Главная / Фанни Экология / Таъсири фаъолияти хоҷагидории соҳаи кишоварзи ба табиат

Таъсири фаъолияти хоҷагидории соҳаи кишоварзи ба табиат

  1. Хоҷагии кишоварзӣ ҳамчун сарчашмаи захираҳби маҳсулотӣ

Одамон дар рафти хоҷагидории худ захираҳои замин, об, растанӣ, ҳайвонот ва энергияро истифода бурда худро бо ғизо таъмин карда, назар ба дигар фаъолиятҳои худ ба табиат беигтар таъсир мерасонад.

Солҳои 90-уми асри XX ҳар рӯз дар олам 250 ҳазор нафар одам ба дунё меомад, ки онҳоро хӯрондан, пӯшондан ва бо хона таъмин намудан лозим аст. Пешгуи мекунанд, ки то соли 2020 аҳолии Замин ба 8 млрд. одам мерасад. Барои таъмини ин қадар одам дар 20-25 соли наздик он қадар маҳсулоти гизоии истеҳсол кардан лозим аст, ки аз давраи ибтидои кишоварзӣ, тахминан 10 ҳазор сол пеш то имрӯз истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли мивдори маҳсулоти ғизоӣ барои таъмин кардани аҳолии сайёраи Замин яке аз масъалаҳои мураккаби имруза ба ҳисоб меравад. Дигар масъалаи муҳим ин сифати ғизо мебошад, яъне дар таркиби он мавчуд будани сафедаҳо, витаминҳо, микроэлементҳо ва ғ., ки барои организм заруранд. Дигар масъалаи муҳим ин идора кардани системаи хоҷагии кишовазии ҷаҳонй мебошад, ки таъсири зарарнокй онро ба муҳити атроф кам кардан лозим аст.

Хок – воситаи асосии истеҳолоти хоҷагии кишоварзй ба ҳисоб меравад. Аз ибтвдои асри VII то имрӯз хок асоси истеҳсолоти хоҷагии кишоварзй, бойгарии гаронбаҳои одамият ба ҳисоб меравад. Хок як қисми муҳити табиате мебошад. ки одамро иҳота кардааст. Хок дар натиҷаи баҳамтаъсиркунии мураккаби атмосфера, гидросфера, литосфера, олами растаниҳо ва ҳайвонот ҳосил шудааст. Аз дигар сайёраҳои системаи офтобй, сайёраи Замин бо мавчуд будани дар он хок фарқ мекунад. Ин қабати тунук ҳиссаи ночизи фоизи масса ва ҳаҷми заминро ташкил медиҳад (гафсиаш 20 см) бо офтоб тавре баҳамтаъсир мерасонанд, ки ҳастии одам ва одамиятро имкон гардонидааст. Баҳрҳо ва майдонҳои истеҳсолии сунъӣ дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ роли на он қадар калонро мебозанд. Аз уқёнус одамон қариб 30-40 млн. т моҳӣ, ҳайвоноти бемӯҳра, обсабзҳоро ба даст меоранд.

Дар рӯи Замин имрӯз қариб 80 ҳаз. намудҳои растаниҳои хӯрданбоб мавҷуданд, лекин одамон танҳо 30 намуди зироатӣ хоҷагии кишоварзиро барои қонеъ гардонидани худ истифода мевднаду халос. Гандум, шолӣ, ҷуворнмакка, картошка зироатхои асоси буда, назар ба ҳамаи зироатҳои дигар дар маҷмӯъ бештар маҳсулот медиҳанд, Аз рӯи маълумотҳои ба дастовардаи ФАО аз болои сатҳи хушкӣ дар хокҳои Евразия, Австралия, Африқо, Амрико (ба гайр аз мамлакатҳои сотсиалистӣ) ҳар сол қариб 300 млн. т гандум, 300 млн. т биринҷ, 250 млн. т ҷуворимакка, 200 млн. т ҷав, ҷави русӣ, ҷавдор, 100 млн. т ҷойҷуворӣ, арзан, 300 млн. т картошка, 100 млн. т мева, 60 млн. т лӯбиёгиҳо, 30 млн. т помидор ва пиёз, 60 млн. т қанди тоза, 20 млн. т равғани растанӣ, 100 млн. т гӯшт, 400 млн. т шир истеҳсол мекунанд (Степановекий, 2003).

Новобаста аз афзун шудани истеҳсоли маҳсулоти ҷаҳонӣ дар солҳои 50-90-уми асри XX қариб ду маротиба дар ин давра паст шудани истеҳсоли маҳсулот ба сари ҳар як одам ба чашм мерасад, ки ин бо афзуншавии аҳолии сайёраи Замин ва таъсири антропогенӣ ба табиат вобастааст.

Захираҳои заминӣ. Истеҳсоли маҳсулотҳои парвариши растанӣ ва чорворо, чарогоҳҳо, киштҳо ва майдонҳои алафдаравӣ таъмин мекунанд. Заминҳое, ки дар хоҷагии кишоварзй ҳамчун кишт барои рӯёнидани зироатҳои хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд, ҳосилхезии гуногун дошта қобилияти таъмин кардани растаниҳоро бо об, элементҳои ғизоӣ, ҳаворо доро буда, бо ҳамин имконияти ба даст овардани ҳосили зироатҳои хоҷагии қишлоқро амалӣ мекунад. Яке аз нишондодҳои дараҷаи ҳосилхезии хок тавоноии қабати гумусй ва таркиби гумусии хок ба шумор меравад. Қабати гумусй ин анборе мебошад, ки растаниҳо аз он дар намуди маҳлули намакҳо ғизо мегиранд. Гумус тарзе заррачаҳои маъданиро бо ҳам мечаспонад, ки онҳо ба хок сохтори мусоид фароҳам оварда, барои таъмин кардани об ва ҳаво имконпазир мешавад.

Ду намуди ҳосилнокии хок – табий ва самаранок фарқ карда мешаванд.

Ҳосилхезии табийро таркиби гумус, захираҳои моддаҳои ғизой, режими табиӣ обй, ҳавой ва гармй муайян мекунад. Ҳосилнокии самаранок на танҳо бо ба даст овардани ҳосил, балки бо туфайли хусусияти табиӣ хок ҳамчунин хусусияти тагйир додани фаъолияти хоҷагидории одам (илова кардани пору, корҳои мелиоратсиявй ва г.) амалй мешавад.

Дар ҷаҳон ҳамагӣ 10% заминҳо барои кишт ва 17% заминҳо чарогох ва маргзорҳоро ташкил медиҳанд. 73%-и замини боқимонда истифода намешавад. Дар майдони 30 млн. км2-и чарогоҳҳо 3 млрд. сар ҳайвон ғизо мегирад, дар фермаҳои паррандапарварй бошад 3 млрд мурғи марҷон, ғоз, мургобӣ ва мург ҳар сол парвариш карда мешавад.

Хулоса аҳамияти хоҷагии қишлоқ барои одамон хеле бузург аст (расми 130).

То пайдошавии хоҷагии қишлоқ тамоми растаниҳои фотосинтезкунанда ва ҳайвонот метавонистанд ҳастии 10 млн. одамро таъмин намоянд (расми 30 А). Бо инкишофи хоҷагии қишлоқ 10% замин шудгор ва обёрӣ карда шуд. Дар солҳои 90-уми асри XX ин майдонҳои замин ҳастии 5 млрд. одамро таъмин менамуд (расми 30 Б).

Аз рӯи маълумотҳои ФАО тавоноии тамоми майдонҳои барои китпт мувофиқ, дар олам 3,2 млрд. га-ро ташкил медиҳанд. Имрӯз коркарди 1,5 млрд. га замин ба роҳ монда шудааст. Аммо барои пурра дохил кардани ин захираҳо барои истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ миқдори зиёди маблағгузорӣ ва меҳнат лозим аст.

БлашсШ йзяхг

Расми 130. Аҳамияти соҳаи кишоварзй барои одам (аз рӯи Ф. Рамад, 1981)

  1. Таъсири фаъолияти хоҷагидории одамон ба мувозинаи экологӣ дар табиат

Дар давоми асрҳои зиёд тагйир додани манзараҳои табиӣ дар рафти фаъолияти одам ба ӯ рӯҳбаландӣ, бурдборй ва оромй меовард. Аммо бо мурури дар як ҷой муқими зист кардани одамон ва босуръат афзоиш ёфтани миқдори аҳолӣ, ҳамчунин усулҳои коркарди замин ва чорводорӣ чунин тағйиротҳое ба вуқӯъ омаданд, ки онро инқилоби дуюми техникй номиданд. Ин ба инкишофи хоҷагии қишлоқ таъсири калон расонид ва дар баъзе ҳолатҳо ба системаҳои экологй офатҳои зиёде овард. Майдони зиёди ҷангалҳо нест карда шуданд, нодуруст истифодаи заминҳои минтақаҳои мӯътадил ва тропикй ба вайроншавии экосистемаҳои таърихан ташаккулёфта оварда расониданд, ки ҷойи биосенозҳо, экосистемаҳо, ландшафтҳои табийро, агросферахо, агроэкосистемаҳо, агросенозҳо, манзараҳои аграрӣ ва ғ. фаро гирифт.

Агросфера ин системаи глобалие мебошад, ки тамоми сарҳади Заминро гирд оварда, онро дар рафти фаъолияти худ одам ба хоҷагии қишлоқ тагйир додааст.

Агроэкосистема – экосистемаҳое одам дар раванди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ тағйир додааст, яъне майдонҳои хоҷагии қишлоқ, боғҳо, ангурзорҳо, қитъаҳои ҷангали барои ҳифзи киштҳо ва г. агроэкосистемаи асосии агросенозхо ба шумор мераванд.

Агросенозҳо – биосенозҳои дар заминҳои хочагии қишлоқ иетифодашуда мебошанд, ки бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти хочагии қишлоқ барпо карда шуда, доимо аз тарафи одам ҷамоаҳои биотӣ дастгирй ёфта, қобилияти ками эътимоди экологӣ дошта, вале ҳосилнокии баланди як ё ки якчанд намудҳои интихобкардаи намудҳои (навъҳо, зотҳо) растанӣ ва ҳайвонотро дороанд.

Манзараҳои кишоварзӣ – экосистемаҳои дар натиҷаи дигар кардани хоҷагии қишлоқ, манзараҳои даштӣ, тайга ва ғ. ташаккулёфтаро меноманд.

Дар натиҷаи тагйир додани экосистемаҳои табиӣи биосфера бо таъсири истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва дохил кардани технологияи серҳосил, яъне яказироатӣ, навъҳои ҳосилашон баланд, агрохимикатҳо, фарсоиши обй, бодӣ, шӯршавии дубораи хок, вайроншавии хок, харобшавии эдафон ва мезофауна, камшавии ҷангалҳо ва г. оварда мерасонад.

