Таъсири фаъолияти одам ба растаниҳо

  1. Аҳамияти растаниҳо дар табиат ва ҳаёти одамон

Растаниҳо ҳамчун истеҳсолкунандаҳои модцаҳои узвӣ ба туфайли хусусияти фотосинтезкуниашон асоси саодат ва инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ба ҳисоб мераванд. Ҷараёни фотосинтез дар сайёраи Замин доимо амалӣ мешавад, барои ҳамин самараи он бениҳоят калон аст. Дар раванди фотосинтез растаниҳои сабз аз моддаҳои содцаи кимиёвӣ СОг ва Н2О модцаҳои узвй ҳосил мекунанд (расми 122), ки ҳамчун сарчашмаи маҳсулотҳои ғизоӣ (ғалла, мева, сабзавот ва ғ.), ашёи хом барои саноат ва сохтмон хизмат мекунанд.

Расми 122. Сохтори алоқаи якумнн байни растани ва ҳайвонҳо
(Ва1о§Ь, 1958)

Ташаккулёбии таркиби газии атмосфера бевосита аз фаъолияти ратаниҳо вобастағӣ дорад. Растаниҳои сабз дар раванди фотосинтез ба миқцори 5.1011 т оксигени озодро дар як сол ҷудо мекунанд. Як гектар кишти ҷуворимакка дар як сол 15 т оксиген ҳосил мекунад, ки барои нафаскашии яксолаи 30 одам басанда аст (мерасад). Тамоми оксигени дар атмосфера буда ба воситаи моддаҳои сабз тахминан дар 2000 сол мегузарад. Дар давоми 300 сол растаниҳои сабз ҳамон микдор карбонеро аз худ мекунанд, чи ба микдори мавҷудаи он дар атмосфера ва об баробар аст. Энергияи кимиёвии маҳсулоти фотосинтез дар як сол қариб 1000 маротиба аз энергияи истеҳсолкунандаи тамоми истгоҳҳои барқии ҷаҳон бештар аст. Муайян карда шудааст, ки ҳар сол растаниҳои сабз зиёда аз 177 млрд. т моддаҳои узвӣ ҳосил мекунанд.

Растаниҳо ҳамчунин дар ҳосилкунии қабати гумусии хок, ки ҳосилнокии хокро муайян мекунад, инггирок мекунад. Ба гайр аз С, Н, О дар таркиби модцаҳои узвӣ атомҳои М, Р, 8, дар баъзе ҳолатҳо Ғе, СО, М§, Си мушоҳида мешавад, ки ҳамаи онҳоро растаниҳо аз хок ё ки муҳити обӣ дар намуди ионҳои намакҳо, асосан дар намуди оксидҳо ҷабида мегиранд. Намакҳои маъданӣ аз болои қабатҳои хок шуста намешаванд, зеро растаниҳо доимо як қисми онҳоро ҷабида гирифта, ҳамчун ғизо ба ҳайвонҳо медиҳанд. Ҳайвонҳо ҳам ба монанди растаниҳо баъди мурдан моддаҳои маъданиро ба хок бармегардонанд, ки аз тарафи растаниҳо боз фурӯ бурда мешаванд. Растаниҳо дар ҷараёни шусташавӣ намакҳои маданиро фурӯ бурда бо ҳамин таркиби онҳоро дар хок доимӣ нигоҳ дошта, ҳосилхезии онро таъмин мекунанд.

Растаниҳо ба икдим, обанборҳо, олами ҳайвонот ва дигар элементҳои биосфера, ки дар алоқамандии зич мебошанд, таъсир. мерасонанд. Аз гуногунии олами растаниҳо, тавсифи биосенозҳо, системаҳои экологй, сохтори морфологй ва функсионалй, фаъолияти ҷузъҳои биогеосенотикӣ муайян мешаванд. Растаниҳо дар ҳаёти одамон ҳам аҳамияти калон доранд, чунки онҳо на танҳо ба сифати ғизо, балки ҳамчун захираҳои генетикй барои корҳои селексионй, барои офаридани навъҳои нави зироатҳой кишоварзй хеле заруранд. Ба ақидаи Н. М. Чернова ва диг. (1995) қисми зиёди растаниҳое, ки имрӯз қариб 90%-и озуқавории ҷаҳониро таъмин менамоянд, бо роҳи корам кардани растаниҳои ёбоӣ ба даст оварда шудаанд (расми 123).

Расми 123. Марказҳои пайдоиши растаниҳои зироатӣ
(аз рӯи Н.М. Чернова ва диг., 1995)

То кунун якчанд марказҳои пайдоишй растаниҳо ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз онҳо ҷанубу-шарқии имрӯзаи Тоҷикистон (баландкуҳҳо) ба ҳисоб меравад.

Дар давоми асрҳои зиёд одамон аз растаниҳо модцаҳои дорувории гуногунро ҷудо мекунад, ки дар таҷрибаи тиб ва байторӣ васеъ истифода мешавад. Дар замони муосир, дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти зиёда аз 1000 намуди растаниҳои доругӣ истифода мешаванд. Дар байни онҳо решаи ҳаётӣ – одамгиёҳ (женшен), Е1еи1:Негос]сси$, гули барфаки майи (ландыш майский), адрасмони баҳорӣ ва г. хеле васеъ истифода мешаванд (расми 124).

Расми 124. Растаниҳои доругӣ (аз руи В.К. Терлетский, 1991)

1- арникаи кӯҳӣ; 2- калинаи оддӣ;

3- лимонники чинй; 4- одамгиёҳи ҳақиқи

80%-и аҳолии мамлакатҳои рӯ ба тарақиёфта аз ҳисоби растаниҳои ёбоӣ саломатии худро беҳтар мекунанд. Қисми зиёди доруҳоро дар ҷаҳон аз организмҳои ёбоӣ ба даст меоранд. Растаниҳоро дар ҷараёнҳои технологии гуногун васеъ истифода мекунанд (фуқоъпазӣ, нонпазй, тозакунии обҳои олуда ва ғ.). Растаниҳо сарчашмаи асосии гизои ҳайвонҳои хонагӣ ва ёбоӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар ҳосилшавии канданиҳои фоиданок иштирк карда, вайроншавии болои заминро аз резиши об ва шамол муҳофизат мекунанд.

Растаниҳоро ба сифати индикатор ҳам истифода мекунанд. Аз давраҳои қадим растаниҳоро ҳамчун компас, соат барон муайян кардани вақт истифода мебурданд. Баъзе растаниҳо барои муайян кардани вақт, дигар растаниҳо вазифаи барометр ва гигрометро, сеюмин бошад ҳамчун индикаторҳои обҳои ширин ва шӯр хизмат мекунанд. Дар замони муосир растаниҳои индикаторро дар тадқиқоти илмӣ ва фаъолияти амалйи худ геологҳо, гидрологҳо, заминсозҳо, хокшиносон, икдимшиносон, ҷангалбонон, археологҳо васеъ истифода мебаранд. Мисол, бо ёрии растаниҳо мумкин аст, наичаи кемберлитовиро, ки алмазро муайян мекунад, ташкил кард. Растаниҳоро метавонанд ҳамчун индикатори ҳосилхезии замин истифода баранд, ки инро ҳатто дар Форс, Юнон ва Рими қадим ҳам медонистанд.

Растаниҳо бо тағйирёбии шароити муҳити берун тез мутаассир мешаванд. Ҷавоби баъзе растаниҳо ба таъсири газҳои нақлиётӣ он қадар амиқ аст, ки онҳоро метавонем барои муайян кардани дараҷаи ғилзати газҳои барои саломатии одам хатарнок истифода кунем, бахусус дар нақбҳо ва шоҳроҳҳои калони нақлиётй. Хушкшавии нӯги баргҳо, тағйирёбии рангҳо, пайдошавии доғҳои сафед дар растанӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳити атроф олудакунандаҳои заҳрнок аз меъёр хеле зиёданд.

Барои мубориза ба муқобили микроорганизмҳои зарарнок растаниҳо моддаҳои гуногунро ҳосил мекунанд, мисол, антибиотикҳо (пенисилин, стрептомисин, тетрасиклин ва г.) ва фитонсидҳо. Хусусияти зӯри бактерисидиро сир ва пиёз ҳам доранд, барои ҳамин ҳам аз қадим онҳоро барои муолиҷа истифода мебурданд. Як растании арча дар як шабонарӯз 30 кг модцаҳои парронро ҷудо мекунад, як гектараш бошад, он қадар микдори фитонсидҳоро ҳосил мекунад, ки барои аз микробҳо тоза ногоҳ доштани кӯчаҳои як шаҳр басандааст.

Растаниҳо барои одам ҳамчун сарчашмаи эстетикӣ (зебоӣ), яъне ба рӯҳи ӯ гаъсири мусбат мерасонад. Бисёр растаниҳо барои тадқиқотҳои илмии бионика ҳамчун обьекти омӯзиш барои минбаъд истифодаи онҳо дар техника истифода мешаванд. Барои ҳамин ҳам, захираҳои гении организмҳои зинда тӯҳфаи бебаҳои раванди такомул буда аз дуруст истифодабарии онҳо пешравии илмию-техникй тамоми самтҳои гуногуни фаъолияти одам вобастагӣ дорад.

  1. Таъсири одамон ба растаниҳо

Одамон дар рафти фаъолияти худ ба растаниҳо таъсири зиёди ҳам мусбат ва ҳам манфй мерасонд. Х,амчун объекти ҳифзшаванда растаниҳоро ба обй, хокӣ, зеризаминй ва болоизаминй ҷудо кардан мумкин аст.

Растаниҳои обӣ, дар ҳаёти обанборҳо ва бошандагони онҳо аҳамияти калон доранд, вале одам онҳоро кам истифода мебарад.

Растаниҳои хокӣ- бактерияҳо, обсабзҳо, намудҳои алоҳидаи занбӯруғҳо дар ҷараёни хокҳосилкунй ва ташаккулёбии ҳосилхезии он вазифаи муҳимро иҷро мекунанд.

Растаниҳои рӯизаминй зиёда аз 500 ҳазор намудро (аз онҳо 300 ҳазор намуд ба растаниҳои олӣ дохил мешаванд) дар бар мегиранд, ки одам онҳоро хеле зиёд истифода бурда, ба онҳо таъсири гуногун мерасонад.

Чи қадар растанӣ дар рӯи Замин пурра нест шудааст ва онҳоро аз нав барқарор кардан имкон аст, аниқ гуфтан хеле мушкил аст, вале далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки бештар аз 30 ҳазор намуди растаниҳо аз байн рафтаанд.

Дар рафти фаъолияти одамон майдони зиёди растаниҳои ёбоӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро растаниҳои зироатй ишғол кардаанд, яъне одамон барои фоидаи худ олами растаниҳои табийро аз нав мекунад. Бо ҷамоаи растаниҳо ҳайвонҳои хонагӣ ва ёбои таъсири ҷидди мерасонанд. Нодуруст истифодабарии чарогоҳҳо ба вайроншавии онҳо ва дар охир ба фарсоишӣ хок оварда мерасонад. Ба расиш ва инкишофи растаниҳо партовҳои саноатй таъсири манфй мерасонанд. Партовҳо ба воситаи атмосфера ба болои растаниҳо меафтанд, ки расиши онҳоро 4 маротиба паст мекунад. Баъзе партовҳои саноатӣ заҳрнок буда, ба хушкшавии растаниҳо оварда мерасонад. Муайян карда шудааст, ки ҳосилнокии гандум дар ноҳияҳое, ки саноатӣ металургияи ранга хуб инкишоф ёфтааст 40-50% ва микдори сафеда 25-35% камтар аст. Дар баъзе ҳолатҳо ҷамъоварии гулҳо, гайримуташаккилона истироҳати одамон дар табиат ба оқибатҳои гайричашмдошт оварда мерасонанд.

  1. Ҷангал ҳамчун захираи муҳимтарини растаниҳо

Ҷангал дар таркиби олами гуногунии растаниҳо дохил шуда арзиши хоси худро дорад. Ҷангал комплекси табийе мебошад, ки як намуд ё ки намудҳои зиёди растаниҳои дарахтии ба ҳам наздик ва организмҳои зиёде дар якҷоягӣ бо хок, зерхок, обҳои рӯизаминӣ ва қабатҳои назди атмосфера иборат мебошад. Ҷангал ҳамчун системаи табиӣ аз ҷузъҳои баҳамвобаста ва боҳамтаъсиркунанда иборат буда, қобилияти баланди устуворй, худидоракунӣ, худбарқароркунӣ ва азнавсозиро дошта, хусусияти хоси мувозинаи энергия ва моддаҳоро дорад (расми 125).

