Главная / Фанни Экология / Таъсири фаъолияти инсон ба ҳавои атмосфера

Таъсири фаъолияти инсон ба ҳавои атмосфера

  1. Сохтор ва таркиби атмосфера

Атмосфера қабати газии сайёраи Замин буда, аз омехтаи газҳои гуногун, буғи об ва зарачаҳои гард иборат мебошад. Ба воситаи атмосфера байни Замин ва кайҳон мубодилаи моддаҳо амалй мешавад. Замин аз кайҳон заррачаҳои кайҳонӣ ва маводи метеоритҳоро гирифта, газҳои сабук гидроген ва гелиро таҳвил медиҳад. Аз атмосфераи Замин нурҳои рӯшноии офтоб мегузаранд, ки гармии сатҳи Заминро муайян карда, бо таъсири онҳо молекулаҳои газҳои дар атмосфера бударо вайрон карда, атомҳоро ионизатсия мекунанд. Атмосфера сохтори қабатӣ дорад. Қабати зичӣ поёнии атмосфераро тропосфера меноманд, ки вобаста аз арзи Замин ва баландии он аз 10 то 20 км мерасад. Дар тропосфера 80% массаи атмосфера ва 80% буғй об қарор дошта, ҷараёнҳои табйиётии зиёде амалй мешаванд, ки онҳо иқлимро ташаккул дода, ба икдими минтақаҳои гуногуни сайёра таъсир мерасонанд. То баландиҳои 40-50 км дар болои тропосфера қабати стратосфера ҷой мегирад. Дар вай қабати озонй ҷойгир шуда, кисми зиёди нурҳои кӯтоҳи ултрабунафшро фурӯ бурда, ҳаёти организҳои зиндаи сатҳи Заминро ҳифз мекунад. Болотар қабати ионосфера ҷой мегирад, ки аз ионҳои зиёди газҳо иборат буда, то баландиҳои 1300 км-ро фаро мегирад ва тамоми организмҳои зиндаи сайёраро аз таъсири нурафшонии кайҳони (заррачаҳои заряднок) ҳифз карда, ба инъикоскунӣ

Расми 112. Паҳншави ва интиқоли озои (1), об (2)
ва омехтаҳо (3) дар атмосфераи Замин (аз рУи ^етееИ, 1971)

ва фурӯбарии радиомавҷҳо таъсир мерасонад. Болотар аз 10 000 км экзосфера қарор дорад, ки дар он ҷо зичии ҳаво бо баландии хеле паст мешавад. Таркиби ҷузъҳои дар атмосфера буда тағйир меёбанд, ки микдори таркиби тахминии онҳо дар ҷадвали 37 пешкаш шудаанд.

Ғасми 113. Камшавии миқдори қабати озонй дар яатиҷаи давом додани истеҳсоли фреонҳо.

Ҷадвали 36

Баъзе даври таассурҳои фотокимиёви
бо иштироки молекулаи озон

Даври таассурҳо

бо оксиген

Ог + рушноӣ *■ О + О О +Ог + М * Оз + М

о + о2

Оз + рушной\41

о + о2

бо нитроген N0 + Оз * N02 + Ог N02 + 0—► N0 + 02 N02 + 03—* N03 + 02

бо гидроген

Оз + он Н02+ 02

Оз + ОН2 * ОН + 20г

Оз + н —+ он + о2

бо хлор

СҒСЬ + рӯшноӣ —* С1 + СҒСЪ СҒ2СЬ +рӯшиой ‘*■ С1 + СҒ2С1 С1 + Оз -*• СЮ + 02 СЮ + О —► С1 + 02

Хдмин тавр, қабати ҳавоии ҳифзкунандаи ҳаёти рӯи заминӣ аз таъсири кайҳон 1,5 ҳаз. км фосила дошта 1/4 қисми радиатсияи Замин ва дар миқёси кайҳонй хеле кам 1/1 000 000 масофа байни Замин ва Офтобро ташкил медиҳад. Зичии атмосфера ҳатто дар сатҳи баҳр хеле паст буда, 0,001 г/см2-ро ташкил медиҳад, ки аз зичии об 1000 маротиба камтар аст.

Яке аз ҷузъҳои муҳими атмосфера озон (Оз) мебошад. Ҳосилшавй, вайроншави, паҳншавй ва интиқоли он хеле мураккаб буда (расми 112, 113) дар фурӯбарии нурҳои ултрабунафши барои организмҳо зинда марговар буда, иштирок дорад. Массаи асосии озон дар баландиҳои 22- 24 км қарор дорад. Қабати озониро дар бисёр ҳолатҳо «пардаи озонй» меноманд. Баъзе даврҳои таассурҳои фотокимиёвй бо иштироки озон дар ҷадвали 36 нишон дода шудааанд.

Ҷадвали 37

Таркиби тахминии атмосфера

Элементҳо ва газҳо

Миқдори онҳо дар қабати поёнии атмосфера, 80%

Аз рӯи ҳаҷм

Аз рӯи масса

1

Нитроген

78,084

75,5

2

Оксиген

20,946

23,14

3

Аргон

0,934

1,28

4

Неон

0,0018

0,0012

5

Гелий

0,000524

0,00007

6

Криптон

0,000114

0,0003

7

Гидроген

0,00005

0,000005

8

Гази карбон (ба ҳисоби миёна)

0,034

0,0466

9

Буғи об дар арзҳои қутбӣ дар экватор

0,2

2,6

10

Озон дар тропосфера дар стратосфера

0,000001

0,001-0,0001

11

Метан

0,00016

0,00009

12

Оксиди нитроген

0,000001

0,0000003

13

Оксиди карбон

Ҳазор ҳисса дар ҳавои шаҳрҳо то 0,000008

0,0000078

  1. Сарчашмаҳо ва таркиби олудакунандаҳои ҳавои атмосфера

Масъалаи тоза нигоҳ доштани атмосфера нав набуда, дар баробари инкишофи саноат ва нақлиёте, ки бо ангишт ва нафт кор мекунад, пайдо шудааст. Дар давоми дусад сол ба ҳаво интиқол додани дуд, танҳо таснифи таҳҷойи дошт. Лекин босуръат инкишофёбии саноат ва нақлиёт дар асри XX ба зиёдшавии ҳаҷми партовҳои заҳрнок оварда расонд, ки таҷзияшавии онҳо дар атмосфера то моддаҳои соддатари безарар ғайриимкон шуд, чунки ҷараёнҳои дар атмосфера амалӣ шуда аз «ӯхдаи» ин намебаромаданд. Олудашавии атмосфера сарчашмаҳои табий ва сунъӣ дорад, ки дар байни омилҳои табиӣ инҳоро ҷудо мекунанд:

а) олудакунандаҳои ғайризаминии ҳаво, заррачаҳои чанги кайҳонй ва нурафшании кайҳонй.

б) олудакунандаҳои заминии атмосфера, вулқонҳо, бодлесии ҷинсҳои кӯҳй, тӯфонҳои чангӣ, сӯхторҳои ҷангал аз рӯи радду барқ, баровардани намакҳои баҳрҳо (дар мисоли баҳри Арал) ва г.

Шартан олудакунандаҳои табийи атмосфераро ба қитъавӣ ва баҳрй, ҳамчунин ғайриузвй ва узвй ҷудо мекунанд. Бо сарчашмаи олудакунандаҳои узвй аэропланктон-бактерияҳо аз он ҷумла барангезандаи бемориҳо, спораи занбурӯғҳо, гарди растаниҳо (аз он ҷумла гарди заҳрдори АтЪгома) ва ғайра дохил мешаванд. Х,иссаи омилҳои табиӣ олудакунандаи атмосфера дар асри XX 75% ва фаъолияти инсон бошад 25%-ро ташкил медиҳад.