  1. Истеъмоли энергия, амал кардан ва ҳосилнокии биологии системаҳои экологии кишоварзӣ

Дар боло қайд шуда. буд, ки ҳар як дақиқа дар 1 см2 қабати болоии атмосфераи Замин 2 каллория энергияи рӯшноии Офтоб дохил мешаванд, онро констант ё доимии офтоби меноманд. Энергияи истифодабурдаи растаниҳо он қадар баланд нест. Танҳо як қисми спектри офтоб ки онро нурҳои фаъоли фотосинтетикй (НФФ) меноманду (дар дарозии мавҷҳои 400-720 нм қарор дошта, 21-46%-ро ташкил мекунанд) дар ҷараёни фотосинтез истифода мешаванд. Дар минтақаҳое иқлими мӯътадил доранд коэффисиенти таъсири фоидаовари (КТФ) фотосинтез аз1,5 то 2% ва дар бисёр ҳолат 0,5%-ро ташкил медиҳад.

Дар хоҷагии қишлоқи инкишофёфтаи ҷаҳони муосир, якчанд типи системаҳои экологй фарқ карда мешаванд, ки аз ҳам бо микдори энергияи дохилшуда ва истифодабурдаи одам баҳо дода мешаванд (М. Е. Соколов ва диг., 1994).

1. Системаҳои экологии табиӣ. Сарчашмаи ягона энергияи офтоб ба ҳисоб меравад (уқёнус, ҷангалҳои кӯҳӣ). Ин эсистемаҳои экологӣ пойдевори асосии ҳаёти рӯи Замин буда, расиши миёнаи солонаи энергияи офтобро 0,2 ккал/см2-ро ташкил мекунад.

  1. Системаҳои экологии табиӣи ҳосилнокиашон баланд. Ба ғайр аз энергияи офтоб, ҳамчунин дигар сарчашмаҳои табиии энергия (ангиштсанг, торф ва ғ.)-ро истифода мебаранд. Ба онҳо резишгоҳҳои дарёҳои калон, ҷангалҳои тропикии намнок ва дигар системаҳои экологии табиӣ қобилияти баланди ҳосилнокӣ дошта, дохил мешаванд. Дар ин ҷо ба миқдори зиёд моддаҳои узвӣ истифода ё ки захира мешаванду ҳисоби миёнаи солонаи энергия 2 ккал/см 2-ро ташкил медиҳад.
  2. Агроэкосистемаҳое, ки ба экосистемаҳои табиӣ наздиканд. Ба

ғайр аз энергияи офтоб дигар сарчашмаҳои энергияи одам истеҳсолкарда истифода мешаванд. Ба ин системахои хоҷагии қишлоқ ва обие, ки ашёи хом ва маҳсулот тайёр мекунанд, дохил мешаванд. Сарчашмаҳои иловагии энергия канданиҳои фоиданок, энергияи мубодилаи моддаҳо ба ҳисоб мераванд (расиши энергия ба ҳисоби миёна 2 ккал/см 2-ро дар як сол ташкил медиҳад).

  1. Системаҳои экологии кишоварзӣ типи серҳосил. Бо истеъмоли микдори зиёди маҳсулоти нафтӣ ва агрохимия вобастаанд. Онҳо назар ба системаҳои экологии пештара сермаҳсултар буда, бо талаботи баланди энергия фарқ мекунанд (расиши энергия бо ҳисоби миёна 20 ккал/см2-ро ташкил медиҳад).
  2. Экосистемаҳои саноатӣ (шаҳрӣ). Энергияи тайёрро мегиранд (газ, ангишт, барқ). Ба онҳо шаҳрҳо ва минтақаҳои саноатии атрофи онҳо дохил мешаванд. Онҳо ҳамчун генератори беҳтаркунии ҳаёт ва сарчашмаи олудакунандаи муҳит ба ҳисоб мераванду бо системаҳои экологии пештара алоқаманд мебошанд. Системаҳои экологии саноатӣ энергияи зиёдро талаб мекунанд (расиши энергияи солона ба ҳисоби миёна 200 ккал/см 2-ро ташкид медиҳад).

Хусусияти асосии фарқкунандаи системаҳои экологии табий ва системаҳои экологии кишоварзй инҳоянд:

  1. Самтҳои гуногуни интихоб. Барои системаҳои экологии табиӣ интихоби табий хос аст, яъне устуворй ва аз байн бурдани шакли организмҳои ноустувор ва ҷамоаҳои онҳо мебошад.

Системаҳои экологии кишоварзй зери таъсири фаъолияти одамон ташкил ёфтаанд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ равона шудаанд.

  1. Гуногуншаклии таркиби экологии фитосеиозҳо усутвории ҳосилнокии системаҳои экологии табийро дар рафти тагйирёбии шароити обу ҳавои гуногун таъмин мекунанд. Паст шудани ҳосилнокии як намуд ба афзуншавии ҳосилнокии дигар намуд оварда мерасонад, ки дар маҷмӯъ системаи экологй метавонад дар солҳои гуногун маҳсулоти худро дар дараҷаи муайян нигоҳ дорад.

Агросенозҳои зироатҳо аз ҷамоаҳои якадоминантй ва яканавъи иборатанд. Ба ҳамаи растаниҳои агросеноз таъсири омилҳои номусоид якхела таъсир мерасонанд. Дар ин ҷо паст шудани расиш ва инкишофи як зироат аз ҳисоби афзун кардани зироати дигар ғайриимкон аст, ин аст, ктт устувории ҳосилнокии агросеноз назар ба системаҳои экологии табиӣ пасттар аст.

  1. Ба туфайли гуногуншаклии намуди растаниҳо ва ритми фенологии гуногун ба фитосенозҳо имконият медиҳад, ки дар тамоми даври нашъунамои ҷараёнҳо маҳсулот тайёркуниро беист давом дода, захираҳои гармй, намӣ ва элементҳои гизоиро пурра ва сарфакорона истифода кунанд.

Дар кишти агросенозҳо, давраи нашъунамои кӯтоҳтар буда, расиши растаниҳо якхела буда инкишоф пайдарҳами даврй мебошад, ки ‘ ин ба шиддатнокии ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо ва дар системаи бутун таъсир мерасонад.

  1. Фарқияти муҳими байни системаҳои экологии табиӣ ва системаҳои кишоварзӣ дараҷаи талафи гирдгардиши моддаҳо дар дохили онҳо ба ҳисоб меравад. Гирдгардиши моддаҳо дар системаҳои экологии табий сарбаста буда микдори моддаҳои дохилшаванда ба микдори моддаҳои аз давр баромада баробаранд. Аз ин сабаб дар дохили давр моддаҳои дохилшуда дар ҳар як блок ба моддаҳои аз давр баромада тахминан баробаранд (расми 131).

Таъсири антропогенӣ сарбастагии гирдгардиши моддаҳоро дар эсистемаҳои экологии табиӣ тағйир медиҳад.

Дар агросенозҳо як қисми моддаҳо аз системаҳои экологй гирифта мешаванд. Агар нуриҳои маъданй аз меъёр зиёд илова карда шаванд он гоҳ бузургии элементҳои гизоии дохилшуда назар ба бузургии элементҳои ғизоии дар хок буда зиёд мешаванд, ки дар агросенозҳо 50- 60% моддаҳои узвии дар маҳсулот маҳфуз буда, ба хок ҷудо мешавад.

5. Системаҳои экологни табиӣ – системаҳои худидоракунанда мебошанд, агросенозҳо бошанд аз тарафи одам идора карда мешаванд.

Системаҳои экологии кишоварзиро ба системаи нимкушода ва кушода ҷудо мекунанд. Ба системаҳои нимкушода гармхонаҳо, комплексҳои чорводорй дохил мешаванд, ки дар он ҷо ҳарорат, рӯшноӣ, гардиши нуриҳои маъданӣ ва узвӣ идора ва назорат карда мешаванд. Онро системаи экологии кишоварзии идоракунанда меноманд. Ҳамаи дигар системаҳои экологй бошанд кушодаанд. Дар системаи экологии кишоварзии нимкушода ва кушода шароити оптималии расиши организмҳо ва таркиби онҳо аз тарафи одам идора карда мешаванд. Аз ин ру мақсади асоси ба он равона мешавад, ки якум пурра бартараф кардани намудҳои бегона ва дуюм интихоби генотипҳои ҳосилнокии баланд дошта интихоб мешаванд.

Расми 131. Гиргардиши моддаҳои ғизоӣ дар системаҳои экологии
табиӣ (аз рӯи А. Тарабрин, 1981)

Дар маҷмӯъ гирдгардиши моддаҳо, намудҳои гуногуни дар системаҳои кишоварзй бударо ба ҳам алоқаманд мекунад (расми 132).

Дар биосфера доимо гардиши моддаҳои биогенй амалӣ мешаванд, ки онҳо ҳамчунин барандаи энергия ба ҳисоб мераванд. Дар ҷараёни фотосинтез энергияи нури рӯшной ба энергияи бандҳои кимиёвии модцаҳои узвй мубаддал шуда, дар шакли ангиштобҳо захира мешаванд. Ин шакли энергия аз растаниҳо ба воситаи алафхӯрҳо ба консументҳои дараҷаи баландтар таҳвил дода мешавад. Миқцори энергияи пайваст бо мурури ҳаракат дар занҷири гизоӣ доимо кам мешавад. Ин бо он вобаста аст, ки як қисми энергия барои фаъолияти ҳаётии консументҳо сарф мешавад.

Аз рӯи маълумотҳои М. С. Соколов (1994) сарфи энергияи фотосинтетикии растаниҳо дар системаҳои экологии кишоварзӣ дар мисоли чарогоҳҳои маргзорӣ баъзе минтақаҳои Россия чунин аст:

  • қариб 1/16 ҳиссаи энергияе, ки растаниҳо истифода мебаранд барои нафаскашӣ сарф карда мешавад.
  • қариб 1/4 ҳиссаи энергия ба организми ҳайвоноти алафхӯр дохил мешавад. 50% ин энергия дар экскремент ва мурдаи ҳайвонҳо ҷойгир мешаванд.
  • дар маҷмӯъ бо растаниҳои мурда ва фитофагҳо қариб % ҳиссаи энергияи дар ибтидо фурубурдашуда, дар мурдаи моддаҳои узвӣ ва V* ҳиссаи он аз системаҳои экологӣ дар рафти нафаскашӣ дар шакли гармй ҷудо мешавад.

Бори дигар қайд мекунем, ки интиқоли энергия дар занҷири гизоии системаҳои экологии кишоварзӣ ба қонуни Линдеман ё ки қонуни 10%-и

Линдеман танҳо як қисми энергияе, ки ба дараҷаи муайяни ғизоии агросеноз (биосеноз)-ҳо дохил мешавад, ба организмҳои дар дараҷаи ғизоии баланд ҷойгирифта дода мешавад (расми 133).

Интиқоли энергия аз дараҷаи занҷири ғизоӣ ба дигараш бо КТФ хеле кам амалӣ мешавад, ки ин бо маҳдудияти миқцори звенаҳои занҷири ғизоӣ дар агросенозҳо мебошад.

image156

Одамон ба системаҳои экологй таъсир расонида онҳоро тагйир ё ки олуда мекунад, ки ин ба тагйирёбии интиқоли энергия, моддаҳо ва дар охир ба пастшавии ҳосилнокй оварда мерасонад. Барои ҳамин вазифаи аввалиндараҷаи одамон бояд ба он равона карда шавад, ки пастшавии

Расми 133. Талафоти энергия дар занҷири гизой (аз руи Т.Миллер,

мубаддалшавии энергия дар системаҳои экологй итоат мекунад. Аз рӯи қонуши

Расми 132. Интиқоли энергня дар чарогоҳҳои системаҳои экологии кишоварзӣ (аз рӯи Н.А. Уразаев ва диг., 1996)

ҲосиЛнокии агросенозҳоро пешгири карда метавонем. Солҳои 90- уми асри XX ҳосилнокии якумини заминҳои кишткардашуда дар сайёра 8,7 млрд. т ва захираи энерғия 14,7х103<1 кҶ-ро дар як сол ташкил медод.

  1. Муносибати организмҳо дар системаҳои экологии кишоварзӣ

Қисми асосии системаҳои экологии кишоварзиро киштзорҳои хоҷагии қишлоқ ташкил мекунанд, ки ба онҳо ғаллағиҳо, зироатҳои хӯроки чорво ва техникй, марғзорҳою чарогоҳҳо дохил мешаванд.

Мувофиқи ақидаи М. В. Марков (1972) элементҳои асосии агробиосеноз чунинанд:

  1. Растаниҳои зироатии аз тарафи одам киштшуда;
  2. Растаниҳои хӯрокие, ки ба дохили агробиосеноз новобаста аз хоҳиши одамон ворид шудаанд;
  3. Микроорганизмҳои ризосферавии растаниҳои зироатй ва худрӯй;
  4. Бактерияҳои лӯндашакли решаи лӯбиёгиҳо, ки нитрогени озоди ҳаворо то нитратҳо барқарор мекунанд;
  5. Занбурӯғҳои микориз ҳосилкунанда дар решаи растаниҳои олӣ
  6. Бактерияҳо, занбуруғҳо, актиномитсетҳо ва обсабзҳое, ки дар хок озод сукунат доранд;
  7. Ҳайвонотҳои бемӯҳраи дар хок ва болои растаниҳо сукунат дошта;
  8. Ҳайвонотҳои мӯхрадори (хояндаҳо, паррандаҳо ва ғ.) дар хок ва киштзорҳо сукунат дошта;
  9. Занбурӯғҳо, бактерияҳо, вирусҳои муфтхур (ниммуфтхӯр)-и растаниҳои зироатӣ ва худрӯй;
  10. Бактериофагҳо – муфтхурҳои микроорганизмҳо.

Системаҳои экологии кишоварзӣ қобилияти ҳосилнокии биологй ё

ки ғунҷоишй биологй доранд.

Миқцори фардҳои популятсияҳои алоҳида ба туфайли доимо тағйирёбии омилҳои абиотй ва биотй каму зиёд мешаванд. Ба омилҳое. ки ба зичии популятсияи намудхо таъсир мерасонанд рақобати байнинамудй нисбат ба ғизо ва фазо дохил мешаванд. Ракобати байнинамудй ҳамон вақт ба амал меояд, ки намудҳои гуногун талаботи якхела доранд. Норасоии воситаҳои ҳаётӣ рақобатро тезу тунд мекунад. Дар агрофитосенозҳо зиёд кардани зичии фардҳои популятсия ба тезу тундшавии рақобати растаниҳо оварда мерасонад. Мисол. миқдори фардҳои юнучқа дар 1м2 400 фардро ташкил медиҳад. Баъди як сол дар оғози нашъунамо то 150-200 данагй дар 1 м2 кам мешавад, ки барои ташаккулёбии ҳосил шароити хуб фароҳам меорад. Идоракунии зичии растаниҳои табий ҳам дар зери таъсири чунин омилҳо ва зичии майдони сатҳи барг ба амал меояд. Агар сатҳи болоии майдони барг зиёд шавад, рақобат меафзояд, чунки на ҳамаи растаниҳо микдори рӯшноии лозимиро гирифта метавонанд. Ин қонунҳоро дар кишти растаниҳои зироати вақти нашунаъмои навъҳои гандуми баҳорӣ дар шароити водиҳо (водии Ҳисор) ва баландкӯҳӣ ГГомири Ғарбй (Ванҷ ва Хоруғ) ҳам мушҳида кардан мумкин аст (Забиров Р. Ғ., 1991, 2003).

Чи хеле мебинем, байни фардҳои як намуд ҳам, рақобатӣ дохилинамудй мушоҳида мешавад.

Рақобати дохилинамудии растаниҳо ба пурра нест шудани фардҳои рақобати сустдошта оварда намерасонад. Мисол, дар муборизаи байни растаниҳои зироатӣ ва худрӯй рақобати байнинамудй дар системаҳои экологии кишоварзии кушода намоён мешавад. Кишти растаниҳои зироатй дар агрофитосенозҳо ягона сарчашмаи ғизой барои ҳайвоноти алафхӯр ва ҳашаротҳои фитофаг ба ҳисоб мераванд.

Одатан зироатҳои хоҷагии қишлоқ метавонанд дар рафти босуръат афзоиши ҳайвоноти алафхӯр зарар ёбанд, ки миқдори табийи идоракунии онҳо на ҳама вақт бо усулҳои табий амалй мешаванд. Барои ин воситаҳои муҳофизати сунъии гуногунро истифода мекунанд.

Таҳлили занҷири ғизоии дар системаҳои экологии кишоварзй нишон медиҳад, ки биофагҳо (фитофагҳо, даррандаҳо, муфтхурҳо) бо миқдори ҳуд фаъолона ба воситаи қисман истифодабари ё ки вайрон кардани звенои пешинаи занҷири ғизой, ки барои онҳо ҳамчун энергия хизмат мекунанд таъсир мерасонанд. Биофагҳо бо роҳи мубадцалкунии моддаҳои истифодашудаи барои звеноҳои баъдина сарчашмаи энергия ҳосил мекунанд: бофтаҳои бадани худ – бадани биофагҳо, экскрементҳо – барои капрофагҳо, мурдаро барои некрофагҳо ва ғ. Фаъолияти якҷоя ва бисёртарафаи организмҳои системаҳои экологй пеш аз ҳама гетеротрофҳо намегузоранд, ки моддаҳои узвй дуру дароз ҷамъ шаванд. Қайд кардан лозим аст, ки дар системаҳои экологии кишоварзй занҷири ғизой ба фаъолияти одам дохил карда мешавад ва дар болои аҳроми экологй одам истодааст, ки он аломати ҳамаи системаҳои экологии кишоварзй мебошад.

Барпо кардани манзараҳои системаи экологии кишоварзӣ

Охири солхои асри XX мафҳуми манзараро хеле васеъ истифода мекарданд. Манзара – ин қитъаи ҳудуди табийдоштаи сабзи рӯиизаминиро меноманд, ки дар ҳудуди он тамоми ҷузъҳои табиӣ (ҷинсҳои кӯҳй, релеф, об, хок, олами растанй ва ҳайвонот) баҳамалоқамандй ва таърихан ба ҳам робита доштаи ягонаро ҳосил мекунанд. Ҳар як манзара дараҷаи муайяни намудҳои энергия ва аломатҳои- иқлимй ва нишондиҳандаҳо ва равиши гирдгардиши моддаҳои худро доранд. Одатан дар вақти аз шимол ба ҷануб ҳаракат кардан захираҳои гармй афзун шуда, баландшавии ҳосилнокии манзараҳо мушоҳида мешавад.

Барои мубаддал кардани манзараҳои табий ба кишовапрзй дар зери таъсири омилҳои антропогенй ҳазор сол лозим аст. Манзараҳои антропогенй – гуфта манзараҳоеро меноманд, ки дар рафти фаъолияти хоҷагидории одамон он қадар тагйир ёфтааст, ки аз манзараҳои табиӣ бо кулли фарқ мекунанд.

Зироаткорй таърихи хеле қадим дорад, масалан аҷдодони мо тоҷикон яке аз аввалинҳо шуда ба кишоварзй машғул шуданд. Системаи аввалаи зироаткорй муқарари буда, бо роҳи буридану оташ задании ҷангалҳо, истифодаи заминҳои бекорхобида амалй мешуданд. Ҳамаи ин дараҷаи пасти қувваҳои истеҳсоли ҷамъиятӣ-ибтидой, гуломдорӣ ва феодалии муносибати истеҳсолиро нишон медод. Одамон дар ин давра заминҳои зиёди озод доштанд ва бо мурури паст шудани ҳосилхезии замин онро партофта, қитъаҳои нави заминро кишт мекарданд. Заминҳои партофташуда зери таъсири қувваҳои табий (растаниҳо, микроорганизмҳо ва ғ.) муддати даҳсолаҳо ҳосилхезии хокро барқарор мекарданд.

Ба ҷои системаҳои муқаррарӣ, системаи кишоварзии дамдиҳии замин ҷори шуд. Системаи дамдиҳии замин имконият фароҳам овард, то ки 3-4 маротиба майдони кишти ғаллагиҳоро васеъ карда, истеҳсоли ҳосили онҳоро баланд кунанд. Новобаста аз самтҳои мусбати он ин усул ба инкишофи чорводорй таъсири манфй расонд, чунки зироатҳои хӯроки чорво ба киштгардон дохил карда намешуданд.

Бо суръати баланд афзун шудани аҳолии ҷаҳон маҷбур месозад, ҳар сол маҳсулоти ғизоиро афзунтар кунем, ки ин ба тағйир додани фаъолияти одамон дар хоҷагии қшлоқ оварда мерасонад. Дар натиҷа ҷойи манзараҳои табийро манзараҳои антропогенй ё ки манзараҳои кишоварзӣ иваз мекунанд ва сол аз сол майдони ин манзараҳо боз ҳам васеътар хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр, табдил додани манзараҳои табий ба манзараҳои кишоварзй ба тағйир додани табиати зинда ва гайризинда, занҷири ғизой ва даврҳои геокимиёвй алоқаманд аст, ки дар натиҷа ба ақидаи Н. А. Уразаев, А. А. Вакулин ва диг. (1996) экосистемаҳо аз бисёрҷузъи, ахбороти зиёд, ба камҷузъӣ, ахбороти паст ё ки аз гетерогеннй ба гомогеннй мубаддал мешаванд.

Барои ин лозим меояд, ки усулҳои идоракунии ҳозиразамони системаҳои экологии кишоварзиро кор карда баромада, системаҳои экологии кишоварзиеро сохтан лозим аст, ки аз рӯи принсипи системаҳои экологии табий кор кунанд.

Вазифаи ҷузъҳои алоҳида дар системаҳои эколопш кишоварзй

Системаҳои экологии табий ба таассури умуми тасодуфии стрессҳои табий (таъсири ҳарорати паст, сӯхтор, зараррасонаҳо ва ғ.) якхела ҷавоб гардонида, устувории нисбиашонро нигоҳ медоранд. Дар шароити стресси дуру дароз бошад, тагйирёбии системаҳои экологӣ барнагарданда аст. Ч. Дарвин (1859) интихоб кардани растаниҳо ва ҳайвонҳои барои одамон лозимиро аз табиати ёбой интихоби сунъй помид. Дар ром намудани намудҳои ёбоӣ ҳамчун ташкилотчии интихоби оунъӣ одам ҳам дар муносибатҳои ҷамъиятй ва экологй тағйир меёбад. Ю. Одум (1975) чунин фикреро пешниҳод мекунад, ки чи қадаре одам аз ҷуворимакка вобастагӣ дошта бошад, ҳамон қадар ҷуворимакка аз одам вобастаги дорад. Бинобар ин ромкунии ҳайвоноти хонагй, офаридани растаниҳои зироатй – ин шакли махсуси мутуализм ба ҳисоб меравад.

Парвариш кардани растаниҳо яке аз ҷузъҳои асосии системаҳои экологии кишоварзй ба ҳисоб меравад. Кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, алафҳои доругӣ ва хӯроки чорво талаботи одамонро қонеъ гардонида (ғизо, хӯроки чорво, ашёи хоми саноатй ва ғ.) на танҳо маҳсулоти табиат, балки объекти меҳнати одамон ба ҳисоб мераванд. Барои ҳамин расиш ва инкишофи онҳоро омилҳои антропогени муайян мекунад. Одам доимо танҳо 20 намуди растаниҳоро истифода мебарад, ки 85% майдонҳоро барои ғаллагиҳо (шолӣ, гандум, ҷуворимака, ҷав, арзан, ҷавдор ва ғ.) ва лӯбиёғиҳо (чормагзи зиминй, соя, нахӯд ва ғ.) истифода мебарад.

Растаниҳои зироатй дар агросеноз эдификаторҳои доминантй мебошанд, масалан гандум, ҷавдор ё ки ҷуворимакка. Дар баъзе ҳолатҳо кишти омехтаи ду ё ки зиёдтари намудҳо (кондоминантҳо) – ро, мисол, алафи мошак ё ки нахӯд ба ҷави русй мушоҳида кардан мумкин аст. Таъсири эдификатории растаниҳои доминанти ва кондоминантҳо гунсгун аст. Растаниҳои бартаридошта микроиқлими системаҳои экологии кишоварзиро тағийр дода ба хусусияти табииётй – кимиёвй ва намнокии хок таъсир мерасонанд. Растаниҳои бартаридошта моддаҳои фаъоли биологй ҷудо карда, ба флора ва фаунаи системаҳои экологии кишоварзй таъсири ҷиддй мерасонанд. Дар фитосенозҳо аҳамияти муҳими эдификаторҳоро колинҳо (таъсири растаниҳои олй ба растаниҳои олй) ва фитонсидҳо (таъсири растаниҳои олй ба дараҷаи паст).

В. В. Туганаев растаниҳои зироатиро вобаста аз таъсири онҳо ба муҳит ба се гуруҳ ҷудо кардааст:

Гурӯҳи якум – растаниҳои эдификатории зӯр. Ба онҳо расзаниҳое дохил мешаванд кииггро пурра фаро гирифта, 100% майдони ишғолкардаро мепӯшонанд. Ба ин гурӯҳ раетаниҳои қадбаланд (то 3 м) ва миёнақаде, ки баҳор босуръат инкишоф меёбанд (офтобпараст барои силос, ҷавдори зимистона, маъсар) дохил мешаванд.

Гурӯҳи дутом – растаниҳои миёнаи эдификаторй. Ба онҳо растаниҳои кишти пурра ва қатории баҳорие, ки нисбатан баландқад буда, 70-80% майдони ишғолкардаро мепушонанд, дохил мешаванд. Онҳо одатан баъди неш зада баромадан тез инкишоф меёбанд (галлагиҳои баҳорӣ, ҷуворимакка, марҷумак ва ғ.).

Гурӯҳи сеюм – растаниҳои эдификатории суст. Ба онҳо растаниҳои суръати инкишофашон суст дохил шуда, баъди неш зада баромадан ҳамагӣ 50% майдони ишғолкардаро мепӯшонанд. Ба онҳо зироатҳои полезӣ, сабзавотй ва ғ. дохил мешаванд. Растаниҳои зироатии парваришкарда вазифаи доминантӣ-эдификаторҳоро иҷро карда, сохтор ва аҳамияти системаҳои экологии кишоварзиро, таркиби ҷузъии онҳоро ба муқобили ҳашаротҳои зараррасон ва фоидаовар, барангезандаи бемориҳо ва растаниҳои худрӯйро муайян мекунанд,

Ҳашаротҳо. Синфи ҳашаротҳо дар сайёраи Замин аз ҳама паҳншудатарин ва сершумортарин организмҳои зинда ба ҳисоб мераванд. Дар олам микдори онҳо зиёда аз 1 млн., дар Давлатҳои Муштарак Манофеъ аз 80 то 100 ҳазор намуд аст, ки аз ин 10 000 намудаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Биомассаи онҳо вобаста аз сол тағйир меёбанд, мисли массаи шапаракхо ва кирминаи онҳо дар солҳои алоҳида ба 600 кг дар 1 га ва малах бошад, то якчанд тонна мерасад. Ин фитофагҳо микдори зиёди фитомассаҳоро аз худ карда, баъди мурдан онҳо ба хок афтида, ба гумуси мубаддал мешаванд.

Яке аз вазифаҳои муҳими намудҳои ҳашарот дар биосенозҳо бордоркунии растаниҳои гулдор мебошад. Бе намудҳои ҳашаротҳо одамият аз қисми зиёди ҳосили кишт, боғ ва ҷангалҳо бенасиб мегапгг. Танҳо 1%-и ҳашаротҳо аз микдори умумиашон барои биосенозҳо зарароваранд. Дар шароити табиӣ ҳашаротҳои гурӯҳи фитофагй ба растаниҳо зарари калон намерасонад ва сабаби фавтидани растаниҳо намешаванд. Мисол, кирминаи баъзе пулакчаболҳо баҳор барги дарахтони ҷангалро истеъмол карда, барои баробар афтидани баргҳо тақвият медиҳанд ва дохилшавии наҷосати ҳашаротҳо (капролитҳо) бошад ба растаниҳо ғизои иловаги мешавад.

Новобаста аз ин ҳар як намуди ҳашароти фитофаг дар агросеноз зараррасони потенсиалй мебошад, сабабҳои зерин дорад:

Якум – тағйир ёфтани системаҳои экологӣ таърихан ташаккулёфта хусусияти муносибати байнинамудии онҳо ва механизмҳои идоракунандаи микдории организмҳои зинда. Дар он табиат, ки дасти одам нарасидааст, муносибати мувозинаи байни растаниҳо мавҷуд аст, ки онҳоро, даррандаҳо ва муфтхурҳое, ки ҳайвонотро истеъмол мекунанд ба сифати ғизо истифода мебаранд. Танҳо он шаклҳои зиндае мемонанд, ки то охир сарчашмаи ғизои худро нест намекунанд. Барои ҳамин механизмҳои мураккаби муносибати байни организмҳои зинда ошкор шудааст, ки устувории системаи экологиро таъмин менамояд.

Дар вақти азхудкунии ҳудудҳо барои зироаткорӣ шароити нав пайдо мешавад, яъне сарчашмаҳои ғизо тағйир ёфта, шароити ҳаётӣ барои намудҳои зиёд ғайриимкон мегардад ва шумораи намудҳои аз растаниҳои зироатӣ ғизо мегиранд хеле зиёд мешаванд. Мисол, дар ҷануби Урал ва Сибири ғарбӣ солҳои 50-уми асри XX баъди аз худкунии заминҳои навкорам савкаи хокистаранги ғалладона зараррасони хатарнок ҳисоб намешуд. Баъди аз худкунии заминҳои навкорам микдори он дар ин минтақаҳо хеле зиёд шуда, яке аз ‘<араррасонҳои асосии гандум гардид.

Сабаби дуюм – корҳои селексионй ва генетикие, ки одам барои беҳтар намудани ҳосилнокй амалй карда истодааст, сабаби тағйирёбии сифати растаниҳо мешавад. Яъне беҳтар кардани сифати растаниҳо то як дараҷае барои зараррасонҳо ҳам сарчашмаи ғизоӣ мегардад, ки бо ғизо гаъмин будан ва ба афзоиши босуръати онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Сабаби сеюм – тағйир додани шароити ҳастй ва паҳн кардани намудҳои зараррасон, ки пеш аз ҳама бо азнавсозии технологии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ алоқаманд аст.

Сабаби чорум – тағйир додани механизми мувозинаи муносибати байни намудҳо дар табиат ва фароҳам овардани микротакомул барои баъзе намудҳо. Муайян карда шудааст, ки дар он ҷое, ки таъсири фаъолияти одам ба чашм мерасад микротакомул босуръати инкишоф меёбад. Мисол, дар ҳудуди Тоҷикистон ба таври васеъ паҳншавии гамбусаки колорадоӣ (дар картошка) ва пашаи шведӣ (дар гандум) (аз муаллиф).

Новобаста аз ин дар сохтори киштҳои аэроэкосистемаҳо бояд мувозинаи байни дарранда – қурбонй бояд нигоҳ дошта шавад.

Занбурӯгҳои барангезандаи қисмҳои растанӣ (фитопотогеннӣ). Дар

растаниҳои зироатй қариб 10 ҳазор намуди занбурӯгҳо муфтхури мекунанд. Дар агросенозҳо сабаби асосии баамалоии эпифитҳо якчанд сабаб дорад, ки бо хусусияти афзоиш, паҳншавй ва нигохдории ин организмҳо вобаста аст.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии муосир танҳо растаниҳои зироатии аз нуқтаи назари ғенетикй яктаркибаро кишт мекунанд. Дар ин ҷо барангезандаҳои бемориҳое бартарӣ пайдо мекунанд, ки беҳтар барои паҳншавӣ мутобиқат найдо кардаанд ва давомнокии зинда монданашон зиёдт аст. Паҳншавии занбурӯғҳои барангезандаи касалиовар бо қатраи. ҳавоӣ гезтар ва дар хок сустар ба амал меояд. Барангезандаҳои сирояткунандаи тухмй ва трансмиссионй ҳолати мобайниро ишғол мекунанд. Барои хамин ҳам васеъ кардани майдонҳои кишти зироатҳои якхела хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунандаи қатрагӣ-ҳавой бартари пайдо мекунанд, бахусус занбӯругҳои пӯпанакй бо эҳтимолияти заҳролудкунии растаниҳо дар масофаҳои зиёд аз марказӣ сироятӣ.

