Таъсири фаъолияти одам ба гидросфера

  1. Маълумоти асосӣ оиди гидросфера

Гидросфера гуфта маҷмӯи тамоми обҳои сайёраи Замин, қитъавй (чуқуриҳо, хокҳо, болоизаминӣ), уқёнусй, атмосферавиро меноманд. Ҳамчун қабати обии махсуси Замин дар ин ҷо маҳз обҳои қитъавӣ ва уқёнусиро дида мебароем. Ба туфайли серҳаракатии худ об дар тамоми ҷузъҳои табиат мушоҳида мешавад. Об дар намуди буғ ва абрҳо дар ҳавои атмосфера мушоҳида шуда, уқёнус ва баҳрҳоро ҳосил мекунад, дар балан гкуҳҳо об дар ҳолати сахт қарор дошта, қисми зиёди минтақаҳои сайёраи Замин бо оби дар шакли ях буда пӯшида шудааст. Боришоти атмосферавй ба қабати ҷинсҳои таҳшинӣ дохил шуда, обҳои зеризаминиро ҳосил мекунанд. 06 қобилияти дар худ ҳалкунии моддаҳои зиёдро дорад, барои ҳамин оби гидросфераро ба сифатй ҳалкунандаи табиӣи дараҷаи гилзати гуногун дошта баҳо додан мумкин аст.

Гидросфера бо литосфера (обҳои зеризаминй), атмосфера (буги об) ва моддаҳои зиндаи биосфера зич алоқаманд буда, яке аз ҷузъҳои асоси ба ҳисоб меравад (ҷадвали 39).

Ҷадвали 39

Тақсимшавии массаи об дар гидросфераи Замин (аз рӯи М. И. Лвович, 1986)

Қисмҳон гидросфера

Ҳаҷм

(ба ҳаз. км3)

%

аз ҳаҷми умумӣ

1

Уқёнуси ҷаҳонй

13702323

94,2

2

Обҳои зеризаминй, ҳамагй аз он ҷумла минтақаи фаъоли мубодилаи обӣ

60000

4,12

3

4000

0,27

4

Пиряхҳо

24000

1,65

5

Кӯлҳо

230

0,016

6

Намии хок

75

0,005

7

Буги обии атмосфера

14

0,001

8

Оби дарёҳо

1,2

0,0001

9

Ҳамаи гидросфера

1454643,2

100,0

Қисми зиёди обҳои табиӣро (94,2%) оби уқёнусҳо ташкил медиҳад, ки дар ин ҷо ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо, мубаддалшавии энергия ва моддаҳои сайёраи Замин амалӣ мешаванд (расми 119). Аз ибтидои пайдоиши худ дар уқёнус тағйироти гуногун дар зери таъсири нури Офтоб, омилҳои геологй ва геокимиёвй амалӣ мешуданд, ки барои ҷараёнҳои минбаъдаи биологӣ хеле муҳим буд. Ҷараёнҳои биологӣ дар инкишофи организмҳои зинда, азхудкунии нури рушноии офтоб ва захиракунии энергияи озод дар бадани худи организмҳо, дар ҳосилнокии биологй ва таҳшинҳосилкунии тамоми майдони уқёнусй олам ва ҳосилкунии лойқаҳои гуногуни биогенӣ, асос меёбад.

Расми 119. Даври гидрологии энергетикй (аз руи Ю.Одум, 1986)

Эъзоҳ: даври ғидрологии энергетики дар шакли амалйшавИ бо ду роҳ нишон дода шудааст: болои аз ҳисоби энергияи офтоб дарё, кӯл, заминҳои ботлоқзоршуда ба ҳаракат дароварда ва корҳои фоиданокро барои одам иҷро мекунад, мисол барои ИБО. Резиши болоии об барои обҳои зеризаминӣ ҳамчун сарчашмаи захиравӣ хизмат карда худаш аз ғизо мегирад

