Муҳофизати  ҳавои атмосфера

Нақша:

  1. Ҳаво ҳамчун сарвати табиӣ, аҳамияти он дар табиат ва ҳаёти инсон
  2. Сохт ва таркиби химиявии газҳои атмосфера
  3. Сарчашмаҳои ифлосшавӣ ва роҳҳои муҳофизати ҳавои атмосфера
  4. Қабатҳои атмосфера

Инкишоф ва пайдоиши ҳаёт дар рўйи замин аз ҳавои атмосфера вобастагӣ дорад, чунки бе ҳаво ягон мавҷудоти зинда ҳаёт ба сар бурда наметавонад.  Ҳастии ҳаёт дар рўйи замин ин мавҷудияти оксиген ё ҳавои атмосфера мебошад. Атмосфера иқлими табиати атрофро ба танзим дароварда, дар пайдошавии абр, борон, барф, жола ва шамол иштироки бевосита дорад. Атмосфера дар Замин ҳаракат ва кўчиши намнокиро таъмин месозад.

Паҳншавӣ ва ҳаракати садо ба мавҷудияти ҳавои атмосферӣ вобастагӣ дорад. Бе ҳаво табиати атроф макони бесадоро ба назар меоварад.

Массаи умумии ҳаво дар замин ба 5,13 х 10 15 – тонна баробар аст.

Таркиби ҳавои атмосфера аз газҳои гуногун иборат буда, фоизи таркибии онҳо чунин аст.

  1. Нитроген – 78,1%
  2. Оксиген – 20,93%
  3. Гидроген, гази карбонат, газҳои инертӣ ва ғ.- 0,97%.

Ин фоизнокӣ дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво аз сарчашмаҳои гуногун   тағйирёбанда мебошад.

Оксигени ҳаво барои нафаскашии организмҳои зиндаи табиат, барои гузаштани ҷараёни сўзиши сўзишворӣ ва газҳо, барои кори муҳаррикҳои дарунсўз аввалиндараҷа мебошад.

Нитрогени таркиби ҳаво дар бойгардонии замин аз нуриҳои нитрогенӣ истифода бурда мешавад.

Гази карбонат ва дигар газҳои таркиби ҳавои атмосфера бо мақсадҳои гуногун дар табиат васеъ истифода бурда мешаванд. Истифодаи дуруст ва роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера вазифаи ҳар фарди ҷумҳурӣ  ба шумор меравад.

Роҳҳои ифлосшавии ҳавои атмосфера

Асосан ҳавои атмосфера бо ду роҳ ифлос мешавад.

1.Табиӣ.

2.Сунъӣ.

  • Ифлоскунандагони табиӣ олами наботот, ҳайвонот, микробҳо, чангу ғубори атроф (шамоли сахти афғонӣ) моддаҳои радиоактивӣ ва вулканҳо ва сўзиши табиии ҷангалҳо ва ғайраҳо мебошанд.
  • Ифлосшавӣ аз сўзиши газҳо ва сўзишворӣ бо мақсадҳои гуногун:

Асосан ифлосшавии антропикӣ (антропогенӣ)-и ҳаво итеҳсолот ба шумор меравад: шабакаҳои гармидиҳии шаҳрҳо, заводҳо, фабрикаҳо, парвози тайёраҳои реактивӣ ва  ғайраҳо.

 

Ҳисоб карда шудааст, ки ҳангоми парвози як самолиёти реактивӣ ҳавои атрофро баробари 6850 автомашинаи сабукрав ифлос мекунад. Як автомашинаи сабукрав ҳар сол ба ҳисоби миёна 800кг CО2, 115кг (СН ), 38кг NO2 ба ҳавои атмосфера хориҷ мекунад. Ба ғайр аз ин ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт оксигени ҳаво сўзонида мешавад.

Тайёра ҳангоми парвоз аз Амрико ба Аврупо аз 50 то 100т. оксигенро сўзонида метавонад. Автомобили дорои иқтидори миёна дар 1000км2  миқдори оксигени истифода бурдаи 1 солаи 1 одамро мезўзонад. Одам дар як шабонарўз зиёда аз 500л О2 – ро нафас гирифта, 10.000л (=12 кг) ҳаворо аз шуши худ мегузаронад.

Ифлосшавии таркиби ҳаво аз партовҳои саноатӣ ва коркарди онҳо

Яке аз сарчашмаҳои ифлосшавии ҳавои атмосфеа ин истеҳсолот ва партовҳои истеҳсолӣ ба шумор мераванд.

Дар истеҳсолоти  соҳаҳои гуногун барои қонеъ гардонидани талаботи яксолаи як нафар бо хўрок, манзил ва либос 20 тонна ашёҳои гуногун сарф мешавад. Аз ин миқдор 10% ашёҳо ба моддаҳои  ниҳоми истеҳсоли мубаддал мегардад. 90% ба партов мубаддал гашта муҳити зист ва заминро халалдор  мекунад.

Ҷумҳуриҳои Ҷопон ва Чин ҳамаи партовҳои органикии худро ба пору табдил дода, барои парвариши сабзавот истифода мебаранд. Аз ин талаботи аҳолии худро бо сабзавот қонеъ мегардонанд.

Дар шаҳри Калкутаи Ҳиндустон аз ҳисоби партовҳои хўрокаи шаҳр, ҳамасола 20 т моҳӣ парвариш мекунанд.

Бо истифода аз партовҳои органикии соҳаи чорводорӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон гази биологӣ ҳосил карда дар маҳалли аҳолинишин истифода бурда мешавад. Маҳсули боқимондаи он нурии хуби органикӣ мегардад.

Мўҳлати безараргардии партовҳо гуногун буда, ба сохт ва таркиби онҳо вобастагӣ дорад.

Коғаз – 2 – 10 сол.

Қуттии консерва – 90 сол.

Боқимондаи сигор (филтр) 100 сол.

Халтаҳои полиэтиленӣ – 200 сол.

Пластмассаҳо – 500 сол.

Шиша – 1000сол.

  1. Дар шаҳри Душанбе партовҳои зараррасони автомобилӣ дар солҳои 90 -ум – 40% ё 77 ҳаз. т.буд. Айни замон ин адад ба 83% ё 171,5 т расидааст.

 

 

Солҳо

Миқдори партовҳои зараррасон ҳаз. тонна
Аз сарчашмаҳои беҳаракат Аз сарчашмаҳои ҳаракаткунанда  

Умумӣ

2000 29,6 114,0 143,6
2001 32,2 115,8 148
2002 35,1 122,9 158
2003 30,1 126,5 156,6
2004 36,1 128,0 164
2005 34,4 170,3 204,7
2006 34,8 171,5 206,3

 

Шаҳрҳои дар ҳолати пасти экологӣ қарор доштаи ҷумҳурӣ Душанбе, Турсунзода, Қўрғонтеппа, мебошанд. Партовҳои саноатӣ, нақлиёт ва кам гаштани кабудизорҳои ин мавзеъҳо сабаби бад будани ҳолати экологӣ гаштаанд.

Қабатҳои атмосфера

Тропосфера қабати поёнии атмосфера буда, баландии ҷойгиршавии он гуногун аст. Дар қутбҳо 7- 10 км, аз хатти экватор аз 18 – 20 км мебошад. Аз 5/4  ҳиссаи атмосфера дар тропосфера мебошад.

Умуман ҳамаи ҳаракатҳои ҳаво ва пасту баланд шудани ҳарорат дар қабати тропосфера ба вуҷуд меояд.

Стратосфера  дар баландии аз 20 – 60 км ҷойгир аст. Ҳарорат дар ин қабат қариб, ки доимист. Дар баландии 25-26ум километри ин қабат пардаи озонӣ ҷой дорад.

Қабати озонӣ дар қисми болоии тропосфера ва қисми поёнии стратосфера ҷойгир буда, организмҳоро аз таъсири манфии нурҳои ултрабунафшу кўтоҳмавҷи Офтоб нигоҳ медорад.

Мезосфера   қабатест дар болои стратосфера дар баландии 60-80 км. Дар он то 0,3 %  массаи атмосфера мавҷуд аст. Ҳарорат дар ин қабат то 800 С сард мешавад.

Термосфера  дар баландии 80-100 км – и атмосфера паҳн шудааст. Дар таркиби ин қабат ионҳои гуногун мавҷуданд, ки қобилияти гармигузарониашон хело зиёд аст.

Экзосфера  болотарин қабати атмосфера мебошад, ки дар баландии зиёда аз 800 км ҷойгир аст. Зичии ҳаво дар ин қабат ниҳоят кам аст. Ҳарорат гуногун буда, тахмин меравад, ки дар баландии охиринаш то 20000С гарм мешавад.

Ҳудуди болоии атмосфераро тахминан дар баландии 2000 км медонанд, лекин нишонаҳои атмосфераро дар баландии то 20 000 км мушоҳида кардаанд. Миқдори ҳаво тахминан ба 5000 трлн. тонна баробар аст, ки аз ин  99,9 %  дар баландии то 70 км аз сатҳи замин ҷойгир аст.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.