Бамеъёроварии сифати мухити атроф

Меъёрҳои санитарию гигенӣ

          Усули ба меъёроварии сифати муҳити зист асоси ҳамаи чорабиниҳои ҳифзи табиат ба шумор меравад, ки мустаҳкамкунии меъёрҳои таъсири инсон ба муҳити зист ё сифати муҳити зитро дарбар мегирад. Риояи меъёрҳои экологӣ бехатарии экологии аҳолӣ нигоҳдории фонди ирсии инсон, наботот, истифодабарии оқилонаи захираҳои табииро таъмин менамояд. Қайд намудан зарур аст, талаботи калон нисбати сифати муҳити зист масрафи зиёдро тақозо менамояд.

         Меъёрҳои асосии экологии сифат ва таъсирот ба муҳити атроф санитарию гигенӣ, истеҳсолӣ ва маҷмаавӣ мебошанд. Меъёрҳои санитарию гигенӣ миқдори лозимсаи моддаҳои зарарнок ва таъсироти муайяни физикӣ-ғалоғула, вибратсия, шуои ионӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Меъёрҳои истеҳсолотӣ гуфта, ихроҷи муайяни моддаҳои зарарнок, ба қадри лозима гирифтани қисматҳои муҳити табиӣ, меъёри пайдоиши партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолро меноманд. Нишондодҳои маҷмаавӣ сарбории муайяни антропогенӣ ба муҳити табиат ҳисоб меёбад.

         Кеонсерватсияи имконпазир гуфта, миқдори моддаҳои ифлоскунандаро назардошт менамояд, ки ба саломатии инсон ва насли ояндаи ӯ зарар расонида наметавонад. Айни замон дар Россия зиёда аз 1900 намуд меъёри консерватсияҳои имконпазири моддаҳои зарарнокии кимиёвӣ барои об, зиёда аз 500 меъёр барои ҳавои аимосферӣ ва зиёда ьаз 130 меъёр барои хок амал мекунанд.

         Барои бамеъёроварии моддаҳои ифлоскунанда дар таркиби ҳавои атмосферӣ ду меъёр-яккарата ва шабонарӯзии миёна муқаррар шудааст. Меъёри яккаратаи ҳадди аққал чунин консерватсияие мебошад, ки дар муддати 30 дақиқа ба организми инсон таъсир намерасонад. Консерватсияи шабонарӯзии миёна чунин консентратсияи моддаи заррарнок дар ҳаво мебошад, ки набояд ба организми инсон муддати дурудароз таъсир расонад. Талабот ба сифати оби иншоотҳои обӣ, ки барои моҳипарварӣ барои як қатор моддаҳои шӯянда 3 маротиба, барои маҳсулоти нафтӣ-6 маротиба, барои метталҳои вазнин (синк) 100 маротиба аз меъёрҳои санитарӣ камтар мебошад.

         Дараҷаи имконпазири таъсироти радиатсионӣ ба муҳити атроф дараҷаест, ки ба саломатии инсон, ба ҳайвонот ва наботот хатаре надорад. Ҳамчунин дараҷаи имконпазири садо, вибратсия, физики зарарнок муаёян шудааст.

Меъёрҳои истеҳсолӣ

         Партов ё ихроҷҳои то андозаи муайян имконпазир миқдори моддаҳои ифлоскунандае ҳисобида мешавад, ки ба корхонаҳо барои партофтани ба атмосфера ё иншооти обӣ иҷозат дода мешвад. Ин партовҳо дар таркибашон аз меъёр зиёд моддаҳои ифлоскунанда надоранд ва оқибатҳои номусоиди экологиро ба вуҷуд намеоранд.  Агар дар ҳавои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин консентратсияи моддаҳои зарарнок аз меъёр зиёд шавад, он гоҳ барои камшавии марҳилавии партовҳо чораҷӯиҳои муваққатан мувофиқатшуда муқаррар карда мешаванд.

         Меъёри имконпазири сарбории антропогенӣ ба муҳити атроф меъёри асосии маҷмаавӣ ҳисобида мешавад, ки он ба муҳит таъсири ҳадалимкон мерасонад ва системаҳои экологиро вайрон намекунад. Барои баҳодиҳии устувории умумии экосистемаҳо нисбати таъсироти антропогенӣ нишондодҳои зеринро истифода мебаранд: захираҳои моддаҳои органики мурда ва зинда, самаранокии па йдоиши моддаи органикӣ ё маҳсулоти намуду сохташон гуногун. Суботнокии муҳити зисти олами набот ва ҳавонот аз рӯи миқдори моддаи органикии зинда ва қисми асосии он-фитомасса муайян мешавад.

         Маҳсулнокии самараи наботот, ки дар натиҷаи суксессияи дубора ба вуҷуд меояд, қобилияти барқароркунии экосистемаро дар муддати кӯтоҳ дар ҳолати вайроншавии антропогенӣ муайян менамояд. Чӣ қадаре, ки сохт ва намудҳои гуногуни экосистемаҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар миқдори зиёди унсурҳои таркибиро ҷавобан ба таъсироти берунаи антропогенӣ ба вуҷуд оварда метавонад. Захираҳои фитомассаро муқоиса намуда, ба сохти гуногуни экосистемаҳо баҳо додан мумкин аст. Қобилияти боиқтидори муҳити табиат, ки ин ё он сарбории антропогенӣ бе вайроншавии вазифаҳои асосии экосистемаҳо тоб меоранд, бо нишондодҳои ченаки муҳити табиат ё ченаки экологии минтақа муайян мешавад.

Хавфи экологӣ: мафҳум, таркибҳо

         Солҳои охир дар Россия консепсияи хавфи экологӣ паҳн шуда истодааст. Хавфи экологӣ баҳогузории ҳамаҷонибаи эҳтимолияти пайдоиши дигаргуниҳои манфӣ дар муҳити табиии атроф, ки дар натиҷаи таъсироти антропогенӣ ба амал омадааст, ба шумор меравад. Ҳамчунин он ченаки хатари эҳтимолии зараррасонӣ ба муҳити абиат дар шакли талафоти имконпазир дар мӯҳлати муайян ҳисоб меёбад. Се таркиби асосии хавфи экологӣ вуҷуд дорад:

         баҳо доданба вазъи саломатии инсон ва шумораи эҳтимолии талафшудагон;

         баҳо додан ба ҳолати биота (дар навбати аввал ба организмҳои фотосинтезкунанда) аз рӯи нишондодҳои биологии интегралӣ;

баҳо додан ба таъсироти моддаҳои ифлоскунанда ба инсон ва муҳити табиии атроф.

         Ҳангоми таъсироти антропогенӣ қоидаҳои зерини хавфи имконпазири экологӣ ба назар гирифта мешавад:

         талафоти ногузир вуа камтарин дар муҳити табиат;

         имконияти воқуъии барқароркунии талафот дар муҳити табиат;

         нарасидани зарар ба саломатии инсон ва барнагарданда будани дигаргуниҳои дар муҳити табиат;

         мутаносибии зарари экологӣ ва фоидаи иқтисодӣ.

         Ба ғайр аз баҳодиҳӣ юояд идоракунии хавфу хатарро ташкил намуд, ки он қабули маҷмӯи қарорҳоро дарбар гирифта, барои паст кардани сатҳи баланди хавф равона шудааст. Дар асоси таҳлилихатари табиӣ, ки онро лоиҳакашҳо, иқтисодчиён ва сотсиологҳо дар якҷоягӣ гузаронидаанд, ба хавф баҳодиҳӣ намуда, хатаритаҳои хавф тартиб дода мешаванд. Хатаритаҳои мазкур, ки дар он минтақаҳои гуногуни дараҷаи хавф қайд шудаанд, барои самаранок ҳал намудани масъалаҳои идоракунии хавф ва банақшагирии рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, ноҳия ва шаҳр кӯмак мерасонанд. Дар корхонаҳои алоҳида ба гузаштан аз меъёри хавфи имконпазири экологӣ роҳ дода намешавад.

         Омили хавфи экологӣ дар ҳамаи корхонаҳо новобаста аз макони ҷойгиршавӣ вуҷуд дорад. Вале минтақаҳое вуҷуд доранд, ки дар он ҷо эҳтимолияти падид омадани дигаргуниҳои нохуш дар экосистемаҳо, тамомшавии захираҳои табиӣ ва ниҳоят, хавфи зарар расидан ба саломатӣ ва ҳайёти нсон вуҷуд дорад. Минтақаҳои мазкур минтақаҳои пурхавфу экологӣ ном гирифтаанд ва онҳо ба минтақаҳои ифлоскунандаи доими муҳити атроф, минтақаҳои хатарноки экологӣ, митақаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ва офатҳои экологӣ тақсим мешаванд.

         Ба минтақаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ минтақаҳое таалуқ доранд, ки дар он ҷо дар натиҷаи таъсири номусоиди омилҳои антропогенӣ дигаргуниҳои манфии муҳити табиии атроф воқеъ мегардад, ки барои саломатии инсон, ҳолати табиии экосистемаҳо, фонди ирсии наботот ва ҳайвонот хатарноканд.

         Минтақаи офати экологӣ минтақае мебошад, ки дар он ҷо дигаргшуниҳои барнагардандаи муҳити атроф рух додаанд ва дар натиҷа вайроншавии экосистемаҳои табиӣ, талафёбии наботот  ва ҳайвонот ба амал меоянд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.