Рушду ташаккули ҳар қавму миллат дар партови Истиқлолияти он  ба даст меояд

 

Воқеан Истиқлолият аз арзишмандтарин неъматҳои Худовандист, ки ба даст овардану ҳифз кардани он чун гавҳараки чашм орзу ва вазифаи ҳар як фарди инсондусту Ватанпарвар дар тӯли таърих буда ва мебошад.

Имрӯз дар ҷаҳони муосир мо шоҳиди онем, ки миллату қавмиятҳои зиёди вуҷуд доранд, ки барои ба даст овардани ин неъмати арзишманд—Истиқлолият солиёни дароз мубориза мебаранд то онро ба даст оваранд, вале ҳануз ҳам муваффақ намешаванд.

Хушбаштона мо—тоҷикон бо ба даст овардани Истиқлолият дар тули на он қадар дарози 25—сол ба мувафақияту пешравиҳои бузурге ноил гардидем, ки ин боиси рушду ташаккули сатҳи зиндагии мардум  ва кишвари азизамон Тоҷикистон гардид. Бояд гуфт, ки рушду ташаккули ҳар қавму миллат марбут ба Истиқлолияти он аст, пас барои ҳар як фарди ба ору номус зарур аст, ки барои ҳифзу нигаҳбонии он камари ҳиммат бубандад, ки то он бо макру ҳиллаи муғризонаи душманони доҳиливу хориҷи аз байн наравад.

Истиқлолияти мо-тоҷикон дар муддати 25—сол барои ин миллати илм дӯсту фарҳангпарвар бо роҳбариву тавсияҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои бузургеро чи дар соҳаи илм ва чи дар соҳаи иқтисод ба армуғон овард.

Боиси таассуф аст,ки дар давоми 70 соли Шӯравии собиқ, бисёр арзишҳо ва суннатхои қадимаи мо точикон аз миён мерафтанд ва касе қудрати ҳифз ва нигахбонии онро надошт.Ҳамчунин ду шаҳри бостониву қадимаи мо Самарқанду Бухоро, ки он ҳуҷҷати равшане барои исботи таъриху тамаддуни беш аз чанд  ҳазор солаи  ин миллат махсуб меёфт барои хамешаги аз даст рафт, вале то ҳанӯз мухаббати хдро дар қалби хар як фарзанди бо ору номуси точик гузошт.

Боиси ифтихор аст,ки бо ба даст овардани Истиқлолият мардуми тоҷик тавонист суннатҳои арзишманди аз байн рафтаи худро дубора эҳё намуда,оноро ба  унвони волотаррин арзишҳои инсонӣ барои ҷахониён муаррифи намуд. Бояд кайд намуд ки хамаи ин ҷон нисориҳо барои эҳёи ин давлату миллат бо такя бо панду надарзҳои ниёгони оламшумули мо сурат гирифтааст. Чунончӣ: Орифу мутафаккири адабиёти классикии форсу тоҷик,Мавлоно Ҷалолиддин Мухаммади Балхӣ дар асари худ “Маснавии маънавӣ” фармудааст:

Ҳар касе к-у дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Дар даврони сохибистиклолии кишвар, хукумати Точикистон ҷахду кӯшишҳои зиёдеро дар ростои илму маориф равона намуда, дар ин замина ба муваффқиятхои бузурге ноил гардид.

Агар мо замони сохибистиклолии кишварро мархилаи нави эҳёи  тоҷик ва таъриху тамаддуни арзишманди у муаррифи намоём хато намекунем.Зеро мардуми тоҷик дар ин даврон аз нигоҳи нав рӯ ба суннатҳои аҷдодии аз байнрафтаи худ оварда зиндагии озодонаеро дар партави ин арзишхои одамсозу оламсоз ба роҳ мондаанд.

Ҳамасола дар саросари кишвар мардуми озодаи тоҷик бо як руҳияи баланд расму оинҳо ва ҷашну мросимҳои миллиро ,ки тули ҳазор солаҳо аз байни обу оташ ва ва тиру камони муғризонаи душман то ба замони мо омада расидаанд, онро ҳифз намуда дар якчоягӣ байни ақвоми мухталиф ҷашн мегиранд.

Бояд зикр намуд,ки бо кӯшишу заҳамоти  ҳукумати кишвар оини қадимаи миллии Ориёиён  “ Наврӯзи Аҷам”  дубора эҳё гашта, он аз тарафи созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони  миллали муттаҳид ЮНЕСКО қабул гардида, мимбаъд дар саросари кишварҳои дунё ба унвони иди ҷаҳонӣ пазируфта шуда, хамасола бо як сатҳи баланд чашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин ҳукумат дар ин давра таваҷҷӯҳи махсусе дар самти рушди илму маъориф намуда, дар ин замина ба  муваффақиятҳои  бузурге ноил гардид. Маврид ба ёдоварист, ки дар замони Шӯравӣ адибону донишмандони адабиёти классикии форсу  тоҷик , амсоли  “ Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ- “Илохинома”, Хоҷа Абӯсаиди Абулхайр- “ Асрор –ут-тавҳид фи маноқиби шайх Абӯсаид”, Шайх Фаридаддуни Аттор- “ Тазкират-ул –авлиё”, Хаким Саноии Ғазнавӣ – “ Хадиқат –ул – ҳакиқат ва шариъат –ут- тарикат” Боязиди Бастомӣ, Баховуддин Валад –“ Маъориф” Мавлоно Ҷалолиддин Мухаммади Балхӣ “ Маснавии маънавӣ”   ва дигарон, ки дар ашъорашон мазомини ирфонӣ ба сурати ошкор ба назар мерасид, бидуни таҳриф ва тағири маъно имкони ба барномаҳои дарсӣ-таълимӣ чи дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва чи дар дар  донишгоҳҳои олӣ ворид гардиданро надоштанд.

Бо ба даст омадани Истиклолияти деринтизор ба тадрич ин монеъаҳо аз байн рафтанд ва рӯзгору осори ин шахсиятҳои вораста  дар китобҳои дарсӣ ҷой дода шуданд. Рузгор ва осори Мавлоно барои аввалин бор соли 1987 дар ҳаҷми ду соат дар мактаби миёна ворид гардид. Дар давраи соҳибистиклолии кишварамон мо бештар ба гузаштаи пурифтихор ва чеҳраҳои баргузидаи илму фарханги хеш рӯи ниёз овардем , то ба онҳо аз дидгоҳи нав бо назардошти манфиатҳои имрӯзи миллату сарзамин бингарем ва бо хираду маърифати ниёгон барои маънидоди воқеияти ҷаҳони муосир пурсамар истифода намоем.

Ҳамчунин хамасола дар кишвар рӯзи таваллуди ин бузургони илму адаби форсу тоҷик бо иштироки донишмандону файласуфони маъруфи дохиливу хоричӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад, ва ҳамвора осори арзишмандашон мавриди омузишу пажӯҳиши олимону донишмандон қарор мегирад.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2007 ниҳоди фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид-ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабонро дар хусуси таҷлили 800- умин солгарди мавлуди Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади  Балхӣ пазируфт.

Инчунин дар кишвар солт 2016 таҷлили 600-умин солгарди зодрузи шоиру мутафаккири адабиёти клоссикии форсу тоҷик Мавлоно Абдуррахмони Ҷомӣ ҷашн гирифта шуд, ки дар ин ҷамъомад хазорон донишмандону файласуфони дохиливу хориҷи иштирок намуда, роҷе ба осори ин нобиғаи оламгир маърузаҳои илмӣ намуда, ҳазорон рисолаву мақолаҳои илмӣ ба нашр расониданд, ки ин ҳам бошад барои рушду инкишофи соҳаи адабиёт аз манфиат холи нест.

Ва бо ибтикори Асосгузори сулху вахдати миллӣ- пешвои миллат, мухтарам Эмомали Раҳмон соли 2009 соли таҷлили 1310 солагии фарзанди баруманди миллати тоҷик, асосгузори фиқҳи исломӣ Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) эълон гардид. Дар ин симпозюми бо шукӯҳ ки бо иштироки ҳазорон донишмандону муҳаққиқони  маъруфи дунё сурат гирифт, Пешвои миллат дар баромади худ чунин ибрози андеша намуданд:

“–Маҳз мазҳаби илҳомбахшу башардӯстонаи Имоми Аъзам Абӯҳанифаи тоҷик,ҳадисҳои саҳеҳи Имом Бухорӣ, Тафсири мукаммали Табарӣ, тадбирҳои худоҷӯёна ва ҳикмату фалсафаи Имоми Ғаззолӣ ва даҳҳо шахсиятҳои тавонои миллати мо ба дини Ислом руҳи фарҳанги аҷамро дамида, асолати башардӯстонаи тамаддуни моро нигоҳ доштаанд”

Бояд тазаккур дод, ки бо дастуру супоришҳои президенти кишвар он ҳама осори илмию адабие, ки донишмандони оламшумули халқи форсу тоҷик дар тӯли ҳазор солаҳо эҷод карда буданд, онҳоро аз хатти форсии арабӣ асос ва баъзе дигарро аз забони арабӣ ба забони ноби тоҷикӣ тарҷума ва баргардон намуда онро пешкаши хонандагон гардониданд.

Ҳамчунин барои аввалин бор бо дастури эшон китоби муқаддаси “ Қуръони Карим” , “ Ҷомеъус саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “ Таърихур русул вал мулук”-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, “Кимиёи Саъодат”-и Имом Ғаззолӣ, “ Равзат- ус-сафо фи сиратил Анбиёи вал мулуки вал хулафо”-и Мирхонд ва даҳҳо китобҳои нодири илмию ахлоқӣ тарҷума ва нашр гардиданд, ки ин      амали наҷиб барои рушди илму фарҳанги кишвар саҳми арзандаи худро гузошт.

Бояд гуфт ки ин ҳама амалҳои шоиста ва қобили ситоиш дар партави сулҳу амният ва Истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистони офтобӣ ба даст омадааст.

(Мақолаи докторанти соли аввали таҳсил Саидғӯфронов Сайиднуъмон)

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.