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷангал, ҳамчунин растаниҳо дар маҷмӯъ – ҳосил кардани моддаҳои узвй мебошад. Ҳосилшавии биомасса дар ҷангалҳо то 10 17– 10 18 г мерасад, ки аз биомассаи растаниҳои алафӣ 5-6 маротиба зиёдтар аст. Ҷангалҳо ба туфайли сохтори қабатнокӣ ва самаранок истифодабарии рӯшноии Офтоб аз ҳама биомҳои ҳосилнокиашон баланди Замин ба ҳисоб мераванд. Тайгаи сӯзанбарг дар

image148

як сол аз 400 то 2000 г массаи хушкро дар 1м2 , ҷангалҳои хазонрез аз 3000 то 6000 г/м2, ҷангалҳои намнокй тропикӣ аз 1000 то 5000 г/м2 массаи хушк ҳосил мекунанд.

Окигсн

гяшн

Расми 125. Роҳҳои асосии интиқол ва ҷараёнҳо дар ҷамоаҳои ҷаигал

Ҷангал дар ҳосилкунии муҳит роли муҳимро бозида, ба тамоми ҷузъҳои биосфера гаъсир расонида, ҳамчун мавод дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҳосил кардани даҳҳо маҳсулоти дигари барои одамон пурарзиш истифода мешавад. Ҳисоб карда шудааст, ки ҳар як одам дар давоми умри худ 200 растании дарахтиро истифода мекунад.

Захираҳои ҷангал. Дар гузашта ҷангалҳо қариб қисми зиёди сайёраи Заминро пӯшонида буданд. Аҷдодони мо барои васеъ кардани заминҳои кишти худ оҳиста оҳиста майдони ҷангалзорҳоро кам карданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо дар 1000 солаи охир қариб 50-70% ҷангалҳоро бурида нест карданд, ки солҳои 80-уми асри XX ҳамаги 29,7%-и сатҳи хушкиро ташкил медоданд. Майдони ҷангалҳо ва захираҳои чӯбии дар солҳои 90-уми асри XX муайн шуда дар ҷадвали 41 пешкаш шудаанд.

Майдони умумии ҷангалҳо 2438 млн. га-ро ташкил медиҳанд, ки аз ин 1233млн га (50,5%)-ро ҷангалҳои минтақаи тропикй, 1205 млн. га (49,5%)-ро ҷангалҳои минтақаи мӯътадил ташкил медиҳанд.

Захираҳои ҷаҳонии чӯб 5412,5 млн. т-ро ташкил медиҳанд. Аз ҳама бештар дар давлатҳои Аврупо ҷангалҳо дар ҳудуди Финландия ҷойгир шудаанд (70%). Инглистон бошад ҳамагй 6%.. Захираҳои ҷангали Россия 1182,6 млн. га-ро ташкил медиҳанд, ки 771,1 млн. га заминҳоро фаро гирифтаанд, захираҳои умумии чӯбии ҷангалҳо бошад ба 81,6 млрд. м3 мерасад.

Барои пурсаммар истифодабарии ҷангал онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд.

Форматсия

Майдони захираҳои чӯби

 

млн/га

%

т/га

млн/т

%

Ҷангалҳои намнокӣ тропикӣ Ҷангалҳои намноки тропикие дар

463

18,9

6,4

1593,5

29,4

давраи боронҳо нашунаъмо мекунанд Ҷангалҳои хушке, ки дар давраи боронҳо нашунаъмо мекунанд ва

260

10,7

2,0

520,0

9,6

ҳамчунин ҷангалҳои кӯҳй

510

20,9

1,0

510,0

9,4

Тамоми ҷангалҳои минтақаи тропикй Ҷангалҳои минтақаи мӯътадиле, ки дар давраҳои боришот нашунамоъ

1233

50,5

6,0

2635,5

48,4

мекунанд

20

0,9

6,0

120,0

2,2

Ҷангалҳои навъҳои чӯби сахт дошта Ҷангалҳои сабзи тобистона ва

170

7,0

1,3

221,0

4,1

сӯзанбарги кӯҳӣ

395

16,2

4,0

1580,0

29,2

Ҷангалҳои сӯзанбарги шимолй

620

25,4

1,4

868,0

16,1

Тамоми ҷангалҳои минтақаи мӯътадил

1205

49,5

2789,0

51,6

Ҳамагӣ

2438

100

2,2

5412,5

100,0

Ба гурӯҳи якум, ҷангалҳои аҳамияти обҳифзкунй ва хокҳифзкунӣ дошта, минтақаҳои сабзи истироҳатӣ, шаҳрҳо ва маҳалаҳои калони аҳолинишин, ҷангалҳои манӯъгоҳҳо, дарахтзорҳои соҳили дарёҳо, қад- қади роҳҳои нақлиётӣ ва роҳҳои оҳан, ҷангалҳои тундрагӣ ва субалпикӣ, ёдгориҳои табиӣ ва ғ. дохил карда мешаванд.

