ҲАРФИ РАВӢ ВА ҚОФИЯИ МУҚАЙЯДУ МУТЛАҚ

Вобаста ба ҳарфи равӣ, қофия ба ду навъ ҷудо мешавад:
кофияи муқайяд вақофияи мутлақ.

Дар илми бадеъи классикӣ қофияеро, ки ҳарфи ра вӣ боҳарфи васл
начаспидааст, қофияи муқайяд меноманд. Ба таври дигар гӯем, қофияи
муқайд қофияест, ки охирин ҳарфи он равист ва баъди он ҳарфи дигаре
наомадааст. Мисол:

Касе нест бе озу ному нанг,
Ҳамон оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг. (Фирдавсӣ)

Дар ин байт калимаҳои «нанг»-у «ҷанг» қофияи буда, ҷузви «-анг» р е
шаи қофи яаст. Мувофиқи қоидаи илми қофия садоноки кӯтоҳи «а» ҳ
азв, ҳамсадои «н» қай д ва ҳарфи «г»рави с т. Азбаски қофияи ин
байт бо ҳарфи равӣ ба охир расидааст ва баъди он ҳарфе наомадааст,

онро қофияи муқайяд (басташуда, ишкел кардашуда) меноманд. Агар
дар қофия ҳарфи равӣ бо ҳарфи в а с л часпида бошад, яъне баъди ҳарфи
равӣ ҳарфи дигаре омада бошад, чунин қофияро қофияи мутлақ
меноманд. Мисол:

Мардони қабила рахт бастанд
В-аз арса ҳаме берун нишастанд.

Дар ин байт калимаҳои «бастанд» ва «нишастанд» қофия буда, ҷузви
«астанд» решаи қофияро ташкил медиҳад. Дар ин решаи қофия
садоноки кӯтоҳи «а» ҳа з в, ҳарфи «с» қайд, ҳарфи «т»ъравии мут –
лакқ, садоноки кӯтоҳи «а»ма ҷро, ҳарфи «н»васл, ҳарфи «д»хурӯҷ
мебошад.

Чи тавре ки мебинед, дар қофияҳои байти боло – «бастанд» ва
«нишастанд» баъди ҳарфи равӣ – «т» боз як садоноку (ҳаракату) ду

ҳамсадо омадааст. Пас, ин қофия қофияи мутлақ аст.

Ҳарфҳои қофияи муқайяд инҳоянд: таъсис, дахил, ридф (ридфи муфрад
ё аслӣ, ридфи мураккаб ё зоид), қайд ва равӣ. Яъне ҳарфҳои қофияи
муқайяд ҳарфҳоеанд, ки ҳамеша пеш аз равӣ меоянд. Ҳоло ба таври
мухтасар доир ба ҳар кадоми он маълумот медиҳем.

Таъсис калимаи арабист, маънои луғавиаш бунёд гузоштан, асос
гузоштан аст. Дар илми қофия яке аз ҳарфҳои решагист. Таъсис
садоноки дарози «о» («алиф»)-и пеш аз равӣ буда, ҳатман дар байни он
ва равӣ бояд як ҳамсадою як садоноки кӯтоҳ воқеъ шавад. Садоноки «о»-
ро барои он таъсис меноманд, ки он асоси қофияро ташкил медиҳад,
яъне оғози ҳарфҳои қофия аз ҳамин ҳарф сар мешавад. Таъсис ҳамеша бо
ҳарфи дахил меояд, ҳарфҳое, ки пеш аз таъсис меоянд, ба решаи қофия
дохил намешаванд. Мисол:

Гарчи дарбастам дари мадҳу ғазал якборагӣ,
Зан(н) мабар, к-аз назми алфозу маъонӣ қосирам.
Балки дар ҳар навъ, к-аз ақрони ман донад касе
Хоҳ ҷузве гир онро, хоҳ куле, моҳирам.

(Анварӣ)

Дар ин ду байти Анварӣ, ки дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф
суруда шудааст, калимаҳои «қосирам»-у «моҳирам» қофия, ҷузви «-

осирам»-у «-оҳирам» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия ҳарфи
«о»таъсис, ҳарфи «с» (дар қофияи дуюм ҳарфи «ҳ») дахи л, ҳарфи
«и» ишбоъ, ҳарфи «ррравии мутлак, ҳарфи «а» ма ҷ ро ва ҳарфи
«м»васласт.

Баъзе шоирон такрори таъсисро Дар қофияи шеър зарур
намешуморанд. Мисол:

Ай лаъли ҷонфизоят накди хазинаи дил,
З-он нақд нест моро ҷуз хуни дида ҳосил. (Восифӣ)

Калимаҳои «дил» ва «ҳосил»-и байти Восифӣ қофияи онро ташкил
медиҳанд, калимаи «ҳо с и л» таъсис дорад, аммо дар калимаи «д и л»
таъсис иштирок надорад.

Ашъоре, ки дар қофияҳои онҳо ҳарфи таъсис истифода шуда бошад,
хеле кам аст.

Дахил калимаи арабист, маънои луғавиаш далолаткунанда, баромада;
ҳамроҳ, шарик аст. Дар илми қофия яке аз ҳарфҳои решагиеро гӯянд, ки
ҳамеша дар байни таъсис ва ра вӣ меояд. Мисол:

Фалак дар сояи барри ҳавосил,
Заминро парри тӯтӣ кард ҳосил. (Абулфараҷи Рунӣ)

Дар байти боло калимаҳои «ҳавосил» ва «ҳосил» қофия буда, ҷузви «-
осил» решаи қофия аст. Дар ин решаи қофия ҳарфи «о» таъсис, ҳарфи
«»дахил, садоноки кӯтоҳи «и» и ш б о ъ ва ҳарфи «л» равии муқайяд
аст.

Аксари шоирони адабиёти классики форс-тоҷик такрори ҳарфи
дахилро дар қофия зарур намешуморанд. Агар такрори ҳарфи дахил дар
қофияи шеър риоя шавад, онро аз муҳассаноти шеър ҳисоб мекунанд,
зеро таъсир ва оҳангнокии каломи мавзун зиёд мегардад.

Дахил дар баъзе китобҳои адабиётшиносӣ бо номи ҳо й и л низ дучор
меояд ба ин хотир, ки байнитаъсису да х ил гӯё ҷудоӣ афкандааст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.