Қарз ва виҷдон

 

Виҷдон (арабӣ дарёфтан, донистан), яке аз категорияҳои асосии этика, дарки масъулияти маънавии шахс дар назди дигарон ва ҷамъият. Дар ҳаёти ҳаррўза Виҷдон дар қаноатмандии маънавӣ ва ифтихор аз рафтори шоистаи худ (виҷдони пок), ё ҳисси норизогӣ аз рафтори ноҳақ, нораво ва номуносиби худ («Азоби виҷдон») зоҳир мешавад. Файласуфони антиқа худшиносиро сарчашмаи муҳокимаҳои ахлоқӣ дониста (Суқрот), Виҷдонро ҳамчун сифоти табии одамон ва меъёри олии рафтори инсон (Демокрит) меҳисобиданд. Ҷалолудини Давонӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш виҷдонро аз сифатҳои олии фард донистаанд. Аз рўи фаҳмиши метериалистони асрҳои 17-18 (Локк, Спиноза, Гоббс ва ғ). Виҷдон ба муҳити беруна вобаста аст, бинобар он Виҷдон дар натиҷаи тарбияи шахс тағйир хоҳад ёфт. Ахлоқи идеалистӣ виҷдонро бе муҳити беруна вобаста накарда хислати модарзодӣ ҳисоб мекунад (И. Кант, И.Р. Фихте, Ж.П. Сартр). Ба муҳити беруна ё нуфузи шахси ҷудогона тобеъ шудан бар хилофи виҷдони худ амал кардан аст. Виҷдон аз як тараф ба шароити иҷтимоии тарбия ва ҳаёти инсон аз тарафи дигар ба хусусиятҳои фаъолият ва эътибори шахсии вай вобаста аст. Аз ин ҷо виҷдон дар як вақт ҳам шахсӣ ва ҳам ҷамъиятии одам дар амалиёти худ ҳамеша ба садои ботинии виҷдон гўш медиҳад ва дар Айни ҳол маҷбур аст муҳити берунаро Қарз.

Нормаҳои ахлоқӣ рафтори инсонро муайян мекунанд. Ин аз он вобаста нест, ки инсон онҳоро барои фоидаи худаш дар кирдору амалиёташ истифода барад. Ин арзишҳо чунон сурат мегиранд, ки дар охир ба иродаи инсон таъсир мерасонанд. Нормаҳои ахлоқӣ ҳалли худро дар фаъолияти амалии инсон меёбанд. Ба нормаҳои ахлоқи риоя кардаи ҳам қарз (ўҳдадорӣ) дониста мешавад. Иҷро накардани ин қарз (ўҳдадорӣ) маломат карда шуда ва аз тарафи виҷдон азоб дода мешавад.

Қарз- яке аз катигорияҳои ахлоқ; мубаддалшавии талаботҳои ахлоқӣ, ки ба ҳама як хел дошта, вазифаи шахсии фарди конкретӣ, ташаккулёбии вазъияту ҳолати вай, ки дар ин вақт қарор дорад. Агар дар талаботҳои ахлоқӣ муносибати ҷомеа ба аъзоёни он равона карда шуда бошад, қарз бошад- муносибати шахс (фард) ба ҷомеа мебошад.

Шахсият дар ин ҷо ҳамчун барандаи фаъоли ўҳдадориҳои муайяни ахлоқӣ дар назди ҷомеа (субъект) баромад мекунад, ки дар навбати худ ҷомеа инро дарк карда истифода мебарад. Катигорияи «қарз» бо дигар катигорияи ахлоқии некӣ, накўкорӣ, хайрхоҳӣ, ўҳдадорӣ, ҷавобгарӣ, виҷдон ва ғ. зич алоқаманд аст. Қарз – ин аз тарафи шахс дарк кардани иҷроиши бевоситаи он чизе, ки дар ахлоқи ҳамида дарҷ ёфтааст. Қарзи инсонӣ- ин берун набаромадан аз накўкорӣ, некӣ кардан ба дигарон ва роҳ надодан ва бадию бадахлоқӣ мебошад. Агар ин мазмуннокии қарз ба назар гирифта нашавад, қарз ҳамчун маҷбуркунӣ фаҳмида мешавад. Аз нуқтаи назари психологӣ дар ҳақиқат қарз ҳамчун дарки зарурати иҷроиши амалиёт фаҳмида мешавад. Ба ғайр аз ин ин дарккунӣ ботинӣ сурат гирифта зоҳиран ба вуҷуд меояд. (аён мегардад).

Қарз – ҳамчун танзимгари ифодагарии фардӣ хоҳ дар қоидаҳои иҷтимоӣ ё принсипҳои умумии маданият ҳамчун мағлубкунандаи шахсият баромад мекунад.

Талаботҳои ахлоқӣ аз тарафи шахс мумкин аст, ҳамчун «қарзи асосӣ» дарк карда шавад, аммо вай метавонад танҳо дар шакли тавсия ё умедворӣ пешниҳод шавад. Ин аз характери ахлоқ вобаста аст, ки аз чизҳои манъшуда бар меояд. Қонуну ҳуқуқ бошад маҷбурӣ аст.

Чораҳои ахлоқӣ бошад характери идеалӣ дошта онҳо ба инсони озод ва субъекти боақл равона карда шудаанд. Шуури қарзи ахлоқӣ ин фаҳмиши ҷузъи ҷудонашаванда чизест дар худи инсон, аз як чиз гузашт карда тавонист, бар зидди худ истодагарӣ карда тавонистан мебошад.

Муқобили худ истодан ё бар зидди хоҳиши худ баромад кардан ин албатта худмаҷбуркуниро талаб мекунад.

Талаботи қарз худбаҳодиҳӣ аст. Ин дар он инъикос меёбад, ки инсон қарзашро иҷро карда истода бо ҳамин новобаста будани худро аз нормаҳои ахлоқӣ ва қоидаҳо нишон дода бо ҳамин қарзашро иҷро карда бартарияти қарзро аз тарсу ҳаловат ва манфиатҳои шахсӣ нишон медиҳад. Дар иҷроиши қарзи ахлоқӣ инсон худмухтор буда, бе ягон маҷбуркунӣ ва фишор онро иҷро мекунад, гуё ки ин талаботҳои ахлоқиро худаш таҳия карда аст. Ҳамаи маҳдудиятҳое, ки инсон бо хоҳиши худ қабул мекунад, амалиёте, ки иҷро мекунад танҳо мазмуни ахлоқӣ дорад, ки ҳақонияти ўро мефаҳмонад.

Адабиёт.

  1. Зеленкова И.А., Белоева Е.В.Этика Минск 2001.
  2. Авесто. ЭСТ. Душанбе ч.1. 1987.
  3. Этическая мысль Москва, 1992

 

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.