Некӣ ва бадӣ

Некӣ ва бадӣ

Котегорияҳои ахлоқии «Некӣ ва бадӣ», дар шахс нисбат ба амал назарият саҳеҳ ташаккул ёфта, дар бораи маънои ҳаёт ва мақсаду воситаҳои ба даст овардани он тасаввурот пайдо мешавад. Тамоюли баҳодиҳи ва имконияти татбиқи интихоби рафтору амалиётҳоеро, ки барои воқеъ шудани зарурати ҷамъиятӣ нигаронида шудааст, асоснок меноманд. Амалиёту рафтори одамон аз нуқтаи назари ин ё он принсипҳои умумӣ аст ва сарватҳои ҷамъиятӣ мувофиқи қоидаҳои умумӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Аз ин рў, ба ахлоқ ҳам хусусияти маърифатӣ ва пеш аз ҳама хусусияти асоси танзимӣ хос аст. Ягон ҷамъият бе танзими муайяни ахлоқӣ, ки моҳияти он ба сифати нормаҳо беэътироф намудани муносибатҳои маъмул ва аз доираи он берун набаромаданро талаб менамояд, вуҷуд дошта наметавонад.

Ба маънои васеаш калимаҳои некӣ ва бадӣ умуман арзишҳои мусбату манфиро ифода мекунад. Мо ин калимаҳоро барои ифодаи ашёҳои гуногун истеъмол менамоем: «Некӣ»- ба таври оддӣ хуб, «Бад»- ба таври оддӣ чизи бадро дар назар дорем. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ маънои аввали калимаи «Некӣ» бо чиз таъмин будан, моликият сипас ҳамчун чизи зарур, мувофиқ ва танҳо баъд «ба маънои маънавияш» ҳамчун бовиҷдонии манфиатнок, ба ўҳдадориҳои одам шаҳрванд, соҳиби оила мувофиқ омадааст. Ҳамчун сифат ҳам дар луғат калимаи «нек»-ро пеш аз ҳама бо ашё чорво ва баъд ба одам мутааллиқ мекунад. Ҳамчун хусусияти одам «нек» дар ин луғат бо «коршоям», «корбудкунанда», «тавоно» ва ғайра мебошад, сипас ба маънои «дўстдошта», «накўӣ», «нармдилӣ» омадааст. Дар аксари забонҳои муосири Аврупо барои ифодаи неъматҳо ва неъматҳои маънавӣ як калима истифода мешавад, ки барои андешаронии ахлоқию фалсафӣ дав мавриди умуман хубӣ ва он чизе, ки худ ба худ некӣ аст, маводи фаровон медиҳад.

Ҳангоми ташаккули шуури инсонӣ дар таърихи фалсафа ва илми ахлоқшиносӣ, новобаста ба боқӣ мондани ягонагии мафҳуми («Аспи хуб», «кори хуб», «амалҳои нек», маъқул донистан) фарқият дар фаҳмиш маъноиистифодабарии калимаи «некӣ» ва мутлақаш мебошад. «Нек дар як маврид хубӣ аст, ё ин ки чизи писандида ва нафовар, яъне нисбат ба чизи арзишнок, барои фарди мазкур дар мавриди муайян арзишнок ва ғайра.

Некӣ ба маънои дуюми мутлақаш фаҳмиши ахлоқӣ, этикӣ мебошад. Бадӣ бошад чизест, ки муқобили некӣ равона гардидааст.

Некӣ ва бадӣ ҳамчун мафҳумҳои ахлоқӣ ба қалб ва таҷруботи рўҳии худи одам алоқаманд мебошад ва ба воситаи ҳамин таҷруби мавҷуд мебошанд. Uолибияти некӣ ва мубориза бо бадӣ маҳз бо роҳи қудрати рўҳии одам дастёб мегардад. Ҳар чиз ғайр аз одам, қувваҳои беруна бо вуҷуди он ки инсон ба онҳо рўҳи некӣ бахшида бошад ҳам, лекин танҳо ҳамчун усули муқаррарӣ боқӣ мемонад.

Ахлоқи нек ва кирдори хуб сабаби иззат ва обрўмандии инсон буда, мояи ороиши рўҳкаромати нафс, одами озори инсонҳо ва беҳбудии зиндагӣ мебошад. Ахлоқи накў устувории пояи давлат буда, оромии ҷомеа, насли солим, оилаи хушбахт ва даврони беозорро таъмин менамояд. Инсонҳои зиёде ҳастанд, ки ҷуз ахлоқи ҳамидаи дигар чизе надоранд, лекин азизтарини инсонҳо буда, вирди забони ҳар фард мебошанд. Дар ин амал хештаншиносӣ ва созандагиҳои худ, ки асоси тамоми ислоҳот ва дигаргуниҳои ҷамъият мебошад, шабчароғи ахлоқи мо гашта, ҷамъияти дардманди моро сиҳати комил хоҳад бахшид. Биёед мо худ ва нафси худро бишносем, то ҷомеаи худро обод ва оҳанги зиндагиро танинандоз созем. Бузургтарин илм-илми ахлоқро, ки ҳадафи ниҳоии он номаш башарият ва росту растагорӣ аст аз худ намоем.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.