Мисол, ҳосилнокии гандум аз бемории занбӯругй зиёда аз 20% кам мешавад (расми 134).

Растаниҳои худруй (бегона). Растаниҳои олӣ бо растаниҳои зироатй барои фазо, об, моддаҳои ғизоӣ рақобат доранд ва дар баъзе ҳолатҳо паноҳгоҳ барои ҳашаротҳои зараррасон ва муфтхурҳо шуда метавонанд. Баъзе растанихои худрӯй хеле зарарроваранд, ки онҳоро «сӯхтори сабз» меноманд. Дар майдоне, ки алафҳои худрӯй зиёданд, қисми зиёди ғизой маъданиро аз худ мекунанд. Мисол, бомас (овсюг) 45% ғизои маъдании бо хок илова карда шударо ва гандуми баҳорӣ ҳамагй 39%-ро аз худ мекунад. Осоти гулобй аз хок 1,5 баробар нитроген ва 2 баробар калийро назар ба зироатҳои галлагй аз худ мекунад. Лекин зарари асосии растаниҳои худрӯй камшавии ҳосил ва пастшавии сифати зироатҳои хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб меравад.

image157

Расми 134. Эҳтимоляти омилҳое, ки ба ҳосилнокии гандуми баҳорй
таъсир мерасонанд (аз рӯи В.П.Никонов ва диг., 1985)

 

%

Норасоии ]Ч(Р,К,Са,М§) Норасоии ниҳонии микроэле- ментҳо

Касалии хӯша, зарарасонии ҳашаротҳо

17

Касалии қисми назди решавй

6

Миқдори ками протеин

5

Хатои дар вақти илова кардани нуриҳои нитрогенӣ (вақти илова кардан, миқцор ва сифати тақсимкунӣ ва ғ.)

5

Нодуруст истифода бурдани меъёр ва вақти кишт ва г.

10

Нодуруст истифода бурдани нуриҳои нитрогендор Касалии баргҳо

16

Нодуруст тақсим кардани нитроғен

8

Шароити хок-агроикдим

10

Нодуруст ба нақша гирифтани меъёр, вақти кишт ва навъи маҳалй

21

Касалии қисми назди решавӣ

2

Алафҳои бегона дар баъзе ҳолатҳо сарчашма барои ҳашаротҳои зараррасон ва фоидаовар ба ҳисоб мераванд. Онҳо ҳамчун сарчашмаи ғизо барои ҳашаротҳои фоидаовар ва хӯҷаини мобайнии микроорганизмҳои зиёди фитопатогенӣ ба ҳисоб мераванд. Алафҳои бегона, ки расиши онҳо дар рафти коркарди хок паст карда шудаанд ҳамчун анбори мобайни модцаҳои ғизой хизмат мекунанд.

Дар маҷмӯъ таъсири мураккаби байниҳамдигарии растаниҳои зироати ва зараррасонҳои онҳо ҳашарот, занбӯруғҳо, алафҳои бегона ва ғайраю муҳити зисти онҳоро нишон додан мумкин аст (расми 135)

Алафҳои бегона дар агросенозҳо барои суксессия дар вақти ивазкунии системаҳои истифодаи Замин, ҳамчунин сарчашмаи ахбори генетикй барои селексионерҳо хизмат мекунанд. Ақидае маълум аст, ки ҷавдор, ҷави русӣ ва ғ. алафҳои бегонаи пештараи кишти гандум мебошанд, барои ҳамин ҳам илми муосир дар ҷустӯҷӯи тадқиқоти

Расми 135. Вобастагии байни растаниҳои талафёфта ва

генетикаи растаниҳои худрӯй мебошад. Байни растаниҳои қурбонй ва зараррасонҳо муносибати хеле мураккаб мушоҳида карда мешавад.

зараррасонҳои онҳо (ҳашаротҳо, алафҳои бегона, ширхӯрҳо ва
муфтхурҳо) ва муҳити атроф (аз рӯи Д.А.Робертс, 1981)

Аз ин рӯ, мубориза ба муқобили зараррасонҳое, ки ҳосили растаниҳои зироатиро кам мекунанд бояд ба таври комплексй амалӣ карда шавад.

Сермаҳсул, сердаромад намудани соҳаи кишоварзӣ. Беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ аз нигоҳи экологй

Ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қшнлоқ аз омилҳои зиёде вобастагй доранд. Баъзе аз омилҳо ба монанди ҳарорат, рӯшноӣ аз тарафи одамон дар майдонҳои кушод идора карда намешавад, лекин дар амал бо роҳи интихоби вақти кишт, зичии кишт, самти ҷуякҳо ва ғ. ба эътибор гирифта мешавад.

Дигар омилҳо бошанд аз тарафи фаъолияти истеҳсолии одам таъмин карда мешаванд, ки муҳимтарини онҳо: таъмин намудани намнокии хок, элементҳои ғизоӣ, навъ, сифати тухмй, ҳифзи кишт аз зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои бегона, идоракунии расиш, ҳосилғундорй ва г. ба ҳисоб мераванд.

Ҳосили баланд ҳамон вақт ба даст меояд, ки агар барои расиш ва инкишофи растаниҳо шароити оптималй муҳайё карда шавад. Ба эътибор нагирифтани як омил ҳам сабаби кам шудани ҳосилнокймешавад. Барои беҳтар намудани технологияи муосири кишоварзӣ аз нигоҳи экологй чунин қоидаҳоро риоя намудан лозим аст.

Сисгемаи киштгардон. Риоя кардани қоидаҳои киштгардон, яънё бо навбат кишт кардани зироатҳо дар фазо ва вақт дар шароити амиқӣ ё ин ки хоҷагӣ, пеш аз ҳам ба даст овардани ҳосили баланди зироати рӯёнда, баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва ҳолати фитосанитарии кишт, кам шудани микдори зараррасонҳо, бемориҳо ва олудагии киштро муайян мекунад. Баъдтар бошад самтҳои асосии беҳтар кардани системаҳои киштгардонро дар кишоварзӣ ба эътибор гиритан лозим аст.

  1. Беҳтар кардани зироатҳои пештар кишткардашуда бо роҳи ислоҳи сохторҳои истифодаи кишт, барои ба даст овардани ҳосили дона, хӯроки чорво ва зироатҳои техникй. Мисол, гандуми баҳориро аз ҳама хубтар баъди алафҳои бисёрсола кишт намудан лозим аст, ҷавро бошад – баъди ҷуворимакка, гандум ва зироатҳои дӯбиёгию донагӣ, зироатҳои баҳорӣ ва зимистониро дар назди ҳамдигар кишт кардан мувофиқ нест, чунки эҳтимолияти тез паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда хеле баланд аст.
  2. Махсусгардонии киштгардон то андозаи оптималии зироатҳои алоҳида аз рӯи ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои хокӣ – иқлимии минтақа.
  3. Пурсамар истифодабарии киштгардон бо зироатҳои мобайнӣ ба мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии умумӣ ва самаранокии ҳифзи хок ва тақвият бахшидан ба ҳолати санитарӣ ва ҳосилхезии хок.
  4. Муҳайё кардани шароит барои зироатҳои асосии киштгардон дар вақти истифодаи технологияи пешқадам.

Селексия ва тухмипарварии зироатҳои хоҷагии кишоварзӣ. ДаР бисёр мамлакатҳои дунё 70% баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои галлагӣ – дона аз ҳисоби беҳтар кардани зироатҳои умумии киштзорҳо ва 30% аз ҳисоби навъҳо нави зироатҳои ҳосили баланддошта таъмин карда мешаванд. Мисол, зиёд кардан таркиби сафедаи га.ндум то 1% ба 600 ҳаз. т сафедаи растанигӣ баробар меояд, қанднокии лаблабу то 1% – 700 ҳаз. т қанд, оҳар дар картошка то 1% – 820 ҳаз. т ҳосили иловагӣ ба даст оварда мешавад.

Барои ҳамин ҳам, ҳар сол даҳҳо навъи нави гандуми баҳорӣ ва чуворимакка бароварда мешавад, ки ҳосилнокии онҳо, устувории онҳо ба хобравӣ, гармӣ, хушкӣ ва ғ. назар ба пешавлодони худ баланд аст. Истифодаи навъҳои нисбат ба зараррасонҳо ва бемориҳо устувортар яке аз роҳҳои кам кардани талафоти ҳосил бе истифодаи усулҳои кимиёвй мебошанд, Тухмиҳои баландсифат – захираи муҳими кам кардани ҳосил аз организмҳои зараровар ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. Дар даврони иттиҳоди Шӯравй дар ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо хоҷагиҳои тухмипарварии зироатҳои пахта, гандум, юнучқа, пиёз ва ғ. фаъолият доштанд, ки агар имрӯз онҳоро барқарор мекарданд барои пешравии хоҷагии кишоварзй як қадами устуворе мешуд.

Системаи коркарди хок. Пайдарҳамй ва саривақт амалӣ шудани усулҳои коркарди хок, хусусияти табииётӣ-кимиёвӣ ва фаъолияти микробиологии онро муайян мекунад.

Коркарди хок пеш аз ҳама барои таъмин намудани растаниҳои зироатй бо об, ҳаво, элементҳои ғизой ва пурсамар истифодабарии тавоноии ҳосилхезии хок равона мешавад. Бо роҳи усулҳои ғуногуни коркарди хок нуриҳои маъданӣ илова карда, шароити мӯътадил барои сабзиши тухмҳо, нигоҳубинии зироатҳои киштшуда, мубориза ба муқобили зараррасонҳо, беморй ва алафҳои бегона амалӣ гардонида мешавад.

Дар вақти коркарди хок пеш аз кишт алафҳои бегонаи яксола ва дусола нест карда мешаванд, таъсири зарари пашшаи шведй, трипси гандумй, канаи поягй ва ғ. кам карда мешавад, ки ин имконият медиҳад ҳосили дилхоҳ ба даст ояд.

Истифодабарии гизои маъданӣ. Байни ҳосилнокии кишоварзй ва ҳосилкунии замин мухолифати объективй мавҷуд аст, яъне чи қадаре, ки аз як гектар ҳосили баланд ба даст орем, ҳамон қадар бештар модцаҳои ғизоиро мебарорем. Мисол, бо 1 т ҳосили ғаллагиҳо ба ҳисоби миёна 65 кг моддаҳои асосй (25 кг 14, 10 кг Р2О5 ва 30 кг К) бароварда мешаванд. Ин мухолифатро танҳо бо роҳи илова кардани моддаҳои узвӣ, моддаҳои маъданй, микроэлементҳо ба хок бартараф кардан мумкин аст.

