Системаҳои ҳифзи муҳити зист ва идоракунии истифодаи сарватҳои табии

Барои ҳифз намудани муҳити зист ва истифодаи захираҳои табий дар замони муосир бе тартиби мунтазам, гайриимкон аст. Тартиби ҳифзи муҳити зист ва идоракунии истифодаи сарватҳои табиӣ оҳиста оҳиста дар як қатор мамлакатҳо, аз он ҷумла, дар ҶТ босуръат ташаккул ёфта истодааст. Дар ҳолати кунуни як қатор воситаҳои хос ва омилҳоеро истифода мекунанд, ки онҳо усулҳои ҳифзи ҳукуқӣ, идоракунии менеджмент ва маркетингии экологиро дар бар мегиранд. Ин усулҳо мувофикд таснифи ҳуқуқии онҳо гурӯҳбандӣ карда мешаванд: қонунбарорӣ, ахборй (мониторинг, харитакашй, тартиб додани кадастрҳо ва ғ.), маълумотй (муоинаӣ экологй ва аудит, иҷозатномагирй ва сертификатсиякунонӣ), иҷозат ва ҳаавасмандгардонии иқтисодӣ, ҳамчунин суғуртакунонии экологӣ. Ҳамаи ин усулҳои идоракуни ҳамдигарро пурра мекунанд.

  1. Асосҳои ташкилию – ҳуқуқии ҳифзи муҳити иҳотакарда ва истифодабарии сарватҳои табиӣ. Менеджмент ва маркетинги экологӣ

Асоси ҳар як тартиби идоракуниро принсипҳои ташкилй ва қоидаҳои фаъолият ташкил медиҳанд. Дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табий ин гуна қоида меъёрҳои ҳукуқи экологӣ, ки сарчашмаи онҳо қонунҳои экологӣ мебошанд хизмат мекунанд. Барои ин, пеш аз ҳама тамоми тартиби идоракунии ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи сарватҳои табий, ки шартан номи меиеҷмент ва маркетннги экологиро гирифтааст, дида мебароем.

Ҳифз ва идоракунии муҳити атроф мақсади асосии менеҷменти экологй дар тамоми сатҳи дараҷаҳои иерархияи роҳбарикунанда ба ҳисоб меравад.

Сиёсати экологӣ дар як қатор қонунҳои ҶТ, фармонҳои роҳбарии давлат ва як қатор дигар қарорҳои идораҳои ҳукумати дар сатҳи вилоятй, ноҳиявӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар байни истилоҳҳое, ки барои идоракунии фаъолияти ҳифзи табиат менеджменти экологӣ, менеҷменти маркетингӣ, ҳамчунин мафҳумҳои ба онҳо алоқаманд идоракунй, менеҷмент. маркетинг бепггар истифода мешаванд.

Идоракуни ин функсияи системаҳои муташакиле мебошад, ки барои таъмин намудани сохторҳои муайян, дастгири намудани тартиботи фаъолиятӣ ва амалй шудани мақсаду барномаҳои онҳо равона мешаванд, яъне таъсири бошууронаи одам ба объектҳо ва ҷараёнҳо,

ҳамчунин ба худн одам бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти онҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ, дуруст ба роҳ мондани ҷараёнҳои идоракунй ба ҳолат ва самти муайян равона мешавад.

Менеҷмент (аз калимаи инглиси тапацетеп! – идоракунӣ, ташкилй, роҳбарӣ) ин маҷмӯи принсипҳо, усулҳо восита ва шакли идоракунии истеҳсолотӣ мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва ба даст овардани даромад равона карда мешавад. Ҳамчунин муайян кардани мақсад, масъалагузорй, банақшагирй, фаъолияти ташкилй, пурсамар истифода бурдани кормандон ва усулҳои идоракунии истеҳсолот барои иҷроиши мақсад ва маром равона карда мешавад. Менеҷментро ҳамчунин ба монанди системаи ҳавасмандкуниӣ ва технологие, ки барои роҳбари кардани коргарон истифода мешавад тавсиф додан мумкин аст. Асосгузорони менеҷменти замони муосир Ф. У. Тейлор, А. Файола, Г. Эмерсон ва Г. Форд ба ҳисоб мераванд.

Маркетинғ бошад, ҳамчун ҷараёни идоракунй барои ошкор намудан, пешгӯи намудан ва қонеъ гардонидани талаботи харидорон дар ҳолати даромади зарурӣ, ба ҳисоб гирифтани коркард ва истеҳсолоти маводе, ки барои истеҳсолот ва харидорӣ мувофиқ буда, баҳри ба харидор расонидани мавод пешкаш кардан лозим аст. Маркетингро ҳамчун воситаи ба даст овардани бартари нисбат ба рақибон дар ҳалли масъалаҳои муносибати муассисаи истеҳсолӣ ва бозор ҳисоб кардан лозим аст.

