Фанни эстетика ва вазифаҳои он

Фанни эстетика ва вазифаҳои он

Эстетика ҳамон таҳкурсии маънавиест,ки он ваҳдати мутаносиб ва вобастагии мутақобили ботинии зуҳуроти мухталифи ҳаёти маънавии одам ва тамоми ҷамъиятро таъмин менамояд.Мафҳумҳои ҳақиқат ва некӣ бе мафҳуми зебоӣ пурра нестанд ва дар навбати худ зебоӣ дар он ҷо ҳувайдо мегардад,ки хирад ба ҳақиқат наздик мешавад ва ирода басўи некӣ равона карда шудааст. Эстетика ифоданокии бевоситаи эҳсосии ҳаёти ботинии шайъ аст, ки дар худ ҷараёни шайъшавии моҳияти инсонӣ ва «инсоншавии» олами шайъиро инъикос менамояду онро инсон чун қимати мустақили ҳаётӣ идрок ва ҳис мекунад.

Эстетика ҳастии ҳиссию шайъӣ буда, дар баробари ҳамин хосияти сирф шайъӣ надорад ва танҳо шайъияти натуралистӣ нест. Ҳамаи тавсифҳои шайъии унсури эстетикӣ ҳомили маъноанд ва бинобар ҳамин он на фақат шайъист, балки идеологӣ ҳам мебошад.Дар эстетика моҳият ва ходиса, субъективӣ, фаъолият, муроқибавию зеҳният, хиссию иродавӣ, бешуурию боршуурӣ, яъне ҳамаи куваҳои маънавии одам мутаносибу том таҷассум ёфтаанд.

Эстетика (юнони- aisthetikos)-ҳиссӣ, ҳискунанада- соҳаи фалсафаро гўянд, ки қонунҳои умумии дарки эстетикии табиат, ҷамъият ва фаъолияти бадеии одамро меомўзад. Одамон зимни фаъолияти меҳнатиашон категорияю қонунҳои эстетикиро дарк карда, табиату ҷамъиятро «мувофиқи қонунҳои зебоӣ» дигар мекунанд.Эстетика таълимот дар бораи қонуну қоидаҳои зебоиву зишт, ҳусну қубҳ аст.

Эстетика ҳамчун назарияи умумии фаъолияти бадеӣ аз назарияи махсуси ин намуди санъат (адабиётшиносӣ, саъатшиносӣ, театршиносӣ, мусиқишиносӣ, киношиносӣ ва ғ.) фарқ мекунад.

Мафҳуми эстетикиро ҳамчун истилоҳи илмӣ бори аввал файласуфи ратсионалист ва идеалисти немис Александр Готлиб Баумгартен (соли 1750) баробари истилоҳи этика ва мантиқ истифода намуда онро қисми мустақили фалсафа пиндоштааст. Ў навишта буд, ки «Эстетика – умгартен ( назарияи санъати озод, гносеологияи паст, саъати зебо фикр кардан, санъати қиёси тафаккур) – илм дар бораи дониши ҳиссӣ мебошад.».Дар таҳти мафҳуми эстетика мутафаккир ду ҳодисаро нишон медиҳад – зебоӣ, ки вайро ба «такмили донишҳои ҳиссӣ» айният медиҳад, ва санъат, ҳамчун ифодаи олии вай.

Ҳамчун таълимот, эстетика дар мамлакатхои Шарқи Қадим (Ҳиндустон, Эрон, Хитой, Миср, Бобулистон), ба вуҷуд омада буд. Таълимоти эстетикӣ дар афкори фалсафаию эстетикии Суқрот, Афлотун, Арасту ва дигарон нисбатан равшантар зоҳир шуда, ҷанбаи эстетикии офариниши оламро ба миён гузошт.

Бинобар ақидаи муҳаққиқи машҳури Советӣ Лосев А.Ф. дар афкори фалсафии мутафақирони Юнони Қадим, махсусан Платин масъалаи ҳусн ва офариниш ба вуҷуд омад, ки минбаъд ҳам ба ташаккули таълимоти эстетикии мутафаккирони Шарқи Миёна ва Наздик ва ҳам ба инкишофи афкори эстетикии давраи Эҳё таъсири зиёд расонд.

Дар Ғарб дар асрҳои миёна эстетикаи масеҳӣ нуфуз пайдо кард. Дар давраи Эҳё эстетика аз таъсири дин озод шуда принсипҳои гуманистию реалистиро тарғиб намуд. Масъалаҳои асосии эстетика дар асарҳои рассомони бузург (Алберти, Леонардо да Винчи, Албрехт, Дюрер ва дигарон) ба таври муфассал таҳлил карда шудааанд. Дар мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар ин давра масъалаи эстетика вобаста ба масъалаҳои осори мутафаққирони форсу тоҷик Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Ғаззолӣ, Н. Хисрав, Ҳофиз, Ҷомӣ ва ғ. масъалахои мухталифи эстетикӣ мушоҳода мешаванд. Дар асри XVII эстетика ба қисми мустақили фалсафа табдил ёфт. Намояндагони бузурги фалсафаи классикии немис (И.Кант, И.Гердер, Шиллер, Гёте, Шеллинг, Гегел) эстетикаро илми фалсафӣ дар бораи санъат донистаанд.Яке аз асосгузорони эстетикаи фалсафии Замони нав файласуфи немис Иммануэл Кант (1724-1804) ба шумор меравад. Идеяҳо, методи асосноккунӣ ва тадқиқоти масъалаҳои эстетикии вай ба афкори эстетикӣ ва амалияи бадеии асрҳои XIX XX таъсири хеле калон расонидааст. Асоси эстетикаи Кантро таълимот оиди муҳокимаи эстетикӣ ташкил мекунад, ки аз мушоҳидаи предмет ва мафҳум вобаста набуда , озод аз ҳамагуна манфиатҳо буда, асоси онро ҳиссиёти ботинӣ ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи қувваҳои маърифатӣ ва тасаввурот пайдо мешавад.

Дар фалсафаи Георг Вилгелм Фридрих Гегел (1770-1831) яктарафагии субъективӣ дида мешавад. Дар системаи идеализми объективии Гегел – эстетика ҳамчун таълимот дар бораи зебоӣ ҷой дода шудааст, ки дар инкишофи худ тағйротҳои гуногунро дар табиат, ҷамъият ва хусусан дар санъат ба вуҷуд меорад.Санъат ба ақидаи Гегел ин худшиносии рўҳи мутлақ дар шакли мушоҳида мебошад.Новобаста аз ақидаҳои идеалистиаш дар эстетикаи Гегел аз ҷиҳати мазмуну мундариҷааш асосҳои реалистӣ дар қоунуниятҳои санъат дида мешавад.

Дар натиҷаи шакли мустақили фаъолияти маънавӣ гардидани эстетика категорияи зебоӣ ҳам мустақил шуд. Зебоӣ «камолоти маърифати ҳиссӣ» эълон шуда, на тамоми олам ( чуноне ки дар замони антиқа дида мешуд), балки санъат чун натиҷаи фаъолияти эҷодии одам мақому макони зебоӣ дониста шуд.

Баътар маҳз ҳамин ҳолат, яне баҳси доир ба ҳамон соҳае, ки дар он мавҷудияти зебоӣ тахмин карда мешуд (хоҳ тамоми олам бошад ва фақат эҷоди инсонӣ дар соҳаи санъат) , масъалаи асосии баҳси эстетикаи фалсафӣ қарор гирифт. Фақат ба санъат нисбат додани хосияти эстетикӣ шуури эстетикиро аз вазифаи синтезкунанда маҳрум сохта, эстетикаро аз ҳамаи хелҳои дигари фаъолият, умуман аз ҳаёти иҷтимоӣ ҷудо карда, саъатро мақсади холис мегардонад.Аз ин нуқтаи назар ҳақиқат ба олам нисбат дода дар мағзи сари одам инъикос ёфтани он дониста мешуд, аммо зебоӣ ба эҷодкории инсон ё зебоии табиати берун аз ҷамъият нисбат дода мешуд.Зебоӣ чун хосияти санъат ба заковати эҷодкор, ба истеъдоди модарзодии вай вобаста дониста мешавад. Ин нуқтаи назарро романтикҳо бародарон А.Ф. Шлегелҳо басо ҳаматарафа асоснок кардаанд. Баъд он дар идеализми классикии немис ва навкантчигии асри XIX ва XX инкишоф ёфт.Дар асоси ҳамаи тариқатҳои назариявии эстетикӣ «саъати холис» ҳамин хел ақидаҳо қарор гирифтаанд. Зебоӣ дар ин ҷо ҳам аз ҳақиқат, ҳам аз некӣ волотар дониста мешавад. Аз ин нуқтаи назар одам мутлақо мустақилу соҳибихтиёр аст, вай на ба табиат мўҳтоҷ аст ва на ба ҷамъиятФақат олами санъат олами ҳақиқии рўҳ , воқеияти олии ҳастӣ мебошад.(Ш.Бодлер, о.Уойлд) , ки танҳо он қодир аст ҷои норасоӣ ва нуқси ҳастии иҷтимоиро пурра кунад.( символизми рус) ва он қусури ҳамаи кўшишҳои бебароии илмҳои табиӣ ва ҷамъиятиро мебарорад, ки ин илмҳо табиати амиқу экзистенсиалии худи одамро дарк карданист Ж.П.Сартр).

Категорияҳои эстетика ду хел мешаванд:

  1. Махсус
  2. Умумӣ

Категорияҳои умумии эстетика (ҳусн,разилӣ, шукўҳ, фоҷиа, мазҳака, мутаносибу номутаносиб), ки ҳам ба табиату ҳам ба ҷамъият ва ҳам ба фаъолияти одамон хосанд.

Категорияҳои махсус (образи бадеӣ, методи бадеӣ, халқият, синфият, партиявият, анъана, навоварӣ ва ғ.), ки танҳо ба фаъолияти бадеӣ (санъат)муттаалиқанд

Категорияҳои эстетикӣ олами табиати «берун аз инсонро» тавсиф накарда, бо вуҷуди ҳамин объективӣ мебошанд, зеро онҳо табиати объективии худи инсонро, ки дар муносибатҳои мухталифаш бо олам ташаккул меёбад, инъикос мекунанд. Ба ин маъно категорияҳои эстетикӣ ҳам мисли категорияҳои маърифат объективианд.

Эстетика ҳамчун назарияи умумии фаъолияти бадеӣ аз назарияи махсуси ин намуди санъат(адабиётшиносӣ, санъатшиносӣ, театршиносӣ, мусиқишиносӣ, киношиносӣ ва ғ.) фарқ мекунад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.