Экологияи растаниҳо

 

Нақша:

  1. Олами наботот ҳамчун сарвати табиӣ
  2. Масъалаҳои инкишофи ҷангалзорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. Гардиши моддаҳои биологӣ бо иштироки олами наботот
  4. Таснифи олами наботот вобаста ба макони зист

 

Суръати бошиддати тараққиёти илму техника ва афзоиши аҳолии кураи Замин, ба муҳити атроф бе таъсир буда наметавонад. Тозагии ҳавои атмосферӣ нигоҳдории гуногунии биологӣ, ҳосилхезии замин ва боигарии инсоният аз ҷиҳати моддию  маънавӣ ба гуногунтаркибии олами наботот вобастагӣ дорад. Растаниҳо  манбаи ғизогии организмҳои зинда буда, созандаи зебогӣ дар муҳити атроф мебошанд. Зебогиро аз дигар сарчашмаҳо низ дарёфт кардан мумкин, аммо зебогии табиӣ таъсирнокии бештар ва муфид дорад. Чунончӣ  Афзалиддини

Олами наботот ба гурўҳи сарватҳои тамомшаванда дохил гашта, нигоҳубин, муомилаи хуб ва зиёд намудани онҳо вазифаи ҳар фарди ҷомеа мебошад. Онҳо заминаи пайдоиши дигар организмҳои зинда ба шумор мераванд. Вобаста ба макони зисташон олами набототро чунин гурўҳбандӣ менамоянд:

Гидрофитҳо – растаниҳои обӣ – най, қамиш, нилуфар , виктория. Узвҳои растаниҳои обӣ аз бофтаҳои механикӣ маҳрум буда, ҷавфҳои калони ҳавонигоҳдоранда доранд. Фишори осмотикии онҳо аз 8 – атм  камтар аст.

Гигрофитҳо – растаниҳои хушкӣ буда, дар зери намнокии замин ва ҳавои атмосферӣ месабзанд. Фишори осмосӣ дар ҳуҷайраашон 8 – 11 атм. буда, массома дар ҳар ду тарафи барг ҷойгир аст: шолӣ.

Мезофитҳо –  растаниҳои дар ҳолати миёнаи намнокӣ зиндагикунанда мебошанд. Ба ин гуруҳ бисёр растаниҳои кишоварзӣ – авёс, ҷав, гандум, марҷумак, зағир, юнучқа, бед, заранг, булут дохил мешаванд. Мезофитҳо гуруҳи сарҳадии байни гигрофитҳо ва ксерофитҳо мебошанд. Масcомаи баргашон дар зери лаъличаи барг инкишоф ёфтааст. Фишори осмосӣ аз 25 атмосфера баланд нест.

Ксерофитҳо – растаниҳои дар биёбону нимбиёбон рўянда буда, норасогии обро хуб аз сар гузаронида метавонанд. Фишори осмосии онҳо аз 24 атм. зиёд 40 – 60,  ҳатто 100 низ мешавад. Бо чунин фишор ин растаниҳо қобилияти ҷабидани намнокии ночизи заминро доранд.          Массомаи барги ксерофитҳо дар мағзи барг ҷойгир буда, бо доначаҳои мўякин пўшида шудааст. Кутикулаи баргашон ғафс буда, аз канораҳояшон қатъ шудаанд. Тахач, дроки испанӣ, иглитса, олеандр, ангат (облепиха), санҷид, саксаул, маҳсар, (сафлор) бодом, мансуб ба ин гуруҳи растаниҳо мебошанд. Гyруҳи махсуси ксерофитҳо – суккулентҳо буда, растаниҳои бисёрсолаанд. Пояи серобу сергўшт дошта, баргҳои метаморфозгаштаи хорӣ доранд.  Сабзиш ва фотосинтезгузаронии ин растаниҳо хеле суст мебошанд. Фишори осмосиашон 2 – 3 атм буда,  ҳуҷайраашон то 95% об доранд. Кактусҳои сереусии дар Мексика буда то 10 – 15 м. қад дошта, гулашон 22 см. андоза доранд.  Флораи ҷумҳурии мо гуногунтаркиб буда, аз рўйи миқдори шумораи намудҳо, дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҷойи дуюмро ишғол намуда (4513 намуд) аз рўйи намудҳои хоси ватанӣ (эндемикӣ) ҷойи аввалро ишғол мекунад. (640 намуд).

Замин, ки воситаи муҳими истеҳсолот аст, нигоҳдорӣ истифодаи дуруст ва муҳофизати он вазифаи ҳар шаҳрванд, хусусан мутахассисони кишоварзӣ мебошад. Нигоҳдории сохти хок ва бой гардонидани он ба мавҷудияти олами наботот алоқаманд аст. Нобудшавии пўшиши растанигӣ аз рўйи замин ин деградатсияи замин буда, замина барои пайдоиши эрозияи он мегардад. Олами наботот ташкилкунандаи микроиқлимӣи табиӣ буда, дар гардиш ва мубодилаи моддаҳои органикиву ғайриорганикӣ иштирок мекунад. Растаниҳо манбаи хўрокӣ инсон ва ҳайвонот буда, макони зисти микрооганизмҳо, паррандагон ва ширхўрон мебошанд. Аксари растаниҳо аҳамияти хуби  табобатӣ доранд.

Аз замонҳои қадим то имрўз инсоният растаниҳоро бо назардошти шифобахшиашон, ҳамчун воситаи табобатӣ, истифода мебарад. Гуногунии олами наботот дар флораи ҳар як ҷумҳурӣ ин боигарии давлат ҳисоб ёфта,  нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Паҳншавии шумораи олами наботот дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чунин ба назар мерасанд: ( Флораи Тоҷикистон ҷ. Х. 1991).

Флораи Ҷумҳурии Осиёи Миёна Шумораи намудҳо Шумораи авлодҳо Намудҳои эндемикӣ
1 Қазоқистон 4759 1022 550
2 Тоҷикистон 4513 994 640
3 Узбекистон 3663 880 366
4 Қирғизистон 3276 831 321
5 Туркманистон 2200 683 325

 

 

Ба « Китоби Сурхи Тоҷикистон», ки 1 марти 1979 созмон дода шудааст 58 намуди ҳайвонот  ва 226 намуди растаниҳои нодирро дар бар гирифтааст. Растаниҳои мазкур мансуби 129 – авлод, 52 – оила мебошанд, ки аз ин 4 намуди замбурўғҳо 14 намуди ушна ва сарахсшаклон 27 намуди буттаву дарахтон ва 81 намуди растаниҳои алафиро муттаҳид сохтааст. Сиёҳгўш, савсан, бойчечак, бодом, дулона, зира, савсани куҳӣ, сиёҳалаф,  лола, анҷири куҳӣ, ёсуман,  маҷах аз ҷумлаи онҳоянд.

Дар баробари растаниҳои муқимӣ бойгардонидани таркиби флораи кишвар бо намудҳои ғайриватанӣ (интродутсентҳо) кори мутахассисони соҳавӣ буда, бисёр ташкилотҳо ва идораҳои давлатию ғайридавлатӣ (совхозӣ, боғдории ороишӣ) иттиҳодияи гулпарвар ва 4   боғҳои ботаникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин корҳо вобаста шудаанд. Дар боғи ботаникии Марказӣ то имрўз зиёда аз 8000 намуду шаклҳои гуногун, олами наботот аз минтақаҳои гуногун оварда, мутобиқ кунонида шудаанд.

Вобаста ба тарзи гул ва мевабандиашон олами наботот ба ду гурўҳ ҷудо мешавад:  монокарпӣ;  поликарпӣ.

Аксари растаниҳои эндемикии Тоҷикистон ба гурўҳи растаниҳои монокарпӣ дохил мешаванд, ки дар тўли ҳаёти худашон танҳо як маротиба гулу тухм карда аз байн мераванд.

Ҷангалзорҳо вобаста ба намуди асосӣ чунин тақсимбандӣ шудаанд:

  1. Арчазорҳо – 150 ҳаз.га.
  2. Чормағз – 9 ҳаз.га.
  3. Пистазорҳо -80 ҳаз.га., дигар навъҳо 171 ҳаз.га.

Аз соли 1994 – 1998 – 78% -и ҷангалзорҳои харобгаштаи кишвар барқарор шудаанд.

Олами наботот дар гардиши моддаҳои биологӣ иштирок намуда, ҳамчун нигоҳдорандаи ҷараёни эрозияи замин ва бойгардонандаи таркиби замин аз моддаҳои ғизоӣ, мебошанд. Дар маконҳои эрозияноки замин маҷудияи онҳо ин равишро суст карда, пастшавии ҳосилнокии заминро нигоҳ медоранд. Баъзе оилаҳои растаниҳо, лўбиёгиҳо ва санҷидҳо, хусусияти аз ҳавои атмосфера қабул ва ба моддаҳои нитрогенӣ табдил додани нитрогени ҳаворо доранд. Ин растаниҳо дар илми агрономия ҳамчун зироатҳои киштгардон маъмул мебошанд.

Аз 5500 т. аррамайда дар саноат 790 т. спирт истеҳсол  кардан мумкин аст, ки ба сарфаи 3000т. гандум ё 10000 т. картошкаро ба ҷо меоварад, ки ин  истифодаи дуруст ва  оқилонаи сарватҳои табиат, хусусан олами наботот ба шумор меравад.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.