Менеҷмент ва маркетинги экологӣ яке аз самтҳои хоси идоракуни буда, таъсири бошууронаи одамонро ба табиат ва ҷараёнҳои иҷтимой, ҳамчунин объектҳои муҳити иҳотакарда барои қонеъ гардонидани талаботи экологӣ, нқтисодй, маъданӣ дар шароити устувори инкишофи ҷамъият ва нигоҳдории табиат нишон медиҳад. Ҳамаи ин мафҳумҳо дар якҷояги мумкин аст, ҳамчун маҷмӯи принсипҳо, усулҳо, шакл ва воситаи ташаккул, пурсамар идоракунии истифодабарии табиат, ҳифзи муҳити атроф, бехатарии экологии фаъолияти одамон дар ҳама зинаҳои иерархии идоракуни (аз соҳибкории шахсӣ ва муассисавй то давлатӣ ва ҷамоаи байналмилалй)-ро муайян мекунанд.

Дар байни вазифаҳои ба ҳам алоқаманд будаи менеҷменти экологй, техникй (истеҳсоли бепартови экологии тоза). гиҷоратй (маркетинги экологй), молиявй (ҷалб намудани сармоя барои масъалаҳои экологй ва сарфи пурсамари онҳо), суғурта (сугуртаи экологӣ), баҳисобгирӣ (кадастрҳои захираҳои табиӣ) ва ташкилй-маъмури (идоракунии истифодаи табиат ва ҳифзи муҳити атроф)-ро дар бар мегирад.

Усулҳои менеҷмент ва маркетинги экологӣ

Ба усулҳои менеҷмент ва маркетинги экологй, ки онҳо бо ҳам алоқаманд мебошанд, ба сифати асос чунин усулҳо дохил мешаванд:

  1. Дохил кардани масъалаҳои пурсамар истифода бурдани табиат ва ҳифзи муҳити зист бо яке аз масъалаҳои рӯзмараи бартаридоштаи давлати, ё ки ширкатҳо, ки мавқеи муайяни соҳибмулк, роҳбар ва коргаронро инъикос кунанд.
  2. Идоракунии комплексии чудоамал ва рӯзмараи экологй, ба табъ расонидани сиёсати барномаҳои экологии коркардашуда то ҳар як идора, ташкилот ва вогузории ҷавобгарии мувофиқ ба роҳбарон ва иҷрокунандагон.
  3. Доимо такмил додани сиёсат ва барномаҳои нишондихандаҳои экологй аз рӯи дастовардҳои илми муосир.
  4. Беҳтар намудани сифати маҳсулот, ҷараёнҳои истеҳсолй ва хизматрасонй, фишор овардан аз тарафи истеъмолкунандагон, садамахо ё ки талаботи ҷидцй аз тарафи сохторҳои экологии давлатӣ
  5. Такмил додани дониши экологии коргарон барои беҳтар ҳис кардани ҷавобгарӣ ва ба ҳисоб гирифтани талаботҳои экологй дар рафти фаъолияташон.
  6. Пешаки баҳо додан ба омилҳои гуногуни ба муҳити зист таъсиррасонанда, гузаронидани муоинаи экологӣ ва хизматрасонй дар тамоми зинаҳо, аз огози лоиҳа, лоиҳакашй, технология ва г.
  7. Гузаронидани тадқиқотҳои илмй барои пешгири ва пастгардонидани таъсирҳои гуногун ба муҳити зист, ашёи хом, маҳсулот, ҷараёнҳои истеҳсолй, партовҳо.
  8. Кор карда баромадани лоиҳаҳои технологии аз нуқтаи назари экологӣ бехатар, яъне самараноктар истифодабарии энергия, сарфакорона истифодаи захираҳои барқароршаванда, паст кардани таъсирҳои зарарнок ба муҳити атроф ва хатари экологй.
  9. Дар тамоми самтҳои хоҷагидорй дохил намудани усулҳои пурсамар истифодабарии захираҳои табий.
  10. Ба роҳ мондани истеҳсоли маводҳои аз нуқтаи назари экологй тоза ва бехатаре, ки ба муҳити зист таъсири минималӣ мерасонанд ва онҳоро аз сари нав бе зарар расонидан ба муҳити атроф. истифода мекунанд.
  11. Тайёр будан ба ҳолатҳои фавқулода ва фаврй, дар мувофиқат бо ташкилотҳои идоракунанда ва ҷамоаҳои таҳҷой амал намудан.
  12. Ташкил намудани ҳисоботи оморй оиди фаъолияти ҳифзи муҳит ва муоинаи доимии экологӣ.
  13. Додани ахбороти амиқ ба коргарони корхона ва ҷамъият оид ба хатарҳои экологй ва эҳтимолияти оқибатҳои нохуши истеҳсолй, маҳсулот, партовҳо ё ки хизматрасонй ва чорабиниҳо барои бартараф кардани онҳо.
  14. Маслиҳат додан ба истеъмолкунандаҳо, таъминкунандаҳо, коркунони савдо ва ҷамъиятӣ оид ба бехатарии экологии истифодаи мол ва хизматрасонй, қоидаи пурсамар истифодабарии захираҳои табий ва меъёрҳои ягонаи ҳифзи табиӣ, мувофиқ кардани нишондодҳои экологии ашёи хом, маводҳои экологии ба талаботи фармоишгар ҷавобдиҳанда.

