Ҳамкориҳои байналхалқӣ оид ба муҳофизати муҳити зист

Нақша:

  1. Ҳуқуқҳои озодӣ дар бораи сарватҳои табиӣ
  2. Барномаи СММ дар бораи муҳити зист
  3. Иттифоқи байналхалқии муҳити зист (ИБММА)
  4. Мавқеи Тоҷикистон дар чорабиниҳо оид ба муҳити зист

 

Масъалаҳои экологӣ имрўзҳо тамоми аҳли башарро ба ташвиш оварда, бетарафӣ ва дар каноргирии онҳоро аз байн бардоштааст. Чунки аҳли башар имрўз танҳо дар якҷоягӣ метавонанд табиати муҳити атроф ва қонуниятҳои онро риоя ва такмил диҳанд. Ин ҳамкориҳо имконият медиҳанд, ки инсоният барои насли ояндаи худ аз табиат чизе мерос гузорад.

Аксари ташкилотҳои байналхалқӣ аз ибтидои асри XX сар карда корҳои илмию амалиро оид ба ҳамкориҳо дар муҳофизати муҳити зист ба сомон расонидаанд. Моҳи октябри соли 1948 бо ташаббуси ЮНЕСКО, (ташкилот оиди маориф, илм ва санъат), дар Фонтенбло ташкилоти байналхалқӣ бо номи Иттифоқӣ Байналхалқӣ оид ба муҳофизати муҳити атроф ва сарватҳои табиӣ (ИБММА) созмон дода шуд. Дар кори ин ташкилот намояндагони 18 давлат, 108 ташкилотҳои миллӣ як қатор ташкилотҳои байналхалкӣ ширкат варзиданд. Баъдтар ин иттифоқ ба маркази илмӣ табдил ёфт, ки 36 давлатро муттаҳид кард. Дар кори иттифоқ 300 давлати дунё ва 75 муассисаҳои ҷамъиятӣ ба муҳофизати муҳити атроф сару кор дошта ширкат мекарданд. Асоси кори ин ташкилот аз 6 комиссия иборат буд.

  1. Комиссияи экологӣ.
  2. Комиссия оид ба паркҳои миллӣ.
  3. Комиссия оид ба маърифатноккунии аҳолӣ.
  4. Комиссия оид ба муҳофизати намудҳои нодир ва камфёти олами набототу ҳайвонот.
  5. Комиссия оид ба сиёсат дар кори муҳофизати муҳити атроф.
  6. Фонди байналмилалӣ оиди муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ  

Иттифоқи мазкур алоқаи худро бо як қатор муассисаҳои байналхалқӣ мустаҳкам намуд:

  1. Шўрои байналхалқӣ оиди муҳофизати паррандагон (СИПО) .
  2. Бюрои байналмилалӣ оид ба омўзиши обшинокунандагон (МБИВ).
  3. Федератсияи байналмилалии ҷавонон оид ба омўзиш ва муҳофизати табиат ( МФОП).
  4. Федератсияи ҷумҳуриҳои ҷаҳонӣ оид ба муҳофизати ҳайвонот. (ВФЗЖ).
  5. Кумитаи Байналмиллалӣ оид ба ҳалқагузаронии паррандагон (МККП).

Сол аз сол ҳамкориҳои иттифоқ бо СММ мустаҳкам ва васеъ гашта истодааст . Ба монанди муассисаи хўрокворӣ ва хоҷагии қишлоқ (ФАО), муассисаи маориф, илм ва санъат (ЮНЕСКО), муассисаи умумиҷаҳонӣ нигоҳдории тандурустӣ  (ВОЗ).  Норасогии оби нўшокиро дар ҷаҳон дарк карда соли 1959 дар назди СММ маркази инкишофдиҳии захирҳоии обӣ созмон дода шуд. Ин иқдомро ба назар гирифта соли 1965 аз тарафи муассисаи маориф , илм ва санъат (ЮНЕСКО) даҳсолаи байналмилалии гидрологӣ эълон гардида буд. Масъалаҳои асосӣ ивазкунии маълумот, оид ба тозакунии об ва ивазкунии мутахассисони илмӣ ва техникӣ буд. Муассисаи байналмилалии нигоҳдории тандурустӣ (ВОЗ) бо  панҷ забон   маводе ба нашр расонид, ки ин аз ифлосшавии ҳавои атмосфера ва таъсисрасонии он ба саломатии инсон дарак медод. Соли 1972 дар шаҳри Стокгольм конфренсияи СММ баргузор гардид, ки ин аз якҷояшавии ҳамаи давлатҳо дар муҳофизати муҳити зист ва кор карда баромадани барномаи ягона оид ба фаъолияти онҳо буд.

Барномаи СММ дар сессияи XXVII Ассамблеяи Генаралии СММ. Кумитаи муҳофизати муҳити зист (ЮНЕП) созмон дода шуд. Дар соли 1973 намояндагони Иттифоқи Советӣ пешниҳод намудаанд, ки масъалаҳои ин барнома аввалиндараҷа ҳисобида мешаванд:

  1. Сабабҳои баландшавии ифлосшавии ҳаво ва об
  2. Аз нав коркард ва ба пуррагӣ истифодабарии партовҳои саноатӣ.
  3. Коркарди методи мушоҳида ба ҳолати биосфера.

Ба хотири бештар ҷалбгардонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муҳим будани масъалаҳои муҳофизати табиат, ҳамкориҳои байналмиллалӣ ҳатмист.

Аз ин рў, Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972, ро рўзи байналмилалии муҳофизати муҳити зист эълон доштааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии ташаккули афкори умум (ММТАУ) моҳи марти соли 1999 ба фаъолият шурўъ кард. Кормандони ин марказ аз соҳаҳои гуногун ҷалб шуда буданд. Онҳо дар муддати кўтоҳ маводи иттилоотии хубе ба вуҷуд оварда, самти фаъолияти худро муайян карданд. Маркази илмӣ тавонист, ки диққати тамоми воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ- радио, телевизион ва тамоми маҷаллаву рўзномаҳоро ба наҷоти Арал, истифодаи самаранокӣ об, муносибати эҳтиёткорона нисбат ба сарватҳои табиӣ, усулҳои самарабахши истифодаи об дар кишоварзӣ, ҳифзи заминҳо аз обҳои зеризаминӣ, ботлоқшавӣ, шўрабандӣ  ҷалб намояд.

Бо мақсади бартараф намудани фоҷеаи экологии ҳавзаи баҳри Арал, ки фоҷеаи калонтарини экологии асри XX ба шумор меравад, сарварони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ  26  марти  соли 1993  дар Қизилўрдаи (Қазоқистон) Фонди Байналмилалии Наҷоти Аралро (ФБНА) созмон доданд. Барои ҳалли ин масъалаи хусусияти, ҷаҳонӣ дошта назар ва саҳми аксар давлатҳои ҷаҳон, ташкилоту муассисаҳои гуногуни хориҷӣ аз он ҷумла  СММ, гузошта шудааст.

Моҳи октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе аз тарафи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қарор дар бораи коркарди барномаи нав, дар асоси барномаи ФБНА ,барои солҳои 2003 – 2010 қабул карда шуд, ки вазифа ва фаъолиятҳои мушаххасро дар беҳдошти муҳити зисти ин ҳавза пешниҳод менамояд.

Тоҷикистон дар ин самт бисёр корҳои назаррасро ба анҷом дода, дар миқёси ҷаҳон мавқеи худро нисбат ба ҳифзи муҳити зист муайян кардааст.

Яке аз корҳои анҷомдода Форуми Байналмилалии оби тоза 30  августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе шуда буд, ки вакилони 53 кишвар ва 91 созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 1октябри соли 1999 дар иҷлосияи 54 – уми СММ, соли 2003 соли оби тоза. эълон гардид. Ин пешниҳод аз тарафи 148 давлати ҷаҳон тарафдорӣ карда шуд. Ин замон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи СММ қайд карда буд, ки то соли 2005 аҳолии кураи Замин ба 9 млрд хоҳад расид , ки масъалаи бо оби нўшокӣ таъмин кардани сокинони сайёра мушкил хоҳад гашт .

Боз зикр кард, ки имрўз ҳар чорум сокини сайёра аз оби тозаи нўшокӣ танқисӣ мекашад, инчунин қисми зиёди онҳо аз оби пастсифати ошомиданӣ истифода мебаранд. Дар ин самт, бо назардошти муҳимияти муҳити зист ва экология бо тақозои замон тайи солҳои истиқлолият тағйироту иловаҳо ба аксар қонунгузориҳои ҳифзи табиат ворид намуданд:

« Дар бораи истифода ва ҳифзи олами ҳайвонот» аз 20. 07. 1994с. №989; «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосферӣ» аз 1.02.1996с .№229;                           «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»аз 13. 12.1996 «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» аз 10. 05.2002 с. №44.

«Дар бораи фаъолияти обу ҳавошиносӣ» аз 2.12.2002 с.№ 88.                        «Дар бораи экспертизаи экологӣ» аз22.04. 2003. с. № 20.

«Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17. 05. 2004с.№37.

«Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» аз 29. 04. 2004с. №529 ва ғайра қабул гардидаанд.

Ба боварии комил метавон гуфт, ки имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкурсии мукаммали қонунгузориҳои соҳаи ҳифзи табиат мавҷуд мебошанд, ки ин баҳри ҳаллу фасли самарабахши масоили ҳифзи муҳити зист ва экология мусоидат менамояд.

Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки сиёсати экологии кишварро муайян месозад, ин «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Зарурияти андешидани тадбирҳои мушаххас баҳри ҳифзи захираҳои табиӣ, оқилона истифодабарию барқароркунии онҳо, аз соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам овард.

Собиқ Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1996 – 1997 бо мақсади ҳалли проблемаҳои актуалии экологӣ, ҳифзи муҳити зист, барқароркунии захираҳои табиӣ, солимии аҳолӣ бо дастгирии вазорату идораҳои дахлдор барномаи дурнамо  « барномаи  давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1998 – 2008»  –  ро омода намуд.

Эълон гардидани солҳои 2005 – 2015 – амалиёти об барои ҳаёт низ аз ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Имрўз экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум ва саломатии аҳолӣ буда, яке аз бурдбориҳои давлат ба шумор меравад.

Бо мақсади баланд бардоштани маданияту маърифати экологии сокинони кишвар, аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор чорабиниҳои махсус  гузаронида  шуда истодааст.  Ҷорӣ намудани фанни экология дар мактабҳои ҳамагонӣ, ташкили кафедраҳои экология дар коллеҷу мактабҳои олӣ, нашрҳои махсуси телевизионӣ, чопи китоб, дастур ва мақолаҳои олимон дар ин бахш аз зумраи беҳдошти ҳолатҳои экологии кишвар  ва дар маҷмуъ ҷаҳонро дар бар мегирад.

Зеро нигоҳдории муҳити солим, аз ҷиҳати экологӣ, вазифа ва мероси волидайни имрўза ба насли ояндаи худ мебошад.

Чунон, ки фармудаанд: «Биосфера  хонаи тамоми организмҳои зинда аст, онро бояд тозаву озода нигоҳ дошт» .

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.