Зиндагиномаи Абдурашид Ғаззолӣ

Зиндагиномаи Абдурашид Ғаззолӣ

Ҳуҷҷатномаи Абдурашид Муҳаммад Ғаззолӣ дар соли 450 ҳ.қ.(дар асоси баъзе таълифоти дигар 451ҳ.қ.).Мутобиқ ба 1058 мелодӣ дар рўзҳои охирини аҳди салтанати Рукн ад-дунё вад-дин Туғрали салчуқӣ (1038-1063), дар сарзамини Хуросон бузурги дар деҳкадаи Тобирон, ки дар паҳлуи шаҳри Нуқсон ва деҳкадаи Санобод яке аз пурнуфузунтарин деҳаҳои ҳавзаи Камофруд ба шумор мерафт ва марбути вилояти ободии Тўс буд, по ба арсаи вуҷуд ниҳод. Ҳоло ин қисмати Хуросон бо номи Тус ёд гашта, дар фосилаи 24 километрии шимолу ғарбии шаҳри муқаддаси Машҳад, ки дар он озошгоҳ шимоли хаштуми мусулмонони шиамҳзаб Абуҳасани Ми Ризо(а) қомат афрохтааст, қарор дорад.

Ноне комили ин донишвари бузург дар кобр маъхазҳои таърихӣ ҳуҷҷатулномаи Имом Зайниддин Абуҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Тўсӣ ёд гардидааст. Падари Ғаззолӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад порсомарди суфимаслане буд, ки хатту савод надошт, лекин маблони ботинии ў нисбат ба ҷаҳони ирфон ва сокинони роҳи тариқат хеле зиёд буд. Кай ҳамеша дар баҳсу мунозираҳои илмие, ки тавассути уламо, фуқоқо ва суфиёни ҳамзамонаш доир мегардад, ширкат варзида, аз олами маърифат баҳровардорӣ мекард. Муҳаммад аслан пешаи ғазолӣ (тахаллуси Ғазолӣ аз ҳамин касби падараш гирифта шудааст), яъне бафандагӣ, ресмонфурушӣ дошт ва пашму пунбаи ҳаллоҷишударо бо даст музди ранҷ ба занони чархрос месупурд,то табдил ба нах ресмон шавад, онгоҳ риштаҳои омадашударо дар дўкони хеш, дар шаҳри Тўс мефурухт.

Аз он ҷое, ки марди маърифатдўст худ аз илму таъин ва таамул бе баҳра монда буд, кушиши зиёде ба харҷ медод, то писаронаш Муҳаммадва ва Аҳмад аз олами дониш бенасиб нагарданд ва дар радифи донишварони варзидаи замони хеш қарор гиранд. Ҳамин кушишҳои падар буд, ки Муҳаммаду Аҳмад аз овони хурдӣ нисбат ба илму маърифат шавқу рағбати зиёде пайдо намуданд ва ба омўзиши аз баркунии китоби муқаддаси мусулмонон ва илмҳои пешрафтаи замони хеш даст заданд. Аммо мутаассифона ин рафти дер давом накард ва дар айёми навраси Ғаззолӣ падараш дунёро падруд гуфт. Қабл аз марги худ

Яке аз ҳокимони ва дустони суфимаобат Абдурашид Ахмад ибни Муҳаммади Родинониро ба наздаш хост ва тиоронаш Муҳаммаду Аҳмадро бо пасандози ночизи худ ба ў супурда, васият намуд, ки чун худ аз надоштани ҳунари хатнависӣ андўҳи бисёр хурдаам, орзў дорам, аз он чи ман маҳрум мондаам, фарзандонам баҳравар гарданд.

Муҳаммад ва Аҳмад дар паноҳи ин марди бомаърифат дониши хешро такмил дода, аз хатту савод, мақолаҳои динӣ, муқаддимоти илмҳои адабӣ ва мазҳаби ба хубӣ бархурдор гаштанд. Дар ниҳоят, агар аз як тараф полондоз ва мероси начандон зиёди падаронашон ба охир расида бошад, аз дигар тараф онҳо тамоми донишу илмие, ки Муҳаммади Родинонӣ дошт, омухтанд. Лекин талаботи ин ду ятим ба донишандузӣ ва таълиму тааллум чунон зиёд буд, ки устоди хешро ба хайрат монда буданд. Аз ин лихоз, Муҳаммад Родинонӣ ба шогирдони илмдусти худ навишта медиҳад, ки ҳам барои донишмандузии ва ҳам барои гузарони зиндагӣ дар яке аз мадрасаҳои динии хайрия шомил гарданд.Дар меси ин пешниҳод онро ба яке аз мадрасаҳои динии замони хеш роҳ ёфта, ба омўзиши усули динӣ даст медоданд.