Обҳои атмосферавии тоза 10-50 мг/л моддаҳои ҳалшуда доранд. Оби баҳрҳо (уқёнусҳо) бошанд, ба ҳисоби миёна дар 1 кг 35 г моддаҳои ҳалшуда доранд. Дар оби баҳрҳо қариб ҳамаи элементҳои кимиёвии системаи даврии Менделеев мушоҳида мешаванд. Лекин қисми зиёди моддаҳои ҳалшударо микдори ками элементҳо – натрий, магний, калсий, хлор, карбон, сулфур ташкил мекунанд. Онҳо дар оби баҳрҳо дар намуди ионҳои типи гуногун, мисол, катионҳои Ка1+, М§2+, Са2+ ва ионҳои С11-, 8042‘, НСОз1‘, СОз2‘ мушоҳида мешаванд. Дигар элементҳои кимиёвӣ ба миқдори камтар мушоҳида мешавад, лекин новобаста аз ин онҳо дар ҷараёнҳои кимиёвии баҳрҳо ва организмҳои зиндаи баҳрҳо аҳамияти муҳим доранд. Аз ҳама бештар аҳамияти нитроген, фосфор, кремнийро қайд кардан лозим аст, ки организмҳои обӣ онҳоро истифода мебаранд ва дараҷаи ғилзатй онҳо дар оби баҳрҳо расиш, инкишоф ва афзоишй ҳайвонҳо ва растаниҳои баҳриро идора мекунанд.

Одатан қимати ягон чизро мо бо тилло муқоиса мекунем. Пахтаро тиллои сафед, ҷангалро – сабз, нафтро сиёҳ меномем. Бойгарии бузургтарини замин – нонро аз хӯшаи тиллои мегирем. Пас савол ба миён меояд, ки қимати оби одциро бо чи муқоиса кардан лозим аст? Об ба монанди ҳаёти инсон қимат надорад. Бо гуфтаи академик В. И. Вернадский «06 дар таърихи сайёраи мо ҷойи хосаеро ишғол мекунад. Ягон ҷисми табиӣӣ бо об баробар шуда наметавонад, чунки об дар тамоми ҷараёнҳои асосии ҳаётӣ, геологй ва геокимиёвй вазифаи асосиро иҷро мекунад».

Оиди пайдошавии об то имрӯз нуқтаи назари амиқе нест. Дар рафти миллиардҳо соли инкишофи сайёра ва уқёнусҳои он мумкин аз ҳисоби вулқонҳои қишри замин обро ба болои сатҳи замин ба микдори миллионҳо тонна интиқол додааст. Агар ба эътибор гирем, ки дар ин муддат метеоритҳои зиёди дар таркибашон оби афзундошта ба замин афтидаанд , ҳамчунин микдори муайяни оби аз ҳисоби ядроҳои гидроген – протонҳои аз тарафи офтоб ба Замин интиқол ёфта, ҳар сол 1,5 ҳаз. т ташкил диҳанд, пас дар давоми миллиардҳо сол об аз куҷо пайдо шудааст, каме равшан мешавад.

Формулаи кимиёвии об хеле содда аст, ШО лекин дар ин зоҳириятии оддӣ аз рӯи сохтор ва хусусияти худ, об моддаи хеле нодир аст. 06 яке аз моддаҳои хеле мураккаб аз нуқтаи назари табииётй ва кимиёвй буда, дар намуди тоза онро ҷудо кардан хеле мушкил аст. Оби тоза ҳама вақт бо омехтаи оби сабук (ШО) ва миқдори ками обҳои вазнин мушоҳида мешавад.

Чунин хусусиятҳои хоси обро мушоҳида кардан мумкин аст:

  1. Дар вақти гарм кардани об аз 0 то 4°С ҳаҷми он зиёд нею, балки кам мешавад ва зичии максималии он дар нуқтаи яхкуни нею (0°С) дар ҳарорати 4°С мушоҳида мешавад.
  2. Дар рафти яхкунй об васеъ шуда, ҷафс намешавад, ба монанди дигар ҷисмҳо, зичии он кам мешавад.
  3. Бо баландшавии фишор ҳарорати яхкунии об зиёд нею кам мешавад.
  4. Воҳиди гармигунҷоишии об назар ба воҳиди гармиғунҷоишӣ дигар моддаҳо хеле баландтар аст.
  5. Ба туфайли доимияти диэлектрикии зиёд, об қобилияти баланди ҳалкунандагй ва диссосиатсиякуниро назар ба дигар моеъҳо доро аст.
  6. 06 назар ба дигар моеъҳо аз ҳама тарангии болоиро доро буда ба 75х10″3Дж/м2 баробар аст.

Дар табиат об дар ҳолати сахт, моеъ ва буғ мушохида мешавад. 06 дар ҳолати моеъ дар ҳудуди ҳарорати муайян барои ҳаёт мувофиқ мемонад. Барои организмҳои сайёра об ҳамчун муҳити ҳаёти онҳо ва такомул ба ҳисоб меравад. Дар ҳарорати 0°С об аз ҳолати моеъ ба

ҳолати сахт мегузарад, яъне ях ҳосил мешавад. Ях аз об сабуктар аст, барои ҳамин дар болои об шино мекунад. Ин хусусият барои бошандагони муҳити обӣ аҳамияти калон дорад. Чунки агар ях аз об вазнинтар мебуд, он гоҳ обанборҳо то қаъри худ ях карда, ҳаёт дар дохили онҳо ба охир мерасид.