Ҷадвали 4

Майдони ҷангалҳо ва захираҳои чӯбй (аз рӯи Н. Ф. Реймерс, 1990)

Ба гурӯҳи дуюм минтақаҳои ҷангали камдошта, ки аҳамияти ҳифзшаванда ва истифодаи кам қарор доранд.

Ба гурӯҳи сеюм он минтақаҳои ҷангалие дохил мешаванд, ки онҳо мавриди истифодабарй қарор доранд.

Ба гайр аз ин, ҷангалҳоро вобаста аз истифодабарй ва соҳаҳо-ба саноатй, обҳифзкунанда, майдонҳои киштҳифзкунанда, истироҳатӣ, наздисоҳилӣ ва ғ. ҷудо мекунанд.

  1. Ҷангал ва фаъолиятн одамон

Дар ҷараёни такомули ҷамъиятӣ таъсири одам ба ҷангал ва табиат дар маҷмӯъ хеле тағйир ёфтааст. Олимон тасдиқ мекунанд, ки аллакай дар зинаи ҷамоварӣ, шикор кардан ва моҳидорй (охири полеолит ва аввали неолит) якумин буҳрони экологии антропогенӣ ба амаломада буд. Ҷангалҳои ҳамвориҳои Аврупо, дар натиҷаи буридан ва истифодабарии оташ, васеъ кардани майдонҳои кишт кам шуда, даг>баъзе ҷойҳо ба биёбоншавӣ (биёбонҳои Осиёи Миёна) оварда расонд. Дар давраҳои чорводорӣ ва заминдорй таъсири ҷмъияти одамон ба ҷангалзорҳо боз ҳам пуршиддатар гардид. Аз рӯи баъзе хулосаҳо майдони ҷангалзорҳо дар 100 соли охир қариб ду маротиба кам шуданд. Сол аз сол майдони зиёди ҷангалзорҳо бурида шуда, майдони онҳо 200 ҳазор расид. Ҳолати кунунии ҷангалҳои тропикй башариятро ба ташфиш овардааст ва онҳоро «шуши» сайёраи Замин меноманд, ки имрӯз ҳар дақиқа15-20 га кам шуда истодаанд.

Камшавии ҷангалҳои тропикиро дар мисоли Мадагаскар дида мебароем. Як вақтҳо қариб 8/10 ҳиссаи ҳудуди онро ҷангалҳо ташкил мекарданд, ки имрӯз он 3/4 ҳиссааш кам шудааст. Камшавии майдони ҷангалҳои тропикй ба паст шудани дохилшавии оксиген ба атмосфера, «самараи гармхона», гармшавии иқлим, афзуншавии фарсоиши хок ва хушксолӣ, тӯфонҳои хокй, олудашавй ва вайроншавии системаҳои обтаъминкунй, обхезиҳо ва дар маҷмӯъ ба вайроншавии системаҳои экологӣ ва захираҳои гении онҳо оварда мерасонад.

Душмани асосии ҷангалҳо сӯхторҳо ба ҳисоб мераванд. Сӯхторҳоро бо фарсоиши хок шабоҳат медиҳанд, чунки агар фарсоиши хок офати кишоварзй бошад, пас сӯхторҳо офати ҷангалҳоянд. Қариб 90% сӯхторҳои ҷангал бо айби одамон ба амал меоянд. Ҳар сол аз ин офат милионҳо гектар ҷангалзорҳо нест мешаванд. Аз ҳисоби сохтани Истгоҳҳои барқии обй (ИБО), обанборҳо, роҳҳои нақлиёт, оҳан ва ғ. майдони зиёди ҷангалҳо нест мешаванд. Аз ҳисоби партоваҳои саноатй ба атмосфера, хок ва об (дуоксиди сулфур, радионуклидҳо, металлҳои вазнин ва ғ.) микдори зиёди дарахтон ва буттаҳо нест мешаванд. Ҳассосии растаниҳои гуногуни дарахтй ба пайвастагиҳои сулфур дар расми 126. пешкаш шудаанд.