Аҳамияти истифодаи модцаҳои кимиёвй дар хоҷагии қишлоқ хеле пурарзиш аст, чунки имконият медиҳад ҳосилхезии хок, беҳтар кардани заминҳои турш ва шур баланд бардоштани арзиши серғизоии хӯроки чорворо нигоҳ дорем.

Нитроген барои ҳосил шудани туршиҳои аминй дар фотосинтез, ҳосилшавии пигментҳои сабзи растанй (хлорофилл) ва ҳосилкунии сафедаҳо – элементҳои сохтори хлоропласт, ферментҳо ва таассурҳои гуногуни зиёди фотосинтез иштирок мекунад.

Таъсири фосфор (ғизой фосфорй) ба фотосинтез бо он вобаста аст, ки боқимондаи туршии фосфорй дар таркиби пайвастагиҳои қабулкунандае, ки СО2 ва маҳсулотҳои мобайнии фотосинтезро пайваст мекунанд, асос меёбад. Бо ёрии нури рӯшноии Офтоб аз фосфори ғайриузвй ва АДФ молекулаи АСФ ҳосил мешавад, ки дар барқароршавии СОг то ангиштобҳо иштирок мекунад. Фосфатҳо ҳамчунин ба таркиби фосфатидҳо, фосфопротеидҳо, туршиҳои нуклеинӣ дохил мешаванд.

Фосфор ба инкишофи системаи решавй, ташаккулёбии узвҳои репродуктивй, тезтар пухта расидан, таъсири мусбат мерасонад. Фосфор устувории зироатҳои зимистонаро баланд мекунад, 15-20% сарфи обро ба воҳиди ҳосил кам мекунад.

Калий бошад, барои захирашавии қандҳои растанй тақвият бахшида, зироатҳои зимистонаро аз сармозанй нигоҳ дошта устувории поя ва массаи донаро афзун мекунад.

Дар замони муосир чунин нуриҳои маъдании нитрогениро истеҳсол мекунанд:

  1. Аммонигӣ (ЫНД: сулфати аммоний, хлорвди аммоний;
  2. Нитрату – аммонигӣ (АРЦЖА): силитраи аммиакӣ, сулфат – нитрати аммоний;
  3. Нитратй (N03): нитрати натрий (силитраи натрий), нитрати калсий (селитраи калийгӣ);
  4. Амидӣ (ИШ): карбомид (мочевина), сианамиди калсий;

Ин нуриҳои маъдании нитрогениро дар шакли моеъ ва сахт истифода мекунанд.

Аз нуриҳои фосфорӣ бошад, бештар нуриҳои дар об ҳалшаванда ва осони барои растаниҳо дастрас суперфосфат, суперфосфати дучанда ва нуриҳои мураккаби аммофос, дуфосфати аммоний, нитроаммофоск, карбоаммофоск истифода мешаванд.

Аз ҳама бештар нуриҳои маъдании паҳншудаи клийгӣ хлориди калсий, сулфати калий, намаки калийгй ва ғ. ба ҳисоб мераванд. Ба ғайр аз нитроген, фосфор, калий барои расиш ва инкишофи мӯътадили растаниҳо микдори ками дигар моддаҳои ғизой – микроэлементҳо (бор, молибден, мисс, рӯҳ, оҳан, кобалт, никел ва ғ.) лозиманд. Микроэлементҳоро дар намуди маҳлули ҳомнзи борй, молибдени аммонигй, молибдени натригй, сулфати мис, сулфати рӯҳ, оҳан ва г. ба хок ва пошидан ба болои растаниҳо илова мекунанд.

Норасоии моддаҳои узвй дар хок ба камшавии захираҳои нитрогенй дар хок оварда мерасонд, ки ин дар навбати худ ба пастшавии гумусй хок меорад. Ин на танҳо ҳолати гизои хокро кам мекунад, балки ба хусусияти табйиётй – кимиёвӣ, режими гармӣ, обй – ҳавой, комплексй фурӯбарии хок ва фаъолнокии биологии ғизои маъданй, таъсири манфй мерасонад.

  1. Таъсири иловагии (дуюмдараҷаи) нуриҳои маъданӣ

Афзуншавии истифодаи моддаҳои кимиёвй дар хоҷагии кишоварзӣ дар қатори дигар омилҳои антропогенӣ ба хок ва табиат дар маҷмӯъ таъсири манфй мерасонад.

Дар натиҷаи аз меъёр зиёд истифодабарии нуриҳои маъданй ба муҳити табиат як қатор элементхои кимиёвй паҳн мешаванд, ки ин гирдгардиши табий моддаҳоро вайрон мекунад. Ҳар сол танҳо миқдори нитратҳои ба муҳит аз меъёр зиёдтар афтида 9 млн. т -ро ташкил медиҳанд, ки онҳо дар гидросфера ва растаниҳо захира шуда, минбаъд бо ёрии маҳсулотҳои ғизоӣ ба организми одамон дохил шуда, онро заҳролуд мекунанд.

Назар ба нитроғен фосфор фаъолнокиаш пастар буда, дар хок пайваст шуда, онро бой мегардонад. Нуриҳои фосфорӣ агар дар намуди фтор ҷамъ шаванд, метавонанд таъсири манфӣ расонанд, ва ин барои одам ва ҳайвонот марговар аст.

Ин гуна ҳодиса дар вақти истифодаи нуриҳои калийгӣ ҳам мушоҳида мешавад, чунки қисми зиёди онҳо миқдори муайяни хлор доранд. Хлор дар хок ҷамъ шуда, ба хусусияти агрофизикии хок таъсири манфӣ мерасонад. Миқцори муайяни дар хок ҷамъшавии рӯҳ ва фтор бо истифодаи нуриҳои фосфорй алоқаманд аст, ки дар таркиби онҳо ин элементҳо дохил мешаванд.

Илова кардани нуриҳои маъданй ба олудашавии хок аз металлҳои вазнин ва заҳрнок оварда мерасонанд, ки бо воситаи хӯроки чорво ба организми одам меафтанд. Хдмин тавр моддаҳои олудакунанда хам таъсири бевосита (вайрон ва камшавии ҳосил) ва бавосита (захирашавӣ ин моддаҳо дар хок, организми ҳайвонот ва маҳсулотҳои гизоӣ) мерасонанд.

Аз ин рӯ, лозим меояд, ки макро – ва микроэлементҳоро аз рӯи меъёрҳои муайян илова ва истифода кунем, то ки хок, об ва ҳаворо олуда накунанд.

Мелиоратсияи замин. Ин системаи техникй, агрономӣ ва ташкили чорабиниҳое мебошад, ки барои азнавкунии шароитҳои истеҳсолии хочагии қишлоқ номусоид равона шудааст. Ноустувории ҳосил бо ноустувории обтаъминкунй дар давраҳои нашъунамой вобаста аст. Дар баъзе минтақаҳо ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ беобй ва дар дигарҳо бошад, намнокии зиёд таъсири марговар мерасонад. Барои ҳамин дар замони муосир мелиоратсия (обёрикунӣ) яке аз роҳҳои баланд бардоштани устуворӣ ва ҳосилнокии кишоварзй ба ҳисоб меравад. Мелиоратсия чунин натиҷаҳо медиҳад:

  • усутвории истеҳсолоти хоҷагии қишлоқро баланд бардошта, баробаркунии ҳосили ба дастовардаро, ҳам дар давраҳои хушксолй ва ҳам серборишй таъмин менамояд.
  • имконият фароҳам меорад, ки ҳосилнокии хоҷагии қишлоқро аз хисоби пурсамар истифодабарии техника ва нуриҳо дар заминҳои обй таъмин намуда, тамоми корҳои агротехникиро дар вақти нисбатан кӯтоҳи мусоид ба анҷом расонанд.
  • қонеъ гардонидани талаботи хоҷагии халқ бо чунин зироатҳои пурарзиш, ба монанди биринҷ, гандум ва дигар ғаллагиҳо онро дар ҳаёт тадбиқ кардан лозим. Солҳои 90-уми асри XX майдони заминҳои обй дар иттиҳодияи Шӯравӣ 40-45 млн. га-ро ташкил мекарданд. Дар ҶТ новобаста аз захираҳои обии зиёд, майдони зиёди заминҳо то имрӯз обёрй нашудаанд.

Истифода бурдани воситаҳои ҳифзи растаниҳо. Талафоти ҳосили зироатҳои хоҷагии қишлоқи ҷаҳонӣ аз зараррасонҳо, бемориҳо ва алафҳои бегона дар солҳои 90-уми асри XX аз 25 то 48%-ро ташкил медоданд.

Зиёда аз 100 сол мешавад, ки барои ҳифзи растаниҳо моддаҳои кимиёвиро. аз он ҷумла пестисидҳоро барои мубориза бар зидди зараррасонҳо, бемориҳо ва алафҳои бегонаи зироатҳои хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд.

Соли 1975 дар ҷаҳон 1,6 млн. т ва соли 2000 2,5-2,7 млн. т пестисидҳо истеҳсол карда шудааст ва истеҳсоли онҳо сол аз сол зиёд шуда истодааст. Барои мубориза бар зидци алафҳои бегона гербисидҳоро истеҳсол мекунанд, ки онҳо 40%, барои мубориза бар зидци зараррасонҳо, инсектисидҳо – 35% барои мубориза бо бемориҳо, фунгисидҳо -15% ва дигар модцаҳо 15%-ро ташкил медиҳанд.

Аз истеҳсоли умумии ҷаҳонии пестидсидҳо ИМА ва Канада 33%, Аврупои гарбӣ 25%, Ҷанубу шарқии Осиё 22%, Аврупои Шарқӣ (дар якҷояги бо Россия) 10%, Америкаи Ҷанубӣ 9%, Австралия ва Зеландияи Нав 1% -ро истифода мебаранд.

Барои ҳамин ҳам, дар зироаткории муосир истифодаи пестидсидҳо дар баробари нуриҳои маъданӣ қарор доранд. Мисол агар дар ИМА аз истифодаи пестидсидҳо даст кашанд, он гоҳ барои нигоҳдории ҳосил дар дараҷаи кунунй лозим меояд, ки боз 52 млн. га майдони Заминро кишт кунанд, ин бошад арзишй маҳсулоти растаниҳоро то 50-70% афзун мекунад.

Таъсири пестидсидҳо ба системаҳои экологии кишоварзӣ.

Пестидсидҳое, ки дар хоҷагии кишоварзй васеъ истифода мешаванд ба синфҳои гуногуни пайвастагиҳои узвй (хлорузвй, фосфороузвӣ, триазинҳои симметрй, пайвастагиҳои гетеросиклй ва г.) дохил мешаванд. Онҳо на танҳо қобилияти заҳрнокй ба муқобили организмҳои зараровар, балки барои одамон, ҳайвонот ва муҳити атроф хеле хатарноканд. Таъсири пестидсидҳо ба системаҳои экологй якхела нест.

  1. Пестидсидҳо на танҳо ба растаниҳо, балки ба тамоми намуди ҳайвонот таъсири заҳрнок доранд.
  2. Пестидсидҳо барои ҳайвонот ва одам хеле заҳрноканд.
  3. Одам пестидсидҳоро барои миқцори хеле ками намудҳое 0,5%-ро аз микдори намудҳои дар биосфера буда ташкил мекунад истифода мебаранд, аммо пестидсидҳо дар вақти истифода ба тамоми организмҳои зинда таъсир мерасонанд.
  4. Пестидсидҳо дар рафти гузаронидани чорабиниҳои муҳофизатӣ муқобили популятсия равона карда мешаванд.
  5. Таъсири пестидсидҳо аз зичии популятсия вобастаги надорад, лекин онҳоро он вақте истифода мебаранд, ки микдори популятсияи зараррасонҳо аз меъёр хеле зиёд мешавад.
  6. Дар бисёр ҳолатҳо пестидсидҳоро аз меъёр назар ба микдоре, ки барои нест кардани зараррасонҳо лозим аст, зиёдтар истифода мебаранд.
  7. Майдонҳое дар онҳо пестидсидҳо истифода мешаванд, садҳо миллион гектарро ташкил медиҳанд.
  8. Бисёр пестидсидҳо қобилияти дар хок дуру дароз нигоҳ доштанро доранд аз 1-3 моҳ то 2-3 сол ва аз ин ҳам зиёдтар.

Ба хок пестидсидҳо бо роҳи бевосита илова кардан, барои нест кардани зараррасонҳои дар хок сукунатдошта, алафҳои бегона, бо тухмҳои олудакарда, дар рафти давраи нашъунамоии зироатхо дохил шуда, ба оқибатҳои нохуши экологй меоранд.

Солҳои дароз дар ҶТ пестидсидҳоро ба таври васеъ истифода мебурданд, ки на танҳо хок, балки ҳаво ва обро хеле олуда. мекарданд ва имруз ҳам оқибати истифодаи онҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолияти одам – зироаткорӣ, чорводорӣ ва ғ. ба чашм мерасанд. То имрӯз ҳам таъсири манфии ин моддаҳо ба одамон ва генофонди он пурра омӯхта нашудааст.

Аз нуқтаи назари экологй якчанд шакли таъсири пестидсидҳо маълум аст. Шакли таъсири категорияи якум демэкологӣ ном дорад ва таъсири вайроншавиро дар дараҷаи популятсияи намудҳои алоҳида, ки ба ягон моддаи фитосанитари ҳассос мебошад, зоҳир мешавад. Оқибати ин гуна таъсирҳо ба мурдани як қисми фардҳои дохили популятсия оварда мерасонад. Дохилшавии пестидсидҳо дар занҷири ғизой ба заҳролудшавии дуру дароз, кам шудани тавоноии биотикӣ ва нестшавии намудҳои сарчашмаи ғизоӣ буда, дар охир ба вайроншавии мувозинаи биологй оварда мерасонад.

Масъалаи ҳифзи захираҳои заминӣ

Ҳодиса ва ҷараёнҳое, ки ҳосилнокии хокро, захираҳои заминро вайрон ва майдони заминҳои хоҷагии қишлоқро кам мекунанд, аслан ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд.

  1. Ҳодисаҳон табийе, ки таъсири номусоиди онҳоро ба қабатҳои хок пешгирӣ кардан ғайриимкон аст. Ба онҳо заминҷунбй, вулқонҳо, ҷинсҳои гаҷу оҳакдор, фурӯравии хок дар нишебиҳо ва г. дохил мешаванд.
  2. Ҷараёнхои табиӣе, ки одамон ба қадри ҳол метавонад таъсири гайримусоиди онҳоро ба хок бартараф ё ки кам кунад. Дар баъзе ҳолатҳо фаъолияти хоҷагидории одамон баамалоии ин ҷараёнҳоро фаъол мегардонанд. Мисол, фарсоиши соҳили дарёҳо, вайроншавии соҳили баҳрҳо, кӯлҳо, селфароӣ ва г. Шӯршавии якумини хок дар натиҷаи буғшавии обҳои зеризаминӣ, ки миқцори зиёди намак, ҷинсҳои сернамаки хок ҳосилкунанда ва дигар омилҳо ба амал меояд. Обхезй ва шусташавии майдонҳои кишти соҳили дарёҳо ва ба ҷойи хоки ҳосилхез овардани рег ва шағал мисоли ин шуда метавонад.
  3. Равандҳои табийе, ки баамалоии онҳо бо фаъолияти бехирадонаи хоҷагидории одамон алоқаманданд. Ба ин пеш аз ҳама шусташавй ва вайронкунии қабатҳои хосилхезй хок бо резиши обҳои болоӣ, зери регҳои равон мондани хок, шӯршавии дуюмбораи хок, ки бо обёрии аз меъёр зиёд алоқаманд аст, ҳамчунин ботлоқшавии хок, ки баландшавии обҳои зеризаминй вобаста аст.
  4. Ҳодисаҳое, ки пурра бо фаъолияти одамон вобастаанд. Ин пеш аз ҳама олудашавии хок бо партовҳои заҳрноки ба атмосфера дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва нақлиётй интиқолёфтаро мефаҳмонад. Вайронкунии сохтори хок дар натиҷаи коркарди зиёди хок, хусусан бо техникаи вазнин ва нодуруст истифодаи нуриҳои маъданӣ ва пестидсидҳо. Вайрон кардани хоки чарогоҳҳои нишеб дар вақти аз меъёр зиёд чаронидани чорво. Вайрон кардани кабати хок дар рафти корҳои кофтуковии канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва ғ амалӣ мешаванд.

Аз ҳама бештар ба қабатҳои ҳосилхези хок фарсоиши обй ва бодӣ зарар меорад. Фарсоиш ин вайрншавӣ ё ки шусташавии қабати ҳосилхези хок ва дар баъзе ҳолатҳо ҷинсҳои хокҳосилкунандаро бо ёрии об ё ки бод меноманд.

Агар муассисаи хоҷагии қишлоқ 10 ҳаз. га замини кишт дар нишеби ҷойгирифта дошта бошад, дар рафти шусташавии 30 т хок дар як гектар (қабати хок 3,5 мм) баробар бошад, пас талафоти умумии хок ба 300 ҳаз. т мерасад, ки ин ба 100 ҳаз. нақлиётӣ сетонаи хок боркардашуда рост меояд. Дар рафти ин шусташави микдори зиёди элементҳои гизой – нитроген, фосфор, калий, калсий ва г. талаф меёбад, ки барои барқарор кардани онхо даҳҳо ҳазор тонна пору ба хок илова кардан лозим мешавад.

Барои ҳамин, дар майдонҳои замини киште, ки фарсоиши хок мушоҳида мешавад, донаи гандум, микдори ками сафедаҳо, оҳар, клейковина ва микроэлементҳоро доранд, ин мумкин аст сабаби бемориҳои гуногуни одам гардад. Фарсоиши обӣ сабаби ҳосилшавии ҷарӣ (сой) ва шусташавии заминҳои хоҷагии қишлоқ мешавад.

Фарсоиши бодӣ ҳам хеле хатарнок аст. Фарсоиши бодии таҳҷой аз он ҷумла дар баъзе ноҳияхои ҶТ дар роҳи худ ба бисёр зироатҳои хоҷагии қишлоқ таъсир расонида, ҳосилнокии онҳоро паст мекунад.

Баамал омадани ҷараёнҳои фарсоиши аз баҳамтаъсиркунии як қатор омилҳо – иқлим, релеф, геолоғия, хок, растаниҳо ва шароити иқтисодй вобаста аст. Байни омилҳое, ки сабаби ба амал омадани фарсоиш мегарданд алоқамандии зич мавҷуд аст.

Дар рафти мувофиқати шароити иқтим, релеф, геология, хок, растаниҳо фарсоиш, умуман ба амал намеояд, дар мувофиқатҳои дигар бошад, мумкин ба амал ояд, дар сеюм бошад фарсоиш характерн бӯҳрониро (ҳалокатоварро) мегирад.

Барои ҳосил шудани қабати ҳосилхези хоки қувватнокиаш 18 см ба табиат аз 1400 то 7 000 сол лозим меояд, чунки суръати хокҳосилкунй ба 0,5-2,0 см дар 100 сол рост меояд. Вайроншавии ин қабат бо таъсири фарсоиш дар 20-30 сол, дар баъзе ҳолатҳо дар рафти як борони сел ё ки тундбод амалй мешавад. Хусусан, фарсоиш дар асри XX фалокати сайёравй гардидааст. Ҳисоб карда шудааст, ки аз фарсоиши обӣ ва бодй дар ин давра зиёда аз 2 млрд. га замини ҳосилхез талаф дода шудааст.

Талафоти кишт дигар сабабҳо ҳам дорад, ки ин пеш аз ҳама бо олудашавии кишти заминҳо бо моддаҳои радиофаъол, аз болои кишт гузаронидани хатти барқии баландшиддат, лӯлаҳои газй, роҳҳои автомобилгард, партовҳои ИБГ, саноат ва ғ. шуда метавонанд. Сабаби олудашавии киштҳо соҳаи кишоварзй ҳам шуда метавонад. Аҷоиб аст, поруи узвие, ки доимо сарчашмаи ҳосилхезии замин буд, имруз дар назди заминҳои фермаҳои чорвопарварй офате гардидааст, ки дар назди олимон, роҳбарони хоҷагии қишлоқ ва фермаҳои чорводори вазифае гузошта мешавад, ки усулҳои хуби коркарди партовҳои хоҷагии чорводориро ба роҳ монанд.

Чорабиниҳои ҳифзи хок. Барои пурсамар ҳифз кардани хок якчанд чорабиниҳоро дар якҷоягй амалй кардан лозим аст: ташкили

хоҷагидорй, агротехникй, мелиоратикии ҷангалй ва гидротехникй.