Ба туфайли гармигунҷоишии баланд, об оҳиста гарм ва хунук шуда дар қатори дигар омилҳо ҳарорати солона, шабонарӯзӣ ва соати тағйирёбии уқёнусҳо ва кӯлҳоро муайян мекунад, ки ин тағйирёбиҳо аз тағйирёбиҳои ҳарорати хушкй бо куллӣ фарқ мекунанд. Гуногунии ҳаёт дар об назар ба хушкӣ зиёдтар аст.

Обҳои табиӣ ҳамеша дар ҳаракат буда, дар баҳамтаъсиркунии организмҳо, ҷинсҳои кӯҳӣ ва атмосфера қарор доранд, ки гирдгардиши он дар як сол ба 483 000 км3 рост меояд. Буғи оби дар атмосфера буда барои рӯшноии офтоб ҳамчун вазифаи полоишй ва оби дар болои сатҳи замин ҷой дошта ҳамчун системаи буфери зӯр – монеъа хизмат мекунад.

Об яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи икдим дар рӯи Замин ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии об аз он иборат аст, ки вай ҳамчун муҳит ва сарчашмаи гидроген барои ҷараёнҳои ҳаётӣ хизмат мекунад. Қариб тамоми моддаҳои узвии биосфера маҳсулоти фотосинтез мебошанд, ки растаниҳои сабз онҳоро аз ҳисоби энергияи рӯшной ва пайвастагиҳои беҳади ғайриузвӣ СО2 ва Н2О ҳосил мекунанд. Об ҳамчун сарчашмаи асосии оксигени ҳаво ба ҳисоб меравад, ки дар ҷараёни фотосинтез ба атмосфера ҷудо мешавад. Бе иштироки об ягон ҷараёни биокимиёвӣ ва биотабииётй амалӣ намешавад. 06 89-96% массаи растаниҳо, 75% массаи ҳайвонот ва 65% массаи одамро ташкил медиҳад. Ягон ҷараёни ҳаётӣ бе иштироки об амалӣ намешавад. Вайроншавии мувозинаи обӣ дар организм ба оқибатҳои номатлуб меорад. Агар организми одам 6-8% намнокиашро аз массаи умумии бадан талаф диҳад, ба ҳолати нимҳушй ва агар 12% обро талаф диҳад, ба мурдан меорад.

Олимон тасдиқ мекунанд, ки ба ҳисоби миёна ба одами солим дар шабонарӯз 2,5-3,0 л об лозим аст. Лекин дар баъзе шароитҳо ин талабот ба 4-5 ва дар иқлимҳои гарм то 6 л мерасад. Одам бе гизо 5-6 ҳафта, бе об 5 рӯз (дар баъзе сарчашмаҳо то 10-25 руз) ва бе оксигени ҳаво 5 дақиқа зиндагӣ карда метавонад.

Истеъмолкунандаи асосии об дар сайёраи Замин одам ва фаъолияти хоҷагидории ӯ мебошанд. Барои ҳамин тамаддуни қадима ҳама вақт дар назди об, водиҳои калони назди дарё инкишоф меёфт. Аз ин рӯ об ин нигохдоранда ва паҳнкунандаи энергияи рӯшной, ҳосилкунандаи икдим, обу-ҳавои ҳаррӯза ва ҷамъкунандаи гармӣ дар пуи Замин буда, тамоми самтҳои ҳаётро дар бар мегирад. Ба гуфтаи академик В. Л. Карпинский «Об – ин хуни зинда буда, дар он ҷое ҳаёт нест онро эҳё мекунад».

Аз микдори умумии оби дар рӯи Замин буда, танҳо 2%-и он оби нушокии барои одамон муҳим ҳасту халос, яъне 28,25 млн. км3 (ҷадвали 40).

Қисми асосии оби нӯшокӣ (наздикии 70%) дар қутбҳо ва минтақаҳои доимо ях, дар баландкуҳҳо дар пиряхҳо мафҳуз аст. Оби дарё ва кӯлҳо ҳамаги 3% хушкй ё ки 0,016% ҳаҷми умумии гидросфераро ташкил медиҳанд. Обе, ки барои сарфи фаъолияти хоҷагидории одамон лозим аст, хеле кам буда норасоии он дар нобаробар тақсимшавии об дар рӯи Замин мебошад. Дар Аврупо ва Осиё, ки 70% аҳолии сайёра ҳаёт ба сар мебаранд танҳо 39% оби дарёҳо ҷойгир шудаанду тамом.