Олудакунандаҳои сунъии атмосфераро ба радиофъаол, электромагнитӣ, садой, газӣ, соҳаи саноатй ва намудҳои ҷараёнҳои технологӣ ҷудо мекунанд. Аз ҳама сарчашмаи хатарнокй олудакунандаҳои атмосфера саноат, накдиёт ва партовҳои маишй ба ҳисоб мераванд. Дар рафти фаъолияти одамон ба атмосфера гази карбон (СОг) ва оксиди карбон (СО), дуоксиди сулфур (8О2), метан (СШ), оксидҳои нитроген N02 ва N20 дохил мешаванд. Дар рафти истифодаи аэрозолҳо ба атмосфера пайвастагиҳои хлор, фтор, карбон, дар ҷараёни кори нақлиёт – карбогидрадҳо (бенз(а)пирен ва ғ.) интиқол дода мешаванд.

Олудакунандаҳои аз ҳама бештари атмосфера, ки сарчашмаи техногеннй доранд дар ҷадвали 38 пешкаш шудаанд.

Моддаҳои олудакунандаи атмосфераро ба якумин ва дуюмин ҷудо мекунанд. Моддаҳои якумии бевосита дар партовҳои корхонаҳо мушоҳида мешаванд. Моддаҳои дуюмин бошанд дар рафти мубаддалшавиҳои маҳсулотҳои якумин ё ки дуюмин ҳосил мешаванд. Онҳо назар ба моддаҳои якумин хатарноктаранд. Барои ҳамин кам кардани олудакунандаҳои атмосфера ва ба роҳ мондани техналогияи нави саноатӣ дар тамоми самтҳои истеҳсолот яке аз роҳҳои пурсамар ҳифз намудани ҳавои атмосфера ба ҳисоб меравад. Барои ин мо бояд каме кӯшиш ба харҷ диҳем.

Олудакунандаҳои атмосфера, ки сарчашмаи техногеннӣ доранд (солҳои 90-уми асри XX)

Олудакунандаҳо

млн. т/дар як сол

1

Заррачаҳои сахти дуд ва дуди саноатй

580

2

Оксидҳои карбон

360

3

Карбогидратҳои паррон ва дигар моддаҳои узви

320

4

Оксидҳои сулфур

160

5

Оксидҳои нитроген

110

6

Пайвастагиҳои фосфор

18

7

Г идрогенсулфид

10

8

Аммиак

8

9

Хлор

1

10

Фториди гидроген

1

  1. Олудашавии атмосфера ва оқибатҳои табйиётй ва экологӣ

Массаи атмосфера доимо дар ҳаракат буда, ҳавои гармро аз минтақаи экватор боло бароварда бо ҳавои хунуки аз қутбҳо ҳаракат карда иваз мекунад. Самти ҳаракати шамол аз бузургии ҷойивазкунии самти фишори массаи ҳавои атмосфера, суръати шамол бошад, аз пасту баландшавии фишори атмосферавй афзун мегардад. Массаи ҳаво метавонад ба таври амудй ё ки уфуқй ҷой иваз кунад, ки ин бо туфайли самти градиенти таъсири гармй амалй мешавад. Ҷойивазкунии қабатҳои ҳавои аз ҳисоби баҳамтаъсиркунии болоии хок ё ки қабати наздизаминй ҷудошавии гармии атмосфера амалй мешавад. Ҷойивазкунии механикй ва ҳароратй дар як вақт ба амал меоянд. Ба таркиби моддаҳои заҳрноки дар атмосфера буда таъсири парешонии онҳо, таъсири боришот ё ки аз ҳисоби қувваи гравитатсионй таҳшин мешаванд. Байни олудашавиҳои атмосфера ва гирдгардиши элементҳои биогеннй алоқамандии хеле хуб мушоҳида мешавад.

Олудашавии атмосфера иеш аз ҳама аз ҳисоби сӯхтани канданиҳои сӯзишвориҳо (ангиштсанг, нафт) амалй мешавад. Аз ҳисоби газҳои антропогенӣ боронҳои ҳомизй ва тумани губоролуди заҳрнок ҳосил мешаванд.

Боронҳои ҳомизй гуфта, ҳомизи сулфурй ва нитрогенро меноманд, ки дар натиҷаи дар об ҳалшудани дуоксиди сулфур ва нитроген ҳосил мешаванд ва ба болои сатҳи Замин бо ёрии боришот, туман, барф ва ғубор афтида ба системаҳои экологии обӣ ва хушкй зарари ҷиддй мерасонанд (расми 114).

Боронҳои ҳомизй ба обанборҳо афтида сабаби фавтидани моҳиҳо ё ки ҳамаи бошандагони он мегарданд. Боронҳои ҳомизй ҳамчунин ба барги растаниҳо зарар мерасонд, дар баъзе ҳолатҳо сабаби мурдани растанй мегардад. Вайроншавии металлҳоро тезонида, иншоотҳои

сохтмониро вайрон мекунанд. Боронҳои ҳомизӣ бештар дар ноҳияҳои саноаташ инкишофёфта мушоҳида мешаванд. Дар байни моддаҳои зарарноки олудакунандаи атмосфера як гурӯҳи калоне мавҷуданд, ки таъсири фаъоли консерогенй доранд. Бо онҳо бенз(а)пирен, карбогидридҳои хӯшбӯйе аз дегҳои саноатӣ ва газҳои нақлиётӣ партофта мешаванд, дохил мешаванд.

Расми 114. Боронҳои ҳомизй (аз руи Б. Небел, 1993)

Тадқиқотҳо нишон доданд, ки мавҷуд будани моддаҳои консерагенӣ дар ҳавои атмосфера ба пайдошавии бемории саратони одамон оварда мерасонад. Ба организми одамон пайвастагиҳои сурб (қургошим), ки аз ҳисоби газҳои нақлиёт ба муҳити атроф интиқол меёбад, хеле зарарноканд. Микдори қургошим дар хуни одам бо зиёдшавии он дар ҳавои атмосфера меафзояд, ки ба пастшавии фаъолнокии ферментҳо, ки дар таъмин намудани хун бо оксиген иштирок мекунанд ва вайронкунии ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо оварда мерасонад.

Дар ҳавои атмосфераи марказҳои саноатӣ ва шаҳрҳо дар натиҷаи таассурҳои кимиёвии омехтаи газҳо (асосан аз ҳисоби оксиди нитроген ва карбогидратҳо, ки дар партовҳои газҳои нақлиётӣ мавҷуданд) дар қабатҳои поёнӣ бо таъсири нурҳои офтоб моддаҳои гуногун, яъне тумани заҳрнок ҳосил мекунанад, ки онро тумани ғуборолуди заҳрнок меноманд. Вай барои организмҳои зинда хеле заҳрнок аст. Ҳосилшавии он аҳволи одамонро бад карда, микдори бемориҳои шуш ва дилу рагҳоро зиёд карда, эпидемияи навоӣ (зуком)-ро ба амал меорад. Тумани губоролуди заҳрнокро, ки дар давраи тирамоҳу зимистон пайдо мешавад, тумани типи лондонӣ номидаанд ва асоси таркиби онро газҳои сулфурй ташкил медиҳанд, ки бронхити роҳҳои нафаскашии болоиро ба амал меорад. Яке аз типҳои тумани ғуборолуди заҳрнок – фотокнмиёвӣ ё ки лосанҷелисӣ ном дошта, дар фаслҳои гарми сол ҳосил мешавад. Мисол, дар Ню-Иорк, Бостон, Чикаго, Милан, Мадрид. Вай аз ҳисоби ба атмосфера партофтани газҳои нақлиётй, дар зери таъсири нури рӯшноии офтоб дар натиҷаи таассурҳои фотокимиёвӣ ба амал меояд. Тумани фотокимиёвй чашмро сӯзонда, луоби деворҳои бинӣ ва гулӯро баҳаяҷон меорад ва бемориҳои шуш ва бемориҳои кӯҳнаро пуршиддат мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо ба муриши ҳайвонҳои хонагй ва растаниҳо оварда мерасонад.

Вай вайроншавии металлро ба вуҷуд оварда, ба кафидани ранг, маҳсулотҳои резин ва сунъй, вайроншавии либос оварда мерасонад.

Яке аз ҷузъҳои тумани заҳрнок озон (Оз) мебошад, ки дар шаҳрҳои калон дар вақти ҳосилшавии тумани заҳрнок микдори табийи он (1×10-8) қариби 10 маротиба зиёдтар шуда ба шуш ва ҷилдҳои луобии узвҳои одам ва растаниҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Фаъолияти одам ба қабати озонӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонад. Бахусус вайроншавии қабати озони дар қутбҳо мушоҳида мешавад, ки аллакай дар ин ҷо сӯрохиҳои озонй пайдо шудаанд. Соли 1987-ум мушоҳида карда, маълум намуданд, ки суръати васеъшавии он дар як сол (дар Антарктида) ба 4% баробар аст. Тадқиқотҳо нишон доданд (1969- 1986), ки аз ҳама камшавии миқдори озон дар минтақаи 53-64° арзи шимол дар фасли зимистон ба чашм мерасад (расми115).

Хатари оқибати кимиёвии қабати озонӣ дар он аст, ки нурҳои ултрабунафши барои организмҳои зинда марговар фурӯ бурда нашуда, ба болои сатҳи замин бештар мерасанд. Олимон тасдиқ мекунанд, ки сабаби асосии кимиёвии қабати озонӣ пайвастагиҳои карбонхлорфтор дод (фреонҳо) мебошанд, ки дар соҳаҳои гуногуни маишӣ ва истеҳсоли васеъ истифода мешаванд (дар намуди аэрозолҳо, хафҳосилкунандаҳо, ҳалкунанда ва ғ. Соли 1990 истеҳсоли ҷаҳонии фреонҳо ба 1 милиону 300 ҳаз. т расид. Карбонхлорфтор (СҒСЛз – фреони-11, СҒгСЬ- фреони-12) ба атмосфера афтида, дар стротосфера дар зери таъсири нури рӯшноии офтоб таҷзия шуда, атоми хлорашон ҷудо мешавад, ки минбаъд дар мубаддалшавии озон ба оксигени молекулавй иштирок мекунад.

СҒС1з С1 + СҒС12

сғ2а2 —эс/+сғ2а

С1 + 0з -+СЮ + 02 СЮ + О -+ С/ + 02

Дар қабатҳои поёнии атмосфера фреонҳо метавонанд дуру дароз нигоҳ дошта шаванд. Барои ҳамин, ҳам онҳо ба стратосфера дохил шуда, дар замони муосир миқцори онҳо ҳар сол 5% зиёд мешавад. Назарияе вуҷуд дорад, ки сабаби камшавии қабати озонй ин камшавии ҷангалҳо ҳамчун продусентҳои оксиғен дар Замин шуда метавонад.

Расми 115. Нақшаи олудашвии муҷҳити атроф бо бензапирен (аз рӯи Н.Ф. Реймерс, 1990)

1-муассисаҳои саноатй; 2-нақлиётӣ ҳавоӣ; 3-нақлиётӣ сабук ва релси; 4- гармикунии хонаҳо; %- шуопошии ултрабунафш; 6-озон; 7-мубодилаи моддаҳо дар ҳайвонотҳои олӣ; 8-вайронкунии растаниҳо, 9-вайронкунии микроорганизмҳои хокӣ

Ба туфайли доимо афзудани гази СОг ва метан дар атмосфера «самараи гармхонагй» мушоҳида мешавад (расми 116),

Расми 116. «Самараи гармхонаг» (аз рӯи Е.А. Криксунова ва диг., 1995)

1-гармшавии болои замин;

2-инъикоскунии гармиии болои заминӣ баъди оқибати олудашавии атмосфера

Гази СОг ва метан (ҳамчунин боз 28 гази дигар) нури рӯшноии Офтобро ба тарафи замин гузаронда, лекин як қисми нурҳое, ки аз болои сатҳи Замин бармегарданд нигоҳ медоранд. Дар 100 соли охир микдори

СОг-и атмосфера 25% (расми 117 ) ва метан 100% зиёд шудааст, ки ин ба баландшавии ҳарорати сайёраи Замин оварда расонидааст. Мисол, солҳои 80-уми асри XX ҳарорати миёнаи ҳаво дар қутби шимолӣ назар ба охири солҳои асри XIX 0,5-0,6°С афзун шудааст. Аз ин рӯ пешгӯиҳо соли 2000 ҳарорати миёнаи сатҳи Замин 1,2°С баланд шуда буд ва дар 40- 50 соли наздик бошад, боз 2-5°С зиёд мешавад. Гармшавии ҳарорати Замин ба обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ то 0,5- 1,5 м оварда мерасонад, ки қисми зиёди ноҳияҳои аҳолинишини наздисоҳили зери об мемонанд. Баландшавии миқдори боришот дар як минтақа метавонад ба микдори боришоти дигар минтақаҳо таъсир расонад. Мисол, солҳои 80-90-уми асри XX дар Африқо ва Амрикои Шимолй хушксолиҳо мушоҳида шуданд, ки бо гармшавии глобалӣ алоқаманд аст. Баландшавии микдори СО2 дар ҳавои атмосфера, бахусус дар ҳавои шаҳрҳо ба дарди сар, сустшавии организм, беҳузуршавии дил ва ғ. оварда мерасонад. Баъзе одамоне, ки ба бемории камхунй ва дилу рагҳо гирифторанд нисбат ба таъсири СОг хеле ҳассосанд.

та то 1з$о тс геса гш

Расми 117. Зиёдшавии миқдори СОг дар атмосфера
(Ю.А. Израэл ва диг.. 1987)

Охирҳои асри XX ва аввали асри XXI аз ҳама бештар хатари моддаҳои радиофъаол ва кимиёвии ба атмосфера аз тарафи фаъолияти одамон таҳвил ёфта, ҳис карда мешаванд. Ҳамаи ин олудашавиҳои атмосфера ба вайроншавии системаҳои табий оварда мерасонад. Гуфтан лозим аст, ки моддаҳои олудакунандаи атмосфера бо ёрии ҳаракати ҳавои атмосфера ба масофаҳои хеле дур кашонда шуда сарҳади дигармамлакатҳоро олуда мекунанд. Мисол. партовҳои Инглистон дар солҳои 90-уми асри XX қариб 14%-шон дар сарҳади Шветсия, 7% дар РФГ ва 7% дар Норвегия ба қайд гирифта шуданд, яъне модцаҳои байнисарҳадй ба дигар минтақаҳо ва мамлакатҳо зарар мерасонанд, ки ин ба тамоми мамлакатҳои саноатӣ хос аст.

Дар замони муосир ба ғайр аз омехтаҳои ғазӣ ва сахт, партоваҳои гармй, магнитии барқй, ултрабунафш, нурафшониҳои гуногун ва дигар омилҳои табйиётй дар шаҳрҳои калон ва маҳаллаҳои калони аҳолинишин як намуди омил табйиётй бо номи садо хеле таъсири манфӣ дорад. Одатан бузургии фишори садоҳоро бо детсибел (дБ) чен мекунанд (расми 118).

