҳо мусбат буда, аммо дар баъзе ҳолатҳо таъсири манфӣ доранд, мисол беандеша паҳн кардани ҳайвонот, растаниҳо ва микроорганизмҳо, даррандавор нест кардани як қатор намудҳо, олудакунии муҳит ва ғ.

Ҷадвали 23

Шаклҳои асосин таъсири одам ба растаниҳо ва густурдаи растаниҳо

Тағйирёбии

ареали

растаниҳо

Таъсири бевоси- таи одам ба густурдаи растаниҳо

Офаридани муҳити зис- ти нави ба табиат мо- нанднабуда

Офаридани фотосенозҳо и зироатӣ

Ҳифзи

густурдаи

растаниҳо

Овардани

растаниҳо

Кам кардани ареал ва нест кардани растаниҳо

Шудгор кардан

Хушкунй, бури- дани ҷангалҳо, обёрй,сӯхтан,чар ондани ҳайвон- ҳои ёбой, таъсири дуд ва омехтаҳои заҳрнок ба атмо-

сФеРа

Офаридани муҳит зисти рудералӣ, офаридани хокгардонҳ о ва дигар партовҳои истеҳсолӣ

Офаридани фитосенозҳ ои зироатй

Ҳифзи

густурдаи

растаниҳо

Ба таъсирҳои тасодуфии ба табиат расидаи дар арфти фаъолияти инсон, паҳнкунии зараррасонҳои гуногун, муфтхӯрҳо, тасодуфан овардани ягон организм бо ягон бор, оқибатҳои ногаҳонии бошуурона ба табиат таъсир расонидан, мисоли хушккунии ботлоқҳо, сохтани платинаҳо, шудгор кардани даштҳо ва ғ. дохил мешаванд.

Одам ба олами ҳайвонот ва растаниҳои рӯи замин бевосита ва бавосита таъсир мерасонад. Шаклҳои муосири таъсирҳои гуногуни одам ба олами растаниҳо дар ҷадвали 23 пешкаш шудааст.

test

Добавить комментарий