Асосҳои экологии ҳифзи табиат

 

  •                                   Нақша:
    1.Аҳамияти табиат дар  ҳаёти  инсон.
    2.Сарватҳои  табии ва гуногунии  онҳо.
    3.Усулҳо  ва қонунҳои  ҳифзи табиат.
    4.Асосҳои  ҳуқуқии ҳифзи табиат.
    5.Хулоса.

         Аҳамияти  табиат  дар  ҳаёти  инсон

Табиат  барои  одам  муҳити  ҳаёти  ва  манбаи  зиндаги  аст. Одам, чун  як  намуди  биологи,  муҳтоҷи  ҳавои  тоза, оби  ширин, набототу  ҳайвонот  ва  ҳарорати  муътадил  аст.  Дар  табиат  бошад,  ҷараёни  гардиши  модда  ва  энергия  мунтазам  идома  дорад. Табиат  ин  худ  ба  мисли  китоби  нохонда  мебошад . Мо  то ҳол аз пеш  намедонем, ки ў ба  мо  чи  ҳодисаҳо тайёр карда  истодааст.

Одам дар ҳаёту  фаъолияташ ҳамчун  намуди  биологи мисли дигар организмҳо ба муҳити  зист таъсир мерасонад. Вале  ин  таъсир  назар  ба  таъсироти дигаре, ки ҷомеа ба воситаи меҳнат мерасонад, хеле кам аст. Таъсири  ҷомеа ба табиат ногузир аст ва он дар натиҷаи инкишофи ҷомеа, зиёдшавии  миқдор  ва массаи  моддаҳои  мавриди истифодаи рўзгор ба амал меояд. Таъсире, ки ҳоло одам ба  табиат мерасонад, ниҳоят зиёд аст ва он метавонад мувозинати  умумии  табиатро  халалдор  созад. Дар  замони   пеш  одамизод  гумон мекард, ки захираҳои  табии беохир  аст ва дар натиҷаи фаъолияти нодурусти  худ  ба табиат  зарари  ҷидди  расонад. Минбаъд  ў маҷбур  шуд, ки барои  истифодаи  оқилона  ва  ҳифзи  табиат  кўшиш  намояд.

Ҳифзи  табиат маҷмўи  системаи  илми  буда, барои истифодаи  оқилона, аз нав барқароркуни ва ҳифзи  захираҳои табии, инчунин барои ҳифзи минбаъдаи  муҳити зист аз ифлосу харобшави равона шудааст. Ҳамаи ин барои наслҳои оянда мебошад. Мақсади асосии ҳифзи  табиат  ташкили  шароити муътадил  барои ҳаёти  одамон, имрўз ва фардои инкишофи  истеҳсолот, илм ва фарҳанги тамоми ҷаҳониён мебошад.

Захираҳои табии ва гуногунии онҳо

Объекту  шароит ва равандҳои табии, ки  инсон дар ҷараёни  корҳои илмию маърифати ва хоҷагиаш истифода мебарад, захираҳои табии ном гирифтаанд. Ҳаво, об, хок, канданиҳо фоиданок, нурҳо Офтоб, иқлим, олами наботот ва ҳайвонот аз ҷумлаи захираҳои табиианд. Захираҳои табии ба ду қисм ҷудо мешаванд: тамомшаванда ва тамомнашаванда.

Захираҳои тамомшаванда дар навбати худ  ба ду гуруҳ тақсим мешаванд: барқароршаванда ва барқарорнашаванда.

Захираҳои  табии барқароршаванда  хок, олами набототу ҳайвонот, инчунин  намакҳои маъдани, оши ва техники мебошанд, ки дар кўлҳо  ва таҳшинхҳои(лагуна) баҳри мавҷуданд. Ин захираҳо  метавонанд дар шароити муътадил ва зиёд набудани меъёри истифодабари аз нав барқарор шаванд. Барқароршавии захираҳо  бо  суръатҳои гуногун мегузарад: барои ҳайвонҳо якчанд сол, барои ҷангалҳо аз 60 то 85 сол, барои хоке, ки ҳосилхезиашро гум кардааст, чандин ҳазор сол лозим меояд. Бартарии ҳадди истифодабари бар суръати пайдошави ё истеҳсолшави ифодагари нишондиҳандаи хароби ё аз  байн рафтани захираҳо мебошад.