Сшв ҳавошАю1Ш реагггави

Муеакна бшвш

Даетгохи

сангмайлакужи

Дараяан еадое. ки Ьарои нғукавои ! хагаркж аст

image139

80 Садеш соати рӯи мизи

Поезди ооркаш Чангкашак

Харакати иашижт дар шохроҳ

40

Харакати наонкздар кадон лар кУяа

м

С’у?ебати ором

20

image141

Оааои алвончлуриы баргхо

&

Расми 118. Таъсири садо ба организм.

Садои дараҷааш ба 20-30 дБ баробар барои одам безарар мебошад. Одамоне, ки дар шароити дараҷаи садояш 80дБ ва зиёдтар фаъолият дошта, аломатҳои тағйирёбии системаи асаб ва системаи дилу рагҳо мушоҳида карда мешавад. Имрӯз дараҷаи майдонҳои электромагнитие, ки одам дар рафти фаъолияти худ амалӣ кардааст садҳо маротиба аз дараҷаи табийи онҳо зиёдтар шудааст. Майдони электромагнитӣ ба системаи асаб, мубодилаи моддаҳо, рагу дил, эндокринӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Организми инсон ба таъсири бисёркаратаи майдони электромагнитй хеле ҳассос аст.

  1. Роҳҳои пешгирии олудашавии ҳавои атмосфера

Роҳҳои пешгирии тоза нигоҳ доштани ҳаво ва ҳифзи он дар замони муосир хеле актуалй мебошад. Ба ин масъала ҳамаи мамлакатҳои саноаташон хуб инкишофёфта машғуланд, онҳо қонунҳои махсус бароварда, дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ қарорҳои махсус қабул мекунанд.

Яке аз роҳҳои босамар кам кардани партовҳои захрнок ба атмосфера ба роҳ мондани истеҳсоли бепартов ва кампартов ва нав кардани ҷараёнҳои технологй, баланд кардани самараи дастгоҳҳои амалкунандаи тозакунандаи ҳаво, ба роҳ мондани тозакунандаи сарбастаи даврии ҳаво ва ғ. мебошад. Истеҳсоли саноатии муосир бояд ба нигоҳдорандаҳои газӣ ва чангу ғубор таҷҳизонида шуда бошанд, ки ҳар кадоми онҳо хусусияти хоси худро доранд.

Ғайр аз ин усулҳо ба таври васеъ дар истеҳсолоти саноатӣ усулҳои табйиётй – кимиёвӣ истифода мешавад, ки бо онҳо усулҳои абсорбия ва адсорбсия истифода мешавад. Истифодабарии усулҳои тозакунандаҳои ҳаво на танҳо интиқоли моддаҳои заҳрнокро ба атмосфера кам мекунанд, балки имконият медиҳанд, ки маҳсулотҳои нодирро нигоҳ дошта, ҳамаи ашёи хомро дар соҳаҳои гуногуни саноатй истифода баранд. Мисол, нигоҳдории сулфур аз газҳои баромадаистодаи комбинати магнитогорски (вилояти Челябинск) имконият медиҳад, ки ҳомизи сулфурии хеле арзон истеҳсол карда шавад. Ин мисолҳо хело зиёданд.

Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 25 млн. автомобил истеҳсол мекунанд ва микдори онҳо аз 500 млн. афзунтар гардидааст, ки зиёда аз 400 млн.-шон автомобилҳои сабукрав мебошанд. Дар байни сарчашмаҳои олудакунандаи атмосфера нақлиёт дар ҷойи якум қарор дорад. Барои ҳамин ба башарият лозим меояд, кй сӯзишвориҳои алтернативй ё ки двигателҳои алтернативй монанди обомобил, барқомобил, газомобил ва ғ. кор карда барояд. Имрӯз барои ҳифзи ҳавои атмосфера тамоми аҳли башариятро даъват намудан лозим аст, чунки танҳо дар якҷояги мо метавонем партовҳои ба атмосфера интиқолёфтаро андаке ҳам бошад, камтар кунем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *