Таъсироти антропогени ба атмосфера

Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ

            Барои тамоми маҷудоти Заамин аҳамияти ҳавои атмосферӣ калон аст: инсон бе ғизо панҷ  рӯз тоқат карда метавонад, вале бе ҳаво танҳо панҷ дақиқа истода метавонад. Ҳаво бояд то ҳадди муайян тоза боша два ифлосии аз меъёр зиёд барои саломатӣ хатарнок аст.

         Ҳавои атмосферӣ вазифаи мураккабу муҳофизавии экологиро иҷро менамояд ва Заамину Кайҳони хунукро аз селаи шуоъҳои кайҳонӣ ва офтобӣ ҳифз мекунад. Дар атмосфера равандҳои метеорологӣ, иқлим ва боду ҳаво шакл мегиранд, метеоритҳои зиёд манъ мешаванд. Ғайр аз ин, атмосфера қобилияти худсофкуниро дорад. Он ҳангоми боришот, таҳшин шудани моддаҳои ифлоскунанда дар сатҳи замин ба вуқуъ меояд. Бо таъсир олудагиҳои антропогенӣ дар атмосфера оқибатҳои номақбули экологӣ пайдо шудан гирифтанд, ки дар натиҷаи он ҳавои атмосферӣ ба пуррагӣ вазифаҳои муҳофизатӣ, гармитанзимкунии экологиро иҷро карда наметавонад.

         Масъалаҳои азими экологии муосир-вайроншавии қабати озон, боридани боронҳои тезобдор бо ифлосиҳои антропогении атмосфера алоқмамнд ҳастан. Ҳифзи ҳавои атмосферӣ масъалаи муҳими беҳдошти муҳити табиии атроф  маҳсуб меёбад.

         Зери мафҳуми олудагии ҳавои атмосферӣ ҳар гунна дигаргуниҳои таркиб ва хусусияти он дониста мешавад, ки ба саломатии инсон ва ҳайвонот, растаниҳо ва экосистемаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Олудагии атмосферӣ табиӣ ва антропогенӣ (техногенӣ) мешавад. Олудагии табиии ҳаво дар натиҷаи фаъолияти вулқон, эрозия бод, гулкунии растаниҳо, дуди сӯхтори ҷангалҳо ва даштҳо ба амал меояд. Олудагиҳои антропогенӣ бо партовҳои гуногуни моддаҳои ифлоскунанда дар ҷараёни фаъолияти инсон алоқаманд аст ва ҳаҷму андозаи он аз ифлосиҳои табиии ҳавои аимосферӣ афзунтар мебошад. Вобаста ба масоҳати паҳншавӣ чиркиниҳои атмосферӣ маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ (умуми) мешаванд. Ифлосиҳои маҳаллӣ афзалияти моддаҳои ифлоскунандаро дар минтақаҳои начандон калоншаҳр, манотиқи саноатӣ ва кишоварзӣ дарбар мегирад. Дар ҳолати ифлосшавии минтақавӣ ба муҳити таъсироти манфӣ масоҳоти калон ҷалб карда мешавад. Ифлосшавии глобалӣ бо дигаргунии сайёравии ҳолати атмосфера вобаста аст.

         Париовҳои моддаҳои зарарноки атмосфера газшакл (оксиди кибрит, оксиди азот ва карбон карбогидридҳо), моъ (тезобҳо, ишқорҳо, маҳлули намакҳо), сахт (ғубори органикӣ ва ғайриорганикӣ, дуда, моддаҳои сершиям) тасниф шудаан. Ифлоскунандаҳои асосии ҳавои атмосферӣ оксиди кибрит (SO2, SO3), оксидҳои азот (NOx), оксидҳои карбон (CO) ва заррачаҳои сахт мебошанд, ки 98% ҳаҷми умумии партоҳои моддаҳои зарарнокро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, дар атмосфераи шарҳову шаҳракҳозиёда аз 70 номгӯй моддаҳои заранок-формалдегид, оксигени фтордор, пайвастагиҳои сурб, фенол, бензол, ва ғайра мушоҳида мешаванд.

         Манбаи асосии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар ҳудуди Русия энергетикаи гармӣ (неругоҳои барқии гармӣ ва атомӣ, дегхонаҳои саноатӣ ва шаҳрӣ), кохонаҳои металургияи сиёҳ ва ранга, нафтӣ, нақлиёти автомобилӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон мебошанд.