Ҷадвали 40

Обҳои нушокии гидросфера (аз рӯи М. И. Лвович, 1974)

Қисмхои гидросфера

Ҳаҷми обҳои нӯшокӣ, км3

% аз қисми

додашудаи

гидросфера

% аз ҳаҷми умумии обҳои нушокӣ

1

Пиряхҳо

24000000

100

85

2

Обҳои зеризаминӣ

4000000

6,7

14

3

Кӯлҳо ва обанборҳо

155000

55

0,6

4

Намнокии хок

83000

98

0,3

5

Буғи оби атмосфера

14000

100

0,06

6

Оби дарёҳо

1200

800

0,004

Ҳамагй

28253200

100

Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ), ки ҳамагй 11%-и майдони умумии ҳудуди Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад ҳар сол 55,4% захираҳои обии минтақа ҳосил мешаванд. Ба ҳисоби миёна резиши дарёҳои Тоҷикистон ҳар сол зиёда аз 87 км3-ро ташкил медиҳанд, ки ба як шаҳрванди Ҷумҳурӣ 13 000 м3 рост меояд.

Дар ҶТ зиёда аз 25 ҳаз. дарё ва дарёчаҳо (947 -тои онҳо аз 10 км бештар дарозӣ доранд), зиёда аз 10 000 пиряхҳо (майдон умумии онҳо 500 км3-ро ташкилмедиҳанд) ва кӯлҳои зиёде, ки дар онҳо 20 км3 обҳои нӯшоки захира шудаанд, ҷойгир шудаанд. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои обй баъди Федератсияи Россия ва Гурҷистон дар байни собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравй дар ҷойи 3-юм меистад.

  1. Истифодабарии захираҳои обӣ

Агар фикр кунем, ки захираҳои оби тамомнашавандаанд ин хато аст, чунки одамиятро норасоии об нею, норасоии оби тоза тахдид мекунад.

Норасоии оби тоза чунин сабабҳо дорад:

  1. Бо суръат баланд шудани талабот ба об, бахусус афзоиши аҳолй ва инкишофи соқаҳои фаъолияти хоҷагидории одам, ки захираҳои зиёди обй лозим аст.
  2. Талафоти оби нӯшокӣ ба туфайли кам кардани резиши дарёҳо ва дигар сабабҳо
  3. Олудакунии обанборҳо ба туфайли партовҳои саноатӣ ва маишӣ

Талабот ба оби тозаи нушоки сол аз сол афзун мешавад, чунки

барои истеҳсоли 1 т пӯлод 250 м3, барои истеҳсоли мис 500 м3, селлюлоза 1500 м3 об сарф мешавад. Аз ҳама зиёд хоҷагии қишлоқ обро сарф мекунад, чунки барои гирифтани ҳосили 1 т гандум 1500 м3, пахта 10 000 м3 об сарф мешавад. Дар як давраи нашъунамоии 1 га майдони ҷуворимакка 3000 м3, карам 8000 м3 ва шолй 12 000 – 20 000 м3 обро сарф мекунанд.

Дар ҶТ сарфи об дар истеҳсолот 4,35-8,35%, хоҷагии қишлоқ 80-86 %, маишӣ 3,6-6% -ро ташкил мекунад.

  1. Сарчашмаҳои олудакунандаи муҳити обӣ

Сарчашмаҳое, ки ба обҳои рӯизаминй ё ки зеризаминӣ моддаҳои гуногуни заҳрнок, микроорганизмҳо ё ки гармӣ дохил мекунанд Сарчашмаи олудакунанда ва моддаҳои сифати меъёрии обро вайрон мекунанд олудакунандаҳо ном доранд. Обҳои табиӣ бо омехтаҳои гуногун олуда шуда аз рӯи хусусияти биологй ва табииётй-кимиёвй ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд. Ба гурӯҳи якум модцаҳое дохил мешаванд, ки дар об ҳалшуда метавонанд ва дар ҳолати молекулярй ё ки ионӣ мебошанд. Дар обҳои табиӣ газҳои гуногун (Ог, N2, СОг ва ғ.) ва намакҳо (ТМа, К, Са, А1, Ғе, М§ ва ғ.) дар ҳолати ҳалшуда қарор доранд. Онҳоро метавонем бо ёрии таҳлили кимиёвй муайян кунем, чунки омехтаҳои ҳалшуда бо полоишҳои регй ва қоғазй нигоҳ дошта намешаванд. Ба гурӯҳи дуюм омехтаҳое дохил мешаванд, ки бо об системаи коллоидй ва моддаҳои ҳалшуда ҳосил мекунад. Системаҳои коллоидй аз моддаҳои ҳалнашуда ҳосил мешаванд. Онҳоро мембранаи аз пленкаи тунуки коллоидӣ ё ки талхаи барзагов тайёркардашуда нигоҳ медорад. Дар ҳолати коллоидй модцаҳои маъданй ва узвй буда метавонанд.

