Таъсироти антропогени ба олами наботот ва хайвонот

         Ҳолат ва амалиёти мeътадии биосфера бе таъмини муҳити созгори зист барои ҳамаи биосистемаҳо буда наметавонад. Талафоти чунин гуногунрангӣ на танҳо беҳбуди инсон, балки мавҷудияти онро зери хатар мегузорад. Дар тули 30-40 соли охир суръати камшавии гуногунии биологӣ дар сатҳи ирсӣ, намудӣ ва экосистемавӣ якбора зиёд шуда истодааст. Суръати нобудшавии намудҳои наботот ва ҳайвонот дар муддати 65млн сол афзудааст.

         Ба ҳисоби умум дар тамоми дунё 25-30 намуди наботот ё 10% флораи ҷаҳониро бояд ҳифз намуд. Майдонҳоеро, кибо растаниҳои гуногун сабзапeш шудаанд, нобуд сохтан мумкин нест. Зеро гардиши глобалии карбон дар биосфера дар раванди фотосинтез нерӯи офтобро фуру бурда наметавонад.

         Мавқеи заруриро дар табиат ва ҳаёти инсон ҷангалҳо ишғол менамоянд, ки онҳо дар Россия беш аз 1,2 млрд га ё 75% тамоми майдони фонди заминиро дарбар мегиранд. Ҷангалҳо номутаносиб ҷойгир шудаанд: қисми зиёди ҷангалҳо дар Сибири Fарби ва Шарқӣ мавқеъ доранд. Таъсири xангал[о ба му[ити табиии аироф хеле калон аст, зеро он[о манбаи асосии оксиген дар сайёра мебошанд, вобаста ба реxаи об таъсир мекунанд ва мувозинати обро танзим менамоянд. Ҷангалҳо иқлимро мӯътадил месозанд, ҳаракати  регги равонро пешгирӣ мекунанд, барои ҳосилнокии  маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд, хокро аз эрозия, сел, ярч ва дигар равандҳои геологӣ муҳофизат мекунад, ҳамчунин имконоти санитариву гигениро барои рeҷияи инсон фароҳаммеорад.

         Аз рeи ҷойгиршавӣ ва функсияи иҷрокунанда ҳамаи ҷангалҳо ба се гуруҳ тақсим мешаванд:

         ҷангалҳое, кивазифаи экологӣ ҳифзкунандагиродоранд: ҷангалҳои шарқи, боғҳои миллӣ, ҷангалҳои махсусанпурарзиши;

         ҷангалҳое, ки аҳамияти муҳофизаткунандагӣ ва истифодабарии маҳдуд, реҷаи қатъии истифодабариро доранд;

         ҷангалҳои истифодашаванда, ки манбаи асосии чубу тахта ба шумор мераванд ва истифодаи онҳонабояд мувозинати экологиро вайрон созад.

         Таъсири инсон ба ҷангалҳо ва тамоми олами наботот бевосита ё бавосита мебошад. Таъсири  бевосита ё мустақим гуфта, буридани ҷангалҳо сухторҳо, сузонидани растаниҳо, нобуд сохтани ҷангалу бешаҳо бо мақсади сохтани шаҳрҳо, обанборҳо, иншоотҳои саноатӣ ва монанди инҳо дар назар дошта мешавад. Зери мафҳуми таъсири бавосита дигаргуншавии муҳити зисти наботот дар натиҷаи ифлосшавии антропогении ҳаво, об, истифодаи пестисидҳо ва нуриҳои минералӣ назардошт мешавад. Инчунин воридшавии намудҳои бегонаи растаниҳо (интродусентҳо) ба оилаҳои гуногуни наботот то андозае аҳамият дорад.

Нобудшавии ҷангалҳо масъалаи ҷиддии экологӣ ба ҳисоб меравад. Дар тули садсолаҳои охир қисми афзалиятноки ҳамаи ҷангалҳои сайёра нобуд шудааст дар дар марҳилаи муосири рушди қувваҳои истеҳсолӣ экосистемаи ҷангалҳо вазифаи ҳифзкунандагии худро гумм карда истодаанд. Дар Россия хар сол тақрибан 2млн гектар бурида мешавад, ҳол он ки чорабиниҳои ҷангалбарқароркунӣ торафт кам шуда истодаанд. Ҷангалҳои ҳамешазабзи намноки тропикӣ бо суръати 17 млн гектар дар як сол аз рӯи замин нест мешавад. Дар Африқои Шарrӣ ва Fарбӣ зиёда аз 50 % ҷангалҳо, дар Америкаи ҷануби 37%,  дар Осиёи ҷанубу Шарқӣ 44% ҷангалҳо нобуд шудаанд. Ҷангалҳоро барои омода сохтани чарогоҳҳо  месозанд, барои сузишворӣ мебуранд, ҳангоми сохтани нерeгоҳҳои  барқӣ ҷангалҳо зери об мемонанд.

         Таъсири манфии инсон нисбати замбуруғҳо, обсабзҳо ва намудҳои дигари растаниҳо низ зоҳир мешаванд. Хусусан ҳангоми алафдаравӣ, ҷамъ намудани гиёҳҳо, растаниҳои шифобахш, чаронидани рамаҳо олами наботот зарар мебинад. Аксари намудҳои растаниҳо зери таъсири моддаҳо ифлоскунанда, ҳамчунин дар раванди обёркунокӣ, корҳои сохтмонӣ ва кишоварзӣ нобуд мешаванд.

         Тибқи ақидаи олимон, камшавии ҷангалҳо на танҳо ҷиҳати манфӣ дорад. Табдил додани майдонҳои ҷангалзорҳо ба заминҳои корам ва чарогоҳҳо дар замин хои пеш масъалаи     озуқавориро   ҳал менамуд, ангишту чуб бошад, дар марҳилаи ибтидоии тарақиёти металлургия хеле зарур буд. Аммо моҳияти масъала дар он мебошад, ки пас аз буриши босуръати дарахтон барқароркунии ҷангалҳо хеле суст шуда истодааст. Дар ҷойҳои ҷангалҳои нобудшуда чуқуриву ҷариҳо пайдо шуда истодаанд, таркиби гази атмосфера вайрон, реҷаи гидрогеологии иншоотҳои обӣ дигаргун ва аксари намудҳои набототу айвонот нест шуда истодаанд.

         Дигаргуншавии албедои сатҳи замин, яъне инъикосшавии нури ба заминафтода натиҷаи оқибатҳои экологии нобудшавии ҷангалҳо ҳисоб меёбад. Албедои интегралии барги дарахтон 10 -15%, алаф -20-25%, барфи навборида 90%-ро ташкил менамояд. Албедои сатҳи болоии замин яке аз омилҳои муҳим буда, иқлим чи дар тамоми олам, чи дар минтақаҳои алоҳидаи он муайян месозад. Аниқ шудааст, ки дигаргуншавии албедои сатҳи Замин ба миқдори хеле кам боиси ивазшавии ҷидии иқлими сайёра мегардад.

         Ба ҳолати табиии экосистемаи ҷангалҳо сухторҳо, ки аксар вақт бо сабаби беаҳамиятии одамон рух медиҳад,  зарари калон мерасонанд. Алангаи сухтор хокро то дараҷае месузонад, ки он намӣ ва моддаҳои ғизоиро дар таркибаш нигоҳ дошта наметавонад. Пас аз сухтор дар ин мавзеъҳо ҳашароти гуногун ҷойгир мешаванд, ки боиси ангезиши бемориҳои сирояткунанда мегарданд.

         Таъсироти бавоситаи инсон ба экосистемаҳо ба воситаи ифлосшавӣ бо партовҳои саноатӣ азот ва гази карбон,  металҳои вазнин ба амал меояд ва он ба дарахтони сузанбарг ва паҳнбарг, буттаҳо, алаф, меваву сабзавот ва гулҳо зарар мерасонад. Масалан, бо таъсири озон дар растаниҳо хлорофилл кам мешавад. Баъзе аз намуди растаниҳо ба ифлосшавии атмосфера хеле ассос мебошанд. Тамоми намудҳои наботот аз рeи муқобилияташон ба таъсироти ифлосшавии ҳаво ба се гуруҳ: устувор,  фосилавӣ ва ассос ҷудо мешаванд.

Сабабҳои асосии камшавии саршумор ва нестшавии намудҳои ҳайвонот

         Олами ҳайвонот ҳамаи намудҳо  xонварони ёбои-ширхурҳо, парандаҳо, хазандаҳо, моҳиҳо, ҳашарот, малюскҳо дар якxоягӣ ҳисоб ёфта, дар минтақа ё муҳити муайян ҷойгир шудаанд ва дар ҳолати озодии табиӣ вуҷуд доранд. Яке аз вазифаҳои асосии экологии ҳайвонот иштирок намудан дар гардиши биотикии моддаҳо ва неру ба шумор меравад. Ҳамаи намудҳо ҳайвонот фонди умумии ирси сайёраро ташкил менамоянд: ҳамаи онҳо лозим ҳастанд ва фоидаовар мебошанд. Дар табиат ҳайвонҳои қатъиян фоидаовар ё тамоман зараровар вуҷуд надорад. Зеро кулан аз миқдор, шароити мавҷудият ва як қатор омилҳои дигар вобастагӣ доран.

         Инсон ҳануз дар ибтидои таърихи худ бо оташ ва яроқ мусалаҳ шуда, ҳайвонҳоро шикор менамуд. Айни замон суръати нестшавии намудҳо афзуда истодааст, бинобар ин на танҳо экосистемаҳои алоҳида, балки тамоми биосфера сода шудааст.

         Вайроншавии муҳити зист дар натиҷаи буридани ҷангалҳо, хушкунии ботлоқҳо, сухтани обанборҳо ва дигар таъсироти антропогенӣ шароити афзоиши ҳайвонҳои ёбоӣ, роҳҳои кучидани онҳоро ба куллӣ иваз менамояд. Масалан, солҳои 60-70-уми асри XX бо саъю кушиши беандоза полулятсияи сайгаки қалмиrӣ  барқарор карда шуд ва саршумори он беш аз 700 ҳазор сар афзуд. Айни замон дар даштҳо калмиқистон шумораи сайгакҳо кам шудааст. Сабаби он зиёд шудани каналу ҷӯйборҳои обёрикунанда мебошад, ки роҳи кӯчидани ҳайвонҳоро мебурад ва дар натиҷа ҳазорҳо сайгакҳо ҳангоми кӯчидан дар каналҳо ғарқ мешаванд.

         Бо мақсадҳои гуногун аз муҳити табиат ҷудо карда гирифтани ҳайвонотро дастрасӣ номида мешавад. Шикори ҳайвонот сабаби асосии кам шудани шумораи ширхӯрҳои калонҷусса дар давлатҳои Африқо ва Осиё гардидааст: нархи баланди устухони фил дар бозори ҷаҳонӣ боиси он гардидааст, ки ҳарсол тақрибан 60 ҳазор сар фил нобуд мешавад. Дар бозорҳои парандафурӯшии шаҳрҳои калони Россия ҳамасола садҳо ҳазор паррандаҳои нағмасарои хурд фурӯхта мешаванд. Ҳаҷми тиҷорати байналмилалии парандаҳои ёбоӣ зиёда аз ҳафт миллион мебошад, ки қисми зиёди онҳо ё дар роҳ, ё пас аз иваз намудани макони доимиашон мемиранд.

         Интродуксияи намудҳои бегона низ ба камшавӣ ва нестшавии намудҳои ҳайвонот оварда мерасонад. Намудҳои маҳаллӣ бешта бо сабаби истилои «бегонаҳо» несту нобуд шуда истодаанд. Массалан, таъсири манфии вашақи амрикоӣ ба вашақи аврупоӣ, қундузи канадагӣ ба қундузи аврупоӣ, сагобӣ ба муши обӣ мушоҳида ва қайд шудааст. Барои мутаносибии экосистемаҳои антропогении қашмақшуда воридкунии намудҳои нав имкон дорад. Ҳамчунин имконияти интродуксияи моҳиҳои растанихӯр ба каналҳои сунъӣ вуҷуд дорад.

         Сабабҳои дигари камшавӣ ва нобудшавии ҳайвонот инҳоанд:

         Несткунии мустақим барои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ ва корхонаҳои парваришкунанда.

Несткунии тасодуфӣ(беихтиёр) дар роҳҳои автомобилгард, дар рафти амалёти ҳарбӣ, ҳангоми алафдаравӣ, дар хатҳои интиқоли барқ, ҳангоми танзими обҳои шоронда ва ғайра.

Масалан, дар натиҷаи сохтмони сарбандҳои гидротехникӣ дар маҷрои дарёи Волга ҷои тухуммонии тосмоҳиҳо ва шӯрмоҳиҳо барҳам хӯрдаанд, майдонҳои паҳшавии тосмоҳиҳо то 400 гектар кам шудаанд. Дар минтақаҳои марказии Россия ҳангоми алафдаравии дастӣ 12-15%, дар вақти ҷамъоварии механиконидашуда 30-40%-и парандаҳои саҳроҳӣ  маҳв мешаванд. Ба ҳисоби умум миқдори фавтидани паррандаҳо ҳангоми корҳои кишоварзӣ нисбат ба ҳаҷми сайди шикорчиён 7-10 маротиба афзун мебошад.   

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.