Мухофизати хок ва каъри он

Усулҳои ҳифзи хок аз ифлошавӣ

           Усулҳои асосии ҳифзи хок аз ифлосшавӣ: ҳифзи хок аз эрозияи хок ва бод; ташкили киштгардон ва системаи коркард бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии он; тчорабиниҳои мелиоративӣ, ки барои мубориза бо шӯршавӣ ва ботлоқшавии хок равона шудааст; рекултиватсияи қабати авйроншудаи хок; ҳифзи хок аз ифлосшавӣ ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот аз нобудшавӣ; пешгирӣ намудани ҷудо кардани замин барои гардиши кишоварзӣ .

         Мубориза бо эрозияи хок дар асоси маҷмӯи чорабиниҳои зер гузаронида мешавад: агротехникӣ-киштгардонҳои муҳофизатии хок, к ибо ин усул маҷрои об, маводҳои кимиёвии мубориза боздошт карда мешавад; заминташкилкунанда, ки бо тақсимоти киштзор аз рӯи устувории он нисбати равандҳои эрозиявӣ алоқманд аст; ҷангаливу мелиоративӣ-қитъаҳои муҳофизавӣ ва обтанзимкунандаи ҷангалҳо, ниҳолшинонӣ кардани ҷариву оббурдаҳо, гидротехникӣ-маҷмӯи ҳавзҳо ва ғайра.

         Бояд ба назар гирифт, ки чорабиниҳои гидротехникӣ афзоиши эрозияро дар қитъаҳои муайян дарҳол пас аз ҷарикунӣ, чораҳои агротехникиро пас аз якчанд сол, чорабиниҳои ҷангаливу мелиоративиро пас аз 10-20 соли ҷорикунӣ боздошт менамоянд. Барои бартараф намудани эрозияи хок лозим аст, ки маҷмӯи чорабиниҳои зидиэрозиявӣ дида шавад: ташкили минтақаҳои муҳофизавӣ, ки дар он замини кишт бо майдонҳои ҷангал бо навбат иваз мешавад; киштгардонҳои муҳофизавӣ барои ҳифзи хок аз дефлятсия (бодлесни ҷинсҳои кӯҳӣ); ниҳолшинонӣ намудани ҷариҳо; системаи бе омоч  коркард намудани хок бо истифодаи култиваторҳо; чорабиниҳои гуногуни гидротехникӣ-сохтани каналҳо, хоктеппаҳо, ҷӯйчаҳо ва ғайра.

         Барои мубориза бо ботлоқшавии хок чораҳои гуногуни хушкунандагиро, ба мисли: сохтани сарбандҳо; ростнамудани маҷрои дарёҳо барои пешгирии обхезӣ; кушодани каналҳо ва оббанҳо истифода мекунанд. Вале хушкунии майдонҳои калон дар экосистемаҳо ба дигаргуниҳои номақбул-хушкавии хок, дегумификатсия ва декалсинатсияи он, камобшавии дарёҳои хурд ва хушкшавии ҷангалҳо оварда мерасонад.

         Барои пешгирии ифлосшавии хок бо пестисидҳо ва дигар моддаҳои зарарнок усулҳои экологии ҳифзи растаниҳо истифода мекунанд, қобилияти худтозакунии табиии хокро меафзояд, препаратҳои хусусан зарарнок ва инсектитсидҳои устуворро ба кор намебаранд. Масалан, усулҳои ба монанди парвариши ҳашаротҳо барои агросистемаҳо; ба табиат ворид намудани намудҳое, ки қобилияти наслдиҳӣ надоранд (усули ирсии муҳофизат);  мутобиқ кардани андозаҳои мвйдонҳои алоҳида барои бартараф кардани намудҳои номақбул (усули агротехникӣ) ва ғайра васеъ истифода мешаванд.

         Заминҳои корамро танҳо дар ҳолатҳои истиснои барои сохтмонҳои калон ё ба мақсади дигар истифода мебаранд. Барои нигоҳдории маҳсулнокии замин роҳҳои алоқаро дар зери замин гузаронидан, барои сохтмон заминҳои нокорамро истифода кардан, дар шаҳрҳо ва ҷойҳои аҳолинишин биноҳои бисёртабақа лозим аст.

         Дар ҳолатҳои вайрон шудани  қабати хок дар вақти гузаронидани корҳои сохтмонӣ замини вайроншударо бо хоки заминҳои ҳосилхез рӯйпӯш менамоянд. Қабати хоки замини ҳосилхезро дар буртҳо-хоктеппаҳои рӯйпӯшшудаи махсуси муваққатӣ захира мекунанд ва онро пас аз анҷоми корҳои омодасозӣ ба заминҳои вайроншуда мепршанд.

Муҳофизат ва истифодаи самаранокии қишр

Муҳофизат ва истифодаи босамари қишр дар асоси омӯзиши пурраву маҷмаавии геологи қишр ва пешгирии истифодаи худсарона; истифодабарии босамари захираҳои асосии канданиҳои фоиданок; пешгирии таъсири манфии корҳое, к ибо истифодабарии қишр алоқаманд аст;ҳифзи конҳои канданиҳои фоиданок аз обхезӣ, сӯхтор ва дигар таъсироти зарарнок; пешгирии ифлосшавии қишр ҳангоми нигоҳдории нафту газ, хокпӯш кардани партовҳои истеҳсолӣ амалӣ мегардад.

         Барои пешгирии камшавӣ ва нигшоҳ доштани захираҳои қишр раванди кофта баровардани канданиҳои фоиданокро ба танзим овардан лозим аст: агар аз қишри замин танҳо ба миқдори 1 % канданиҳоро кофта бароранд, иловатан 9 млн. тонн ангиш, қариб 9 млрд. м3 газ, зиёда аз 10 млн. т. Нафт, қариб 3 млн. тонна маъдани оҳан дар як сол ба даст меояд.

         Яке  аз масъалаҳои муҳиме, к ибо истифодаи пурсамари қишр алоқаманд аст, истифодаи маҷмаавӣ ё пурраи ашёи минералӣ ҳисоб меёбад. Истифодаи маҷмаавии ашёи хом аз таркиби гирифтани қисматҳои фоиданок ва истифодаи партовҳоро дарбар мегирад. Партовҳои коркарди қишр сахт (ҷинсҳои кӯҳии «холӣ», чанги минералӣ), моеъ (обҳои кони ангишт, кони санг, заҳбур) ва газшакл (газҳое, ки аз конҳо ихроҷ мешаванд) мебошанд. Роҳҳои асосии тозакунии партовҳо ва беҳтар кардани вазъ экологӣ истифодаи партовҳо ба сифати ашёи хом дар корхонаҳои саноатӣ ва сохтмонӣ, сохтмони роҳҳо ва истеҳсоли пору ҳисоб мешаванд. Партовҳои моеъро пас аз тозакукнӣ барои таъмини оби нӯшокӣ ва обёрикунӣ, партовҳои газшаклро барои гармдиҳӣ ва таъмини газ истифода мебаранд.

         Рекултиваисияи (барқароркунӣ) заминҳо маҷмӯи корҳое, к ибо мақсади барқароркунии митақаҳои вайроншуда гузаронида мешавад. Заминҳое, ки дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ, ифлосшавӣ бо партовҳои моеъ ва газшакл вайрон шудаанд, конҳои фурӯрафта, даҳанаву чуқуриҳо объекти рекултиватсия ба шумор мераванд. Роҳҳои асосии рекултиватсияи заминҳо корҳои кишоварзӣ, санитарию гигенӣ, сохтмонӣ, хоҷагии ҷангалдорӣ рекреатсионӣ ҳисобида мешаванд.

         Дар самти хоҷагии ҷангалдорӣ паарваришхонаҳо ва ниҳолхонаҳо барпо мешаванд. Тамоюли кишоварзӣ ташкил кардани алафдаравӣ, чарогоҳҳо, шинонидани ниҳолҳои бисёрсола, киштукор ва боғҳоро дарбар мегирад. Зимни тамоюли хоҷагидории об обанборҳои гуногун, аз он ҷумла, моҳипарварӣ сохта мешаванд. Тамоюли рекратсионӣ сохтани обанборҳоро барои истироҳатгоҳҳо, санаторияҳо, базаҳои сайёҳӣ ва иншоотҳои спортӣ дарбар мегирад. Ба тамоюли санитарию гигенӣ шинонидани растаниҳои ба газ тобовар ва сохтани қитъаҳое, к ибо маводи техникӣ-пардаи латексӣ таалуқ доранд .

         Рекултиватсияи пайдарҳам ё марҳила ба марҳила меояд ва марҳилаҳои техникӣ, биологӣ ва сохтмониро дарбар мегирад. Марҳилаи техники рекултиватсия тайёрии пешакии минтақаҳои вайроншударо барои намудҳои гуногуни истифодабарӣ ифода менамояд ва он банақшагирии болои хоктеппаҳо, гирифтан, ҷамъоварӣ намудан, кашонидан ва пошидани қабати ҳосилхези хок ба заминҳои рекултиватсионӣ, ба қолаб даровардани нишебиҳоро дарбар мегирад. Дар раванди рекултиватсияи техникӣ чуқуриҳои сохтмон ва кони сангу регро пур мекунад, чуқуриҳои калонро ба обанбор табдил медиҳанд, фазои коркардшудаи зеризаминиро бо ҷинсҳои «холӣ» маҳкам менамоянд. Баъд аз итмоми кор сатҳи болоиро ҳамвор мекунанд.

         Марҳилаи биологӣ рекултимватсия пас аз марҳилаи техникӣ барои бо растаниҳо рӯйпӯш кардани қитъаҳои омодашуда гузаронида мешавад. Дар ин марҳила ҳосилнокии заминҳои вайроншуда барқарор мегардад, бароои зисти ҳайвонот, растаниҳо, микроорганизмҳо шарогит фароҳам оварда мешавад, чарогоҳу алафзорҳо ва заминҳои кишт барпо мешаванд.

МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ ВА НАЗОРАТ

Мониторинг, мафҳум, намудҳо

         Мониторинг – системаи мушоҳидаҳо, баҳогузорӣ ва пешгӯии ҳолати муҳити атроф буда, қисми муҳими назорати давлати экологӣ ҳисоб мешавад. Мақсади асосии мониторинг мушоҳидаи ҳолати муҳити табиии атроф ва давраҷаи ифлосии он, баҳогузорӣ ва муайянкунии оқибатҳои таъсири антропогенӣ ба биота, экосистема ва саломатии инсон, ҳамчунин самаранокии чорабиниҳои ҳифзи табиат аст. Ба ин амсиласозии таҷрибавӣ, пешгӯӣ ва тавсияҳо оид ба идоракунии ҳолати муҳити табиат тааллуқ дорад. Аз ҷиҳати паҳншавӣ мониторинг локалӣ (маҳдуд), минтақавӣ ва глобалӣ мебошад.

         Ба барномаи мониторинги локалӣ (биоэкологӣ, санитарию гигенӣ) мушоҳидаҳои дигаргуниҳо дар соҳаҳои гуногуни табиӣ вуҷуд доштани моддаҳои ифлоскунанда, ки хусусияти кансерогенӣ, мутагенӣ, ҳамчунин таъсири физики зарарнок-радиатсия, садо, вибратсия (ларзиш), майдонҳои электромагнитӣ доранд, тааллуқ доранд. Мавриди муцшоҳидаҳои мониторинг и локалӣ қабати наздизаминии ҳаво, обҳои равони рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, партову ихроҷҳои моддаҳои ифлоскунанда ба атмосфера ва иншоотҳои обӣ, нури радиоактивӣ қарор гирифтааст. Дар ҷойҳои сераҳолӣ нуқтаҳои мушоҳидавӣ ба тарзеҷойгир шудаанд, ки хатҳои алоқаи асосии инсонро бо компонентҳои табиӣ ва сунъии муҳити атроф, яъне миқёси марказҳои саноативу энергетикӣ, неругоҳои атомӣ, корхонаҳои нафтбарорӣ, агроэкосистемаҳо бо истифодаи моддаҳои заҳрдори кимиёвӣ назорат мекунанд.

         Зимни барномаи мониторинги минтақавӣ (геосистемавӣ, табииву хоҷагӣ) ҳолати экосистемаҳои маҷмааҳои табииву минтақавӣ (ҳавзаҳои дарёҳо, экосистемаҳои ҷангалҳо, агроэкосистемаҳо) мушоҳида мешавад. Ҳамчунин алоқаҳои тропикӣ (гардишоти биологӣ) ва вайроншавии онҳо таҳқиқ мешаванд, имконоти истифодабарии экосистемаҳои табиӣ баҳогузорӣ мегардад, хусусият ва нишондодҳои теъдодии таъсироти антропогенӣ ба муҳити табиии минтақаҳои мазкур таҳлил мешаванд. Масалан, ҳолати папулятсионии намудҳои нестшавандаи ҳайвонот дар ҳудуди ин ё он минтақа таҳти назорат қарор мегиранд. Ҳамин тариқ, объектҳои мониторинги минтақавӣ намудҳои нестшудаистодаи набототу ҳайвонот, экосистемаҳои табиӣ, агроэкосистемаҳо ва экосистемаҳои ҷангалҳо ҳисоб меёбанд.

         Мониторингӣ глобалӣ дигаргуниҳои итмконпазири биосфераро мушоҳида, назорат ва пешгӯӣ менамояд. Ҳадафу объектҳои мониторинги глобалӣ атмосфера, гидросфера, қабати хок, олами набототу ҳайвонот ва биосфера ҳамчун муҳити зисти тамоми башарият ҳисоб меёбанд. Коркард ва мутобиқати мониторинги глобалӣ дар доираи ЮНЕТ(узви ташкилоти Милоли Муттаҳид) ва Ташкилоти метеорологии умумиҷаҳонӣ (ТМУ) ба амал  меяд.

         Мониторинги кайҳонӣ имкон медиҳад, ки маълумоти нодир оид ба фаъолияти экосистемаҳо дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ дасчтрас шавад. Бо ёрии он маълумоти фаврӣ дар бораи муҳти табиӣ аз манотиқи калони замин ҷамъоварӣ мешавад, ки ҳангоми зуҳуроти тӯфон, обхезӣ, сӯхтори ҷангалҳо ва дигар офатҳои табиӣ хеле муҳим аст.

         Дар Русия хадамоти мушоҳидаи умумидавлатии серсоҳа аз рӯи ҳамаи марҳилаҳои мониторинг фаъолият мекунад: дар ҳамаи истгоҳҳо, дидбонгоҳҳо, озмоишгоҳҳои кимиёвӣ, тайёраву чархболҳо ва дастгоҳҳои кайҳонӣ ифлосшавии атмосфера, обу хок, фазои наздизаминӣ, ҳолати заминҳо, захираҳои ашёи хоми қишри замин, нигоҳдории олами ҳайвоноту наботот мушоҳида назорат мешаванд. Дар ҷанбасти натиҷаи мушоҳидаҳо тасвири объективонаи равандҳои антропогенӣ ва табиӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба вуҷуд меояд. Дар Россия системаи ягонаи давлатии мониторинг экологӣ ҷорӣ шудааст, ки ҷорикунии бонки итилоот, баҳодиҳӣ ва пешгӯии ҳолати объектҳо, посухи экосистемаҳо ва саломатии аҳолӣ ба дигаргуниҳои ҳолати табиии атроф вазифаҳои асосии он ҳисоб меёбад. Ғайр аз ин, дар Россия модели доимо амалкунандаи математикӣ, ки дигаргуниҳои муҳити табииро пешгӯӣ мекунад, истифода мешавад ва он ба системаи автоматикии итилооти мониторинг ворид мегардад. Яке аз ҳадафҳои асосии моделизатсияи математики система қабул намудани ҳалли бо асоси пешгирии тамоюли манфи дар муҳти атроф ба шумор меравад.

Назорати экологӣ

         Ба системаи назорати экологӣ назорати давлатӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дохил мешаванд. Назорати давлитии экологӣ яке аз шаклҳои фаолияти давлатии маъмурӣ буда, назорати қонунгузории экологӣ ва иҷроиши чорабиниҳои ҳифзи табиатро таъмин менамояд. Назорат аз ҷониби мақомоти қонунгузор ва иҷрокунандаи ҳукумат, мақомоти таъминоти махсуси давлат ба амал меояд. Объекти назорати давлатии экологӣ замин, ҷангал, олами ҳайвонот, ҳавои атмосферӣ, фонди табииву мамнуъгоҳӣ, инчунин муҳити табиии атроф ҳисоб меёбад.

         Ғайр аз назорати давлатӣ дар Россия назорати истеҳсоливу ҷамъиётӣ фаъолият мекунад. Дар мавриди якум дар бораи назорати ба худ хоси корхона дар соҳаи ҳифзи муҳит ва истифодаи табиат, дар мавриди дуюм оид ба назорати иҷроиши талаботи қонун дар бораи ҳифзи муҳити табиӣ аз ҷониби итифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандони алоҳида сухан меравад. Назорати ҷамъиятии экологӣ бо ҳаракати ҷамъиятии экологӣ алоқаи ногусаста дорад. Ҳаракати «сабзҳо» дар Аврупои  Ғарбӣ хеле фаъол мебошад ва намояндагони он бештар ба ҳолати ҳукумати миллӣ ворид ҳастанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.