Омилхои экологи

1.Таснифи омилҳои экологӣ.

Омилҳои экологӣ шароит ва унсурҳои муайяни муҳит. ки ба организм таъсири махсус мерасонанд. Омилҳои экологӣ ба се гурӯҳ—абиотикӣ, биотикӣ ва антропогенӣ ҷудо мешаванд.

Омилҳои абиотикӣ қисматҳои табиати ғайри зинда таъсир мебошанд, ки ба ҳайёт ва паҳншавии организми зинда таъсир мерасонад. Онҳо физикӣ,химиявӣ ва эдофики мешавнд. Ба омилҳои физикӣ ҳарорати ҳаво, об, хок, суръати бод, рутубатнокии ҳаво. хок ва ғайра мансуб мебошанд. Омилҳои химиявӣ бо таркиби химиявии муҳит, масалан, шӯрии об, мавҷудияти оксиген ва ғайра муаян мешавад. Омилҳо эдафикӣ ё хокӣ омезиши хусусиятҳои химиявӣ, физикӣ ва механики хок ва ҷинсҳои кӯҳи буда, ба организмҳое, ки дар ое зиндагӣ мекунанд ва ба системаирешаи растаниҳо таъсир мерасонад. Омилҳои биотикӣ-таъсири фаолияти зисти як организм ба организми дигар, инчунин ба муҳити ғайризиндаи зист дар якҷоягӣ мебошад. Масалан, дар як ҷангал зери амбӯҳи растаниҳо микроиқлим ё микромуҳити маҳсус пайдо мешавад,ки дар муқоса бо ҷойҳои ялангӣ реҷаи хароративу рутубатнокии худ ба вуҷуд меояд: дар фасли зимистон ин ҷо нисбатан гармтар, дар фасли тобистон нисбатан салқинтар ва намноктар мебошад.

Омилҳои антропогенӣ дар натиҷаи фаолияти инсон ба амл меояд, ки онҳо ба организми зинда бевосита таъсири худро мерасонанд ё дар натиҷаи шикор, ифлоскунии муҳити атроф , эрозияи хок ва ғайра муҳитро дигаргун месозанд. Дар ин ҳолат омилҳои техногениро низ қайд намудан ба маврид , ки онҳо ба истифодабарии системаи техникӣ дар фаолияти хоҷагидории инсон алоқаманданд.

Қонунҳои умумии таъсири омилҳои муҳит ба организмҳо

Омилҳои экологӣ ба организми зинда таъсири маҳдудкунандагӣ. Ангезандагӣ, модификатсионӣ ва ишоратӣ мерасонанд. Таъсири махдудкунандагӣ мавҷудияти организмҳоро дар шароитҳои мазкури муҳити зист номумкин месозад. Таъсири ангезандагӣ барои мутобиқати организмҳо ба муҳити зист мусоидат менамояд. Таъсири модификатсионӣба дигаргуниҳои морфологӣ ва анатомии организм оварда мерасонад. Таъсири ишоратӣ бо пайдо маълумот дар бораи дигаргуниҳои омилҳои муҳит зист алоқаманд аст. Омилҳои экологӣ дар якҷоягӣ таъсири худро мерасонанд. Омилҳои муштарак, ки ба фаъолияти зистиорганизмҳо таъсир мерасонанд, шароити зист номида мешавад. Дар ҳолати афзоиш наёфтан, сухан дар бораи мавҷудият меравад.

Доираи таъсири ҳар омили экологӣ ба минтақаҳои оптимум. Пессимум,ситам ва ҳудудудҳои тобоварии организмҳо ҷудо мешавад. Дар минтақаи оптимум фаъолияти зисти онҳо зиёд, дар минтақаи пессимум мазлум мебошанд. Берун аз ҳудуди тобоварӣ вуҷуд доштани организмҳо номумкин аст. Қобилияти аз сар гузаронидани ҳар гуна лаппишҳои таъсироти омилҳои экологиро валентнокии экологӣ (толорантӣ, тобоварӣ, мавзунӣ) меноманд. Намудҳое, ки минтақаи васеи толерантнокӣ доранд, эврибионтӣ, минтақаи танг-стенобионтӣ номида мешаванд.

Тавсифи омилҳои асосии экологӣ.

Омилҳои маҳдудкунанда.

     Омилҳои экологие, ки шуморанокии он берун аз ҳудуди тобоварии намуд мебарояд, омили маҳдудкунанда мебошад. Ин омил паҳншавии намудҳоро маҳдуд месозад.  Омилҳои маҳдудкунандаи экологӣ инкишофи организмҳоро бо сабаби норасоӣ ё барзиёдии моддаҳоро маҳдуд мекунад. Моҳияти таъсири омилҳои экологӣ дар шароити муайян метавонад дигаргун шавад.

Олими олмонӣ Ю. Либих қонуни ҳадди аққал ҷорӣ намудааст: ҳосил (маҳсулот) аз  омиле , ки дар ҳадди аққал аст, вобастигӣ дорад. Аммо ин қонун таъсири маҳдуд дорад, зеро ҳосил аз таасури ҳамаи омилҳои зисти растани-ҳарорат, намнокӣ, рӯшнои ва ғайра вобаста аст.

Гарчанде омилҳо ба ҳамдигар тасир мерасонанд, вале якдигарро иваз карда наметавонанд,ки ин дар қонуни мустақилии омилҳои В.Р.Вилямс инъикос ёфтааст: шароити зист якхела аст, бинобар ин ягон омили ҳайёт якдигарро иваз карда наметавонад. Масалан, таъсири нами об ё ҳаворо бо таъсири гази ангидриди карбон ё нури офтоб иваз намудан номумкин аст.

    Таъсири омилхои экологиро ба организм қонуни толеронтнокии В. Шелфорд пурратар инъикос менамояд: вусъат наёфтан бо норасои ё барзиёди  омилҳо аниқ  мешавад ва сатҳу дараҷаи он ба ҳудудҳое наздик мешавад, ки организм ба он тобовар бошад. Диапазони толерантнокии организм доимо якранг намеистад.

Адаптатсиямутобиқати организм ба муҳити зисти он буда, зери таъсири се омили асосидигаргуншави, ирсият ва интихоби табии инкишоф меёбад. Сарчамаи адаптатсия  дигаргуншавии, ирси дар организм, яъне мутатсия,  ки бо таъсири омилхои табии ва сунъи ба амал меояд, хисоб мешавад.  Мутатсияҳо гуногунанд ва чамъшавии онҳо ба ҳодисаҳои дезинтегратсиони оварда мерасонад.  Дар марҳилаи инкишофи таърихиву эволютсиони ба организм омилои абиотикӣ ва биотики дар маҷмуъ таъсир мерасонанд.

Ба ақидаи олимон, зодгоҳи аҷдодии  инсон   Африко,   Ҳабашистон ва Кения ҳисоб мешавад.   Дар замонҳои қадим дар ин минтақа амалиёти фаъоли вулканҳо мушоҳида мешуд, ки радиактивияти аксари ҷинсҳо зиёд буд.  Тахмин ҳаст, ки дар натиҷаи мутатсияи маймунҳои муҳими ин ҷо одами бошуур (Ното sapiens) пайдо шудааст.  Пас аз пажухишхои палеантропологи дар  Ҳабашистон (Эфиопия)  косаи сари  гоминитро ёфтанд,  ки  250 – 500 хазор сол пеш зиндаги кардааст.  Ин бозёфт дар силсилаи эволютсия байни Ното  (одаме,  ки бо комати рост мегардад) ва   Ното sapiens  «мавкеъи пурркунанда ба ҳисоб меравад ва ба пайдоишу эвалютсияи инсон равшани меандозад.

      Ҳарорати муҳити атроф ба ҳарорати организҳо таъсир мерасонад ва суръати ҳамаи реаксияҳои метаболизмро муайн месозад.  Ҳарорати бадани аксари ҳайвонхо  (ҷонварони дубаҳра, хазандаҳо, ҳашарот)  бо ивазшавии ҳарорати муҳити атроф дигар мешавад.  Ҳарорати бадани қисми  ками чонварон ширхурҳо- 36- 370Спаррандаҳо- 400С  иваз намешавад. Дигаргуншавии   ҳарорат   барои    растаниҳо аҳамияти калон дорад: хангоми то 100С     баланд шудани  харорати шиддатнокии фотосинтез  ду маротиба зиёд мешавад, дар ҳарорати  30-350Сшиддатнокиаш  кам мешавад, дар ҳарорати 40-450С       фотосинтез  катъ  мешавад.

       Ҳамаи  мавҷудоти зинда дар ҳарорати 0 ва+500С     зиндаги мекунанд, ҳадди болои  ҳайёт + (120-140)0С ҳадди поёни ҳайёт   -(190   -273)0С        мебошад.  Организмхое,  ки  дар ҳарорати паст  зиндаги мекунанд,  криофил ва дар баланд    термофил   номида мешаванд.    

    Барои таъмин   намудани    реҷаи   гарми   организмҳои     манбаи  берунаи   қувваи   гарми   қувваи  Офтобу   Замин   ё    гармии  бо  мубодилаи моддаҳо  хориҷшавандаро   метавонанд   истифода   намоянд.    Термрегулятсияи   организмҳои     химиёвӣ,   физикӣ ва   экалогӣ  мешаванд.    Терморегулятсияи    химиёвӣ  аз  ҳисоби  дигаршавии  шиддатнокии   метаболизм,  терморегулятсияи   физикӣ бо  дигаргуншавии   зиёдшавии   гармдиҳи   ва   терморегулятсияи    этологӣ  бо  роҳи канораҷуи   аз  ҳарорати  номусоид ба амал  меоянд. Нури офтоб барои организмҳо аҳамияти калон  дорад, чунки он сарчашмаи асосии қувваи ҳайёт дар рӯи Замин мебошад. Аз рӯи хусусияти биолгӣ нури офтоб ултрабунафш, намоён ва инфрасурх аст. Дар раванди фотосинтез танҳояк қисми спектри нур дар ҳудуди аз 380-то 760 нм, ки онро доираи радиатсияи фаъоли физиологи меноманд, иштирок менамоянд. Дар  дохили  он барои фотосинтез нури сурху норинҷӣ (600- 700 нм), бунафши кабуд (400- 500 нм)  ва зарди сабзча (500- 600 нм)  дорад.

      Инкишофи  табиати  зинда  дар  мавсимҳои сол мутобиқан бо қонуни биоиқлимии Хопкинс ба амал  меояд: мӯҳлати воридшавии зуҳуроти ( фенодат ) гуногуни мавсимӣ ба арзу  тӯл ва баландии маҳал  аз  сатҳи баҳр вобастааст: чӣ қадаре,  ки  ба  шимолу  шарқ  маҳал наздик  ва  баландтар  ҷоӣгир  бошад, ҳамон қадар  ба он  маҳал  баҳор  дертар  ва  тирамоҳ  тезтар  меояд.

  Об-  қисми  зарурии  фоооотосинтез  ва  протоплазмаи  ҳуҷайра  мебошад.  Он  дар  организм  ҷоришаии  реаксияи  мубодилаи  моддаҳоро таъмин  менамояд  ва  омили  маҳдудкунандаи  организмҳои  рӯизаминӣ  ва  обӣ  мебошад.  Дар  ҳуҷайраҳои аксари  организмҳо  беш  аз  70%  об  мебошад.  Дар  муҳити  рӯизаминиву  ҳавоӣ  омили  обӣ,  хусусияти  хушккунӣ  ва  майдони  дастрасшавандаи  захираи  обӣ  муайян мешавад.

   Миқдори  боришоти  атмосфериро  шароити  физикиву  ҷуғрофи  муайян  менамояд.  Омили  муҳими  маҳдудкунанда  барои  организмҳо   тақсимоти   боришот  аз  рӯи  мавсими  сол  ҳисобида  мешавад.  Дар  минтақаҳои   тропикӣ  организмҳо  мавсимҳои   намнок  ва  хушкро  аз  сар  мегузаронанд, ки   фаолияти   мавсимии   онҳоро  дар    ҳарорати  доимӣ  ба  меъёр   меорад.

      Рутубатнокии    муҳити  ҳаво  бо  нишондоди   рутубати  нисбӣ  муайян  мешавад.

     Хусусияти   хушккунандадагии    ҳаво барои  растаниҳо  аҳмияти  калон  дорад.    Бештари   растаниҳо   обро  бо  системаи   решагӣ  ҷуббида   мегиранд.   Хушкшавии   хок   ҷаббишро   душвор  менамояд.   Растаниҳо  вобаста  ба  усулҳои    мутобиқат  ба   намнокӣ   ба    гидатофитҳо –  растаниҳои  обӣ  ;   гидрофитҳо –  растаниҳои  рӯизаминиву  обӣ ;  гигрофитҳо  бо  растаниҳои  рӯизаминӣ,  ки  дар  ҷойҳои сернаму   рутубатнок  мерӯянд;  мезофитҳо –  растаниҳое,  ки   ба  андак  хушкӣ   тобоваранд;  ксерофитҳо-  растаниҳои   даштҳои  хушк   ва   биёбонҳо,  ки  дар  баргу  поя  намиро  нигоҳ  медоранд.   Ҷонварон  аз  рӯи  эҳтиёҷашон  ба  об  ба  чунин  гурӯҳҳои  экологӣ,  ба мисли  гигрофилҳо  (намидӯстдор),  ксерофилҳо  (хушкидӯстдор)  ва  мезофилҳо   (гурӯҳи  васатӣ)  ҷудо  мешаванд.

      Дастрас   будани  захираи об  барои  системаи  решагии  растаниҳо   аз  миқдори   боришот  ва  ковокии  қишри  хок  вобаста  аст.    Ага  қишри   болоии   замин   ковоку  обгузар   бошад,  он   гоҳ  дар  ҳолати  бисёр   будани   боришот   ҳам  об   ба  дарун  меравад  ва  сатҳи   болоии  хок   хушк  мемонад.   Дар  ин  ҳолат  заминро   бо  ёрии   сиситемаи   ирригатсионӣ   обёрӣ  мекунанд.  

       Амали  муштараки   ҳарорату   рутубат   намуди   иқлимро  муайян   месозад:   иқлими  баҳри   дар  давоми   сол   бо   рутубатнокиаш   фарқ  мекунад;  иқлими  континенталӣ   ҳавои   хушк    ва   лаппишҳои   ҳароратӣ   дорад. 

     Омилҳои   асосии   экологии   муҳити  об   маҷро   ва    мавҷои   дарёҳо,  баҳрҳо,    уқёнусҳо   мебошанд.     Ба   организм   ғайримустақим   таъсир   карда,  таркиби   нони  ва   менерализатсияи  обро  иваз  менамоянд.  Ҳангоми  таъсири  бевосита   ҷонварон  ва  растаниҳо   ба  маҷро   мутобиқ  мешаванд.   Масалан,   дар  дарёҳои   ором  моҳиҳо   ҷисми   маҷақшуда   доранд (симоҳӣ,  ҷумҷумамоҳӣ),  дар  дарёҳои  тез  моҳиҳо  рашакланд  ( гулмоҳӣ).

Релеф– ноҳамвориҳои  гуногунандозаи  сатҳи  замин  мебошад. Аз  рӯи  пндоза  релеф  ба  макрорелеф  (  кӯҳҳо, ҳамвориҳо, баландиҳо),   мезорелеф

 (талу  таппаҳо)  ҷудо  мешавад.  Релеф  ба  организмҳои  зинда  таъсири  ғайримустақим  расонида,  радиатсияи  офтоб  ва  боришотро  тақсимот  мекунад.

Ба  омилҳои  физики  муҳити  ҳаво ҳаракати  ҷисмҳои  ҳовоӣ  ва  фишори  атмосферӣ  мансубанд.  Ҳаракати  ҷисмҳои  ҳавоӣ  ором  ( конвективӣ ) ё  дар  шакли  бод  мебошад.  Дар  ҳар  ҳолат  тухмии    растаниҳо,  микроорганизмҳо, ҷонварони  хурд  ва  ҷисмҳои   ифлоскунанда ба    минтақаҳои  дигар  мегузаранд.  Фишори  атмосферӣ  хусусан    ба  ҷонварони  сутунмӯҳрадор  таъсир  мерасонан  ва  аз    ҳамин  сабаб  онҳо   дар  баландии  беш  аз  6000  метр   аз  сатҳи  баҳи  вуҷуд   дошта  наметавонанд.

 Ба  омилҳои   кимиёвии  муҳити  ҳаво  таркиби  атмосфера  аз  рӯи  ҳаҷм,  ки  дар  он  асосан  азат  78,8%,  оксиген – 21%, арган 0,9%,  карбогидрид -0,03% мебошад,  мансубанд.  Хок  дар  таркибаш  10% СО2     дорад ва  оксиген  омили  маҳдудкунандаи  аэробҳо – редусентҳо  мешавад,  ки дар  ин  ҳолат  организмҳои    мурда  дер  мепӯсанд.  Дар  таркиби об  оксиген 20  маортиба  камтар аст  ва  дар ин омили  хеле  маҳдудкунанда аст. Таъсири  муҳдудкунандагии  СО2     дар  об  начандон  аниқ  аст,  вале  афзалияти  он  моҳиҳо  ва  дигар  ҷонварони  баҳриро  нобуд  месозад.

Хам чун  омили  маҳдудкунанда  ва  захираҳои  муҳит  барои  организм намаки  ва  элементҳои  биогенӣ  ҳисоб  мешаванд,  ки ба  организм  ба  миқдори  зиёд  лозиманд  в а аз  ҳамин сабаб  микроэлемент  ном  гирифтаанд.  Агар  ба миқдори  бошанд,  микроэлемент  номида мешаванд.   Растаниҳо  онҳоро  аз  хок  ва  баъзан  аз  он  мегиранд,  инсон  бошад.  Онро  бо  ғизо   истеъмл  менамояд.

        Макроэлементҳои  асосии  биогенӣ   фосфор  ва  азот   мебошанд.   Фосфор  элементи   муҳим   ва  зарури   протоплазма   мебошад.  Азот  бошад,   ба  ҳамаи  малекулаҳои   сафеда   ворид   мешавад.   Сарчашмаи  асосии   азот   ҳавои   атмосферӣ,  манбаи   фосфор  ҷисмҳои   кӯҳӣ  ва  организмҳои   мурда  мебошад.    Азот  дар   организмҳои   набототӣ   ва  гетеротрофӣ гардиш  мекунад.   Фосфор   дар  организмҳо   назар  ба   манъбаҳои   табиӣ   бештар  вуҷуд   дорад,  аз  ин  лиҳоз  аҳамияти  маҳдудкунандагии  он   калон   аст.    Норасоии   фосфор   аз  ҷиҳати   таъсираш  ба  маҳсулнокиии   организмҳои   зинда   пас   аз  об   дар   ҷои  дуюм  меистад.  

Ғайр  аз   азоту   фосфор  аҳамияти  калий,  калсий,  кибрит   ва  магний   хеле   калон   аст.   Калсий   батаркиби   ҳуҷайраҳо   ворид   мешавад,  дар   равандҳои    осмотикӣ,  барои   фаъолиятисистемаи  асби   ҷонварон   ва   инсон,   сабзиши,  растаниҳо  аҳамияти   муҳим  дорад.     Калсий  қисми   таркибии  гӯшмоҳӣ   ва   устухонҳои   ҳайвонот   буда,  барои     рстаниҳо   низ   зарур   аст.   Кибрит   батаркиби  баъзе  аминокислотаҳо,  коферментҳо,   витаминҳо  дохил    мешавад,   бо   хемосинтез  таъмин   менамояд   ва  ғайра.  Магний   қисми  зарурии   молекулаи    хлорофиллҳои   буда  ба  таркиби   рибосомаи   растаниҳо   ва    ҳайвонот   дохил  мешавад.  

      Ба  микро  элементҳои  биогении   растаниҳо   оҳан,  марганетс,  мис,  синг,  бор,  кремний,  молибден,   хлор,  ванадий   ва  кобалт   дохил  мешаванд.   Агар  дар  ин  маҷмаа   норасоии   Мп,   Ғе, Се   Zn   ва        мушоҳида   шавад,   он  гоҳ   раванди   фото  синтез   нопурра   мешавад.   Агар  Мо,   В,   Со   ва   Ғе   камӣ кунад,  он  гоҳ  мубодилаи   азот  вайрон   мешавад.   Норасоӣ   ё   барзиёдии  онҳо  оварда  мерасонад.

Сохт  ва  омилҳои  экологи  хок.

Хок– ҷисми  экологӣ  буда,  аз  гилу  рег  бо  пурсамариаш  фарқ  мекунад  ва  ба  растаниҳо ҳаёт,  ба  инсон  ва  ҳайвонот   ғизо  медиҳанд.  Хок   аз   қисматҳои    сахт,   моеъ   ва   газшакл   иборат   буда.  Дар  таркибаш   макро  ва  микрооргнизмҳои   зиндаи  ҳайвонот  ва   растаниҳоро  дорад.  Қисмати  сохти  хок  аз  қабати  болоии  ҷинсҳои  литосфера  ва  гомус,  ки  дар  натиҷаи  пӯсиши  организми  мурда  ҳосил  мешавад  ,  иборат  аст.  Қисми  моеи  хок – оюб дар   шакли  озод,  баста,  колилярӣ  ҷаббидаро  мегирад  ва  дар  рӯи он  парда  пайдо  мешавад;  оби  капиллярӣ  дар   шикофиҳои  борик  ҷаъм  мешавад;  оби  буғшакл  дар  шикофчаҳои  беоб  ҷойгир  мешавад.

Ҳосилхезии  хок – ин  қонеъ  намудани  талаботи  растаниҳо  ба  моддаҳои  ғизодиҳанда,  ҳаво,   муҳити  биотикӣ  ва  физикӣ –  кимиёвӣ,  реҷаи  гармӣ  мебошад,  ки  дар  натиҷаи  он  зироати  кишоварзӣ  ҳосил  медиҳад.   Ҳосилхезии  хок  ба  ду  қисмат ҷудо  мешавад:  ҳосилхезии  сунъӣ  – натиҷаи  таъсироти  аграномии  хок;  ҳосилхезии  табиӣ   натиҷаи  омилҳои  табиии  экалогии  хок  мебошад.  Моддаи  органикӣ  –  гумос  барои  ҳосилхезии  хок  аҳамити  калон  дорад.  Дар  таркиби  хок  гумос  10 то  20- 22%  вуҷуд  дорад.  Заминҳое, ки  гумоси  бисёр  доарнд,  заминҳои  сиёҳхок  мебошанд  ва  бо  ҳосилхезиашон  фарқ  мекунанд. 

      Омилҳои  экологӣ  хок  физикӣ  ва  кимиёви мешаванд.  Ба  омилҳои  физикӣ  намӣ,  ҳарорат сахт  ва  ковоки  дохил  мешаванд. Ба омилҳои химиявӣ  реаксияи муҳит ва шурии хокмансуб аст. Дастрас будани  нами хок барои растаниҳо аз ҷаббиши системаи решагии растаниҳо ва ҳолати физикӣ об вобастагӣ  дорад. Сохт ва ковокии хок аэратсия онҳоро муаян мекунад. Зарачаҳои хок, ки байни худ бо қувваи молекулявӣ алоқаманданд, сохти хокро ташкил мекунананд. Дар васати онҳо холигиҳо пайдо мешаванд, ки ковокӣ ном доранд. Ковокӣ як қисми ҳаҷми холигии хок буда , тақрибан 50% ва зиёда аз онро ташкил медиҳад. Сохт ва ковокии хок аэратсияи хубии онро таъмин менамояд. Дар он кирмҳо бе мамоният ҳаракат карда , ковокии хокро зиёд менамоянд. Харарорати хок аз ҳарорати беруна вобаста аст. Дар чуқурии 0,3 м амплитудаи лапиши ҳарорат камтар аз 20С мебошад. Лапиши шабонарӯзии ҳарорат дар чуқурии 1 м ҳис мешавад. Қисмати моеи хокро маҳлули хоки меноманд ва он дар таркибаш  нитратҳо, бикарбонатҳо, фосфатҳо, сулфатҳо ва намакҳои дигар , ичунин тезобҳои органикии дар об ҳалшаванда, намакҳои он, қанд дорад. Дар оби баста моддаҳо дер таҳлил мешаванд. Таркиб ва консентрасияи маҳлули хокӣ  реаксияи муҳитро муаян мекунанд ва нишондоди он бузургии РН- нишонди гидрогенӣ мебошад. Барои растаниҳо ва ҷонварони хокӣ муҳити нейтралӣ РН=7 мусоид мебошад.Дар иқлими хушк хоки нейтралӣва ишқордор, дар минтақаҳои намнок хоки турш афзалият дорад. Аксари ғаладонҳо (арзан, гандум) дар хокҳои нейтралӣ ва камишқор ҳосили хуб медиҳанд. Хоке, ки дар таркибаш миқдори зиёди намакҳои хлорид, сулфат ва карбонат дорад, хоки шӯр ном дорад. Аз байни хокҳои шӯр шӯразамин ва шӯркӯл бо РН=8-9 фарқ мекунанд

     Биотаи  хокӣ  фауна  ва  флора  мебошад. Фауна  кирмҳои  боронӣ,  канаҳои заминӣ,  нематодҳова  ғайра  буда,  элементҳои  биогенӣ  ва  ғумусро  тақсимот  ва  коркард менамояд  ва  ҳосилхезии  онро  зиёд  мекунанд. Миқдори  кирмҳои  боронӣ  дар  як  гектар  замини  сиёҳ  хок  то  панҷ  миллион  мерасад.  Флора  замбуруғҳо,  бактерияҳо,  обсабзаҳо  ва  деструкторҳоидигар  буда,  органикаро  то  ҳадди  таркиби  ибтидоии  ғайриорганикӣ  коркард  менамаяд. Аз  рӯи  турши  хок  растаниҳо  ба  аусидофилҳо  ( р Н   6,7 ), нейтрофилҳо  ( р Н= 6,7- 7,0 ), базифилҳо  (р Н  7,0 ),  намудҳои  индифферентӣ  тақсим  мешаванд.

test

Добавить комментарий