Фанни Экология

Сарчашмаҳо ва таркиби олудакунандаҳои ҳавои атмосфера

 

Масъалаи тоза нигоҳ доштани атмосфера нав набуда, дар баробари инкишофи саноат ва нақлиёте, ки бо ангишт ва нафт кор мекунад, пайдо шудааст. Дар давоми дусад сол ба ҳаво интиқол додани дуд, танҳо таснифи таҳҷойи дошт. Лекин босуръат инкишофёбии саноат ва нақлиёт дар асри XX ба зиёдшавии ҳаҷми партовҳои заҳрнок оварда расонд, ки таҷзияшавии онҳо дар атмосфера то моддаҳои соддатари безарар ғайриимкон шуд, чунки ҷараёнҳои дар атмосфера амалӣ шуда аз «ӯњдаи» ин намебаромаданд. Олудашавии атмосфера сарчашмаҳои табиӣ ва сунъӣ дорад, ки дар байни омилҳои табий инҳоро ҷудо мекунанд:

а) олудакунандаҳои ғайризаминии ҳаво, заррачаҳои чанги кайҳонӣ ва нурафшании кайҳонӣ.

б) олудакунандаҳои заминии атмосфера, вулқонҳо, бодлесии ҷинсҳои кӯҳӣ, тӯфонҳои чангї, сӯхторҳои ҷангал аз рӯи раъду барқ, баровардани намакҳои баҳрҳо (дар мисоли баҳри Арал) ва ғ.

Шартан олудакунандаҳои табийи атмосфераро ба қитъавӣ ва баҳрї, ҳамчунин ѓайриузвӣ ва узвї ҷудо мекунанд. Бо сарчашмаи олудакунандаҳои узвї аэропланктон-бактерияҳо аз он ҷумла барангезандаи бемориҳо, спораи занбурӯғҳо, гарди растаниҳо (аз он ҷумла гарди заҳрдори Ambrosia) ва ғайра дохил мешаванд. Ҳиссаи омилҳои табиӣ олудакунандаи атмосфера дар асри XX 75% ва фаъолияти инсон бошад 25%-ро ташкил медиҳад.

Олудакунандаҳои сунъии атмосфераро ба радиофъаол, электромагнита, садой, газй, соҳаи саноатй ва намудҳои ҷараёнҳои технологи ҷудо мекунанд. Аз ҳама сарчашмаи хатарнокї олудакунандаҳои атмосфера саноат, нақлиёт ва партовҳои маишй ба ҳисоб мераванд. Дар рафти фаъолияти одамон ба атмосфера гази карбон (СО2) ва оксиди карбон (СО), дуоксиди сулфур (SO2), метан (СШ), оксидҳои нитроген NO2 ва N2O дохил мешаванд. Дар рафти истифодаи аэрозолҳо ба атмосфера пайвастагиҳои хлор, фтор, карбон, дар ҷараёни

кори нақлиёт — карбогидрадҳо(бенз(а)пирен ва ѓ.) интиқол дода мешаванд.

Олудакунандаҳои аз ҳама бештари атмосфера, ки сарчашмаи техногеннї доран.

Моддаҳои олудакунандаи атмосфераро ба якумин ва дуюмин ҷудо мекунанд. Моддаҳои якумин бевосита дар партовҳои корхонаҳо мушоҳида мешаванд. Моддаҳои дуюмин бошанд дар рафти мубаддалшавиҳои маҳсулотҳои якумин ё ки дуюмин ҳосил мешаванд. Онҳо назар ба моддаҳои якумин хатарноктаранд. Барой ҳамин кам кардани олудакунандаҳои атмосфера ва ба роҳ мондани техналогияи нави саноатй дар тамоми самтҳои истеҳсолот яке аз роҳҳои пурсамар ҳифз намудани ҳавои атмосфера ба ҳисоб меравад. Барои ин мо бояд каме кӯшиш ба харҷ диҳем.

Садои дараҷааш ба 20-30 дБ баробар барои одам безарар мебошад. Одамоне, ки дар шароити дараҷаи садояш 80дБ ва зиёдтар фаъолият дошта, аломатҳои тағйирёбии системам асаб ва системаи дилу рагҳо мушоҳида карда мешавад. Имрӯз дараҷаи майдонҳои электромагнитие, ки одам дар рафти фаъолияти худ амалӣ кардааст садҳо маротиба аз дараҷаи табиӣи онҳо зиёдтар шудааст. Майдони электромагнита ба системаи асаб, мубодилаи моддаҳо, рагу дил, эндокринй таъсири манфй мерасонад.

Организми инсон ба таъсири бисёркаратаи майдони электромагнита хеле ҳассос аст.

14.4. Роҳҳои пешгирии олудашавии ҳавои атмосфера

Роҳҳои пешгирии тоза нигоҳ доштани ҳаво ва ҳифзи он дар замони муосир хеле актуалй мебошад. Ба ин масъала ҳамаи мамлакатҳои саноаташон хуб инкишофёфта машгуланд, онҳо қонунҳои махсус бароварда, дар сатхд ҳукуматҳои маҳаллӣ қарорҳои махсус қабул мекунанд.

