Қоида ва хусусиятҳои тартиби мавзуниятҳои биологи

Яке аз хусусиятҳои бунёдии табиати зинда-ин даврй будани ҷараёнҳои зиёди дар он амалйшуда мебошад. Байни ҳаракати ҷирмҳои осмонй ва организми зиндаи рӯи замин алоқаманди мавҷуд аст.

Организмҳои зинда на танҳо рӯшной ва гармии офтобро истифода мекунанд, балки механизмҳои гуногуне доранд, ки ҳолати амики офтобро дар уфуқ муайян мекунад, ки ба қоида ва хусусиятҳои тартиби моддаҳои зинда, моҳтоб ва ҳаракати замин ҷавоб мегардонанд. Организмҳои зинда бо як қоида ва хусусиятоҳои тартиби муайян расиш ва афзоиш меёбанд, ки бо дарозии рӯз ва ивазшавии мавсими сол мувофиқ карда шудааст. Ин дар навбати худ ба ҳаракати замин дар гирди офтоб вобаста аст. Мувофиқ омадани давраҳои ҳаётй бо мавсимҳои сол, ки ба шароитҳои он мутобиқ шудаанд, барои ҳастии ҳаётй намудҳо хеле муҳим аст. Дар раванди инкишоф ҳодисаҳои даврии дар табиат амалй шуда, аз тарафи материяи зинда дарк карда шуда, организмҳо хусусияти тағйир додани ҷараёнҳои физиологро пайдомекунанд. Баробар ва бо навбат тағйирёбии ягон ҳолати организмро дар фосилаи муайяни вақт қоида ва хусусиятҳои тартиби биологй меноманд.

Тағйирёбиҳои даврии берунӣ (экзогенй), ки табиати ҷугрофӣ ва дохилӣ (эндогений) ё ки ритмӣ (мавзунияти) физиологии организмҳо фарқ карда мешаванд.

Мавзунняггҳои (ритмҳои) беруна

Ритмҳои беруна табиати ҷуғрофй дошта бо гардиши замин нисбат ба офтоб ва моҳ ва нисбати замин алоқаманд мебошанд. Омилҳои хеле зиёди экологӣ дар сайёраи мо, пеш аз ҳама рушноии офтоб, ҳарорат, фишор ва намнокии ҳаво, майдони магнитии барқии атмосфера, мадду ҷазри баҳрҳо ва ғ. дар зери таъсири ин гардиш мунтазам тағйир меёбанд. Ба организмҳои зинда ҳамчунин ритми кайҳонӣ ба монанди тагйирёбиҳои даврии фаъолнокии офтоб ҳам таъсир мерасонад. Офтоб характери даврии 5-6, 11, 22, 80-90 солаи худро дорад. Ба иқлими сайёра тағйироти рӯшноии офтоб таъсири ҷиддӣ мерасонад.

  1. Мавзуниятқои дохилй ва физиологи

Назмҳои дохилӣ ва физиологй таърихан ба амал омадаанд. Ягон ҷараёни физиологй дар организм доимо амалй намешавад . Ҷараёнҳои назми дар раванди ҳосилшавии ҲДН ва ҲРН дар ҳуҷайра, ҳосилшавии сафедаҳо, кори ферментҳо фагоситоз ва митохондрия мушоҳида намудаанд. Тақсимшавии ҳуҷайра, кашишхурии мушакҳо, кори гадуди тарашӯҳии дохилӣ, задани дил, нафаскашй, баҳаяҷоноии системаи асаб, яъне кори тамоми ҳуҷайраҳо, узвҳо ва бофтаҳои организм ба назми муайян итоат мекунанд. Ҳар як система даври муайяни худро дорад. Таъсири омилҳои муҳити берун ин даврро дар ҳудуди худ тагйир медиҳанд, барои баъзе ҷараёнҳо бошад қариб ғайриимкон аст. Ин гуна назмро эндогенӣ меноманд. Назмҳои дарунии организм баробар тобеъ буда, дар системаҳои бутун якҷоя шуда ва охир дар намуди даврҳои умумии рафтори организмҳо баромад мекунанд. Организм гуё, ки вақтро ҳисоб карда бо таври назм вазифаҳои физиологии худро амалӣ мекунад. Ҳам барои назмҳои берунӣ ва ҳам дарунӣ ба амал омадани зинаҳои навбатӣ, пеш аз ҳама бо вақт вобаста аст. Барои ҳамин, вақт яке аз омилҳои муҳими экологӣ баромад мекунад, ки ҳар як организми зинда бояд мутаасир шуда, ба тағйирёбиҳои даврии табиати берун мутобиқат пайдо кунад.