Ба  гуруҳи захираҳои  табиии барқарорнашаванда  захираҳое мансубанд, ки аз нав пайдо намешаванд ё бо суръате барқарор мешаванд, ки назар ба истифодаашон садҳо маротиба суст аст. Нефт, газ, ангиштсанг,  хокоҳои металли ва дигар канданиҳои фоиданок аз ҳамин қабиланд. Захираҳои онҳо  маҳдуд буда, ҳифзашон бо роҳи истифодаи оқилона имкон дорад.

Захираҳои  тамомнашаванда аз сарватҳои оби, иқлими ва кайҳони иборатанд. Захираҳои умумии  об дар  табиат  тамомнашаванда аст ва асоси онҳоро  обҳои шўри  уқёнусҳои дунё, ки кам истифода мешаванд, ташкил мекунанд. Дар баъзе минтақаҳо(ноҳияҳо)  обҳои баҳрҳою уқёнусҳо бо нефт, боқимондаҳои саноату хоҷагиҳо, моддаҳои химиявии заҳрдор, ки шароити сабзиши рустаниҳою  ҳайвонҳои баҳриро  халалдор  мекунанд, ифлос карда  мешаванд. Оби  ширин чун манбаи асосии  ҳаётии одам захираи нотамом  мебошад.  Мушкилоти  обҳои  ширин дар натиҷаи  хушкшавии  дарёву кўлҳо, афзудани  истифодаи заминҳои корам, соҳаҳои  саноат, нақлиёт ва роҳҳои  гуногуни  ифлосшави сол аз сол дучанд мегардад. Зарур аст, ки истифодаи оқилонаи обро  на фақат ба роҳ монем балки  онро  бояд  ҳатми ва ҷидди ҳифз намоем.

Захираҳои  иқлими, ҳавои  атмосфери(фазои) ва энергияи шамол низ тамомнашаванда, лекин  бо инкишофи саноат  ва нақлиёт  ҳаво  бод уд, чанг ва газҳои  гуногун  олуда  мешавад.  Дар  шаҳрҳои  калон  ва марказҳои  саноати олудашавии ҳаво (фазо)  барои  саломатии  инсон  хеле  зараровар   аст.  Тоза  нигоҳ  доштани  муҳити  фазои  яке  аз  вазифаҳои  асосии  ҳифзи  табиат  мебошад.

 

              Усулҳо  ва қонунҳои  ҳифзи  табиат

       Дар  замони  муосир  бо  мақсади  ҳифз  намуданитабиат  аз  усулҳоигуногун истифода  мебаранд.

Усули  якум  муайян  месозад,  ки  ҳамаи  ҳодисаҳо  ва  омилҳои  табии барои  одам  аҳамияти  калон  доранд.  Дар  ин  маврид  нисбар  ба  ҳар  кадоми  онҳо  роҳҳои  хосеро  интихоб  карда,  талаботи  соҳаҳои  гуногуни истеҳсолот  ва  барқароркунии  табиатро  ташкил  кардан  лозим  аст.

Масалан, ҷангал  пеш  аз  ҳама  манбаи  асосии  маҳсулоти  сохтмони  ва  кимиёви  мебошад, лекин  вай  ҳамчунин хусусияти  танзимкунии  об,ҳифзи  хок ва ҳосил  кардани  ҳавои  тозаро  дорад. Бар  замми  ин ҷангал  ҷойи  зисти ҳайвонҳои  гуногун  ва  истироҳати  одамон  ба  ҳисоб  меравад.  Дар  ин  ҳолат аҳамияти  саноатии  ҷангал дар  ҷойи  дуюм  меистад.  Мисоли  дигар  дарёҳо  нафақат  барои  ҳаракати  нақлиёти   оби   ё  манбаи  сохтмони,  неругоҳҳои  барқи   хизмат  мекунанд,   балки  ба  баҳрҳо  моддоҳои  гуногуни  биологиро,  ки   барои  организмҳои  зиндаи  оби  заруранд,  медиҳанд.  Бинобар  ин,  дарёҳоро  танҳо  барои  як  соҳа  истифода  намебаранд.  Онҳоро  барои  соҳаҳои  гуногуни  истеҳсолот,  тандурусти, саёҳат  ва  ѓайра  истифода  мекунанд. Аз  ин  рў,  тоза  нигоҳдории  обҳо  вазифаи  ҷонии  ҳар  як  фарди  сайёра  мебошад.

