Қисмҳои таркибӣ ва соҳаҳои асосии экология

 

Экология хамчун фанни табиатшиноси организмҳо ва муносибати онҳоро ба муҳит дар самтҳои гуногуни иикишоф меомўзад. Маълум аст, ки дар табиат ягон фард бидуни олами зинда вуҷуд надорад ва дар сурати ба вуҷуд омадани чунии ҳолат чиро бояд интизор шуд? Тасаввур мекунем, ки ягон намуди наботот ё ҳайвонот, ё фарде аз фардҳо дар алоҳидаги ва ё танҳо умр ба cap мебарад. Ин фард зери таъсири муҳити зист буда, таъсири онро ҳис хоҳад кард ва дар ин ҳолат омили асосиро иқлим ташкил медиҳад. Маълум аст, ки ин ва ё он намуди растанӣ ё ҳайвонот на дар ҳама ҷой меруяд, ё зиндаги карда паҳн шуда метавонад, зеро рушди он ба иқлим, хок, об, ҳapopaт ва ғайра вобастаги дорад.

Таъсири омилҳои гуногуни табии ба ҳар як организми ҷудогона (фардҳо) қисми аввали таркибии экологияро ташкил мекунад.

Қисми дуюми экология аз популятсия (популус – aз калимаи лотини халқ, ақоли) иборат аст. яъне дар ин қиём фардҳо дар ҳолати гурўҳи ҷой дошта, масоҳати аниқу муайянро ишғол мекунанд ва ба як намуд мансубанд. Фардҳо таъсири ҳамсояҳоро хис намуда, ба афзоиш шурўъ мекунанд, ки ин аз ҳама муҳим аст. Акнун таъсироти нав пайдо мешавад, ки он на танхо ба омўзиши омилҳои муҳит ва ба фарди алоҳида, балки ба гурўҳҳо, ивазшавии таркиб ва шумораашон низ тааллуқ дорад,

Ҳаёт ва фаъолияги популитсия хеле мураккаб аст. Дар зери таъсири омилҳои гуногун шумораи популятсия, таркиби синнусоли. паҳншавӣ, ҷойгиршавиашон нисбат ба вақт тағйир меёбад. Баъзан чунин тағйирёби популятсияро ба хароби меоварад, Масалан. аз ҳадди муайяи зиёд шудани шумораи ҳашароти зараровар боиси кам шудани ҳосили растаниҳои кишоварзи мегардад ва баръакс, кам шудани шумораи органнзмҳо ба камшавии чунин намудҳо, аз қабили моҳиҳо, ҳайвонҳои шикори, ки инсон чун ғизо истифода мекунад, оварда мераеолад.

Аник бояд донист, ки на фақат фардҳо, балки популятсияҳо низ дар ҷудои аз ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд, чунки онҳо мўҳтоҷи захираҳои ҳаёти, аз ҷумла нерў, модда, ғизо ва мавзўъ мебошанд.

Дар табиат популятсияҳо дар маҷмўъ, якҷоя зист дошта, яклухт фаъолият мекунанд, ки онро ҷамоа ва ё биосеноз (юнонн «био» – ҳаёт ва «кайнос, сеноз» – умуми, якҷоя, ҷамоа) меноманд, Биосеноз ташаккули устувори биологи буда, қобилияти инкишофи хосиягҳои табиии худро нисбат ба таъсири омилҳои гуногуни иқлими соҳиб аст. Экологияи ҷамоа қисми сеюми экология мебошад.

Дар навбати худ ҷамоа (биоссноз) низ бидуни муҳити зист вуҷуд дошта наметавонад ва инкишоф намеёбад, чунки муносибати популятсияҳо байни худашон бо иштироку таъсири фаъолонаи омилҳои табиати ғайризинда мегузарад. Чунончӣ. иқлими ҷангал ба таркиби наботот, хосияти хок ба фаъолияти микроорганизмҳо, тозагии об ба зични обсабзҳои хурди микроскопӣ ва ғайра вобасгаги дорад.

Фазой ҳаётии табии, ки ҷамоа (биосеноз) ишғол мекунад, биотоп (аз юнони био-ҳаёт, топос-ҷой. маҳал) ном мегирад. Биотоп дар якҷояги бо ҷамоа экосистема (силсилаи системаҳои экологӣ)-ро ташкил мекунад, ки дар таркиби он унсурҳои табиати зинда ва ғайризинда устоворона муносибат намуда фаъолият доранд. Экосистсмаҳо гуногун буда, аз ҳамдигар бо сархадҳои аниқ ҷудо мешаванд. Масалан, зкосистемаи ҷангал экосистемам кўл ва ғайра. Экосистемаҳо аз фардҳо, популятсияҳо ва биосенозҳо бо он фарқ мекунанд, ки дар таркиби онҳо ҳамаи унсурҳои зарурӣ барои ҳает ва инкншофи организмҳо вуҷуд доранд. Бинобар ин, экосистема қисми таркибии экология (қисми чорум) буда, асоси омўзиши (объекти) ин фанро ташкил мекунад.

Маҷмўи ҳамаи экосистемаҳои экологии сайёраи заминро дар миқёси се қабати геосфера (литосфера, гидросфера, атмосфера), ки дар онҳо организмҳои зинда бо ҳам муносибат доранд ва бо ҳам пайвастанд ва системаи аз ҳама калони экологиро ташкил медиҳанд, биосфера (аз калимаи юнони «био»- ҳаёт ва «сфера» – қабат, кўра) меноманд. Дар биосфера инкишофи муносибати байниҳамдигарии организмҳои зинда дар алоқаманди бо муҳит ба амал меоянд ва омўзиши биосфера қисми аз ҳама мураккабтарини экология – экологияи глобали (том, кули)-ро ташкил медиҳад.

Инчунин дар экология, соҳаҳои зиёд мавҷуданд, ки ҳар кадоми онҳо мавзўи худро доранд. Масалан, экологияи одам, экологияи ҳайвон, экологияи растаниҳо, экологияи саноат, экологияи кайҳон, экологияи кишоварзи. экологияи тандурусти, экологиям шаҳр, экологияи нақлиёт, экологияи иҷтимои, экологияи иқтисоди, экология ва ҳуқуқ, экологияи популятсиони. Дар маҷмўъ, экологияи муосир тахминан зиёда аз 34 соҳаро дар бар мегирад.

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.