Маҷмӯи усулҳои идоракунии пурсамар истифодабарии захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ҷадвалии 47 оварда шудаанд.

Ҷадвали 47

Усулҳо идоракунии пурсамар истифодабарии захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист (аз В.И. Данилова-Данилян)

Ахбори

Огоҳ намудан

Маҷбурй

маъмурй

Ҳавасман

-дии

молиявию

-иқтисодй

Чорабиниҳои пешгирии иқтисодй

ҳуқуқию-

маъмурӣ

назоратию-

маъмурй

ҷарима

ҷавобгарй

Мониторин-

меъёри

тафтиши

субсидия

пардохт

нигоҳ

ги М.А

ҳуқуқй

фаъолият

  

доштани

     

кор

тадқиқот

стандарт

сертификати

дататсия

андоз

маҳдудий

  

мол

  

фаъолият

маориф

иҷозат

литсензия

займҳои

ҷарима

 
   

имтиёзй

 

ҳабс

маданият

муоинаи

экоаудит

 

облигат-

кардан

 

экологӣ

  

сия

 

антиреклама

 

инвентари-

пешравй

 

ДУР

  

затсия

 

омехта

кардан

ташфиқот

банақша

 

кридит

  
 

– гирӣ

 

(қарз)

 

гирифтан

пешгӯиҳо

    

вағ.

Сараввал сохторҳои идоракунандаи давлатӣ оид ба истифодаи захираҳои табий ва ҳифзи муҳити атроф вазифаи назоратиро иҷро мекарданд. Бо мурури замон вазифаи он васеъ шуда истодааст, ки онҳоро вобаста аз вазифаашон ба бевосита ва бавосита чудо мекунанд.

Ба усулҳои бавосита онҳое дохил мешаванд, ки барои бартартибдарории истифодаи захираҳои табий ва ҳифзи муҳити атроф (ҳуқуқи экологй) ва ба воситаи дигар самтҳои ҳукугсии идоракунй (маъмурй, шаҳрвандй ва молияю ҳуқукй ва ғ.) равона мешаванд. Дар байни ин усулҳо меъёрҳои қонунбарори пешгири намудани олудашавии муҳити атроф (меъёрҳои пешгирикунанда) ва меъёрҳои ҷазодиҳй вайрон намудани ин меъёрҳо ё ки чораҳои ҷазой (меъёрҳои маҷбурй) ҷудо мешаванд.

Ба вазифаҳои мухими идоракунии ҳифзи муҳити атроф ва пурсамар истифодаи табиат ташкили мониторинги муҳити зист ва сари вақт ахборот додани аҳолӣ ҳам дохил мешаванд.

Вазифаи аеосии мониторинг ин назорати шароити объектҳои муҳити зист, дарёфт намудани сарчашмаҳои олудакунанда, суръати олудакунии онҳо, ҳамчунин пешгӯиҳо мебошад. Амалй шудани онҳо имконият медиҳад, юг ташкилотҳои дахлдор ахбороти лозимиро гирифта барои бартараф ва пешгирии онҳо чораҳои лозимиро андешанд:

  • ба нақша гирифтани чорабиниҳои кам намудани олудакунандаҳои муҳити атроф ва пурсамар истифодаи захираҳоп табиӣ. ҷудо намудани самтҳои фаъолияти асосӣ, назорат ва баҳо додани самаранокии амалйгардонии меъёрхои ҳифзи табиат.
  • коркарда баромадани меъёрҳои фаврӣ оид паст намудани таъсирҳои зараровар ба муҳити атроф ва саломатии одамон;
  • санҷиши қоида ва меъёрҳои сифатии табиат ва қоидаҳои фаъолияти объектҳои идорашавандаи антропогенӣ;
  • коркарда баровардани ҳуҷҷатҳои қонунӣ ва зерқонунии гуногун;
  • ба даст овардани натиҷаҳо барои гузаронидани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ

Дар байни дигар усулҳои пешгирикунандаи самти қонунбарорӣ, идоракунии ҳифзи муҳити атроф ва пурсамар истифодабарии табиат, онҳоро ҷудо мекунанд:

  • муайян кардани стандартҳое, ки дараҷаи олудашавии муҳити атроф, ҳамчунин имтиёзҳои истифодаи захираҳои табиатро амиқ мекунанд.
  • муайян кардани меъёрҳои ҳадди имконпазирй ва таъсири антропогенӣ ба муҳити атроф.
  • истифодаи экспретизаи давлатии экологй ҳамчун воситаи назоратй ба ҳаргуна истихроҷ ва амалӣгардонии ҳар гуна лоиҳаҳо ва пешгири намудани оқибатҳои нохуши ин лоиҳаҳо ба муҳити атроф ва саломатии аҳолй
  • гирифтани иҷозатномаи давлатӣ барои сохтмонҳои нав ва иваз намудани технологияи нави истеҳсолӣ ва дигар объектҳо
  • истифода барандаҳои табиат, ки сарчашмаи олудакунандаи муҳити атроф ба ҳисоб мераванд
  • усулҳои гуногуни ҳавасмандкунии иқтисодии ҳифзи муҳити атроф ва пурсамар истифодабарии табиат

Ба усулҳои маҷбурй бошанд (маъмурй – ҳуқуқӣ ва иқтисодй) ҳаргуна ҷавобгариҳои ҳуқукӣ, ҷарима ва г. дохил мешаванд.