Тағйирёбиҳои фаъолияти ҳаётии организмҳо дар бисёр ҳолатҳо бо даври ҷуғрофии муҳити беруна мувофиқ меоянд. Дар байни онҳо монанди ритмҳои биологии мувофиқунии – шабонарӯз, мадду ҷазр, моҳҳои ба Моҳ баробар ва солонаро фарқ мекунанд. Аз ҳама муҳимтарин функсияи биологии орғанизм (ғизогирӣ, расиш, афзоиш ва ғ.) ба тавассути онҳо бо вақти мусоиди шабонарӯз ва сол мувофиқ меояд.

image61

Режими шабонарӯзӣ. Ду маротиба дар як шабонарӯз вақти баромадани офтоб ва ба ғуруб рафтани он фаъолнокии ҳайвонот ва растаниҳои дар сайёраи мо буда тағйир меёбад, ки онро ивазшавии шабонарӯзй меноманд ва бо таъғирёбиҳои даврии равшанӣ, бо ғардиши замин дар гирди меҳвари худ алоқаманд аст. Дар растаниҳои сабз ҷараёни фотосинтез танҳо дар равшанӣ – рӯзона мегузарад. Дар растаниҳо кушодашавӣ ва пушидашавии гулҳо, болошавй ва овезоншавии баргҳо шиддатнокии максималии нафаскашй, суръати расишӣ колеоптил ва ғ. бештар бо вақтҳои муайяни шабонарӯз рост меояд (расми 54).

Эъзоҳ. Дар доираҳо вақти тахминии кушода ва
пушида шудани гулҳои растаниҳои гуногун нишон дода шудааст

Баъзе намуди ҳайвонот дар рӯшноии офтоб хеле фаъол буда, баъзеи дигарашон баракс аз он мегурезанд. Фарқият байни тарзи ҳаётӣ рӯзона ва шабона ҳодисаи мураккаб буда, бо гуногунии мутобиқшавии физиологию рафторӣ вобаста аст, ки дар рафти ҷараёнҳои такомул ташаккул ёфтаанд. Ширхӯрҳо одатан шабона фаъоланд, аммо истисноъҳо ҳам мавҷуданд, мисол, одамон: биниши одам ба монанди маймунҳои одамшакл ба рӯшноии рузона мутобиқат пайдо кардаанд. Зиёда аз 100 функсияҳои физиологии даврии шабонарузй дар одамон мушоҳида шудаанд: хоб ва бедорӣ, тағйирёбии ҳарорати бадан, кашиши назми дил, нафаскашии чуқур ва тез-тез, ҳаҷм ва таркиби кимиёвии пешоб, ҷудокунии арақ, қобилияти кориҷрокунии мушакҳо, ақлӣ ва ғ.

Ҳамин тавр, ҳайвонҳо ба ду гуруҳи намудҳо ҷудо карда мешаванд, ҳайвонҳои рӯзона ва шабона, ки қариб боҳамдигар вонамехӯранд (расми 55).

Ҳайвонҳои рузона (қисми зиёди муфтхӯрони ҳашаротҳо ва калтакалосҳо) дар вақти ба ғуруб рафтани офтоб хоб мераванд, оламро бошад ҳайвонҳои шабона (хорпуштҳо, мушҳои калон, қисми зиёди гурбамонандҳо, қурбоқаи алафӣ, нонхуракҳо ва ғ.) пура мегардонанд.

Намуди ҳайвонҳое маълуманд, ки фаъолнокии онҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона бо ивазшавии давраҳои хоб ва бедорӣ ҳаёт мебаранд, ки чунин назмро полифазавӣ ё ки нимзинавӣ меноманд (як қатор даррандаҳо, миқцори зиёди заминковакҳо ва ғ.).

Ритми шабонарузӣ дар сокинони системаҳои калони обй-уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳои калон хеле хуб ба чашм мерасанд. Зоопланктонҳо ҳаррӯз ба таври амудӣ, шабона ба болои қабатҳои об баромада рӯзона ба поён интиқол меёбанд.

Аз думболи зоопланктонҳо ба боло ва поён дигар ҳайвонҳои калоне, ки аз онҳо ғизо мегиранд ҷой иваз мекунанд, аз думболи онҳо бошад даррандаҳои калонтар. Ҷойивазкунии амудии организмҳои планктонй бо таъсири як қатор омилҳо – рӯшноӣ, ҳарорат, шӯрии об, ҷозиба ва ғуруснагй ба амал меояд. Лекин сабаби асосии ҷойивазкунӣ ба ақидаи олимони зиёд (Дажо, Дерпғолтс ва ғ.) рӯшной мебошад, ки тағйирёбии он таассури ҳайвонотҳоро ба ҷозиба тағйир медиҳад.

