Таърихи мухтасари фани экалогия

 

Экология илмест, ки муносибати организмҳои зиндаро байни худ ва бо муҳити атроф ва инчунин муносибати инсонро ба биосфера меомўзад.

Дар боробари дигар фанҳои биологӣ, экология низ фанни ҷавону тезинкишофёбанда ба шумор меравад. Экология ин таъсири байни якдигарии организмҳоро бо худ ва муҳити зист меомўзад.

Экология калимаи юнонии «Oikos»  хона, ё макони зист «logos» илм буда, соли 1886 аз ҷониби олими юнонӣ Эрнест Геккел пешниҳод шудааст.

Аз замонҳои қадим яъне аз пайдоиши мафҳуми экология баҳсу мунозираҳо оид ба мустақилии ин фан сар зада буд.

Баъди далелҳои зиёд олимон ба як хулосаи даркорӣ омада, мустақилии онро дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX ҳамчун фанни биологӣ эътироф карданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки макони зисти организмҳои зинда ин табиат мебошад. Организмҳои зинда ба муҳити атроф таъсири гуногун мерасонанд. Масалан, таъсири одаму ҳайвон, ҳайвону растанӣ.

Вазифаи экология омўхтани ҳамин таъсиррасонӣ ба табиат мебошад. Дар замони ҳозираи тараққиёти илму техника, ки афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии заводу фабрикаҳо бештар ба чашм мерасанд, ҳамзистии организмҳоро бо табиати атроф бетаъсир гузоштан намемонанд.

Дар назди организмҳои зиндаи маскуни табиат муҳофизат ва риоя намудани қоидаҳои мавҷудбудаи табиӣ ба вуҷуд омадааст.

Акнун муҳофизати табиат масъалаи  муҳими давру замон гаштааст, ки риоя ва истифодабарии сарватҳои табиии мавҷудбуда вазифаи ҳар фарди ҷомеаи имрўза гаштааст.

Мутахассиси ҷавон  на танҳо ғамхориро дар бораи табиат изҳор кунад, балки ба атрофиён низ ин қоидаҳои заруррии муҳофизати муҳити атрофро фаҳмондан  тавонад.

Мо ҳамаи маводу масолеҳи барои зиндагӣ даркориро аз табиат мегирем (хўрока, либос, маводи сохтмонӣ барои макони зист ва ғайра). Ана ҳамин масолеҳ ва маводҳо, боигариҳои табиатмаҳсуб меёбанд. Истифодаи оқилона ва  пайдоишу захираи ин боигариҳо бар дўши ҳар як фарди ҷомеа гузошта шудааст.

«Ҳамаи он чизе, ки ҷомеа истифода мебарад, маҳсули ду элемент аст маҳсулоти табиат ва меҳнат» (К. Маркс ва Ф. Энгельс). Меҳнат шарти асосии ҳастии ҷамъият ва ҷудонопазири табиат мебошад.

Табиат бошад, сарчашмаи қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии инсон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин шароитҳо водор менамояд, ки ҷомеаи имрўза ба омўзиши экология ва ҳифзи муҳити зист ҳаматарафа омода бошад. Чунки надонистани қонунҳои экологӣ ва риоя накардани онҳо боиси аз байнравии занҷири ҳамзистии табиӣ мегардад. Риоя накардани қонунҳои асосии экологӣ,  вайронкунии худидоракунии табиӣ  боиси аз байн рафтани  баъзе  намудҳои растаниву  ҳайвонот ё боигариҳои табиӣ мегардад. Масалан: шикори бераҳмонаи паррандагон, истифодаиғайриоқилонаи оби нўшокӣ, буридани растаниҳои гуногун, озмоиши яроқҳои атомӣ, сўзонидани ҷангалҳо, партофтани партовҳои саноатӣ ба муҳити атроф ва ғ.

Танҳо бо сабаби дигаргуншавии ҳолати экологии биосфера ва таъсири бевоситаи омили антропогенӣ аз аввали асри VII то охири асри XX 63 намуди  ширхўрон, 94 намуди паррандагон ва 250 намуди дигар ҳайвонот нест шудаанд, ки боиси аз байн рафтани намудҳои нодири олами ҳайвонот ва наботот гардидаанд.

Омилҳои  экологӣ. Омилҳои экологиро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд.

  1. Омили биотикӣ.
  2. Омили абиотикӣ.
  3. Омили антропикӣ ё анропогеннӣ.

1.Омили биотикӣ- ин омилест, ки таъсири ҳамдигарии организмҳои зиндаро меомўзад. Масалан: растаниҳои сабз – хўроки ҳайвонот буда, ҳайвоноти растанихўр – хўроки дарандаҳо мебошанд.

2.Омили абиотикӣ омилест ки таъсири табиати ғайризиндаро ба табиати зинда меомўзад, (ҳаво, об, хок, шамол, фишор) ва ғайра.

3.Омили антропикӣ ё антропогенӣ омилест, ки таъсири гуногуни инсонро ба табиати атроф меомўзад. Инсон барои ҳаётгузаронии худ бисёр қонунҳои худидоракунии табииро вайрон мекунад.

Яъне  табиати атрофро ба худ мутеъ карда ба ин рафтор ҷараёни обро дигаргун сохта иншоотҳо месозад, ки дар натиҷа вайроншавии биоценозҳои мавҷуда, зери об  заминҳои кишт ба амал меояд.

Ҳайвонотҳои гуногунро хонагӣ карда ба ҳамзистии муҳити атроф ва ин намуд таъсири манфӣ мерасонад. Партовҳои гуногунро ба ҷўй ва каналҳо партофта, ба худ ва ҳайвоноту растаниҳои обӣ зиён меоварад. Инсон бояд ба ҳамаи рафтори худ назар карда на табиатро мутеи худ созад, балки ҳамчун дигар организмҳо мутеи табиат бошад. Инсон дар натиҷаи зиндагии оромонаи худ бештар ба табиат зиён меоварад.

Дар натиҷаи фаъолияташ ба муҳит гази карбонат хориҷ мекунад, аз табиат хўрока, либоса ва масолеҳи сохтмонӣ мегирад. Ҳамаи ин боиси аз байнравии худидоракунӣ ва худбарқароршавии табиӣ мегардад. Бунёдсозӣ гулгашту чаманзор, кабудизору боғҳо  ин  инсоният мебошад.

Зарари расонидани организмҳои зиндаи табиат аз тарафи дигар организмҳо пўшонида мешавад. Бо ин алоқамандӣ дар табиат баробарвазнии биологӣ таъмин гашта, мувозинати экологӣ нигоҳ дошта мешавад.

Вазифаҳои фанни экология

  1. Барқарор намудани мувозинати экологӣ дар табиат
  2. Дар табиат тағйир додани муносибати инсон ба муҳит
  3. Ҳифзи сарватҳои табиӣ (об, ҳаво, замин, олами ҳайвонот ва наботот, микроорганизмҳо ва ғ.)
  4. Оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ
  5. Аз методҳои химиявӣ ба методҳои биологӣ гузаштан
  6. Танзими оқилонаи нуриҳои минералӣ ва моддаҳои заҳрнок
  7. Васеъ намудани чораҳо зидди эрозия
  8. Ҷорӣ намудани технологияи кампартов ва бепартов
  9. Тозасозии газҳои сўхта
  10. Истифодаи партовҳо
  11. Кам кардани оқибатҳои зарарноки кори нақлиёт
  12. Нигоҳ доштани намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот
  13. Ҷорӣ намудани низоми назорати доимии экологӣ
  14. Ба вуҷуд овардани пойгоҳҳои илмӣ
  15. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ.

Экология мисли дигар илмҳо усулҳои омўзиши худро дорост.

  1. Саҳрои ё мушоҳидавӣ – дар саҳро гузаронида мешавад.
  2. Лабораторӣ ё таҷрибавӣ – таъсири як омил ё бисёромилҳо низ ба назар гирифта мешавад.
  3. Таҷрибавӣ, математикӣ ва моделсозии биологӣ – вазифаи ин усул сохтани моделҳои гуногун оиди таркиб, шумора ва рафтори популиятсияҳо, таҳқиқи силсилаҳои экологии (биосеноз, биогеосеноз, экосистема). Роҳҳои гуногуни ба ҳамтаъсиркунии омилҳои экологиро бо муҳити зист бо маълумотҳои дақиқ (схемавӣ, сифрӣ, нуқтаги) муайян месозад.

 

Ҷумҳурии мо ҷумҳурии аграрӣ буда, фаъолияти хоҷагидорӣ бояд дар риоя ва нигоҳдории қонунҳо ва баробарвазнии биологӣ ба роҳ монда шавад.

Аз ин рў, ҷорӣ намудани тафаккури экологӣ ва баландбардории маърифати экологии сокинони ҷумҳурӣ аз давраи мактаб то мутахассисони амалкунандаву оянда зарурияти хос дорад.

Дар иҷлосияи ассамблеяи СММ соли 1972, 5 – уми июнро рўзи байналмилалии муҳофизати муҳити атроф эълон кардааст.

#

test

Добавить комментарий