Мафхумхои асосии экология

  1. Моҳияти  материяи  зинда.

Маълумоти илмии муосири экологияи( биология ) эволютсионӣ собит менамояд, ки ҳаёт дар рӯи Замин беш аз 3 млрд сол вуҷуд дорад. Ҷонибдорони креасионизм ё фарзияҳои  офариниши дунё ва инсон аз ҷониби Офаридгор тасдиқ менамоянд, ки ҳаёт дар рӯи Замин якчанд ҳазор сол вуҷуд дорад. Тибқи тадқиқоти палеонтологҳо хусусияти организмҳои зинда чи дар давраҳои гузашта, чи дар замони ҳозира доимо иваз мешаванд. Масалаи, раванди пайдоиши одам аз аҷдоди умумӣ бо маймунҳои одамшакли ҳозира  бо тамоми ҷузъиёташ мушоҳида шудааст. Археологҳо шакли гузариши байни инсон ва маймунҳои одамшаклро асоснок карда пешниҳод намудаанд: натиҷаи таҳлили ДНК-и ҳайвоноти ҳозира ва азбайн рафта  нишон медиҳад, ки ҳамаи организмҳои зинда бо ҳам  алоқаи  ирсӣ доронд.

Материяи зинда дар рӯи Замин дар шакли системаи кушода ва  худ идоракуни  қолаб мегирад, ки аз биополимерҳо- сафеда ва тезобҳои нуклеини иборат аст. Он якчанд аломат ва хусусият дорад, ки асосиашон инҳоанд:

  1. Ташкилоти ҳуҷайравӣ;
  2. Мубодилаи моддаҳо, ки гемосинтези организм, худбарқароркунӣ ва нигоҳдории тағйирнонпазири муҳити дохили он.

               Организмҳои зинда қобилияти ҳаракат, ангезандагӣ, афзоиш, инкишоф, мунтазамӣ, зиёдшавӣ ва ирсият инчунин,мутобиқшавиро доранд. Ғайр аз ин, онҳо таркиби химиёвии худ ва шидатнокии равандҳои мубодилавиро доимо нигоҳ медоранд.

Материяи зинда низ мисли табиати ғайризинда аз элементҳои химиёви ( карбон, оксиген, азот ва гидроген ) иборат аст.

               Дар робита бо муҳити атроф материяи зинда ҳмчун системаи яклухт мебошад, аз рӯи қонунҳои умумӣ ташкил шудааст ва ҳар кадом системаи биологӣ  аз элементҳои алоҳида, вале бо ҳам алоқаманд иборат аст

            Дар раванди мубодилаи моддаҳо ё метаболизм дар организмҳои зинда реаксияҳоихимиёвии  зиёд ба амал меоянд, ки барои ҳосил намудани моддаҳои зарурӣ ва таъмини энергия (қувва) равона шуданнд . Яке аз реаксияҳои асосӣ фотосинтез , Яъне пайдоиши пайвастагиҳои узвӣ азпайвастагиҳои ғайриузвӣ аз ҳисоби қувваи нур мебошад. Ғайр аз фотосинтез равандҳои синтезпайвастагиҳои узвӣ аз пайвастагиҳои ғайриузвӣ аз ҳисоби энергияи химиявии туршавии модаҳои ғайриузвӣ –кибрит,гидроген, сулфид,оҳан, аммиак,нитритҳо ва ғайра ба вуқӯъ меоянд хемосинтез номида мешавад.

Равандҳои мубодилавӣ дар тӯли  умри ҳар як организм ҷорӣ мешаванд; ин равандро онтагенез меноманд ва он дигаргуниҳои морфологӣ,физиологӣ ва биохимиявиро дар бар мегирад. Онтагенез сабзиши организ ё зиндашавии вазну андозҳои ҷисм, дифференсия ё пайдоиши фарқияти байни ҳуҷайраҳова бофтаҳоро дарбар мегирад.

Онтогенези муосири организмҳо дар муддати тӯлонии раванди рушди таърихӣ-филогенез ташаккул ёфтааст. Барои мақсадҳои экология таҷдиди дигаргунихои эволютсионии ҳайвонот, растаниҳо ва микроорганизмҳо, ки мавриди омӯзиши фанни филогенетика мебошад, зарур мебошад. Робитаи байни инкишофи организми зинда дар шакли таърихи-эволютсионӣ ва инкишофи фардии организмро Э.Геккель қонуни биогенетикӣ номидааст: онтогенези ҳар як организм такроршавии мухтасар ва фишурдаи намуди мазкур мебошад, яъне фард дар раванди инкишофаш рушди таърихии намуди худро ба таври мухтасар такрор менамоед.

Сатҳи асосии ташаккули ҳаёт дар рӯи Замин ирс,ҳуҷайра, узв, организм, популятсия ва биосеноз ҳисоб мешаванд. Аз биополимерҳо сар карда то биосфера, ҳамаи мавҷудоти зинда дар тобеият қарор дорад.

Сохти ташкили материяи зинда дар сатҳи молекулярӣ, ҳуҷайравӣ, бофтавӣ, узвӣ, организмӣ, популятсионӣ ва биосферӣ ба амал меояд. Ҳуҷайра сохти оддитарини организми зинда буда, мустақилона фаъолият менамояд. Бофта– пайвастагии ҳуҷайраҳои якхела ва моддаҳои байниҳуҷайравӣ мебошад. Узв – қисми организми серҳуҷайра мебошад ва вазифаҳои муайянро иҷро менамояд.

Организм –  махлуқи зинда мебошад ва чун системаи яклухт бо муҳити атроф робита дошта, намуди биологӣ ҳисоб мешавад.

Намудҳои биологӣ аз ҷинсҳои ба ҳам монанду вале фарққунанда иборат буда, бо фонди

ирсии ягона муттаҳид шудааст.Популятсия – ҷамъи ҷинсҳои якхела мебошад, ки қобилияти худтаҷдидкуниро дар фаза ва вақти ҷудогона дорад.Биосеноз– ё экосистема намудҳои гуногуни микроорганизмҳо, наботот ва ҳайвонот мебошанд, ки дар минтақаи муайяни популятсия дар якҷоягӣ маскан доранд. Биосфера – қишри Замин бо материяи зинда мебошад.

Хусусияти ҳар як марҳилаи алоҳидаи ҳаёт мураккабтар ва гуногун мебошад. Вале хусусияти ҳар як марҳилаи биологии ҳаётро пешгӯкардан мумкин нест. Масалан, хусусияти обро аз рӯи хусусияти оксиген ва гидроген пешгӯӣ карда намешавад. Ин зуҳурот эмерҷентнокӣ номида мешавад.

2.Системанокии экология.

Ҳамаи организмҳои зиндаи рӯи Замин системаҳои кушода мебошанд, ки аз воридшавии моддаҳо ва қувваи беруна вобастагӣ дорад. Моддаҳои кимиёвиӣ барои сохтаниҷисм, қувва ( энергия ) барои амалӣ шудани равандҳои фаъолияти ҳаёт зарурат доранд. Дар раванди метаболизм аксуламали моддаҳои мураккаб ба моддаҳои оддӣ ва раҳоӣ ёфтани қувва-катаболизм, инчунин синтези моддаҳои мураккаб ба модаҳои оддитар ва сарфи қувваи еруна – анаболизм ба амал меоянд. Барои таснифи экосистема робитаҳои трофики, яъне муносибатҳои ғизоии организмҳо истифода мешаванд. Аз рӯи манбаи истифодабаранда орнанизмҳо ба фототрофҳо, ки ҳангоми фотосинтез қувваи нурро истифода мекунанд ва химотрофҳо, ки кувваи оксидшавии модаҳои химиявиро истифода мебаранд, тақсим мешаванд. Аз рӯи манбаи карбони истеъмолшаванда организмҳо ба афтотрофҳо, ки карбони  ғайриузвиро (СО2)  истифода мебаранд ва гетеротрофҳо, ки манбаҳои карбони узвиро истифода мекунанд, тақсим мешаванд.Организмҳои автотрофи барои мавҷудияти худ манбаҳои ғайриузвиро истифода мекунанд. Ба ин гурӯҳ растаниҳои фотосинтезкунандаи сабзи хушкӣ ва муҳити обӣ.обсабзҳои кабуди сабзча, баъзе бактерияҳои хемосинтезкунанда ва ғайра дохил мешаванд.Бактерияҳои гетеротрофӣ  танҳо моддаҳои тайёри узвиро истеъмол менамоянд.Ба ин гурӯҳ ҳамаи ҳайвонот,инсон , замбӯруғҳо ва ғайра ворид мешаванд. Гетеротофҳое. ки узвӣ мурдаро истемол мекунанд, сапротрофҳо (масалан,замбӯруғҳо) ва гетеротрофҳое, ки дар организмҳои зинда аз ҳисоби бофтаҳои зинда  инкишоф меёбанд, паразитҳо ( маслан, канаҳо) ном гифтаанд. Азбаски организмҳо азт рӯи шаклу намуди ғизогирӣ гуногунанд, байни худ муносибатҳои трофики муруккаб доранд: продусентҳо маҳсулотро ҳосил менамоянд, консументҳо истеъмол менамоянд, редусентҳо онро ба шакли ғайриузви табдил медиҳанд. Продусентҳо растаниҳои-сабзи рӯизаминӣ, обсабзҳоии микроскопии баҳрӣ ва оби ширин мебошанд, ки азь пайвастагиҳои ғайриузвии модаҳои узвӣ ҳосил мекунанд ва онҳоро организмҳои боқимонда истеъмол менамоянд.Консументҳо -истеъмолкунандагони модаҳои узвӣ мебошанд:ҳай вонотҳои гӯштхӯр, ки гӯшти дигар ҳайвонотҳоро мехӯранд ; ҳарчи хӯранда, ки ҳам ину ҳам онро истеъмол менамоянд (масалан, инсон, хирс).Редусентҳо-моддаҳоро азорганизмҳои мурда рафта ба табиати ғайризинда бармегардонанд ва организмро ба элементҳо ва пайвстагиҳои ғайриузвӣ-СО2,NО32О ва ғайра ҷудо мекунанд. Элементҳои биогенӣ ба хок ё об баргашта, гардиши моддаҳоро дар табиат анҷом меҳанд. Редусентҳо асосан микроорганизмҳо ва забӯруғҳо мебошанд. Онҳоро аксар микроконсументҳо низ мегуянд. Дар иртибот бо оксигени озод организмҳо бо аэробҳо , анаэробҳо ва факултативҳо ҷудо мешавнд. Аэробҳо -организмҳое мебошанд, ки дар муҳити оксигенӣ зиндагӣ мекунанд (масалан, ҳайвонот, растаниҳо, баъзе бактерияҳо ва замбӯруғҳо). Анаэробҳо-организмҳое мебошанд, ки  дар муҳити беоксиген инкишоф меёбанд (маслан, баъзе бактерияҳо). Факултативҳо– организмҳое мебошанд , ҳам дар муҳити оксигендор ва беоксиген инкишоф ёфта метавонанд (замбуруғҳо, бактерияҳо). Муҳити зист он қисмати муҳити табии заминӣ мебошад,ки дар он фаолияти зисти организмҳо ба вуҷуд омдааст ва ба он таъсири муайян мерасонад. Организмҳои зинда дар рӯиЗамин муҳити обӣ, рӯизаминӣ—ҳавоӣ,хокӣ ва организмро дар бар намудаанд. Хусусиятҳои муҳит доим иваз мешаванд ва аз ҳамаи мавҷудот ба ин динаргуниҳо мутобиқ мешаванд. Организмҳо  таъсири муҳитро ба воситаи омилҳои экологӣ қабул менамоянд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.