Даври шабонарӯзии ҳайвонотҳои зиёд ба тағйирёбии функсияҳои физиологӣ оварда намерасонад, танҳо вай бештар дар тағйирёбиҳои фаъоли қаракаткунӣ мушоқида мегардад барои мисол, дар гурӯҳи қояндаҳо. Тағйирёбиҳои физиологиро аз ҳама хуб дар муши паррон мушоҳида кардан мумкин аст. Дар рафти давраи оромии рӯзона фардҳои зиёди муши парон ҳамчун ҳайвонҳои пойкилотермӣ фаъолият мекунанд, чунки ҳарорати бадани онҳо дар ин вақт қариб, ба ҳарорати муҳит баробар мешавад. Барои парвоз кардани муши парони безобита шуда вақти дуру дароз лозим аст, яъне аз ҳисоби ҳосилшавии гармии кимиёвӣ. Бегоҳи ва шабона муши парон ширхӯри гомойтермии муқаррарӣ буда, ҳарорати баданаш баланд аст, ки ҳаракати фаъол ва амиқ дошта, таассури тези сайдро ба даст овардан ва аз душман гурехтанро дорад.

Даври фаъоли баъзе намуди организмҳои зинда ба вақти муайяни шабонарӯз мувофиқ буда, аз дигарҳо бошанд, вобаста аз вазъият метавонад ба ин ё он тараф тагйир ёбад. Мисол, фаъолнокии гамбусакҳои – чернотелка ё ки кирми хараки биёбонй вобаста аз ҳарорат ва намнокии хок дар фосилаи вақти гуногуни шабонарӯзи тағйир меёбад. Баъзе организмҳо аз хонаи худ пагоҳи барвақт ва бегоҳӣ (даври дузинагӣ) ё ки танҳо шабона (даври якзинави) ё ки дар давоми тамоми рӯз мебароянд. Мисол дигар кушодашавии гулҳои заъфаронӣ бо таъсири ҳарорат ва хӯшагули қоқу бо таъсири рӯшной шуда метавонад, ки дар рӯзҳои абрнок сабадчаҳо кушода намешаванд. Ҳамин тавр, организмҳои зинда барои қабул кардани тағйирёбиҳои муҳити атроф мутобиқат пайдо кардаанд, ки он бештар аз се омил вобаста мебошад-гардиши замин нисбат ба Офтоб, Моҳ ва ситораҳо. Ин омилҳо аз тарафи организмҳои зинда ҳамчун назми наздик қабул шудаанд, вале ба давраи 24 соата амиқ мувофиқат намекунанд. Ин сабаби он шудааст, ки баъзе ритмҳои эндогении биологӣ ба давраи амиқи шабонарӯз мувофиқ намеоянд. Ин назмҳои эндогениро сиркадй (аз лотини снса-наздик, наздӣ ва сйек-рӯз, шабонарӯз, яъне бо назми шабонарӯзӣ наздикшуда меноманд.

Дар намудҳои гуногун ва ҳатто фардҳои гуногуни як намуд ритмҳои сиркадӣ, аз рӯи қоида бо давомнокӣ аз ҳам фарқ мекунанд, аммо дар зери таъсири дуруст тағйир ёфтани рӯшноӣ ва торикӣ мумкин аст, ба 24 соат баробар шаванд. Мисол, агар санҷобҳои паррон (РеЬготиз уо1апз) дар торикии пурра дуру дароз нигоҳ дошта шаванд, ҳамаашон бедор мешаванд ва аввал якбора ба тарзи ҳаётии фаъол мегузаранд, баъдтар дар вақтҳои гуногун, ҳар як фард ритми худро нигоҳ медорад. Дар вақти дуруст ба роҳ мондани ивазшавии рӯзу шаб даври хобравй ва бедории санҷобҳои паррон баробар мешаванд. Аз ин ҷо хулосае бармеояд, ки омили баҳаяҷонорандаи беруна (ивазшавии рӯзу шаб) идоракунандаи ритми сиркадии модарзодӣ мебошад, ки ба даври 24 соата наздик мешавад.