Яке аз рохдои босамар кам кардани партовҳои захрнок ба атмосфера ба роҳ мондани истеҳсоли бепартов ва кампартов ва нав кардани ҷараёнҳои технологй, баланд кардани самараи дастгохдои амалкунандаи тозакунандаи ҳаво, ба роҳ мондани тозакунандаи сарбастаи даврии ҳаво ва г. мебошад. Истеҳсоли саноатии муосир бояд ба нигохдорандаҳои газӣ ва чангу ғубор таҷҳизонида шуда бошанд, ки ҳар кадоми онҳо хусусияти хоси худро доранд.

Ғайр аз ин усулҳо ба таври васеъ дар истеҳсолоти саноатй усулҳои табйиётй — кимиёвй истифода мешавад, ки бо онҳо усулҳои абсорбия ва адсорбсия истифода мешавад. Истифодабарии усулҳои тозакунандаҳои ҳаво на танҳо интиқоли моддаҳои заҳрнокро ба атмосфера кам мекунанд, балки имконият медиҳанд, ки маҳсулотҳои нодирро нигоҳ дошта, ҳамаи ашёи хомро дар соҳаҳои гуногуни саноатй истифода баранд. Мисол, нигохдории сулфур аз газҳои баромадаистодаи комбината магнитогорски (вилояти Челябинск) имконият медиҳад, ки ҳомизи сулфурии хеле арзон истеҳсол карда шавад. Ин мисолҳо хело зиёданд.

Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 25 млн. автомобил истеҳсол мекунанд ва микдори онҳо аз 500 млн. афзунтар гардидааст, ки зиёда аз 400 млн.-шон автомобилҳои сабукрав мебошанд. Дар байни сарчашмаҳои олудакунандаи атмосфера нақлиёт дар ҷойи якум қарор дорад. Барои ҳамин ба башарият лозим меояд, ки сӯзишвориҳои алтернативй ё ки двигателҳои алтернативй монанди обомобил, барқомобил, газомобил ва г. кор карда барояд. Имрӯз барои ҳифзи ҳавои атмосфера тамоми аҳли башариятро даъват намудан лозим аст, чунки танҳо дар якҷояги мо метавонем партовҳои ба атмосфера интиқолёфтаро андаке ҳам бошад, камтар кунем

Маълумоти асоси оиди гидросфера

Гидросфера гуфта маҷмӯи тамоми обҳои сайёраи Замин, қитъавӣ (чуқуриҳо, хокҳо, болоизаминї), уқёнусї, атмосферавиро меноманд. Ҳамчун қабати обии махсуси Замин дар ин ҷо маҳз обҳои қитъавӣ ва уқёнусиро дида мебароем. Ба туфайли серҳаракатии худ об дар тамоми ҷузъҳои табиат мушоҳида мешавад. Об дар намуди буғ ва абрҳо дар ҳавои атмосфера мушоҳида шуда, уқёнус ва баҳрҳоро ҳосил мекунад, дар баландкӯҳҳо об дар ҳолати сахт қарор дошта, қисми зиёди минтақаҳои сайёраи Замин бо оби дар шакли ях буда пӯшида шудааст. Боришоти атмосферавӣ ба қабати ҷинсҳои тахдшнй дохил шуда, обҳои зеризаминиро ҳосил мекунанд. Об қобилияти дар худ ҳалкунии моддаҳои зиёдро дорад, барои ҳамин оби гидросфераро ба сифатй ҳалкунандаи табиӣи дараҷаи ғилзати гуногун дошта баҳо додан мумкин аст.

Гидросфера бо литосфера (обҳои зеризаминӣ), атмосфера (буғи об) ва моддаҳои зиндаи биосфера зич алоқаманд буда, яке аз ҷузъҳои асоси ба ҳисоб меравад.

Тақсимшавии массаи об дар гидросфера» Замин (аз рӯи М. И. Лвович, 1986

Қисмҳои гидросфера Ҳаҷм

(ба ҳаз. км3)

%

аз ҳаҷми умумї

1 Уқёнуси ҷаҳонй 13702323 94,2
2

 

3

Обҳои зеризаминӣ, ҳамагї

аз он ҷумла минтақаи фаъоли мубодилаи обй

60000 412
4000 0,27
4 Пиряхҳо 24000 1,65
5 Кӯлҳо 230 0,016
6 Намии хок 75 0,005
7 Буғи обии атмосфера 14 0,001
8 Оби дарёҳо 1,2 0,0001
9 Ҳамаи гидросфера 1454643,2 100,0

 

Қисми зиёди обҳои табийро (94,2%) оби уқёнусҳо ташкил медиҳад, ки дар ин ҷо ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо, мубаддалшавии энергия ва моддаҳои сайёраи Замин амалй мешаванд (расми 119). Аз ибтидои пайдоиши худ дар уқёнус тагйироти гуногун дар зери таъсири нури Офтоб, омилҳои геологи ва геокимиёвй амалй мешуданд, ки барои ҷараёнҳои минбаъдаи биологй хеле муҳим буд. Ҷараёнҳои биологй дар инкишофи организмҳои зинда, азхудкунии нури рӯшноии офтоб ва захиракунии энергияи озод дар бадани худи организмҳо, дар ҳосилнокии

Олудашавии атмосфера ва оқибатҳои табйиёти ва экологи

Массаи атмосфера доимо дар ҳаракат буда, ҳавои гармро аз минтақаи экватор боло бароварда бо ҳавои хунуки аз қутбҳо ҳаракат карда иваз мекунад. Самти ҳаракати шамол аз бузургии ҷойивазкунии самти фишори массаи ҳавои атмосфера, суръати шамол бошад, аз пасту баландшавии фишори атмосферавй афзун мегардад. Массаи ҳаво метавонад ба таври амудй ё ки уфуқӣ ҷой иваз кунад, ки ин бо туфайли самти градиента таъсири гармй амалй мешавад. Ҷойивазкунии қабатҳои ҳавои аз хдсоби баҳамтаъсиркунии болоии хок ё ки қабати наздизаминй ҷудошавии гармии атмосфера амалй мешавад. Ҷойивазкунии механикй ва ҳароратй дар як вақт ба амал меоянд. Ба таркиби моддаҳои заҳрноки дар атмосфера буда таъсири парешонии онҳо, таъсири боришот ё ки аз ҳисоби қувваи гравитатсионӣ таҳшин мешаванд. Байни олудашавиҳои атмосфера ва гирдгардиши элементҳои биогеннй алоқамандии хеле хуб мушоҳида мешавад.

Олудашавии атмосфера пеш аз ҳама аз ҳисоби сӯхтани канданиҳои сӯзишвориҳо (ангиштсанг, нафт) амалй мешавад. Аз ҳисоби газҳои антропогенй боронҳои ҳомизй ва тумани ғуборолуди заҳрнок ҳосил мешаванд.

Боронҳои ҳомизї гуфта, ҳомизи сулфурӣ ва нитрогенро меноманд, ки дар натиҷаи дар об ҳалшудани дуоксиди сулфур ва нитроген ҳосил мешаванд ва ба болои сатҳи Замин бо ёрии боришот, туман, барф ва ғубор афтида ба системаҳои экологии обй ва хушкй зарари ҷиддӣ мерасонанд (расми 1).

Боронҳои ҳомизӣ ба обанборҳо афтида сабаби фавтидани моҳиҳо ё ки ҳамаи бошандагони он мегарданд. Боронҳои ҳомизй ҳамчунин ба барги растаниҳо зарар мерасонд, дар баъзе ҳолатҳо сабаби мурдани растанӣ мегардад. Вайроншавци металлҳоро тезонида, иншоотҳои сохтмониро вайрон мекунанд. Боронҳои ҳомизӣ бештар дар ноҳияҳои саноаташ инкишофёфта мушоҳида мешаванд. Дар байни моддаҳои зарарноки олудакунандаи атмосфера як гурӯҳи калоне мавҷуданд, ки таъсири фаъоли консерогенӣ доранд. Бо онҳо бенз(а)пирен, карбогидридҳои хӯшбӯйе аз дегҳои саноатӣ ва газҳои нақлиётӣ партофта мешаванд, дохил мешаванд.

Тадқиқотҳо нишон доданд, ки мавҷуд будани моддаҳои консерагенӣ дар ҳавои атмосфера ба пайдошавии бемории саратони одамон оварда мерасонад. Ба организми одамон пайвастагиҳои сурб (қурғошим), ки аз ҳисоби газҳои нақлиёт ба муҳити атроф интиқол меёбад, хеле зарарноканд. Миқдори қурғошим дар хуни одам бо зиёдшавии он дар ҳавои атмосфера меафзояд, ки ба пастшавии фаъолнокии ферментҳо, ки дар таъмин намудани хун бо оксиген иштирок мекунанд ва вайронкунии ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо оварда мерасонад.

Дар ҳавои атмосфераи марказҳои саноатӣ ва шаҳрҳо дар натиҷаи таассурҳои кимиёвии омехтаи газҳо (асосан аз ҳисоби оксиди нитроген ва карбогидратҳо, ки дар партовҳои газҳои накдиётӣ мавҷуданд) дар қабатҳои поёнӣ бо таъсири нурҳои офтоб моддаҳои гуногун, яъне тумани заҳрнок ҳосил мекунанад, ки онро тумани ғуборолуди заҳрнок меноманд. Вай барои организмҳои зинда хеле заҳрнок аст. Ҳосилшавии он аҳволи одамонро бад карда, микдори бемориҳои шуш ва дилу рагҳоро зиёд карда, эпидемияи навой (зуком)-ро ба амал меорад.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *