Экосистема

 

Гурӯҳҳои боҳамзистии намудҳо ва алоқаи байниҳамдигарии организмҳоро биосеноз меноманд ё гурӯҳи намудҳое, ки дар як ҳудуди муайян зиндагӣ мекунанд ва ба ҳамдигар алоқаманд ҳастанд. Биосеноз аз калимаи лотинӣ буда, маънояш био – ҳаёт, сеноз – ҷамоа. Дар биосеноз аз микроорганизмҳо то растаниҳо ва ҳайвонҳои олӣ ҷойгир мешаванд ва гурӯҳҳои таксаномии гуногун мавҷуданд. Таркиби намуди ҷамоаҳо (биосенозҳо) аз пир будан ва ҷавонии онҳо фарқ мекунанд.

Сохтори трофикии биосеноз:

1.Сатҳи аввали трофикии фотоавтотрофҳо ё автотрофҳо   моддаи орга­никиро синтез мекунанд: раванди фотосинтез: моддаи органикӣ – глюкоза.

  1. Сатҳи трофикии гетеротрофҳо ё консументҳо:

– консументҳои қатори  аввал фитофагҳо (ҳайвоноти растанихӯранда);

– консументҳои қатори дуюм (ҳайвонҳои ғизои омехта­хӯранда);

– консументҳои қатори сеюм- дарранда;

– консументҳои дараҷаи олӣ- паразитҳо.

Сатҳи трофикӣ редусентҳо – микроорганизмҳое, ки раста­ниҳо ва ҳайвонҳои мурдаро вайрон карда ба гардиши моддаҳо дар табиат сабаб мешаванд: актиномисетҳо, замбурӯғҳо, бактерияҳо. Ана ҳамин гузариши энергия дар ҷамоаҳо гардиши хурди биологиро ба вуҷуд меоранд. Бе гардиш дар табиат чунин шакли муносибати ҷамоаҳо ба вуҷуд омаданаш аз имкон берун буд.

Устувории ҷамоа ба он вобаста аст, ки он бояд сохтор ва хусусиятҳои функсионалии худро ҳангоми таъсири омилҳои беруна нигоҳ дорад. Масалан, аз омилҳои абиотикӣ.

Намудҳои муносибатҳои организмҳо дар ҷамоаҳо.

1)  Нейтрализм – муносибатест, ки бисёр организмҳо якҷоя зиндагӣ карда ба ҳамдигар таъсир намерасонанд.

2Конкурентсия –   ин муносибати бавуҷудомадаи байни намудҳо, ки талаботи ягонаи экологӣ доранд. Растаниҳое, ки дар як ҷо сабзиш мекунанд нисбат ба об, равшанӣ ва фазо мубориза мебаранд.

3)  Даррандагӣ – ин намуди  муносибатест,   ки   аз   ҳисоби организмҳо  тӯъма – ғизо мегиранд, муносибати даррандагӣ –   дар   раванди   таҳаввулот   ба   вуҷуд   омадааст.   Орга­низмҳои дарранда   танзимгари   миқдори   организмҳои   тӯъма   ба   ҳисоб мераванд.

4) Муфтхӯр – ин муносибатест, ки организмҳо аз ҳисоби хӯҷаин зиндагӣ мекунанд. Масалан, аскаридаи одам дар рӯда, эхинакок дар ҷигар, зарпечак дар растаниҳои гуногун ва ғайра.

5)  Симбиотӣ – ба ҳар ду популятсия муфид, ӯҳдадории қавӣ аст.  Ҳамзистии замбурӯғ ва обсабз, дар қисмати тундра организми  дигар – ушнаҳоро   ба  вуҷуд  оварданд.   Муноси­бати симбиотикии термитҳо ва намояндаҳои гурӯҳи қамчи­накдорон; қамчинакдорон ферменти β – глюкозаро хориҷ мекунанд, ки он ба ҳазми селюлозае, ки термит ғизо мекунад ёрӣ мерасонад ва системаи  ҳозимаи   термитҳо   муҳити   му­соид  барои   афзоиши қамчинакдорон маҳсуб мешавад. Агар ӯҳдадории яке канда шавад, ҳар ду организм ба ҳалокат мерасанд.

6)   Комменсализм   –   инро   иҷоранишинӣ   низ   мено­манд. Растаниҳои эпифитӣ дар танаи дарахт сабзиш мекунанд. Масалан, баъзе аз растаниҳои орхидея . Мӯрчаҳо ва ҳайвонҳои дар ғор зиндагикунанда, бисёр микроорганизмҳои дигари дар ғор зиндагӣкунанда.

7)   Аменсализм – барои яке аз намудҳо ҳангоми якҷоя зис­тан таъсири манфӣ мерасонанд. Масалан, растаниҳои алафии дар зери дарахт сабзанда нобуд мешаванд, ки он ба дарахт бефарқ аст, он зист мекунад ё не? Ин муносибат миқдори  организмҳор танзим мекунад.

 

Дар муносибати рақобат агар ду намуд ба талаботи ягонаи экологӣ дар як ҷамоа ба вуҷуд ояд, яке аз он дигареро танг карда мебарорад, ки он” қонуни конкурентии хориҷ кардан» -ро гирифтааст, ки он аз тарафи Гаузе Г.Ф. кор карда  шудааст. Ғолиб дар муборизаи конкурентӣ мувофиқи қоида ҳамон намуд ҳисоб карда мешавад, ки дар муҳити экологии додашуда бартарӣ дошта бошад. Рақобат ду хел мешавад: рақобат байнинамудӣ ва дохилинамудӣ .

Муносибати типи дарранда – тӯъма, паразит –хӯҷаин, ин алоқаи ғизогии бевосита, ки ба яке аз ҳариф таъсири манфӣ мерасонад.

Моделонии системаи дарранда – тӯъма аз тарафи В. Валтер дар хоҷагии моҳидорӣ аввалин маротиба кор карда  шуд. Қонуне, ки ӯ муайян кард «қонуни сикли даврагӣ» ном дорад ва ин қонун чунин аст: протсесси нобуд кардани як намуд, намуди дигарро ба тағйирёбии миқдори популятсияҳои ҳар ду намуд оварда мерасонад.

Истифодабарии муносибатҳои байни популятсионӣ барои танзими миқдори популятсияҳо аҳамияти калон дорад. Дар хоҷагии халқ истифодаи ҳашаротҳои «дарранда»ро барои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон истифода бурдан бамаврид аст.

          Маҷмӯи организмҳо ва компонентҳои ғайриорганикӣ, ки дар он гардиши модда ба вуҷуд меояд, экосистема номида мешавад. Ин мафҳумро аввалин маротиба экологи англис А. Тенсли соли 1935 баён карда буд.  Вай қайд карда буд, ки омилҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ баробар амал мекунанд ва мо наметавонем организмҳоро аз муҳити мушахассиашон ҷудо намоем.

Мафҳуми биогеосеноз аз тарафи олими рус В.Н. Сукачёв (1942) баён карда шуда буд. Биогеосеноз – мафҳуми маскунӣ дорад, ба маҳалли хушкие таалуқ дорад, ки онро пӯшиши растанигии муайян – (фитосенозҳо), яъне ҷамоаи муайяни растанигиро дар бар мегирад.

Калимаи биогеосеноз аз лотинӣ гирифта шуда маънояш био – ҳаёт, гео – замин, сеноз – ҷамоа мебошад.

Мафҳумҳои биогеосеноз ва экосистема аз ҷиҳати функсио­налӣ (вазифанокӣ) аз ҳамдигар фарқ надоранд аз ҷиҳати ҳудуди сукунат фарқ доранд.

Экосистемаҳо аз ҷиҳати ҳаҷмҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор доранд: микроэкосистемаҳо (масалан, кундаи пӯсидаи дарахт); мезоэкосистема (беша, ҳавзаи моҳиён ва ғайраҳо) ва макроэкосистема (уқёнус, сайёраи Замин).

Нигоҳ доштани фаъолияти организмҳо ва гардиши модда дар экосистема аз ҳисоби доимо дохилшавии ҷараёни энергия имконпазир мегардад.

Ҳаёт дар рӯйи Замин аз ҳисоби энергияи Офтоб, ки аз он растаниҳо моддаҳои органикиро синтез мекунанд ибтидо мегиранд. Консументҳо аз растаниҳо ғизо, яъне энергия мегиранд. Ҳамаи организмҳои зинда объекти ғизоии ҳамдигар мебошанд, яъне ба ҳамдигар муносибати энергетикӣ доранд. Занҷири ғизо дар ҷамоа – ин механизми гузаштани энергия аз як организм ба организими дигар мебошад.

Дар ҳар ҷамоа алоқаи трофикии (алоқаи ғизогӣ) печдарпеч ва ба шабакаи мураккаб дохил аст. Организми ҳар намуд ғизои потенсиалии дигар намудҳо мегардад. Масалан, душмани ширинча, личинкаи гамбӯсаки ҳафтхол, паррандаҳои ҳаша­ротхӯр мебошад. Аз ҳисоби булут дар бешаҳои паҳнбарг садҳо шаклҳои буғумпоён, фитонематодаҳо, замбурӯғҳои муфтхур ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд.

Аз ин лиҳоз шабакаи трофикӣ дар экосистема хело мураккаб буда, энергия аз як организм ба организми дигар кӯчиш«мигратсия» мекунад .

Занҷири ғизо 4-6 звеноро дар бар гирифтанаш мумкин аст, ки он пайдарҳам ҳамдигарро ғизо мебахшад.

Ҷойи ҳар як звеноро дар занҷири ғизо сатҳи трофикӣ меноманд. Сатҳи трофикии якум продусентҳо – растаниҳо, сатҳи трофикии дуюм-консументҳо, қатори аввал-ҳайвонҳои растанихӯранда, консументҳои қатори дуюм консументҳои ғизои омехтахӯранда (растанӣ, ҳайвонот), қатори сеюм консументҳои дарранда, консументҳои растанихӯрандаро ғизо мекунанд ва ғайра; сатҳи трофикии сеюм редусентҳо, орга­низмҳои мурда ва боқимондаи ҳайвонотро ғизо мекунанд.

Энергия дар экосистема аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузарад ва аз нав барқарор намешавад, мувофиқи қонуни якуми термодинамика амалӣ мегардад.

Дар экосистема маҳсули биологӣ фарқ карда мешавад: маҳсули аввалин ва дуюмин. Массаи органикиро, ки дар воҳиди

 

вақт растаниҳо ба вуҷуд меоранд, маҳсули аввалини ҷамоа ба ҳисоб меравад.

Афзоиши массаи консументҳоро дар воҳиди вақт маҳсули дуюми ҷамоа меноманд. Маҳсулнокии экосистема бо воҳидҳои биомасса ва энергия ҳисоб карда мешавад.

Қоидаи пирамида: Ба ҳамаи экосистемаҳо миқдори муайяни таносуби маҳсули аввал ва дуюмин хос аст, ки онро қоидаи пирамидаи маҳсул меноманд: дар ҳар як сатҳи трофикии оянда миқдори биомасса ё энергия торафт кам шуда меравад. Биомассаи растанигӣ дар экосистема даҳҳо маротиба зиёд аст, биомассаи консументҳои растанихӯранда аз консументҳои дарранда зиёд аст. Яъне маҳсул аз продусентҳо ба консументҳо торафт кам шуда меравад.

Занҷири трофикие, ки аз организмҳои фотосинтезкунанда сар мешавад, занҷири марғзорӣ меноманд. Занҷире, ки аз растаниҳои мурда, мурдаҳо ва эксперементҳои ҳайвонот сар мешаванд  занҷири детритӣ меноманд.

Гардиши модда  дар табиат аз он рӯзе, ки организмҳои зинда ҳастӣ карданд сар шудааст. Бе гардиши модда дар табиат мавҷудияти организмҳои зинда аз имкон берун аст.

Дар гардиши моддаҳои организмҳои зинда нақши реду­сентҳо ниҳоят калон аст. Онҳо организмҳои мурдарафтаро ба моддаҳои ғайриорганикӣ табдил медиҳанд.

Дар гардиши элементҳои зарурӣ, биологӣ, микро­орга­низмҳо ба монанди бактерияҳои нитрогенфиксатсиякунанда (нитроген-бактерияҳо), обсабзҳои кабуду сабз, (сианобак­терияҳо), дар решаи растаниҳои лӯбёгиҳо бактерияҳои авлоди ризобиум иштирок мекунанд. Дар гардиши сулфур нақши рас­таниҳо калон мебошанд.

Гардиши оксиген ҳангоми оксиду барқароршавӣ, раванди фотосинтез дар растанӣ ва ғайраҳоро ба вуҷуд меорад. Фосфор ҳангоми бодхӯрдашавии ҷинсҳои кӯҳӣ фосфат, ион   ҳосил  мекунад ва онро организмҳои зинда ба синтези моддаҳо исти­фода мебаранд.

Гардиши фосфор аз муҳити об ба хушкӣ бо воситаи паррандаҳое, ки ғизояшон аз баҳр аст, мегузарад.

Об дар табиат дар натиҷаи аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштан доимо гардиш мекунад. Об дар дарёҳо дар 12 шабонарӯз иваз мешавад, буғҳои атмосферӣ дар 9 шабонарӯз, оби уқёнусӣ дар 2 млн. сол иваз мешавад.

Дар гардиши об нақши растаниҳо ва ҳайвонот калон аст. Масалан, ҳангоми бухоршавӣ аз сатҳи бадани организмҳо.

#

test

Добавить комментарий