Об сарчашмаҳои олудакунандаи биологй ҳам дорад, мисол, бактерияҳо, вирусҳо, обсабзҳо, соддатаринҳо, кирмҳо ва ғ. Аз солҳои 90- уми асри XX олудашавии обҳое, ки бо фаъолияти одамон алоқаманд буданд, хеле зиёд шудааст. Сарчашмаҳои асосии олудакунандаи об партовҳои саноатй ва коммуналӣ, шустани хоки заҳрҳои кимиёвидошта, партовҳои фермаҳои чорвопарварӣ ва ғ. шуда метавонанд. Массаи умумии олудакунандаҳои асосии антропоғении гидросфера ба 15 млрд. т дар як сол расидааст. Аз ҳама бештар дар байни олудакунандаҳои об фенолҳо, нафт ва маҳсулотҳои нафтӣ, намакҳои металлҳои вазнин, радионуклидҳо, пестидсидҳо ва г. хеле хатарноканд.

Дар натиҷаи олудашавии муҳити обӣ рН тағйир меёбад, ки ба организмҳои зинда таъсири манфӣ мерасонад. Кӯлҳо ва дарёчаҳои оби шириядошта рН 6-7 мебошад ва организмҳо ба ҳамин дараҷа мутобиқат пайдо кардаанд. Тағйирёбии таассури об ҳамагӣ ба як воҳид рН назар ба оптималӣ дар бисёр ҳолатҳо ба стресс ва дар баъзе ҳолатҳо ба фавтидани организмҳо оварда мерасонад. Шӯршавии кӯлҳо ва дарёҳо ба ҳайвонҳои хушкй ҳам таъсир мерасонанд, чунки қисми зиёди паррандаҳо ва даррандаҳо ба занҷири гизоӣ дохил мешаванд, ки аз системаҳои экологии обӣ ибтидо меёбад.

Партоваҳои маишй, бахусус тозанакарда ё ки хуб тозанакарда ба гирдгардиши модцаҳои узвии обанборҳо таъсири манфӣ мерасонад, яъне хатари пайдошавии бемориҳои сирояткунанда, пеш аз ҳама одамро ба вуҷуд меорад (расми 120).

Расми 120. Таъсирн антропогении гирдгардиши моддаҳои узвй дар обанборҳо (аз рӯи Л.Бауэр, X. Вайничке, 1971)

Моддаҳои биогении ба обанборҳо бо партовҳо ва нуриҳои маъдании аз киштзорҳо афтида инкишофи фитопланктонҳоро афзун мекунанд, ки ин ҷараёнро эвтрофизатсия (зиёдшавии моддаҳои биогенй) меноманд.

Обсабзҳо инкишоф ёфта ранги обанборро дигар карда, мазаи обро дигар мекунан ва об бӯи нохуш мегирад. Дар обанборҳо обсабзҳои зиёд мурда ҷараёни пӯсиш ибтидо мегирад. Бактерияҳо дар таҷзияшавии моддаҳои узвии обсабзҳо миқцори зиёди оксигенро сарф намуда, бо ҳамин норасоии онро дар обанборҳо ба амал меоранд. Об оҳисат-оҳиста вайрон шуда, аммиак ва метани бадбӯйро паҳн мекунад ва дар қатори он таҳшинҳои часпаки гидрогенсулфид захира мешаванд. Дар ҷараёни таҷзияшави обсабзҳои мурда ҳамчунин фенол, индол ва дигар моддаҳои заҳрнокро ҳам ҷудо мекунанд. Аз норасоии О2, ғизо ва паноҳгоҳ моҳиҳо, харчангшаклҳо ва маллюскаҳо мемиранд. Оби ин гуна обанборҳо барои нӯшидан ва ҳатто оббозӣ кардан мувофиқ нест.

Симоб кайҳо ҳамчун заҳр маълум аст. Нишонаҳои асосии бемории он танг шудани биниш, нодуруст ҳаракат кардан мебошанд. Каме заҳролуд шудан аз симоб ба бедорхобй, қобилияти қабул накардани танқид, тарс, дарди сар ва г. оварда мерасонад. Сарчашмаи олудашавии обҳои табиӣ аз симоб хеле зиёданд.

Симоб дар вақти сӯхтани сузишвориҳо ба атмосфера афтида баъд ба воситаи боришот ба обанборҳо меафтад. Симоб ҳамчунин аз ҳисоби пестидсидҳо (дар таркибашон симоб доранд) ва партовҳои маишӣ ба обанборҳо интиқол меёбад ва дар қаъри обанборҳо солҳои зиёд ҷамъ шуда ба организми бактерияҳо дохил мешавад. Дар организми бактерияҳо бошад симоби метилй ҳосил шуда, ба занҷири ғизоӣ дохил мешавад.

Симоб ба системаҳои экологии обӣ дохил шуда, якум мубаддалшавиҳои он ба амал меоянд ва дуюм дар таркйби организмҳои зинда, мисол моҳиҳо ва харчангшаклҳо дохил шуда, дараҷаи гилзати он назар ба обанборҳо чандин маротиба зиёдтар мешавад.

Барои ҳамин ҳам ин ду ҷараёни мубаддалшавии моддаҳо дар муҳити атроф ва интихобан ҷамъшавии онҳо дар организмҳои зиндаро дар ҳалли масъалаҳои ин ё он олудакунандаҳои кимиёвӣ ба эътибор гирифтан лозим аст.

Ба олудакунандаҳои табиӣ олудашавии гармӣ ҳам дохил мешавад. Корхонаҳои саноатӣ ва ИБГ (истгоҳҳои барқии гармидиҳй) баъзе вақт ба обанборҳо оби гармкардашударо интиқол медиҳанд, ки ин ба баландшавии ҳарорати об оварда мерасонад. Баландшавии ҳарорати об миқдори оксигенро кам карда заҳрнокии омехтаҳои олудакунандаи обро зиёд мекунад, ки дар натиҷа мувозинаи биологии таркиби намудҳо тағйир меёбад, мисол, обсабзҳо.

Баландшавии ҳарорат дар обҳои олудашуда ба афзоиши босуръати микроорганизмҳо ва вирусҳои бемориҳои сирояткунанда оварда мерасонад.

Олудашавии уқёнуси ҷаҳонй аз ҳисоби садамаҳои гуногун ҳамчун фазаи ҳаётии микдори зиёди растанӣ ва ҳайвонҳо ҳамаро ба ташвиш овардааст. Ҳар сол ба системаҳои экологии баҳру уқёнусҳо зиёда аз 10 млн. т нафт дохил мешавад (расми 121).

Сол аз сол баҳрҳои Балтика, Шимолй, Миёназамин, Сиёҳ ва ғ. олуда шуда истодаанд. Танҳо ба баҳри Миёназамин ҳар сол зиёда аз 120 т равғанҳои маъданӣ, 100 т симоб, 3800 т сурб, 2 400 т хром, 21 000 т рӯҳ ва даҳҳо моддаҳои заҳрноки дигар партофта мешаванд.

Ба обҳои Уқёнуси Ҷаҳонӣ партоваҳои радиофаъол, пестидсидҳо ва заҳрҳои кимиёвӣ интиқол дода мешаванд, ки ҳолати кунунии системаҳои зкологии онҳоро боз ҳам шадидтар карда истодааст. Онҳо қариб дар тамоми минтақаҳои гуногуни баҳри Балтика, Ирландия, сохилҳои Англия, Португалия, Испания ва г. мушоҳида шудаанд. Микдори зиёди партовҳои саноатӣ ва обҳои олуда ба баҳрҳо таҳвил меёбанд. Мисол, давлатҳои назди баҳри Шимолӣ ҳар сол зиёда аз 20 000 т партовҳои моеъ ва сахтро ба баҳр таҳвил медиҳанд. Аз рӯи баъзе пешгуиҳо микдори партовҳои ба оби баҳру уқёнусҳо таҳвилдодашуда аввалҳои асри XXI назар ба солҳои 80-уми асри XX 1,5-3,0 маротиба меафзоянд (Степановский, 2003).

image144

. Во ёрш баршшг ба укйлт дохнжжвшад

1| \ Дар рафш Еэфтани лошш шшшш сарф жшанд

5 % Еофш борншатхо аз зшнкн шуета шваш

ь Дар рзфти щдаш рвп ахвашвт

*кофташ чаҳҳшка|ш езрф ншаш

т%

Бе партовхок о&ш шкят шш иеёбад.

