Биосенозҳо

  1. Мафҳуми умумии биосеноз.

Гуногунии олами организмҳо дар рӯи Замин дар тавафуқоти гуногун вомехӯрад. Дар раванди ҳамзистии якҷоя бошад, ягонагии биологии ҷамоа ё ки биосенозро ҳосил мекунанд.

Мафҳуми биосеноз (аз лот. биос-ҳаёт, сеноз- умумй)-ро соли 1877 олими олмонӣ К. Мёбиус дар вақти омухтани садафак ва организмҳои ба он наздик пешниҳод намуда буд. Ба ақидаи ӯ биосеноз – ин «ҷамоаи организмҳои зиндеаро меноманд, ки аз рӯи мувофиқатии таркиб, микдори намудҳо ва фардҳои дар муҳити муайян ҷамшудаи организмҳоеро меноманд, ки ба ҳам алоқаманд буда ба туфайли доимо афзоиш ёфтан дар ҷойи муайян нигоҳ дошта мешаванд». Аз давраи К. Мёбиус (1825-1908) дар мафҳуми «биосеноз» дигар мафҳумҳоро дохил мекунанд, ки имрӯз чунин мувофиқат ба мо маълум аст: биосеноз – ин маҷмӯъи популятсияҳои ҳамаи намудҳои организмҳои зиндаро, ки дар ҳудуди ҷуғрофии муайян ҷойгир шуда, аз дигар сарҳадҳои ҳамсояи худ бо таркиби кимиёвии хок, об ва як қатор нишондодҳои табииётй (баланди аз сатҳи баҳр, бузургии нурпошии Офтоб, ва ғ.) фарқ мекунанд. Дар таркиби биосеноз ҷамоаи гуногуни растаниҳо – фитосеноз; олами ҳайвонот – зоосеноз ва микроорганизмҳо мушоҳида мешаванд. Онҳо дар муҳити хокй, обй атмосферавӣ маҷмӯъи биологии микробиосенозҳоро ҳосил мекунанд.

Ҷамоаҳо аз маҷмӯи шароитҳои муҳити атрофи амиқ (хок ва обҳои зеризаминй, иқпим, боришот ва ғ.) ташкил меёбанд. Баҳамтаъсиркунии ҷузъҳои биосеноз (растаниҳо, ҳайвонот, микроорганизмҳо ва ғ.), хок ва обҳои зеризаминӣ эдофотоп ва бо атмосфера-климатопро ҳосил мекунанд. Ҷузъҳое, ки ба табиати гайризинда дохил мешаванд ягонагии таассубй- экотопро ҳосил мекунанд. Омилҳои абиотии муҳити фазои нисбатан якхеле буда, ки дар он биосеноз ҷойгир мешаванд- биотоп ном гирифтааст.

Мутоби1СД1авии аъзоёни биосеноз ба ҳаёти якҷоявй дар талаботи якхелаи муайян омилҳои муҳимтарини абиотии муҳит ва қонунияти муносибати байни онҳо зоҳир мешавад (расми 71).

Биосеноз ва биотоп байни худ ҳама вақт таъсир мерасонанд, ки ин пеш аз ҳама дар мубодилаи доимии энергия байни онҳо ва дар ҳудуди алоҳидаи дохилии онҳо зоҳир мегардад. Масштаби гурӯҳи организмҳои биосеноз гуногун буда, аз ҷамоаи гулсангҳои болиштии дар пояи дарахтон ё ки кундаи пӯсидаистода то бошандагони манзараҳо – ҷангал, даштҳо, биёбоНҳо ва ғ. мерасад.

Барои ҷамоаҳои хурд (поя ё ки барги дарахт, мӯрчахона ва ғ.) мафхумҳои «ҷамоаҳои хурд», «гурӯҳи биосенотикй», «ҷамоаҳои биосентикӣ»-ро истифода мебаранд.

image83

Атмосфера (КЛПМОтОП) I

Хок

(эдафотоп)

Биосеноз /

Оламп

растанп

Расми 71. Сохтори биосеноз ва нақшаи баҳамтаъсиркунии байни
ҷузъҳои он (аз рӯи В.Н. Сукачев, 1940)

Дар байни гурӯҳҳои биосенотикии масштабашон гуногун фарқи ҷиддие вуҷуд надорад. Ҷамоаҳои хурд таркиби асосй ё ки мустақили қисми ҷамоаҳои калон мебошанд, ки дар навбати худ онҳо қисми ҷамоа ё ки масштаби калонтар ба ҳисоб мераванд. Мисол, тамоми бошандагони зиндаи гулсангҳо ва ушнаҳои болиштакӣ, пояи дарахтон қисми организмҳои ҷамоаи калонтар ба ҳисоб мераванд, ки ба ин дарахт, бошандагони зери дарахт, болои он ва г. алоқаманд мебошанд. Бо вуҷуди ин, гуруҳ танҳо як қисми таркибии биосенози ҷангал ба ҳисоб меравад, ки ба маҷмӯъи мураккабтар дохил шуда, дар охир тамоми олами зиндаи болои сатҳи заминиро ба вуҷуд меоранд. Бинобар ин, ташаккулёбии ҳаёт дар дараҷаи биосенотикии иерархй қарор дорад. Зиёдшавии масштаби ҷамоа ҳисса ва алоқамандиҳои бавосита ва бевоситаи онро байни намудҳо мураккаб мегардонад.

Аз назари В. Тишлер (1971) хусусияти муҳимтарини дараҷаи ташаккули ҳаёт чунин аст:

  1. Ҷамоа ҳама вақт аз қисмҳои тайёри дар муҳити атроф буда пайдо мешавад. Тарзи пайдоиши ҷамоа аз ташаккулёбии организмҳои алоҳида, фард бо он фарқ мекунад, ки организм ва фардҳо бо роҳи оҳистаи тафриқашавии нутфа ҳосил мешаванд;
  2. Қисми ҷамоа ивазшаванда аст. Як намуд ё ки маҷмӯъи намудҳо метавонанд ҷойи дигар намудҳои талаботи экологии монандцоштаро бе зарар барои тамоми система ишғол кунад. Қисмҳо (узвҳои) ҳар як организм бошанд нодиранд (ягонаанд);
  3. Ҷамоа, асосан ба туфайли мувозинаи қувваҳои бо ҳам муқобил равонашуда мавҷуд аст. Манфиати намудҳои зиёд дар биосеноз муқобили ҳамдигаранд. Мисол, даррандаҳо антогонисти қурбонии худ буда дар як вақт онҳо дар ҳудуди ҷамоаи ягона ҳаёт мегузаронанд.
  4. Бунёди ҷамоа дар идоракунии сифатии миқдори як намуд аз тарафи дигар намуд, асос ёфтааст;
  5. Андозаи ҳудудии организмро барномаи наслии дохилии худи организмҳо махдуд мекунад. Андозаи системаҳои аз организм болотарро омилҳои берунй муайян мекунанд;
  6. Ҷамоа дар бисёр ҳолатҳо сарҳади муайян надорад. Аммо вай объективӣ буда, дар табиат воқеан мавҷуд аст.

Он қисми экология, ки қонуниятҳои мавҷудаи ҷамоа ва ҳаёти якҷояи организмҳои онро мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад, номи синэкологияро гирифтааст. Мафҳуми синэкологияро олими шветсарй, растанишинос К. Шретер соли 1902 пешниҳод намудаасг ва расман дар конгреси байналмилалии растанишиносон соли 1910 қабул карда шуд.

  1. Таркиби намудҳои биосеноз

Сохтори ҳар як система қонунияти таносуби он ва алоқаи қисмҳои он мебошад. Дар зери мафҳуми сохтори намудҳои биосеноз гуногунии намудҳои дар он мавҷудбуда ва таносуби микдор ё ки массаи онҳо фаҳмида мешавад. Ҳар як биосеноз таркиби хоси муайяни намудҳои худро дорад. Дар ҷойҳое, ки шароити муҳити абиотӣ барои ҳаёт оптималӣ мебошад, ҷамоаҳои таркиби намудҳояшон гуногун барпо мегарданд, мисол, ҷангалҳои тропикй, обсангҳои марҷонй, водии дарёҳо дар ноҳияҳои аридӣ (хушкй). Соли 1859 А Уоллес зиёдшавии гуногунии намудҳоро дар вақти аз шимол ба ҷануб ҳаракат кардан омухта мухтасар ифода карда, номи қоидаи Уоллесро гирифт. Ин қоида ҳам ба намудҳо ва ҳам ба таркиби биосеноз дахл дорад. Таркиби намудии биосеноз ҳам аз дуру дароз вуҷуд доштан ва ҳам аз таърихи ҳар як биосеноз вобаста аст.

Ҷамоаҳои нав ташаккулёфта назар ба ҷамоаҳои пурра ташаккулёфта таркиби намудии камтар доранд. Биосенозҳои аз тарафи одам ташкил карда шуда (боғҳо, киштзорҳо, обчакорӣ ва г.) одатан таркиби намудҳояшон назар ба системаҳои табиӣи ба онҳо монанд (ҷангал, дашт ва ғ.) аз нигоҳи микдорӣ намудҳо хеле заифтаранд. Ҳатто биосенозӣ намуди камдошта ҳам дар таркиби худаш даҳҳо намудҳоеро дорад, ки ба гурӯҳҳои гуногуни систематикӣ ва экологӣ дохил мешаванд. Дар баробари ин баъзе намудҳо популятсияҳои бисёр ва дигар намудҳо бошанд популятсияҳои камро муарифй мекунанд. Аз ин рӯ дар ҳар як биосеноз як ё ки ду намуд таркиби асосии биосенозро ташкил мекунанд. Мисол, шаклу шамоили биосенози ҷангал ва даштро як ё ки якчанд намуди расганӣ муайян мекунад. Дар санавбарзор санавбар, коҷ, дар дашти ҷағаз – силугиёҳӣ -ҷағаз ва силугиёҳ бартарӣ доранд. Барои баҳодиҳии таносуби намудҳои биосеноз дар адабиётҳои экологй индекси гуноғунро аз рӯи баробарии Шеннон истифода мебаранд.

Н=£ р11оеР1,

Дар ин ҷо £ -аломати суммаҳо (ҷамъи), рьҳиссаи ҳар як амуд дар ҷамоа (аз рӯи микдор ё ки масса), ва 1о§2рьлогарифми дучандаи рг Барои баҳо додани аҳамияти ҳар як намуд, дар сохтори намудии биосеноз, нишондиҳандаҳои гуногунро истифода мебаранд, ки асоси онро баҳисобгирии миқдори дар бар мегирад.

Фаровони (афзуни)-и намуд гуфта, микдори фардҳои намуди муайянро дар воҳиди майдон ё ки ҳаҷми фазои ишғолкардашуда меноманд. Мисол, микдори паррандаҳое, ки дар 1км2– ии қисми дашт лона гузоштаанд ё микдори харчангшаклҳои хурд, ки дар 1дм3-ии оби обанборҳо ва ғ. Барои ҳисобу китоби фаровонии намуд ба ҷойи микдори фардҳо дар баъзе ҳолатҳо мафҳуми биомассаи умумии онҳоро истифода мебаранд. Фаровонии намуд ҳамчун нишондиҳанда дар мурури вақт (мавсимӣ, солона, тасодуфи тағйир ёфтани микдор) ва фазо (аз як биосеноз ба диғараш) тағйир меёбад. Аз сабаби он ки амиқ муайян кардани фаровонии намуд мураккаб аст, дар баъзе ҳолатҳо фаровониро аз рӯи 5 дараҷа баҳогузорӣ мекунанд: О – мавҷуд будан; 1 – хеле кам ё ки парешон; 2 – бисёр; 3 – фаровон; 4 – хеле фаровон.

Такроран дучоршавӣ – баробар ё ки нобаробар паҳншавии намудро дар биосеноз тавсиф медиҳанд ва ба таносуби фоизй микдори намуна ва қитаъҳои баҳисоб гирифташудае, ки намудҳо вомехуранд ба микдори умумии ҳамин гуна намунаҳо ё ки қитаъҳо ҳисоб карда мешаванд. Доимиятӣ бо чунин таносуби фоизӣ муайян карда мешавад.

Р*100

Дар ин ҷо Р – микдори намуди интихобшуда, Р – микдори умумии намудҳои интихобшуда.

Вобаста аз моҳияти С чунин категорияҳоро фарқ мекунанд:

Намудҳои доимие, ки зиёда аз 50%- интихобан вомехурчнд.

Намудҳои иловагие, ки аз 25 то 50% – интихобан вомехӯранд.

Намудҳои тасодуфие, ки камтар аз 25% – интихобан вомехӯранд.

Микдор ва дучандшавии намудҳо бо ҳам алоқаи бевосита надоранд. Намуд метавонад камшумор бошад, лекмн дучоршавӣ хеле зиёд аст ё ки сершумор буда кам вомехурад. Дар ҷангал даҳҳо намуди растаниҳо вомехурад, вале одатан як ё ки дутои онҳо 90%-и онҳоро ташкил медиҳанд. Ин ғуна намудҳо намудҳои бартаридошта ҳастанд. Биосенозҳси руизаминӣ вобаста аз намудҳои бартаридошта номи ҷангали т^ӣ, даштии ҷағоз-силугиёҳӣ, ботлоқй ушнагиро гирифтаанд.

Дараҷаи бартари доштан – ин нишондиҳандае аст, ки таносуби микдори фардҳои намуди додашударо ба миқцори фардҳои намудҳои гурӯҳҳои омӯхташаванда инъикос мекунад. Мисол, агар дар ин ҳудуд 200 парранда ба қайд гирифта шуда бошад, 100-тои онро кабӯтар ташкил мекунад, яъне дараҷаи бартарии ин намуд дар байни паррандаҳо 50%-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи биосенозҳо микдоран шаклқои хурди- бактерияҳо ва дигар микроорганизмҳо бартарӣ доранд.

Намудҳое аз ҳисоби доминантҳо ҳаёт меғузаронанд, номи пешаздоминантиро гирифтаанд. Мисол, дар ҷангалзори санавбар намудҳое, ки аз ҳисоби дарахти санавбар ғизо мегиранд, ҳашаротҳо, санҷобҳо ва хояндаҳои мушмонанд ба ҳисоб мераванд.

Одатан на ҳама намудҳои бартаридошта ба биосеноз якхела таъсир мерасонанд. Дар биосенозҳо намудҳое ҳастанд, ки онҳоро эдификаторҳо меноманд. Эдификаторҳо дар рафти фаъолияти худ аз ҳама бештар барои тамоми ҷамоа муҳити ҳаётй таъмин мекунад, ки бе иштироки онҳо ҳаётгузаронии дигар намудҳо ғайриимкон мегардад. Барҳам додани намуди эдификаторӣ дар биосеноз ба тағйирёбии омилҳои табиӣётй, пеш аз ҳама микроиқлими биотоп меорад.

Ба сифати эдификаторҳои биосенозҳои рӯизаминӣ баъзе намуди растаниҳо: дар ҷангали тӯсзор-тӯс, дар санавбарзор-санавбар, дар даштҳо-растаниҳои ғаллагӣ (ҷағоз, силугиёҳ ва г.) шуда метавонанд. Дар баъзе ҳолатҳо эдификаторҳо ҳайвонҳо мебошанд. Мисол, дар ҳудуде, ки колонияи сағурҳо ҷойгир шудаанд, маҳз тавсифи манзара, микроиқпим ва шароити расиши растаниҳо бо фаъолияти сӯрохиҳоро кофтани сағур вобаста аст.

Ҳамин тавр, тамоми намудҳои дар биосеноз мавҷуд буда бо намудҳои бартаридошта ва эдификаторҳо алоқамандии муайян доранд. Дар дохили биосенз гуруҳҳо ва маҷмӯъи популятсияҳои ба ҳам наздике ташаккул меёбанд, ки аз растаниҳои эдификаторӣ ё ки аз дигар ҷузъҳои биосеноз вобаста буда, воҳидҳои хоси сохтори биосеноз – консорсияҳоро ташкил мекунанд. Ин мафҳумро аввалин бор соли 1952 олими рус Л. Г. Раменский ба адабиёти илмӣ дохил кардаасг.

Консорсия – ин маҷмуъи организмҳои популятсияро меноманд, ки фаъолияти ҳаётии онҳо дар ҳудуди як биосеноз – трофикӣ ё ки топикй бо намуди марказӣ, яъне растаниҳои автотрофӣ алоқаманд мебошанд.

Вазифаи намуди марказиро эдификаторҳо иҷро мекунанд, чунки маҳз онҳо хусусияти биосенозро муайян мекунанд. Популятсияи намудҳои боқимонда консорсияи ядрои биосенозро ҳосил мекунанд, ки аз ҳисоби кадоме намудҳои моддаҳои узвиро таҷзиякунанда фаъолият мекунанд. Популятсияи растаниҳои автотрофӣ, мисол тӯс, ки дар асоси он консорсия ташаккул меёбад, детерминант ва намудҳое дар атрофии он ҷамъ мешаванд, консортҳо ном доранд.

Дар байни консортҳо намудҳое мавҷуданд, ки аз ҳисоби детерминантҳо ғизо ва энергия мегиранд, ё ки ба онҳо дар алоқаи трофикӣ (алоқаи гизоӣ) ва намудҳое ҳастанд, ки дар алоқаи топикй (ҳамчун хона ё ки паноҳгоҳ) қарор доранд. Мисол, фитофагҳои гуногун (барғхӯрҳо, магзи чӯбхурҳо, мевахӯрҳо ва шаҳцхурҳо) бо детерминантҳо алоқаи трофикй ва дар як вақт бо эпифитҳо, даррандаҳо (ҳашаротҳо, паррандаҳо) алоқаи топикӣ доранд. Намудҳое ҳам вомехуранд, ки бо детерминантҳо ҳам алоқаи трофикӣ ва ҳам топикӣ доранд, яъне моддаҳои онҳо ҳосилкардаро истифода карда, аз ҳисоби онҳо хонаи худро месозанд. Қисми зиёди консортҳо дар як вақт худашон ҳам детерминанти консортсия мешаванд. Мисол, санҷоб ҳамчун консорти коҷ, консортҳои худашро аз даррандаҳо (савсор), муфтхӯрҳои болои баданаш ё ки лонааш ва организмҳое, ки аз боқимондаи моддаҳои узвии ҷудокардаи он истифода мебаранд ҳифз мекунанд. Санҷоб ба консортсия дохил шуда ҳамроҳаш консортҳои худашро ҳам дохил мекунад. Барои ҳамин ҳам ҳамаи намудҳои консортсияро ба консортҳои тартиби якум, консортҳои тартиби дуюм ва ғ. ҷудо мекунанд. Консортҳои тартиби якум он намудҳоеро меноманд, ки бевосита бо детерминантҳо алоқаманданд, намудҳое, ки консортҳои тартиби якуманд, консортҳои тартиби дуюмро ташкил медиҳанд. Гурӯҳи консортҳои ин ё он тартиб, ки дар атрофии детерминант ҷамъ шудаанд соли (1966) В. В. Мазинг онҳоро консентрамҳо номгузорй кард (расми 72).

Расми 72. Нақшаи сохтори консорсия: 0-намуди марказӣ
(детерминанти консорсия); I, П, Ш- консентрҳо
*0 консортҳо, дар байни онҳо: I- фитофагҳо,эпифитҳо,
симбионтҳо; II, III- зоофагҳо (аз рӯи В.В. Мазин, 1966)

Дар ҳар як консорсия микдори зиёди намудҳо мавҷуданд. Микдори онҳо хеле зиёд аст ва ин бо он вобастааст, ки детерминантҳои дар биосеноз буда таркиби синну соли гуногун доранд.

Дар байни консортҳо намудҳое ҳастанд, ки танҳо дар таркиби як ду ва зиёда консортсияҳо мебошанд ва бо ҳамин ба ҷамъшавии организмҳои биосеноз ҳамчун маҷмӯъи ягона тақвият мебахшанд. Алоқа дар консортсия метавонад дарозмуддат бошад, яъне тамоми давраи ҳаётии консортҳо, дар ин ҷо афзоиш ёфта насл медиҳанд (гамбусакҳои магзи чӯбхур, чӯбхурак). Расиш ва афзоиш (занбӯруғҳои муфтхӯр, мисол занбӯри кори дар дарахти тӯс) ё ки алоқаи мавсимй (сӯзанбаргхӯрҳо, клести- коҷӣ ва ғ.) . ҳар як консортсия сохтори хоси воҳиди биосеноз, сисгемаи экологиро ифода мекунад.

  1. Сохтори фазоии биосеноз

Сохтори фазоии биосеноз, пеш аз ҳама ҷойгиршавии кисмҳои растанй – фитоееноз, тақсимшавии массаи рӯизаминй ва зеризаминии қа

Расми 73. Қабатнокй дар ҷангал

I -дарахтҳои калон (тӯс, коҷ ва ғ.); II- дарахтҳои хурд (губайро, маҳлаб); III- буттаҳо (хуч, финдиқ); IV- аллафҳо ва буттаҳо (Иван-чой, клюква ва ғ.); V- ушнаҳо ва гулсангҳо.

растаниро муайян мекунад. Ҷойгиршавии организмҳои ин ё он биотопро омилҳои экологй, пеш аз ҳама хусусияти атмосфера, ҷинсҳои кӯҳй, хок ва об муайян мекунанд. Дар рафти инкишофи такомул ба шароити муайяни абиотй ва биотӣ мутобиқат пайдо карда организмҳои зинда дар биосеноз тарзе ҷойгир мешаванд, ки қариб якдигарро халал намерасонанд ва ҷойгиршавии онҳо тавсифи қабатнокӣ (ярусй)-ро доро аст.

Қабатнокй гуфта-ин ба таври амудй бо қабатҳо ҷойгиршавии биосенозро меноманд, ки қисмҳои сохтории он баландии баробар доранд. Хусусан вай дар ҷамоаи растаниҳо (фитосенозҳо) хеле хуб мушоҳида мешавад. Фитосенозҳо тавсифи қабатнокиро замоне мегиранд, агар растаниҳои дар он ҷойгиршуда баландии гуногун дошта бошанд.

Растаниҳо, бахусус узвҳои гизой (баргҳо, охири решаҳо) дар баланди ва чуқуриҳои гуногун ҷойгир шуда, ба осонй, ба ҷамоаҳо мувофиқат мекунанд, ки ба зиёдшавии миқцории организмҳо дар майдони муайян барои истифодаи пурратари шароити муҳит талош мекунанд. Дар ҷангалҳо одатан 5-6 қабат ҷудо карда мешавад (расми 73).

Расми 74. Қабатнокии растаниҳо дар даштҳои марғзорй (аз рӯи В.В
Алехин, А.А.Уранов, 1933)

Қабатнокй дар ҷамоаҳои растаниҳои алафй хеле хуб мушоҳида шуда, миқцори қабатҳо назар ба ҷангал камтаранд (расми 74).

Қисмҳои зеризаминии растаниҳо ҳам дар қабатҳо ҷойгир мешаванд. Аз рӯи қоида решаи дарахтон дар чуқуриҳои зиёд назар ба буттаҳо ворид мешаванд. Решаи растаниҳои алафии хурд хеле боло ҷойгиранд, дар болои онҳо бошад ризоидҳои ушнаҳо. Дар қабатҳои болоии хок решаҳо назар ба қабатҳои чуқуртар, хеле зиёданд. Агар қабатҳо дар ҷамоаи растаниҳо кам бошанд, онро оддй ва агар бисёр бошанд онро мураккаб меноманд.

Қабатнокии биосенозҳо на танҳо аз рӯи баландӣ, балки бо таркиби организмҳо, экологияи онҳо ва аҳамияте, ки онҳо дар ҳаёти тамоми ҷамоа мебозанд фарқ мекунанд. Дар як ҷамоа як намуд ба туфайли фарқияти синну солии фардҳо ё ки қисман таъсири манфй гирифтан метавонанд, як давраи муайян дар қабатҳои гуногун бошанд. Мисол, ниҳолҳои санавбар, тӯс вақти хурд будан дар қабатҳои поёнии ҷангал ҷойгир мешаванд ва бо мурури расиш дар шароитҳои мусоид онҳо дар қабатҳои болои ҷой мегиранд.

Дар ҷамоаи растаниҳо, ҳайвонҳо ҳам ба қабатнокии муайян мувофиқ шудаанд. Дар мобайни ҳашаротҳо, барои мисол чунин гурӯҳҳо ҷудо карда шудаанд: бошандагони хок – геобияҳо, қабати болоии хок герпетобияҳо, қабати ушнаҳо – бриобияҳо, алафзорҳо – филлобияҳо; қабатҳои болои – аэробияҳо. Дар байни паррандаҳо намудҳое вомехӯранд, ки дар болои замин (хок) (титав, мурғон, залич ва ғ.), дигарҳо бошанд дар қабати буттаҳо (дурроҷӣ хушхон, севғарҳо, таранд) ё ки дар пояи дарахтон (саъва, саъба, даррандаҳои калон ва ғ.) хона мсозанд. Баъзе ҳайвонҳо метавонанд аз як қабат ба дигар қабат ҷой иваз кунанд. Мисол, санҷоби хокистарранг дар замин ғизо гирифта, дар болои дарахт хоб рафта ва насл медиҳад. Паррандаҳо метавонанд дар як қабат истироҳат карда дар дигар қабат ғизо гиранд, мисол, неясыти муқарарӣ ($1:пхос1исо) ширхӯрҳоро дар қабатҳои алафзор ва наздизаминӣ шикор карда, лонаи худро дар зери пардаи дарахтон мегузорад.

Намуди растанӣ ва ҳайвонҳо дар бисёр ҳолатҳо дар муносибати худ нисбат ба шароити муҳит аз ҳам фарқ мекунанд. Растаниҳои дар қабатҳои поёнтар ҷойгирифта назар ба қабатҳои дар дар болои онҳо ҷойгирифта ба соягӣ устувортаранд, ин ба он вобаста аст, ки дар рафти гузаштани рӯшной аз як қабат ба қабати дигар шиддатнокии он суст мегардад. Ҳамаи намуди растаниҳои қабатҳои гуногун дар биосеноз ба ҳам алоқаманд буда, дар вобастагии зич фаъолият доранд. Афзоиши хуби қабатҳои болоии ҷамоа ба камшавии гуногунии намудҳои қабатҳои поёнй оварда мерасонад (дар баъзе ҳолатҳо ба нестшавии пурра) ва афзоиши сусти қабатҳои болой бошад, ба инкишофи босуръати растаниҳои қабатҳои поёнй оварда мерасонад, ки ин бо беҳтаршавии шароити режими рушной вобаста аст.

Дар биосенозҳо тақсимшавии амудии организмҳо ба самти муайяни ҷойгиршавии уфуқӣ сабаб мешавад. Ҷудо кардан ба қисмҳо дар самти уфуқӣ номи кошинкорй (мозаикй)-ро гирифтааст ва қариб ба ҳамаи фитосенозҳо хос аст. Дар биосеноз чунин воҳидҳои сохториро ҷудо мекунанд: гурӯҳҳои хурд, сенозҳои хурд, фитосенозҳои хурд, параселлҳо ва ғ. Ин гуна гуруҳои хурд аз рӯи гуногунии намудҳо, таносуби миқдории намудҳои гуногун, зичй, ҳосилнокй ва бо хусусиятҳои дигар фарқ мекунанд.

Сабаби пайдоиши кошинкорй гуногунтаркибии релефи хок, таъсири муҳит ҳосилкунии растаниҳо ва хусусияти биологии онҳо шуда метавонад. Кошинкорӣ дар рафти фаъолияти одам (интихоби буридан, осори гулханҳо ва ғ.) ё ки дар ҳайвонҳо (ҳосилшавии мӯрчахона, поймолкардан ва суст намудани алафзор бо таъсири сумдорон ва г.), шикастани дарахтон дар вақти гуфонҳо ва г. ҳам ҳосил шуда метавонад.

image88

Дар зери таъсири фаъолияти растаниҳои алоҳида тагийрёбии муҳит кошинкории фитосенозиро ҳосил мекунад. Мисол, вай дар ҷангалҳои омехтаи сузанбарг ва паҳнбаргҳо хеле хуб мушоҳида мешавад.

Дар муқоиса бо навъҳои паҳнбарг, мисол, коҷ бештар болои хокро соягӣ мекунад, бештар намнокии боришот ва барфро нигоҳ медорад. Хазонрезаҳои коҷ сустар таҷзия шуда, ба афзуншавии хокистари хок тақвият мебахшанд. Дар геоботаника як қисми фитосенозро синузия меноманд (расми 75).

Виосенозв чзнгзл

Паратсс.тта оо дпгар таркпби намудхо

Паратсслзаи тирезап чангал”

* Консортсияи

алохизаинаҳанг

Синузняи

Ошузпяи

бупахо

алафхо Коисортсми Консортсияи дарахтони

дарахтони пахнбзрг сӯзанбарг

Биосенози каьри оббанбор Синнузияи

оргашгз мҳои ‘қаъри Сзшнузияи организще;

хурди дар об мхитлзқбуда

Расми 75. Консортсия, синузия ва паратселла (аз руи Н.Ф.Реймерс, 1990)

Синузия таркиби муайяни намудҳо ва ягонагии экологи – биологии намудҳои дар он ҷойгиршударо тавсиф медиҳад. Мисол, синузияи санавбарзор, синузияи ушнаҳои сабз ва ғ. Дар биёбонҳои явшонӣ – шӯрабуттаҳо, синузияи тобистонӣ -тирамоҳии буттаҳо (явшон, шӯрабутта), синузияи эфемерҳо ва эфемероидҳои аввали баҳор фарқ карда мешавад. Нобаробарии чодари дарахтон дар ҷангалзор ба қабатҳои поёнӣ, ба ҳайвонҳо, хок, таркиби микробҳо, микроикдим таъсири сахт мерасонанд. Дар ин ҳолат синузияро, параселла меноманд. Параселла гуфта- ин қисмҳои сохтори уфуқии ҷудошудаи биосенозро, ки аз рӯи таркиб, сохтор, хусусиятҳои ҷузъҳо, алоқаи хоси мубодилаи маводю энергиявй фарқ мекунанд. Дар геоботаника мафҳуми параселла назар ба синузия ва қабатнокй ҳамчун воҳиди маҷмӯй қабул шудааст, чунки ба сифати иштирокчиёни мубодилаи моддаҳо ва энергия дар ин ҷорастаниҳо, ҳайвонҳо, микроорганизмҳо, хок, атмосфера дохил мешаванд.

  1. Муносибати организмҳо дар биосенозҳо

Гуногунии шаклҳои муносибати биотие, ки дар биосенози ин ё он намуд дохил мешавад (рақобат, комменсализм, мутуализм, дарранда – қурбонй ва ғ.) шароити асосии ҳаёти онҳо дар биосеноз, имконияти ба даст овардани ғизо ва аз худ кардани фазои навро муайян мекунад.

Муносибати байнинамудии бевосита ва бавоситаи намудҳое, ки дар биосеноз ҷой гирифтаанд аз рӯи таснифоти пешниҳодкардаи В. К. Беклемишев (1970) ба чор гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: 1) трофики; 2) топики; 3) форй; ва 4) фабрикй.

Алоқаи трофикй замоне мушоҳида мешавад, ки агар як намуд аз ҳисоби дигар намуд, ё ки аз ҳисоби боқимондаи мурдаи онҳо ғизо мегирад, ё ин ки аз маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо истифода барад. Ҳам сӯзанаке, ки дар вақти парвоз ҳашаротҳоро дошта мегирад, ҳам гамбӯсакҳои поругелон, ки аз ҳисоби боқимондаи моддаҳои узвии ҷудокардаи ҳайвонҳои сумдор ва ҳам занбуре, ки шаҳди растаниҳоро ҷамъ мекунад, ба намудҳое ба алоқаи бевосита медароянд, ки барои онҳо сарчашмаи гизоянд.

Дар вақти рақобати ду намуд барои ғизо байни онҳо алоқаи трофикии бавосита пайдо мешавад, ки фаъолияти яке аз онҳо бо таъмин кардани гизо ба дигараш инъикос меёбад. Таъсири як намуд ба истеъмол кардани дигар намуд ё ки дастрас будани ғизо барои вай ҳамчун алоқаи трофикии бавоситаи байни онҳо баҳо дода мешавад. Мисол, кирминаи шапараки-алошапарак, сӯзанбарги санавбарро хӯрда, дохилшавии гамбусакҳои чӯбхурро ба дарахти сустшуда осон мегардонад.

Алоқаи топикӣ тағйирёбии табииётй ва кимёвии муҳити зисти дар натиҷаи фаъолияти дигар намуд ба амал омадаро, тавсиф медиҳад. Ин намуди алоқаманди хеле гуногун аст. Мафҳуми алоқаи топикй дар он аст, ки як намуд барои дигараш муҳити муайяне месозад (муфтхурҳои дохили организм ё ки коменсализми хонаи зеризаминӣ), дар ташаккулёби субстрат дар кадоме ҷойгир мешавад ё ки аз ҷойгиршавии дигар намудҳо мегурезад, бо таъсири ҳаракати об, ҳаво, тағйирёбии ҳарорат, рӯшноии фазои атроф ва г. иштирок мекунанд. Мисол, желудҳои баҳрии дар пӯсти кит ва гулсангҳои дар пояи дарахтон ҷойгир шуда ба организм алоқаи топикии бевосита доранд, ки организм барои онҳо дар як вақт ҳам субстрат ва ҳам муҳити гизоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар тағйир додани микроиқлими муҳит аҳамияти растаниҳо хеле калон аст, ки ин пеш аз ҳама бо хусусияти хоси мубодилаи энергетикии растаниҳо вобаста буда, ҳамчун омили зӯри тақсимкунандаи гармй дар болои Замин амал мекунанд. Новобаста аз он ки растаниҳои алафӣ ҳарорати фазои муҳитро он қадар тагйир надиҳанд ҳам, лекин дар натиҷаи муносибати мусбат ва манфии топикй як намуд имконияти ҳастии дигйр намудҳоро дар биосеноз истисно мекунад. Асоси ҳастии биосенозро алоқаҳои трофикй ва топикй муайян мекунанд. Ин типҳои муносибат организмҳои гуногунро дар назди худ ҷойгир карда, онҳоро дар ҷамоаи устувори масштабашон гуногун гирд меоранд.

Алоқаи форӣ – гуфта иштироки як намудро дар паҳншавии дигар намуд меноманд. Вазифаи кашонандаҳоро ҳайвонҳо иҷро мекунанд. Ба воситаи ҳайвонҳо ба дигар ҷойҳо интиқол додани тухм, спора ва гарди растаниҳоро зоохория меноманд. Интиқол додани ҳайвонҳои хурд аз тарафи дигар ҳайвонҳо форезия ном дорад (аз лотинй форос – берун, дур шудан). Одатан интиқоли онҳо бо ёрии ҷиҳозҳои хос ва гуногун амалӣ мегардад. Мисол, ҳашаротҳои парвозкунандаи зиёд, ки сарчашмаи гизои онҳо боқимондаи моддаҳои узвӣ (мурдаи ҳайвонҳо, боқимондаи пӯсидаи растаниҳо ва ғ.) мебошад дар бадани худ микдори зиёди канаҳо, уроподовиҳо, гамазовиҳоро аз як сарчашмаи захираи гизоӣ ба дигараш мебаранд. Гамбусакҳои поругелон дар баъзе ҳолатҳо бо боли болобардошташуда мехазанд, чунки онҳо қаноти худро ҷамъ карда наметавонанд, аз сабаби он ки дар зери боли онҳо миқцори зиёди канаҳо ҷойгир шудаанд. Форезия дар байни ҳайвонҳои калон қариб мушоҳида намешаванд.

Алоқаи фабрикӣ – гуфта ин типи муносибати биосенотикие мебошад, ки дар он намуд барои муҳити ҳаётии худ маҳсулоти ҷудокарда ё ки боқимондаи мурда ё ки ҳатто фардҳои зиндаи дигар намудҳоро истифода мебаранд. Мисол, паррандаҳо барои сохтани лонаи худ навдаи дарахтон, барг, алаф, мӯинаи ширхӯрҳо, пару боли паррандаҳои дигар ва ғ. истифода мекунанд.

Дар паҳншавии намудҳо оптимуми физиологй ва экологй зоҳир мешавад.

Мувофиқатии (оптимуми) физиологӣ. Мувофиқати физиологй гуфта мусоид омадани тамоми омилҳои абиотиеро, ки дар он намуд имконияти тези расиш ва инкишоф ёфтанро пайдо мекунад, меноманд.

Мувофиқатии синэкологӣ гуфта муҳосираи биотиеро меноманд, ки намуд аз тарафи душманон ва рақибони худ фишор оварданро ҳис намекунад, ки дар натиҷа барои афзоиш кардан шароити хуб муҳаё мегардад. Мувофиқати физиологй ва синэкологй на ҳама вақт баробар меоянд. Барои мисол, афзоиши босуръати зараррасонҳои зироатҳои галлагй, ғаламус баъди зимистонҳои сард, бояд ба миқцори онҳо таъсири манфй расонад. Дар солҳои шароиташ мусоиди хуб ғаламус аз тарафи душманони табий худ ду намуди пардаболони савораи муф^хур нест карда мешавад. Аз сабаби суст будани устуворй ба зимистони қаҳратун душманони галамус қариб, ки пурра мемиранд. Ин ба зараррасонҳо имконият медиҳад, ки микдори худро барқарор карда, то дараҷае афзоиш ёбанд, ки барои ҳосили баланд ба даст овардан ғайриимкон мегардад.

Алоқаи байнинамудии биосеноз, қонуниятҳои намудҳои дар он 5уда, хусусиятҳои экологии онҳо, миқдор, паҳншавии онҳо дар фазо имконият фароҳам меорад, то ки сохтори муайяни биосеноз сохта шавад.

  1. Таҳмони экологй

Таҳмони экологй ғуфта, мавқеъи ишголкардаи намудро дар системаи умумии биосеноз, маҷмӯи алоқаҳои биосенотики ва талаботи онро ба омилҳои абиотии муҳит меноманд. Таҳмони экологй иштироки намудро дар биосеноз инъикос мекунад. Аз рӯи гуфтаи Ч. Элтон (1934) таҳмони экологӣ-«ин ҷойи дар муҳосираи организмҳои зинда буда, муносибати намудро ба ғизо ва душманони худ нишон медиҳад». Нуқтаи назари таҳмони экологй барои фаҳмиши қонуниятҳои ҳамзистии намудҳо хеле пурмаҳсул буд. Ба ғайр аз Ч. Элтон оиди инкишофи таҳмони экологй бисёр экологҳо ба монанди Д. Гриннелл, Г. Хатчинсон, Ю. Одум ва г. тадқиқоти зиёде гузаронидаанд.

Расми 76. Ҷойгиршавии таҳмони экологӣ

1-решахурҳо; 2- хурандаҳои моддаҳои ҷудокрдаи реша; 3- баргхурҳо;

4- пояхурҳо; 5-мевахурҳо; 6- тухмхурҳо; 7-гулхурҳо; 8- гардхурҳо;

9- шарбатхурҳо; 10- мугҷахурҳо

Мавҷудияти намуд дар ҷамоа, аз мувофиқат ва таъсири омилҳои зиёде вобаста аст, вале муайян кардани организмҳо ба ин ё он таҳмон, вобаста аз муносибат ба ғизо, қобилияти дастрас кардани ғизо, ё ки таъмин намудани ғизо баҳо дода мешавад. Мисол, растаниҳои сабз дар сохтори биосеноз иштирок намуда, ҳастии як қатор таҳмонҳои экологиро гаъмин мекунанд. Инҳо таҳмонҳое мебошанд, ки организмро пурра фаро гирифтаанд, аз бофтаҳои реша ё ки бофтаҳои баргҳо, гули меваҳо, моддаҳои ҷудокардаи решаҳо ва ғ. ғизо мегиранд (расми 76).

Ҳар як таҳмони экологй дар худ таркиби намудии гурӯҳи организмҳои гуногунро дорад. Мисол, дар гурӯҳи экологии решахӯрҳо, нематодҳо ва кирминаи баъзе гамбусакҳо (суворак, гамбусаки саврӣ), дар таҳмони ҷабидани шахди растанй кана ва ширинчаҳо дохил мешаванд. Ба таҳмони экологии «пояхӯрҳо» ё ки «танахӯр» гуруҳғ зиёди ҳайвонҳо дохил мешаванд, ки қисми зиёдашон намояндаи ҳашаротҳо (мағзичӯбхур, шоҳбурут, чӯбхурак ва ғ.) мебошанд.

Махсусгардонии намуд нисбат ба захираҳои ғизой, рақобати онҳоро кам карда, устувории сохтори ҷамоаро зиёд мекунад.

Як қатор типҳои ҷудокунии захираҳо маълум аст:

  1. Махсусгардонии морфологй ва рафторӣ вобаста аз авлод нисбат ба ғизо: -мисол, минқори парандаҳо метавонанд барои дошта гирифтани ҳашаротҳо, сӯрох кардан, шикастани чормагз, пора карда гирифтани гӯшт ва ғ. мусоидат кунад.
  2. Тақсимкунии амудӣ – мисол байни бошандагони парда ва густурда шудаи ҷангал.
  3. Тақсимкунии уфуқй – мисол, байни бошандагони гуногуни муҳити зисти хурд (махдуд). Ҳар яке аз ин типҳо ё ки мувофиқат омадани онҳо ба тақсимшавии ба гуруҳҳи организмҳо меорад, ки байни онҳо ҳам рақобати камтар, чунки ҳар яке аз онҳо таҳмони муайяиеро ишғол мекунад. Мисол, тақсимоти паррандаҳо ба гурӯҳҳои экологй аз рӯи ҷойи ғизогирии онҳо муайян мешавад: ҳаво, баргҳо, тана, хок. Тақсимоти баъдинаи ин гурӯҳҳо вобаста аз типи асосии ғизо дар дар расм нишон дода шудааст (расми 77).

Дар маҳдуд ё ки васеъ шудани таҳмони экологии намуд дар ҷамоа рақибон таъсири калон мерасонанд. Аз рӯи қоидаи истиснои рақобати Г. Ф. Гаузе, ки барои намудҳои аз руи экологй ба ҳам наздик пешниҳод шудааст, ду намуд мумкин аст, дар як таҳмони экологӣ мувофиқат карда натавонанд. Барои аз ҳолати рақобат баромадан бояд талаботро нисбат ба муҳити зист, тарзи ҳаётгузаронй дигар бояд кард ё ба ибораи дигар махдудияти таҳмони экологии намуд мебошад. Дар ин ҳолат онҳо қобилияти дар як биосеноз зист карданро пайдо мекунанд. Мисол, дар дарахтзорҳои анбуҳи соҳилҳои Флоридаи ҷанубй кулангҳои гуногун ҳаёт мегузаронанд ва дар баъзе ҳолатҳо дар ҷойи ғизогириашон дар пастобҳо барои шикор то 10 намуд мушоҳида мешавад. Новобаста аз ин онҳо ба якдигар халал намерасонанд, чунки дар рафтори онҳо барои шикор кадом қитъаро интихоб мекунанд ва чи тавр моҳиро медоранд, мувофиқатие пайдо шудааст, ки ба онҳо имконият медиҳад таҳмонҳои гуногунро дар ҳудуди як пастоба ишғол кунанд. Куланги сабз дар назди решаҳои аз об баромадаи дарахтони анбӯҳ беҳаракат моҳиро интизор мешавад, куланги луизанй бошад, бо ҳаракати фаъол обро ҷунбонда ва

image90
image92
image94

моҳичаҳои тарсидаро дошта, истифода мебарад. Куланги барфи дар ҷустуҷӯи сайди худ оҳиста аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат мекунад.

Хмю

ПЗО| ПРННИ.Ш

атл

Ннр|

|х»п аоов!’У|п« |

| Ч$*«манм> |

П

ПО! |

Хок

I 11>ч-г-ж»в |

| |дойтп!«и«ч’ I

|Ҳмирл»УР’о|

Расми 77.Тақсимоти паррандаҳо ба гуруҳҳои экологӣ,
ки дар асоси ҷойи ғизогирии онҳо муайян шудааст: ҳаво, баргҳо, тана, хок
(аз руи Н. Грин ва диг. 1993).

Шикори куланги сурх хеле аҷоиб аст. Куланги сурх аввал обро сахт ҷунбонда баъд қанотҳои калони худро паҳн мекунад, моҳи бошад соягии қанотҳои кулангро паноҳгоҳ гумон бурда ба зери сояи онҳо меояд ва бо ҳамин куланг гӯъмаи худро ба даст меорад. Андозаи калони куланги гулобй бошад ба ӯ имконият медиҳад, дар ҷойҳое шикор кунад, ки дигар намудҳои хурд ва пойяи кӯтоҳ доштаи авлоди ӯ наметавонанд. Баъзе паррандаҳои ҳашаротхӯри дарахтон зимистон дар ҷангал барои пешгирии рақобат барои гизо аз ҳам канорҷӯи мекунанд. Дар қисмати Аврупоии Россия нмудҳои ба ҳам наздики фотимачумчуқ сукунат доранд, ки дуршавии онҳо аз ҳамдигар бо гуногунии ҷойи зист, ҷойи ғизогирӣ ва андозаи тӯъма вобастааст. Фарқияти экологӣ дар баъзе сохторҳои беруна ҳам инъикос меёбанд, аз он ҷумла дарозй ва ғафсии минқор (расми 78).

Таҳмони экологии намудҳо дар фазо ва вақт ҳам тағйир меёбад. Дар баъзе ҳолатҳо дар биосеноз як намуд метавонад, дар давраҳои гуногуни ҳаёти худ таҳмонҳои экологии гуногунро ишгол кунад.

