Омилҳои биотӣ ва антропогенӣ

Нақша:

  1. Роҳҳои ҳифзи наботот ва ҳайвонот.
  2. Аҳамияти наботот ва ҳайвонот дар табиат ва ҳаёти инсон.
  3. Омилҳои биотӣ ва таснифи онҳо.
  4. Муносибати организмҳои зинда байни худ ва бо муҳити зист.
  5. Роҳҳо ва шаклҳои таъсири инсон ба муҳит.

 

Рустаниҳо як ҷузъи олами органикӣ мебошанд. Олами ҳайвонот ва одам бе рустанӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз байни организмҳои зинда танҳо рустаниҳо энергияи Офтобро захира карда метавонанд ва тавассути он аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикиро ҳосил мекунанд. Наботот  на танҳо ҳаворо сероксиген мегардонад, балки барои ҳайвоноти сершумор паногоҳ ва умуман барои ҳаётгузаронии ҳама гуна организмҳо дар рўйи Замин шароити мусоид ба вуҷуд меоваранд. Дар тибби мамлакат беморонро ба 220 намуд рустаниҳои дармонӣ табобат мекунанд. Мувофиқи таҳқиқотҳои олимон аз қадимулайём мардуми тоҷик бештар аз 350 намуди рустаниро ҳамчун манбаи ғизо истифода мебаранд. Ҳаштод – навад фоизи доруҳои барои муолиҷаи заъфи рагу дил, меъдаву рўда, асаб, ҷигар, гурда  истифодашавандаро аз гиёҳ мегиранд. Ҳар сол зиёда аз 60000 тонна рустаниҳои шифобахшро меғундоранд ва сол аз сол талабот ба онҳо хело зиёд шудааст.

Олами ҳайвоноти Тоҷикистон ғанӣ мебошад. Дар ҳудуди он 49 намуд моҳӣ, 346 намуди парранда, 83 намуди ширхўрҳо зиндагӣ мекунанд. Хоҷагии халқ аз ҳайвонҳои шикорӣ маҳсулоти моҳӣ, молҳои мўинадор, пўст, гўшт, маҳсулоти дорувориро истеҳсол мекунанд. Ҳайвонҳо дар ҳаёти рустаниҳо нақши муҳимро мебозанд. Онҳо набототро гардолуд карда (ҳашаротҳо,паррандаҳо), тухмашонро паҳн мекунанд (паррандаҳо, ширхўрон). Ҳайвонҳо низ дар гардиши моддаҳо дар табиат иштирок менамоянд ва ба тамоми инсоният зебоӣ ва овозҳои дилчаспи шапалакҳо, моҳиву паррандаҳо, хазандаҳо   маълум аст.

Тарзи ҳаётгузаронӣ ва рушду инкишофи организмҳо дар табиат на танҳо ба ҳарорат, рўшноӣ, об, хок ва таъсири онҳо, балки ба олами набототу ҳайвонот вобаста аст.

Таъсири мутақобилаи организмҳои зиндаро байни худ ва бо муҳити атроф омилҳои биотӣ меноманд. Ин омилҳо таъсирҳои гуногун дошта, дар вақти ҳамроҳ ҳаётгузаронии организмҳо зоҳир карда мешаванд. Омўзиши таъсири омилҳои биотӣ ба организмҳои зинда дар аввал хусусияти амалӣ дошт ва бо мақсади мубориза ва зараррасонҳои кишоварзӣ, паразитҳо, (муфтхўрҳо) муайян кардани хўроки ҳайвонҳои дарранда ва ғайра омўхта мешуд. Дар замони муосир таҳқиқотҳо оид ба омилҳои биотӣ ва таъсири онҳо ба организмҳои зинда ба таври васеъ ҳам дар шароити табиӣ ва ҳам дар лабораторияҳои илмӣ гузаронида мешавад. Организмҳои зинда байни ҳамдигар ва бо мавҷудоти муҳити атроф бевосита ва бавосита таъсир мерасонанд.

Маҷмўи таъсироти омилҳои биотиро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд:

  1. Омилҳои фитогенӣ– таъсиротҳои гуногуни рустаниҳо байни худ ва ба организмҳои муҳити атроф;
  2. Омилҳои зооогенӣ – таъсиротҳои васеъ, серсоҳаи ҳайвонот байни ҳамдигар ва ба мавҷудоти зиндаи муҳити зист;
  3. Омилҳои нитрогенӣ таъсироти серсоҳаи микро­орга­низмҳо ба табиат.

Ба рустаниҳо на фақат омилҳои ғайризинда, балки ҳудуди рустаниҳо ҳам ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Таъсиррасонӣ бевосита ва бавосита мешавад. Таъсири бевосита дар мубориза барои ғизо, равшанӣ, инчунин ба шаклҳои паразитизм, аллелопатия, симбиоз, аменсализм ва ғайраҳо зоҳир   мешавад.

Таъсири ҳайвонҳо дар ҷамеа ба роҳҳои даррандагӣ, зоохария, мутализм, комменсализм, синейкия, конкуренсия, паразитизм ва ғайраҳо зоҳир мешавад.

Инсонҳо ҳамчун ҷузъи табиат аз аввалҳои пайдоиши худ ба муҳити атроф алоқаи мустаҳкам пайдо карда, барои пурмазмун ва зеботар гардонидани зиндагии хеш аз сарватҳои он истифода мебаранд. Инсон алҳол барои истифодаи сарватҳои тайёри табиат бо дигаргуниҳои баамаловардаи худ табиатро ба хизмат кардан дар роҳи мақсадҳои худ маҷбур менамояд, бар вай ҳукм меронад. Ва баробари васеъ гардонидани майдони фаъолияти инсон таъсироти он ба муҳити атроф ҳамчун омили антропогенӣ пурзўр гашта талаботи ў аз табиат низ меафзояд. Таъсири одам чун омили экологӣ ба муҳит гуногун ва калон аст. Аз рўйи ҳисоби мутахассисон, қариб 56 фоиз масоҳати кураи Замин дар зери таъсири бевоситаи инсон қарор гирифтааст. Таъсири инсон ба муҳит бошуурона ва тасодуфӣ мешавад. Таъсири бошуурона ба вуҷуд овардани навъҳои серҳосил, сернасл ва ба касалиҳо тобовари рустнию ҳайвонҳо мебошад, ки роҳҳои он интродуксия аст. Ба таъсири тасодуфӣ ҳама гуна таъсирҳое, ки бо воситаи одам ба амал меояд, вале аз ин худи инсон бехабар мебошад, дохил мешаванд. Масалан овардани организмҳои гуногун ҳамроҳи маҳсулоти хўрокворӣ, паҳншавии зараррасонҳои гуногун, паразитҳо ва ғайраҳо.

Атропохория низ як шакли таъсири инсон ба муҳит мебошад. Дар асоси таҳқиқотҳои бисёрсола А. Г. Воронов ба хулоса омадааст, ки инсон бо роҳҳои зерин ба фитосенозҳо таъсир мерасонад:

– аз дигар ҷо (маҳал, ноҳия, мамлакат) овардани рустанӣ;

– кам шудани минтақаи рустаниҳо ва нест кардани онҳо;

– буридани дарахтҳо, буттаҳо ва ҷангалҳо;

– таъсири бевосита ба ҷамоаи рустаниҳо;

– сўзонидани ҷангалҳо;

– бетартибона чаронидани ҳайвонҳо;

– таъсири чангу ғубор ва дигар газҳои кимиёвӣ;

– ба вуҷуд овардани фитосенозҳои сунъӣ ва ғайраҳо.

Аз сабаби нодуруст ҷамъоварӣ кардани рустаниҳои ғизоӣ, давоӣ, ороишӣ ва ғайраҳо шумораи зиёди онҳо аз байн рафта истодааст. Дар хусуси намудҳои азбайнрафтаистода ва нодир муҳимаш он аст, ки ба онҳо зарар нарасонда ариалашонро нигоҳ дошта, ҷамъоварӣ ва фурўши онҳо катъиян манъ карда шавад. Ба ин мақсад дар Тоҷикистон се мамнуъгоҳ ва 13 парваришгоҳ ташкил шудааст. Барои нигоҳдорӣ ва афзун гардонидан чораҳои зеринро пешбинӣ намудан зарур аст:

– ташкил намудани мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва парваришгоҳҳо бо реҷаи қатъӣ;

–  буридани ҷангалзорҳо ва намудҳои дарахтҳои худрўй (чормағз, писта, арча, дўлона) ва ғайраҳо қатъиян манъ карда шаванд;

–  чарогоҳҳо оқилона, бошуурона истифода бурда шавад;

– ба мақсади зиёд намудани рустаниҳои камёфт ва нодир дар ҳудуди ноҳияҳое, ки ба худ иқлими хос доранд, боғҳои ботаникӣ ва плантасияи рустаниҳои нодир ташкил карда шавад.

Яке аз чорабиниҳои муҳими давлатӣ оид ба муҳофизати набототу ҳайвоноти нодир   нашри «Китоби Сурхи СССР» буд, ки соли 1978 аз чоп баромад. Ба ин китоб  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 намуди ширхўрон, 22 намуди паррандагон, 17 намуди хазандаҳо, 5 намуди моҳиён ва чандин намуди дигар ҳайвонҳо дохил шудаанд. Барои ҳифз кардан ва афзун гардонидани ҳайвонҳои нодир чораҳои зеринро бояд андешид.

– қатъиян манъ намудани шикори ҳайвонҳое, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил шуданд;

– ташкил намудани мамнўъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои нав;

– кам кардани душманони ҳайвонҳои камшудаистода ва нодир;

– мубориза бурдан бар зидди ифлоскунии ҳаво, замин, дарёҳою ҳавзҳо ва баҳрҳо;

– ёрӣ расонидан ба ҷонварҳо аз ҷиҳати зимистонгузарониашон.

Дар экология организмҳоро аз рўйи ҳаётгузаронӣ, тарзи ғизогирӣ, ҳаракат, муносибаташон, ҳарорат, намӣ, муҳит ва ғайраҳо ба гурўҳҳо ҷудо мекунанд. Аз рўйи паҳншавиашон дар рўйи Замин организмҳоро ба гуруҳҳои эврибионтҳо ва стено­бионтҳо, нисбати ғизогириашон бошад ба автотрофҳо ва гетеротрофҳо тақсим мекунанд.

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.