й .

А? швдар:® ва акваторгш! нзззя ёзщж шртофта авдааал

2 3 % Бо ёрии обхоа тяяувт »а обаш сарборш! итгяпйа ш ӯкЙнуг лартофга тшяйа,

28с4 Бо срии дарсхо иншгол месбаяд

Расми 121. Тақсимшавии талафёбии нафт бо % аз суммаи умумии
талафёбиии ҷаҳонӣ дар уқёнус дар як сол (талафёбии умумии нафт аз
ҳисоби коркарди умумиҷаҳон 0,23%-ро ташкил мекунад),
аз рӯи Н.Ф. Винокуров ва диг., 1994

  1. Чорабиниҳо оид ба тоза ва ҳифз кардани об

Об хусусияти хеле хоси худбарқароркунӣ дар зери таъсири нури рӯшноии Офтоб ва худтозакуниро доро аст. Ин дар он асос меёбад, ки оби олудашуда, бо тамоми массаи олудашуда омезиш ёфта ба маъданшавии моддаҳои узвӣ ва муриши бактерияҳо оварда мерасонад. Омили худтозакунии об бактерияҳо, занбуругҳо ва обсабзҳо ба ҳисобмераванд. Нишон дода шудааст, ки дар рафти худтозакунии бактериявй баъди 24 соат 50% бактерияҳо ва баъди 96 соат – 0,5% боқи мемонаду халос. Дар рафти олудашавиҳои зиёд худтозакунии об ба амал намояд. Дар ин ҳолатҳо усулҳои махсуси тоза кардани обро аз олудакунандаҳое, ки аз партовҳои оби саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ таҳвил дода шудаанд, истифода мешаванд. Обҳои олудашударо бо роҳи механикй, кимиёвй, табииётй – кимиёвӣ, биологӣ ва дигар усулҳо тоза мекунанд.

Усули мехаиикӣ дар он асос ёфтааст, ки обҳои олударо бо роҳи таҳшинкунӣ ва полоиш омехтаҳои механикиро дур мекунанд. Вобаста аз андозаи заррачаҳо онҳоро бо восита панҷара, галбелҳои сохторашон гуногун, олудаҳои болои обро бошад бо дорандаҳои нафтӣ, равғанӣ, мумӣ ва г. истифода мекунад. Дар рафти исгифодаи усули механикй аз обҳои маишй то 60% омехтаҳои ҳалнашаванда ва аз истеҳсолотй то 25% ҷудо карда мешаванд.

Усули тоза кардани об бо роҳи табииётӣ – кимиёвӣ бо илова кардани реагентҳои кимиёвй ба обҳои олуда, ки бо моддаҳои олудакунанда ба таассур даромада ҳам моддаҳои ҳалнашаванда ва қисман ҳалнашаванда такшон мекунанд, асос ёфтааст. Ба сифати адсорбент маводҳои табиӣ ва сунъиро истифода мекунанд. Ба сифати адсорбентҳои табиӣ хок, нафт ва сунъии он ангишти фаъол истифода мешаванд. Аз усулҳои физико-кимиёвй барои тоза кардани обҳои олуда хлоркунонй ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Хлор барои безарар кардани обҳо аз микроорганизмҳо, соддатаринҳо ва г. хеле самаранок буда, бо аммиак ба таассур медарояд. Усули табииётй – кимиёвй имконият медиҳад микдори моддаҳои олудакунандаи ҳалнашавандаро то 95% ва ҳалшавандаро то 25% кам кунад.

Обҳои саноатй ва маиширо аз олудакунандаҳо ҳамчунин бо усули электромагнитй бо ёрии озон, ултрасадо, мубодилаи ионӣ ва фишори баланд тоза мекунанд.

Усулҳои механикӣ ва табииётӣ – кимиёвй зинаҳои аввали тозакунии обҳои олудашуда ба ҳисоб мераванд, ки баъди онҳо тозакунии биологӣ ибтидо мегирад.