Мисол, кирмак танҳо аз растанй ғизо мегирад, курбокди болиғ бошад ҳайвони гӯштхӯр мебошад ва онҳо таҳмони экологии гуногуни хос ва дараҷаи трофикии хос доранд. Дар байни обсабзҳо намудҳое мушоҳида мешаванд, ки дар як ҳолат ҳамчун автотрофҳо ва дар дигарҳолат ҳамчун гетеротрофҳо фаъолият мекунанд ва бо ҳамин дар давраҳои муайяни ҳаёти худ ин ё он таҳмони экологиро ишгол мекунанд. Ба таҳмони экологии намуд рақобати байнинамудй ва дохилинамудӣ таъсир мерасонанд.

Млхпичха

Расми 78. Майдони ғизоии намудҳои гуногуни момоҷурғот
(аз рӯи Е.А.Криксунов ва диг., 1995)

Мавҷуд будани рақобат дар байни авлодҳои наздик ё ки намудҳои экологии маҳалу минтақаҳои ҷойи зист то сарҳади оптимали маҳдуд мешавад, яъне намуд дар минтақаи барои вай мусоид паҳн мешавад, ки нисбат ба рақибон бартарӣ дорад. Агар муборизаи байнинамудӣ таҳмони экологии намудро маҳдуд кунад ва намонад, ки пурра зоҳир шавад, муборизаи дохилинамудй баръакс барои васеъшавии таҳмони экологӣ мусоидат менамояд. Дар натиҷаи зиёдшавии микдори намуд истифодаи ғизои иловагй, азхудкунии муҳити зисти нав, пайдошавии алоқаи биосинтетикии нав ба амал меояд.

  1. Сохтори экологии биосеноз
image97

Биосенозҳо аз гурӯҳҳои экологии муайяни организмҳо ташкил шуда сохтори экологии ҷамоаро ифода мекунад. Гурӯҳҳои экологии организмҳо таҳмони экологии муайянро ишғол намуда, дар биосеноз- ҳои, гуногун таркиби гуногуни намудҳоро доранд. мисол дар сафедаҳо.

image98

Расми 79. Муносибати ғизоӣ дар байни ҳайвонҳои тундра

Эзоҳ тирча ба тарафи тӯъма нишон карда шудааст

Расми 80. Биосенози ҳавз

намнокиашон баланд гигрофитҳо бартари доранд, дар шароитҳои хушки «аридӣ» бошад; склерофитҳо ва суккулентҳо. Инъикоси сохтори

экологии биосеноз ва мувофиқатии гуруҳи организмҳо дар монандии типи ғизо мушоҳида мешавад (расми 79). Мисол, дар ҷангалҳо сапрофагҳо, дар минтақаҳои даштӣ ва нимбиёбонӣ фитофагҳо бартарй доранд. Дар кдъри уқёнусҳо типи асосии дарёфти гизоӣ ҳайвонҳо – даррандагӣ мебошад. Дар болои минтақаи пелагиал, ки рӯшноӣ беҳтар аст, намудҳои бо типии ғизоии омехта фаъолият доранд.

Фарқи сохтори экологии биосеноз дар вақти муқоисаи организмҳои биотопҳои монанди, минтақаҳои гуногун зоҳир мегардад. Мисол, рӯбоҳи шимолӣ дар қисми аврупоӣ ва самур дар тайгаи осиёгӣ, аспҳои ваҳшӣ ва гӯрхар дар даштҳои Осиё таҳмони экологии ба ҳам монандро ишғол кардаанд, ки як хел вазифаро иҷро мекунанд. Ин намудҳо сохтори экологии биосенозро муайян мекунанд, ки онҳо ивазкунанда ном доранд.

Ҳамин тавр сохтори экологии биосеноз – таркиби гурӯҳӣ экологии организмҳо буда, дар ҷамоа ва ҳар як гурӯҳи таҳмони экологӣ вазифаи муайянро иҷро мекунад.

Сохтори биологии биосеноз дар маҷмӯъ ба намудҳо ва фазо бо хусусиятҳои таҳмони экологӣ ҳамчун тавсифи макроскопии он хизмат мекунад (расми 80).

Тавсифи макроскопӣ дар тафовут аз тавсифи микроскопӣ, ки танҳо оиди алоқаҳои ҳар як популятсия ва намуд дар ҷамоа имконият медиҳад хусусияти ин ё он биосеноз, устувории онро дар фазо ва вақт муайян карда, тагийротҳоеро, ки бо таъсири омилҳои антропогенӣ ба амал меоянд, пешгуӣ мекунад.

  1. Самараи канори

Яке аз аломатҳои муҳими сохтори биосеноз мавҷуд будани ҳудуди ҷамоа мебошад, ки на ҳама вақт мушоҳида мешавад. Одатан биосенозҳои ҳамсоя оҳиста оҳиста яке ба дигараш мегузарад. Дар натиҷа минтақаҳои васеъи ҳудудй ё ки минтақаҳои гузариш ҳосил мешаванд, ки шароити хоси худро доранд (расми 81).

Мисол, сарҳадҳои байни ҷангал ва дашт, ҷангал ва маргзор, ҷангал ва ботлоқзор хеле хуб мушоҳида мешаванд. Минтақаҳои гузариши байни биосенозҳоро экотон меноманд. Минтақаҳои сарҳадии байни биосенозҳо хусусияти хоси муҳити зист ва намудҳои хоси худро доранд. Барои мисол дар минтақаи гузариши байни биосенозҳои рӯизаминӣ ва обӣ (расми 82). Ҳамин тавр, дар вақти гузариши фазоии як биосеноз ба дигараш микдори таҳмонҳои экологй зиёд мешавад, тавре дар сарҳади биотопҳо рух медиҳад, системаи хоси сенозҳое ҳосил мешаванд, ки сифатан нав мебошанд.

image101

Расми 82. Минтақаи гузариш байни биосенозҳои болоизаминӣ ва обй
(аз рӯи Б. Небел, 1993)

Расми 81. Минтақаи гузариши байни биосенозҳо (аз рӯи Б. Небел, 1993)

Намудхои

ООЛОНЗЛМИШ!

Вивушоя оои’

Дар чунин минтақаҳои гузариш микдори фардҳо ва намудҳо афзун мешаванд, ки онро самараи канорагй (сарҳадӣ) ё ки самараи канорӣ беша меноманд. Қоидаи экотон ё ки самараи канорй дар он зоҳир мешавад, ки дар сарҳади биосенозҳо миқдори намудҳо ва фардҳо зиёд мешаванд.

test

Добавить комментарий