Шуури эстетикӣ ва соҳаи муносибатҳои эстетикӣ

Шуури эстетикӣ ва соҳаи муносибатҳои эстетикӣ

Ҳаёти маънавии ҷамъият шомили истеҳсолоти маънавӣ ( пеш аз ҳама истеҳсоли шуури ҷамъиятӣ ва шаклҳои мушаххаси таърихии он), муносибатҳои маънавии байни одамон, ташкилот ва муассисоте мебошад, ки истеҳсол , тақсимот ва нигаҳдории арзишҳои маънавиро ба ўҳда доранд.
Ҳаёти маънавии шомили ҳама шаклҳои шуури ҷамъиятӣ:адабиёту санъат, ахлоқ, дин , фалсафа, ҳуқуқ, сиёсат, илму фарҳанг кулан ва навъҳои гуногуни фаъолияти одамон аз қабили фаъолият ва муносибатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, илмӣ ва ғайра мебошад.
Пас шуури ҷамъиятиро чи гунуна таъриф дод: шуури ҷамъиятӣ инъикосу идроки маънавию арзиши ҳастӣ кулан ва аз ҷумла, ҳастии таърихию ҷамъиятии муайянест, ки дар маҷмўи ғояҳо, назарияҳо, дидҳо, хостҳо, ормонҳо ва завқу табъи одамон ифода ёфтааст. Шуури ҷамъиятӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад.
Шуури эстетикӣ дар таркиби силсилаи дуюми шаклҳои шуури ҷаъиятӣ мақоми махсус дошта, хусусияти онро мухтасар ба таври зерин ифода кардан мумкин аст; тафаккури эстетикӣ. Аз як тараф,волиду саромади шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ буда ,онҳоро дар томи ҳанўз таҷзиянаёфта муттаҳид карда, аз тарафи дигар илми махсуси худ- эстетикаро ташаккул дод. Шуури эстетикӣ шохаи ҷудогонаи маданияти маънавӣ шуда бошад ҳам, аз вазифаи ситезии худ маҳрум нашуд, зеро , чунончи мутафаккирони бисере таъкид кардаанд ва чунонки гегел муфассал баён кардааст, хирад бидуни ирода сусту заиф ва беҷон аст. Мафҳумҳои ҳақиқат ва накўӣ бидуни зебоӣ номукаммал буда, зебоӣ дар навбати худ дар ҷое зуҳур меёбад, ки дар он хорид ба ҳақиқат наздик шуда, ирода ба накўӣ нигаронида шудааст.ба ибораи дигар гўем, шуури эстетикӣ ҳамон таҳкурсии маънавиест,ки он ваҳдати мутаносиб ва вобастагии мутақобили ботинии зуҳуроти мухталифи ҳаёти маънавии одам ва тамоми ҷамъиятро таъмин менамояд.
Шуури эстетикӣ дар ҳар навъи фаъолияти инсон – ҳам дар тафаккури илмӣ ё муроқибаи ҳисси, ҳам дар фаъолияти истеҳсолӣ ё соҳаи маишат ҷой драд.одам ҳар зуҳурот, ҳар ҳодисаи обективии зиддаш, хуллас, ҳамаи он чиро ки дар соҳаи таҷрибааш дучор меояд, аз нуқтаи назари эстетикӣ қадр мекунад. Вале санъат ин соҳаи касбии фаъолият буда, дар шуури эстетикӣ аз унсури туфайлӣ ба мақсади асосӣ табдил меёбад.қабл аз он ки ба баёни санъат чун шакли олии шуури эстетикӣ гузарем, ба проблемаи умуман шуури эстетикӣ сарфаҳм рафтан зарур аст.
Чунон ки мо дидем, дар таърихи маданият ду назарияи тазоди табиати шуури эстетикӣ баён шуда буд: якумӣ – онтологӣ , аз ҷаҳонфаҳмиии антиқӣ сар шуда, шуури эстетикиро чун инъикоси принсинҳои махсуси худи ҳастӣ тафсир мекунад, дюмӣ – гносеологӣ, дар эстетикаи мустақил ташаккул ёфта, баръакс, шуури эстетикиро ба сифати хосияти фақат шуури инсон тафсир мекунад ( ки он дар навъи махсуси фаъолияти инсон, дар санъат зуҳур меёбад) ва ҳар кўшиши ба олами объективӣ, ба хелҳои дигари фаълияти инсон баргардонидани зебоиро чун соддагардонии санъат, чун иҷтимоӣ ва сиёсишавии он , чун инкори мустақилият ва маҳдудияти санъат медонад.
Аз нуқтаи назари ҷаҳонбинии диалектикаи материалистӣ ҳар дуи ин назария ифроти ба ҳадди мутлақ расида мебошад ва дар баробари ҳамин дар ҳардуи ҷаҳонбинии мазкур зарраи ҳақиқат баён ёфтааст аз як тараф, сифатҳои эстетикӣ дар бунёди худ ба андозае «инсонианд»,ки онҳоро нахустпринсипҳои новобаста ба одам мавҷудаи олам донистан лозим норавост: охир барои «аз ҷиҳати эстетикӣ ифоданок»будан на фақат эстетикӣ будан, балки қобили идроки касе шудан ҳам лозим аст, бинобар ҳамин мавҷудияти одамон, ҷамъият шарти ҳатмии аз имконият ба воқеият табдил ёфтани қимати эстетикист.гегел таъкид мекард, ки табиат дар категорияҳои зебоӣ вучуд надорад..вале аз тарафи дигар , ин вобастагии сифатҳои эстетикӣ ба одам чунин маъно надорад, ки онҳо фақат дар фаъолияти соф эстетикии худи одам зуҳур ёта метавонистаанд (санъат), зеро барои мо ҳам табиат, ҳам одами дигар, ҳам маҳсули фаъолияти инсон омилони таассуротбахши эстетикӣ мебошанд.
Ин табиати дутарафаи диалектикии шуури эстетикиро, ки ҳам ба субъект ва ҳам ба объекти муроқибаи эстетикӣ вобаста аст, махсус тасриф бояд кард.ба объекти муроқиба вобаста будани эҳсоси эстетикӣ дар кадом чиз мушаххас зуҳур меёбад? Дар он зуҳур меёбад, ки эҳсоси эстетикӣ табиатан ҳисси буда, бидуни омили берунӣ хоҳ манзараю рўи одам ва хоҳ асари санъат бошад, имкон пазир аст, зеро он ҳамеша шакли моддӣ дорад. Ба ҳамин тариқ, ифодабахши шакли берунӣ сарчашмаи зарурии ҳаловати эстетикист.аз тарафи дигар , ба субъекти муроқиба вобаста будани эҳсоси эстетикӣ дар чӣ зоҳир мешавад? Дар он зоҳир меёбад, ки зимни қиёс кардани ифодабахшии шакли берунии объект бояд субъект ҳатман барои он кўшишу ғайрати маънавӣ ба кор барад, то ки аҳамияти идеалию маъноии объекти муроқибаро ошкор созад.барои шаклан ифоданок шудан, яъне барои аз ҷиҳати эстетикӣ аҳамият доштан на фақат қобили идрок будан, балки бояд маънои комил дошта бошаду фақат нисбат ба он сифати ифодапазирӣ аҳамият хоҳад дошт.ҳаёти ботинии шайъ бояд як навъ « инсонӣ » гардад, яъне бояд аз кўраи рефлексияи сахтгири рўҳи инсонӣ гузарад, аз тарафи он фаҳмида ва маъқул дониста шавад. Фақат дар сурате ки агар ҳар дуи ин шарт, яъне ҳам шакли берунии объек, ҳам маънои «инсонии» маънавии он муҳайё бошад, воқеаи эстетикӣ ҷой дошта метавонад.
Одам маънои ботинии объектро, ки шарти таассуроти эстетикист, ошкор карда, бо ҳамин ба табиат гўё зарраи рўҳи худро мебахшад.одам аз ҷиҳати эстетикӣ худро дар олами бунёдкардааш муроқиба менамояд. Иншайъшавии моҳияти инсонӣ дар ҷараёни меҳнат ва ҳаловати эстетикӣ гирифтан аз самараимеҳнат басо мушаххас ва аёнӣ зуҳур меёбад.одам ба ҷраёни офариниш ва дигарсозии олами объектҳо ҷалб шуда, моҳияташро ба шайъи меофридааш мебахшад. Ва маҳз ба туфайли чораҳои мувофиқати кўшишу ғайрат ва натиҷаи онро мушоҳида кардани одам талабот ба қиёси эстетикӣ пайдо шуд.
Шуури эстетикӣ дар ҷараёни меҳнат пайдо шуда, баътар аз волидайни генетикии худ ҷудо шуд ва аз фаъолияти ҷамъиятии ба мақсад мувофиқ мустақил гашт. Дар шуури баравнақи ҷамъиятӣ унсури эстетикӣ аз унсури амалӣ маҳз чунин фарқ дорад, ки ҳаловатёбию лаззатгирии нисбатан беғаразонаи ба категорияи фоида сахт новобастаро тақозо менамояд. Эҳсосоти эстетикӣ на бинобар он пурқимат аст, ки ба ягон мақсади ҳатман амалӣ мерасонад, балки ки он худ ба худ пурқимат аст.
Шуури эстетикӣ дар ҷараёни меҳнат пайдо шуда, баътар аз волидайни генетикии худ ҷудо шуд ва аз фаъолияти ҷамъиятии ба мақсад мувофиқ мустақил гашт. Дар шуури баравнақи ҷамъиятӣ унсури эстетикӣ аз унсури амалӣ маҳз чунин фарқ дорад, ки ҳаловатёбию лаззатгирии нисбатан беғаразонаи ба категорияи фоида сахт новобастаро тақозо менамояд. Эҳсосоти эстетикӣ на бинобар он пурқимат аст, ки ба ягон мақсади ҳатман амалӣ мерасонад, балки ки он худ ба худ пурқимат аст.

test

Добавить комментарий