Маълумоти умумӣ оид ба моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда ва истифодаи онҳо дар иншоотҳои иқтисодӣ

Саволҳои таълимӣ:

  1. Моддаҳои махсусан хатарнок – арсен, маргимуш, симоб, пайвастагиҳои курғошим, рух, фосвор;
  2. Хатарноки баланд – хлор, кислотаи синил, кислотаи сулфат, сулфит, фосген;
  3. Хатарноки миёна – бензол, ангидоили сулфат, спирти метил.

                                                Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
    1. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
    1. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
    1. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
    1. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

Ба моддаҳои заҳролуди пуртаъсир инҳо мансубанд: хлор, аммиак, фосген,хлорпикрин, кислотаи синин ва ғайра. Моддаҳои заҳролуди пуртаъсир дар дараҷаи муайяншудаи кансентратсияашон одаманро заҳролуд месозанд, башарте, ки онҳо аз воситаҳои муҳофизати шахсӣ маҳрум бошанд. Моддаҳои заҳролуди пуртаъсир дар зарфҳои махсус бо ёрии фишори буғии худ нигоҳ дошта мешаванд. Буғи ба атмосфера дохилшуда, абрҳои дуюмин дараҷаро ташкил мекунад, ки ин абрҳо заҳролуд мебошанд. Ҳамин тавр, ҳудуде, ки ба таъсири моддаҳои заҳролуди пуртаъсир гирифтор шудаанд, манбаи заҳролудшавии кимёвӣ номида мешавад.

Минтақаи заҳролудшавии кимёвӣ ба ду қисм ҷудо мешавад:

а) Минтақае, ки бо буғхои марговари консентрасия дошта, ки ба ҳалокатшавии умумии одамон оварда мерасонад, мушоҳида карда шудаъаст. б) Минтақае, ки аз буғи консентрасия дошта, одамон муввақатан аз қобили меҳнат мононида мешаванд.

Дар манбаи заҳролудшуда моддаҳои заҳролуди пуртаъсир ки ба моъе ва буғ шабоҳат доранд, хатари асоси барои ҳайёти одамон ба ҳисоб меравад. ХЛОР- ин хокаи сабзоанг буда, аз худ буғи зардчамонандро, ки хусусияти буғикунанда дорад, хориҷ мекунад. Хлор бо роҳҳои нафас зараррасонида метавонад. Хлор аз ҳаво 2,5 баробар вазнин аст, бинобар ҳамин абре, ки аз хлор пайдо мешавад, рӯ-рӯи замин ҳаракат карда бо самти вазиши шамол ҳаракат мекунад. Аз 1 кг хлори обаки 3 литр газро ташкил медиҳанд.

АММИАК– ин буғи беранг буда, каме бӯи спирти навшотирро дорад, ҳудуди қабулкунии заҳролудшавиаш 0,037 мг/л мебошад. Аммиакро ҳусусан дар истеҳсолоти яхдонбарорӣ ва барои ҳосил намудани ғизоҳои азоти истифода мебаранд. Аммиак дар об хуб ҳал мешавад. Дар консентратсияи баланд аммиак метавонад системаи марказии асабро хароб карда ба рагкаши гирифтор намояд. 

Хусусиятҳои моддаҳои заҳролуди пуртаъсир ва биноҳое, ки дар онҳо чунин моддаҳо вуҷуд доранд.

  1. Дар вақти садама, иншоот имконияти ба вазъият баҳо доданро дошта бошад;
  2. Баҳисобгирии қувва ва воситаҳои қисмҳои мудофиаи граждании иншоот, ки барои бартараф сохтани манбаъҳои моддаҳои заҳролуди пуртаъсир равона карда шудаанд, пешбини шуда бошад.
  3. Дар коркарди нақша, ҳамаи сармутахасисони ташкилот ва сардорони шуъбаҳои асоси иштирок мекунанд. 

Дар таҳияи ҷудогона нақша оид ба чорабиниҳои ташкили чунин нишондодҳо ба назар гирифта мешаванд.

  1. Ташкил ва дар тайёрии доими нигоҳ доштани тартиби огоҳонии коргарон ва хизматчиёни иншоот, аҳолие, ки дар наздикии он истиқомат доранд, аз хавфи заҳролудшавӣ аз моддаҳои заҳролуди пуртаъсир ва тартиби ба онҳо расонидани ахборот доир ба манбаҳои заҳролудшуда, огоҳ карда мешаванд.
  2. Омузонидани ҳайати шахсии гуруҳҳои иншоот, иҷроиши корҳои махсус барои бартараф намудани манбаҳои заҳролудшавӣ, ки ба моддаҳои заҳролуди пуртаъсир таъллук доранд.
  3. Ҷамъ намудани воситаҳои муҳофизатии шахси, ниқобҳои зиддигазии истеҳсоли, шаҳрванди ва ҷудогона барои таъмини коргарон ва хизматчиёни иншоот. Инчунин нигоҳ доштани чунин маводҳо дар тайёрии доими.
  4. Ҷустуҷуи роҳҳои навӣ истеҳсолӣ ва партовҳои истеҳсоли, ки барои безараркуни аз моддаҳои заҳролуди пуртаъсир лозим ҳастанд.
  5. Тайёр намудани таҷҳизоти лозима барои тойёр намудани маҳлулҳои безараркуни ва овардани онҳо ба ҷойҳое, ки ба садама дучор шуданашон аз имкон берун нест, мутобиқ сохтани техника ва дастгоҳҳо барои гузаронидани корҳои безараркунӣ.

Дар ин нақша чунин чорабиниҳо дида мешаванд:

а) огоҳонидани ҳайати шахсии гуруҳҳо барои ҷамъшавии фаврӣ;

б) таҳқиқи манбаҳои заҳролудшавӣ ва нишондоди ҳудудии онҳо;

в) гузаронидани мулоҳизаи бефосилаи бодуҳавсанҷи ва тартиби ҳабардиҳи;

г) ташкили кори наҷотдиҳи ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба зарардидагон;

д) безараркунии моддаҳои заҳролуди пуртаъсир дар ҷойҳои ба атмосфера баромадан ва дар роҳҳои паҳншавии буғҳо ҷойгир шуданашон мумкин аст;

е) гузаронидани корҳои безараркунонӣ дар ҳудуди иншоотҳо ва таҷҳизотҳо;

ж) коркарди махсус ва коркарди санитарии одамон.

Қоидахои рафтор кардани аҳолии, ҳангоми заҳролуд шудани маҳал бо моддаҳои заҳролуди пуртаъсир.

Моддаҳҳои заҳролуди пуртаъсир бо моддаҳҳое, ки ба онҳо реаксияи кимёвӣ гузаронида мешаванд, маҳсулоти безарарро ҳосил мекунад. Ба сифати моддаҳҳои безараркунӣ истифода бурдани ин ё он моддаҳо дар ҳар як иншооти хоҷагии халқ ба тарзи худ истифода мебаранд. Бинобар ҳамин, дар иншоот шумораи он маҳсулот ва партовҳои истеҳсоли, ки барои тайёр кардани воситаҳои безараркуни лозим мешаванд, муайян сохтан лозим. Агар ин гунна маҳсулотҳо вуҷуд надошта бошанд, мувофиқи макса даст, ки онҳо пешаки анҷом дода шаванд. Барои ҳарчи зудтар тайёр намудани инҳо нуқтаи махсуси бо таҷҳизот ҷиҳозонида шуда сохта мешавад. Баъзан аз намудҳои моддаҳои заҳролуди пуртаъсир, ки бо моддаҳо безараркунанда ба реаксияи кимёвӣ дохил мешаванд, миқдори бисёри гармӣ хориҷ мекунад. Ин боиси сухторҳои калон ва таркишҳо шуда метавонад. Дар ин ҳолат моддаҳои заҳролуди пуртаъсире, ки ба замин рехта шудаанд бо омехтаи моддаҳои безараркунии қумдор пушонида мешаванд. Дар вақти ёрии аввалини тиббӣ расонидан ба зарардидагон ниқоби зидди гази пушонида қатраҳои моддаҳои заҳролуди пуртаъсиро аз либос ва ҷойҳои лучи бадан безарар кунонида, дар ҳолати лозим донистан антидотҳо ворид мекунанд. Баъдан заҳролудшудагонро ба ҷойҳои ҷамъшавии муайяншуда оварда ба муассисаҳои табобатии наздиктарин ва отриядҳои аввалини тиббӣ равона месозанд.

Маълумоти умуми оид ба воситаҳои муҳофизатии фарди. Воситаҳои ҳифзи инфиродӣ узвхои нафас, чашм, рӯй ва тамоми баданро аз таъсири моддаҳои заҳролуди пуртаъсир, чанги радиоактивӣ, яроқи бактериологӣ ва кимиёвӣ ҳимоя мекунад.

Ин воситаҳои муҳофизати ба одамон имкон медиҳад, ки дар маҳали сирояти бемалол гарданд, ва ба наҷоти зарардидагон машғул шаванд.

Воситаҳои ҳифзи инфиродӣ се намуд мешаванд, воситаҳои ҳифзи роҳҳои нафас, воситаҳои ҳифзи пуст ва воситаҳои ҳифзи тиббӣ. Ба воситаҳои ҳифзи роҳҳои нафас пеш аз ҳама ниқоби зиддигазӣ дохил мешавад. Баъдан дар сурати набудани ниқоби зиддигазӣ аҳолӣ бо воситаҳои намуди респиратор ва бини бандҳои докаву пахтагӣ чун воситаи ҳимоявӣ истифода бурда мешавад, ки як миқдор одамро аз моддаҳои заҳролуд ҳимоя мекунад.

Ниқоби зиддигазӣ ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд.

  1. Ниқоби зиддигазии ҳавополон ( филткунанда).
  2. Ниқоби зиддигазии дамполон ( изолатсионӣ).

Ниқоби зиддигазии ҳавополон воситаи асосии ҳифзи узвҳои нафаскашӣ аҳолӣ мебошад, вай ҳаворо аз берун гирифта ба воситаи қутии тозакунанда аз моддаҳои заҳролуд тоза намуда баъд ба узвҳои нафас медиҳанд.  Ниқоби зиддигазии дамполон ҳаворо аз берун намеград, балки ба узвҳои нафас ҳавои тозаро медиҳад, ки он ҳаво дар дохили ниқобҳои зиддигазӣ мавҷуд аст. 

Имрӯзхо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ниқобҳои зиддигазӣ:

  1. Барои калонсолон: ГП-5, ГП-7, ГП-5М, ГП-7М.
  2. Барои наврасон аз 1,5 сола боло ПДФ-Ш, ПДФ-2Ш ДП.
  3. Барои кудакон аз 1,5 сола хурд: КЗД-4, КЗД-6 истифода мешаванд. Ниқоби зиддигазӣ аз се қисми асосӣ иборат аст:
  4. қутии тозакунанда;
  5. ниқоби рӯй;
  6. халта барои ниқоб.
  7. Қутии тозакунанда дар навбати худ иборат аст:

-аз метали доирашакли сурохидор барои даромад ва баромади ҳаво, -се қабати филтр, қабати якум аз филтри дудтозакунанда, ки он чанг, дуд, туман ва ғайраро ба худ кашида мегиранд. Қабати дуюм ангишти намноки кимиёвӣ (катализатор) дар инҷо буғҳо, моддаҳои заҳролуд, радиатсияро ба худ ҷабида мегирад. Қабати сеюм боз филтри дудтозакунанда, ки заррачаҳои мондаро тоза намуда баъдан ҳавои тоза ба роҳҳои нафас дохил мешавад.

  • Ниқоби рӯй иборат аст: аз чор қисм:
  • резини махсус;
  • ду айнак;
  • сурохии клапандор барои дохил шудани ҳаво; – сурохии клапандор барои баромади ҳаво.

3. Халта иборат аст:

  • тасмаи ба гардангирӣ;
  • тасмаи миёнбанд;
  • аз ду тарф кисаҳо барои ҷой кардани воситаҳои тиббӣ ва қуттии плёнкадор, барои об нагирифтани айнакҳо истифода мешаванд, дар он қоғаз ва плёнкаҳо ҷойгиранд, ки бо қоғаз пок намуда пленкаро мегузаранд, ва айнак об намегирад.

Воситаҳои муҳофизати пуст.

Дар ҷойҳое, ки бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва бактериологӣ олуда шудааст, на танҳо узвҳои нафас балки тамоми баданро муҳофизат кардан лозим аст.

Барои ин воситаҳои муҳофизатии пустро истифода мебаранд.  Востиаҳои муҳофизатии пуст ду намуд мешавад:

  1. Воситахои махсуси муҳофизатӣ.
  2. Воситахои муқаррарии муҳофизатӣ.

Воситаҳои махсуси муҳофизатиро аъзоёни гуруҳҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми дар махали ҳодисаи сироятнок амал кардан истифода мебаранд. Воситаҳои махсуси муҳофизати инҳоянд:

  1. Комбинезони муҳофизати (камзул бо шимаш).
  2. Костюми сабуки муҳофизатӣ Л-1.
  3. Мӯза ва даспушакҳои муҳофизатӣ.
  4. Пешгирак (фартук).

Ин воситаҳои муҳофизатиро аз моддаҳои синтетикӣ обу ҳавоногузар (каучук, қатрони сунъи, сафедаҳо, пластмасса) ва ғайра тайёр мекунанд. Комбинезони муҳофизатӣ, мӯзаю, даспушакҳои резинӣ ва кулоҳро вақти кор дар маҳалле мепушанд, ки сахт заҳролуд шудааст. 

Воситаҳои муҳофизати тиббӣ.

Барои муҳофизат ва суст намудани таъсиррасонӣ ба организми одам аз моддаҳои заҳролуди кимиёвӣ, бактериологӣ ва радиатсия истифода мебаранд. Ба воситаҳои муҳофизатии тибби: доруқутии фардӣ (АИ-2(шприц, 2 панели сурхчаи беранг (цистамин), панели сафеди калон, панели сафеди беранг, панели сафед ҳангоми радиатсия

(калий йод), панели кабут), пакети фардии кимиёвӣ (ИПП-8(шишачаҳои маҳлули шуяндаи тайёр дашта ва чор

дока-пахтаи тозакунанда)), пакети ҷароҳатбандии фардӣ (ППИ(бастани ҷои ярашуда, сухтагӣ ва зарардида, дар дохилаш чор дока, дарозияш 7 м ва бараш 17 см, пахта иборат аст) дохил мешавад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.