Ба ғайр аз Замин ва Офтоб, ҳаракати Моҳтоб ҳам ба организмҳои сайёраи мо таъсир мерасонад. Дар халқҳои гуногун нишонаҳое вуҷуд дроанд, ки таъсири моҳтобро ба ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ, дашту чарогоҳҳои табиӣ, рафтори одам ва ҳайвонотро нишон медиҳанд. Давриёти ба моҳи моҳтобӣ баробар бударо ҳамчун ритми эндогенӣ дар як қатор организмҳои болоизаминӣ ва обй муайян кардаанд. Мисол, барои ҷараёни афзоиши кирмҳои бисёрмӯякчадори баҳрӣ Еишсиёас, ки дар рифҳои марҷонии уқёнуси ором ҳаёт ба сар мебаранд, вазифаи соатро минтақаи моҳтобӣ иҷро мекунад. Ҳуҷайраҳои ҷинсии кирм дар як сол гахминан як бор дар як соат ва рузи муайян-вақти Моҳ дар охир чорякҳиссаро ташкил додан ва баланд мерасанд. Қисми қафои бадани кирм аз ҳуҷайраҳои ҷинсӣ пур аст, кушода шуда ба боло мебароянд. Тухм ва нутфа ба ҳам омезиш ёфта бордоршавй ба амал меояд ва ин ҳар сол дар як вақт такрор мешавад. Ақидае ҳаст, ки дар вақти моҳи пурра давраи максималӣ баҳаяҷоноии одамон ҳам рост меояд. Давраи касалии занонаи 28 рӯза мумкин аст, аз пешавлодони ширхӯрҳо мерос мондааст, ки ба ивазшавии баробари зинаҳои Моҳ, ҳарорати бадан ҳам иваз мешавад.

Ритмҳои мадду ҷазр. Таъсири моҳ пеш аз ҳама ба ҳаёти организмҳои обӣ ва уқёнусҳои сайёраи замин мерасад, ки ин ба мадду ҷазр алоқаманд буда бо кашиши якҷояи моҳу офтоб вобаста аст. Ҳаракати моҳ дар гирди замин ба он оварда мерасонад, ки на танҳо ритми шабонарӯзии мадцу ҷазр балки ритми моҳона ҳам амалй мешавад. Баландии максималии мадду ҷазр тахминан ҳар 14-рӯз мушоҳида мешавад, ки ин дар вақти ҷой гирифтани Офтоб ва Моҳ дар як хатт нисбат ба Замин мувофиқ меояд ва ба уқёнуси олам таъсири максималӣ мерасонад. Ритми мадду ҷазр барои ҳаёти организмҳои обӣ назар ба ивазшавии рӯзу шаб муҳимтар аст. Мисол, моҳии грунин, ки дар соҳилҳои Калифорния ҳаёт мегузаронад, чунин аст, ки дар мадци аз ҳама баланди шабона ба соҳил партофта мешавад. Модина бо думаш регро кофта дар он ҷо тухм мегузорад, баъд нарина онҳоро бордор мекунад, ки баъди ин онҳо боз ба баҳр бармегарданд. Баъди баргаштани онҳо ба об тухмҳои бордор шуда ҳамаи зинаҳои инкишофро аз сар мегузаронанд. Баромади моҳичаҳо баъди 15 рӯз ба амал омада, ба мадди баланди дигар мувофиқ меояд .

Давриёти мавсимӣ, яке аз ҳодисаҳои умумии табиати зинда ба ҳисоб меравад. Беохир иваз шудани мавсимҳои сол, ки бо гардиши замин дар атрофи офтоб амалӣ мешавад, ҳама вақт одамонро ба ҳайрат мегузорад. Баҳор тамоми олами зинда бо об шудани барф ва рӯшноии баланди Офтоб аз хоб бедор мешавад. Мугчаҳо кушода шуда, баргҳои ҷавон расиш меёбанд, ҳашарот парвоз намуда, паррандаҳо аз ҷануб бармегарданд. Ин ивазшавиҳои сол бештар дар минтақаҳои икдими мӯътадил ва арзҳои шимол хеле хуб ба чашм мерасанд. Давриёти дар ҳаёти ҳайвонот ва растаниҳо натиҷаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбиҳои шароити метеорологии солона мебошад. Онҳо дар ритмҳои ҳарсолаи муайян бо ритмҳои метерологй дар фаъолияти ҳаётии организмҳо кор карда баромада мувофиқат мекунанд. Талабот бо ҳарорати паст дар даврахои тирамоҳ ва гармӣ давраҳои нашъунамоӣ онро нишон медиҳад, ки барои растаниҳои арзи мӯътадил на танҳои гармии умуми балки баробар тақсимшавии он дар вақг, аҳмияти калон дорад. Мисол, агар растаниро микдори якхелаи гармй диҳем, вале ҳархела тақсим карда, ба яке тобистони гарм ва зимистони сард, ба дигаре ҳарорати миёнаи доимии мувофиқ таъмин кунем, он гоҳ растании ҳолати якум инкишофи муътадил меёбад, гарчанде, ки микдори умумии гармӣ дар ҳарду тариқа якхелаанд.