Ғаззолӣ дар муддате, ки дар гўрзон иқомат дошт ва аз ҷугунаи шогирдони Имон Абунасри Исмоилӣ ба ҳисоб мерафт, тавонист бисёр илмҳоро омўзад ва ҷаҳони маънавияти хешро густариш бастад. Аз ин рў, ў яке аз беҳтарин шогирдони Имом Абубакр гардид ва бо донишу зираки худ устод ва ҳамдарсонашро қоин намуда буд.

Ғаззолӣ баъд аз чанд муддати донишомўзӣ дар даргоҳи Имом Абунасрва ёдошту тафсирҳои зиёд ба даст овардан аз Ҷурзон биё Тўс бармегардад. Яке аз уламои фиқҳ ва хилоф Абуфатҳ Асъад ибни Муҳаммад ибни Абунасри Мабҳанӣ (соли вафоташ 520ҳ.қ-ҳамадон ) хотирнишин месозад, ки аз Абулҳамид Ғаззолӣ шунидам, ки мегуфт: «Дар роҳибозгашт аз Ҷурзон дучори роҳзанон шудем. Абубакри чун шерози (пофишорона-А-Ш.) гуфт:

Баргард, вагарна кушта хоҳи шуд. Ўро гуфтаи: Туро ба он кас, ки аз вай умед Эйманӣ (беховфӣ; эминӣ-А.Ш.) дорӣ савгану медиҳад, танро ҳамон айбони (ҳалтаи чармини сафорӣ А.Ш.).таъминҳои (шарҳ, тафсир-А.Ш.) маро пас диҳед, зеро онҳо чизе нест, ки шуморо ба кор ояд.Пурсид:Таъминҳои ту чист? Гуфтаи: Дар он айбон дастнавиштаҳое аст, ки барои шунидану навиштан ва донистани онҳо ранҷи сафари дароз бсёр худ ҳамвор кардам. Сардастаиайброн хандид ва гуфт: Чӣ гунна ба донистани онҳо шубҳа мекунӣ, дар ҳолеки чун мо онро аз ту гирифтаем дониши хешро аз даст дадӣ ва беи лм шудӣ!Он гоҳ ба яке аз ёронаш фармон до два айбони маро кас доданд.

Ғаззолӣ гўяд: Ин айёр маломатеро буд, ки худованд вайро ба сухан овард, то маро дар кори донишомўзӣ роҳнамо шавд. Чун ба Тўс расидам се сол ба тааммул ва пажўҳиш пардохтам то ҳама таълиққаро ба хотир супурдам ва чунон шудам, ки агар бори дигар дучори раҳзанон шавам аз дониши андухтаи худ бенасиб намонам.

Пас аз баргаштан ба Тўс Ғазолӣ қисми зиёди вақти худро ба он сарф кард то ёддошту навиштаҳои худро, ки аз мактаби Имом Абунаср ба даст оварда буд таҳлилу баррасӣ намуда, пурра ҳифз кунад. Гарчанде ки ин кори саҳл набуд, вале нобиғаи Ғаззолӣ имкон дод дар муддати се сол тамоми навиштаҷоти худро аз бар намояд. Баъд аз ин дар соли 1080(437 ҳ.қ.) озими яке аз марказҳои бузурги илмиву адабии Хуросон шаҳри Нишопур гардид. Вай дар назди яке аз уламои маъруфтарин он давр Имом ал-Ҳарамайн Абулмаъолии Ҷувайнӣ ба ҳайси шогирд ба таҳсили илмҳои ҷадвал (баҳсу мунозира), хилоф, калом ва фалсафа шурўъ намуд.

Абдумаъолии Ҷувайнӣ аз ҷониби вазири давр Низомул-мулк ба ҳайси роҳбари Низомияи Нишопур таъин гардида буд. Вай илоҳиётишиносӣ бузурги шофеӣ маҳсуб мегашт, ки Эълон доштани ашъария ҳамчун равияи расмии дарборӣ Низомулмулк ба номи ў вобастагӣ дошт. Ҷувайнӣ тавассути вазири суннимазҳаб Туғралбек, ки ҷонибдори равияи ҳанбалия буд, мавриди тазъиқ ва шиканҷаҳои зиёде қорор мегирад, зеро Туғралбек таълимоти ашъарияро ба мисли ғояҳои машшоия ва мўътазалӣ ноустувор медонист. Аз ин рў, баъд аз чанде Ҷувайнӣ иҷборӣ бо баҳонаи ҳаҷ баМакка сафар мекунад ва он ҷо мемонад. Пас аз чанде иқомат ва фаъолият дар Ҳичоз ба вай унвони фахрии Имом ал-Ҳарамайнро ато менамоянд. Сипас, баъд аз ба сари тахт нишастани Алп Арслон бо хоҳиши Низомулмулк ўро дубора ба ҳайси роҳбари мадрасаи Низомияи Нишопур даъват менамоянд ва дар ин вазифа то охири умри худ, яъне то соли 1085 боқӣ мемонад.

Гарчанде ки Ҷувайнӣ бо суфии машҳури давр Кушайри (соли вафоташ 1074), ки мехост анҳои заруриро бо тамоми нозуки ҳои онҳо аз ба намояд.Ў ҳанўз беш аз бисту ҳашт сол надошт, лекин дар тамоми фанҳои мавҷудаи замони худ, аз қабили:адабиёт, фиқҳ, усул, ҳадис, калом, ҷадвал, хилоф ва ғайра ба маънои аслиаш устод гардид. Ҳатто кор ҷое расида буд,ки ў дар баъзе аз илмҳо аз устодаш бартарии зиёде пайдо намуд ва ба қавли баъзе тазкиранависон Ҷувайнӣ дар ботин ба Ғаззолӣ рашки бузург дошт.Ҳангоме ки Ғаззолӣ асари«Китоб ул-манхул»-ро навишта, ба устодаш Ҷувайнӣ пешкаш намуд, вай дар ҷавоб изҳор дошт, ки «гарчанде ки ҳоло ман зиндаам, лекин ту маро нест намудӣ. Чаро ту сабру бурдбориро пеша накарда, марги маро интизор нашудӣ?».

Баъд аз марги Абулмаолии Ҷувайнӣ дар соли 1085 (478 ҳ.қ.) Ғаззолӣ ба даъвати вазири даргоҳи Салҷуқиён Хоҷа Низоммулки Тўсӣ (соли ваф

485ҳ.қ.) дар маҳалле бо номи Аскар, дар наздикии Нишопур қарор дошт, ба хидмат шурўъ намуд. Низомулмулк ҳамчун шахси олим ва шахси маърифатпарвар дар атрофи худ уламо ва шахсиятҳои бузурги даврро ҷамъ намуда буд ва Ғаззолӣ низ ҳамчун шахси бо фазлу дониш дар дарбор ба баҳсу мунозира пардохта, ба мухолифони ақидатии хеш пирўз гашт. давлатдорону уламо ва донишмандони замонааш гардид. Низомулмулк аз нерўи дониш ва ҷидолҳои илмии Ғаззолӣ ба ваҷҳ омада ба ў лақабҳои Ҳамин фазилату донишварӣ ва зеҳни тези Ғазолӣ буд, ки чанде нагузашта овозаю суфияро бо мазҳаби суннӣ оштӣ бисозад, робитаи мустаҳками дўстӣ дошт, лекин ҳамчун пояи дини давлатӣ ва ашъария қадрдонӣ мегашт. Ғаззолӣ низ ба Ҷувайнӣ эҳтироми зиёд дошт ва таи панҷ соли таҳсил таҳти роҳбарии вай аз сирру асрори бисёр илмҳо бохабор гардид.

Агар чи дар байни шогирдони Ҷувайнӣ шахсиятҳои бузургу бомаърифати давр, аз қабилаи Киёӣ Ҳаросӣ ва Абдул Музаффари Хавофӣ қарор доштанд, аммо Ғаззолӣ тавонист дар муддати донишомўзии худ ф шўҳрати ў дар олами ислом паҳн шуд ва номаш забонзади «Зайниддин»(накуиву зинати дин) ва «Шараф-ул аимат»(шарафи имомон) сарфароз намуд. Ў ҳамеша ҳимоятгар ва пуштибони Ғазолӣ буд, ҳатто бисёр корҳои давлатиро ба ў водор мегузошт ва аз машваратҳояш истифода мебурд.Ҳамин буд, ки Ғаззолиро ба ҳайси сафири султони давр МаликшоҳиСалчуқӣ ёд карда, хотирнишон ва аз вай ба Исфаҳон ва Бағдод иқболҳо дид ва чанд бор миёни Султон ва Амирралмўъминин ва расул буд дар корҳои бузург».

Баъд аз шаш соли хидмат дар даргоҳи Маликшоҳи Салҷукӣ соли 1091(484ҳ.қ.)Хоҷа Низомулмулк Ғаззолиро ҳамчун мударриси«Низомия»-и Бағдод, ки яке аз мартабаҳои олии илмии замона маҳсуб мегашт,таъин намуд. Мувофиқи ривояти Ибн ал-Ҷавзӣ

дар «Ал-мунтазам» Ғаззолӣ дар соли 1091(484ҳ.қ.) аз Тўс ба воситаи роҳи Исфаҳон раҳсипори Бағдод мегардад. Замоне, ки Ғаззолӣ ба курсии тадриси Низомияи Бағдод нишаст аз умри ў 35сол гузашта буд.

Яке аз шореҳони асари бузурги Ғаззолӣ «Эҳё улум ад-дин» Муртазо

Зубайдӣ дарҷ намудааст,ки Ғаззолӣ «ба соли 484 бо таҷаммули (ҳашамат,дабдаба-А.Ш.) бисёр воридоти Бағдод шуд. Мардуми онҷо мақдамашро ба гармӣ пазиро шуданд ва ба зудӣ забонзади хосу ом гардид. Дар маҳофил аз нубуғи саршор ва дониши бисёраш достонҳо гуфтанд.Ва корвониёне, ки аз Бағдод раҳсипори Шарқу Ғарб мешуданд, барои мардуми ҳар шаҳру диёр аз нубуғу ҳушёрии вай ҳикоятҳо ривот мекарданд, то он ки ҳашомат ва шавкаташ ба пояе расид,ки ҳатто дар амирону подшоҳон ва вазирон асар гузошт ва ононро ба адои эҳтиром ва фурутанӣ водошт»

Вақеан ҳам Низомияи Бағдод яке аз маъруфтарин ва калонтарин марказҳои илмии хилофат маҳсуб мегашт ва дар чунин марокизи маърифат соҳиби иззату эҳтиром гаштан насиби на ҳар донишманд мешуд. Ин даргоҳи илму фарҳанг ба дастуру тавҷҷўҳи хоси Хоҷа Низомулмулк дар соли 459 ҳ.қ. таъсис ёфта буд. Умури идории Низомия дар дасти давлати вақт ва ё сарпарастоне қарор мегирифт, ки онҳо аз тарафи муқаррар мешуданд. Дар мадраса китобхонае бо номи «Хазонат-ул-кутуб» буд,ки китобдори вай, яъне«Хозини дор –ул-кутуб» аз миёни олимон ва адибони бузург интихоб мегардид.

Раис ё ба истилоҳи имрўз ректори Низомия мударриси он мустақиман азҳисоб мерафт, ки аз ҳама мансаби боло буда, номзадии он мустақиман аз чониби дарбори султон пешниҳод ва тасдиқ мегашт. Мударрис дорои чанд нафар муовинон буд,ки онҳо бо номи «мўид» ёд мешуданд.Илова бар ин, як гурўҳ воизоне низ буданд, ки ба ваъзу таблиғ машғул мегаштанд. Ин Низомия 6 ҳазор шогирд дошт, ки онҳо илмҳои фиқҳ, тафсир, ҷадвал, ҳадис, адаб ва ғайраҳоро омухта, ба мартабахои олии илмӣ мерасиданд.Ҳамасола барои сарфи харочоти шогирдон аз тарафи давлат 15 ҳазор динор маблағгузорӣ мешуд, ки ин пули хеле зиёде буд. Барои шогирдони камбизоат бошад харҷи таҳсил пардохта мешуд. Маоши мударрис ва ходимони Низомия нисбат ба дигар коргарони давлатӣ зиёд буд. Масалан, китобдор ҳар моҳ даҳ динор маош мегирифт, ки ин маблағи хеле калон ба ҳисоб мерафт.

Барои пешбурди фаъолияти чунин як органи бузурги давлатӣ донишу таҷрубаи калоне зарур буд, ки на ҳама донишмандон аз уҳдаи он мебаромаданд. Вале Ғаззолӣ бо он бузургии хеш тавонист фаъолияти Низомияро ба дараҷаи олӣ бардорад ва дар паҳлуи дарс, хитоба ва ваъзу мунозира ба таълифу тасниф ва нашри осори худ пардозад.Замони иқомат дар Бағдод, чуноне ки баъдан хоҳем дид, даврони пурмаҳсултарини Ғаззолӣ ба хисоб меравад.

