Сарватҳои табиат, вазъи  экологӣ ва роҳҳои ҳифзи онҳо

Нақша :

  1. Мафҳуми сарватҳои табиӣ ва таснифоти он
  2. Дороии сарватҳои табиии Тоҷикистон
  3. Вазъи ҳозираи экологии сарватҳои табиӣ
  4.  Асосҳои экологии ҳифзи сарватҳои табиӣ

 

Мафҳуми сарватҳои табиӣ аз тарафи олимони гуногун ба таври гуногун маънидод карда шудааст. Масалан: ҷуғрофидон И.П. Герасимов ва профессор Д.Л. Арманд оид ба сарватҳои табиӣ чунин гуфтаанд: Сарватҳои табиӣ – ин воситаҳои гуногуне, ки инсоният аз табиат мегирад ва барои ҳаёти  зарур аст.

Ҷуғрофидон профессор Ю.Т. Саушкин бошад оид ба сарватҳои табиӣ чунин қайд кардааст: он ҷузъҳои табиӣ, ки аз он энергияи барқӣ гирифта мешавад, ҳамчун маҳсулоти озуқаворӣ истифода мешавад ва барои саноат ашёи хом мебошад, сарвати табиист. Умуман оид ба сарватҳои табиӣ аз тарафи олимон фикрҳои гуногун пешниҳод карда шудааст.

Сарватҳои табиӣ гуфта – он объектҳои табиат дар назар дошта мешавад, ки инсон барои истеҳсолот ва дигар мақсадҳо истифода мебарад. Ба сарватҳои табиӣ: ҳаво, об, хок, иқлим, растаниҳо , ҳайвонот, радиатсияи кайҳону Офтоб, канданиҳои фоиданок, мадду ҷазр ва ғайра дохил мешаванд.

Дар давраҳои пеш вақте ки дараҷаи тараққиёти иқтисодиёт паст буд, табиат қобилияти барқарор кардани қисми зиёди сарватҳоро дошт. Масалан, вақте ки миқдори аҳолии Замин кам буд, талабот низ ночиз буд ва табиат дар ҳолати табиӣ худро ва ҷузъҳои худро барқарор мекард. Дар асри XIX ва XX ин ҳолат якбора дигаргун шуд. Яъне суръати истифодаи сарватҳо аз барқароршавии онҳо якчандкарата зиёд шуд. Дар асри XX барои талаботҳои истеҳсолӣ ва маишӣ соле 3,5 ҳазор км3 об ва ҳангоми сўхтани сўзишвории гуногун 15 млрд. тонна об истифода бурда мешавад. Соле аз қаъри Замин зиёда аз 100 млрд. тонна ҷинсҳои куҳӣ гирифта мешавад, 800 млн. т. металлҳои гуногун гудохта мешаванд ва ҳангоми корҳои хоҷагии қишлоқ 4000 км3. хок ва замин кўчонида мешавад. Сарватҳои табиии тамом­шаванда дар зери фаъолияти хоҷагидории инсон пурра нест шуданашон мумкин аст. Мо инро дар мисоли ҳайвоноте, ки дар зери фаъолияти инсон ва ҳам дар зери таъсири ҳодисаҳои табиӣ нест шудаанд, дида метавонем. Аз рўйи маълумотҳои “Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат” аз соли 1600 инҷониб 63 намуди парранда, 55 намуд ва зернамуди ширхўрон маҳв шудаанд. Ҳоло 800 намуди ҳайвон, аз он ҷумла 300 намуди ширхўрҳо, 10%-и растаниҳои олӣ, ки қариб 25000 намудҳои флораи ҷаҳонро ташкил медиҳад, дар ҳолати маҳвшавӣ қарор доранд.

Табиат барои ҷамъияти инсонӣ ҳамчун сарчашмаи сарватҳои асосии истеҳсолотӣ, маҳсулотӣ ва муҳити зист хизмат мекунад. Бинобар ин ҳангоми истифодаи сарватҳои табиӣ бояд мақсадҳои иқтисодӣ ва экологӣ бо ҳамдигар мутобиқат кунанд.

Сарватҳои обӣ. Дар Замин зиёда аз 1370 млн. км3 об ҳаст, ки аз он 94%- аш оби шўри баҳру уқёнусҳо мебошад. 70,8% сатҳи сайёраи моро обҳои баҳру уқёнусҳо ишғол кардаанд,  захираи обҳои ширин зиёда аз 30 млн. км3 ро ташкил медиҳад, ки 97% он дар пиряхҳо ва қутбҳо маҳфузанд, 0,01 % захираи оби Замин дар дарё, дарёчаҳо, кўлҳо ва дар атмосфера мавҷуданд. Талабот ба об барои 6 млрд. аҳолии Замин дар охири асри XX чунин мебошад, ба ҳисоби км3: иригатсия 7000 км3, саноат 1700 км3, талаботҳои иқлимӣ 600 км3, хунуккунӣ бо обҳои ифлос  9000 км3, дигар намудҳои талабот 400 км3. Ин миқдор аз 1/3 захираи ҷаҳонии оби ширинро ташкил медиҳад. Танқисии сарватҳои обӣ пеш аз ҳама дар нобаробар тақсимшавии сарватҳои обӣ мебошад. Миқдори об дар ҳавзҳои котиненталӣ низ кам шуда истодааст, ки ин сабаби буридани ҷангал, хушконидани ботлоқ, кам шудани боришот дар хушкӣ мебошад. Аз рўйи маълумотҳои СММ 231 шаҳр ва 80% аҳолии деҳот бо оби нўшокӣ таъмин нест.

Умуман, танқисии об дар натиҷаи се сабаби асосӣ ба вуҷуд омадааст:

1.Талабот ба об вобаста ба босуръат афзудани аҳолии Замин ва тараққиёти соҳаҳое, ки микдори зиёди сарфи обро талаб мекунанд.  Барои як шаҳрванд ба ҳисоби миёна. дар як шабонарўз 300 литр об сарф карда мешавад.

  1. Талафи об дар натиҷаи кам шудани қобилияти обни­гоҳдории дарёҳо ва дигар сабабҳо. Ин ҳолат ба буриши бераҳ­монаи ҷангалҳо, хушконидани ботлоқҳо вобаста аст. Мубориза ва чорабиниҳои қатъӣ бар зидди камшавии қобилияти обни­гоҳдорӣ ин дарахтзор кардани соҳилҳо, барқарор кардани марғзорҳо мебошад.

З. Ифлосшавии обҳавзҳо бо обҳои партовии саноатӣ ва маишӣ. Обҳои ифлосшудаи дарё, обҳавз, кўлҳо на танҳо барои нўшокӣ, балки барои талаботҳои саноат ва хоҷагии коммуналӣ истифода бурда намешавад.

Нақши растаниҳо дар сайёраи Замин ниҳоят калон мебошад. Маҳсули аввалин дар ҷамоаҳо аз ҳисоби растаниҳо ба вуҷуд оварда мешавад. Растаниҳо ҳар сол 60%-и оксигени  фаъолро дар натиҷаи фотосинтез ба табиат бармегардонанд ва аз 2/3 ҳиссаи массаи органикиро синтез мекунанд. Нақши ҷангал дар танзими об ниҳоят калон аст. Дар табиат ҷангал обро танзим мекунад ва дар экосистемаи Замин нақши асосӣ мебозад.

 

#

test

Добавить комментарий