Талаботи растаниҳои арзҳои муътадил дар давоми сол ба ивазшавии давраҳои гарм ва хунук номи давриёти ҳарорати мавсимиро гирифтааст.

Дар баъзе ҳолатҳо омили асосии давриёти мавсимй давомнокии рӯз мебошад. Давомнокии рӯз дар тамоми сол тагйир меёбад ва аз ҳама бештар офтоб дар рӯзи дарозтарини моҳи июн ва аз ҳама камтар дар рӯзи кӯтоҳтарини декабр нурпошӣ мекунад.

Қисми зиёди организмҳои зинда механизмҳои хоси физиологй доранд, ки ба давомнокии рӯз мутаассир мешаванд. Мисол то он вақте дарозии рӯз 8 соатро ташкил мекунад, зочаи шапалаки- сатурний ором мехобад, чунки дар берун замистон аст ва ҳамон вақте, ки рӯзҳо андаке дарозтар шуданд, ҳуҷайраҳои махсуси асаб дар мағзи зоча ба ҳосил кардани гармони махсус огоз мекунанд, ки бордоршавии онро ба амал меорад. Як қатор мушоҳидаҳое маълуманд, ки таъсири тағйирёбиҳои мавсимиро ба организм тасдиқ мекунанд.

Дар табиат ба ғайр аз ритмҳои шабонарӯзй ва мавсимй давриёти бисёрсолаи ҳодисаҳои биологӣ мушоҳида мешаванд. Вай тағйирёбиҳои иқлим, қонуниятҳои ивазшавии онро дар зери таъсири фаъолнокии офтоб ва ба навбат омадани солҳои ҳосилхез ва камҳосилиро, ҳамчунин серҳосилӣ ё ки микдори кам шудани популятсияро муайян мекунад.

Д. И. Маликов дар 50-соли мушоҳидаҳои худ 5 мавҷи калони тағйирёбиҳои ҳайвоноти калони шохдор ё ки чанд маротиба даври офтоби ба амал омадаро қайд намуд. Ҳамин гуна алоқа дар тагйирёбиҳои даврии ҷӯшидани шир, афзуншавии гушт дар давоми сол, муинаи гӯсфанд ва дигар нишондиҳандаҳои истеҳсолии хоҷагии қишлоқ ба қайд гирифта шудаанд.

Даврияти тағйирёбии хусусияти вируси зукомро (навоиро) бо фаъолнокии офтоб алоқаманд мекунанд. Мувофиқи пешгуиҳо баъди оромии нисбии давраи зуком дар солҳои 80-уми асри XX баъди соли 2000 баландшави тези шидцатнокй ва паҳншавии он ба назар гирифта шудааст.

Соати биологи

Ритмҳои шабонарӯзӣ ва сиркадй дар асоси қобилияти организмҳо ҳис кардани вақт нақш бастаанд. Механизме, ки ба фаъолнокии даври ҷавобгар аст- бигузор ин гизо ё ки афзоиш бошад – номи соатҳои биологиро гирифтааст. Кори хеле амиқи соатҳои биологӣ, ки фаъолияти ҳаётии як қатор растаниҳо ва ҳайвонҳоро идора мекунад, объекти тадқиқоти як қатор олимони мамлакатҳои дунё гаштааст (расми 56).

Чй тавре дар хатти каҷ нишон дода шудааст, барги лубиёгиҳо шабона пажмурда, рӯзона аз нав рост мешаванд. Графики фаъолнокии каламуш аз пайдарҳам иваз шудани пастшавии росткунҷа (рӯзона каламуш хоб аст) ва баландшавии он (шабона каламуш бедор асг) вобаста мебошад. Пашаи хонагӣ дар бисёр ҳолатҳо аз зочаи худ пагоҳй мебарояд. Ин мутобиқшавӣ он қадар решаҳои чуқур дорад, ҳатто дар шароити доимии рӯшноӣ, ҳарорат, намй паша (магас) хусусияти давраҳои рафтори хоси худро нигоҳ медорад.