Самтҳои асоси ва дараҷаи амалӣгардонии
идоракунии экологй

Барои беҳтар ба рох мондани ҳифзи муҳити атроф ва пурсамар истифодабарии табиат дар сатҳи давлатӣ ва байналмиллалии як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим қабул карда шудаанд. Декларатсияи дар Рио-де- Жанейро қабул шуда оид ба ҳифзи муҳити атроф ва инкишофи масъалаҳои экологй ва декларатсияи Лютсернии вазирони давлатҳои гуногун, намояндагони комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ (1993) вазифадор намуд, ки бояд ҳамаи давлатҳо ба идоракунии фаъолияти комплексии ҳифзи табиат гузаранд.

Дар вақти ташкил намудани механизмҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти идоракунӣ оид ба ҳифз ва истифодаи муҳити атроф чунин самтҳо ва муносибат бояд ба назар гирифта шавад.

  1. Аз рӯи вазифаи ташкилотҳои ҳифзи табиат дар дараҷаҳои идоракунии гуногун:

Дар сатҳи Милли вазифаи онҳо чунин аст:

  • ташаккулёбии мақсад, сиёсат, нақша ва барномаҳо оид ба муҳити атроф
  • дар амал тадбиқшавии чорабиниҳои лозимӣ
  • тайёр кардани пешниҳодҳо оиди қонунбарорӣ
  • коркарда баромадани сиёсати экологй ва идоракунӣ
  • баҳодиҳи ва ба ҳисоб гирифтани таъсирҳои расонидаи гуногун ба муҳити атроф
  • ташкил намудани пойдевори дар мурофиқа ба ҳам амал намудани ташкилот ва идораҳои гуногун
  • мувофиқкунонии фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои манфиатдор оид ба амалӣ намудани мониторинги экологй
  • маърифати экологй ва ахборот додани аҳолй

Дар дараҷаи минтақавй ва маҳаллй чунин вазифаҳо бояд ба эътибор гирифта шаванд:

  • иҷозат додан барои фаъолияти хоҷагидори ба ҳисоби талаботҳои муҳити атроф
  • таъмин намудани ҳукуқи баҳо додани ҳолати экологии ҳар як истеҳсолот
  1. Таъмин намудани қонунҳои мувофиқ оиди ҳифзи муҳити атроф
  • Мустаҳкам намудани талаботҳои экологй дар сарқонуни мамлакат,

таъмин намудани тавсифи ҳатмии онҳо барои шахсони алоҳида ва юридикй дар тамоми сатҳҳо.

  • Мувофиқкунонии меъёрҳо ва қоидаҳо оид ба ҳифз ва

истифодабарии муҳити атроф

  • Дохил кардани қоидаҳои ҳифзи муҳити атроф ба хоҷагидорӣ,

андоз, қонунгузориҳои гумрукй, бонкӣ, қоидаҳои қонуни оиди шахсикунонй, сармоягузории хориҷй, истифодаи замин ва инкишофи минтақавй

  • Тайёр ва таъмин намудани меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ ва аз

нав дида баромадани дурустии онҳо

  • Коркарда баромадан ва самаранок амалй намудани ҷавобгари оид

ба зарар расонидан ба муҳити атроф

  • Тайёр намудани меъёрҳои ҳуқуқй, маъмурй ва дигар воситаҳое, ки

талаботҳои ҳифзи муҳитро вайрон карда, ба саломатии одамон ва муҳити атроф таҳдид мекунанд.

  1. Аз рӯи банақшагирии фаъолият.
  • Таъмин намудани системаи муносибатҳое, ки имконияти таҳлили оқибатҳои гуногуни экологй, иқтисодӣ ва иҷтимоиро амалй месозад.
  • Таъмин намудани муносибати комплексӣ ба яклухтии тавсифи муҳити зист.
  • Таъмин намудани баробариҳои дар нақша ва барномаҳо пешбинишуда оиди таҳдиди саломатии одамон аз ҳисоби сифати пасти муҳити зист, аз як ҷо ба ҷои дигар кашондани партовҳо, вайроншавии захираҳои экологй, вайроншавии объектҳо ва ғ.
  1. Аз рӯи шахсикунонӣ ва самаранок таъмин намудани кор дар саноат.
  • Дар рафти шахсикунонӣ ташкил намудани ҷойҳои кори, ки барои беҳтар шудани муҳити зист таквият мебахшанд.
  • Дар рафти шахсикунонии амалӣ намудани вазифаи идоракунии экологй аз тарафи давлат ва соҳиби муассиса.
  • Баҳисобгирифтани хатари асоснок барои муҳити атроф дар рафти амалй гардонии барномаи корхонаҳо оид ба тоза кардан ва дигар чорабиниҳои ҳифзи табиат.
  • Сармоягузории корхонаҳои аз нуқтаи назари экологӣ хатарнок дар рафти шахсикунонй ва ба онҳо пешниҳод намудани ҳар гуна имтиёзҳо бо мақсади аз навеозии корхона.
  • Истифода кардани аудити экологӣ дар рафти шахсикунонии корхонаҳо ва амалгардонии барномаҳои шахсикунонй.
  1. Аз рӯи реструктуризатсияи (азнавсозии) саноат.

