Таълимоти ахлоқии мутафаккирони Шарқ

Таълимоти ахлоқии мутафаккирони Шарқ
Таълимоти ахлоқии Абубакри Розӣ

Абубакр Муҳаммад Ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ яке аз файласуфон, табибон ва мутафаккирони барҷастае мебошад, ки бо барафрухтани чароѓи илму маърифат ва эҳёи тамаддуни ниёгони гузаштаамон дар охири асри IX ва чоряки аввали асри X ба хотири пешрафти илму маориф ва фарҳангии миллии мо саҳми боризе гузоштааст. Ҳаёти шахсии у ба чунин даврони таърихии рост омадааст, ки ҳануз шуълаи оташбарзинҳо хомуш нагардида, дуди он ба машоми кас мерасид ва нидои ҳирбадону муъбади муъбадон аз саҳнаи таърих нопадид нагашта буданд.

Гарчанде ,ки сарзамини аҷдодии мо гирифтори асорати аҷнабиён шуда буд, лекин руҳи поку муқаддаси бузургони миллат иродаи қавии он ва муборизаи пайгиронаи ҳазорон ватанхоҳону муборизони роҳи озодӣ ба мисли Абумуслим, Шерак ибни Шайх, Сумбоди Муѓ, Муқаннаъ[1] аз як тараф ва аз ҷониби дигар тавассути осор нобиѓаву ситораҳои арсаи илму маърифат ба мисли Муҳаммад Закариёи Розӣ, ки яке аз бузургтарин мутафаккиру алломаҳои машҳури Шарқ буд, дар дили ҳазорҳо ватанхоҳон шуълаи умед ба фардои дурахшон аланга мезад. Дар бораи ҳаёту фаъолияти Абубакри Розӣ мутаассифона маълумотҳо хеле каманд. Соли таваллуд ва вафоти вай дар таҳқиқотҳои илмӣ гуногун нишон дода шудааст. Таҳқиқотчиёни тоҷик аз қабили А. М. Баҳовиддинов соли таваллуд ва вафоти Абубакри Розӣро 864-925,[2] М. Осимӣ соли 865–935,[3] М. Диноршоев 28 августи соли 865 ва 25 октябри 925[4] нишон додаанд. Муҳақиқони дигари тоҷик аз қабили Ѓ. Ашуров солҳои 865–925[5], А. Девонақулов бошад соли таваллуди Розиро 865 ва вафоташро байни солхои 925–935 нишон додааст.[6] Муаррихони шуравии тоҷик Бобоҷон Ѓафуров ва Н. Неъматов соли таваллуди Розиро 865 ва вафоташро 925 нишон додаанд.

Дар масъалаи соли таваллуд ва вафоти Абубакри Розӣ ақидаи тадқиқотчиёнӣ узбек низ мухталлиф мебошад. Масалан Каримов И.И. соли таваллуд ва вафоти Розиро ба мисли аксарияти тадқиқотчиёни точик[7] солҳои 865 ва 925 нишон додаст. М. М. Хайруллоев бошад соли таваллуди Розиро 855 ва соли вафоташро 903 ба қалам додаст.[8]

Дар осори муҳақиқони рус низ санаи таваллуди Абубакри Розӣ ягона нишон дода нашудааст. Масалан дар китоби «Ҳикмати қарнҳо»[9] санаи вафоташ 924 оварда шудааст. Дар дигар асари таҳқиқотчиёни рус «Таърихи тиб» таваллуду вафоти Розӣ 850 ва 923[10] баён гардидааст.

Муҳақиқони эронӣ низ доир ба ин ду сана андешаҳои гуногун доранд. Масалан устоди донишгоҳи Теҳрон Маҳдии Муҳақиқ дар китобаш «Файласуфи Рай Муҳаммад Закариёи Розӣ» дар боби «Саргузашт» дар бораи таваллуду вафоти Розӣ чунин мегуяд: «…дар шаъбони соли 201 муҷарари мутобиқ ба 860 мелодӣ дар Рай ба дунё омад… .» Дар бораи вафоташ бошад зикр месозад, ки: «… дар 5 – уми шаъбони соли 313 вафот ёфтааст. Умри у ба ҳисоби ҳиҷрии қамарӣ 62 сол ва 5 руз, ба ҳисоби ҳиҷрии шамсӣ 60 сол ва 10 моҳ будааст». [11] Аз руи ин ҳисоби Маҳдии Муҳаққиқ маълум мешавад, ки Розӣ солҳои 922 – 923 вафот кардааст. Дар Энсиклопедияи Советии тоҷик, соли таваллуди Розӣ 28.08.865 дар Рай ва вафоташ 25.10 .925 дар Рай омадааст.[12] Агар ин солҳоро дар шакли ҷадвал нишон диҳем, он чунин шаклро мегирад.

Ҷадвали 1

Муҳақиқон Соли Шаҳр
таваллуд вафот
1 Баҳовиддинов А. 864 925 Рай
2 Осимӣ М.С. 865 935 Рай
3 Диноршоев М 865 925 Рай
4 Ашуров Ѓ. 865 925 Рай
5  Девонақулов А 867 934 Рай
6 Ѓафуров Б. 865 925 Рай
7 Неъматов Н. 865 925  Рай
8 Каримов У.И. 865 925 Рай
9 Хайруллоев М. 855 903 Рай
10 Крючок Г. Р. 850 923  Рай
11 Капронов В., Ҳошим Р.  – 924  Рай
12 Маҳдии М. 201 ҳ. 860м. 313 ҳ. 922-923м. Рай
13 Э. С. Т. 28.08 865 25.10.925 Рай

Аз санаҳои нишон додашудаи соли таваллуд ва вафоти мутафаккир чунин хулоса бармеояд, ки Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар нимаи асри IX ва чоряки асри X зиндагонӣ ва фаъолият намудааст. Чи хеле, ки аз рисолаи «Саргузашт»!и Маҳдии Муҳаққиқ бармеояд номи мутафаккир Муҳаммад ва номи падараш Закариё ва номи ҷаддаш (бобояш) Абубакр ва насабаш ба зодгоҳи вай «Рай» Розӣ аст.[13] Рай яке аз шаҳрҳои қадимаи Эрон ба ҳисоб рафта, он дар катибаҳои Ҳахоманишиниён бо номи «Рого» ва дар катибаҳои Юнонӣ бо номи «Рогист» ёд шудааст. Дар Форси қадим бошад аз ин шаҳр ҳамчун «Кент» зикр кардаанд.[14] Дар даврони зиндагии Розӣ одате вуҷуд дошт, ки бисёре аз олимон ба номи шаҳрҳои таваллудшудаашон ё ин, ки насабашон «зо» ё «ёо» пайваст менамуданд ба мисли «Розӣ», «Марвазӣ», «Саҷзӣ» ва ѓайра.

Доир ба даврони тифлият ва айёми ҷавониву таҳсилоти Розӣ ҳеҷ далели қотеъу дақиқ мавҷуд нест.. Аз муҳтавои «Китоб – ул – мансурӣ» чунин бармеояд, ки Абубакр дар давраҳои ҷавонии худ ба касби заргариву саррофӣ шуѓл варзида, дар як давраи муайян ба илми кимиё низ руй оварадааст. Розӣ дар ҷавонӣ заргарӣ мекардааст, баъдтар у саррофи низ мекардааст.

Муаррихон ва арбоби тароҷим иттифоқ доранд бар ин, ки у таҳсилоти худро дар бузургӣ анҷом дода ва ҳатто бархе тасреҳ кардаанд бар ин ки у пас «аз 40 – солагӣ ба муморисати кутуби пизишкӣ ва фалсафӣ руй овардааст ва шояд ба ҳамин иллат будааст, ки уро фаротар аз тавоноии худ дар роҳи таҳсили илм кашида ва дар тайи мадоризи илмӣ ранҷ бурдааст».[15]

Розӣ аз овони ҷавонӣ ба омухтани илму адаб ба воситаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кушиши донишандузӣ уро дақиққае тарк нанамудааст. Дар рисолаи «Сирати фалсафӣ » – и Абубакри Розӣ мо ба ин гуна сатрҳо вомехурем, ки исботи гуфтаҳои болост: «Алоқаи ман бо дониш ва ҳирсу иҷтиҳодеро, ки дар андухтани он донистаам, онон, ки муошири ман будаанд, медонанд ва дидаанд, ки чигуна аз айёми ҷавонӣ то кунун умри худро вақфи он кардаам, то он ҷо, ки агар чунин иттифоқ меафтод, ки китобро нахонда ва ё донишмандеро мулоқот накарда будам, то аз ин кор фароѓат намеёфтаам, ба амри дигар намепардохтам. Ва агар ҳам дар ин марҳала зарари азим дар пеш буд, то он китобро намехондам ва аз он донишманд истифода намекардам, аз пай наменишастам ».[16]

Яке аз ҳамасрон ва ҳамшаҳриёни Розӣ дар бораи бузургию, донишомузии таъкид кардааст, ки « у ҳеҷ гоҳ аз коѓаз ва қалам ҷудо намегашт ва ҳамеша дар ҳоли навиштан буда аст. Ва низ гуфта шудааст, ки аз фарти илмдустӣ чароѓи худро дар чароѓдоне бар руи деворе мениҳод ва китоби худро ба он девор такя медод ва ба хондан мепардохт то агар хоб уро даррабояд, китоб аз дасташ биафтад ва у бедор шавад ва ба мутолиаи худ идома диҳад ».[17]

Дар баробари илми тиб Закариёи Розӣ инчунин дар илми ҳикмат ҳамчун симои барҷаста зоҳир гардида, таълимоти фалсафӣ ва ахлоқии у дар ҷаҳони фалсафаю ахлоқ ѓулѓулаеро андохт.

Мутобиқи ахбори манбаҳо Розӣ дар поёни умри худ ба Рай омада, дар онҷо манзалат ёфта будааст ва донишҷуёни фаровоне аз дарси у истифода мекардаанд. Аз руи як қисм манбаҳо ва гуфти худи Розӣ дар рисолаи «Сирати фалсафӣ», у бо тадриҷ қувваи биноии худро аз даст медиҳад. Яъне дар охири умраш Розӣ нобино мешавад. [18]

Қобил ба зикр аст, ки умуман доир ба ҳаёти шахсии Розӣ дар манбаву сарчашмаҳои таърихи маълумотҳои дақиқ хеле кам ба назар мерасад. Танҳо Маҳдии Муҳақиқ дар асараш «Файласуфи Рай Муҳаммад Закариёи Розӣ» баъзе ишораҳое доир ба зиндагиномаи вай кардааст. Мувофиқи он ва аз руи гуфтаи Ибни Алабрӣ дар асари

худаш «Таърихи мухтасари Ад-ду-вал» Абубакри Розӣ натавонистаст маҳри занашро бипардозад аз ин ру вай ба зиндон афтодааст. Абуҳайёни Тавҳидӣ дар «Масоилу – ал – вазирин» таъкид мекунад, ки Абудилаф «мудаъни фарзандзодагии» набераи духтарии Розӣ будааст.

Ҳаминро бояд, зикр намуд, ки оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодию илмии Закариёи Розӣ «Алфеҳраст»- и Ибни Надим ва «Феҳрасти мусаннифоти Розӣ» – и Абурайҳони Берунӣ ягона ҳуҷҷатҳои бузург ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо як силсила ахборро метавон дастрас намуд.

Баъзе маълумотҳои дигарро дар бораи ҳаёти шахсии Закариёи Розӣ аз рисолаи худи мутафаккир «Сирати фалсафӣ» пайдо кардан мумкин аст.

[19] Ба ҳамин тариқ баъд аз нобино шудан ва хорию зориҳои зиёде Абубакри Розӣ дар сини 61 солагӣ дар соли 925 дар шаҳри Рай дунёро падруд мегуяд.

Сарфи назар аз умри ба нисбат кутоҳи худ Абубакри Розӣ осору таълифоти зиёде ба ёдгор гузоштааст.

Дар байни осори Абубакри Розӣ китоби ахлоқии «Тибби руҳонӣ»-и Закариёи Розӣ, яке аз китобҳоест, ки мавзуъҳои ахлоқиро дар бар гирифта, дар баробари «Ҷовидон хирад» – и Ибни Мискавейҳ, «Мадинаи фозила » – и Абунасри Форобӣ, «Рисола дар ахлоқ» «Тадбири манзил» – и Абуали Ибни Сино ва «Кимиёи саодат»-и Абуҳомид Ѓазолӣ дар радифи бузургтарин асарҳои ахлоқии ҷаҳон шомил гаштааст.

Аз муҳтаво ва мундариҷаи китоби «Тибби руҳонӣ», «Сирати фалсафӣ» ва порчаҳои гуногуни асарҳои боқимондаи Розӣ маълум мешавад, ки у сарчашмаи фазилат ва разолатҳои ахлоқиро аз муборизаи оштинопазири ақл (хирад) ва ҳавою ҳавас ва ҳирсу шаҳват мебинад.

Худи Закариёи Розӣ мақсади асари хешро ва умуман вазифаи ахлоқро чунин муайян намудааст: «Мо гуфтани ҳастем, ки мақсади асосии «Тибби руҳонӣ» иборат аз ислоҳ кардани ахлоқи нафс аст. Мо ин мавзуъро ба таври муъҷаз баён мекунем».[20]

Закариёи Розӣ масъулиятнокии худро дар ошкор сохтани хислатҳои пурихтилофи нафси инсонӣ ва мавқеъи баланди он дар ҳаёти инсонӣ дарк намуда, аз забони Афлотуни ҳаким чунин овардааст: «Афлотун изҳор мекунад, ки инсон бояд дар пазироии тибби ҷисмонӣ, ки он тибби машҳур аст, низ кушиш бикунад. Тибби руҳонӣ уҳдадор аст, ки бо далелу бурҳонҳо бо тарбияву такомули нафс машѓул шуда, вайро муътадил намояд. Афъоли нафсро мураттаб созад. Тибби руҳониро муяссар гардад, ки нафси нотиқаро ба камолот расонад, то ки вай дар иҷрои коре ноқиси ё худ аз ҳад зиёдаруӣ накунад».[21]

Закариёи Розӣ дар ҷои дигаре оиди мавзуи ин асари худ таъкид сохтааст, ки «беҳтарин ва муътабартарин усули ҳалли мақсад, ки мавзуи китоби моро ташкил медиҳад, иборат аст аз шикаст додани ҳавою ҳавас ва мухолифот нишон додан ба чизе, ки майлу табиатро дар аксар ҳолатҳо ба худ ҷалб менамояд, дар ҷойи дигар, у боварии том дорад, ки ин таълифот то андозае сабабгори пешгирии ахлоқи разила ва сириштани ахлоқи нек шуда метавонад».[22]

Аз ин иқтибосҳо чунин хулоса бармеояд, ки Закариёи Розӣ агар ба воситаи асарҳои тиббиаш аҳли ҷомеаро ҷисман табобат карда, як қисм одамонро аз дарҷу озори ҷисмӣ наҷот дода бошад, пас бо асарҳои дар сохаи илми фалсафа ва ахлоқ ба хусус дар «Тибби руҳонӣ» бо ҷиддияти том баҳри руҳан табобат кардани ҳар як фарди ҷамъият иқдом варзидааст. Ба ибораи дигар вай ба воситаи асарҳои ахлоқии худ мехоҳад ҷароҳатҳои руҳиеро, ки бинои муҳташами нафси инсонҳоро костааст, табобат намояд.

Дар масъалаи табобат ва ё таҳзиби нафси инсон дар этикаи Розӣ мавқеъи ақл хеле бузург мебошад. Мутафаккир эътиқод дорад, ки дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсон, ки ягона махлуқи дорои ақл аст, нақши ақл бориз аст: «Мо ба тавассути ақл ба сарафрозию бузургӣ ноил гардидем … Мо тавассути ақл аз ҳайвони ѓайри нотиқ афзалият пайдо намуда, онҳоро молик шудем. Мо ҳайвонотро мутеи ҳукми худ сохтем. … бо шарофати ақл ҳастии оламро дарк мекунему ба мақсаду муроди хеш мерасем. … василаи ақл сохтани киштиҳо ва кор фармудани онҳоро кашф намудем, то ин ки ба воситаи онҳо баҳрҳоро аз худ карда, ноил шудем, ки манфиатамон ҳосил гарданд… Тавассути ақл ба асрори илмҳо, аз ҷумла илми тиб расидем ва ошкор сохтем, ки дар тиб барои авлодони мо созгориҳои наҷибе ниҳон аст… ба шарофати ақл кули санъатҳои дигареро аз худ кардем, ки онҳо ба мо фоида мерасонанду моро баҳраманд мегардонанд. … тавассути ақл умури пушидаи қадиму махфии табиатро дарк намудем, шакли Замину фалак, нопадидиҳои Офтобу Моҳ ва соири кавокиб ва масофати буъду ҳаракатҳои онҳоро донистем»[23]

Аз ин иқтибос ба хубӣ метавон дарк кард, ки Розӣ як мутафаккири ақлгаро, яъне расионалист буда, мафҳуми ақл ва ақлгарои дар осору ҷаҳонбинии вай ба мисли Арасту ва машшоиёни шарқӣ аз қабили Киндӣ, Форобӣ, Сино, Хоҷа Насриддини Тусӣ ва Давонӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад. Розӣ хеле кам таъкид кардааст, ки инсон ба мисли дигар мавҷудоти олам офаридаи Худо аст, балки у нақши ақлро аз ҳама боло нишон дода, фарқияти инсонро бо қувваи нотиқааш ва қобилияти хираду тафаккур доштанаш баён месозад. У намегуяд хирад офаридаи Худо аст, балки ба он таваҷҷуҳро ҷалб месозад, ки хирад маҳсули фаъолияти инсон аст. Ҳамин аст, ки инсон тавассути ақл аз асли офариниши ашё дарак меёбад.

Розӣ бо баёни ин ақидаҳои хеш мехост дар хилофати араб даст ба расионаликунонии андешаи иҷтимоӣ ва таъиди руҳи илмият занад. Вай қаътан аз илҳому мукошифа (интуитивизм) ва иррасионализм гурез дошт. Ҳамин аст, ки вай мехост ҷаҳони ислом аз инкор ва бебунёд нишон додани ҷаҳонбинии ақлгароии расионалистӣ даст кашида, дар фарҳанг робитаи воқеи таърхии ҷузвҳои онро бинанд ва мантиқи инкишофи онро дар такя бар таърих муайян созанд.

Розӣ дар чаҳорчуби ҷаҳонбинии ақлгарои ва даҳрияи хеш ба хубӣ дарк кард, ки салоҳи асосии инсон, ки бо ёрии он диди илмии вай зуҳур менамояд ақл буда, аз баракати хирад инсон бар ҳайвонот бартарӣ пайдо мекунад. Танҳо ва танҳо аз баракати ақл бар нодурустии дониши ҳиссӣ пируз баромада, бо силоҳи системаи мантиқӣ барои фатҳи ҳақиқат ба пеш меравад.

Ин имон ва боварии бузурги Розӣ нисбат ба ақл уро ба хулосае меорад, ки «ақл чизест, ки агар он намебуд аҳволи мо (инсонҳо) тибқи аҳволи ҳайвон мешуд ва ё мисли кудакону девонаҳо дар вартаи парешонӣ мемондем. Пас ба тавассути ақл ҳар як ҷанбаи афъоли худро, ки пеш аз руйдод бо узвҳои ҳисси эҳсос менамоем, ақаллан тасаввур ҳам карда наметавонем, ки он афъолро, гуё, қаблан ҳис кардаем».[24]

Бо ибораи дигар Розӣ бо васеъ намудани чаҳорчубаи расионализм (ақл-манишинӣ) ҳамчун ҷараёну самти илмӣ, ки боварӣ ба ақл ба қудрату бузургии он, боварие, ки асоси онтологӣ (хирадмандии олам) дорад, мехоҳад онро ҳамчун усул (методи) олии маърифати оламу одам ва ашёҳои олами ҳастӣ нишон диҳад.

Дар робита ба ин Розӣ бо салоҳияти том бар он таъкид месозад, ки «агар қудрату манзалат ва аҳамияту ҷалолати ақл чунин бошад, бар мо воҷиб аст, ки онро аз мартабаи олияш фуруд наоварем ва дараҷаи виқори онро кам накунем ва инчунин ба ҳокими маҳкумкунандаи он табдил наёбем. [25] Мо онро лаҷом назанем, то ки у бар ҳолати лаҷомзада намонад, зеро ки ақл роҳбар аст, на мутеъ, мо бояд дар ҳама амалиёти худ ба он муроҷиат намоем … ».[26]

Ҳадафи Розӣ ба вуҷуд овардани як доктринаи хоси ақлгароӣ ҳаст, ки ин усул ва принсипро на танҳо дар назарияи маърифат (гнесология), балки дар ҳастишиносӣ (онтология) низ ҷойгузини карда, ақлро ибтидои ҳастӣ ва офариниш месозад. Ин бесабаб набуд, зеро барои Розӣ маълум буд, ки зуҳури ислом дар арсаи таърих, ба вуҷуд омадани дини нав, худ ба худ маънои онро дошт, ки шакли нави донишу маърифат, ҳамчун шакли нави ақлгароӣ, дар муқобили ҷоҳилият ва динҳои будпараст қарор дорад. Ин шакли нави донишу маърифат, ки дар худ донишҳои фиқҳӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва ѓайраро шомил сохта буд бо забони нави дини баён мегашт ва ба боварии тому комил нисбат ба барандаи дониши беибтидову беинтиҳо, яъне Худо равона гардида буд. Розӣ бошад чунин ҳақиқати беибтидову беинтиҳоро дар симои ақл медид ва ба он сар фуруд меоварад. Ҳамин аст,ки вай мақулаи ақлро сарвари тамоми фаъолияти инсон шуморида, вазифаҳои ақлро бо тартиб нишон дода, дар чаҳорчуби ин раванди муҳокимаи мантиқӣ ба муқобили ақл қувваи дигаре, яъне нафсро, ки он ҳамеша дар муқобили ақл амал карда, аз тобеият ба он саркашӣ менамояд баён мекунад. Розӣ таъкид менамояд, ки агар мо хоҳем, ки дорои фазилатҳои хуби ахлоқӣ гардем бояд, ҳамин нафси саркашро тобеъи ақл намуда, ба воситаи он нафсро тарбия намоем:

«…Мо бояд фармонбардори ақл бошем ва вобаста ба таваққуфи он таваққуф кунем. Ҳавою ҳаваси нафсро, ки офатовару озоровар аст, ҳаргиз ба дараҷаи фармонфармоӣ ақл бурда нарасонем, чунки нафс ақлро аз қоидаву усул берун оварда, аз мақсаду устуворӣ дур карда метавонад.

… Нафси бад монеъ мешавад, бар ин афкори дурусти оқил, ки дар он салоҳият ва оқибатҳои некӣ кораш пешбинӣ шудааст, амалӣ гардад.

Аз ин ру, инсон ҳамеша аз паи тарбияи нафс бошад ва уро бар ҳолати тобеияти ақл нигоҳ дошта, маҷбур намудан зарур аст, ки он ҳаргиз аз амри ақл берун набарояд ».[27].

Бо ибораи дигар Розӣ зикр месозад, ки инсон замоне метавонад ба муборизаи ақл ва ҳавоҳои нафсонӣ хотима бахшад, ки ба воситаи хирад ба камоли вуҷудӣ расад ва воқеияти ботинию ҷанбаи зоҳирии хешро дарк намояд. Ба фармудаи Розӣ ҷанбаи хориҷиву зоҳирии инсон аз аъзоҳое таркиб ёфтааст, ки бадани уро ташкил медиҳанд ва дар дараҷоти гуногун ба ҳимоя ва шукуфонии зиндагии у дар ҷомеа кумак менамоянд. Баъзе аз онҳо барои ҳаёти инсон зарурияти аввалия дошта, нобудшавӣ ва аз байн рафтанашон инсонро ба ҳалокат мерасонад. Адами қисмате аз дигари онҳо ба марги инсонӣ тамом нашуда, балки ба махлут шудани вазифаҳои аслиашон меорад, яъне зоҳир бо ботин махлут гашта, сабаби аз байн рафтани ҳисҳо ва идрок мешаванд.

Ба ҳамин тартиб инсон бо табиати дугонаи худ, дорои ҷисм ва ақл буда, нафси вай бо ақлаш дар ҳолати мубориза қарор дорад. Ҳамин нафс, яъне бахши рустанӣ ва ҳайвонии вай бо нафси нотиқа дар ҳолати таззод буда, онҳо инсонро ба сарпечӣ, худбинӣ, кибр, ѓурур, худҳоҳӣ, ҷоҳталабӣ, молпарастӣ ва дигар разилатҳо мебаранд, ки онҳо дар навбати худ сарчашмаи тамоми дигар разилатҳо мебошанд.

Ба қавли Розӣ хислатҳои зикршуда тадриҷан ба одам қудрату ҳокимият бахшида, уро аз роҳи инсонӣ берун месозанд. Инсон сараввал гирифтори сифатҳои ҳайвонӣ ва дарандагӣ шуда, сипас таҳти таъсири натиҷаҳои онҳо ба домони бадбахтиҳо роҳ пайдо мекунад ва дар интиҳо ба ҳайвон табдил меёбад.

Розӣ зикр мекунад, ки ҳар кас агар дар зиндагии хеш пеши роҳи нафсашро гирифта тавонад, у ҳаёти осоишта ва накуро аз сар хоҳад гузаронд «касе, ки аз паи пешгирии нафс шуд, то андозае боиси нигаронии ҳаёти нек мешавад…»[28]

Пеши роҳи нафси саркашро гирифтан дар аввал хеле душвор аст, аммо ба даст гирифтани лаҷоми он тавассути ақл дарёфти ҳаловату лаззати нек меорад.

Ба қавли Розӣ «ҳар касе, ки дар ибтидо аз забти нафс озору талхӣ бинад, он кас оқибат ба дарёфти ҳаловат ва лаззатҳои нек муваффақ мегардад ва инчунин масруру саодатманд мешавад. … Мисол: расонидани алам дар ҷое, ки умеди дафъи аламе шадидтар аз он бошад, ҷоиз аст, мисли кафондани ҷароҳату доѓ ниҳодан бар узви фосид, нушидани доруи талхи ногувор (дар вақти касалӣ), худдорӣ аз таомҳои лазиз, яъне парҳез намудан аз тарси маразҳои сахти дарднок … ».[29]

Ҳамин тавр мувофиқи ақидаи мутафаккир ѓолиб омадан бар ҳавову ҳавас ва душвории забти шаҳват марҳила ба марҳила сабуктар мешавад ва ба кас одат мегардад. Дар ин ҳолат нафс ба он тариқаи идора кардани шахс одат мекунад.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки ин тадбирро чи тавр метавон ба даст овард,яъне нафсро чи тавр тобеъи ақл гардонид. Ба андешаи Розӣ ин ҳолатро бо тадбирҳои зерин метавон ба даст овард:

  1. Аввал нафсро аз шаҳватҳои содда манъ кардан зарур аст;
  2. Пас аз ин чизҳое, ки ақлу фикр ҳам онҳоро лозим донад, ба тарки он ва чизҳои бузургтаре аз он иқдом гузоштан мумкин аст. Зеро ки он илоҷҳо чун одати хулқу атвор ва одати забти нафс ва пешгири аз ҳолати шаҳвоният мегардад.

Ба ҳамин тартиб нафси рустанӣ ва ҳайвонӣ ба нафси нотиқа итоат карда, билохира он ба одат мубаддал хоҳад шуд.

Баъд аз ин ҳолати забти нафс қувват ёфта, оқибат аз чизҳои дилрабо ва ҷаззоб кас худро ба осонӣ манъ карда метавонад, ки дар натиҷаи ин пешгирии ҳавову ҳавас ба фоидаи ақл ҳал мегардад.

Ба ҳамин тариқ метавон хулоса намуд, ки вазифаи асосии этикаи Закариёи Розӣ иборат аст аз:

  1. Аз таҳзибу ислоҳи нафси саркаш.
  2. Ба воситаи таълиму тарбияи нафс.
  3. Ва бо ин роҳу усул ба камолот расонидани нафси нотиқа, ки нафси ҳайвонию наботӣ тобеъи онанд.
  4. Ба ин восита шикаст додани ҳавою ҳаваси нафси саркаш.
  5. Пас аз ин ҷо ба ақл тобеъ намудани нафси саркаш.
  6. Дар натиҷаи он пеши роҳи ахлоқи разила гирифта мешавад.
  7. Тамоми ин билохира сабаби пайдоиши фазилатҳои ахлоқии инсонӣ хоҳад гашт.
  8. Дар натиҷа афрод, шахс ва инсонҳои дорои чунин ахлоқ дар умури худ соҳиби сиёсати хуб шуда, ҷомеа онҳоро мадҳ менамояд ва ба рафтори онҳо шавқманд мегардад.

Аз ин гуфтаҳои мутафаккир бармеояд,ки у вазифаи асосии илми ахлоқ,аз он ҷумла асарҳои ахлоқии худро аз тарбияи нафс иборат медонад ва дар он ақидааст,ки танҳо дар сурати тарияи нафс ва ба ақл тобеъ намудани он инсонҳо метавонанд ба камоли фазилат бирасанд,дар ҷомеа некию накукорӣ,адлу адолат,покию покизарузгорӣ,ҳақиқат ва ҳақиқатпарастӣ,ҷавонмардӣ ва ѓайра ҳукмфармоӣ намояд..

Таълимоти ахлоқии Абунасри Форобӣ.

Абунасри Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ дар охири асри IX ва миёнаи асри X зиндагӣ ва эҷод кардааст. У соли 837— 259 ҳиҷрии қамарӣ дар деҳаи қадимаи Фороб ба дунё омадааст. Замоне ки Форобӣ мезист, Мовароуннаҳр ба ҳайати хилофати Араб дохил мешуд ва маркази он Баѓдод буд. Шадҳрҳои Баѓдод, Басра, Димишқ, Харрон марказҳои илму маърифат буданд. Олимон, файласуфон, шоирон барои давом додани фаъолияти ил­мию адабии худ дар он ҷойҳо ҷамъ меомадан. Форобӣ ҳам, ки аз хурдияш ба илму дониш машѓул буд, барои такмилу инкишофи илм ва дониш аввал ба Бухоро пойтахти Сомониён баъд ба Баѓдод сафар кард. Истиқомати Форобӣ дар Баѓдод дар ҳаёти у нақши азиме гузошт, зеро дар ҳамин шаҳр у илмҳои гуногунро омухта, чун олими забардаст соҳиби обруву эътибори бузург гардид.

Баъд Форобӣ ба як қатор шаҳру мамлакатҳои дигари Араб: Димишқ, Харрон, Миср ва ѓайра сафар карда, бо олимон, фай­ласуфон ва мутафаккирони машҳури ҳамон дав,ра шинос мешавад ва аз баҳсу мунозираҳои илмию суҳбатҳои ибратбахши онҳо баҳраманд мегардад.У маҳз дар ҳамин давр ба мутолиаи асарҳои файласуфони машҳури Юнони қадим: Афлотун, Арасту, Демокрит, Буқрот, Плотин машѓул шуда ба аксарияти асарҳои ин арбобони барҷастаи фалсафа шарҳу эзоҳҳо навишт.

Чуноне ки аз маъхазҳо маълум аст, Форобӣ ба илм раѓбати зиёде дошта, аз душвори руҳафтода нашуда, то ҳосили матлаб аз қироати китобҳо даст намекашидааст. Чи хеле ки Ибни Халакон дар асраш (Вафаёт-ул-аъён фи анбои-уз-замон Миср, 367 ҳичри-94,- сад. 239) менависад Форобӣ дар дохили «Китоб-ул-нафс»-и Арасту бо хатти худ навиштааст: «Ман ин китобро сад бор хондаам». Ибни Халакон аз номи. худи Форобӣ боз овардааст: «Ман китоби «Самти табии»-и Арастуро чиҳил бор хондаам ва боз ба хондани он муҳтоҷам».

Мавқеи илмию адабии Фороӣи руз аз руз густариш ёфта, аҳли илм нисбат ба у эҳтироми калон пайдо менамояд. Бисёр олимони араб дар назди у дарси маҳорат меомузанд. Назар ба ахбори муаррихони асрҳои IX—XII дар худи Шом (Димишқ) шо,гирдони Форобӣ қариб ба ҳазор нафар мерасиданд. Дере нагузашта овоза ва қудрати вай дар тамоми мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик паҳн мешавад. Уро ҳамчун муаллими сони (пас аз Арасту, ки муаллими аввал шинохта шуда буд) эътироф карданд. Форобӣ хеле фақирона мезист, у ҳатто барои навиштан чароѓе пайдо намекад.Дар аввалҳои асри X ҳаёти маданӣ ва сиёсии Баѓдод хело паст меравад. Дар ин давр муборизаи халкҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар роҳи озодӣ аз асорати хилофати араб беш аз пеш қувват мегирад. Аз тарафи дигар, дар Ироқ ҳаракати шуубия ва дар Баҳрайну Коҳира ҳаракати исмоилиҳо ва қарматиҳо хело равнақ меёбад, ки ҳамаи ин ба ҳаёти сиёсию иқтисодии аббосиҳо таъсир нарасонида намемонд. Мавқеи руҳониёни реакциони дар ҳаёти маънавӣ ва сиёсӣ мустаҳкам ме,шавад. Таъқиби одамони тараққипарвар ва мутафаккирону равшанфикрони давра хеле шиддат меёбад. Асарҳои беҳтарини фйласуфон ва олимони барҷаста Ал-Мукаффаъ, Ал-Низом, Ибни Ровандӣ, Абубакри Розӣ, Ал—Киндӣ ва дигаронро дар майдони шаҳрҳо месухтанд. Дар ҳамин вазъият Форобӣ шаҳри Баѓдодро тарк карда, ба Ҳалаб меравад. Ҳокими Ҳалаб Сайфуддавла марди донишдусту озодфикр буд. Дар дарбори вай олимон, файласуфон ва шоирони гуногун мазҳаб ҷамъ омада буданд. Дар ин чо барои ҳаёти ором шароити нисбатан мусоиде доштааст. Аз ҳамин сабаб Форобӣ дар Ҳалаб назди Сайфуддавла ихтиёри истикомат кардааст. Форобӣ шахси соҳиб эътибори дарбор шуда бошад ҳам, аз айшу нушҳоӣ дарбори дар канор истода, бештар вақти худро ба қироати асарҳои мутафаккирони Юнони Қадим мегузаронд, Форобӣ зиндагии фақирона ва хоксоронае доштааст. Чунон ки маъхазҳо таъкид кардаанд, Сайфуддавла чун ихлосманди Форобӣ ба сифати ёрӣ ба у маоше таъин мекунад. Вале Форобӣ чаҳор дирҳам, ки барои рузгузаронии у кифоя буд, мегирифтаасту бас. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои хатти Абунасри Форобӣ моҳи Ра,ҷаби соли 339 ҳичрии қамарӣ (950—951, моҳҳои декабр— январ) дар Димишқ аз олам мегузарад. .

Форобӣ аз худ мероси бое боқи гузоштааст. Адади таълифоти уро аз 80 то 130 номгуй мешуморанд, ки ба соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла ба ахлок, тиб фалсафа, сиёсат, нуҷум, риёзиёт ва гайра бахшида шудаанд. Яке аз хизматҳои барҷастаи Форобӣ аз он иборат, аст ки у қариб ба ҳамаи асарҳои файласуфони Юнони Қадим—Афлотун, Арасту, Файсоѓурис (Пифагор), Батлимус (Птоломей) ва дигарон шарҳ навишта, барои ташакули ҷаҳонбинии мутафаккирони баъдина хизмати босазое кардааст.Асарҳои шоистаи у «Эҳсо-ул-улум», «Мадинат-ал-фозила», Ас-сиёсат-ал-маданийят», «Балоѓат», «Мусиқи» Форобӣ дар эчоди шеър низ маҳорати комил д,оштааст, ки маз-мунҳои баланда фалсафӣ доранд. Рубоии зерин намунаи ашъори уст:

Асрори вучуд хому нопухта бимонд,

Вон гавҳари бас шариф носуфта бимонд. Ҳар кас ба далели ақл чизе гуфтанд, Он нукта, ки асил буд, ногуфта бимонд.

Фороби чун энциклопедисти замони худ тамоми таълимоти файласуфони гузаштаро медонист ва ба догматизм мукобил буд. Аз ин ру, у диққати бисёр муҳаққиқони ва муаррихонро ба худ ҷалб кардааст. Абуали ибни Сино, Берунӣ, Ибни Туфайл, Ибни Рушд ва дигарон ба эҷодиёти у эътибори зиёде додаанд ва уро ҳамчун устоди худ шинохтаанд. Лекин баъзе олимони Ѓарб аз онҷчумла Хортен, Шмидт ба осори Форобӣ баҳои нодуруст дода уро танҳо муқаллиди Афлотуну Арасту номидаанд.

Абунасри Форобӣ дар тараққиёти идеяҳои инсонпарварӣ ва тарбиявию ахлоқӣ саҳми арзандае гузоштааст. Ақидаҳои ахлоқии Абунасри Форобӣ дар асрҳои «Орои а,ҳли мадина ал-фози-ла» -Сиёсат-ал-маданийя», «Эҳсо-ул-улум», «Ас-саодат» ва ѓайра ифода ёфтааст.Дар ин асарҳо Форобӣ ақлу хирад ва ах-лоқу одобро аз беҳтарин сифатҳои инсонӣ мешуморид. Ахлоқи неку яке аз беҳгарин сифатҳои инсонист, ки ба воситаи он инсон соҳиби иззату эҳтиром ва дустдории мардум мегардад. Ахлоки зишт бошад аъмоли нописанди инсон дониста мешавад, кӣ уро аз мардум дур карда боиси бадбахтии у мегардад. Форобӣ дар пайрави Арасту бархилофи назарияҳои Суқроту Афлотун,ки манбаи ахлоқро берун аз инсон ва ҷомеа медонистанд, ахлоқро инъикоси ҳаёти воқеи донистааст, ки он аз муносибатҳои байни ҳамдигарии одамон ба вуҷуд меояд. У назарияи фигрии ахлоқро рад карда, афъолу неку бад ва кирдори ҳамидаро ба шароити муҳит ба таълиму тарбия вобаста умедонад. Тамоми сифатҳои ахлоқи, чи зебою чи зишт, иқтисобианд. Агар одам хулқи,ташаккулёфта надошта бошад, дар тамоси хулқи нек ё бад бо иродаи хеш якеромепазирад. Хулқи муайянро қабул кардани одам ё табдили як хулқ, бо хулқӣ дигар, ки одам бо он тамос мегирад, одат ном дорад. Одат ин рафтореро муқаррар ва ,муддати мадид такрор намудан аст. Азбаски xyлқро зи руи одат касб мекунанд, дар натиҷаи ҳамнишини бо некон хулқи наку ва улфат гирифтани бо бадон хулқи зишт парварда мешавад. Аъмоли хуб он аст, ки тавассути он мо соҳиб хулқи наку мегардем. Камоли инсон мутаносиби такмили хулки уст.Рафторе, ки тавассути_он одам ба такомули хулкаш муваффақ мегардад, монанди амалест, ки туфайли он вай ба камолоти ҷисмони мерасад. Камоли ҷисми одам ин саломатист ва инсон ин саломатиро ба тариқи риояи эътидоли ѓизо, бадаст меорад. Хулқи нек низ бо тариқи риояи ва эътидоли феъл ба амал меояд.Мувофиқи ақидаи мутафаккир инсон бояд дар ҳама кору рафтори худ ба ба тариқи эътидол риоя намояд, дар он ҳолат у ба мақсад мерасад ва соҳиби аъмоли наку мегардад.

Дар эҷодиёти файласуф акидаҳои фалсафӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқӣ бо ҳамдигар алоқаи зич доранд. Дар маркази диққати Форобӣ проблемаи некахлокии| тарбияи хулқи наку, саодат ва озодии инсон меистад.

Файласуф мекушид, ки ба масъалаҳои муҳим ва мураккаби ахлоқии дар назди ҷамъият истода ва муосиронашро дар ташвиш мононда буд, ҷавоби саҳеҳ диҳад.

Меҳварӣ асосии таълимоти ахлоқии Форобӣ таълимот дар бораи инсон буд. Он факт ҷолиби диққат мебошад, ки Форобӣ дар асри миёна аввалин шуда проблемаи инсонро ба доираи тадқиқотӣ фалсафӣ даровард. Файласуф чунин ақида дорад, кӣ тадқиқи олам ба инсон ҳамчун заминаи ҳалли масъалаҳои ахлоқи хизмат хохад кард. Олими машҳур дар ин бобат як қатор фикрҳои пешқадам ва ҷолиби диққат баён кардааст. У тасдиқ мекунад, ки масъалаи Хайр ва Шарро фақат ақли инсон муайн мекунад ва карда метавонад. Яъне инсон худаш холики хайру шарр аст. Рафтору амали инсон, кирдору феълаш ба худаш вобаста аст. Инсон маҳз бо ҳамин хислатҳои некаш ‘аз ҳамаи махлуқоти pyи замин авлотар аст. Инсон худаш офарандаи ахлоқу рафтор худ аст ва бо ҳамин сабаб барои кори нек сазовори савоб ва барои кори бад ,сазовори азоб аст.Яъне инсон дар далли масъалаҳои мухталиф озод буда мувофики салоҳдиди худ амал мекунад.Инсон ҳамеша кущиш мекард, ки наслаш боқи монад, саломатии авлодаш ва саломатии худаш хуб бошад, аз чидати маънави комил шавад, қобилияташ инкишофу такмил ёбад аз зебоият ‘ҳаловат гирад. Ҳамаи он чи ки ба ин халал мерасонад шару бадӣ дониста мешуд. Лекин бояд қайд кард, ки Форобӣ диалектикаи воқеии некию бадӣ ва ҳам табдили онҳоро ба инобат нагирифтааст.. Ба қавли Гегель, бадӣ на факат қувваи харобиовар, балки қувваи эҷодгари таърих ҳам шуда метавонад, зеро ҳар кадоми он дар роҳи тарақиёт пеш гузошта шуда ногузир инкори куҳнаи объективии умраш ба охир расида аст ва ба ин маъно бадӣ некӣ мегардад. Бадӣ ба ин маънои сухан шаклест,ки қувваи муҳаррики тарақиёти таърихӣ дар он зуҳур меёбад.

Мувофиқи ақидаи мутафаккир рафтори некӣ ҳақиқатан хушахлоқона, хушодобона ҳамон аст, ки рафтору атвори беадабонаро ба худ раво надонем. Хушахлоқӣ чун зуҳуроти моҳияти ҷамъиятии инсон ҳамон хислати уҳ-дабароиест,ки симои одамро муайян менамояд. Аз ин ру хушахлоқӣ нищонаи наслии инсон буда, бидуни он ҳастии ҷамъияти имкон надорад. Ахлоқи неки ҳар як фард омили зарурии пешрафти чамъиятӣ инсон аст. Пешрафти умумии инсоният ин пешрафти ҷамъияти инсон аст. Пешрафти умумии инсоният аз пешрафти ахлоқии вай ҷудонопазир аст. Хушахлоқӣ воситаи пешрафту камолоти инсонӣ аст. Дар байни кувваҳое, ки инсонро ташаккул медиҳанд, хушахлоқӣ қариб, ки қувваи якумин аст. Рафтори одам дар сурате ба маънои комили сухан хушахлоқона мебошад, ки агар он на ба маҷбурияти берунӣ ва на бо таъсири манфиати соф шахсии худбинона, балки аз руи майлу хохиши бевоситаи мардум озодона ва беѓаразона некӣ кардан бошад.

Чи хеле ки маълум аст, дар ҳалли масъалаи иродаи озоди инсон ақидаҳои туногуни мухталиф вуҷуд доранд. Масалан аз таълимоти калом чунин бармеояд, ки таѓироти табиату ҷамъият ба қувваи фавқуттабии вобаста аст. Аз ин ру иродаи инсон ҳам ба худи у вобаста нест. Инсон дар амалиёти худ озод нест, ҳар коре, ки мекунад ба иродаи худаш вобаста нест. Яъне озодии иродаро мутлақан инкор карда мухтории инсонро дар интхоби роҳу равиши — зиндагӣ намепазируфтанд. Фороӣй бошад озодии ирода ва соҳибихтиёрии инсонро комилан эътироф намуда, уро ба натичаи фаъолияташ масъул медонист. Форобӣ меъёри озодии иродаро ба табиати худи инсон вобаста ме-

кунад. Фаъолияти модарзодӣ ва чисми солим, ба андешаи мутафаккир ба камолоти оли расидани инсонро ҳидоят мекунад.Форобӣ озодии иродаро чун Арасту дар руҳияи ахлоқӣ ва равоншиносӣ дида мебарояд. Арасту иродаро ба фаъолиятнокии шуур вобаста мекард. Некуиро табиат ба инсон ҷойгир накар дааст—кайд мекунад мутафаккир, балки вай дарраванди фаъолияти меҳнатӣ яъне аз синни хурдсоли дар натиҷаи тарбия, малака одат бавучуд меояд. Лекин Арасту меъёри объективии накуиро муайян карда натавонист. Меъёри накуӣ ба андешаи Apacту омилҳои субективӣ мебошад.

Форобӣ бошад такмили ахлоки инсониро дар ягонагии оми|лҳои объективӣ ва субъективӣ дида мебарояд. Муносибатҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва ҳавасмандии инсонро ҳамчун меъёри накуӣ ҳисоб мекард.Форобӣ чунин меҳисобид, ки тамоми фаъолият кушиш ва ѓайрати инсон ба саодат расидан аст. Вале у саодатро аз манбаъҳои объективиаш ҷудо мекард.У ахлоқ ро ба ду қисмат ҷудо мекунад. Ахлоқи ҳамида ва ахлоқи замима. Аммо озодии ирода аз дараҷаи камолоти ахлок, вобаста aст. Мувофиқи назарияи у ирода категорияи психологӣ мебошад. Барои ҳамин вакте ки дар бораи саодат ҳамчун категорияи ахлоқи сухан меронад вай чунин фикреро ба қайд мегирад, _ки асоси рафтори инсон ба табъ, мизоҷ, феъли хуб ва табиати у вобастааст. Агар инсон ҷисми солим ва руҳи ором дошта бошад аз вай ҳамеша рафтори шоиста ва зебанда бамеояд. Агар ҷисму танаш| солим набошад, рухаш, хаёлаш пароканда бошад , рафтор ва кирдораш ҳатман ба талаботи ҷамъият мувофиқ намеоянд.

Ба андешаи мутафаккир инсон ҳамчун мавҷудияти фаъол ба олами атрофмуносибат карда ба таъсироти он ҷавоб мегардонад, мувофиқи мақсаду талаботҳои худ онро ба худ муваффақ| месозад. Дар баробари ин одам фаъолияти рафтори худро идора ва назорат мекунад; аз паи мақсадҳои муайян мешавад, он|ҳоро каму беш равшану аниқ, мефахмад. Баъзан ба мақсад расидан душвор намешавад ва аз одам кушиши махсусе талабнамекунад. Лекин дар бисёр ҳолатхо барои ба мақсад ноил шудан ба душворию монеаҳо дучор мегардад. Ин душвориҳо ду xeлзоҳирӣ ва ботинӣ мешаванд. Ба душвории якум ҳодисаҳои берунии халалрасонанда, монеаҳои объективӣ, зиддиятӣ дигар одамон тааллуқ дорад. Ба иҷрои кори зарурӣ хохиши устуворнадоштани одам, фаъол набудан, пассивии одам, ҳолати руҳии нофорам, танбалӣ, ҳиссиёти тарс, изати нафс ва ҳоказо мисоли монеаҳои дуюм мебошад.

Ирода маҳз дар он ифода меёбад, ки одам дар руҳи ба мақ|сад расидан барои бартараф намудани монеаю душвориҳо чигуна қобилият дорад, то кадом дараҷа рафтори худро идорамекунаду фаъолияти худро ба мақсуди вазифаҳои муайянтобеъ карда метавонад.Чунин ирода баҳои манфии ҷомеа мегардад.

Ҳамин тариқ, Форобӣ бархилофи таълимоти фатализм ки инсонро махлуқи ѓайри фаъоли беирода ба қалам медод, зид баромада инсонро фарди боиродаву соҳибихтиёр медонист. Ирода танҳо| хоси инсон буда зимни ҷараёни меҳнат ташаккул меёбад.Инсон дар интихоби мақсадҳои нек озод аст. Форобӣ кайд менамояд, ки озодии инсон ба дарк ва истифодаи конунҳои табиат асос меёбад. Лекин Форобӣ ба чунин савол ҷавоб дода натавонист,ки чи тавр инсон рафтори худро бо қонунҳои олами объективи мувофиқ карда метавонад. Вакте, ки дар бораи озоди су­хан меронем, муносибати инсонро ба қувваҳои табиат ва ҷамъият,дараҷаи вобастагии уро нисбат ба конунҳо муайян кардан мумкин аст. Аз ин нуқтаи назар озодӣ заруратест, ки дониста истифода шуда бошад, ба маъное, ки инсон қонунхои табиат ҷамъиятро омухта аз худ карда метавонад, аз онхо истифода истифода барад ва аз таъсири стихиявии онхо озод бошад. На фаҳмиши қонунҳои табиат,балки маърифати ин қонунҳо ва мунтазам амали шудани ин қонунҳо озодӣ аст.

Форобӣ ба саодат ки аз категорияҳои асосии ахлоқ, мебошад диқати махсус медиҳад.Ҳар фарде хоҳони саодату хушӣ аст,лекин ин хушӣ нисбат ба афродҳо гуногун аст; баъзеҳо саодатро дар мол дигарон бошанд дар лаззати шаҳвия ва сеюми дар таҷамулу риёсат мебинанд.Лекин саодати одам ба дониш маърифатнокӣ, оқили вобаста аст,ки ба воситаи ин моҳияти ашьёҳо дарк карда мешавад. Аз ин ҷост,ки Форобӣ муайян намудани роҳи ба саодат расиданро яке аз масъалаҳои ахлок, донистааст.

Дар этикаи Форобӣ категорияи_саодат на факат яке аз мафҳумҳои марказист, балки бо умумияти худ аз дигар категорияҳо фарқ мекунад, чунки категорияҳои некӣ ва бадӣ, шараф ва номус, адолат, вичдон ва ѓайраҳо аз ҷиҳати дараҷа ва моҳияти худ дар нисбати категорияҳои саодат муайян карда мешавад. Масалан мутафаккир чунин қайд мекунад, ҳамаи он чизе, ки барои ба саодат расидан муфид аст некист ва ҳамаи он чизе,ки ба саодатманд шудан монеъ мегардад, бадист.

Фороби монанди Арасту хушбахтиро мақсади ҳаёти одамон мешуморад.

Мувофиқи фаҳмиши Арасту барои он ки одам хушбахт бо
шад бояд вай кирдори зебо, ахлоки хуб дошта бошад. Аммо ан
дешаи Форобӣ дар бораи хушбахтӣ мураккабтар аст. Ба ақидаи
мутафаккир хушбахтӣ камолоти муайянест, ки инсон ба воситаи
акли фаъол, ки танхо ба у хос аст, соҳиб мешавад. Дар рисолаи «Таҳсили саодат» Форобӣ қайд мекунад, ки мақсади инсон хуш
бахт шудан аст.Аз ин ру инсон донистанаш даркор аст, ки саодат чист ва барои ба саодат ноил шудан чӣ кор кардан лозим аст. Мутафаккир қайд мекунад, ки саодат ба инсон ҳамон тавр пайдо мешавад, ки у чӣ тавр дар бораи саодат тасаввур дорад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки саодат ин боигарист, баъзеи дигаращон бошанд чизи дигарро саодат тасаввур менамоянд. Ин тавр нест, қайд мекунад Форобӣ саодат ин некист. Некӣ на фақат барои худ, балки барои хушбахтии тамоми инсоният аст. Саодат ба гуфти Форобӣ ин як хел амалест ки инсон ба тарафи вай беихтиёр кушиш мекунад. Ба андешаи файласуф дар байни ҳамаи некиҳо саодат (яъне некӣ) манфиатгноктарин некист, ки инсон пеш aз ҳама ба вай майл мекунад. Форобӣ саодатро як чизи мукаммал медонад ва қайд мекунад, ки вай (саодат) аз чӣ иборат аст, табиати он дар,чист? Оё дар зебоии чисмонӣ? Дар боигарӣ? Дар доноӣ? Дар ҳукмрони намудан ба дигарон? Дар ҳурматкунӣ? Форобӣ ба ҳамаи ин саволҳо чунин ҷавоб медиҳад, ки ҳамаи ин чизи мукамалеро ташкил намедиҳад ё барои пурра мукаммал будан нокифоя аст. Барои ба саодат расидан як чизи дигар зарур аст. Ин як чизи дигарро Форобӣ чун Афлотун дар дониш ва ахлоқ мебинад. Форобӣ дар муайян кардани табиати интелектуалии саодат ба Афлотун наздик аст. Лекин фарк байни Афлотун ва| Форобӣ дар он аст,ки Афлотун саодатро трансцендентноки (даркшавандагӣ) гуфта таъкид мекард, Форобӣ бошад, инро дар ҳаёти инсон ба миён мегузорад. Инсон худро он вақт хушбахт ҳис мекунад, ки фаъолияти ҳаётии вай бо хирадаш мувофиқ аст. Барои ҳамин вазифаи асосии инсон инкишоф додани ақл хохад буд. Ба андешаи Форобӣ барои ноил шудан ба хушбахтӣ иродаю ихтиёри озод нақши муҳим мебозад. Дар рисолаи «Ас-сиёсат ал-маданият» Форобӣ қайд менамояд,ки ирода аз таассуроти, ҳисси ва тасаввурот ба вуҷуд меояд. Интихоби озод бошад аз хулосабарориҳои мантикии хирад ба вуҷуд меояд. Интихоби озод факат ба инсон хос аст, чунки вай дороӣ ақли фаъол мебошад.

Форобӣ дар асархои худ«Сиёсат ал-маданийя», «Орои аҳли маданийят ал фозила» чунин қайд мекунад, ки мақсади олии инсон бо туфайли амалиёти неку саодатманд шудан аст. Одами накукор ҳамчун предмети омузиши этика мафҳуми абстракт нест. Фақат он некуиҳое, ки ба фоидаи давлат нигаронида шуда тартиботи ҷамъиятиро мустахкам менамояд, писандида мебошад. Форобӣ некукориро ба ду кисм чудо кардааст. Қисми якуми онро онро интеллектуали номидааст, ки ҳамаи хусусиятхои он бо роҳи тарбия ва омузиш ҳосил мешвад. Қисми дуюмашро ахлоқи некукори номидааст, ки бо ёрии одат ба даст меояд. Ба фикри Форобӣ фазилати интеллектуали аҳамияти халкунанда дорад. Хулқу атвори бад, хасисӣ, бахилӣ, фиребгарӣ ва монанди он боиси залолат мегардад. Барои ҳамин ҳам инсонро тарбия лозим аст.’ Кори нек амалиёти бошуурона, ва поквиҷдонӣ талаб мекунад. Инсон табиатан накукор намебошад. Табиат барои некукор шудан фақат имконият медиҳад. Ин имконият туфайли фаъолияти инсон воқеъ мегардад.

Некӣ,ки сабаби саодат аст, некии табии намебошад ,балки дар натиҷаи муддохилаи ирода некии табии шуда метавон. Бадие, ки барои бадаст овардани саодат халал мерасонад бадии табии шуда наметавонад, лекин он низ дар зери таъсири кувваи ирода ба вуҷуд меояд. Яъне ҳардуи онҳо ҳам хубу ҳам баъд маҳз натиҷаи фаъолияти инсон мебошад.Некие,ки аз ирода бармеояд фақат бо панҷ кувваи руҳии инсонӣ маърифат мешавад: иазариявӣ, дарккунанда, амалӣ, хохишмандӣ, мутахайила ва ҳиссӣ. Саодате ки инсон ба ақли худ мефаҳмад ва дарк мекунад, фақат бо ёрии қувваи назариявии дарккунанда ҳосил карда мешавад.Ин ҳамон вакт руй медиҳад, ки агар у аз мабдаъ ва донишҳои,аввалина, ки ба он ақли фаъол додааст, истифода барад. Вақте,ки инсон саодатро дарк намуд, дар қувваи хоҳишмандии у хоҳиши пурзуре ҳосил мешавад ва фикр мекунад ки чи бояд кард,

ки онро бо ёрии қувваи амали—;дарккунанда ба даст овард. Сипас он амалиётеро ки ба ногузирии иҷрои он бо роҳи фикр куни омад ба воситаи олатҳои қувваи хохишмандӣ анҷом медиҳад.,Қувваи мутахайила ва қувваи ҳисси қайд мекунад мутафаккир бо ёрдами қувваи фаҳмиши меоянд ва ба у ёрдам медиҳад, ки инсонро ба амалиёте ки дар натиҷаи он вай соҳиби саодат мегардад саргарм намоянд. Некие, ки аз ирода пайдо мешавад фақат ҳамин тавр ба вуҷуд меояд. Бадие, ки аз ирода пайдо мешавад, низ ҳамин тавр ба вуҷуд меояд. На бо қувваи мутахаюла ва на бо қувваи ҳисси саодатманд шудан ѓайриимкон аст. Қувваи фаҳмиши низ на ҳама қудрати дарк намудани онро дорад, вай онро ҳамон вақте дарк мекунад, ки агар барои ба даст овардани саодат кушиш кунад. Лекин қайд мекунад Форобӣ инсон аз қувваи хоҳишманди истифода бурда ба мақсади худ мекушад, барои ин бошад ба у қувваи мутахаюла ва ҳисси ёрӣ медиҳанд. Аммо ҳамаи он чизе ки дар ин вақт ба вуҷуд меояд, бадист. Ба ҳамин монанд гар инсон саодатро фаҳмад ва дарк намояд, вале барои ба даст овардани он истодагарӣ намояд ва онро мақсади охирини худ қарор надиҳад, ё онро нахоҳад, ё ин ки онро ба қадри зарури хоҳад, ҳаргиз ба мақсади неки худ намерасад. Инсон баъзан ба ҷои саодат дигар чизҳоро мақсади хохиши худ қарор медиҳад ва ҳамаи қувваашро барои ба даст овардани он сарф мекунад, аммо ҳамаи он чизе ки дар ин ҳолат ба вуҷуд меояд, вай бадӣ мешавад.

Ҳамин тарик, ба ақидаи мутафаккир саодат на ба кувваи му
тахайила ва ҳиссӣ, балки бо ақли фаъол, онро фаҳмида бо ёрии он қувваи назарияви дарк намуда сохиби саодат шуда метавонад.
Агар инсон ба такмил додани фаҳмиши назариявӣ аҳамият на
диҳад, саодатро низ дарк карда наметавонад.

Яке аз воситаҳои муҳими ташаккулёбиии ҷаҳонбинии инсон,ба гуфти Форобӣ , тарбия ва дониш мебошад. Худхоҳӣ ва шаҳватпарастии инсон, — менависад Форобӣ, — бо ёрии тарбияи маънавӣ ва ахлоқи пок бартараф карда мешавад. Форобй омухтани илмро барои он зарур медонист, ки ба туфайли он одам, кирдору рафтори оқилонаро меомузад. Масалан: илми мантиқ дуруст фикр кардан, дуруст сухан гуфтан ва дуруст хулоса бароварданро меомузад. Илми риёзи тариқаи истиқлоли саҳиҳро меомузад. Мусиқи руҳ ва табъи исонро латиф месозад. Илмҳои табии инсонро ба таъмин ва тадқиқ одат менамояд. Риёзиётҳо ва варзишҳои бадани мизоҷро солим ва руҳро қавӣ мекунад.

Файласуф нормаҳои ахлоқ ва рафторро аз ҳаёти ҳаррузаи одамон, аз муносибати байни онҳо мебарорад. Бинобар ин одамоне, ки оқилона рафтор менамоянд ба фикри Форобӣ, набояд аз ҳамдигар фарқ, кунанд ва бо ҳамдигар мухолиф бошанд, балки ба ҳамдигар мадад расонанд ва муттафиқ бошанд.Ахлоқи наку бояд бо хулқи хуб ва таҷриба якчоя бошад.

Аз хулқи инсон амалиёти зишту некуи у бармеояд—менависад Форобӣ.

Хислатҳои ахлоқӣ, чи зишту чи неку дар ҷараёни зиндагӣ пайдо мешаванд. Пас инсон бояд ба он кушад, ки дар зиндагӣ ахлоқи неку касб кунад. Касби неку ҳам ба худи одам вобаста аст. Барои соҳиби ахлоқи неку шудан кушидан лозим аст. Кирдори неку дар инсон як амри имконпазир аст. Дар гаълимоти Форобӣ некуӣ на фақат бо хулқи инсонӣ, балки бо мақсади у низ нисбат дорад. Мақсади инсони се хел аст. Мақбул, муфид ва неку. Ѓарази онҳо азхуд намудани санъатҳо мебошад,зеро бидуни аз худ кардани санъатҳо инсон ба мақсади худ расида наметавонад.

Дар рисолаи «Таҳсили саодат» Форобӣ қайд мекунад, ки таълим бояд аз омухтани масъалаҳои содда ибтидо ёфта бо азхудкунии проблемаҳои метафизикӣ анҷом пазирад. Азхудкунии илм ва дониши назариявӣ, ба гуфти Форобӣ шарти зарурии ба мақсад расидан мебошад. Ба ифодаи дигар илм муқаддимаи саодат аст.

Касе, ки ба омухтани илм шуруъ менамояд, — қайд мекунад Форобӣ, бояд ҷавон, солим ва боодоб, хоксор, покахлоқ, содиққавл, бовиҷдон, боирода, инсондуст ва дур аз хиёнату макр бошад,худро аз хулқҳои ношоиста канор бигирад, илм ва мардумро эҳтиром намояд.

Адолат дар таълимоти фалсафи Форобӣ мавқеи махсусро ишѓол намудааст.Ақидаи Форобӣ дар бораи адолат ва умуман ахлоқ ба шароити иҷтимоӣ ва мафкураи замнаш алоқаи зич дорад. Фай|ласуф заминаи иҷтимоии масъалаи мазкурро, ки аслан аз воқеияти феодали cap мезанад, ошкор карда натавониста oнро ба такмили ахлок, илму дониш, адолат вобаста мекунад.

Файласуф кайд мекунад, ки одамон аз ҷумла ҳокимони сиёси ахлоки худро такмил дода, нафси хешро тоза ва латиф дошта, илму донишро аз худ карда аз ҷабру зулми иҷтимоӣ ва маънавӣ озод шуда метавонанд. Яъне Форобӣ низ чун Афлотун ва Арасту таѓирёбии ҷамъиятиро ба фаъолияти шахсони алоҳида ва хусусан шоҳон вобаста мекунад. Чунин ҳалли тарзи масъала 6a шароити давраи феодализм вобаста буд, чунки тамоми масъалаҳои муҳими ҷамъияти аз тарафи монархияи мутлақ ҳал карда мешуд.

Бояд қайд кард, ки адолат дар системам ахлоқи мусулмсни ҷои марказиро ишѓол менамояд. Вай дар маънои васеи шафқат, раҳмдили шарҳ дода мешавад. Дар муайян кардани консепцияи адолат ду хусусият вучуд дорад. Якум адолати инсони, ки аз адолати Худои таолоҳ бармеояд. Дуюм эътирофи ҳатмии он дар таркиби шафқат.

Дар шарҳи адолати Форобӣ бошад мо чунин пай мебарем,ки ин котегория барои у ҳамчун баҳодиҳии ахлоқи ва сиёсӣ хизмат мекунад.

Форобӣ адолатро на фақат барои баҳодиҳии муносибатҳои байни одамони алоҳидаи ҷомеаи инсонӣ медонад, балки бapou характеристикаи тартиботи ҷамъиятӣ, барои баҳо додан ба фаъолияти давлатдорӣ ва сиёсии подшоҳ, барои муайян кардани симои ахоқии онҳо ва дар ниҳояти кор ба воситаи адолат тартибу низоми ҷамъияти муайян карда мешавад.

Хулоса,ахлоқи Абунасри Форобӣ дар асоси идеяҳои ҳуқуқии умумиинсонӣ ва қонуни ахлоқи универсали тартиб дода шудааст,ки мувофиқи он бояд ҳар як инсон вазифаи ба души худ гирифтаашро софдилона иҷро намояд. Форобӣ дар ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ аз замони худ пеш гузашта буд,дар баъзе масъалаҳо мекалавид, лекин сарфи назар аз ҳамаи ин ҳиссаи у дар тараққии маданияти ҷаҳонӣ бузург аст.

Адабиёт.

  1. Зеленкова И.А., Белоева Е.В.Этика Минск 2001.
  2. Авесто. ЭСТ. Душанбе ч.1. 1987.
  3. Этическая мысль Москва, 1992
[13]. Мањдии Муњаќќиќ. Файласуфи Рай Муњаммад Закариёи Розї. Техрон, 1349 -C. 3.

[14]. Њамин китоб – С. 3.

7 Загрузки

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.