Омилҳои абиотӣ ва таъсири он ба табиат

Нақша :

  1. Рўшноӣ ва ҳарорат ба ҳайси омили экологӣ
  2. Захираҳои обӣ ва аҳамияти иқтисодии онҳо
  3. Таркиби ҳаво, сабабҳои ифлосшавии атмосфера ва таъсири газҳои кимиёвӣ ба ҳаёти мављудоти зинда
  4. Замин – боигарии миллӣ
  5. Роҳҳои ҳифзи хок аз эрозия ва шўршавӣ

 

Дар байни омилҳои абиотӣ рўшноӣ, ҳарорат ва намӣ бештар аҳамият доранд. Хусусияти муҳими ин омилҳо дар он аст, ки онҳо дар давоми шабонарўз, сол, моҳ вобаста ба минтақаҳои географӣ ва хусусиятҳои мавсимӣ аз рўйи қонуният таѓир меёбанд. Рўшноӣ барои тамоми ҳодисаҳое, ки дар рўйи Замин ба амал меояд, манбаи энергия мебошад. Бо иштироки нури Офтоб дар рустаниҳо фотосинтез мегузарад, ки дар натиљаи он набототи кураи Замин соле  зиёда аз 100 млрд тонна моддаҳои органикӣ ҳосил намуда, қариб 200 млрд. тонна гази карбонро фурў мебарад ва қариб 145 млрд. тонна оксигени озодро људо мекунад. Манбаи рўшноӣ нури Офтоб мебошад, ки 70%-и массаи онро гидроген, 27%-гелий ва 3%-и дигарро элементҳои кимиёвӣ ташкил мекунанд. Нури Офтоб аз чунин нурҳо таркиб ёфтааст: нурҳои ултрабунафш, бунафш, кабуд, нилгун, сабз, зард, норинљӣ, сурх, инфрасурх.

Ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар рўйи Замин мегузаранд ба ҳарорат вобаста мебошанд. Ҳарорат ба равшанӣ зич алоқаманд аст, зеро паҳншавии он дар рўйи Замин ба дохилшавии энергияи нурҳои Офтоб вобаста аст. Ҳарорат ба гузаштани ҳодисаҳои асосии ҳаёти организмҳо – фотосинтез, нафасгирӣ, бухоршавӣ, мубодилаи моддаҳо таъсир мерасонад.  Он ба сабзишу инкишоф ва ба шаклдарории организм таъсир расонида, яке аз омилҳои ба минтақаҳо тақсимшавии организмҳо мебошад. Аз рўйи қобилияти нигоҳ доштани гармии бадан ҳамаи мављудотро ба пойкилотермҳо ва гомойтермҳо ва нисбати мутобиқша­виашон ба ҳарорат, ба криофилҳо ва термофилҳо тақсим мекунанд.

Об яке аз омилҳои асосии экологӣ буда, манбаи ҳаёт дар рўйи Замин аст. Муайян шудааст, ки 75%  масоҳати Заминро об ишѓол кардааст. Дар муҳити обӣ 150000 намуди ҳайвон ва 10000 намуди растанӣ зист доранд. Об дар таркиби ҳамаи   организмҳои зинда вуљуд дошта аз 2/3 ҳиссаи вазни одам, 90-95% таркиби аксари сабзавоту меваљотро ташкил мекунад.

Љумҳурии Тољикистон дорои 930 дарё, 2000 кўли калону хурд ва 6 обанбор буда, аз љиҳати захираи об дар ИДМ љойи дуюмро соҳиб аст. Ҳамаи обҳои кураи Заминро гидросфера меноманд. Ҳар сол аз ифлосии об дар рўйи Замин 2 млрд. нафар одам ба беморӣ дучор мешавад. Аз рўи маълумоти ташкилоти умумиљаҳонии тандурустӣ ҳар рўз дар рўйи замин 25 ҳазор кас аз нўшидани оби ифлос вафот мекунанд. Организмҳо дар љараёни эволютсия барои сарфакорона истифода бурдани об ва ба дараљаи мўътадил нигоҳ доштани он мутобиқатҳои гуногун пайдо кардаанд. Вобаста ба талаботашон ба об экологи олмонӣ Варминг олами набототро ба 3гуруҳ: гидрофитҳо, меофитҳо ва ксерофитҳо тақсим мекунад. Манбаъҳои асосии ифлосшавии обҳои кураи Замин аз инҳо иборатанд:

– худсарона ба об ҳамроҳ кардани партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва боқимондаи обҳои пурра такшону филтирнашуда;

– бо нақлиёти обӣ кашонидани чўб ва моддаҳои кимиёвӣ, ки миқдоре аз онҳо ҳангоми баровардану фаровардан ва шамолрўбӣ ба об ҳамроҳ мешаванд;

– канализатсияи ҳаммом, рўзгор, ҳавзҳои оббозӣ;

– љойҳои нафтҳосилкунӣ  ва истифодаи маҳсулоти нафтӣ;

– бо моддаҳои радиоактивӣ заҳролуд шудани об, махсусан ҳангоми санљишҳои яроқи атомӣ ва истифодаи реакторҳои атомӣ ҳамчун хунуккунак;

– дар натиљаи ҳодисаҳои табиӣ ба монанди вулқон, сел, гирдоб ва ѓайра.

Дар табиат обҳо ҳам бо роҳи табиӣ ва ҳам бо роҳи сунъӣ тоза мешаванд. Роҳҳои тозашавии обҳо инҳоянд:

– худ аз худ тозашавии обҳо;

– бо роҳи механикию техникӣ;

– бо роҳи физикавӣ- электролитӣ;

– бо роҳи биологӣ.

Ҳаво омехтаи газҳои гуногуне мебошад, ки атмосфераи Замин аз онҳо иборат аст. Таркиби ҳаво аз 79,09%- нитроген, 21%- оксиген, 0,94%- газҳои инертӣ, 0,03%- гази карбон иборат аст. Инкишофи босуръати саноату нақлиёт боиси дар таркиби ҳаво зиёд гардидани ҳар гуна газҳо ва чангу ѓубор гардид. Ман­баъҳои асосии ифлосфшавии сунъии ҳаво нақлиёт, нерўгоҳҳои барқӣ, аловӣ, амалиётҳои ҳарбӣ, саноат, хоса саноати семент ва маталлургия мебошад. Ифлосшавии табиӣ бошад дар натиљаи вулқон, шамол, гирдоб, сўхторҳо ба вуљуд меояд. Қарби 80% ифлосиҳоро ба фазо нақлиёт мебарорад. Танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 ҳазор нақлиёти шахсӣ ҳаст. Мошини ҳозиразамон ҳангоми тай кардани 100км. он миқдори оксигенеро сарф менамояд, ки худи ронанда дар муддати як сол онро нафас мегирад. Танҳо заводи сементи ш. Душанбе дар як шабонарўз 21 тонна чангу ѓубор ба фазо медиҳад, ё миқдори гази аммиак  дар атрофии заводи нуриҳои азотии Вахш 4,5 маротиба зиёд аст. Аз рўйи ҳисоб ба ҳар як сокини пойтахт соле 128 килогрмм партовҳои заҳрнок рост меояд.

Ҳоло инсон 88% хўрокиашро аз заминҳои киштбоб, 10% аз чарогоҳҳои табиию бешаҳо ва 2% уқёнусҳо мегирад. Майдони умумии кураи Замин 510 млн. км. буда, 149 млн. км. хушкӣ мебошад. Масоҳати  Тољикистон 142,6 ҳазор км. буда, 93%-ро кўҳҳо ишѓол мекунанд. Аз рўйи ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолии Тољикистон 0,1га., дар собиқ ИЉШС 0,8га., дар љаҳон 0,4га., дар Хитой 0,23га.замин рост меояд. Яке аз хусусиятҳои хок ҳосилхезии он мебошад. Ҳосилхезӣ ин хусусияти организмҳоро бо обу ѓизо таъмин кардан мебошад. Ба элементҳои муҳимтарини ѓизои хок нитроген, фосфор, калий ва ѓайра дохил мешаванд. Зери таъсири обу ҳаво вайрон шудани љинсҳои кўҳӣ ва хокро эрозия меноманд. Сабабҳои эрозия ноҳамвории релеф, миқдори зиёди боришот, кам шудани љингалзорҳо, марѓзорҳо, бешазорҳо ва аз замин нодуруст истифода бурдани инсон аст. Асосан дар табиат 3 навъи эрозия вуљуд дорад: эрозияи хок аз таъсири об, эрозия хок аз таъсири бод ва эрозияи антропогенӣ.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.