Муҳити атроф ва  саломатии инсон

Муҳити атроф ва  саломатии инсон

Нақша:

  1. 1. Муҳити зисти организмҳо
  2. Нақши муҳит дар ҳаёти ҷомеа
  3. Давраҳои таъсири инсон ба муҳити зист
  4. Таъсири муҳити зист ба саломатии инсон
  5. Проблемаҳои садо ва таъсири он
  6. Обу ҳаво ва саломатии инсон

 

Инсоният чун обеъкти биологӣ аз омилҳои физикии муҳит вобаста буда, ба онҳо ба воситаи нафаскашӣ, озуқа ва доду гирифти моддаҳо алоқаманд аст, инчунин хусусияти муто­биқатӣ дорад, ки он дар раванди дуру дарози таҳаввулот ташак­кул ёфтааст. Табиати гирду атроф ва омилҳои табиӣ барои ҳаёти ҳаррўзаи инсон аҳамияти калон дорад. Инсон то дами охирин бо табиат алоқаманд буда, тамоми талаботҳои худро аз табиат қонеъ мекунад. Табиати сайёраи мо барои тандурустии инсон бисёр омилҳоро муҳайё кардааст. Лекин тандурустии инсон аз ҳолати ин омилҳо хеле вобастагии калон дорад. Табиат барои инсон чунин омилҳоро офаридааст, ки онҳо ҳоло дар ҳолатҳои гуногун вуҷуд доранд: гармӣ, хунукӣ, сохти релеф, намнокӣ, хушкӣ, таркиби ҳаво, равшанию гармӣ, обҳои гуногун, набототи худрўй ва ҳайвоноти ваҳшӣ. Маълум аст, ки об, ҳаво, ҳарорат, элементҳои кимёвӣ ё ин ки элементҳои ғайризиндаи муҳит ба организмҳои зинда, махсусан инсон таъсири мусбӣ ва манфӣ мерасонанд. Бинобар ҳамин ҳам ҳоло тарзи нигоҳ доштани обу ҳавои тоза, ҳарорати муътадил, таркиби сохти хок ва ғайра яке аз проблемаҳои замони мо мебошад. Умуман ҳар як ҷузъи табиат барои инсон ҳам фоидаовар ва ҳам зараровар шуданаш мумкин: масалан, фасли тирамоҳ, ҳарорат торафт  паст шуда, обу ҳаво тағйир меёбад ва мувофиқи ҳамин баъзе бемориҳо хурўҷ меёбанд. Махсусан, истихроҷи хун, домана, зардпарвин, сурхча, хурўсак, ва бемориҳои роҳи нафас. Ба саломатии инсон ифлосиҳои кимёвӣ хеле таъсири бад мерасонанд, ки мо инро дар мисолҳои зерин дида метавонем.

Дар солҳои охири асри XIX ва асри XX истифодабарии моддаҳои кимёвӣ  ба дараҷаи баланд расида буд. Моддаҳои кимёвӣ асосан барои мубориза барои касалиҳои растаниҳо, бар зидди ҳашаротҳои зараррасон истифода бурда мешуданд. Дар натиҷаи истифодаи моддаҳои заҳрнок – пестисидҳо муҳити атроф бо ин намуд моддаи кимёвӣ ифлос шуда, таъсири манфии он ба инсон мерасад.

Ҳангоми истифодабарии пестисидҳо онҳо на танҳо ба таркиби обу ҳаво ва хок, балки ба таркиби моддаҳои хўрокворӣ низ дохил мешаванд. Дар маҳалҳои аҳолинишин дар таркиби ҳаво хок, аз пестисидҳои хлороорганикӣ, алдрин, аз фосфоро­органикӣ бошад поратион, карбофос ва ғайра ёфт шудааст, ин пайвастагиҳо ба организми инсон дохил шуда дар узвҳои дохилии  ҷигар, гурда ва ғайра ҷамъ мешаванд.

 

Саноати кимёвӣ низ яке аз сарчашмаҳои асосии ифлос­шавии кимиёвӣ ба шумор рафта, таъсири манфии онҳо ба саломатии инсон ва дигар организмҳо мерасад. Мо инро дар  мисоли борони кислотавӣ дида метавонем. Дар солҳои охир истеҳсолу истифодаи баъзе моддаҳои кимёвӣ умуман манъ карда шудааст.

Проблемаи садо. Садо барои организми инсон на танҳо ногузир, балки меъёри зиёди он номувофиқ ва зараровар мебошад. Сарчашмаҳои асосии садо дар шаҳрҳо, нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва корхонаҳои саноатӣ ба шумор мераванд. Дар шаҳрҳои калони саноатӣ миқдори зиёди нақлиёти боркашӣ, мусофиркашӣ, нақлиёти шахсӣ ба баланд шудани дараҷаи садо сабаб мешавад. Садо, ки аз тарафи ин намуди нақлиёт ба гирду атроф паҳн мешавад ба инсон таъсири манфӣ мерасонад. Нақлиёти роҳи оҳан низ барои гирду атроф бо садои худ таъсири манфӣ меорад. Садое, ки ҳангоми ҳара­кати қатораҳои барқӣ ба вуҷуд меояд то 300 м паҳн мешавад (бо ҳам бархўрии қатораҳо ва ноҳамвории роҳҳо). Нақлиёти ҳавоӣ низ сабаби пайдоиши садову ғалоғула мебошад. Фурудгоҳҳоро аз нуқтаҳои аҳолинишин ба масофаи дур ҷойгир намудан лозим аст.

Ба ҳалқаи сарчашмаҳои садо нигоҳ накарда инсоният доимо дар ҷаҳони садо зиндагӣ мекунад, хомўшӣ касро ба ҳарос меорад. Дар Ганновер меъморон ҳангоми сохтани бюрои конструкторӣ ҳамаи чораҳоро оид ба нагузаштани садо андешиданд. Баъд аз як ҳафтаи корӣ маълум шуд, ки сифату суръати кори меъморҳо паст шудааст. Баъд ба хулоса омаданд, ки садое ба бинои кўҳна дохил мешуд онро ба магнитофон сабт карда, дар бинои нав гузоштанд, баъд аз ин ҳолат сифату миқдори кори беҳтар шуд. Умуман олимон ба хулоса омаданд, ки садо қувваи муайян дошта қобилияти кориро ба танзим медарорад. Ҳар як инсон садоро ба таври гуногун қабул мекунад, ки ин ба синну сол, ҳолати саломатӣ, шароитҳои муҳит ва ғайраҳо вобаста мебошад.  Садои аз андоза зиёд ба саломатии инсон пеш аз ҳама ба дарозумрӣ таъсири манфӣ мерасонад. Садои аз андоза зиёд барои пайдо шудани чунин касалиҳо сабаб мешавад: вайрон шудани системаи асаб, системаи дилу раг ва ғайра.

Майдони электромагнитӣ ба ҳамаи организмҳои зинда, аз он ҷумла ба инсон низ таъсир мерасонад. Дар вақти бўҳрони магнитӣ ҳолати беморони дилу раг, бад мешавад, хусусан  фишори хун доранд. Омўзиши бўҳрони электромагнитӣ, характери он, майдони электромагнитӣ ва таъсири он ба организмҳои зинда яке аз проблемаҳои дурнамои ҳам биология ва ҳам физика ба шумор меравад. Тараққиёти прогресси илмӣ – техникӣ ба он оварда расонд, ки дараҷаи майдонҳои электро­магнитӣ дар баъзе минтақаҳо аз андоза садҳо маротиба зиёд аст. Дар шароитҳои ҳозира майдонҳои электромагнитие таъсир мекунанд, ки сабаби пайдоиши  онҳо худи инсон аст ба монанди: хатҳои электриконидаи нақлиёт, хатҳои интиқоли барқ, таҷҳи­зотҳои радио ва ғайра.

Дарахтон, буттаҳои калон ва конструксияҳои сохтмонӣ суръати майдони магнитиро дигар мекунанд. Релефи маҳал низ ба самаранокии майдони электромагнитӣ таъсир мерасонад. Майдони электромагнитие, ки хатҳои барқӣ ба вуҷуд меорад, ба 100 в/м баробар аст. Ба ин дараҷа таъсироти системаи асаб таъсири манфӣ мебинад.

Дар даҳсолаҳои охир дар натиҷаи «бунёдкориҳои азим» – и инсоният обу ҳаво дар миқёси маҳалҳои гуногун торафт дигаргун шуда, хусусияти умумӣ гирифт, дар натиҷа ҳарорати Замин низ тағйир ёфтаст. Хусусан. зиёдшави гази дуоксиди карбон, ки инъикоси гармии дохилшударо аз атмосфера хориҷ шудан монеъгӣ мерасонад. Агар ҳарорати миёнаи сайёра аз 1,5 – 2°С зиёд шавад, сатҳи уқёнус аз 0,5 то 2 метр баланд мешавад, ки бисёр ҳудудҳои ҷаҳон зери об мемонанд.

Тағйирёбии муҳити атроф ба дигаргуншавии обу ҳаво оварда мерасонад. Масалан, буридани ҷангал, аз худ кардани ҷамоаҳои табиӣ, сохтани обанборҳои сунъӣ, партовҳои сано­атӣ, химиякунонии хоҷагии қишлоқ, хушконидани обанборҳои табиӣ, ба монанди баҳри Арал ва ғайраҳо маҳсуб мешаванд.

Бинобар ин дар чаҳорчўбаи экологӣ муносибат кардан ба муҳити атроф, инсоният метавонад муҳити солимро ба даст орад.

test

Добавить комментарий