Популятсияи ивазшаванда

 

Дар сатҳи сайёраи мо шумораи зиёди намудҳои гуногуни хайвоноту рустаниҳо мавчуданд. Тахмин меравад, ки шумораи умумии намуди ҳайвонот бабештар аз 1,5 миллион варустаниҳо ба 0,5 миллион мерасад.

Ҳайвоноту рустаниҳо аз чихати шумораи фардхо, майдони ишголкарда вазичии чойгиршави дар доираи махали зист нобаробар таќсим шудаанд. Аслан нобаробар чойгиршавии намудхои набототу хайвонот ба мухити зисти онхо вобастааст. Аз ин ру, онхо дар як чо зиёду зич, дар дигар ҷо бошад, каму аз якдигар дур-дур чойгиранд.

Ҳаҷми минтакахои ишғол кардаи намудҳои набототу хайвонот низ як хел нестанд. Яке аз онҳо майдони географи (ареал)-и васеъ, дигаре маҳдуд доранд. Аз ин лиҳоз, бо назардошти экологиашон организмҳои зиндаро ба ду гуруҳ эврибионтҳо вастенобионтҳо ҷудо мекунанд.

Эврибионтхо организмхое мебошанд, ки худуди пахншави ва мутобикшавиашон васеъ буда, дар мухити зисти гуногун вучуд дошта метавонанд. Аз рустанихо шўра, аҷириќ ҷaғ-ҷағ, най, кўғава аз хайвонот магас, гамбусаки саври, муш, гург, рубох, хирсималла, калламуши хокистар ранг ва гайра ба ин гурух шомил мешаванд.

Стенобионтхо организмхоеанд, ки доираи пахншави ва мутобиќшавиашон махдудбуда, дар як минтакаи муҳити муайяни экологи зиндаги карда метавонанд. Аз рустаниҳо яакатсияиреги, дулонаи дарвози, бодоми вавилови, нахудакиромити, ҳолмон, лолаипанчбарга, лолаизебо, лолаи Максимович, пиёзилатиф, пиёзизардча, пиёзи пиряхи ва гайра ,китанхо дар каламрави Ҷумхурии Точикистон меруянд, аз хайвонот мохии антарктики, охуи бухорои, хирсисафед, заргуш, гурги сафед, рубохи шимоли, пингвинхо ва ғайpa ба ин гурух мансубанд.

Аз чихати кабулигизо он организмхое, китанхоба як намуди ғизо эхтиёҷ доранд, организмхо истенофаги ном доранд. Масалан, кирмакипиллатанхо аз барги тут ва панда аз баргупояи бамбук (найихинди) ғизои худро мегиранд. Ин гунна нобаробарихои географи, шумораи фардхо ванамудхо бештар ба батаъсири омилхои абиоти (икдими) вобаста мебошанд. Масалан, дар тарафи шимолии куххо фардхоияк гуруҳи намудхо, дар тарафи чануби гурухи дигари намудхо мутобик шудаанд.

Дар тарафи шимолии кух намудхои нами дуст ва ба маводи гизои эхтиёҷи зиёд дошта, дар тарафи чанубии кух бошад, намудхои рушнои дуст ва ба намию  моддахои ғизоии таркиби хок эхтиёчи кам дошта маскан мегиранд.

Намудхо на танхо дар тарафхои мукобили кухҳо якхела нестанд, балки дар баландихои гуногун аз сатхи бахр (релефи махал) низ гуногунанд. Аз хамворихо то баландихои кух намудхои хайвоноту рустанихо аз чихати шумора, хачму андозаи бадан ва зичии чойгиршавии фардхо фарк мекунанд. Аз ин ру, минтакахои гуногуни Точикистон, аз ќабили дашт, биёбон, резишгохи дарёхо, доманакуху баландкуххо намудхои хосси худро доранд. Намудхое, ки фаъолияти хаётии онхо бо дарахтони алохида вобастааст, ќитъахои бешазорро махали зисти худ интихоб кардаанд. Ин аст, ки заранг, чормагз, себи северсови, тулох дар тарафи шимолии куххо бо намудхои хоси худ, фарк, челон, туғ, анҷир, писта, бодоми бухори, татум, каини калон барг ва ғайра дар тарафи чанубии куххо бо намудхои дигари ба худ вобаста маскан доранд. Дар доманаи куххо бештар писта, бодом, туғ, татум ва гайрахо, дар миёнакуххо бошад, бештар арчахо вомехуранд. Намудхои бед, сафедор, ангат, девток ва тус хамчун намудхои намидусг дар резишгоххои дарёхо бештар ҷой гирифтаанд.

Фардхои хар як намуди биологи дар мухити зист танхо не, балки гурух – гурух зиндаги мекунанд. Чунин тарзи зиндагии фардхо тулии солхои зиёд ва дар натичаи муносибатхои мураккаби раванди тахаввул (эволютсия) ташаккул ёфтааст.

Маҷмўи фардҳои як намудро, ки дар ќисми муайяни маҳҳалли зист муддати тулони вучуд доранд, он ҷо мутобиќ шудаанд, аз маҷмуи фардҳои дигари ҳамон намуд нисбатан ҷудоанду фарки ночизи зоҳири доранд ва бо ҳам озодона ҷуфт мешаванд, популятсия меноманд. Истилоҳи «популятсия» аз калимаи лотинии «популус» гирифта шуда, маънои аҳолиро дорад. Таърихан мафхуми популятсияро дар ибтидои асри XX аввалин шуда соли 1903 В. Иогансен истифода намудааст. Популятсия сохти одии вучуддошта нинамуд мебошад ва намуд бо ҳамин шакл вучуд дорад. Ҳамин тавр, популятсияро дар экология хамчун мачмуи фардҳои як намуд дар мухити муайяни зист номидан мумкин аст. Фардҳои популятсия аз ҳамдигар бо синну сол, ҷинс ва ғайра фарќ мекунанд. Дар популятсия доимо мубориза барои ҳаёт ва интихоби табии ҷараён дорад, ки ба туфайли онҳо танҳо он фардҳое зинда мемонанду насл медиҳанд, ки дар чунин шароит тағйирёби ба нафъи онҳост.

Раванди пайдоиш ва ҷараёни инкишофи популятсияҳо ҷузъи таркибии хурд таҳаввул (микроэволютсия) ба шумор рафта, он бо пайдо шудани намудхои нав анчом меёбад. Ҳaмин тавр, популятсия ин вохиди асосии тахаввул (эволютсия) мебошад.

Популятсияиэкологи мачмуи фардхои дар як чойизист (биотип) мутобикшудае мебошад, ки хусусиятхои якхелаи умуми биологи доранд. Популятсияхои экологи бештар дар минтакахо (биотопхо)-и хурд-хурд чойгир шудаанд, ки онхо аз фардхои гуногуни тахминан хислати биологию экологии якхела дошта ташкил шудаанд. Ин гуруххои хурд-хурд дар зери таъсири иклим, релеф, речаи гидрологи ва гайра ба вучуд меоянд. Ин гунна хусусиятхо барои хамаи фардхои биотоп реаксияи физиологии ягонаро пайдо карда, фардхои популятсияи экологиро бо хам пайваст менамоянд, ки фарки онхоро аз дигар фардхои ин намуд ташкил мекунанд. Масалан, мурчахои тарафи офтобруя назар бамурчахои тарафи соя хеле барвакт ба фаъолият шуруъ менамоянд. Ё худ кундузхое (бобр), ки дар минтакахои якхелаи чугрофию экологи хаёт мегузаронанд, ҷойхои гуногунро интихоб мекунанд. Агар оби дарё зиёд бошад, онхо лонахои худро бе ягон сохтори дигар дар назди об месозанду дар дарёхои камоб пешбанди об месозанд, то ки ғизои худро зиёд намоянд.

Популятсияи кирмаки сибири аз дигар популятсияхо бо гизои ягонаи худ фарк мекунад. Масалан, яке аз онхо бокоҷи хазонрез, дигаре бо дарахти чалғўза, кедр, сеюмин бо дарахти  сарв алокаманданд. Чунин популятсияхои экологи бо суръат ва мухлатиафзоиш, андоза, сернасли, интихоби ҷойи сабзиш, даври инкишоф ва гайра аз якдигар фарк менамоянд.

Исбот шудааст, ки вобастаба намуди рустании истифодашаванда хачми хашарот тагйир меёбад. Масалан, фардхои яке аз намуди хашароти пустхурак, ки бештар дар дарахтони зерфунва сада пахн шудаанд, хачман аз хашароти дар буттахои ирғай буда калонтаранд. Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки чи ќадаре биосенозхо аз якдигар чудо ва дурр бошанд, хамон кадар фарки популятсияхои намуд зиёд мешавад.

Аз нигоҳи экологи ин бузургихо асосан тагйирёбанда буда, бештар ба андозаю синну соли таркиби популятсия ва омилҳои абиоти вобаста мебошанд.

Одатан, афзоишро ҳамчун суръати зиёдшавии шумораи фардҳои популятсияи бо роҳи таваллуди фардҳои нав баамаломада дар вакти муайян ифода менамоянд, ки ин афзоиши мутлак ба хисоб меравад.

Марг шумораи фардҳои популятсияро дар вакти муайянифода мекунад. Марг ҳам мисли таваллудшави бештар ба муътадилии шароити ҳасти, синну сол ва таркиби популятсия вобастааст. Марги фардхои популятсияро бештар дар шакли фоиз нисбат ба шумора иаввала ё шумораи миёнаи фардҳо ифода мекунанд.

Марги экологи (вокеи) ин нишондихандаи шумораи фавтидани фардхои популятсия дар шароити мавчуда мебошад. Ин бузурги ҳам мисли таваллудшавии экологи доими набуда, аз шароити муҳит ва вазъи фаъолияти худи популятсия бештар вобастааст. Дар ин ҷода марги минималиро низ мушоҳида менамоянд, ки ин бузурги идоими барои популятсияхои алодида хос буда, фавтидани фардҳои популятсияро дар мухити вокеи нишон медиҳанд.

Афзоишипопулятсия фарќи байни фардхои нав таваллуд шудаю фавтидаро ифода мекунад. Афзоиши фардҳо метавонад мусбат, манфи ё ин ки баробар исифр бошад.

Суръати афзоиши популятсия ин нишондиҳандаи афзоиши миёнаи фардхои навзод дар ваќти муайян мебошад. Тағйирёбии суръати афзоиши популятсия хеле гуногун мешавад. Масалан, новобаста аз баландшавии зичии ҷойгиршавии фардҳо дар як ҳолат суръати афзоиш аз ибтидо хеле баланду муътадил буда, дар дигар ҳолат суръати расидан базичии муайяни фардҳо афзоиш камшуда, то ба сифр мефарояд. Ин хусусиятро нишондиҳандаи пастшавии худ ҳосилкунии фардҳои популятсия меноманд. Дар шароити табии чунин ҳодисаҳо дар холати ишғол намудани майдони нави популятсия мушохида мешавад.

#

test

Добавить комментарий