Этикаи касбӣ ва амалӣ

Этикаи касбӣ ва амалӣ
 Масоили ахлоқи амалӣ ва назариявӣ

Илми ахлоқ қисми фалсафаи амалӣ буда, аз қадимтарин соҳаҳои маърифати инсонӣ мебошад. Фалсафаи назарӣ муқаддима ва танзимбахшандаи он аст. Ахлоқу одаб моҳиятан аз донишу маърифат фарқ дошта тарафи дарки дигари ҳақиқат мебошанд. Илм ба қавли Арасту, моҳияти ашёро мефаҳмонад ва ба он Ашё чӣ тавр муносибат карданро меомўзад.

Ахлоқ ба назарӣ ва амалӣ ҷудо мешавад. Ахлоқи назарӣ ғояту ғарази фаъолияти одамӣ ва усули куллиро, ки бар рафтори инсон ҳукмфармо ҳастанд, мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Ахлоқи амалӣ бошад барои дар амал татбиқ кардани он усул таваҷҷўҳ дорад, яъне аз ҳуқуқ ва махсусан аз хайру такаллуфи одамӣ баҳс мекунад. Инчунин илмест, ки ба воситаи он ҳолати нафс аз ҳайси моҳият, табиат сабаби мавҷудот, манфиати мавҷудият, вазифа, хоҳиш ва амали он фаҳмида мешавад. Он қисми фалсафаи инсонӣ буда, дигар қисмҳо ҳолати вай мебошанд.

Фалсафаи назарӣ дар навбати худ, муқаддима ва тайёрии пешакӣ барои вай аст. Илми ахлоқ аввалин чизест, ки дар роҳу рафтори башар эҷод мегузорад. Барои ҳосил кардани хулқе, ки афъоли аз он содиршаванда ҳама зебою орӣ бошанд, аввалан мо бояд нафсамонро донем, ки он чист ва аз кадом чиз аст? Яъне камолу ғоят ва қувваю малакаҳои нафсро донему ҳангоме аз он ба таври даркорӣ истифода бурдан ба мартабаи олӣ болиғ шавем. Дар инсон нафс чизе ҳаст ва он на гўшу на ҷўзъе аст ҷисму на ароз аст, дар ҳолати мавҷудияти худ ба ягон қувваи ҷисме муҳтоҷ нест. Он ҷавҳари ба сити ғайри махсусест, ки ба ҳисҳо дарк карда мешавад. Нафс ба табдилу тарғиб роҳ надода, ҷомеи ашёро баробар дарк менамояд, дучори мондашавӣ ва нуқс намегардад. Нафс на ҷисму на араз аст, зеро араз аразеро ҳомил нест, чунки араз ҳамеша дар худ маҳмул буда, дар ғайри худ мавҷуду дар зоти худ қивон надорад. Аммо ҷавҳар ободию ҳомили томи комилтар дар ҳалли аърози аҷсом мебошад. Нафси оқила дар мабодии афъоли худ хатоҳҳои зиёди ҳисро дарк намуда ба онҳо ҳукми худро мебарорад. Аз ин сабаб, чашм ҳар он чиро ки аз наздик ё дур бинад, ба хато роҳ медиҳад. Хатои чизи дур масалан, дар дидани офтоб зоҳир мешавад, ки чашм онро ҳамчунон як ҷисми хурд дарк мекунад. Хатои қариб бошад, нури офтоб аст, ки ҳангоми аз суроғҳои чоркунҷаи хурд гузаштан, чун нури восил ба назар мерасад. Чашм ҳамин гуна хатоҳоро дар ҳаракати моҳ, абрҳо, киштӣ ва амсоли онсодир мекунанд. Умуман, нафс тасдиқ ё такзипро ба воситаи ҳис муайян намекунад. Инчунин агар фаҳмад, ки дар ҳақиқат маъқулоташро дарк кардааст, ин донишро ба воситаи илми дигар ба даст намеорад, чунки агар он донишро аз илми дигаре донад, дар он сурат ба чунин илм эҳтиёҷ намеоранд, зеро ақл, ақил ва маъқул як чизанд. Аммо эҳсосҳо бошанд, зоти худро ҳис намекунанд. Нафс ҷисм набуда, ҷузъе аз ҷисму ҳолате аз аҳволи ҷисм нест, балки он чизи дигарест, ки бо ҷавҳару иҳкому хосиятҳои худ аз ҷисм фарқ дорад. Нафс ба се қисм – нотиқа, шаҳвонӣ ва ғазабия ҷудо мешавад, ки ин қувваҳо аз якдигар фарқ доранд. Агар якее қавӣ шавад, ба дигараш зарар меоварад ва мумкин аст, ки яке феъле дигареро ботил кунад

Қувваи нотиқа – ҳамоне аст, ки моликия номида шуда, олате, ки нафс онро дар бадан истифода мебарад, димоғ аст. Қувваи шаҳонӣ – ҳамоне мебошад, ки баҳимия номида шуда, олоте, ки нафс онро дар бадан истифода мебарад, ҷигар аст. Сеюм қувваи ғаззабӣ – буда, онро қувваи сибоия меноманд. Олоте, ки нафс онро дар бадан истифода мекунад, қалб аст. Илме, ки нафси инсонро меомўзад бояд, ки ашрофи тамоми санъатҳро ва икрами онҳо бошад. Инсон чун шарифтарин дар сурате шинохта мешавад, ки вобаста ба ҷавҳараш феъле содир кунад. Вагарна ба аспе табдил меёбад, ки феъли аспӣ надораду чун хар истифода мешавад.

Ахлоқ як ҳолати рўҳии ғайритобиӣ буда, минбаъд дар нафс ба тариқи тадриҷӣ сурат мегирад. Фазилатҳои ахлоқӣ аз дигар улум болотар буда, меъёрҳои он аз ҷавҳари инсонӣ вобаста аст. Нафси нотиқа шарифтарин нуфузе буда, дигар қувваҳо бояд, ки тобеи ин бошанд, зеро инсон маҳз бо фазилати нафси нотиқа аз дигар баҳоӣм фарқ мекунад.

Ахлоқ ба воситаи ақли шахс ба вуҷуд меояд ва ба андешаву ҷаҳони ботинии вай робитаи мутақобила дорад. Ҳар як андешаи инсон ё барои фаъолияти амалии ў, ё барои эҷоди чизе ва ё барои фаъолияти назариявӣ равона гаштааст. Яъне инсон тавассути мафкураи хеш дар фаъолияти худ роҳи дурустро интихоб менамояд, ки дар асоси дониш ва таҷриба сурат мегирад. Дар фарқият аз ҳикмати назарӣ, ки маърифати ҳақиқат ҳадафи ниҳоии вай мебошад илми ахлоқ донишу таҷрибаро барои ба даст овардани мақсади ахлоқии инсонӣ ҳамаҷониба истифода менамояд, яъне ҳадафи ниҳоии тафаккури инсон маърифати холӣ набуда, балки устуворандешӣ ва санҷидагии гуфтору рафтор дар шароити хосу муайян мебошад. Инсон на танҳо дар бораи фазилат донад, балки худ дорои фазилатҳои хуби инсони бошад ва тавассути онҳо бо разилатҳои нафсӣ мубориза намояд.

Ба ҳамин тариқ ахлоқ дониши амалӣ буда, дар он назарияҳо ва ақидаҳо амалӣ гашта барои идораи кирдор, рафтор ва гуфтори инсон матраҳ мегардад. Умуман фард аз ахлоқ ва аниқ аз фард ҷудо вуҷуд дошта наметавонад.

 Ахлоқи касбӣ

Аз мафҳумҳои умумии ахлоқ як силсила хусусиёти он ҳамчун омили амалии фаъолияти инсон ва ҷомеа берун меоянд. Аввалан ахлоқ ҳамчун шуури амалӣ ва таҷрибавӣ мадди назар гирифта мешавад. Умуман зиндагӣ кардан бидуни моҳият доштани инсонӣ ғайри имкон аст. Моҳияти зиндагӣ бо дарки зиндагии мувофиқат ин худ ахлоқ аст.

Бо ахлоқ будани инсонро метавон дар моҳияти уҳдадор будани ў қабул кард. Албатта, ахлоқ берун аз он чаҳорачўбае, ки инсон мадди назар дорад вуҷуд надорад, вале ҳар касе мекўшад ба он омада расад. Ҳангоме касе мегўяд, «дурўғ нагу», вале худ дуруғгўй аст, дар ин ҳол ў на дар бораи он чизе мегўяд, ки гуфта бошад.

Ин ҳамон гунае номумкин ва бемаънист, мисле, ки агар одам бо ангуштони луч мехоҳад қабзаи о ҷамъ кунад ва дар айни ҳол медонад, ки ин амал ба ў чӣ таҳдид дорад. Тасдиқи мафҳуми дурўғ «нагў» дар ин маврид шакли тағйирёфтаеро ба худ касб кардааст, ки маънои он дигар буда, пушти парда чизи мавҳуме пинҳон аст. Фаъолияти ахлоқан тасдиқшударо метавон амалӣ ахлоқӣ шуморид ва қабул кард, зеро танҳо вақте, ки кас худ амали некеро анҷом медиҳад то ин ки барои худ аз он истифода намояд. Ҳақиқати ахлоқ ҳангоме, ки ҳадафи ахлоқиро бо муқаддасот мушобеҳ мекунад ба муассирияти он мувофиқат менамояд. Умуман муқаддасот хусусияте дорад, ки мувофиқи он ба риоя накардани амалиёт роҳ намедиҳанд. Аз гуфтаҳо ва фармудаҳои шахси муқаддас наметавон сар печид. Дар мавриди шахси муқаддас наметавон ба таври содда фикр кард ва зарофатгўӣ намуд. Зеро гуфтаҳое, ки ба шахси муқаддас вобастаанд, дар қалби инсон кандакорӣ мешавад.

Дуюм ахлоқ бо кадом як соҳаи махсус ва ё ҷанбаи хоси ҳаёти инсонӣ ва иҷтимоӣ маҳдуд нахоҳад гашт. Масалан, дар муносибатҳои меҳнатӣ, ҷинсӣ, оилавӣ, касбӣ, динӣ ва ғайраҳо. Он тамоми гуногуншаклии ҳастӣ ва мавҷудияти инсонро фаро мегирад. Дар ҳома маконе, ки инсон ҳамчун инсон, ҳамчун мавҷуди озоди бошуур амал мекунад, ахлоқ мавҷуд аст.

Сеюм, ахлоқ заминаи ҳадди аксари ҳаётии инсонӣ буда, на ҳамчун ҳолат, балки ҳамчун вектори ҳаёти бошууронаи ў зуҳур менамояд. Воҷиб буданро набояд ба ҳолати ҳастӣ муқобил гузошт. Он шакли махсуси инсонӣ аст. Дар воҷиб будан он лаҳзае, ки ахлоқ ҳаргиз наметавонад амалӣ шавад тасбиатнома ёбад. Дар он кўшишҳои амалисозии ахлоқ тасбият меёбад.

Воҷибият ҳамон усули махсуси мавҷудияти ахлоқ аст. Он маънои зарурияти бедории доимии ахлоқиро дорад.

Чоҳорум, ин ки ахлоқ маҷмўи комил нест наметавонад дар чаҳорчўбаи кадом як талаботи мушаххас ва мусбат ҷой гирад. Азбаски ахлоқ ҳаёти инсонро ҳамчун мавзуулниҳоӣ дар дурнамои беҳудуд баррасӣ менамояд ва худи ин дурнамо ҳамчун мабдаи беинтиҳо аст, танҳо нокомии инсон ва дурии онро аз ҳадафи олӣ татбит менамояд. Аз ин рў тақозои ахлоқ ба маънои асл чун тақозо ва беинтиҳоӣ ва мутлақият, бешарту қайд метавонад танҳо манфӣ бошад, зеро онҳо моҳияти мамуниятро ва таҳримҳоро дар худ ғунҷониданд. Ахлоқи ташаккулёфта бигзор ҳатто дар шакли талаботҳои лозима тазоди мантиқиёт аст, ки шабоҳати беҳудудро мегирад.

Шахсияти инсон беш аз он аст, ки ў дар борааш чизе медонад. Инсон аз ибтидои офариниш хударзиш аст. Аслан, шахсияти инсонро ҳамчун мавҷуди аз нигоҳи ахлоқӣ масъул муаян намуда, онро мавҷуд ва ё махлуқи дорои моҳияти хударзиш ва эҳтироми арзанда муайян кардаанд.

Андешае, ки дар асоси он ҳатмияти бечунучарои талаботи ахлоқ дар тақозои тасдиқи хударзиши шахсияти инсонӣ зоҳир мегардад, дар таърихи фарҳанги мо бо маноҳои гуногун фаҳмида мешавад. Масалан дар баъзе ҳолатҳо ҳамчун муҳаббат ба Офаридгор, ба уммаи мусулмонон ба хешу наздикон бародарии одамон якдилии онҳо, иззату икром нисбат ба ҳаёт ва офариниш ва ғайра. Вале шакли нисбатан қотеъ ва баробари он ин матни манъи зуроварӣ ва қабл аз ҳама ва аз ҳама муҳим қатли инсон мебошад.

Зуроварӣ бечунучаро хилофи ахлоқ аст, зеро муносиботи ахлоқӣ муносиботе аст, ки амал бо ризоияти тарафҳо содир мешавад, вале зуроварӣ бидуни ризоияти тарафҳо содир мешавад, вале зуроварӣ бидуни ризоияти тарафайн сурат гирифта дар худ амалеро меғунҷонад, ки он барои дигарон норавост ва зидди оне аст, ки ба ҷониби он равона шудааст.

– Ахлоқи экологӣ.

Ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст, ки табиатро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намояд, то мо онро ободу озода ба наслҳои оянда мерос гузорем. Барои ҳамин ҳам масъалаи асосии илмии ҳозира амиқтар омўхтани қонунҳои баҳамтаъсиркунии ҷамъияту табиат мебошад. Моро лозим аст, ки дар ин ҷабҳа зиёдтар амал кунему муфидро анҷом бахшем.

Зиндагии солим бо даъвату шиор –амри воқеӣ намегардад. Аз ин лиҳоз барои рушду нумўъи зиндагии мардуми шаҳр лозим аст, ки на танҳо қонунҳои тартиботи бозаргониро ҷорӣ намоем, инчунин бо талаби замон онро такмил диҳем. Зеро ифлос шудани муҳити атроф на танҳо ба табиат таъсири манфӣ мерасонад, балки инчунин ба ҷамъият низ зарари калони иқтисодӣ меорад.

Ободу кабутизор намудани муҳити атроф на танҳо барои ҳар фард, балки баҳри ҷомеа низ фоидаовар аст. Агар аз як тараф муҳити зистамон тозаву озода ва обод шавад, аз ҷониби дигар дарахту растаниҳои серсабз обу ҳавои муҳитамонро доимо тоза нигоҳ дошта ба табиати диёр маҳалли зистамон боз ҳусну таровати дигар мебошад. Илова бар ин чунин кору рафтори некро наслҳои ҷавон дида ибрат мегиранд. Саҳеҳтар гўем, ободу кабутизор намудани диёр ҳам аҳамияти экологӣ ва ҳам аҳамияти тарбиявӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ин нуқта ҳамеша ва қабл аз ҳама мадди назар аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон далели равшани гуфтаи болост. Президент зимни муроҷиати худ ба мардуми кишвар оиди душвориҳои иқтисодӣ, хароб гардидани табиати дилрабои диёр ибрози назар намуда, зикр карданд, ки: «Тоҷикистон кишвари ҳамаи мову шумо якто ва беҳамтои он ватани гузаштагон, имрўзиён ва ояндаи мост. Биёед сарзамини худро эҳтиёт кунем, ҳар дарахт, ҳар гирду бутта ва ҳар ваҷаб хоки он бояд барои мо азиз бошад…».

Дар воқеъ, ин нуқта бояд раванди бонизомудоимии ҳаётӣ бошад.

Ба ин манзур академик А. А. Флоров навишта буд; «Процесси дигаргунсозии муҳити табиат, агар вай бошуурона, бо назардошти қонунҳои табиат муносибатҳои мураккаби мутақобила биогенсенозҳо ва ҳамаи оқибатҳои иловагию ҷудогона ба роҳ монда шавад, агар асоси онро таҳлили ҳаматарафаи илмӣ ташкил диҳад, ки он натиҷаи меҳнати тўлонию бурдборона, ки хаёлоти мубҳам мебошад – чунин просесси дигаргунсозии муҳити табиат метавонад боиси накукории инсон дар рўи замин шавад».

Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки растаниҳо ба ҷуз эҳдои фараҳбахш инчунин дар мавсими тобистон боз тафси гармиро паст мекунанд… Саломатии инсон ба ҳолати кабўдизоркунии он вобастагӣ дорад.

Ҳамин тариқ мо бояд ҳаматарафа маърифати экологии ҷавононро баланд бардошта, онҳоро баҳри беҳбўдии муҳофизати муҳити зисти диёри худ тарбия намоем. Ҳол он, ки ҳифзи муҳити зист ба дараҷаи дониш сатҳи маърифат ва виҷдони ҳар кадоми мо вобаста аст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.