Илми ахлоқ ва вазифаҳои он
Илми ахлоқ ва вазифаҳои он
Дар таърихи тамаддуну фарҳангї мардуми Шарқ дар маҷмўъ ҷавҳари таълимоту таълифоти уламо ва шуарову мутафаккиронро андешаҳо ва ақидаҳои ахлоқи ташкил медиҳад, зеро ҳадафи ниҳоии ҳар яке аз онҳо инсон ва ҷову мақоми он дар низоми офариниш аст.
Мафҳуми илми ахлоқ дар адабиёти фалсафии европої бо истилоҳи «этика» ифода меёбад. Аксари муҳаққиқон ба мисли Дробницкий О. Г[1], Гусейнов А. А[2]. ва дигарон Арастуро асосгузори ин илм мепиндоранд ва ҳатто таъкид мекунанд, ки маҳз Арасту ба ин илм номи «этика» – ро гузоштааст. Онҳо бевосита ба этимологияи истилоҳи этика машѓул шуда, маншаи пайдоиши онро дар забонҳои қадимаи лотинї, хитої, ҳиндї, мисрї, юнонї, итолиявї ва русї аз назар гузаронидаанд. Дар аввал бо кадом маъною шаклҳо омадану дар охир чи шакл гирифтани ин истилоҳро низ хеле муфассал баён карда, лекин мутаассифона дар кадом шаклу мазмун омадани онро дар заминаи тамаддуни ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷик ва умуман дар тамаддунҳои ориёї ва исломї сарфи назар кардаанд.
Тибқи сарчашмаҳо ва осору таълифоти мутафаккирони даврону асрҳои мухталифи ин минтақа маълум мешавад, ки онҳо мафҳуми «ахлоқ» ва «илми ахлоқ» – ро ба андозае истифода бурдаанд, ки дар дигар тамаддунҳо чунин майлон кам ба назар мерасад, зеро дар таърихи гузаштаи ин қавму миллат умуман мутафаккире набуд, ки ба илми ахлоқ рўй наоварда бошад ва доир ба ин ё он паҳлўи ин масъала осоре боқї нагузошта бошад. Ин раванд худ аз ниҳоди таҳамулпазирї мардумони ин минтақа гувоҳї медиҳанд, ки онҳо ҳамеша дар муқобили ҷангу зўроварї аз фалсафаи мадоро истифода мебаранд ва онро дар чаҳорчўби низоми андешаҳои ахлоқї ва ба хусус дар мўҳтавои жанри «Насиҳат-ул-мулук» баён месохтанд. Воқеан ҳам илми ахлоқи ниёгонамон ҷавҳари таҳаммулпазирї дошта, ба хотири инсон сохтани инсон тарҳрезї шудааст.
Вале тамоми мутафаккирони мо аз истилоҳ ва мафҳуми этика парҳез ҷуста ба ивази он аз мафҳумҳои фалсафии ин минтақа истифода бурдаанд. Агар ба таърихи гузаштаи ин мардум назар андозем ,дарёфт хоҳем намуд, ки ниёгонамон таъриху маданияти хеле бой доштаанд. Онҳо пеш аз паҳн шудани фалсафаю этикаи Юнон дар сарзамини худ, сохти давлатдорї, урфу одат, муомила, гуфтору рафтор ва муоширати мардумро ба низоми муайяне дароварда, бо се рукни асосї – пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек амал менамудаанд. Онҳо бештари масъалаҳои фалсафї – ахлоқии худро бо мафҳуми «оин» ифода намудаанд, ки он маъноҳои расму одат, қоидаву қонун, тартиб, тариқ, шакл, нишондод ва амсоли инҳоро дар бар гирифтааст. Барои мисол оини зардуштї, оини монавия ва ѓайра, ки он дарбаргирандаи як низоми муайян ва маъқулоту қонунмандиҳои хос аст.
Баъдтар бо паҳн шудани дини ислом, рушду камоли забони арабї истилоҳи «оин» мавқеъашро аз даст дода, ба тадриҷ ба ивази он калимаи арабии «ахлоқ» (хулқ) истифода мешавад.
Агар мо ба маънои луѓавию истилоҳии мафҳумҳои «этика» ва «ахлоқ» назар кунем мебинем, ки этика аз калимаи қадимаи юнонї «этос» (ethos) гирифта шуда, дар ибтидо ҷои оддии зиндагї (маъвои инсонї, лонаи дарранда) – ро фаҳмонида, баъдан ба худ маънои расму таомул, одат, характер, хусусият, тарзи тафаккур ва амсоли онро мегирад.
Истилоҳи «ахлоқ» бошад калимаи арабї буда, аз феъли замони гузаштаи ҷинси мардонаи шумораи танҳо «халақа» сохта шудааст ва маънои луѓавии он «чизеро эҷод кардан», «офаридан», «ба вуҷуд овардан», «сохтан», «тайёр кардан», «хаёл карда баровардан», «фикр карда ёфтан» ва ѓайра мебошад. Аз ҳамон феъли замони гузашта, яъне «халақа» сифати аслї – «хулқ» сохта шуда, ҳамчун истилоҳ барои ифодаи илми ахлоқ қабул мешавад, ки «маъноҳои сиришт», «одат», «табъ», «рафтору кирдор», «сират», «сифатхои рўҳї», «хусусиятҳои миҷоз», «табиат», «феъл», «хусусиятҳои урфу одат», «фалсафаи ахлоқ» ва амсоли онҳоро шомил месозад. Лекин, гарчанде ки ҳар як қавму миллат нисбат ба ин илм истилоҳу мафҳумҳои худро истифода кунад ҳам, вале маҷмўи онҳо, яъне ҳам «этос», ҳам «ахлоқ» ва ҳам «оин» маъноҳои наздик, яъне феълу хў, урфу одат, рафтору кирдор, сират, сифатҳои рўҳї, характер, хусусиятҳои мизоҷ, табиат, кирдору сират ва дигар хулқу атвори инсонро ифода мекунанд.
Дар хусуси он масъала, ки баъзе муҳаққиқон Арастуро асосгузору нозим ва номгузори илми ахлоқ меҳисобанд ҳаминро бояд гуфт, ки ин ақидаи онҳо фақат ба кишварҳои муайяне тааллуқ дорад ва ба хусус он кишварҳое, ки илмии ахлоқ дар он ҷо зуҳур ва ташаккул наёфта буд ва дар ин самт осори бунёдие надоштанд. Аммо мутафаккирони исломї гарчанде дар асарҳои худ ба Арасту хеле зиёд такя ва ишора кардаанд ва ўро «Муаллими аввал» номида, майлу раѓбати хешро нисбат ба масоили умумии фалсафї ифода намудаанд, вале дар масъалаҳои илми ахлоқ, бошад аз сабаби он ки дар ин сарзамин пеш аз паҳн шудани илму маърифати юнониён илми ахлоқ рушду камол ёфта буд, аз ин рў ҳангоми паҳншавии афкори ахлоқии юнониён уламои ин манотиқ фақат мазмуну фикрҳои тозаю бикри афкори ахлоқии юнониёнро гирифта, ба қолабҳои тайёри худ дароварда аз шакли баён ва истилоҳоти онҳо сарфи назар кардаанд.
Ҳамин аст, ки дар тўли таърих мавзўъи ахлоқ дар адабиёти шифоҳиву китобї ва осори фалсафии мутафаккирони машриқзамин мавқеъи хоса дошт. Мутафаккирони форсу тоҷик беҳтарин осори хешро ба масъалаҳои ахлоқї бахшидаанд, ки беҳтарини онҳо таълифоти Абўбакр Закариёи Розї дар асрҳои 9–10 – «Тибби рўҳонї», Абўнасри Форобї дар асри 10 – «Таҳсили саодат», Абўали Ибни Сино дар асри 10 – «Пирўзнома», «Рисола дар ахлоқ», «Тадбири манзил», Ибни Мисквайҳ дар асри 10–11- «Тазҳиби ахлоқ», Унсурулмаолии Кайковус дар асри 11- «Қобуснома», Муҳаммад Ѓазолї дар асри 11 – «Эҳё улум ад-дин», «Насиҳат-ул-мулук», «Кимёи саодат», Насриддини Тусї дар асри 13-«Ахлоқи Носирї», Ҷалолиддини Давонї дар асри 15-«Ахлоқи Ҷалолї», Воизи Кошифї « Ахлоқи Мўҳсинї»ва ѓайраҳо мебошанд.
Адабиёт.
- Гусейнов А.А., Аперсян Р.Г. Этика. Учебник М,
Гардарики, 2000с.
- Швейцер А. Култура и этика М., 1992.
- Гегел Ф. Эстетика в 4 – х т. м: «Искусство». 1983.