Расми 126. Ҳассосии дарахтон ва буттаҳои гуногун нисбат ба 80г
(аз руи КшЬег-ВШтап, 1975 (Степановский, 2003))

Сабаби фавтидани дарахтони ҷангалзор зараррасонҳо ва бемориҳои гуногуни растаниҳо (эпифитотия) ҳам шуда метавонанд.

Яке аз ҳодисаҳои мудҳиши солҳои охир ин хушкшавии ҷангалҳо ба ҳисоб меравад, ки сабабҳои гуногун дорад. Пеш аз ҳама ба экосистемаҳои ҷангал партоваҳои саноатӣ, боронҳои ҳомизй, моддаҳои заҳрнокӣ дар ҳаво мавҷудбуда (дуоксиди сулфур, оксидҳои нитроген, озон, курғошим), барангезандагони бемориҳо (мисол, вирусҳо), омилҳои иқлимй ва ҳатто мавҷҳои кӯтоҳ, шидцатнокии баланди барқӣ, радиофаъолӣ таъсири манфй мерасонанд. Баъдтар бошад ба растаниҳои дарахтӣ вақти иммунитеташон суст шудан микдори зиёди ҳашаротҳои муфтхӯр ҷойгир шуда, касалиҳои онҳоро пуршиддаттар мекунанд ва дарахтони ба касалиҳо гирифторшуда зиёд мешаванд. Ин ҳолат эҳтимолияти сӯхторҳоро зиёд карда, сифати чӯбро паст мекунад ва дар охир ба нестшавии экосистемаҳои ҷангал оварда мерасонад. Ба вайроншавии системаҳои экологии ҷангалҳо ҳамчунин чаронидани ҳайвонҳо, бахусус чорвои калони шохдор ва ҳайвонҳои ёбоӣ ҳам сабаб мешаванд.

  1. Ҷангал ва туризм (саёҳат)

Сабаби дигари камшавии ҷангал аз давраҳои қадим миқдори зиёди шикорчиён, ҷамъкунандаҳои занбӯруғҳо, буттамеваҳо ва хоҳишмандони муқаррарии истироҳаткунандаҳо ба ҳисоб мераванд. Бо инкишофи саёҳатй оммавй микдори тамошобинон ҳамон қадар зиёд шудааст, ки дар вақти ҳифзи ҷангал онро ба эътибор гирифтан лозим аст. Миллионҳо одамон кӯшиш мекунанд, ки рӯзҳои истироҳатии худро дар табиати зинда гузаронанд ва ҳазорҳо саёҳатчиён бо як пайраҳа ҳаракат мекунанд. Дар ҷангалҳои назди шаҳрҳо ҳазорҳо шаҳрчаҳои хаймагиро дидан мумкин аст. Барои оростани хаймаҳо дарахтони ҷавонро мебуранд, ба сифати сӯзишворӣ истифода мебаранд. Ҷангалҳое, ки тамошобинони доимӣ доранд, аз қуттиҳои консервй, шишаҳои холй, латтаҳо, коғаз ва ғ., он қадар олудаанд, ки ба барқароршавии табиӣ ҷангалҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Миқдори зиёди гулҳо, навдаи бутта ва дарахтонро барои якрӯза ороиши хонаҳои худ мешиканем, ки оҳиста оҳиста ба нестшавии онҳо оварда мерасонад. Баҳорон ҳазорон одамон гулҳои сиёҳвуш, лола ва гайраро нест мекунанд, ки ба нестшавии ин растаниҳо оварда мерасонад. Ҳар сол дар арафаи соли нав дар рӯи Замин миллионҳо бех дарахтони ҷавони сӯзанбарг нест карда мешаванд, ки ин ҳам ба табиат таъсири манфй мерасонад, бахусус дар он ҷойҳое, ки ҷангали кам доранд.

  1. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи растаниҳо

Захираи растаниҳо хеле зиёданд, агар мо онҳоро аз рӯи ақл истифода карда ҳифз намоем ва аз нав барқарор кунем, микдори бештари одамон, ҳайвонҳои хонагй ва ёбоиро бо ғизо таъмин мекунанд. Муҳим будани ҳифзи растаниҳо вобаста аз таъсири антропогенӣ сол аз сол афзун шуда истодааст, чунки намудҳои зиёди растаниҳоро ба сифати ғизо, хуроки чорво, доруворй, витаминй, асалпарварй, ороишӣ ва ғ. дар хоҷагии халқ васеъ истифода мебаранд. Вале афсӯз, ки бо таъсири фаъолияти одамон қисми зиёди ҷамоаи растаниҳо рӯ ба таназул ёфтааст. Дар ҳама ҳолатҳо таъсири худро ба табиат одам ногузир медонад, ки бо инкишофи истеҳсолот алоқаманд мекунанд. Вазифаи асосй дар он аст, ки одамон бояд ба сифати захираҳои гении пешавлоди растаниҳои зироатиро нигоҳ дошта корҳои селексиониро беҳтар кунад. Ҳар як намуди растанй дар алоҳидагӣ нею, балки дар ҳамбастагй бо дигар растаниҳо, ҳайвонҳо ва омилҳои абиотӣ фаъолият дорад. Барои ҳамин ҳам ҳифзи олами растаниҳо бояд дар якҷоягй бо тамоми муҳити табиӣ амалӣ карда шавад.

Вазифаи асосии ҳифзи ҷангал ин босамар истифодабарй ва барқароркунии онҳо ба ҳисоб меравад. Ба ҷангалҳои кӯҳй аз ҳама бештар диққат додан лозим аст, чунки онҳо дар идоракунии обҳои зеризаминй ва ҳифзи хок аҳамияти хосе доранд. Дар тамоми кӯҳистони кишвари мо ба миқдори зиёд арчаро нест мекунанд, лекин мутаасифона ягон бех растании арча дар кӯҳҳо шинонда намешавад, яъне дар баъзе ҳолатҳо одамон аз даррандаҳо бештар ба табиат зарар мерасонанд. Хуб мешуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити ноҳияҳои кӯҳистон ба ин масъала каме ҳам бошад, диққат медоданд. Агар буридани арчазорҳо бо ҳамин суръат давом кунад, дар кӯҳсброн ба нестшавии арчазорон оварда мерасонад, ки ҳодисаҳои табий (селфарой, тармафарой, камшавии об, олудашавии обҳо ва ғ.) зиёд мешаванд.

  1. Ҳифзи намуди растаниҳои нодир ва барон хоҷагии халқ қимматбаҳо

Дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон растаниҳои зиёде мавҷуданд, ки онҳо хусусияти гуногуни фоидабахш доранд. Баъзе онҳо пурра омӯхта нашудаанд, дигарҳо бошанд дар амал босамар истифода нашудаанд. Гуфтан лозим аст, ки аз 300 ҳазор намуди растаниҳои олии флораи ҷаҳонй ҳамаги 2 500 намудро одамон дар фаъолияти худ истифода мекунаду халос. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон бошад зиёда аз 400 намуди растаниҳо истифода мешаванд. Қисми зиёди растаниҳо хусусан

пурарзиш ‘буда дар тиб, техника, гулпарварӣ, кабудизоркунӣ ва хӯрокворӣ васеъ истифода мешаванд. Новобаста аз он ки аз давраҳои қадим растаниҳои зиёдро ба сифати доруворӣ истифода мебурда бошанд, ҳам то кунун қисми зиёди онҳо пурра ҳамчун доруворй омӯхта нашудаанд. Олимон ҳаракат карда истодаанд, ки растаниҳоеро омӯзанд, ки бештар сафеда ҳосил кунанд, мисол, хлорелла фаъолияти баланди фотосинтетикӣ дорад ва дар шароити сунъй метавонад то 20% энергияи офтобро истифода барад (растаниҳои гулдор ҳамаги то 2%-ро истифода мекунанд) ва ҳосилнокиаш қариб 25 маротиба назар ба гандум баландтар аст. Дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон растаниҳое вомехӯранд, ки ба ҳифз кардан эҳтиёҷ доранд, чунки онҳо хеле каманд ё ки дар зинаи нестшавй қарор доранд. Мисол, моргиёҳ, зира, торонак, ҳолмон, пиёзи анзур, чукрй, рови бадбӯй, баъзе лолаҳо ва г.

Барои ҳифзи растаниҳои нодир ва дар зинаи нестшавй қарор дошта якчанд роҳҳо аст. Роҳи якум – маън кардани тамоми фаъолиятҳо, даравидан, буридан, вайрон кардан. Роҳи дуюм -ҳифз кардани намудҳои нодир дар мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллй, бошишгоҳҳо, эълон намудани ёдгории таърихӣ ва ғ. Роҳи сеюм-сохтани қитъаҳои колексионй дар назди боғҳои ботаникй ва дигар муассисаҳои илмию – тадқиқотй.

test

Добавить комментарий