Бахту саодат

Бахту саодат

Хушбахтӣ – ин, эвдемония (Cиdоi тон) Худо-айнан дар бораи тақдири инсон сухан меравад, ки дар таҳти Худованд муҳофизат аст. Ҳамин тавр дар забони русӣ ҳам калимаи хушбахтӣ яне нисори решаро дорост, ки ғайр аз дигарҳо «тақдир», «мулк» бармеояд (ин хело осон дида баромада мешавад, дар калимаи қисмат). Дар аввал хушбахт будан ва бояд мефаҳмӣ, ки чӣ хел дар таҳти қувваи баландтарини меҳрубонӣ, ҳастӣ омади кор будан, ошноӣ кардан дар хушбахтӣ. Ҳамин хел яке аз «оммавитарин» фикр нисбатан ба хушбахтӣ- ба монанди омади кор, «ҳодисаи хушбахтона» ё ин ки «тақдир». Азбаски хушбахтӣ ба монанди омади кор яъне «ҳодисаи хушбахтӣ» ё ин ки «тақдир будааст», ҳамин тавр аз одам вобаста нест, гарчанде, ки ў ҳокимият дошта бошад ҳам, фарз мекунем, ки касе соҳиби тасаввуф шуда метавонад (ё ин ки аълосифат), қобилияти таъсиррасонӣ ба воқеаро дигар кунад: ин он чизест, ки касе наметавонад таъсир расонад (агар таҳти воқеаро нафаҳмад «ба вуҷуд овардан»). Аристотел аз болои ин назорат карда аҳмият дод, ки на ростгў, на далер ва на неккирдорро бароркор гуфтан мумкин нест, азбаски ҳақиқат ва далерӣ ба монанди дигар накўкорӣ аз кўшиши худи инсон вобаста аст.

Ба ақидаи Арасту саодати инсониро ба шарте ҳосил мекунанд, ки касс саъй кунаду риёзот намояд. Саодати инсонӣ гуногун мебошад. Масалан фақир саодати хешро дар сарвату боигарӣ, мариз дар сиҳату саломат шудан, хидматгор дар ҷобу салтанату мартаба, бадахлоқ дар имкон ёфтани шаҳваташ, ошиқ дар зафар кардан бар маъшўқ, фозил дар пурра кардани фазилаташ мебинад. Саодат ба туфайли чор фазилат ҳосил мешавад.

Инсон соҳиби фазилати рўҳонӣ буда, ба арвоҳи тайибае, ки малойка номида мешавад, мансуб аст. Инчунин вай соҳиби фармони ҷисмониес, ки ба ҳайвонҳо нисбат дорад, зеро аз ҳардуи он яъне фазилати рўҳонӣ ва ҷисмонӣ таркиб ёфтааст. Инсон бо ҷузъи ҷисмонии худ муддати кутоҳе дар ин олами сифлӣ муҳим аст, то онро обод кунаду ба назму тартиб дароварад. Агар бо ин мартаба ба камоли худ зафар ёбад ба олами улвӣ интиқа мекунад ва дар он олам, дар суҳбати малойкаҳо ва арвоҳи таиби доими ба абадӣ мемонад. «Саодат ниҳояти ҳамаи хайрҳо ва бахти онҳост». Саодат на фақат дар афъоли инсон ва тасоруффоти ў, балки дар чизҳои сохташуда олот дар табиати бадану узвҳои мутаҳаррики он инчунин дар талаботи нафс ва хосиятҳои ҳосил реша дорад.

Муҳаббат ва садоқат

Муҳаббат дар тазрики илми ахлоқу фалсафа мавқеи муайяне дорад мафҳуми муҳаббат – ҳамчун тасаввурот, аз ибтидо дар тафаккури ахлоқии онҳо ба вуҷуд меояд. Муҳаббат зи худ ҷаҳди одамонро барои дар ҷамъият барқарор кардани ахлоқи аслии онҳо ва барҳам додани тарафҳои акси манфиатҳои шахсиро ифода мекунад.

Дар таърихи афкори ахлоқии уламои форсу арабзотон дар қатори дигар падидаҳо катигорияҳои муҳаббат ва садоқат низ ҳолу фасли худро ёфтаанд.

Ба ақидаи мискавайҳ, ҳузури муҳаббат ва саодат дар он аст, ки инсон аз рўи табиати худ ба шахси дигаре муҳтоҷ аст. Фарди алоҳида камолу саодати худро ба василаи ҳамнавъонаш ба даст меорад, Яъне эҳтиёҷмандӣ якеро ба дигаре наздик мекунад. Чунки инсон дар танҳоӣ ноқис буда қодир нест, ки камоли худро таҳаққуқ бахшад. Пас ҳамин ҳоҷатмандӣ як омили табииест, ки одамони гуногунро якҷояву муттафиқ намуда, қувваю малакаи онҳоро барои иҷрои корҳои манфиатнок равона месозад.

Муҳаббату саодати сохтакорона ба онҳое монанд мебошад, ки дирами қалбакӣ месозанд. Муҳаббати сохта бо тезӣ барҳам хўрда зуд фосид мегардад. Динори қалбакӣ низ бо зудӣ маълум мешавад. Сохтакорӣ дар ҷомеа анвои муҳаббат мавриди мазаммат аст. Шахси оқил ҷамеи корҳоро бояд чунон иҷро кунад, ки гўё барои худаш мекарда бошад.

Садоқат аслан шакли муносибатҳои дутарафаи одамон буда, ба рафоқат наздик аст, вале он бештар дар доираи алоқаҳои шахсӣ зоҳир мешавад. Садоқат дар асоси муносибатҳои наздик, фаъолияти якҷоя, умумияти мансадҳо, ақидаҳо, таманноҳо ва дарки муҳит ба вуҷуд меояд. Муносибатҳои содиқона дар алоқаҳои мустаҳками байни одамон, дар рафти кору зиндагии рўзмарраи онҳо, дар ёрии байниҳамдигарӣ, якдигарро тарафдорӣ кардан, фаҳмиши дурусти тарафайн, ҳамдардӣ эҳтиром, боварӣ ва амсоли он ифода меёбад. Фарди хушбахт ҳамон касест, ки дустони зиёд дошта, барои онҳо кори хайр кунаду ҳамроҳашон он чиро дар танҳоӣ иҷро карда наметавонад иҷро кунад, бо онҳо лаззат барад ва онҳо аз ў лаззат баранд.

Дўстони наздик аз рўи иззати худ на бояд зиёд бошанд, зеро онҳо беҳад маҳбубанд. Муҳаббати ҳақиқӣ дорои нисбат ба як кас шуданаш мумкин аст. Аммо ҳусни муошира икром ва саъю кўшиш дар муомила ба ҳар як шахси фозил зарур аст. Шахси фозил бо дигарон садоқати ҳақиқӣ надошта бошад ҳам, дар аснои муошират ва муорафа чун дўст амал мекунанд.

Мискавайт бо Арасту пайравӣ намуда мегўяд, ки инсон ҳам дар ҳолати хурсандӣ ва ҳам бадбахтӣ ба дўст мўҳтоҷ аст. Дар норасоӣ ба ёриҳо мадади дўстон ва дар хушқавлӣ ба муонаса эътиёҷ дорад. Ҳеҷ як инсон гарчанде дунё бо ҷамеи зебоиҳои худ ба сўи вай майл кунад ҳам, бехайрхоҳӣ умр ба сар бурда наметавонад. Нигоҳ доштани садоқат ва дўстӣ кори мушкиле ҳаст, ки Суқрот дар ин бора сухане мегўяд, ки қадри хайрхоҳӣ хатари борҳои хўрдани он аз тамоми «Ганҷи Қорун»-у ҷамеъи ҳамаи боигарии шоҳон ва маҷмўи ҷавоҳироти курраи замин, он чӣ дар баҳрў бари дунё ҳаст, он чӣ ки одамон мекоранду месозанд ва соири боигарӣ болотар буда, ба формати хайрхоҳӣ баробар шуда наметавонанд. Зеро ин чизҳои ишоракарда ҳангоми ба муносибате дучор шудани дўст манфиате расонида наметавонанд. Ҳамаи ин амал дар муҳиме ё садоқате ҳеҷ гоҳ мақоми дўстро ба ҷо намеоранд.

Адабиёт.

  1. Бердяев Н.А. О назрачении человека М, 1993.
  2. Зеленкова И.Л.Беляева Е.В.Этика Минск, 2001.
  3. Аристотель Никомахова Этика, Москва., 1984.
  4. Гусейнов А.А. Этика Аристотеля. М., 1984.
test

Добавить комментарий