Усули тозакунии биологй дар маъданкунонии олудаҳои узвии обҳои олуда бо ёрии ҷараёнҳои биокимиёвии аэробҳо асос ёфтааст. Баъди тозакунии биологй об шаффоф буда, дар таркиби он оксиген ва нитратҳои ҳалшуда мавҷуданд. Якчанд намуди дастгоҳҳои биологии тоза кардани об мавҷуданд: биофилтрҳо, полоишҳо, аэротенкҳо ва ҳавзҳои биологй. Дар биополоишҳо обҳои олуда ба воситаи қабати маводи донаи калондошта, ки бо пленкаи бактериявии тунук гг, шида аст, мегузаронанд. Ин пленка амалан аввали таъсири биополоишҳо мебошанд. Ба туфайли он оксидшавии ҷараёнҳои биокимиёвӣ босуръат мегузаранд.

Аэротенкҳо бошанд зарфи оҳану бетонӣ андозааш калон буда ба воситаи он обҳои олуда гузашта аэрасия мешаванд, ки бо лоиқаи фаъол омехта шудааст. Тозакунии ибтидои аэротенкҳо аз лойқаи фаъол аз бактерияҳо ва ҳайвонҳои хурд огоз мегардад. Сарчашмаи ғизо ва инкишофи босуръати орғанизмҳои лойқаи фаъол моддаҳои узвии обҳои олуда ва оксигени зиёдатие ба иншоот аз ҳисоби ҳавои додашуда ба ҳисоб мераванд. Бактерияҳо ба поға часпида ферментҳоро ҷудо мекунанд, ки онҳо дар маъданкунонии олудаҳои узвй иштирок мекунанд. Лойқа бо поғаҳо тез таҳшин шуда аз оби тозакардашуда ҷудо мешаванд. Ҳайвонҳои хурд (инфузорияҳо, қамчинакдорҳо, амёбаҳо ва ғ.) бактерияҳо ба поға намечаспаду истеъмол карда, массаи бактерияҳои лойқаро ҷавон мекунанд. Одатан баъди чанд дақиқаи бо ҳам расидани лойқа ва обҳои олуда миқдори модцаҳои узвии дар онҳо мавҷудбуда то 50% кам мешаванд ва дар маҷмӯъ бошад, дар рафти аз аэротекҳо гузаштани оби олуда то 90% аз моддаҳои узвӣ тоза мешаванд.

Дар шароитҳои табиӣ барои тоза кардани обҳои олуда бо усули биологй, ҳавзҳои биологй ва майдони обдиҳиро ё ки майдони полоиширо истифода мекунанд.

Ҳавзҳои биологй гуфта, чукуриҳои на он қадар зиёди заминиро меноманд, одатан 0,5-1 м чуқурй дошта ва дар онҳо ҷараёнҳое амалй мешаванд, ки онҳо дар худтозакунии обҳо иштирок мекунанд. Онҳо дар ҳарорати 6°С кор мекунанд. Онҳо одатан аз 4-5 силсила иборат буд, каме нишеб буда зинаҳои он тавре ҷойгиранд, ки об аз ҳавзи болои мустақим ҷорй шуда ба ҳавзи поёнии мерезад. Майдони полоишй барои тозакунии пеш аз биологии обҳои олуда истифода мешавад. Дар майдонҳои обёрй якбора дар баробари тозакунии об зироатҳои хоҷагии қишлоқ ё ки алаф истеҳсол карда мешавад.

Ҳалли масъалаи пешгирии олудакунии обанборҳо аз обҳои олудашудаи саноатй ва маишй пеш аз ҳама бо эҷод кардани ҷараёнҳои технологии бепартов вобаста аст. Яке аз истеъмолкунандаҳои олудакунандаи асосии об соҳаи хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб меравад, чунки об яке аз омилҳои ҳосилнокй мебошад. Барои ҳамин роҳҳоеро ҷустуҷӯ кардан лозим аст, ки заҳрҳои кимиёвӣ ба дарё ва кӯлҳо шуста нашаванд, барои ин ҳар гунна усулҳои полоиширо истифода кардан лозим аст. Барои тоза нигоҳ доштани обанборҳо пеш аз ҳама обдиҳии ҳайвонҳои хонагй, сохтани фермаҳои парвариши ҳайвонҳо ва дигар иншоотҳои хоҷагии қишлоқ, коркарди поруи узвй ва гайраро дуруст ба роҳ мондан лозим аст. Солҳои охир дар саноат бештар ба истифодаи системаи сарбастаи обтаъминкунй диққати махсус дода истодаанд, ки ин олудашавии обанборҳоро хеле кам мекунад.

Барои босамар ҳифз намудани захираҳои обӣ моделсозии риёзӣ, мониторинг ва пешгӯиҳои асоси илмй дошта лозим аст.

test

Добавить комментарий