Усули  дуюми  истифодаи  захираҳои  табии ин шароити муҳити зисти  таҳҷойиро  ба  эътибор  гирифтан лозим аст. Ҳоло дар  табиат минтақаҳое  мавҷуданд, ки аҳолиашон  аз обҳои  тоза танқиси  мекашанд. Серобии  баъзе  мавзеъҳои  камобро  таъмин карда  наметавонад. Дар ҷойҳое, ки майдони ҷангалҳо  зиёданду аз худ  карда  нашудаанд, истифодаи онҳоро иҷозатмедиҳанд, вале дар минтақаҳои  камҷангал онҳоро  мувофиқи мақсад бо назардошти ҷараёни азнавбарқароркуни ва  ҳифзи онҳо истифода кардан мумкин аст.

Қоидаи минтақави (регионали) ҳамчунин  барои  олами ҳайвонот низ мавҷуд аст. Масалан, як намуди  ҳайвони  шикори  дар минтақа  бинобар  кам буданаш  бояд ҷиддан  ҳифз  карда  шавад, дар  минтақаи дигар бошад, аз сабаби  зиёд  будани фардҳояш баръакс, барои  шикор иҷозат дода мешавад. Дар  айни ҳол мувофиқи қоидаи минтақави ва  таҳҷои муносибат ба истифодаи захираҳои табии аз сатҳи умумии  ҷойгиршави ва пайдошавии  онҳо вобастаги дорад.

Усули сеюми истифодаи захираҳои табии мефаҳмонад, ки ҳифзи як объекти табии маънои ҳифзи  объектҳои дигарро  дорад. Аз   ҷумла, ҳифзи обанбор аз ифлоси маънои ҳифзи моҳиҳо ва организмҳои дигари обиро дорад. Ба  воситаи ҷангал на фақат  ҳаво тоза  нигоҳ дошта мешавад, балки хок  низ аз  фарсоиш муҳофизат карда мешавад. Ҳифзи парандаҳои ҳашоротхўр ва макони мўрчаҳо, инчунин ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонҳо ба ин усул дохил мешавад.

Дар  табиат дар бисёр мавридҳо муносибатҳои муқобили ҳамдигари ҷой доранд, ки  ҳифзи як намуд бар  зарари намуди дигар аст. Масалан, ҳифзи оҳу дар як минтақа ба он оварда мерасонад, ки шумораи  он зиёд гардида, ба инкишофи рустаниҳои ҷавон  зарар мерасонад. Дар натиҷаи таъсири сумҳои бақуввати оҳуҳо ин рустаниҳои акнун аз тухм баромада нобуд мешаванд. Чунин ҳолатҳо  асосан дар мавзеъҳои ҳифзшаванда (боѓҳои милли, мамнўъгоҳҳо) низ ҷой доранд. Бинобар ин, бояд ҳифзи як объект дар якҷояги бо дигар ҷузъҳои табиат иҷро гардад.

Ҳифз  ва истифодаи табиат дар назари аввал таъсири мутақобилаи одаму табиат мебошад ва гўё дар байни онҳо ягон зиддият вуҷуд надорад. Саволе пеш меояд, ки ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат баҳри чи зарур аст? Бе  ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат инкишофи ҷомеа намумкин аст. Оқилона  истифода бурдани сарватҳои табии гарави ҳифзи  он мебошад.

Асосҳои  ҳуқуқии  ҳифзи табиат

Қоида ва  қонунҳои ҳифзи табиат аз тарафи одамон дар он вақт  иҷро мешаванд, ки пояи қонуни дошта бошанд.

Дар айни замон барои таъмини фаъолият  дар бахши муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табии як қатор кодекс ва қонунҳо таҳия ва қабул шудаанд.  Пеш  аз ҳамаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боаи ҳифзи табиат», ки соли 1993 таҳия ва қабул шудааст. Қонуни  мазкур қонуни асосии соҳа буда, дар  асоси он дигар қонунҳое, ки меъёрҳо ва бахшҳои гуногуни соҳаро муайян менамояд, таҳия ва қабул шудаанд. Бо мурури замон ва зарурати воқеи ба ин қонун таѓйироту иловаҳо  ворид  карда шудаанд, ки таҷассумгари замони истиқлолият мебошад. Ба ин қонун солҳои  1994,1996,1997,2002,2004,2007  таѓйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онро боз  ҳам мукаммал намуданд. Соли 2011  қонуни асосии соҳа дар  таҳрири нав  бо номи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҳия ва қабул гардид, ки  бо қонунгузории байналмилали   мутобиқ ва мувофиқ мебошад. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»  асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро  дар соҳаи  ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба  таъмини рушди устувори иҷитимоию иқтисоди, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқи, пешгирии таъсири  зараровари фаъолияти хоҷагидори ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини  амнияти экологи равона шудааст.  Дар  асоси ин қонун дар Тоҷикистон 40 қонун ва санадҳои ҳуқуқи дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат  қабул карда шудааст, ки дар  бораи муҳимтарини онҳо  маълумот  медиҳем.

Соли  1996  Қонуни  Ҷумҳурии Тҷикистон     «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»  таҳия ва қабул гардид.  Мақсад  аз қабули қонуни мазкур  танзими  муносибатҳои  ҷамъияти  дар ин соҳа, муҳайё  сохтани муҳити  табиии мусоид барои  зиндагии   инсон, олами набототу ҳайвонот, ҳифз  ва тозаву  беҳтар  намудани  вазъи  ҳавои атмосфера, муқаррар  намудани  назорати  давлати ба  истифодаи  ҳавои  шаҳрҳо  ва  марказҳои  саноати, дигар  маҳалҳои  аҳолинишин,  манбаъҳои  олудашавии  ҳавои  атмосфера,  инчунин  таҳкими  қонунят дар  соҳаи  ин  муносибатҳо  ба  манфиати  наслҳои  имрўзаю  оянда  мебошад.  Ба  қонун  солҳои  1996,1997,2007,2010  таѓйироту иловаҳо  ворид  карда  шуданд.

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  3 майи соли 2006  «Нақшаи  миллии  фаъолият  оид  ба  ҳифзи  муҳити зист»-ро  тасдиқ кард, ки  он  меъёрҳои  асосии  муносибати аҳли  ҷомеаро муҳити  зист муайян  менамояд.

Хулоса

Омўзиши  экологияи муосир нишон дод, ки одам чун як ҷузъи таркибии табиат на фақат онро  ҳаматарафа истифода мебарад, балки вазифадор низ ҳаст, ки қонуниятҳои табиатро меомўзад ва онро оқилона идора  кунад. Аз омўзиши экология ба мо  маълум шуд, ки қонунҳои экологи инсонро барои ба кулли таѓйир додани муносибаташ  нисбат ба табиат водор месозад. Дар минтақаҳои гуногуни географи дар таркиби олами зинда дигаргуниҳои зиёде ба чашм мерасанд ва онро дар давоми сайри кўтоҳ бо мақсади шиносои бо муҳити зист(ҷангалҳо, дарёҳо, кўлҳо) ҳис мекунем. Табиат сирру асрори зиёдде дорад, ки омўхтани ҳаматарафаи онҳо ба мо бо осони  муяссар намегардад. Қонунҳои  экологи аз мо талаб мекунанд, ки муносибати худамонро  нисбат ба табиат ба кулли таѓйир диҳем. Маҳз   табиат инсониятро  дар ҳолати мувозинави нигоҳ медорад. Мо як қисми таркибии табиат ҳастем  ва пурра ба  он вобастагдорем. Маҳз барои ҳамин омили асосии инкишофи инсоният  на аз ҳукмрони ва поймол кардани он, балки аз муносибати оқилонаю беѓаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органики ва ѓайриорганики дар рўи замин иборат мебошад. Инсоният  дар айни замон  вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худашро на бар зарари биосфера, балки барои бартараф кардани тамоми зарару  зиёнҳо равона кунад. Фаромўш набояд кард, ки биосфера то пайдоиши  одам вуҷуд дошт ва бидуни  он низ боқи хоҳад монд, вале одамон (ҷомеа) бе биосфера ҳаёт ба сар бурда наметавонад. Дар ин бора  табиатшинос ва шоири тоҷик Мардон Ашуров(Мутриб) чунин менависад:

Замин ганҷинаи  хайру саховат,

Набототаш  кунад моро  табобат.

Намо ҳифзи ҳавою обу хокаш,

Нигаҳдорад туро доим саломат.

Табиат  мешавад ободу зебо,

Бо дасти фарди боақлу фаросат.

Агар шоҳи ҷаҳонию бузурги,

Ба қонуни табиат кун итоат.

Шиори «Одам шоҳи табиат» бояд ба шиори «табиат-хонаи мо» иваз карда шавад.дар хотир бояд дошт, ки одам бо табиат  зинда аст.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.