Хифзи гидросфера аз ифлосшави

Усулҳои муҳофизати обҳои рӯизаминӣ

         Обҳои рӯизаминиро аз олудашавӣ, ифлосшавӣ ва камшавӣ бояд муҳофизат кард. Барои ин чораҷӯиҳо карда шаванд, то ки ба обанбору дарёҳо афтодани партовҳои сохтмонӣ, ҷинсҳои сахт ва дигар ашёҳои бегона, ки ба сифати об, шароити зисти моҳиҳо ва фароғати одамон таъсири манфӣ мерасонанд, пешгирӣ карда шавад. Барои пешгирӣ намудани камшавии обҳои рӯизаминӣ ҳаҷми истифодаи обро бояд назорати сахт кард. Ҳифзи обҳои рӯизаминӣ аз ифлосшавӣ иҷроиши чунин чорабиниҳоро дарбар мегирад: рушди технологияҳои бепариов ва беоб бо истифодаи системаи обтаъминкунии баргардон; тозакунии ҳамаи намудҳои обҳои шоранда; тозакунӣ ва безараркуни обҳои рӯизаминӣ.

         Усули таъсирбахши ҳифзи обҳои рӯизаминӣ аз ифлосшавӣ коркард ва воридкунии технологияи беоб ва бепартови истеҳсолот, ташкили обтаъминкунии баргардон ҳисоб меёбад. Ташкили системаи обтаъминкунии гардишкунанда як қатор иншоотҳои тозакунанда ва дасигоҳоро дарбар мегирад. Бо чунин усул обҳои шоранда доимо дар гардиш мебошанд ва он ба обанборҳои рӯизаминӣ имконпазир аст.

Усулҳои тозакунии обҳои шоранда

          Чунин усулҳои асосии тозакунии обҳои шоранда вуҷуд доран: механикӣ, физикиву кимиёвӣ, кимиёвӣ ва биологӣ. Вобаста ба дараҷаи зарарнокӣ ва хусусияти ирфлосшавӣ тозакунии обҳои шоранда бо ёрии яке аз усулҳо ба амал меояд. Дар раванди тозакунӣ такшинро мекунанд ва обҳои шоранда пеш аз резиш ба анборҳо безарар гардонида мешаванд.

         Ҳангоми тозакунии механикӣ бо роҳи полоиш, такшин ва филтркунӣ аз обҳои шорандаи истеҳсолот 90%, аз обҳои шорандаи маишӣ 60% омехтагиҳои механики дисперснокиаш гуногун бартараф карда мешаванд. Бо ин мақсад панҷараҳо, филтрҳои регӣ ва такшингоҳҳои гуногуннамуд истифода мешаванд. Моддаҳое, ки дар сатҳи обҳои шоранда шино мекунанд (нафт, равған, чарб, полимерҳо ва ғ.) бо асбобҳои махсус ҷамъ карда мешаванд.

         Усулҳои асосии кимиёвии тозакунӣ безараркунӣ ва оксидшавӣ ҳисоб меёбанд. Барои бетаъсир кардани тезоб ва ишқорҳо ба обҳои чангдида реагентҳои махсус (оҳак, кальцинированная сода, навшодир) ва оксидкунанда ворид мекунанд, ки бо ин восита об аз моддаҳои заҳролуд тоза мешавад.

         Тозакунии физикию кимиёвии об бо истифодаи усулҳои коагулятсия (дурдабандӣ), сорбсия ва флотатсия ба амал меояд. Коагулятсия бо роҳи воридкунии коагулентҳо (намакҳои аммоний, оҳан, мисс ва ғайра) барои ҳосил кардани такшинҳои дурдашакл, ки зуд нест мешаванд, ба вуҷуд меояд. Сорбсия дар асоси истифодаи сорбентҳо (гили бентонитӣ, ангишти фаъол, сеолинтҳо, силикагель, торф) ба вуқуъ меояд. Сорбентҳо ифлосиҳорор фурӯ мебаранд ва дар натиҷа аз тарки об на танҳо моддаҳои зарарнок, балки моддаҳои пурарзиш низ ҷудо карда мешаванд. Ҳангоми истифодаи усули флотатсия ҳаворо аз дохили об мегузаронанд. Ҳубобчаҳои ҳаво дар вақти ба боло Ҳаракат намудан моддаҳои фаъол нафт, равған ва ифлосиҳои дигарро  қапида мегиранд ва дар болои об қабати кафкшакли зуднестшавандаро ба вуҷуд меоранд.

         Усули биологии (биокимиёвӣ) тозакунӣ барои тозакунии обҳои чангдидаи корхонаҳои коғазбарорӣ, корхонаҳои нафт ва истеҳсоли маводи хӯрока истифода мешавад. Тозакунии биокимиёвӣ бо усули табиӣ ва сунъӣ ба амал меояд. Усули табии тозакунӣ бо истифодаи майдонҳои обёрикунанда ва филтратсия, усули сунъӣ бо ёрии метантенкҳо ва биофелтрҳо гузаронида мешавад. Барои тоза намудани оби чандидаи аэротенкҳо ба он ботадриҷ оби оби чандидаи сероксигенро ворид мекунанд ва бо лойқаи фаъол омехта  менамоянд. Лойқаи фаъол микроорганизмҳои гетеротрофӣ, бемӯҳраҳо  (замбуруғҳои обӣ, коловратҳо, хамирмоя, мағор) ва субстратҳои  сахтро дарбар мегирад. Интихоб намудани ҳарорати мувофиқ таъсири муҳит, иловагиҳои танзимкунанда, оксидкунандаҳо ва омехтакунӣ барои пуршиддат намудани гидробиосеноз муҳим аст.

         Пас аз тозакунии аэротенҳо ва иакшинкунии дубора обҳои чандида бо пайвастагиҳои хлор, оксидкунандаҳои дигар ва нури ултрабунафш безарар (дезинфексия) гардонида мешаванд. Ҳангоми хлоркунӣ ва озонидан бактерияҳои патогенӣ ва микроорганизмҳо нобуд мешаванд.

         Пас аз софкунии обҳои чандида такшин ҳосил мешавад, ки он дар метантенкҳо туршонида мешавад ва дар майдончаҳои лойқа хушконида мешавад.

         Солдҳои охир чунин усулҳои босалмари тозакунии обҳои чандида маъмулшуда истодаанд:

         электрокимиёвӣ, ки электрокоакулятсия ва электрофлотатсияро дарбар мегирад;

         мембранӣ, ки аз ултрафилтратсия ва электродиализ иборат аст;

         коркарди магнитӣ, ки флотатсияи зарраҳои ҳалнашударо беҳтар мегардонад;

         радиатсионӣ, ки оксидшавӣ, коакулятсия ва пӯсиш моддаҳои ифлоскунандаро метезонад;

         озононидан, ки дар обҳои шоранда моддаҳо, ки ба равандҳои табии биокимиёвӣ таъсири манфӣ мерасонанд, пайдо намешаванд.

         Технология муосири тозакунии оби ошомиданӣ аз маҳсулоти нафтӣ, пестидсидҳо ва пайвастагиҳои хлоррганикӣ бо истифодаи равандҳои сорбсионӣ ба амал меояд.

         Яке аз усулҳои нигоҳдории тозагии обҳои рӯизаминӣ рӯйпӯшкунии зеризаминӣ ҳисоб меёбад, к ибо ин усул обҳои чандидаро бо роҳи фишороварӣ ба системаи чоҳҳои фурӯкашанда равона месозанд. Ибинобар ин зарурати сарф намудани маблағи калон ва безараркунии об аз байн меравад.

         Барои ҳифйзи обҳои рӯизаминӣ аз олудагиҳо агролесомелиоратсия ва чорабиниҳои гидротехникӣ, ки алафпӯш шудани кӯл, обанбор ва дарёчаҳо, пайвастшавии эрозия, ярч, фурӯравии соҳилҳоро пешгирӣ менамоянд, аҳамияти калон доранд.

         Дар ҳар як иншооти обӣ минтақаҳои обнигоҳдоранда вуҷуд дорад, ки паҳноии он аз 0,1 то 0,2 км мебошанд. Вазифаи асосии минтақаҳои мазкур пешгирӣ намудани ифлосшавӣ, олудагӣ ва камшавии иншооти обӣ ҳисоб меёбад. Дар миқёси ин гунна минтақаҳо шудгор кардани замин, чаронидани чорво, истифодаи заҳрҳои кимиёвӣ ва бурдани корҳои сохтмонӣ манъ шудааст.

         Чораҷӯии асосии ҳифзи обҳои зеризаминӣ пешгирӣ кардани камшавии захираҳои оби зеризаминӣ ва олудашавӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад реҷаи кашида гирифтани оби зеризаминӣ ба танзим дароварда мешавад, миқдори захираҳои истифодашаванда ва чоҳҳои худҷоришавандаи артезианӣ муайян мегардад.

Мубориза бо ифлосшавии обҳои зеризаминӣ

          Чорабиниҳои мубориза бо ифлосшавии обҳои зеризаминӣ ба ду қисмат ҷудо мешавад. Чорабиниҳои пешгиркунанда чораҷӯиҳои зеринро дарбар мегирад:

         такмилдиҳии усулҳои тозакунии обҳои чандида, то ки он бо обҳои зеризаминӣ омехта намешаванд;

         дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи обногузар;

         кам кардани партовҳои хатарноки газу дуд дар корхонаҳо;

         истифодаи петитсидҳо ва нуриҳо дар соҳаи кишоварзӣ;

         эҳтиёт ва нигоҳдорӣ кардани ҳавзҳои партовдор.

         Яке аз тадбирҳои муҳими пешгиркунанда дар миқёси водозаборов ташкил кардани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ мебошад. Минтақаҳои ҳифзи санитарӣ барои пешгирӣ ифлосшавии обҳои зеризаминӣ муқаррар шудаанд ва ин минтақаҳо ба се қисм ҷудо мешаванд. Қисми якум масофаи то 30-50м дурр аз водозаборро дарбар мегирад. Ба ин минтақа ворид шудани шахсони бегона манъ аст. Қисми дуюм барои ҳифзи об аз ифлосиҳои бактериявӣ, қисми сеюм барои ҳифз аз ифлосиҳои кимиёвӣ муқарар шудааст. Дар ин қсматҳо сохтани партовгоҳҳо, маҷмааҳои чорвопврварӣ ва мурғпарварӣ, истифода бурдани нуриҳои минералӣ ва пестисидҳо, буридани ҷангалҳо мамнуъ мебошад. Фаъолияти дигари истеҳсолӣ ва хоҷагидории инсон низ дар ин минтақаҳо манъ аст.

         Чорабиниҳои махсус доир ба ҳифзи обҳои зеризаминӣ боздошти оби ифлосшуда ба воситаи дренанс, муҳосираи манбаъҳои ифлоскунандаи об бо монеъаҳои сунъии геокимиёвиро дарбар мегирад. Барои барҳам додани манбаъҳои ифйлоскунанда обҳои ифлоси зеризаминиро аз чоҳҳои махсус кашида мебароранд.

         Солҳои охир барои пешгирӣ намудани камшавии обҳои зеризаминӣ ба тарзи пуркунии сунъии захираи об аз обҳои рӯизаминӣ истифода мекунанд, ки он бо роҳи инфилтрасияи об аз манъбаҳои рӯизаминӣ ба қабатҳои обии зеризаминӣ  ғизои иловагӣ мегиранд ва маҳсулнокии одозаборҳо бидуни камкунии захираҳои табиӣ меафзояд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.