  • Чорабиниҳои ташкили хоҷагидорй дар асоси дуруст ба роҳ мондани ҷойгиркунии якҷоя ва боҳамалоқаманди мавзеи лозимй (сарҳади кишт, роҳ ва ғ.) равона карда мешаванд.
  • Чорабиниҳои агротехники ҳифзи хок дар тамоми минтақаҳо ва ҳар як шароити табийю-иқтисодй амалӣ карда шуда, онҳо ба чунин зергуруҳҳо ҷудо карда мешаванд.
  1. Чорабиниҳои фитомелиоративӣ барои ҳифзи хок аз фарсоиш бо роҳи кишт кардани алафҳои яксола ва бисёрсола.
  2. Истифода кардани усулхои ҳифзи коркарди хок. Инҳо усули беҳтар кардани ҷабиши об, усули паст кардани ҷоришавии об, усули паст кардани қувватнокии шамол дар қабатҳои наздизаминй ба ҳисоб мераванд.
  3. Нигоҳдории барф ва идора кардани обшавии барф
  4. Усулҳои агротехникии баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳои фарсоишёфта, ки асоси онро меъёри зиёд илова кардани моддҳои узвй, поруи маъданӣ ва бактериявӣ, микропору, оҳаккунонй ва ғ. дар бар мегирад.
  5. Усулҳои агрофизикии баланд бардоштани устувории хок аз фарсоиш ёфтан, ки асоси онро коркарди хок бо полимерҳои ҳосилкунандаи сохтор ва латекс (шираи наботот) ҳамчунин илова кардани ҳар гуна нренаратҳо дар бар гирифтааст.
  • Чорабиниҳои мелиоративии ҷангалии ҳифзи хок, ки асоси онро якқаторра шинондани дарахтон ва майдони ҷангалҳо дар бар мегирад.
  • Иншооти ҳифзи хокии мелиоративй, ки аз рӯи муқаррарот ба чунин гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд

а) обнигохдоранда (ҳавзҳо, халиҷи резишгоҳи дарё, марзаи самти обро нигоҳдоранда ва ғ.).

б) обро ба як самт равонакунанда (марзаҳои обро ба як самт равонакунанда, марзаи обпошандаи равишй, каналҳои обпартов ва ғ.).

в) сардоба (обҷамъкунак) ба онҳо (обпарто, ҳавз, оббандҳои зинадор ва ғ.).

Ҳамаи ин усулҳои ҳифзи хок барои он равона карда мешаванд, ки онро аз фарсоиши обй ва хокй ҳифз намояд.

Зироаткории ғайрианъанавӣ

Моҳияти кишоварзии ғайрианъанавй ин пеш аз ҳама пурра ё ки қисман даст кашидан аз гизои сунъй, пестидсидҳо, идоракунандаҳои расиш ва иловаҳои хӯроки чорво мебошад.

Кишоварзии ғайрианъанавй ин система набуда, балки нуқтаи назар муносибати нав ба кишоварзй, гурӯҳи усулҳо, муносибати этикӣ нисбат ба замин мебошад. Чорабиниҳои ағротехники дар асоси риоя кардани киштгардон, ба тартиби онҳо дохил кардани зироатҳои лӯбиёгй, нигоҳ доштани боқимондаи растаниҳо, истифодаи пору, компостерҳо ва сидератҳо, гузаронидани чорабиниҳои механикй ва истифодабарии усулҳои биологии ҳифзи растаниҳо амалӣ карда мешаванд.

Мақсади асосии инкишофи кишоварзии ғайрианъанавӣ ба даст овардани маҳсулоти аз нигоҳи экологй тоза (безаҳрхимикатҳо) нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ва ҳифзи муҳити атроф мебошад. Дар кишоварзии ғайрианъанавӣ хокро ҳамчун организми зинда ба ҳисоб мегиранд, чунки дар ин чо мо ба растанӣ нею, ба хок бояд ғизо илова кунем, яъне компостерҳоро, ки онҳо барои микроорганизмҳои дар хок буда ҳамчун субстрати гизой хизмат мекунанд. Барои ин шиори «Аз хоки солим ба растании солим, ҳайвон ва дар охир ба одам» бояд амал кунад.

Мақсади асосии кишоварзии ғайрианъанавӣ ин нигоҳ доштани сохтори аввалаи хок ва эдафон (организмҳои дар хок сукунатдошта) ба ҳисоб меравад.

Дар вақти коркарди хок барои нигоҳдории эдафон бояд чунин омилҳоро ба назар гирем:

  • барои ҳар як қабати хокӣ эдафони худ хос аст;
  • ҳар як эдафони қабати хоки шароити зисти хоси худро дорад (дараҷаи аэратсия, намнокӣ, рН, гизо ва ҳарорат);
  • ҳар як чорабинии коркарди хок ба ин системаи мураккаб таъсири манфӣ мерасонад, ки барқароркунии он вақти дуру дарозро мегирад.

Коркарди хок дар кишоварзии гайрианъанавӣ дар чунин принсипҳо асос меёбад:

  • илова кардани моддаҳои узвии напӯсида ба қабатҳои дарунии хок нораво аст.
  • вобаста аз хусусиятҳои кишоварзии ғайрианъанавй поруи заминй ва компости муқаррариро ё ки поруи навро (тозаро) бояд истифода кард.
  • пешниҳод карда мешавад, ки аз шудгори чаппагардонкунии хок даст кашидан лозим аст, то ки миқцори моддаҳои ғизоии наздирешавиро кам мекунем ва дар хушксолиҳо қабати обгузарониро вайрон накунем.
  • ковок намудани хок фаъолнокии эдафони онро нигоҳ медорад.
  • дар ҳосилхезии хок роли кирми лойхурак хеле муҳим аст, барои ҳамин ҳам дар кишоварзии гайрианъанавй барои шароити хуби гизоӣ ба ҳифзи онҳо кӯшиш ба харҷ додан лозим аст.
  • дар кишоварзии гайрианъанави аз заҳрхимикатҳо даст кашида, ҳар чи бештар усулҳои агротехникӣ ва биологиро истифода кардан лозим аст.

Хуб мешуд, ки дар баробари кишоварзии ғайрианъанавӣ, ҳамчунин аз рӯи ақл истифодаи ғизоҳои маъданӣ, пестидсидҳо ҳам ба роҳ монда мешуданд. Чунки ин шакли ҳамбастагии кишоварзӣ на танҳо талаботи растанипарварии муосирро, балки як қатор масъалаҳои экологй ва коркарди партовхои хоҷагии қишлоқро ҳаллу фасл менамуд.

  1. Азнавбарқароркунии заминҳо

Ҷараёни азнавбаркароркунии заминҳои вайронкардаро рекултиватсия меноманд. Дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории одамон ҳар сол майдони хело зиёди заминҳо (коркарди канданиҳои фоиданок, ба даст овардани ашёи сохтумонй ва ғ.) вайрон мешаванд, ки барқарор кардани онҳо дар чор самт амалӣ мешавад: барои истифодабарии хоҷагии қишлоқ (зироаткорй, чорводорӣ), барои дарахтзорҳои ҷангал, барои сохтани обанборҳо, барои сохтмонҳо. Одатан ду зинаи азнавбарқароркуниро ҷудо мекунанд: техникии кӯҳй ва биологй

  • Зинаи техникии куҳй аз ҳамвор кардани Замин, ба як шакл даровардани он, илова кардани хокҳои ҳосилхез ва сохтани роҳҳо ибтидо мегирад.
  • Дар зинаи биологй бошад барқарор кардани заминҳо бо роҳи парвариш кардани зироатҳои хоҷагии қишлоқ ё ки шинондани дарахтон амалӣ мегардад.

Муайян карда шудааст, ки дар ҳолати уфуқй хобидани канданиҳои фоиданок то 70-80% заминҳои вайронкардашударо аз сари нав барои кишт барқарор кардан мумкин аст. Албата барои азнавбарқароркунии заминҳо маблағгузорӣ лозим аст, лекин ин хароҷоти худро дар оянда мепӯшонад.

Марғзорҳо ва чарогоҳҳои табиӣ дар системаҳои экологии кишоварзӣ

Марғзор ва чарогоҳҳо ба алафзорҳои табийи хӯроки чорво дохил карда мешаванд. Мафҳуми «чарогоҳ» алафзорро мефаҳмонад, ки барои чаронидани ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ истифода карда мешавад. Марғзор ё дашт бошад, барои тайёр кардан массаи тару тоза ё ки хасбеда, яъне ҷойи алафдаравист. Ҷойи алафдарав аз чарогоҳ на танҳо бо тарзи истифодабарии хоҷагидорй, балки бо як қатор аломатҳои экологй фарқ мекунад. Дар чарогоҳ назар ба ҷойҳои алафдарав таъсири рамаи ҳайвонот ҳамчун омили экологй, ба хок, растаниҳо ва дигар ҷузъхои ин системаи табий таъсир мерасонад.

Дар собиқ Иттиҳоди Шурави майдони марғзор ва чарогоҳҳо ба 320 млн. га мерасид, ки аз ин микдор 55% ба Қазоқистон, 21% ба давлатҳои Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон) ва 18% ба Федератсияи Россия рост меомад.

Марғзор ва чарогоҳҳои табиӣ гуногунтаркибинд. Онҳо аз рӯи шароит, муҳити зист, таркиби намуди растаниҳо, гуногунии хӯроки ҳайвонот, ҳосилнокй, дуру дароз истифодабарӣ ва ғ. фарқ мекунанд. Дар марғзорҳои Россия зиёда аз 4000 намуди гуногуни алафҳо мушоҳида мешаванд, жи асоси онҳоро мураккабгулон (900 намуд), ғаллагиҳо (350 намуд), лӯбиёгиҳо (250 намуд) ва ғ. ташкил мекунанд.

Ақидае ҳаст, ки дар оянда майдонҳои киштро кам карда, майдони ҷамоаи алафзорҳои бисёрсоларо зиёд кунем, ки ин ҳам аз нуқтаи назари иқтисодй ва ҳам экологй бештар нафъовар мебошад, ки аз рӯи чунин далелхо асоснок карда шудааст.

Якум, маргзор бояд таъминкунандаи аз ҳама арзон (камхарҷ) ва хӯроки чорвои баландсифат бошад.

Дуюм, марғзор дар якҷоягй бо ҷангалҳо бояд таҳкурсии экологии манзараҳои кишоварзиро, ки устувории даври биогеокимиёвии моддаҳои гизоии асоси ташаккул медиҳанд, аз фарсоиш пешгирй карда, поруҳои маъданй ва пестидсидҳои аз майдонҳои кишт шусташударо фурӯ бурда, безарар гардонад ва нагузорад, то ки онҳо ба обанборҳо интиқол ёбанд.

Сеюм, марғзорҳои сабзи манзараҳо ба кишт мусоидат мекунанд, чунки дар таркиби поруи онҳо энергияи растаниҳо фурӯбурдаи офтоб мафҳуз аст. Барои ҳамин, одатан, кишти фарсоишёфтаи аз киштгардон баромадаро алафҳои маргзорй кишт карда мешаванд, ки дар ин ҳолат онҳо босамар ҳосилхезии гумкардаи худро барқарор мекунанд.

Чорум, марғзор ҳамчун ниғохдорандаи ғуногунии биологй дар системаҳои эколоғии кишоварзй лозим аст. Чунки дар марғзорҳо даҳҳо намуди нодири растаниҳои доругй ва намудҳои нодиру нестшудаистода меруянд, ки дар баробари онҳо садҳо намуди ҳашаротҳои фоидаовар ҳаёт мегузаронанд.

Пурсамар истифода кардани марғзор ва чарогоҳҳо яке аз роҳҳои дурурсти нигоҳ доштани захираи растаниҳо дар сарҳадҳои хеле васеъ ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *