Ақидаҳои ахлоқии Суқрот

Ақидаҳои ахлоқии Суқрот

Суқрот (тахминан солҳои 470-399 пеш аз мелод) мебошад. Ба ақидаи Суқрот, фалсафа фақат он вақт ба ахлоқу хизмат карда нек метавонад, ки агар худи дониш моҳияти нек бошад. Чунин моҳияти таълимӣ расионалисти ахлоқи Суқрот. Ба андешаи Суқрот, ахлоқӣ бад натиҷаи нафаҳмидани ҳақиқат аст. Агар инсон ба маънии нек сарфаҳи мерафта бошад, ҳеҷ гоҳ рафторе баде содир карда наметавонад. Суқрот тамоми рафторҳои бадро шабеҳи иштибоҳ медонад, зеро ки ҳеҷ ягон шитобу худ ба худ ба вуҷўд намеояд. Аз ин рў, низои нусқи бадро ҷаҳолат ва манбаи камолоти ахлоқиро маърифат ташкил медиҳад.

Ба ақидаи Суқрот, муқаддастарин вазифаи фалсафа ин аст, ки бе ташаккули шахсият шарафу давлати одил кўмак бикунад. Худи фаҳмиши некӣ, навиштааст Суқрот, пайравӣ ба некист ва сирф ҳамин метавонад инсонро садоқатманд гардонад. Суқротро ақида ин буд, ки ҳеҷ кас билфитра шарруру фосид нест ва олиману омидан муртакиби шарорату фасод намегардад, балки чун маънои ҳақиқии шарру фасод ва ҷиҳати қубҳи онҳоро ба дурустӣ намедонад, аз ин ҷиҳат муртакиби шару фасод мешавад. пас решаи шуруру мафосид ҷаҳл аст ва барои ин ки одамиро аз иртикоб ба шарру фасодро боз дошт, нахуст бояд маънои шару фасодро ба ў омўхт ва ҳақиқати онҳоро ба ҳадди том ва ё ба расми том таъриф кард ва сипас қубҳи зоти ҳар якро на панду андарз, балки ба далоили ақлӣ ба исбот расонид ва ба-д-ин тартиб як илмулахлоқи бурҳонии мутакӣ бар адиллаи ақлия таъсис кард.

Суқрот ба ҳеҷ чиз ба андозаи таърифи саҳеҳ аҳамият намедод ва муътақид буд, ки ҳар мавзўъе, ки ба баҳс гузорида мешавад, нахуст бояд он мавзўъ ба дурўстӣ ҳаллоҷӣ ва ба ваҷҳи ҷомеъ ва монеъ таъриф гардад. Ва пас аз ин ки ҳақиқати он ба хубӣ шинохта шуд, он гоҳ дар бораи хубиву бадӣ ба соири аҳкоми он баҳс ба амал ояд.

Суқрот мегуфт: «Танҳо он илме ба ҳоли инсон муфид аст, ки ўро ба саодат бирасонад ва он илме инсонро ба саодат мерасонад, ки хубро аз бад бинамоёнад ва маълум созад, ки дар зиндагии иҷтимоӣ ва хонаводагӣ ва фардӣ чӣ амале хуб аст ва чӣ гуна бояд онро ба ҷо овард ва чӣ амале ба даст ва чӣ гуна бояд аз он эҳтироз ҷуст». Аммо ба даст овардани чунин илме манут ба ҳусулу риояти чанд амр аст.

Аввал он ки инсон ҳеч масъаларо бадеҳӣ ва ғайри қобили баҳс фарз накунад, зеро чи басо масоиле, ки дар мунтаҳои бадоҳат будаанд, пас аз як таҷзияву таҳлилӣ ақлӣ бутлонӣ онҳо ошкор гардидааст (ин асл мабнои фалсафаи Декарт- падари фалсафаи ҷадид аст.)

Дуввум он ки инсон худро дар ҳеҷ масъала худро доно мапиндорад, зеро чунин пиндоре ўро мағрур ва аз таҳқиқ дар бораион масъала бозмедорад. Пас бузургтарин дониши инсон ин аст, ки бидонад ҳеҷ намедонад.

Саввум он ки инсон худро бишиносад, чи агар худро ба дурусти нашносад ва ба нуқоти нуқсу заъфи худ пай набарад, ба мақоми ттакмили худ барнамеояд вка ҳамчунин аз истеъдодҳои нуҳуфта дар вуҷудаш баҳрае барнамегардад ва ба саодати воқеӣ намерасад, пас маърифатуннафс муқаддамаи камолу саодат аст.

Суқрот илмро дар ёфтании биттабъ медонист, на омўхтании аз ғайр ва ҳатто мегуфт: «Дар таълими ҳақиқат наметавон ақидаро ба дигарон таҳмил кард ва балки фақат бояд ҳар касро кумак намуд, ки истеъдодашро ба кор андозад, то ҳар чиро, ки қувваи дарёфти он дорад, ба фаҳми худ дарёбад.» Ва ҳамчунин муътақид буд, ки улум дар бутуни инсонҳо нуҳуфтаанд, лекин наметавонад онҳоро бидуни кумак ба минассаи зуҳур бирасонад, пас бояд онҳоро мадад кард ва водорашон намуд, то ҳар чи дар ботин доранд, буруз диҳанд ва ба зуҳур расонанд.

Суқрот чун модараш момо буд, ба он муносибат худро момои нуфус мехонд ва мегуфт: «Ман аз худ донише надорам, балки фақат момое ҳастам, ки нуфуси обистан ба донишро дар зоимон кумак мекунам, то ҷанинеро, ки дар шикам доранд, ба саломат бар замин гузоранд». Суқрот дар анҷоми вазифаи момоӣ шеваи мунозара ва суолу ҷавобро интихоб карда буд ва ин шеваро бо ончунон маҳорате ба кор мебурд, ки мухотаб маҷбур мегардид, ки он чиро, ки дар дил дорад, бар забон ҷорӣ созад ва ё ин ки ба ҷаҳли худ эътроф намояд. Ҳар масъалае, ки унвон мешуд, ў худро ба ҷаҳолат мезад ва ба содагии як омии баҳту басит шурўъ ба суол мекард, дар воқеъ мухотабро даст меандохт ва ба масхара мегирифт ва он қадар аз ў суолот мекард ва истиноқ менамуд ва ҷавобҳои мухталиф мегирифт, ки ё масъала ба кули равшан ва ҳақиқати он ба ваҷҳи ҷомеъ таъриф мегардид ва ё ин ки мухотаб мустаъсал шуда ва иқрор мекард, ки он масъаларо намедонад.

Суқрот хирадро решаи фазоил ва фазоилро решаи саодат медонист ва фазоил ҳам дар назари ў иборат буд аз шуҷоату адолат ва иффат. Лекин барои ин ки он умур ба ваҷҳи саҳеҳе тахриф гарданд ва хуб шинохта шаванд, фурузу ақсому шуқуқи мутасаввираи онҳоро якояк унвон мекард ва дар бораи ҳар як суолоти мухталиф менамуд ва бо шогирдон мунозара мекард.

Суқрот падари ахлоки қадим ахлоқро мутлак шуморида, онро хамчун пойдевори асосии хаёти арзанда ва асоси маданият мешуморад.

Аз гуфтахои шогирдонаш (П. ва К.) ва аз мероси ҳаким боқимондаи аз гуфтаҳои ҳамасронаш ва билохира ҳаёт ва маргаш моро водор месозад, ки дар бораи Суқрот муҳокимаронӣ кунем.

Танқиди Софист (муаллими пулакии фалсафа, сиёсат, математика ва ғ. дар Юнони Қадим; ё ин, ки пайрави софизм) аз набудани програмахои позитивӣ, Суқрот орзуе дошт, ки системаи маҳфумхои умумии устувор, асосиро, ки дар курраи замин рўҳан чустучу мешавад, созад. Ин гуна гузорарини ибтидои ногахояш буда намешавад (ба фаъолиятии ахлоки мушохидаи рохбариот ва донишхо дар бораи ахлоқ (ва конструктиви) мумкин нест ки этикаро дар системаи мафҳуми робитаи дуҷониба созанд. Барои ҳалли ин муаммо Суқрот аз усулҳои махсус истифода мекард, ки ба гурўҳҳои махсус чудо мешаванд.

  • шаку шубха (Ман медонам, ки ман ҳеҷ чизро намедонам)
  • тамзхур (ошкор кардани мухолифат)

3) индуктивӣ (муносибати бо манфиат ва фактҳои эмперикӣ)

4) тафсир (охирин муайянкунандаи матлубияти исломӣ)

Дар ин ҷо имконият на он қадар муфассал аст, ба монанди лексия, шарҳ додан ва ороиш додан. Суқрот фикр мекунад, ки аввали оинхо, зиндагӣ ва асоси он баландтар аз ба даст овардани хўшбахтист. Этика ба одам бояд ёрӣ диҳад, вай бо ин мақсад зиндагиро созад.

Хушбахтӣ- ин асоси боаклию некбинӣ буда, фақат одам метавонад хушбахт бошад (ё боақл). Дар ин ҷо мо мебинем, ки гузориши эвдиманистикии Суқрот дар худбаҳодиҳии ахлоқӣ ислоҳ мешавад.

Дар ин ҷо на ин ки ахлоқ ба саъю кушиши ба хушбахтӣ, балки хушбахтӣ аз ахлоқи инсон вобастагӣ дорад. Барои ин вазифаи этика ёрӣ мерасонад барои боахлок шудани инсон ёрӣ расонидан.

Суқрот хушбахтӣ ва халоватро аз ҳамдигар чудо мекунад:- масъалаи озодии шахс; асосӣ накухохиро муайян мекунад. Некӣ (далерӣ, тавоноӣ, ва инсоф); асосӣ худсозии зиндагии шахсиро муайян мекунад. Дар тафсири ҳамаи ин масъалаҳо Суқрот дар тарафи рационализм (мулоҳизакорӣ) меистад. Дониш – асосӣ некухоҳии, нодонӣ — асоси бадахлоқист. Хубӣ ва хакикат ба якдигар мутобикат мекунанд. Суқрот ба он бовари дорад, ки накўхоҳ ҳеҷ гох бадӣ нахоҳад кард, ин фикри хуб аст: «Ахлоқ хамон вакт асоси муназзам дорад, ки одам бадахлоқии худро ислоҳ кунад.

1 Скачать
test

Добавить комментарий