Растаннхои лубябги

Расми 56. Соатҳои биологй (аз руи П. Фарба, 1971)

Ҳайвонҳои зиёд, аз қабили намудҳои гуногуни паррандаҳо, сангпуштҳо, занбӯр ва ғ. дар вақти саёҳати худ вобаста аз рӯшноии осмон самтро муайян мекунанд. Мисол, соатҳои дарунй ба занбӯр имконият медиҳад, ки рӯзи дигар ба он гуле дируз нишаста буд баъди кушодашавии он боз баргардад. Гуле, ки занбӯр онро зиёрат мекунад, қобилияти як навъ соатҳои даруниро дорад, ки оид ба вақти кушодашавии гулро хабар медиҳад. Оид ба мавҷуд будани соатҳои биологй ба ҳар яки мо маълум аст. Якчанд рӯз аз занги соат бедор шудан, ба он одат мекунем, ки пеш аз занг задани он бедор мешавем. Дар замони мусоир доир ба табиати соатҳои биологй нуқтаҳои назари гуногун мавҷуд аст, лекин як чизаш ба мо саҳеҳ аст, ки онҳо дар воқеъмавҷуд буда, дар табиати зинда васеъ паҳн шудаанд. Ритмҳои дохилии муайян ба одам ҳам хосанд. Ҳатто дар вақти хоб фаъолияти барқии мағзи сари одам ҳар як дақиқа иваз мешавад. Барои ҳамин ҳам, олимон тасдиқ мекунанд, ки соатҳои биологӣ боз як омили махдудкунандаи организмҳои зинда ба ҳисоб мераванд. Як қатор хусусияти фаъолияти организмҳо ба воситаи соати биологии дарунӣ идора карда мешаванд.

Фотопериодизм ( давраи рӯшпоӣ )

Фотопериодизм ё ки давраи рӯшной ё ки дарозии рӯз, ки яке аз тавсифҳои муҳимтарини режими рӯшной ба ҳисоб меравад, дар давоми сол як хела нест. Дарозии рӯз ба организмҳои зинда боилтифот тобиш ёфтааст. Ҳолати тағйирёбиҳои морфологй, биокимиёвй, хусусиятҳои табииётй ва вазифаи организмҳо дар зери таъсири ивазкунӣ ва давомнокии рӯшноӣ номи фотопериодизмро гирифтааст.

Қобилияти организмҳои зинда мутаассир шудан ба дарозии рӯз номи таассури фотопериодизмро (ТФП)-ро гирифтааст, ки онро олимони амрикой В. Гарнер ва Н. Аллард дар рафти корҳои комплексии худ бо тамоку кашф кардаанд. Онҳо мушоҳида карданд, ки он навъҳои баҳор ва тирамоҳ дар гармхона гул карда, дар шароити муҳити берун тобистон гул намекунанд. Новобаста аз он ки шароити тобистон қариб аз гармхона фарқе надошт. Пешгӯи карда шуд, ки гӯё рӯзҳои дарози тобистон сабаби асосии гулкунй шудаанд. Тахмин тасдиқ гардид, вақте бо роҳи сунъй дар рӯзи кӯтоҳи тобистон тамоку гул кард, баъдтар муайян карда шуд, ки таассурҳои фотопериодикй ба растаниҳои гурӯҳои гуногуни таксономй ва ба шаклҳои гуногуни ҳаётй хос мебошад. Ин қобилият дар олами ҳайвонҳо ҳам васеъ паҳн шудааст, яъне дарк кардан ва мутаасиршави дар рузи дароз. Аз рӯйи таассури давраи рӯшной ҳамаи растаниҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд (расми 57).

X

А

1001

80

В

 

« 1(Ю

 

В

 

1 \

   

80

  
   

60

  

60

  

  

40

  

40

  
   

20

  

20

 

4 6 12 16 20

24 0

4 8 Ш

16

24 »

4

6 12 16 20

Миқдори еоатҳои рушнож аар в шабонарӯз.

3

I эо ео

§« ео

= •§•40

Расми 57. Типи таассурҳои фотопериодикии растаниҳо:

А- рӯзи кӯтоҳ (перилла); Б- рӯзи дароз (испаноқ (шпинат)); В- бетараф (хардал (горчица)); (аз рӯи Б.С. Мошков,1961)

1. Растаниҳои рӯзи кӯтоҳ (гулкунй ва мевадиҳи дар рушноии

8-12 соата ($аро мегирад (мисол, тамоку, перила, бангдона).

  1. Растаниҳои рӯзи дароз. Барои гулкунии онҳо дарозии рузи (рӯшноии ) 12- соата ва аз ин зиёд, лозим аст (картошка, гандум, испаноқ ).
  2. Растаниҳои нисбати дарозии рӯзи мобайни. Барои онҳо дарозии рӯз аҳмият надорад. Гулкунии онҳо дар рӯзҳои дарози гуногун (ба гайр аз рӯзи хеле кӯтоҳ, ки барои растанӣ носерии рушноӣ мушоҳида мешавад) ба амал меояд (мисол, хоргул, помидор, қоку ва г.). Ҳар як намуд ё ки навъи растанй давраҳои мушкилии рӯшноии муйяни худро доранд. Растаниҳо қобилят доранд, ки давомнокии рӯшноиро бо саҳеҳияти хеле баланд чен кунанд. Мисол, барои растании гули довуди ба рӯзи дароз мансубуда, давраи ҳассосии рузи дарозе, ки гулкунии онро таъмин мекунад, ба 14-соату 40 дақиқа рост меояд, ки аллакай дар 13- соату 50 дақиқа ғунчаҳои он ҳосил намешаванд.

Вазифаи муҳимро дар давраи рӯшной паҳншавии ҷугрофии растаниҳо ва идоракунии инкишофи мавсимии онҳо мебозад. Дар арзҳои баланд ва муътадил қисми зиёди растаниҳо ба растаниҳои рӯзҳои дароз мансубанд, яъне ҳамаи онҳо ба рӯшноии дуру дароз мутобиқат пайдо кардаанд. Намудҳои тропикй ва субтропикй бошанд, бештар ба растаниҳои рӯзи кӯтоҳ ва мобайни мансубанд. Намудҳои ба ареалҳои васеъ ва арзаҳои гуногун паҳн шуда бо попуятсияҳои ҷуғрофии гуногуни давраи мушкили рушноӣ дошта хеле хуб фарқ мекунанд, ки ба рӯзи дароз мувофиқ меоянд. Ин таассури давраи рӯшнои ҳамчун механизми мувофиқ-кунонии эколлогияи намудҳо ба шароитҳои гуногун дар тамоми фасл амал мекунад.

Таассури давраи рӯшноии растаниҳои зироатй дар бисёр ҳолатҳо ба ноҳияҳои ҷуғрофии ташаккулёбии навъ мувофиқат мекунад. Мисол, навъҳои гандуми сибирй типи давраи рӯшноии рӯзи дароз ва абиссини бошад – рӯзи кӯтоҳро доранд. Аз як тараф таассури давраи рӯшной омили мутобиқшавй ба муҳити ҷуғрофии муайян амал мекунад, аз дигар тараф ҳамчун омили маҳдудкунанда барои паҳншавии намуд ё ки папулятсияи ҷуғрофй шуда метавонад.

Ҳайвонҳо, бахусус ҳашаротҳо ба дарозии рӯз хеле ҳассосанд. Масалан, малахҳо (АпсШае), шабпалакҳои шабонаи зиёд (Т4ос1;шс1ае) кирми абрешимй (ВошЬих топ) дар шароити рӯзҳои кӯтоҳ инкишоф меёбанд, вале шапараки карам (Кепя Ьгазк^сае) пяденисаи тӯс (К.181оп Ье1и1апа)-организмҳои муқаррарии рӯзҳои дароз мебошанд. Дарозии рӯз ҷараёнҳои фаъолияти ҳаётие, ки пеш аз ҳама бо афзоиш ва инкишофи ҷанин алоқаманд буда ҳамчунин таассурҳои мутобиқшавй, хобкунй, кучидан, пӯстпартой (тӯлаккунй), диапаузаро идора мекунанд.

Даври шабонарӯзаи рӯшноӣ дар як қатор мувофиқатҳои тарзи ҳаётии рӯзона ва шабона барои растанӣ ва ҳайвонот сабаб мешавад. Ҳамаи ҷараёнҳои физиологии онҳо режими шабонарузаи максималӣ дар соатҳои муайян доранд. Ин таассурҳо бо дуруст ивазшавии давраи рӯшной ва торикй дар давоми шабонарӯз ва давомнокии шабу рӯз асос ёфтаанд.

Организмҳо барои ҳодисаҳои номусоиди мавсимӣ мутобиқат пайдо мекунанд. Мисол, барои растаниҳо ҳолати ороми хос асг, ки дар ин давра расиши пурра қатъ шуда, ҷараёнҳои физиолоғию биокимиёвӣ суст мешаванд. Одатан оромии узвӣ, чуқур ва маҷбурй фарқ карда мешаванд.