• Баҳисобгирии таъсири тағйирёбиҳои сохторӣ дар саноат барои истифодаи захираҳои табий ва дараҷаи олудашавй.

  • Дар рафти азнавсозиҳо тақвият бахшидан ба муассисаҳои идоракунандаи ҳифзи муҳит ва соҳаҳо оиди пешбини шудан.
  • Ивазкунии технология
  • Сарфакории захираҳо
  • Сарфаи энергия
  • Қадр намудани намудҳои нави хизматрасонй
  • Баланд бардоштани рақобати маҳсулотҳо
  • Тақвият додани соҳибкорй ва усулҳои нави идоракунй
  • Баланд бардоштани дарачаи ихтисоси коргарон
  • Ҷори намудани системаи экологии тамгаҷотй маҳсулотҳои муассиса ва корхонаҳо.
  1. Оптималикунонии механизмҳои иқтисодие, ки ба фаъолияти ҳифзи муҳит мусоидат мекунанд:
  • Сохтани шароити мусоид дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ширкатҳое дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф махсус гардонида шудаанд;
  • Ҷалб намудани сармоягузаронии дохилӣ ва хориҷй баҳри истеҳсоли маводҳо ва хизматрасонии экологии тоза ва таҳвил додани технологияи бехатар ва усулҳои идоракунй;
  • Муайян кардани таносуби мувофиқии иқтисодӣ ва иҷтимой. дар рафти амалй гардонидани нақшаи ҷубронӣ «олудакунанда пардохт» ва «истифодабаранда пардохт», мекунанд;
  • Таъмин намудани қобилияти рақобатй ва фоиданокӣ корхонаҳо, амалӣ гардонии механизмҳои иқтисодие, ки барои беҳтар намудани олудашавии ҳифзи муҳити зист кӯшиш мекунанд;
  • Дохил намудани системаҳои товонҳои экологй, ҷарима, баланд бардоштани андозҳо барои фаъолиятҳои гуногуни олудакунй ва

истифодаи захираҳои табий ва ғ.

Расми 148. Механизми иқтисодии амалигардонидани самтҳои истифодабарии захираҳои табиӣ

  • Асост/ок гардонидани сарфи иқтисодй ва экологӣ барои ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби корхонахо, ширкатҳо, аз ҳисоби буҷаи давлатй, вилоятӣ ва маҳаллй;
  • Ташкил намудани системаҳои самараноки қарздиҳии лоиҳаҳои ҳифзи табиат бо ҳисоби сармоягузории пеш аз ҳама технологияи экологи тоза.

Самтҳои асосии амалй гардонидан механизми иқтисодии истифодабарии захираҳои табий дар расми 148 оварда шудаанд.

Маркетинги экологи дар фаъолияти корхонаҳо

Инкишофи устувор талаб мекунад, ки бозорҳои навро барои фурӯши маҳсулотҳои истеҳсолшуда бо таъмин намудани даромаднокии истеҳсолот ва нигохдории муҳити атроф аз худ намоем.

Қисми зиёди соҳибкорон барои технологияи нав маблаги лозимиро аз назари экологй тоза сарф намекунанд, барои ҳамин ҳам мухолифат байни фаъолияти соҳибкорон ва ҳифзи муҳити зист афзун шуда истодааст, ки ин мухолифатро танҳо аз ҳисоби фаъолияти маркетингй соҳибкории, ширкатҳо дуруст ба роҳ мондан мумкин аст.

Фаъолияти маркетинги корхонаҳо бояд, барои қонеъ гардонидани талаботи бозор ва истеъмолкунандаи амиқ ба роҳ монда шавад ва дар як вақт сифат ва то истеъмолкунанда расонидан он таъмин карда шавад.

Тадқиқотҳои маркетингй бояд барои корхона баробарии воқеӣ, стратегй ва иқтисодиро таъмин намоянд. Технологияи коркарди стратегияи корхона ва ширкатҳо дар расми 149 нишон дода шудааст.

Расми 149. Технологияи коркарди сгратегияи корхона, ширкатҳо.

Баробари корхонаҳо, ширкатҳо дар рафти амалӣ гардонии етратегияи истифодабарии захираҳои табиӣ мумкин аст инҳо бошад: Бартарии стратегӣ:

  • дар байни омма нуфуз пайдо кардан;
  • истеҳсол кардани намудҳои нави маҳсулот;
  • афзун намудани маҳсулнокии меҳнатй;
  • бештар ҷалб намудани коргардон дар равандҳои ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани муносибатҳои меҳнатӣ;
  • баромадан ба бозори беруна;
  • иҷро намудани талаботҳои экологӣ;

а) Бартариҳои иқтисодӣ

  • сарфакорй намудан аз ҳисоби истифодаи ками энергия ва захираҳои дигар;
  • сарфакори намудан аз ҳисоби истифодабарй ва фурӯши маҳсулотҳои иловагй ва партовҳои истеҳсолй;
  • паст намудани арзиши захираҳо, ҷаримаҳо ва микдори ҷубронкунии зарарҳои экологй;

б) Баландшавии даромад

  • даромаднокии баланд аз ҳисоби фурӯши маҳсулотҳои «сабз» бо нархи гаронтар;
  • даромаднокии баланд аз ҳисоби маҳсулотҳои нав ва нишондодҳои пасти рақобат;
  • маҳсулотҳои наве, ки бозорҳои навро мекушоянд;
  • аз ҳисоби талаботи маҳсулотҳои муқаррарие, ки ба муҳити зист камтар зарар мерасонанд;

Ин усулҳоро бештар дар рафти техники ташхисй суст ва тавоной, имконият ва хатари корхона омӯхта, дар раванди тартиб додани бизнес- лоиҳа, ҳамчунин самтҳои экологиро ба назар мегиранд.

Дар рафти фурӯши маҳсулотҳои истеҳсолкардашуда кӯшиш кардан лозим, ки онҳоро дар вақташ ба бозор бароварда шаванд. Ҳамчунин барои ба нуқтаҳои савдо интиқол додани онҳо самтҳои экологиро ба эътибор гирифтан лозим аст.

Истифодаи усулҳои менеҷменти экологӣ дар корхонаҳо

Ҷараёнҳои истеҳсолии аз нуқтаи назари экологй бехата чунин талаботҳоро дар бар гиранд:

  • надоштани моддаҳои олудакунанда;
  • истеҳсоли кампартову бепартов;
  • бехатарй барои саломатии коргарон;
  • дараҷаи сарфи пасти энергия;
  • самаранок истифода бурдани захираҳо;

Ҳатто корхонаҳои ҳамаи ин талаботҳоро иҷро мекардаги ҳам барои муҳити зист пурра бехатар нестанд. Одатан ин бо он вобаста аст, ки дар корхона натиҷаҳои тадқиқотии мӯҳлати дуру дароз ба муҳити зист таъсир кардани партовҳоро надоранд.

Барои ин маҳз дар якҷояги амал намудани тамоми коллективи корхона имконият медиҳад, ки ин масъалаҳо ҳалли худро ёбанд:

таъмин намудани самаранокии – шӯъбаи истеҳсолй-техникй

истехсолот’ ва то дараҷаи минималй кам кардани олудакунандаҳо

  • ташкил намудани истеҳсолоти нав дар соҳаи иҷтимой ва табий
  • идораи лоиҳакашй – конструкторӣ

■ шуъбаи кадрҳо

  • лабораторияи технологй – истеҳсолй
  • таъмин намудани тозагй, бехатарй ва даромаднокии маҳсулот мувофиқ ба талаботи истеъмолкунандаҳо
  • ташкил намудани ҷараёнҳои нави маҳсулотй ва технологие, ки дараҷаи пасти олудакунй дошта, фоиданокй ва бехатарии оптималиро таъмин мекунад
  • таъмин намудани маводҳои барои коркарди такрорй ва ба муҳити зист зарари минималй расонанда

шӯъбаи таъминоти маводи техникй

– шӯъбаи молия

  • таъмин намудани андозаи хароҷотбарори оиди пешгирифтани олудашавй
  • муоинаи пешакии экологии лоиҳаҳо барои баҳо додани таъсири онҳо бо муҳити атроф

– идораи экологй

Ташкили самаранок ҳифз намудани муҳити зист дар кохонаҳо одатан чунин тартибро пешбини мекунад:

  1. Таъмин намудани роҳбари барномаи ҳифзи муҳити атроф яке аз аъзоёни роҳбарикунандаи ширкатро;
  2. Ҷудо намудани микдори муайяни одамон барои амалй гардонидани барномаи ҳифзи муҳити зист;
  3. Таъмин намудани ахборотҳои сари вақти ба роҳбарони олимақоми ширкатҳо оид ба ҳифзи муҳити зист;
  4. Ташкил намудани барномаҳо барои муайян кардан ва баҳо додани сарчашмаи олудакунанда ва дараҷаи хатар ба муҳити зист;
  5. Ташкил намудани системаи ахбори эколо.гие, ки дар тамоми зинаҳои идоракуни паҳн карда мешавад;
  6. Шиносоии роҳбарият ва коргарони қаторй бо масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди салоҳияти онҳо;
  7. Шинос намудани тамоми коргарони ширкат бо талаботҳои қонунҳои экологӣ;
  8. Баланд бардоштани тахассуси коргароне, ки бевосита барои амалй гардидани барномаи ҳифзи муҳити зист ҷавобгаранд;
  9. Таъмин намудани ҳамаи коргарон бо масъалаҳои муҳими ҳифзи муҳити атроф, талаботи қонунҳои экологй;
  10. Тайёр намудани системаи мувофиқ оиди натиҷаҳои мониторинги экологй, ҳуҷҷатҳо оиди бартараф кардани партовҳо ва ахборотҳои гуногуни экологй барои фаъолияти роҳбарони ҳифзи табиат.
  11. Қонуш узориҳои экологи