         Дар раванди сӯхтани сӯзишвории сахт ва моеъ ба атмосфера дуди нопурра сӯзанда (оксидҳои карбон, кирит, азот) ва пурра сӯзанда (диоксиди карбон вап буғи об) истиғроҷ мешаванд. Сӯзишвории газӣ нисбат ба мазут се маротиба ва нисбат ба ангишт панҷ маротиба камтар ҳавои атмосфериро ифлос мекунад. Ҳангоми гудозиши пӯлод ба атмосфера заррачаҳои сахт, оксидҳои кимбриту карбон, марганес, сурб, фосфор, арсен, буғҳои симоб, фенолҳо, формалдегид, бензол ва аммиак партофта мешаванд. Дар ҳар гунна корхонаҳои кимиёвӣ ҳавои атмосфериро оксидҳои кибрит ва азот, пайвастагиҳои хлор ва ғайра олуда менамоянд.

         Ифлосшавии пуршиддати ҳавои атмосферӣ инчунин ҳангоми коркарди ашёи минералӣ, коркарди нафт, сӯхтани париовҳо мушоҳида мешавад. Дар деҳот ҳавои атмосфериро фермаҳои чорводорӣ ва паррандапарварӣ, маҷмааҳои саноатии истеҳсоли т ифлос мекунанд.

         Газҳои дамдамаи муҳаррики дарунсӯз дар таркибашон пайвастагиҳои заҳрдор, бензопирен, алдегидҳо, оксидҳои азот ва карбон, пайвастагиҳои сурб доранд.

         Ҳамчун алдегидҳо аз минтақаи як давлат ба давлати дигар мегузаранд. Соли 1994 аз сабаби номусоидии ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба қисми аврупоии Русия ҳамроҳи борон аз Украин, Олмон, Лаҳистон1204 ҳазор тонна пайвастагиҳои кибрит борид. Ҳол он ки давлатҳои дигар аз манбаъҳои ифлосиҳои танҳо 190 ҳазор тонна кибрит, яъне 6,3 маротиба камтар борид.

Оқибатҳои экологии ифлосшавии глобалии атмосфера

         Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон ва муҳити табиии атроф бо ҳар восита иаъсир мерасонад. Масалан, диоксиди кибрит бо рутубат ҳамроҳ шуда, тезоби кибритро ҳосил мекунад, ки бофтаҳои шуши инсон ва ҳайвонотро вайро мекунад. Ғуборе, ки дар таркибаш диоксиди кремнийро (SiO2) дорад, боиси касалии вазнини шуш-силикоз мегардад. Оксидҳои азот пардаи луобии чашм, шушро хӯрда нобуд мекунанд, тумани заҳролудро ҳосил менамояд. Агар ин оксидҳо бо диоксиди кибрит ва дигар пайвастагиҳо заҳрдор якҷоя шаванд, он гоҳ ҳавои атмосферӣ хеле хатарнок мешавад. Дар ин ҳолат синергизм, яъне афзуншавии заҳролудии ҳамаи омехтаҳои газшакл ба вуҷуд меояд. Ҳангоми заҳролудшавӣ бо оксиди карбон (гази карбон) сарчархзанӣ, беҳушшавӣ ва ҳатто фавт ба амал меояд.

         Аз байни заррачаҳои сахт махсусан заррачаҳои андозаашон камтар аз 5 мкм хатарнок мебошанд, зеро онҳо ба шуш ворид шуда, пардаҳои луобиро ифлос менамоянд.

         Партовҳои антропогении моддаҳои ифлоскунанда муддати дурудароз ба ҳайвонот, ҳолати растаниҳо ва экосистемаҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Дар таркиби растаниҳо моддаҳои заҳролуд бо ҳар восита пайдо мешаванд: партовҳои моддаҳои заҳрнок бевосита ба қисматҳои сабзи растаниҳо, инчунин ба воситаи хок ба системаи решагӣ таъсир мерасонанд. Хусусан барои растаниҳо диоксиди кибрит зарарнок аст, ки бо таъсири он дарахтони сӯзанбарг-санавбар, кедр, пихта нобуд мешаванд.

         Дигаргуншавии иқлимро, ки аз нимаи дуюми асри XX оғоз шудааст, аксарият бо ҷамъшавии газҳо-диоксиди карбон (CO2), метан (CH4), хлорфтор карбонҳо (фреонҳо), озон (O3), оксидҳои азот (NOx) дар атмосфера алоқаманд мекунанд. Ин газҳо «газҳои гармхона» ном гирифтаанд.

         Газҳои гармхонагӣ ба афканишоти гармии дароз мавҷ аз сатҳи Замин монеъа мешаванд, аз ин сабаб, атмосфера ҳамчун боми гармхона амал мекунад: он ба дарун миқдори зиёди афканишоти офтобро мегузаронад, вале гармии аз Замин хориҷшавандаро ба берун баромадан намемонад.

         Дар баробари сӯхтани миқдори зиёди сӯзишворӣ (нафт, газ, ангишт) консентратсияи CO2  дар атмосфера батадриҷ бисёр мешавад. Аз ҳисоби партовҳои корхонаҳои саноатӣ дар атмосфера фреонҳо зиёд мешаванд. Аз ҳисоби партовҳои коркардҳои кӯҳии зеризаминӣ, пӯсиши моддаҳо ба ҳисоби 1-1,5% дар як сол миқдои метан меафзояд. Оксидҳои азот низ дар атмосфера ба миқдори кам бошад ҳам, афзуда истодааст. Дар натиҷаи зиёдшавии консентратсияи газҳои мазкур мувозинати иқлимӣ вайрон шуда истодааст.

         Аз рӯи тахминҳо, дар соли 2100 ҳарорати рӯи Замин 2-40С баландтар мешавад. Дар навбати аввал ин бо баландшавии сатҳи уқёнуси Ҷаҳонӣ дар натиҷаи обшавии яхҳои қутбӣ, кам шудани яхкунии кӯҳҳо, обхезӣ дар ҳамвориҳои наздибаҳрӣ, таназзули ҷинсҳои яхбаста, ба ботдоқ мубаддал шудани қитъаҳои калон алоқаманд аст.

         Вале гармии глобалӣ натиҷаҳои мусбати экологӣ низ дорад. Зиёдшавии CO2 дар атмосфера, афзудани рутубатнокии иқлим ба афзоиши маҳсулнокии фитосеноз (ҷангалҳо, саваннаҳо) ва агшросенозҳо (растаниҳои зироатӣ, боғҳо, токзорҳо) оварда мерасонад.

          Оид ба масъалаи дараҷаи таъсири газҳои гармхонагӣ ба гармшавии глобалии иқлим ақидаи ягона вуҷуд надорад. Олимон ақида доранд, ки гармшавии иқлим ба 0.3-0.60С дар натиҷаи дигаргуншавии табиии омилҳои иқлимӣ ба амал омадааст, бинобар ин тамоюли гармии «гармхонагӣ» ягон асос надорад ва омили муҳими таъсироти антропогенӣ ба иқлими глобалӣ таназзули  биосфера ҳисоб меёбад ва лозим аст, ки биосфера ҳамчун омили асосии бехатарии глобалии экологӣ ҳифз шавад.

          Соли 1997 дар конфронси СММ дар Киото(Ҷопон) санад имзо шуд, ки аз рӯи он давлатҳои иштирокчӣ ба атмосфера гази карбони антропогениро нисбат ба соли соли 1990 бояд камтар партоянд. Вале ин танҳо дар натиҷаи ҳифзи иттиҳоди  организмҳо, экосистемаи табиӣ ва тамоми биосфераи Замин ба даст меояд.

          Қабати азонӣ (озоносфера) тамоми кураи Заминро дарбар мегирад ва дар баландии аз 10 то 50 км ҷойгир аст. Бори аввали камшавии озон то 50%, ки номи «шикофии озонӣ»-ро гирифт, соли 1985 дар болои Антарктида мушоҳида шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб камшавии қабати озонӣ қариб дар тамоми саёра ба назар мерасад.

          Камшавии  консентратсияи  озон кобилияти  атмосфераро  барои  ҳифзи  ҳамаи  мавҷудоти  зиндаи  замин  аз  афканишоти  дурушти  ултрабунафш  суст  мекунад.  Шуоъҳои  ултрабунафш  барои  организмҳои  зинда  зарарнок  аст , зеро  қувваи  якто  фотони  ин  шуоъҳо  кофист,  ки  пайвастагиҳои  кимиявии  молекулаҳои  органикиро  вайрон  кунад.  Бесабаб  нест,  ки  дар  монотиқе,  ки  миқдори  ками  озон  дорад,  одамон  ба  бемории  саратони  пуст  бештар  гирифтор  мешеванд.  Ҳамчунин  аниқ  шудааст,  ки  зери  таъсири  шуоъҳои  ултрабунафш  шуоъҳои  растаниҳо  кобилияти  худро  барои  фотосинтез  гум  мекунанд,  вайроншавии  фаъолияти  зисти  плонктон  бошад,  ба  гузаштани  занҷири  трапики  биотаи  экосистемаҳои  обӣ  оварда  мерасонад. 

         Айни  замон  сабабҳои  асосии  вайроншавии  қабати  озонӣ  то  ба  охир  маълум  нест.  Тахмин  меравад,  ки  пайдоиши  «шикофиҳои  озонӣ»  на  танҳо  табиӣ,  балки  антропогенӣ  низ  мебошад,  ки  он  бо  зидшавии  хлорфторкарборҳо  (фреонҳо)  алоқаманд  аст.  Фреонҳо  ба  атмосфера  баромада,  бо  истихроҷи  оксиди  хлор  тақсим  мешаванд.  Барои  пешгирии   таъсири  манфӣ  ба   қабати  озонӣ  ба  ҷои  фреонҳо  намудҳои  нави  хладагенҳо  ҷори  шудаистодаанд.  Мутобиқи  санади  конфронси  Монреол  (1987),  ки  сипас  дар  Лондо  (1991)  ва  Капенгален  (1992)  аз  нав дида  баромаданд,  кам  кардани  партовҳои  хлорфторкарбонҳо  пешбини  карда  шуд.

      Дар натиҷаи  партовҳои  саноатии  диоксиди  кибрит  ва  оксидҳои  азот,  ки  бо рутуботи  атмосферӣ  ҳамроҳ  шуда,  ба  тезобҳои  кибриту  азот  табдил  меёбанд,  боронҳои  тезобӣ  пайдо  мешаванд  ва  борону  барф то – ph  – 5;6           туршӣ доранд. Туршии  қайдшудаи  боришот  дар  Аврупои  Ғарбӣ – ph =2;3  мебошад.

       Пас  аз  боридани  боришоти  тезобӣ  растаниҳо   аз  таркиби  хок  на  танҳо  моддаҳои  ғизоӣ,  балки  металлҳои  вазнин  ва  сабуки  заҳролудкунанда – сурб,   алюминий  ва  ғайраро  ҷаббида  мегиранд.  Афзудани  миқдори  алюминий  дар  таркиби  об  то  0;2 мг/дм3  барои  моҳиҳо  марговар  аст.  Алюминий   суръати  сабзиш  дарахтонро  суст  мекунад.   Таъсири  боронҳои  тезобдор  устувории  ҷангалҳоро  бар  муқобили  бемориҳо,  хушксолиҳо,  ифлосшавиҳои  табиӣ  заиф  мекунад.

      Таъсири  манфии  боришоти  тезобдор  ба  экосистемаҳои  табиӣ  дар  кӯлҳо  низ  ба  назар  мерасад.  Хусусан  ин  ҳолат  дар  Канада,  Шветсия,  Норвегия  ва  ҷануби  Финландия  шидатнок  ба  амал  омада  истодааст,  зеро  қисми  зиёди  партовҳои  кибрит  дар  давлатҳои  саноаташ  пуриқтидор  маҳз  дар  ҳудуди  ҳамин  давлатҳо  меафтад.  Ифлосшавии  кӯлҳо  барои  популятсияи  намудҳои  гуногуни  моҳиҳо  зарар  дорад,  боиси  нобудшавии  батадриҷи  планктон,  намудҳои  зиёди  обсабзҳо  мегардад,  ки  дар  натиҷа  ҳаёт  дар  кӯлҳо  нест  мешавад.

test

Добавить комментарий