Оромии узвӣ ба лӯндаҳо, меваҳо, муғҷаҳо хос аст. Мисол, картошка тирамоҳ ҳатто дар ҳарорати баланд ҳам намесабзад. Тирамоҳ ва аввали зимистон навдаҳои аз дарахтон буридаро агар дар об ҷойгир кунем, мугҷаи онҳо кушода намешавад. Дар рафти оромии узвӣ дар ҳуҷайраҳои ҷанинй ва бофтаҳои растанй мубодилаи туршиҳои нуклеинй ва сафедавӣ ба амал меояд, ки барқароршавии расиши муътадилро дар баҳор таъмин мекунад.

Оромии чуқур дар як вақт бо оромии узвй ё ки баъди он ибтидо гирифта, устувории растаниҳоро ба сардй нишон медиҳад. Дараҷаи оромии чуқур аз намуди растанй ва характери икдими тирамоҳ вобаста аст.

Оромии маҷбурй бошад, аз сабаби баамлоии шароитҳои номусоид, дуру дароз қатъ гардидани расиши растаниҳо мебошад, ки онро бештар баҳор мушоҳида кардан мумкин аст.

Азсаргузаронии ҳодисаҳои номусоиди мавсимиро назар ба растаниҳо дар ҳайвонҳо гуногунтар асг. Мисол, тағйирёбиҳои мавсимии мубодилаи моддаҳо дар ҳайвонҳо дар давраҳои афзоиш мушоҳида мешаванд. Омили асосии аломат ва тезонидани афзоиш режими рӯшноии муҳити зист ба ҳисоб меравад.

Яке аз хусусиятҳои мутобиқшавй ба ҳодисаҳои номусоиди мавсимй хобравй мебошад ва метавонад дар тамоми зинаҳои инкишофи онҳо амалй шавад. Аз ҳама бештар хобравй дар байни ҳайвонҳои арзи баланд ва мӯътадил васеъ паҳн шудааст. Дар давраҳои хобравии зимистон ё ки тобистона дар ҳайвонҳо дараҷаи мубодилаи моддаҳо хеле паст шуда, истифодаи Ог то 10-20 маротиба кам мешавад. Ширхӯрон ва бахусус хазандаҳо, дубаҳраҳо ва қисми зиёди бемӯҳраҳо хоби дуру дароз мераванд.

Барои буғумпойҳо, бахусус ҳашаротҳо диапауза ё ки дуру дароз аз инкишоф таваффуқ кардан, хос аст. Давомнокии рӯшноии рӯзона ҳамчун «ишора» барои пешбинии азнавсозии мубодилаи моддаҳо (захира кардани моддаҳои гизой, кам кардани миқдори намнокй) пешакй дар шароити мусоид истифода мешавад. Нигоҳ доштани мубодилаи модцаҳо бояд дар вақти муайяне гузарад, ки ҳарорати субоптималиро интизор бошад (одатан дар байни О 12°С) пеш аз оне ки ҷараёнҳои инкишоф дар ҳудуди ҳарорати мӯътадил аз нав барқарор мешаванд

Мисол, кирминаи рангинболи тагйирёбандае (Ага$сЫша 1суапа), ки дар шароити рӯшноии рӯзи дароз ҳаёт мегузаронад (аз 16 соат зиёдтар) он гоҳ зочаи он бе диапауза шакли торики шапалаки тобистона (Ғ. ргогха)-ро медиҳад. Дар рӯшноии рузи кӯтоҳ (аз 16 соат камтаар охири тирамоҳ) онҳо зочаҳои аз диапауза гузаштаро медиҳанд, ки барои онҳо на камаш 3 моҳи сардӣ (0-12°С) лозим аст, то ки бо оғози гармиҳо тавонанд шапалакҳои каме пурнуртар (Ғ. 1еуапа)-ро диҳанд, лекин на ҳама вақт диапауза ба он оварда мерасонад.

Дигар мутобиқатии ҳайвонҳо аз номусоидии шароити муҳити зист кӯчидан ба ҷойи дигар мебошад. Норасоии ғизо ё ки бад шудани иқлим ба баъзе ҳашаротҳо (малахҳо), паррандаҳо (зарғилдоқ, ҷалғузахурак ва ғ.), ширхӯрҳо (лемингҳо)-ро маҷбур месозад, ки ба ҷойи аввалаи худ баргарданд.

Кӯчиши доимии як қатор паррандаҳо бо тағйирёбии ҳаво – шӯрнӯл, дурроҷ, саъва ва ғ., ҳамчунин паррандаҳои дигар беихтиёрона, одатан бо давраи рӯшноӣ вобастаги дошта, пешаки аз бад шудани иқлим ва камшавии захираҳои гизоӣ бохабар мекунад, то ки ба ҷойи дигар кӯчанд – лаклак, духтари суфй, стрижи сиёҳ ва ғ.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.