Дар ҳудуди сесад тан аз донишандўзони мадраса аз ҷаҳони илму маърифати Ғаззолӣ бахра мебуранд, ки ҳатто барои қисмати зиёди ташнагони сухани ин донишвар шароити иштирок дар дарсҳояш набуд. Донишу қудрати суханаш овозаву шўҳрати ўро аз доираи Бағдод ба берун бурда, мақоми илмӣ ва рўҳонии Ғаззолиро дар байни донишварону сиёсатмадорни давр ба маротиб зиёд намуд. Ҳамин шўҳрату шаҳомати Ғаззоли буд, ки дар соли 1094(487ҳ.қ.) ў ба унвони Ҳуҷҷатулислом ва устоди баргузидаи Низомияи Бағдод дар паҳлуи дигар бузургони хилофат дар маросими нишасти Ал-Мустаҳзар Биллоҳ 28-умин халифаи Аббосӣ дар маснади хилофати араб иштирок намуда, ба халифаи давр баъият кард.

Гарчанде ки иззату эътибори Ғаззолӣ дар муддати ҷаҳор соли устодиаш дар Низомияи Бағдод баланд буд ва мақоми илмию масаби рўҳонияш забонзади мардум гардида бошад, вале дар охири умри хеш аз ин даврон дар ҷавобияи мактуби Низомуддин Аҳмад ба зиндагии ашрофона ва ҷанҷолии мударрисиаш зикр менамяд, ки «дар Бағдод аз мунозира кардан чора набошад ва аз садоми дор-ул-хилофа имтиноъ натвон кард».

Баъд аз он ки Ғаззолӣ дар Низомия Бағдод ба авҷи шўҳрату эътибор расид ва дар миёни хосу оми хилофат мақоми сазовори хешро пайдо намуд,ў барои худ дарёфт, ки ба ин роҳ наметавон ба осоиши рўҳӣ ва сарзманзили ҳадафи хеш расид. Дар сини 39 солагӣ вориди марҳилаи ҷадиди рўҳонӣ гашт ва ба қавли худаш гирифтори кашмакашии виҷдонӣ ва таҷозуби шахавот» гардид.Шакку тардид ва бесаранчомиҳои хотира дар ҳамроҳи бо рўхи ҷўяндаву муштоқ ба ин ба ин донишвари кунҷков ва гаонсанч даст доданд. Агар чи дар улуми маъмулии замонааш ба пояи бузург расида бошад, вале барои кашфи ҳақикат онҳоро «ҳиҷоби хақоиқ» мепиндошт.

Ба таъбири Ҷалол Ҳумоӣ: «Ғаззолӣ аз солагӣ ба баъд вориди марҳилаи ҷадиде аз зиндагонӣ шуд, ки ба куллӣ бо қисмати собиқааш табоин дошт, таҳаввуле дар рўҳи ў падид омад, ки ҳама чизи ўро иваз кард ва Ғаззолии навзуҳуре ба вуҷуд омад» . воқеан ҳам Ғаззолии«навзуҳуре» буд, ки вуҷуди вай таҷаллигоҳи нури илоҳӣ ва макони ишқи ирфонӣ гардида, дар ҷустуҷуи ватани аслии рўҳи хеш сар ба олами малакути зада буд. Гарчанде аз зану фарзанд, илму мансаб даст кашидан барои Ғаззолӣ кори осон набуд, аммо ин набарди ваҳшатноки дарунӣ дар муддати шаш моҳ, яъне аз моҳи раҷаб то мохи зулқаъдаи соли 488ҳ.қ., тўд каши два ба қавли Атоуллоҳи Тадайюн: «Дилхўраҳо, изтиробҳо ва тўҳмахо вайро сахт ба сутўҳ овард, бемор шуд, дар хона хобид.Гуруҳе аз бадхоҳон вайро савдозада ва иддае девонааш мехонанд . Барои муолиҷаи Ғаззолӣ доруҳо ба кор бастанд, суде надошт. Оқибат Бағдодро раҳо кард ва аз сарному мақому аёл гузашт, бародараш Имом Аҳмади Ғаззолиро ба ҷонишинӣ ва тадрис дар «Низомия»гумошт ва бо як руфақои дарсиаш Абулқосим Ҳокимӣ (соли ваф.529ҳ.қ.) аз Бағдод муҳоҷират кард, ки ў барои Ғаззолӣ танҳо ҳамсафаре буд на ҳамсафари маънавӣ.

Адабиёт.

  1. Бердяев Н.А. О назрачении человека М, 1993.
  2. Зеленкова И.Л.Беляева Е.В.Этика Минск, 2001.
  3. Аристотель Никомахова Этика, Москва., 1984.
  4. Гусейнов А.А. Этика Аристотеля. М., 1984.
0 Загрузки
test

Добавить комментарий