Қонунгузориҳои экологй яке аз асосҳои идоракунии қонунии идоракунии истифодабарии табиат ва ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб мераванд. Дар ин ҷо мо бештар ҳуҷҷатҳои асосии меъёрӣ – ҳуқуқие, ки барои таъмин намудани меъёрҳои таъин кардашудаи экологй, стандартизатсия, сертификатсия ва идоракунии итсифодаи захираҳои табиӣ ва таъмин намудани бехатарии экологй дахл доранд, таҳлил мекунем.

Асосҳои ҳукуқии меъёрҳои таъин кардашуда, стандартизатсия
ва сертификатсия оиди ҳифзи муҳити зист

Меъёрҳои таъин кардашуда ва стандартии экологй бояд, дар ҳудуди истифодабарии захираҳои табиӣ ва олудакунии муҳити атрофии табиӣ илман асоснок карда шуда вобаста аз манфиатҳои ҷамъиятӣ барои нигоҳ доштани хусусияти микдорӣ ва сифатии муҳити зист ба роҳ монда шавад.

Меъёрҳои таъин кардашудаи сифатии муҳити табиати зист аз рӯи фаъолияти сохторҳои давлатие, ки ҳадди ҳудуди таъсири одамонро ба мухити атроф муайян мекунанд ва мувофиқи талаботҳои қонунии ҳифзи муҳити зист амалӣ мешаванд. Меъёр ин ҳадди таъсири фаъолияти одамон ба муҳити зист мебошад. Таъсир бошад, ин фаъолияти антропогенй, яъне тагйирёбии табииётӣ, кимиёвӣ ва биологиро ба муҳити зист меноманд, ки ба саломати ва ҳаёти одамон хатар дошта, ба олами растаниҳо ва ҳайвонот, системаҳои экологй зарар мерасонад.

Меъёрҳои таъин кардашудаи сифатии муҳити табиати атроф (МТА) аз рӯи меъёрҳои системаҳои экологй ва стандартҳои пешбинишуда, ҳамчунин сохторҳое, ки ин меъёрҳоро кор карда баромаданду тасдиқ намудаанд, муайян мешаванд.

Меъёрҳои таъинкардашудаи сифатии МТА ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Санитарию-гигиенӣ – меъёри ҳадди имконпазирии дараҷаи ғилзатй (МҲИДҒ) моддаҳои зарарноки таъсири кимиёвӣ, биологӣ, табйиётӣ, ҳадди имконпазирии дараҷаи (ҲИД) таъсири радиатсия. Мақсади онҳо муайян кардани сифати нишондодҳои муҳити атроф ба саломатии инсон нисбат дода мешавад.

Истеҳсолию-хоҷагидорӣ – меъёрҳои партовҳо ва кам кардани моддаҳои заҳрнок (МҲП, МҲКК), яъне технологй, сохтмонй, қоидаи шаҳрсозие, ки ба талаботи экологй ҷавоб медиҳанд, мақсади асоси дар он аст, ки талаботҳои барои сарчашмаҳои таъсири зарарнокро муайян карда, пеши роҳи таъсири манфии онҳоро гирифтан зарур аст.

Омехта ё ки комплексй – меъёрҳое, ки аломатҳои гурӯҳи якум ва дуюмро дар бар мегирад. Меъёри ҳадди сарборй (МҲС) ба муҳити зист, меъёрҳои минтақаҳои ҳифзию санитарӣ ва гайра (ин андозаҳои таъсири антропогенй ба захираҳои табиӣ ё ки комплексҳои табийе, ки ба вайроншавии функсияи экологии онҳо намеорад).

Қонуни «Ҳифзи муҳити табиати атроф» – имконияти пурзӯр гардонидани меъёрҳои таъсири антропогениро аз рӯи хусусиятҳои икдимии табиӣ, арзиши баланди баъзе сарҳадҳоро пешбини мекунад (мамнӯгоҳҳои давлатӣ, боғҳои миллӣ ва габий, минтақаҳои истироҳатй ва рекреатсионӣ).

Қонуни «Санитарию-эпидемологии саломатии аҳолӣ» бошад, талаботи меъёрҳои санитарию – гигиенӣ дар ҳудуди ҳифзи муҳити зист муайян мекунад.

Меъёрҳои ҳадди имконпазирии таъсири радиатсияро ба муҳити зист, шуопошиҳои барқии магнитиро сохторҳои назоратии санитарию- эпидемиологи муайян мекунанд. Ҳамчунин ҳадди имконпазирии садо, гармй ва олудашавии обҳои шоридаи хоҷагии маишй ва маъданию маишй муайян карда шудааст, ки ҳатто дар моҳи аз ҳама гарм бояд аз 3°С баландтар набошад.

Меъёри истифодаи заҳрҳои кимиёвй (пестидсидҳо, гербидсидҳо, алгосидҳо ва г.) ва меъёри ҳадди имконпазирии истифодаи миқдори моддаҳои кимиёвӣ дар маҳсулотҳои ғизой ҳам дар қонуни «Оиди ҳифзи муҳити табиати атроф» нишон дода шудааст.

Дар ин қонун минтақаҳои ҳифзшаванда бахусус объектҳои обӣ, ҷангали ва гирду атрофи сарҳадҳои хосаи ҳифзшаванда ба қайд гирифта шудаанд.

Стандартизатсия (якхела, баробаркунонӣ). Дар ҳудуди ҳар як давлат ва байнидавлатҳо қонун «Оиди барқароркунй» амал мекунад, ки он меъёр, қоида ва таснифи (талаботи) фаъолиятро муайян мекунад:

  • бехатарии маҳсулот, кор, хизматрасонй барои муҳити зист, саломатй, ҳаёт ва амвол;
  • бехатарии объектҳои хоҷагидорӣ бо ҳисоби баамаломадани хатари табий, садамаҳои техногенӣ ва дигар ҳолатҳои фавкуллода;

Қонуни стандартҳоро ба давлатй, байналмиллалӣ соҳавӣ ва корхонавй ҷудо мекунанд. Стандарти давлатӣ барои маҳсулотҳо, кор ва хизматрасониҳое, ки мафҳуми байнисоҳавӣ доранд қабул карда мешаванд. Стандарти соҳавиро метавонанд сохторҳои идоракунандаи давлати дар ҳудуди фаъолияти худ коркарда қабул намоянд.

То имрӯз дар ҳудуди ташкилотҳои байналмилали 76% ва ДММ 45% стандартҳои давлатӣ ва байнидавлатиро қабул кардаанд.

Қонун оиди таъмин намудани пешгӯиҳои ҳифзи обу ҳавои муҳити атроф қабул карда шудааст, ки ин дар қонуни «Оиди таъмин намудани ченкунии ягона» навишта шудааст.

Асосҳои ҳуқуқии ӯхдадори ва ихтиёрии сертификатсия дар қонуни «Оиди сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонй» навишта шудааст. Яке аз намудҳои сертификатсия сифатӣ маҳсулот ва технологӣ ба ҳисоб меравад. Сертификатсияи экологии мувофиқат ин амалй «тарафи сеюм» ба ҳисоб меравад, ки аз рӯи талаботҳои экологй сертификатсияи мувофиқ пешниҳод мешавад.

Дар системаи сертификатсияи экологӣ чунин корхоро ба анҷом мерасонанд:

  • сертификатсияи ихтиёрии объектҳои муҳити зист, захираҳои табиӣ, партовҳои истеҳсолй ва истеъмолӣ, ҷараёнҳои технологй, маҳсулотҳои (корй ва хизматрасонӣ) барои таъмин намудани бехатарии экологй ва огоҳонидани зарар ба муҳити табиати атроф равона карда мешавад;
  • сертификатсияи ҳатмӣ (маҷбурй)-и бехатарии экологии истеҳсолии корхона ва ташкилотҳои соҳаи мудофиавии саноатие, ки технологияи зарарнокро истифода мекунанд, амалӣ гардонида мешавад.

Ҳуқуқи моликияти хусусӣ ва дигар ҳукуқҳо оид ба
захираҳои табиӣ

Системаи экологии ҳар як давлат дар қонунҳои кунунии онҳо аз нигоҳи ҳифзи муҳити зист дарҷ гардида, бехатарии экологиро таъмин менамояд, ки он дараҷаи якуми идоракунии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Қонуни объектҳои ҳифзи муҳити табиати зист: экосистемаҳои табий, қабати озонии атмосфера, замин ва бойгариҳои он, об, ҳавои атмосфера, ҷангал ва дигар растаниҳо, олами ҳайвонот, микроорганизмҳо, захираҳои генӣ, манзараҳои табий. мамнуъгоҳҳо, бошишгоҳҳо, боғҳои табиӣ ва миллӣ номбар мешаванд, ки ин дараҷаи дуюми идоракунии ҳуқуқй ба ҳисоб меравад.

Як қисми объектҳои табиӣи дар боло номбаршуда, яъне сарҳадҳои маҳаллй, объектҳои обй, қитъаҳои замин, қитъаҳои захираҳои ҷангал, минтақаҳои боигариҳои зеризаминй, қитъаҳои тунукобаи қитъавй ва ғ., сисгемаҳои экологии асоси ва объектҳои барои ҳукуқи моликияти шахсй ба ҳисоб рафта, матлаби омӯзиш дар оянда ба ҳисоб мераванд, ки ин дараҷаи сеюми идоракунии ҳуқуқӣ мебошад.

Аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хок, замин, ҳаво, бойгариҳои зеризаминй, об, ҷангалзорҳо, олами растанй ва ҳайвонот бо қонунҳои аз тарафи давлат қабулкардашуда ҳифз карда шуда, истифода бурда. мешаванд (қонунҳои дахлдор).

test

Добавить комментарий