Фанни Экология

Таълимот дар бораи популятсия

Нақша:

  1. Мафҳуми популятсия дар экология
  2. Таркиб ва рафтори популятсияҳо
  3. Худидоракунии популятсияҳо
  4. Аҳамияти омўзиши популятсия

Популятсия дар экология ин гурўҳи фардҳои як намуд, ки ба ҳамдигар таъсир мерасонад ва ҳудуди муайянро ишғол менамоянд.

Популятсия калимаи лотинӣ буда, маънояш «популюс»- халқ, аҳолӣ, яъне популятсияи экологӣ ин маскуни гурўҳи як намуд дар ҳудуди муайян.

Аъзоёни як популятсия ба ҳамдигар на камтар аз омилҳои муҳит ва дигар организмҳое, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд таъсир мерасонад.Популятсия доимо тағйир меёбад яъне доимӣ нест, вобаста ба мавсим, давра ба давра тағйир меёбад.

Популятсияҳо аз ҳамдигар дар изолятсия (ҷудоӣ) мебошанд. Популятсия доимо аломатҳои нав ба вуҷуд меорад, муҳитҳои гуногунро аз худ мекунад. Бо баробари аз худ кардани дигар марзҳо аз популятсияи модарӣ ҷудо мешавад. Дар натиҷа аломатҳои нави авлодиро ба вуҷуд меоранд ва намудҳои навро тавлид мекунанд.

Популятсия дар раванди таҳаввулот инқироз мешавад. Дар натиҷаи таҳқиқотҳо маълум гашт, ки дар табиат бештар аз 2000 популятсияи одам маълум аст.

Тавсифи оморӣ: нигоҳ доштани миқдори опти­малӣ дар шароити додашуда гомеостази популятсионӣ номида мешавад. Ҳамчун муттаҳидаи гурўҳӣ популятсия бо як қатор хусусиятҳояш аз фард фарқ мекунад. Хусусиятҳои гуруҳӣ ин тавсифи асосии популятсия маҳсуб мешавад:

1) Миқдори популятсия — миқдори умумии фардҳо дар ҳудуди ҷудошуда.

2) Зичии популятсия — миқдори миёнаи фардҳо ба воҳиди масоҳат муайян карда мешавад.

3)3ичии популятсия ва массаи популятсияро дар воҳиди масоҳат муайян кардан мумкин аст.

Тавсифи динамикӣ:

1) Тавлид — миқдори нави фардҳои дар воҳиди вақт ба вуҷуд омада дар натиҷаи афзоиш мебошад.

2) Фавт – нишон­диҳандаи инъикоси миқдори фавтидаи фардҳои популятсия дар муҳлати муайяни вақт мебошад.

3) Афзоиши популятсия — фарқияти байни тавлид ва фавт аст.

4) Суръати афзоиш — афзоиши миёнаи фардҳои популятсия ба воҳиди вақт аст.

Ҳамаи популятсияҳо ба афзоиши номаҳдуд қудрат доранд, аммо маҳдудияти омилҳои муҳити беруна монеа мерасо­нанд. Дар ин ҳолат афзоиши популятсия ба андозаи потенсиалӣ ва биотикии он вобастагӣ дорад.

Потенсиали биотикӣ ин нишондиҳандаи максималии авлодгузории як ҷуфти фард дар воҳиди вақт мебошад. Андозаи потенсиали биотикӣ дар намудҳо гуногун аст. Масалан, модаоҳу дар ҳаёташ 10 — 15 бузғола тавлид мекунад, зан­бўри асал 50 000 тухмӣ, моҳӣ то 3 млрд. тухм мегузорад.

Ба афзоиши потенсиалии популятсияҳо муҳит, душман, тағйирёбии муҳит, шароити номусоид таъсир мерасонад. Дар табиат ҳеҷ вақт иқтидори биотикии популятсия ба амал бароварда намешавад ва омилҳои маҳдудкунандаи он, ба муҳитҳои гуногун монеа мешавад.

Танзими миқдори популятсия асосан дар натиҷаи муносибати биосенотикӣ ва таъсири муҳити беруна сурат мегирад. Миқдори популятсияҳо дар ҷамоаҳо асосан бо муноси­батҳои биосенотикӣ, даррандагӣ, паразитизм, конкурентсия ва ғайраҳо танзим карда мешавад.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *