ТАЪЛИМОТҲОИ АХЛОҚИЮ СИЁСИ 

Нақша

1. Аввалин таълимотҳои ахлоқию сиёси дар Шарқи қадим.

2. Буддоия  яке аз динҳои ҷаҳони

3. Масъалаҳои давлатдори дар таълимоти Зардуштия

4.Масъалаҳои одобу ахлоқ дар таълимоти  Зардуштия

  1. Конфутсия химоягари манфиати гуломдорон
  2. Фаъолияти ҷамъоаҳои буддои дар кишварҳои гуногун

 

Пайдоиш ва инкишофи таълимотҳои ахлоқию сиёси ба ташаккули аввалин давлатҳо дар Шарқи қадим– Миср, Бобулистон, Ҳиндустон, Хитой, Эрон рост меояд. Он боиси такмили ҳаёти одамон, дарёфти сатҳи сифатан нави тамаддун ва ахлоқ гардид. Одамон орзую омоли худро бо тарзҳои гуногун ва шаклҳои мухталиф зохир менамуданд.

Ҷомеа  ба ду қисм тақсим гардида буд. Ҳокимон барои ҳимояи манфиатҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода менамуданд. Яке аз чунин роҳҳо таъсиррасонии идеологи буд. Идеологияи сиёсии ҳукмрон ба ѓуломон ва шаҳрвандони заҳматкаши озод пуртокати ва ба тақдир тан доданро талқин менамуд. Ҳар гуна мукобилият ба (ҳокимиятро маҳкум намуда, аз азоби заминию ондуняви метарсониданд. Аммо заҳматкашон низ ба он идеологияи худро муқобил мегузоштанд. Гарчанде ки онҳо дар сароѓоз таълимоти мукаммале ба вуҷуд наовардаанд. Аммо аз орзу намудан дар бораи xомеаи адолатнок ва башардӯст дар канор набуданд.

Маҳз аввалин маротиба дар Шарқи қадим унсурони аввалин донишҳои ахлоқию сиёси пайдо шудаанд. Дар Мисри қадим идеоло­гияи сиёси барои ҳимоя ва амали гардонидани ҳокимияти Фиръавнҳо мубориза мебурд. Ҳар гуна норозиги ва зиддияти заҳматкашонро бо ҳокимон маҳкум карда, онҳоро бо худо метарсониданд.        

Дар Бобулистон бошад, Ѓояҳои сиёси бештар дар қонуни шоҳ Хаммурапи (ХVШ то э. мо) инъикос ёфтаанд, ки хосияти илохи доштаци ҳокимиятро тасдиқ менамоянд.

Дар Хиндустони қадим афкори сиёси, ки ҳамчун ҳимоягари сохти Ѓуломдори ва таxассумгари он баромад менамояд, акси худро дар идеологияи динию сиёсии браҳманизм, буддизм ва рисолаи сиёсии «Драхашастра» меёбад.

Хитойи қадим низ афкори сиёсии ѓанни дорад. Мутафаккирон, ҳатто Ѓояи хосияти илоҳи доштани давлатро рад менамуданд. Зиддиятҳои оштинопазирии синфи боиси пайдо шудани навъҳои гуногунии идеология гардиданд. Муқобилияти оммаи мардум дар таълимоти ДАОСИЗМ инъикоси худро ёфтааст. Асосгузори таълимоти мазкур Лао-цзи (VI- V то эраи мо) мебошад. Ҳокимияти шоҳи зулму истибдодро аз худо вобаста намедонад. Хамаи нокомиҳои одамонро аз «даои инсонй» (ко-нунҳо) мебинад. Лаи-сзы тарафдори сохте баромад менамуд, ки ба баробарии тамоми одамон ва фанои зулму золими асос  ёфтааст.

4. Конфутсия ҳамчун химоягари манфиати гуломдорон (551 —479 то эраи мо) баромад мекунад. Дар  асари «Лунь юй» «Сӯҳбатҳо ва андешаҳо», ки шогирдонаш мураттаб намудаанд таълимоти оригиналии ахлоқию сиёсиро офаридааст. Фаъолият ва рафтори одамон, мақоми ҷамъиятии онҳоро осмон ва ҷирмҳои осмони муайян менамоянд. Барномаи сиёсии Конфутсия вазифаҳои ҳар як аъзои ҷомеаро аниқ муайян менамояд.  Тарафдори  равияи аристократии идоракунии давлат мебошад. Конфутсия таълим медод, ки ҳокимияти давлати бояд сазовори халқ бошад, дар ҳолати дигар он амали карда наметавонад. Ҳокимон бояд барои оммаи мардум намунаи ибрат бошанд.

Конфутсия тарафдори ѓайризурии ҳукмрони аст. Вай зиддия шуру ошубҳо ва мубориза барои ҳокимият баромада, сулҳи шаҳрвандиро қадр менамояд.

Баъдтар таълимоти Конфутсия ба идеологияи асосии расмии феодали табдил ёфт. Моҳият он аст, ки ҷомеаро аз ҳаргуна таѓйироту  ҷунбишҳо эмин дорад.

Буддоия, ки яке аз динҳои ҷаҳони ба шумор меравад, дар тақдири халқҳое, ки онро парастиш менамоянд, аз ҷумла дар ҳаёти сиёсии онҳо таъсири худро мерасонад. Таълимоти буддоия дар китоби асоси муқаддаси онҳо «Типитака» (Се сабад) гирд омадааст. Буддоия ҳамаи одамонро дар «кулфат» ва наҷоти баробар дониста, даъват мекард, ки машаққати оламро тавассути зуҳд ва гушанишини, ҷустуҷуи саодати ирфони аз хотир бароранд.

Тарѓиб, тарзи ягона ва фаъолияти ҷамъоаҳои буддои дар кишварҳои гуногун ҳар хел аст. Дар баъзе мамлакатҳо (Таиланд,Бирма, ри Ланка,Хитой,Япония, Ветнам, Малазия, Камбоҷа, Муѓулистон, Бангладеш, Сингапур ва Шарқи дури  Россия) буддоия марказияти катьи надорад ва ҷамъоаҳо бевосита ба ҳокимияти давлати тобеъ нестанд. Дар Таиланд бошад, буддоия ба сифати дини давлати амал менамояд. Шоҳ сарвари ҷамоаи буддои аст. Дар Лаос низ ҳамин тавр аст.Буддоия як қатор ташкилотҳои байналхалки дорад. Моҳияти онро тартиби сарнавишту тақдир, даст кашидан аз муборизаи синфи ва олами ҳасти, эътирофи ақидаҳои архаисти ташкил медиҳад.  Аломатҳои пайдоиш ва мабдаи таълимоти сиёси дар осори қадимаи маданияти маънави вомехуранд. Андешаҳои сиёси ҳануз аз қадими давраи то милоди дар афкори иҷтимоии мардуми эронзамин вомехуранд. Намунаи он зардуштия мебошад, ки дар нимаи дуюми ҳазораи I то милоди ба вуқуъ омада, бо номи асосгузораш Зардушти Спитамен маълуми аҳли фозил гаштааст. Асоси зардуштия дар Авестои машҳури ёдгории нодири фарҳанги қадима таҷассум ёфтааст. Он масъалаҳои мухталифи эътиқод, фалсафа, ахлоқ, ҳуқуқ ва сиёсатро дарбар мегирад. Хосияти асосии зардуштияро ду оѓоз неки ва бади ташкил медиҳад. Қувваҳои неки (Ҳурмуз) ва бади (Аҳриман) заминаи таълимоти фалсафии оштинопазиранд: муборизаи не­ки бо бади, нур бо зулмот бо ѓалабаи қатъию  комили хайру нур меанҷомад. Пиндорн нек, гуфтори нек ва кирдори нек ки ба идеалҳои бади то зулмот дар мухолифати оштинопазир қарор доранд асоси равандҳои ахлоқиро ташкил медиҳанд.

Масъалаҳои давлатдори дар зардуштия таваxxуҳи хоса доранд. Подшоҳ шахси барумандтарин ва пуриқтидортарини ҷомеа ҳисобида шуда, сарвари мутлақи кишвар аст. У вазифаҳои қабули қонун ва иҷрои онҳоро ихтиёр намуда, идораи мамлакатро ба кулли сарвари менамуд. Яке аз хусусиятҳои мақом ва нақши подшоҳ аз нигоҳи зардуштия он аст, ки подшоҳ ба монанди Худо парастиш карда намешуд. Ҳоло он ки қариб дар ҳамаи динҳои дигари Шарқи қадим подшоҳро хосияти илоҳи насиб гашта буд.  Дар зардуштия маншаъи накуии хокимият эътироф гардидааст. Аммо андешаи дигаре низ бармехурад, ки ҳокимияти дуняви пеш аз мазҳаб вуҷуд доштааст ва он расму ойини хосаеро соҳиби менамудааст.

Сабабҳои пайдоиши давлату ҳокимият низ рушан аст. Дар ин бора нақши зарурати иҷтимои бузург аст.

Зардуштия дар давраи кишвардории Ҳахоманишинон, Ашконнён ва Сосониён ҳамчун мазҳаб амал менамуд. Аммо фақат дар давраи Сосониён зардуштия ҳамчун дини давлати расмият ёфтааст. Аҳкоми дини ва фалсафию ахлокии авестои дар сиёсату давлатдорони Сосониён васеъ истифода мегардидаанд.

Шоҳаншоҳ, дар замони Сосониён ҳуқуқу имкониятҳои фавқулодда дошт. Амру фармони шоҳаншоҳ тарѓйирнопазир буда, ҳеҷ кас ҳаққу ҳуқуқи ҳатто, шубҳа намудан ба онро надошт. Муносибати шоҳ бо раият дар сатҳи оли қарор мегирифт. Одамон метавонистанд дар хусуси масъалаҳои гуногун ба шоҳ арз намоянд. Адолатхоҳии подшоҳ ба раият умед мебахшид. Аммо шоҳ наметавонист тамоми одамонро қабул намояд ва ба арзи онҳо гуш диҳад. Бннобар ин подшоҳ намояндагони боэътимоди хешро дар маҳалҳо ба шунидани арзу дархостҳои раият ҳидоят мескард ва аз анҳо талаби қатъи низ ба миён меовард.

Подшоҳ ба сифати бақои давлат, ободию осудаги, адолатхоҳи, раиятпарвари, риояи назму тартиб, тарсу ҳароси нобакорону душманон дониста мешуд.

Дар оини зардушти ба корҳои ѓайридавлати шуѓл варзидани подшоҳ сарзаниш карда мешавад. Махсусан, ба тиҷорат ва ҳар гуна хариду фуруши мол сару кор доштани подшоҳ нораво ҳисобида мешавад. Подшоҳ набояд ба зироаткори машѓул гардад, зеро ки манфиати зироаткорони дигар халалдор мегарданд. Подшоҳ ѓуломонро низ ба хизмати дарбор омода нагардидан. Зеро онҳо маслиҳати дуруст ва судманд дода наметавонанд. Тамоми фаъолияти шоҳ бояд баҳри таҳкими давлатдори нигаронида шуда бошад.

Дар идораи мамлакат ба Шоҳаншоҳ руҳонии бузург, ки баъдтар уро  муьбад  меномидаги шуданд кумак менамуд.  вазифаи мазҳабиро ба ҷо меовард, Аммо вазифаи қозил-ул-кузо-ти давлатро низ иҷро менамуд ва масъалаҳои адолату додхоҳиро назорат мекард.

Ба гунаҳкорон ва ҷинояткорон ҷазоҳои мухталиф медоданд. Амрҳои ҷазодиҳи ва варниранг номида мешуд, ки дар ин ҳолат ростро аз дуруѓ бо мудохилаи хаёлии худоён фарқ мекунонданд. Яке аз хусусиятҳои зардуштияро ваҳдати дину ҳокимияти сиёси ташкил медиҳад. Аҳурамаздо ки шаҳриёри кабири осмону замин аст ҳафт вазир дошт. Онҳо ҳам дар олами маънавии Аҳурамаздо ва ҳам дар Замин соҳиби вазифаи олиянд. Масалан, Баҳман дар дунёи Аҳурамаздо Мазҳари гуфтор, кирдор ва андешаи нек буда, дар олами модди фариштаи муваккал ва посбони ҷонварони нафъовар ва чорпоён ба ҳисоб меравад.

-Урдибиҳишт бошад ростию такво ва назми комили ҷиҳати маънави  мебошад. У  нигаҳдорандаи оташ дар замин аст.

-Шаҳривар дар олами қудрату тавоноии худованд буда, дар олами модди посбони фулузот аст. Нерую шукуҳи шоҳону сиёсатмадоронро адо менамояд.

– Спиндормаз бошад, дар олами маънави маҳзари ишқу муҳаббат, дар олами хоки Фариштаи муваккал ва посбони Замини аст.

Дар таърихи таълимоти сиёси монавия нуфузи калонро соҳиби менамояд. Он ҳамчун таълимоти динию фалсафи дар Шарқи паздик пайдо шудааст ва дар асрҳои 3- 11 аз Африкаи Шимоли то ба Хитой паҳн гардид. Асосгузори он Форс- Мони (216—274 ё 277) аз Вавилион мебошад. E Зардушт, Буддо ва Исоро пешгузаштагони худ меҳисобид ва роҳи асосии таълимоти худро аз зардуштия гирифта, дар навбати худ ба асосҳои ѓоявию дини зардушти зарба зад. Таълимоти мона­вия аз ду қисмат: назария ва амалия таркиб ёфтааст. Дар амалия инсони муборизро тараннум намуда, онро барои ѓалаба бар қувваҳои бади даъват менамояд. Инсон бояд, озод бо­шад ва ба саодати абади мушарраф гардад. Назарияи ин таълимот ба илоҳиёти зардуштия қаробат дорад. Зуҳду тақво(парҳезкори) ва камоли маънави роҳи озодии инсонро ташкил медиҳанд. Даои таълимоти Мони масъалаҳои ахлоқи дар ҷойи намоён меистоданд.

Ҳамаи пайравони монавия баробар набуданд. Аслан, онҳо ба ду табақа ҷудо мегаштанд. Яке баргузидагон, дигаре ҷомеа (мустамеъон) ва табақаи аввалро муқаддасон ташкил медоданд. Табакаи дуюм аз пайравони оддй низом ёфта буд.

Монавия як навъ эътирози иҷтимои буд. Мардумро ба муборизаи фаъол ба муқобили касе ва ё гурӯҳе даъват намекард. Гушанишиниро тараннум раҳм мекарданд  менамуд. Дузди, сарватманди ва моликияти хусусиро маҳкум менамуд.

Монавия аз империяи Рим ва Византия аз тарафи давлат ва насронияи қадим танг карда бароварда мешавад. Баъдтар, дар асрҳои 8—9 дар Осиёи Миёна ва Осиёи Маркази реша давонда, комил гардида ба дини давлатии уйѓурҳо мубаддал гардид.

Маздакия низ яке аз ҳаракатҳои иҷтимоии аҳди пешин аст. Ҳаракати мазкур, ки зери сарварии Маздак Бомдод (соли таваллудаш номаълум ва соли вафоташ 529 дар Истахр) пайдо шуда буд ба Эрон, Озарбойxон ва Осиёи Миёна паҳн гардид. Ин ҳаракат ба муқобили сулолаи Сосониён равона шуда буд ва ҳамчун эътирозест ба сохти мавҷуда ва муносибатҳои ҳукмронии ҷамъияти. Зулми ҳокими Сосони хеле баланд гардида буд, ба замми ин хушксоли аҳволи заҳматкашонро тоқатфарсо намуд.

Дар бораи маздакия, аслан дар асарҳои паҳлави ба монанди «Зайди Вохуман-ясн» ва «Маздакнома» маълумот дода ме­шавад. Мутафаккирони баъдина, асосан ба маъхазҳои зикршуда такя намуда, дар бораи Маздак ва таълимоти e андеша меронанд. Дар бораи маздакия Фирдавси дар «Шоҳнома», Ибни Балхи дар «Форснома» ва Низомулмулк дар «Сиёсатнома» андешаҳо иброз манудаанд. Бояд таъқид кард,ки дар гузашта назари муҳаққиқон ва махсусан, таърихнигорон ба ҳаракати маздакия манфи буда, онро ҳамчуи ҷунбиши иртиҷои маънидод намудаанд. Ҳамзамон Маздакро балвогару баддин муаррифи намудаанд. Симои ба ҳақиқат наздики Маздакро А. Фирдавси нишон додааст. Фирдавси ба ҳаракати мазкур назари нек намуда, Маздакро чун шахси донишманд, хайрхоҳ, одилу адолатхоҳ нишон додааст.

Мисли зардуштия ва монавия маздакия низ равобити ду мабдаи қадим—хайру шарро асоси таълимоти худ қарор додааст.Маздакия ҳамчун таълимоти динию ахлоқи пайдо шуда, минбаъд ба ҳаракати иҷтимоии оммаи мардум бар зидди аъёну ашроф табдил ёфт. Одамон хама баробар офарида шудаанд ва тақсими нобаробари давлату сарват ҳамчун беадолатии маҳз нишон дода мешавад. Барои таъмини баробари бошад ба ҳама аъзоёни ҷомеа имконияти истифодаи баробар аз воситаҳои модди дода мешавад. Моликият бояд умуми бошад.

Дар маздакия баробари ба маънои тақсими одилона ва якхелаи сарватҳои модди фаҳмида мешуд. Маздак заҳматкашонро ба зуран нест намудани нобаробариҳои иҷтимои ва моли даъват намуда, талаб дошт, ки ҳамаи одамон аз онҳо баробар истифода баранд. Ташвиқу тарѓиби Маздак заҳматкашонро ба шуриш хезонид. Онҳо молу мулки бойҳоро мусодира намуда, феодалонро аз мавзеашон меронданд. Баъди чанде аз музаффариятҳо харакати маздак шикаст хурд ва иштирокчиёнаш гирифтори шиканҷаю азоб гаштанд.

Маздакия ба афкори ҷамъиятию сиёсии баъдина таъсир расонид. Баъзе фирқаҳои бидъатии ислом, махсусан, хуррамия аз он истифода намудаанд. Ѓояҳои баробарии иxтимоии маздакия ливои идеологии шуришҳои Муқаннаи Бобак ва дигарон гаштанд. Маздакия ба ташаккул ва инкишофи фирқаҳои масеҳии богомилҳо, хатарҳо ва албигоиҳо таъсир расонидааст.

Таълимоти ахлоқию сиёсии Арасту. Мутафаккири барxастаи Юнони қадим Арасту (384.—322 70 эраи мо) бори дигар кeшиш намудааст, ки сохти мавxудаи ҷомеаро аз фаношави раҳонад. Масъалаҳои сиёсиро дар асарҳояш «Сиёсат» («Политика») ва «Политияи афинаги» баён намудааст.

Арасту сиёсатро ба масъалаи адолатноки мепайвандад. Адолатноки, ки ба сифати хайрияти умум фаҳмида мешавад, объекти сиёсат мебошад. Хайрияти умум мақсади асосии «сиёсат»- и Арастуро ташкил медиҳад. Сиёсатмадор бояд ба ҳисоб гирад, кн инсон гирифтори даҳшат гаштааст ва табиати он вайрон шудааст. Аз ин рe сиёсатмадор мақсади тарбияи шаҳрвандони ахлокан комилро надошта бошад. Максадро он xиҳат ташкил медиҳад, ки шаҳрвандон ба ҳокимият ва қонунҳо итоат карда тавонистанро азбар карда тавонад.

Аз назари Арасту шарти зарурии ҳукмрони карда тавонистанро танҳо накeкории шаҳрванд ташкил дода наметавонад, балки накукории ҳамаи одамон зарур аст.

Арасту барои дарки ҳодисаҳои сиёси бештар методи таҳлилро истифода менамояд. Ҳар як амалро то хурдтарин xузъиёташ таҳлил менамояд.

Арасту дар сохтори сиёси 3 қисм: қонунбарори, маъмури ва судиро xудо менамояд.

Дар «Давлат»-и Арасту нақшн асоси ба шаҳрванд марбут аст. Давлат маҳз аз шаҳрвандон таркиб ёфтааст. E шаҳрванд гуфта шахсеро дар назар дорад, ки дар суд ва идоракуни иштирок менамояд.

Арасту сабабҳои пайдоиши давлатро баён карда наметавонад. Гӯё давлат табиатан мавxуд аст. E қонуниятҳои инкишофи xомеаро дарк карда наметавонад. Таълимоти у дар бораи синфҳои ҷомеа ва дар бораи хелҳои эҳтимолии ҳокимияти давлати инъикоси ҳолати бeҳронии давлатҳои Ѓуломдории афинаги ва оЃози фанои синфи Ѓуломдорон мебошад. Заминдорон синфи аз ҳама сермаҳсул ва пурсамар мебошанд. Онҳо вобаста ба тарзи ҳаёташон ва парокандагии ҳудудиашон ба масъалаҳои давлатдори ва роҳбарии ҷомеа фаъолона дахл намекунанд.

Арасту навъҳои зерини ҳокимияти давлатиро нишон медиҳад: а) навъҳои беҳтар. Дар ин аём истифодаи Ѓаразноки ҳокимият вуҷуд надорад. Ҳокимнят ба тамоми xомеа хизмат менамояд. Шаклҳои зерин: монархия, аристократия ва полития (ҳокимняти синфи миёна, ки дар натиxаи ҳамxояшавии олигархия ва демократия ба амал омадааст) ба навъҳои беҳтари ҳокимияти давлати дохил мешаванд; б) навъҳои бади ҳокимияти давлати аз тирания, олигархия ва демократия иборат мебошанд.

Андешаҳои ахлоқию сиёсии асримиёнаги. Яке аз мутафаккири барxастаи асримиёнаги Абунаср Фороби (с. 870—950) мебошад. E масъалаҳои гуногуни ҳаёти xомеаро мавриди тадқиқ қарор медидад. Масъалаҳои ташаккулёбни идтиҳодияҳои одамон пайдоиш ва вазифаҳои давлат шаклҳои давлатдори, хусусиятҳои тарзи ҳаёти шаҳри, мақом ва нақши инсон дар xомеа ва Ѓайраҳо дар маркази диққати вай буданд. Ба фикри Фороби ҷомеа дар ҳолате ташаккул ефт, ки одамон ба воситаҳои модди барои ҳаёт эҳтиёx доштанд.

Фалсафаи сиёсии Фороби хосияти кулл дорад ва оЃози тафаккури фалсафи дар тамаддуни Ислом аст. Фороби дар сиёсат ва давлатдори пайрави Афлотун аст. Дар бораи бунёди xомеаи идеалии мадинаи фозила сухан ронда, андешаҳон сиёсиаш-ро барраси намудааст. Дар саромади мадинаи фозила хокимон истодааст. E муносибатҳои байниҳамдигарии табақаҳои гуногуни аҳолиро танзим менамояд, инкишофи мавзуни ҷомеаро таъмин менамояд. Ҳоким, ки худ донишманд ва хирадманд аст аҳли xомеаро аз паси худ мебарад.

Имом ҳокими мутлақ аст. У соҳиби 12 сифати модарзод аст:камолоти ҷисмони, борикбинию дурандеши ва зиракии табии, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаённи андешаҳо, маърифатноки, камхуроки ва камнeши, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дуруѓ ва дуруѓгeён, кадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаланди, нафрат ба чизу молу пул ва ҳар гуна унсурҳони ҳаёти, адолатноки, нафрат ба беадолатию золими, қайсари, дар зарурат бо қатъият рафтор намудан, ҷасур будан. Аммо мутафаккир аз ҳама сифатҳо донишманди ва адолатнокиро болотар мегузорад. Агар ин ду сифат набошад марги давлат мерасад.

Фороби ҷомеаро  ба чанд кисм ҷудо намуд

Фороби ба андешае буд, ки давлатро бояд ақаллият, яъне баргузидагон (элита) сарвари намояд. Аҳли ҷомеаро як намедонад. Мадинаи фозиларо фақат дар доираи иттиҳодияи баҳри бунёд намудан мумкин асту халос. Аз ин xаст, ки қонун-ҳои мадинаи фозила одамони аз шаҳр берунро дарбар на-мегиранд. Барои одамони аз марои мадинаи фозила берунмонда мутафаккир қонун ва тартиботи сохтореро раво медонад.Ҷомеаро  ба гуруҳҳо ва табакаҳо ҷудо менамояд. Дар афкори исломи низ ба «хоса» ва «омма» ҷудо намудани одамон Ҳодисаи нав набуд. А. Фороби низ дар чунин андеша буд.

А. Фороби дар асл тарафдори давлатдории теократи аст. Аммо у сохти дагари давлатдори- идораи дастаҷамъиро дар мадинаи фозила рад намекунад. Чунин андеша таҷассуми воқеияти чамъияти буд. Зеро ҳокимияти дуняви дар дасти амиру султону шоҳ гирд омада буд. Халиф бошад ба ҳокимияти динию маънави машѓул буд.

Дар идораи давлат Ҳокими дуюм низ роҳ дода мешавад. Ин дар ҳолате рӯх медиҳад, ки ҳокимон ҳамаи 12 хислати хубро надошта бошад. Ҳокими дуюм бошад бояд 6 хислату сифати варзида дошта бошад. Агар ҳокими  дуюм 6 сифати нек  надошта бошад, пас ду нафар бояд дар назди ӯ бошанд, ки чунин сифатҳоро доро бошанд.Ҳамин тариқ, онҳо дар маҷмӯъ метавонанд мадинаи фозиларо идора намоянд.

А. Фороби ҷомеаро аз се қисм таркиб медонад: ҷомеаи кабир, ни аз халқҳои зиёду гуногун иборат аст; ҷомеаи миёна, ки як халқро фаро гирифтааст; ҷомеае ки як шаҳрро дарбар гирифтааст.

Дар дарки амиқ ва ҳамаҷонибаи сиёсатмадорию давлатдори А. Фирдавси (934—1020) низ мақоми баланд дорад. Мутафаккир дар Эрони Шарқи, ки ба хайати давлати Сомониён ворид буд умр ба сар бурда, давраи беҳтари фаъолияташро ба сомон расонидааст. Ѓояи марказии эчодиёти А. Фирдавсиро муборизаи неки ва бади ташкил медиҳад. Қувваҳои некиро ҳурмуз ва қувваҳои бадиро Аҳриман сарваранд. Ҳама қиссаҳои «Шоҳнома» бо ѓалабаи неки ба бади анҷом меёбанд.

Маънию мазмуни тамоми офаридаҳои А, Фирдавсиро тараннум ва ситоиши кишвар, даъват ба ягонаги ва ваҳдати қувваҳои гуногуни мамлакат ташкил медиҳанд. У  тарафдори ҳокимияти пурқуввату муттамарказест, ки қудрати рафъи ҳама гу­на дахолати беруни ва шикасти дохиларо дошта бошад.

Фирдавси ба мақоми подшоҳ ва нақши лашкаркашону паҳлавонон дар таҳкими давлатдори ва ваҳдати ҷомеа аҳамияти хосаро насиб кардааст. Паҳлавонон ба Ватан ва шоҳ содиқанд. Ҳатто, онҳо ба хотири манфиатҳои умумии давлати ҳар гуна шоҳи ноодилро мебахшад. Зеро ки шоҳро ифодагари ваҳдату қудрати давлат ва кишвар медонанд. Дар навбати худ қаҳрамонони Фирдавси шахсиятҳои барҷастаанд, ки онҳо ба қадри худ мерасанд, шаъну шарафи худро ҳимоя менамоянд ва мақоми худро дар кишвардори амиқ дарк кардаанд. Аммо манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахси авлотар дониста, анъанаҳо ва суннатҳои давлатдорию лашкаркаширо бечуну чаро риоя менамоянд.

Фирдавси дар хусуси ойини давлатдори андешаҳои пурқимате ба мерос гузоштааст. Бештар дар давлатдори ва роҳбари ва даврон аз фаъолияти шоҳигарии Нуширвони  одил бошад, назар мекунад. У Нушервон чун шоҳи одил ва мардумнавоз муаррифи менамояд.

А.Фирдавси ба фаъолияти сиёси одамон низ назари хосе дошта, андешаҳояш аз муносибатҳои ҳамзамонон ба кулли фарқ менамуданд. Махсусан, андешаҳои у дар бораи шуришҳо пурарзишанд. E тавонистааст, ки маҳдудиятҳои таърихи ва синфиро мадди назар намуда, дар бораи моҳият ва хусусиятҳои шeришҳо бештар андешаҳои мусбат баён намояд. Аз xумла, чунин муносибатро ба шeриши Маздак раво донистааст. Сабаби ба шуришҳо бархостани одамонро Фирдавси дар норасогиҳои замона, қашоқию гуруснаги мебинад. Ба муқовимати мусаллаҳона ҳамчун ба бадтарин бадбахти барои одамон менигарад. Одамон на танҳо аз ҳуxумҳои душман, балки аз амалиёти аскарони кишвари худи низ зарар мебинанд. Аскарон на бояд ба одамони Ѓайринизоми зарар расонанд. Ҳатто ҳаёти Хусрав Ануширвон қисса менамояд. Ануширвон мефармояд: xанговаре, ки коҳи деҳқононро аз худ намудааст ба қатл расонанд. Ин амали шоҳро А. Фирдавси адолатнокии оли ҳисобидааст.  Абурайҳони Беруни (973- 1048) мутафаккире буд, ки ҳодисаҳоро дар муқоиса қарор медод, Аз ин рӯ, дар асарҳои e бо шаклҳои мухталифи идораи сиёси xомеа низ дучор омадан мумкин аст. Вале, мутаассифона, Беруни ба кадоме аз онҳо ҳусни таваxxeҳ доштани хешро баён накардааст. Ҳаминаш возеҳ аст, ки e пайрави подшоҳи оқилу одил аст. Вай дар «ҷамоҳир фи маърифат» ном асараш пиромуни шакли демократии ҳокимият, ки дар яке аз давлатҳои Маѓриб вуxуд дошт. Менависад дар бораи яке аз шаҳрҳои Маѓриби дур ривоят мекунанд, ки дар он ҳокимият байни аъёну заминдорон аз даст ба дасте интиқол меёбад. Чун навбат ба ҳар фарде, ки мерасид, муддате се моҳ ҳоким мешуд. Xун муддати ҳокимияташ анxом мепазируфт, ихтиёран   аз ҳокимият даст мекашид ва ба ҳайси сипос закот ҳам медод. E ба хонадони худ баргашта, аз он ки аз боре халос шудааст хуши мекард ва кораш мепардохт.    Беруни тамоми файласуфони собиқро рушд додааст. Дар асарҳояш на фақат подшоҳи оқилу одил, балки оид ба вазифаҳои e изҳори андеша кардааст. Ба ақидаи e, тақдири халқу кишварро ба ҳар фард ҳавола кардан нашояд. Аз ин рe, вақти интихоби сарвар ё подшоҳ ба назар гирифтани шартҳои зерин ҳатми аст: қабл аз ҳама ба ҳокимият истеъдоду қобилияти табии доштан, ҳамчунин ба фикру мулоҳизаҳои уқалою фузало гeш кардан ва онҳоро дар умури давлатию кишвардори мавриди истифода қарор додан. Дигар, ҳоким ё подшоҳ вазифадор аст, то Ѓами онҳоро ҳамеша дар сар дошта бошад, к шудгор ё кишти заминро пешаи худ қарор додаанд.  Ба ақидаи мутафаккир вазифаи асосии ҳоким байни болоиҳою поёниҳо барқарор карда адолат ва байни қавъиҳою заифҳо барқарор намудани баробарист. Дар xое, ки баробари бошад, вуxуди Ѓаму таъмакори низ муҳол аст. Вале, Беруни таҳти мафҳуми мазкур аз лиҳози дорои баробар буданро нафаҳмидааст. Вай таври ихтиёри аз дорои даст кашиданро низ табрик кардааст.   Таълимоти сиёси дар осори Абуали ибни Сино (с. 980—1037) мақоми худро дорад. Дар асарҳои Сино тарҳи ҷомеа ва давлат дучор мегардад. Мувофиқи он ҷомеа ба 3 қисмат тақсим мешавад: ҳокимон, заҳматкашон, ҷанговарон. Ҷомеа  дорои тартиботи катъи буда, ба қонунгузориҳои махсус асос меёбад.    Ѓуломи низ дар доираи маҳдуд вуxуд дорад. Снно вазифаҳои давлатро дар таъмини тартибот, ҳалли масъалаҳо ва равандҳои зиддиятноки xомеа медид.  Дар ҷомеа бояд хазинаи махсус вуxуд дошта бошад, то ки ба беморон ва корношоямҳо ёри расонида шавад. Ҷанговароня низ аз ҳисоби ин хазана нигоҳ дошта мешаванд. Хазинаи мазкур аз ҳисоби айдоа ва хайрияи мусулионон ташкил дода мешавад.     Ҳоким интихоб карда мешавад. Тарҳи «ҷомеа»-и И. Сино аз бисёр ҷиҳатҳо ба таълимоти Афлотун наздики дорад. Масъалан, тақсимоти меҳнат ҳамчун асоси давлат, қонун-воситаи танзими ҳодисаҳои ҷомеа ва ѓайраҳо. Аммо И. Сино заҳматкашонро нисбат ба ҷанговарон дар ҷойи баландтар мегузорад. «ҷанговарон»-и Сино фақат вазифаи ҳимояи давлатро иҷро менамоянд.

Яке аз мутафаккироне, ки сиёсатро мавриди тадқиқи мах­сус қарор додааст Унсурулмаолни Кайковус (1020—1099) мебошад. У  ки тарбияи ашрофона гирифта буд. Доимо  дар орзуи давлатдорию шоҳаншоҳи буд. Вай муаллифи «Насиҳатнома» аст. Тарзи зиндагии айону ашрофро тасвир менамояд, тариқи идораи давлат ва сарвари xомеа буданро ба сифати дастуруламал пешниҳод менамояд.   Сиёсатмадору давлатдорро ба Офтоб монанд менамояд. «Подшоҳ чу Офтоб аст. Нашояд. ки ба яке тобаду бар яке натобад». Адлу адолатиро чун пояи давлатдори меҳисобад. Шоҳу шоҳигариро ба масъалаҳои ахлоки мепайвандад. Мисолҳои зиёдро дар бораи нопокию бадахлокии тоифае аз ашрофон меорад ва онҳоро маҳкум менамояд. Ба шоҳон тавсияҳои муҳим дар боби ба айшу ишрат дода нашудаи ва ба корҳои давлатдори машЃул гаштанро медиҳад. Шоҳ ҳамеша ақлу хирадро бояд машваратчии худ иатихоб намояд. Ба эҳсосот дода нашавад. Тафаккур бояд дар қабули қарор xойи асоси дошта бошад. Кайковус яке аз аркони давлатдориро дар равоншоаникии фармону супоришоти шоҳ мебинад. Муносибат ба лашкар ва раият низ аҳамияти муҳим дорад. Вазъияти иқтисоди низ ба омили муҳими давлатдори дохил мешавад. Фақат ба воситаи адлу инсоф хазинаи давлатро пур кардан мумкин аст.   Подшоҳ бояд доимо бо лашкар ва халқ бошад ва ба мардум ҳеx гоҳ нафрат надошта бошад, то ки ба нафрати онҳо дучор нагардад. Умсурулмаолия Кайковус ба масъалаи хоста гирифтани одамон ба корҳои давлатдори низ диққати махсус медиҳад. Шоҳ бояд аз фаъолияти вазирону вакилон хабардор бошад. Набояд хешу табории вазир амалдор бошанд. Ин ба талаву тороxи давлат оварда мерасонад.  Муҳимтарин хислати шоҳ авф карда тавонистани зердастон аст. Мустакили ва пуртокати ба ин амал далолат мекамоянд. Ҳар хабаре, ки меояд дақиқ санxида шавад ва баъд хукм бароварда шавад. Унсурулмаолии Кайковус рехтани хуни ноҳақро маҳкум намуда, зидди азобу шиканxа кашидани мардум баромад менамояд. Xазоро воситаи ягонаи танзими муносибатҳои xомеа ва масъалаҳои давлатдори намеҳисобад. Шоҳро ба раҳмдили даъват намуда, дар навбати худ хотиррасонл менамояд, ки душманро дар амон гузоштан нашояд.  Дар таърихи афкори сиёсии форсу тоxик ба мисли Абуали Ҳасан ибни Алии Туси (1018—1092) (Низомулмулк) ва асари у «Сиёсатнома» падидаеро дарёфт кардан кори саҳл нест. Маликшох мефармояд, ки дар бораи тартиб, тарз, қоида ва қонунхои асосии давлатдори рисолае тартиб диҳанд. ки он ба сифати дастуруламал истифода карда шавад. Низомулмулк низ, соли 484 (1092) дар ҳаxми 39 фасл асаре менависад, ки ба он «Сиёсатнома» ном ниҳод. Баъдтар ба он 11 ё 15 боби дигар илова карда шудааст. Фаслҳои аввалини «Сиёсатнома» масъалахои умумии дав­латдориро фаро гирифта, аз ҳаёти шоҳони гузашта, аз қабили Наср бинни Ахмади Сомони, Султон Маҳмуд. Нуширвон, Баҳроми Гур ва дигарҳо ҳикоятҳхои судбахш меорад. Онҳо ҳамчун ибрати давлатдори ва шоҳигари нишон дода мешаванд.

Низомулмулк ба пайдоиши давлат диққат дода, онро мах­сус қайд мекунад. Чун мутафаккири замони худ у аз мавқеи дини бунёди давлатро маънидод менамояд. Эзидтаъоло офарандаи давлат дониста мешавад. Ба подшоҳ низ диққати зарури медиҳад. Онро ба сифати намояндаи эзидтаъоло дар замин ва идоракунандаи давлат меписандад. Низомулмулк халқро асоси давлат, такягоҳ, пойдории мулкро дар зиндагии беҳ раият медонад. «Чун дуои халқ ба некуи пайваста гардад, он мулк пойдор бувад».

Паҳлӯи дигари давлатдориро мутафаккир дар шунидани арзи мардум ва аз рӯи адолат ҳукм баровардани шоҳон мебинад. «Чора набошад подшоҳеро аз он, ки дар ҳафтае ду рӯз ба мазолим бишинад ва дод аз бедодгар биситонаду инсоф бидиҳад ва сухани раият бишнавад бевосита».       Низомулмулк саҳм вазирро низ дар кори давлатдори кам намедонад ва фасодии подшоҳу мамлакатро ба вазир вобас-та медонад.

Барои он ки хиёнату ришвахури дар идоракунини давлат доман паҳн накунад, Низомулмулк мефаромояд: «..ба ҳар ноҳия ва шаҳр ноибе бифиристад, кутоҳдасту муътамад бошад, то эшон амволро муҳофизат мекунанд. Ва ҳар чи равад аз андаку бисёр ба илми ешон бошад ва на чунон ки ба сабаби мушоҳара (моҳона) афтад ба тозаги ранx хосил шавад. Ва он чи ба нор бояд, аз байтулмол бидиҳанд, то эшонро ба хиёнату ришват ҳоxат набошад ва ин фоидаи, ки аз рости кардан ҳосил шавад».

Дар хусуси қонун ва конунбарори Низомулмулк мефармояд, ки то зарурате пеш наояд, фармон (қонун) набояд навншт: «номаҳо аз дастгоҳҳо бисёр нависанд ва ҳар чи бисёр гардад, ҳурматаш набувад. Бояд, ки то муҳиме набувад, аз маxлиси оли чизе нанависанд. Бояд, ки ҳурматаш он чунон бувад, ки касро заҳиран он «набошад, ки аз даст бидиҳад, то фарри молро набарад ва агар маълум гардад, ки касе дар ан фармон ба чашми ҳақорат нигарнстаасту андар пеш шудан ба самъи тоат ко­мили кардааст, он касро молиши болиѓ диҳанд».

Низомулмулк дар ду амал, вазифа адои хизмат намудани як фардро раво намебинад. Ба вазифаҳои масъул мардони покдилу шоистаро раво медонад. Ин мутафаккири варзидатаи асримиёнаги дар кори давлатдори иштироки занро намеписандад; – «хоса занон, ки аҳли сатранд (хона) …ва ѓараз аз эшон гавҳари насл аст… Ва ҳар гоҳ, занони подшоҳ фармондеҳ шаванд, ҳама он фармоянд, ки соҳибЃаразон эшонро биёмӯзанд ва бишунавонанд ва ба раъюлайн чунон ки мардон аҳволи берун пайваста мебинанд, эшон натавонанд, ки дид…».

Низомулмулк инчунин ба таркиби иҷтимоии ҷомеа диққати зарури додааст. Ҷомеаро аз табақаҳои болои ва поёни иборат медонад. Ба табақаҳои болои – подшоҳ, вазирон, дабирон, қозию хатибон, надимону муқаррибон- заминдорон ва дигаронро дохил менамояд. Ба табақаҳои поёни бошанд дарбонону посбонон, дехконону ѓуломон ва зердастон дохил мегарданд. Табақаҳои поёониро асосои ҷомеа ва бавуҷудовардагони неъматҳоя модди медонад.

Низомулмулк ба муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо низ диққати зарури медиҳад. Дар ин ҷода нақши расулро (сафир) қадр менамояд. Бояд расулон хуб пазируфта шаванд, чун ки онҳо шахсоне мебошанд, ки тартиби муносибатҳои байни давлатҳо аз фаъолияти онҳо вобастаанд.

Мутафаккир ба гуногунии (этники, ҳудуди ва ѓ.) лашкар диққати асоси медиҳад. Ин аз ҳар ҷихат кобили таваҷуҳ аст. Гуногунии лашкар имконияти ҳар гуна исёну ошубҳоро бар зидди сарони давлат ба нести мерасонад.

Аз нигоҳи Низомулмулк давлат бонд ду хазина дошта бошад: а) хазинаи асли, ки фақат дар айёми зарури, аз ҷумла дар вақти ҷанг истифода бурда мешавад; б) хазнаи чарx, ки барои пешрафти давлат ва рeзгори мардум истифода меша­вад. Ободи ва роҳати мардум аз ободи ва пурарзишии хазнна вобаста аст.

Низомулмулк динро бо сиёсат пайваста, онро дар хизмати сиёсат гузоштааст: «Ойинро ба дунё мефурушанд ва ҳамаи корҳо ба қоидаи хеш бозгаранд. Ҳар касро ба андозаи вай бидоранд, то корҳои ойиливу дуняви бар низом бошад. Ба ҳар чи бар хилофи ин бувад, подшоҳ рухсат надиҳад ва камубеши корҳо ба тарозуи ақл ва шамшеру сиёсат рост кунад».Абдуҳомид Муҳаммад Ѓазоли (1058—1111) низ дар сиёсат фаҳмию дарки усулҳои давлатдори макоми хос дорад. Назари сиёсии ӯ дар «Насихат-    ул- мулук» гирд оварда шудааст. Сиёсатро яке аз қисматҳон илми фалсафа медонист. Ѓазоли худоро сабабгори ҳамаи ҳодисаҳо медонад. Давлатро низ худо офаридаст. Сарвари давлат, подшоҳ «…сояи ҳайбати худост бар руи замин, яъне ки бузург ва баргумоштаи худояст бар халқи хеш». Бузургтарин хислати подшоҳиро дар одили мебинад. Адл пояи устуворин давлат буда, меъёри он танҳо Ѓамхори нисбат ба раият мебошад.

Ѓояҳои инсондӯстии Ѓазоли баҳри таъмини амиият ва осудаҳолии раият хизмати босазоест.    Ѓазоли низ масъалаҳои давлатдориро тобиши ахлоқи ме-диҳад. Сиёсатро воситаи такомули давлатдори, адлу инсоф ва ҳимояи раият меҳисобад.

Ѓазоли дар тамаддуни исломи нақши махсус дорад.  исломро аз ҳар гула омилҳо ва тамоюлҳои динию ѓайридини ҳифз намудааст. Дар сиёсатфаҳмию кишвардори низ фақат аз назари Ислом назар намудааст, Худоро сабабгори ҳамаи ҳодисаҳо донистааст. Ин нуқта аз ибтидо то интиҳо ҳифз карда шудааст.

Имом Ѓазоли усули эътиқодро тарзе баён намудааст, ки аҳамияти барҷастаи методологи дорад ва дар дарки xаҳонбинии мутафаккир мақоми муҳим дорад; «Бидон эй малик, ки ту офаридаи ва туро офаридагорест, офаридагори ҳама олам ва ҳар чи дар олам аст ва яке аст, ки уро ҳамбоз нест ва ягона аст, ки уро ҳамто нест ва ҳамеша буд, ки ҳастии уро аввал нест ва ҳамеша бошад, ки будани eро охир нест ва ҳастии вай бар худ аст, ки вайро ба ҳеx сабаб ниёз нест ва ҳеx чиз аз у бениёз нест, балки буди вай ба худ аст ва буди ҳама чизҳо ба вай аст».

Мутафаккир ба подшодигари хосияти илоҳи мебахшад. Дар бораи таркиби xомеа ибрози андеша менамояд. Назарияи хоса ва оммаро ҷонибдор буда, онро ба таври ба худ хос тафсир намудааст. Ба сифати баргузидагони ҷомеа пайгамбарон ва подшоҳон амал менамоянд.    Подшохи мақоми фавкулодда дорад. Одамон ба подшоҳ, ки «сояи ҳайбати худост бар руи замни» дар итоати бечунучаро бошанд. Шаккоки ба подшоҳ ва норозиги аз e номумкин аст. Ба подшоҳон чунин хосиятҳое мансуб медонанд, ки онҳоро аз сифатҳои замини чудо месозанд.

Имом Ѓазоли дар пайвастагии дин ва подшоҳигари андешаҳои амиқ баён намудааст. Дину подшоҳиро дар баробари якдигар мегузорад. Яке аз вазифаҳои подшоҳи ҳимояи дин, тарЃибу ташвиқ ва хизмат ба ислом аст. Подшох нагузорад, ки дар қаламрави вай ба дин касе беҳурмати зоҳир намояд ва бар хилофи фармудаҳои ислом амал намояд. Подшоҳро зарур аст, ки ин гуна шаккокон ва Ѓайриисломиёнро ба ҳузури хеш хонад ва маxбур созад, ки тавба кунанд, ва аз амали зиддидини даст бикашанд. Подшоҳ ин гуна одамонро ҷазо дода, қодир аст онҳоро аз мулк биронад, покизагии дин ва кишварро ҳимоя намояд.      Подшоҳ бояд фаъолияте барад, ки раияти заҳматкашро аз ҳар гуна бадкирдориҳо раҳо намояд, ба накукорон ёри ва подош диҳад. Нагузорад, ки бадахлоқон ба фозилон зулм ва ё бадкирдорнро раво бинанд. Подшоҳ ба он кeшад, ки одамон аз бадию бадкирдори хазар намоянд, аз сиёсати e битарсанд ва рe ба амали нек оранд.

Одамон ба подшоҳон назарат менамоянд ва чигунагии фаъолияти, онҳо ба кирдару рафтор ва нияти подшоҳ обаста аст. Подшоҳи бадкирдор одамонро низ бадкирдор менамояд. Умеду орзуҳоро барҳам мезанад, ҳиммати одамонро беқадр мена­мояд. Одамон ба e бовар намекунанд, адлу адолатиро мунтазир нагашта, ҳар касе аз паси кори хеш ва муроди хеш мешавад. Дар ин xода муносибати подшоҳ ва одамон тарафайн аст. Одамон низ ба рафтору кирдори худ ба подшоҳ таъсир мебахшанд ва подшоҳ аз хислатҳои одамон низ дар кишвардори истифода мекунад.

Андеша дар бораи «чи тавре, ки бошед, хамон тавр ба шумо ҳукм ронанд» бархақ аст, ки дар шакли дигар онро дар фалсафаи сиёсии асри ХIХ Аврупо дар таълимоти Гегель барxаста дучор хоҳем омад. Подшоҳон аз таҷрибаи шоҳигарию мулкдории ниёгон истифода намоянд, пандномаҳои онҳоро бихонанд ва дар фаъолияти худ исти­фода баранд.     Подшоҳ, вазифадор аст, ки ба ҳамаи ходисаҳо ва амалҳое, ки дар мулкаш ба вуқeъ меояд назорат намояд. Нагузорад. км одамонро озор диҳаид, рeзи бад оранд. Зеро мардум ҳама амалро ба подшоҳ вобаста менамояд. Подшоҳ бехатари ва амнияти одамонро таъмия намояд. E бояд тавассути сиёсат чунин амалҳоро ба xо орад. Подшоҳ чунон босиёсат бошад, кн одамон аз  ҳазар намоянд.

Ѓазоли дар раванди идораи давлат ба мақоми вазир диққати махсус медиҳад. Вазир сиёсати подшоҳро воқеи мегардонад. Вазир бояд хислатҳои донишмандию хирадманди, меҳрубони, ростгӯи, накукориро дошта бошад. E садоқатмандона вазифаашро иҷро намояд, садди роҳи ҳар гуна амалҳои манфи дар идораи давлат гардад. Бо маслиҳати худ тавонад подшоҳро аз қабули қарорҳои нодуруст гардонад. Вазир бояд шахси пир ва варзида бошад.

Яке аз донишмандани соҳаи давлатдорий ва сиёсатмадори Мир Саид Алии Ҳамадони (1314—1384) мебошад. У  зодаи Ҳамадон буда, дар шаҳри Кулоб манзили дойми қарор додааст. Ақидаҳои сиёсии Мир Саид Алии Ҳамадони, асосан дар «Захирот-ул-мулук» гирд омадаанд. У бештар дар бораи давлати исломи сухан меронад. Асар ҳамчун дастури амал барои синфи ҳоким навишта шудааст. Он дар асри ХIХ ба як қатор забонҳои аврупои низ тарxума гаштааст, ки аз аҳамияти он дарк медиҳад.

Мир Саид Алии Ҳамадони тарзи ҳокимияти хилофат, подшоҳи ва салтанатро, ки ба ислом пайрави мекунад, эътироф менамояд. Дар байни мансабҳон набувват ва ҳокими фарқ мегузорад. Ҳокими аз рeи манфиатҳои қонун ва xомеа бармеояд. Одам  алайҳиссаломро дар мансабҳои набувват ва салтанат эътироф менамояд. Мансаби набувватро худо ба ашхоси хос медиҳад. Мансаби салтанат ва ҳоким ба хоҳиши хоким вобаста аст. Аз ин хотир, ақидаи мутафаккир аз пешгузаштагон ва ҳамзамономи худ дар ин хусус ба кулли фарқ ме­намояд, яъне e подшоҳиро пазируфтаи худо намеҳисобад. Шоҳонеро, ки ба раият хайрхоҳ нестанд ва бадкирдоранд ба «халифи иблис» шабоҳат медиҳад.

Мир Саид Алии Ҳамадони ҳокимонро ба 4 гурӯҳ тақсим менамояд:

Ҳокимони соҳиби ақлу заковати худодод;

2} Ҳокимони бефаросату иблисони замон;

3) Ҳокимоне, ки майли донишомeзи доранд, аммо мардум онҳоро аз ин амал дур медоранд.

4). Ҳокимоне, ки раиятро ба роҳи дуруст ҳидоят менамоянд, аммо худ золиманд. Барои ин раият низ гунаҳкор аст, зеро онҳо ба ин амал муросо менамоянд.

Дар замони ҳукронии Аврагзеб (1658—1707) фатвои оламгири ба вуҷуд омад. Офрандагони вай ҳокимияти подшоҳиро эътйроф намуда, ҳатто ба имоми беадолат итоат намудани мусулмононро шарт ва зарур медонистанд. Мир Саид Алии Хамадони бошад мусулмононро ба итоати бечуну чарои ҳокими мусулмон даъват намекунад. Зиёда аз ин ба ҳоким шартҳо мегузорад. Салтанат ва подшоҳиро ба даҳ шарт вобаста медонад:

Дар ҳар сурат ҳоҷатбарор будани подшоҳ;

Аҳмоли ҳоҷати мусулмонон раво надорад;

Дар хурдан ва пeшидан пайрави ба сифати хилофати рошиддин       кунад ва нафсро ба таомҳои хуш хур­дан ва xомаҳои ботакаллуф пушидан одат накунонад;

Дар ҳукм сухан бо мадоро гeяд, дурушти накунад, аз шунидани ҳуxxати бисёр малул нагардад ва аз сухан гуфтан бо мискинон ва заифон нанг надорад;

Ба xиҳати ризои халқ дар ҳукм сусти накунад ва барои хушнудии ҳар кас мухолифати ҳақ ва шарти раво надорад. Бидонад, ки хосияти ҳукумат он аст, ки пайваста ҳамаи халқ нохушнуд бошад, зеро ки хасмро бо халқ хушнуд натвон кард;

Аз хатари ҳукумат ва вилоят Ѓофил набошад ва яқин донад ии мансаби иморат ва ҳукумат олате аст ва олат ҳам тахсили саодат дар некномии охират метавон кард ва ҳам шаковат (бадбахти) ва гирифтори бадномии абади бад- он ҳосил мешавад;

Ба зиёрати аҳли фазл ва уламои рошиддин роЃиб (моил) бувад. агарчи ни қавм, ин рeзгор камёфт ва азизанд. Аз сeҳбати xоҳилони даxxолсират ва фосиқони солеҳсурат, ки дар замон худро ба халқ ме-намоянд ва ҳар хасиси золимро ба тамаъ сано мегeянд, эътироз кунад, ки ин тоифа вайронкунандагони динаттд;

Бо сабаби такаббур (Ѓурур) ва такаббур халқро аз худ дур нагардонад;

Аз ҷустуxуи хиёнати наввоб ва зулми аммор Ѓофил набошад ва дар      сиёсати подшоҳи сусти нанамоянд;     Подшоҳ бофаросат бошад;

Дар «Захирот-ул-мулк» ба одамон ба инобат гирифтан ва риоя намудани 20 хели ҳуқуқҳо ва шакли рафтор пешниҳод мегардад, ки иxроиши онҳо низ ба ҳоким ва подшоҳ воxибанд. Ба ин xумла асосан, масъалаҳои адлу инсоф ва одобу рафтор дохил мешаванд. Мир Саид Алии Ҳамадони ба «муслим» ва «муъмин» низ нигоҳи хоса дорад. E муслим гуфта шахсеро даар назар дорад, ки аз дасту забони e муслими дигар осеб набинад. Муъммн бошад дар маъное истифода мешуд, ки ба шарофати шахси бандагони дигар дар осоиштаги умр ба сар мебаранд.     Таълимоти Мир Саид Алии Хамадони бо як қатор хусусиятои худ аз афкори мутафаккирони дигари исломи фарқ менамояд. Аз xумла, шарту шароитҳои подшоҳи, ҳуқуҳҳон мусулмонон ва Ѓайраҳо.  Ба  мардум ҳуқуқи ба подшоҳ рози нашуданро медиҳад. Ин дар ҳалате таумкин аст, ки ҳоким ба ша­риат пайрави накунад, Аксарияти мутафаккмроии сиёсии ислом чунин xиҳатро рад менамоянд. Дар муносибат бо Ѓайриислом низ Ҳамадоми гузашт дорад. Онҳо метавонанд ба таври махфи нбодат кунанд.     Ҳусайн Воизи Кошифи (1420—1505) яке аз мутафаккирони варзидаест дар фаҳми сиёсат, идораи давлату xомеа. Назари e ба сиёсат ва давлатдори бештар дар асараш «Ахлоқи мӯҳсини» гирд оварда шудааст.

Ҳусайн Воизи Кошифи пеш аз ҳама ба мафҳуми «сиёсат» диққат медиҳад ва онро ба маънии зeри, тарсиданд, маҷбурнамои ва Ѓайраҳо мефаҳмад. Сиёсат «…забт кардан аст». «Мамлакатро ҷуз ба сиёсат забт натвон кард».

Ҳусайн Воизи Кошифи инчунин мафҳуми «сиёсатгоҳ»-ро ва таври махсус истифода менамояд, ки маънии мавзеи ба ҷо овардани зeри, «адабнишондиҳи» ва ҷазодиҳиро дошт: «… то золимро ба сиёсатгоҳ бурдан ва гардан бизананд».

Ҳусайн Воизи Кошифи сиёсатро ба ду навъ xудо менамояд:

сиёсати нафси худ ва сиёсати Ѓайри худ. Сиёсати нафс ба қойдаҳо ва хосиятҳои ахлоқии одамон асос меёабад. Сиёсати Ѓайри нафс бошад. дар навбати худ ба ду гурeҳ xудо мегардад: а) Сиёсати хосу муқаррибони даргоҳ; б) Сиёсати авом, ки ҳамаи одамони бахилаф, каxрафтор ва бадтинатро доимо дартафсу ҳарос нигоҳ, дорад. Одамон доимо бояд тарсида истанд, вагарна озодиш худро ҳис намуда, ба корҳое даст мезананд, ки қобили қабул нестанд. Бо ҳамин вазифаи сиёсати авом ба охир намерасад. Он бояд одамони нек ва бегуноҳро паногоҳ диҳад, дари умед гардад.

Ҳусайн Воизи Кошифи сиёсатро воситаи асосии танзими ҳаёти xомеа мешуморад:

Аз сиёсат низом ёбад мулқ,

Бе сиёсат халалпазир бувад.

Насақи корҳои оламро

Аз сиёсат ногузир бувад…

ё мефармояд:

Гар теЃи сиёсати салотин набувад,

Дар олами хок оби хуш кас нахурад.

Ҳусайн Воизи Кошифи аз номи ходимон аа мутафаккироии давраҳои гузашта дар бораи сиёсат ва сиёсатмадори ҳикояҳо оварда, назари худро асоснок менамояд. Салтанатро ба ниҳол ва сиёсатро ба об монанд менамуд:

Хуш он шаҳриёре, ки аз руи дониш,

Таамул кунад дар китоби сиёсат

Сари теѓи ӯ гулшани салтанатро

Тару тоза дорад ба оби сиёсат…

Ба назари мутафаккир яке аз объектҳои дигари сиёсат фурe нишонидани фитнаю фитнагари мебошад.

Агар султон нафармояд сиёсат,

Занад ҳар нокасе лофи сиёсат,

Бало бар ҳам занад рeи заминро,

На давлатро бақо бошад, на динро

Чу мардум забт дар кишвар набинанд.

Ба xуз фитна раҳи дигар набинанд.

Зиёда аз ин Ҳусайн Воизи Кошифи сиёсатро тавре маъидод менамояд ва зарур мешуморад, ки бештар ба бадахлоқон, золимон, мардумазорон ва умуман, ба одамони бадкирдору бадрафтор нигаронида шуда бошад. «Пас аз одамиён ҳар ки бар хeю хислати фариштагон аст, афзали навъи инсон аст ва ҳар ки бар табъу сирати сибоъ ва ҳайвон бошад, бадтарини                               дарандагон ва газандагон аст ва мустаҳаки сиёсат эшонанд, на одамиён».

Ҳусайн Воизи Кошифи дар фаҳми сиёсат ва идораи давлат ба дарки моҳият ва вазифаҳои адлу адолатхоҳи мароқи зиёд зоҳир намудааст. Адлро воситаи пойдории кишвар меҳисобад:

Мамлакат аз адл шавад пойдор.

Кори ту аз адли ту гирад қарор,

Ҳар ки дар ин хона шабе дод кард,

Хонаи фардои худ обод кард.

Ё мефармояд:

То пои подшоҳ бувад бар бистои адл,

Бар фарқ e ниҳода бувад тоxи сарвари,

Чун даст аз остини таЃаллуб бурун кунад,

Бошад насиби гардани e тавқи мудбири.

Мутафаккир подшоҳи одилро қадр мекунад. E паноҳгоҳи мазлумон аст. Раҳбарон аз зулму золими ба танг меоявд, ба назди шоҳи одил омада, имдод металабанд.     Ба андешаи Ҳусайн Воизи Кошифи низ чун мутафаккиронн асримиёнаги подшоҳи хсияти илоҳи дорад. Подшоҳ ҳамчун сояи худо дар руи замин ҳисобида мешавад.   Ҳусайн Воизи Кошифи дар фаҳми адолатноки ба Арасту наздик аст. Арасту адолатнокиро ба сифати хайрияти умум медонист. Ҳусайн Воизи Кошифи низ адолатнокиро воситаи нигоҳ доштани баробарию мутаносибии байнн одамону аҳли xомеа меҳисобад: «адл равият нигоҳ доштан аст миёни халқ». Ин воситаи нигоҳ доштани мувозинати байни одамон вобаста ба он аст, ки мутафаккир аҳли xомеаро ба 4 қисм тақсим мемамояд: «аввал, аҳли шамшер чун мурод лашкариён ва эшон ба масобаи оташанд. Дуюм, аҳли қалам чун вузарову кутабо ин гурeҳ ба масобаи ҳавоянд. Сеюм, аҳли муомила чун бозар гонон ва муҳтарифони эшон ба манзалаи обанд. Чорум, аҳли зироат ва эшон ба масобаи хоканд».

Агар адлу инсоф дар байни аҳли xомеа ҳукмфармо набошад ҳар гурeҳе метавонад ба дигаре чашм аъло намояд, онро душман бихонанд ва кeшанд, ки мавқеи худро аз ҳисобе таЃйир бидиҳанд. Дар натиxа агар яке аз гурeҳҳои xомеа аз мақоми хеш берун гардад вайронкориву харобкори амали дои­ми мешавад. Вазифаи адл низ нигоҳ доштани ҳамин мувози­нати байни гурeҳҳо аст.  Яке аз аркони адолатнокиро шунидани сухани мазлумон, ба доди одамон расидани подшоҳ ташкил медиҳад. Подшоҳро зарур аст, ки то ба охир ботамкинона арзи касонро шунавад, андеша намуда, хулоса барорад. Адл беҳтарин хислат аст. Подшоҳи одил бакои мулкро таъмин созад, мамлакатро обод намояд. Ҳусайн Воизи Кошифи яке аз хислатҳои подшоҳи одил ва адолатнокиро дар қудрат доштан ва авф кардан мебошад.

Авф фармудан муборак хислатест,

Ҳар ки дорад авф соҳибдавлатест.

Дил зи нури авф равшан мешавад,

Дар насимаш сина гулшан мешавад.

Дӯст дорад авфро парвардигор,

Он чи эзид дӯст дорад, дӯст дор…

Ҳусайн Воизи Кошифи дар раванди идораи давлат машварат намудан ва махфи нигоҳ доштани асрори давлатдориро қадр менамояд.

Дар сиёсатфаҳми ва давлатдори, Ҳусайн Воизи Кошифи ба гирд овардани ахбор ва аниқию саривактии он нақши махсусро мансуб медонад. Гирд овардани ахбор дар бораи вазъикишвар ва ҳаёти ҳамаxонибаи он, баровардани хулосаҳои саривақтию дуруст, қабули қарор ва амали намудани он ба қатори пояҳои асосии давлатдори дохил мегарданд.Ҳусайн Воизи Кошифи яке аз пояҳои асосии шоҳигари аа давлатдориро дар мавxудияти ахбор медонад. Андеша ба он аст, ки набудани яке аз пояҳои давлатдори боиси таназзули салтанат гардад. Ба сифати ҳамин гуна поя «… соҳибхабари амин, ки пайваста ахбори шаҳру вилоят ва ҳолати аъёну раият ба ҳазрати султон арз намояд», баромад менамояд.     Мутафаккир вазифаҳои ҳар яки ин уксурони давлатдориро шарҳ дода, инкишофи кишварро аз муносибатҳои байниҳамдигарии аъёну ашроф, ходимони давлатий вобаста медонад. Махсусан, мақом ва нақши муносибатҳои байниҳамдигарии подшоҳ, вазир ва ҳокимони дигар дар вазъи давлатдори барxаста аст.

 

Чун як дил набошанд аъёни шоҳ,

Шавад кори шоҳу раият табо

Зи аркони давлат назебад низоъ,

Ки истеза орад амал-инқитоъ,

Ситеза ба xое расонад суханро,

Ки вайрон кумад хонадони кӯҳан

Дар раванди идораи давлат нақши лашкариён махсус аст. Ба зиммаи лашкар, асосан чор вазифа гузошта мешаад: «Аввал, қувват ва ҳайбати подшоҳ. Дуввум, дафъи душманон. Саввум, эмини руаё. Чаҳорум, дафъи дуздону эминии роҳҳо».

Лашкариён табақаи махсуси иxтимоиянд, ки дар фаъолияти худ бояд присипҳои зеринро ба инобат гиранд ва махсусан, дар муносибат бо подшоҳ ё султон эҳтиёткор бошаид: «Аввал, он ки аз фармони султан берун нараванд ва xуз ба хукми e кор накунанд. Дуввум, он ки ба подшоҳ як дилу як забон бошанд. Саввум, он ки бо якдигар низ мутаффиқк бошанд. Чаҳорум, он ки дар корзор мардонаги ва фарзонаги риоят намоянд».      Султон низ бояд ба лашкариён муносибати хоса дошта бошад. Дар бораи онҳо Ѓамхори намояд.

Ҳусайн Воизи Кошифи ба накши махсуси вазир дар идораи давлат мароқ зоҳир намудааст ва онро муҳимтарин унсури давлатдори меҳисобад. Вазир тамоми корҳои идораи кишварро сарвари менамояд, ба низом меандозад. Бояд подшоҳ ба вазир муносибати махсус дошта бошад. Eро эҳтиром кунад. Вазирро паст назанад, ба андешаҳои e гeш диҳад.

Масъалаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа дар фаъолияту ашъори Низомии Ганҷави (1141—1209). Насриддини Туси (1201—1273), Абдураҳмони Ҷоми (1412—92) низ таxассум мегарданд. Низоми орзeю омоли халқи меҳнаткашро ифода намуда, тартиботи xамъияти, маишат ва ахлоки xомеаи худро сахт танқид ме­намояд. E ба зидди беадолатиҳои иxтимои баромад менамуд. Низоми дар асараш «Иқболнома» дар бораи шаҳр-давлате орзу  менамояд, ки на ҳокимон дорад, на тобеон, на камбаЃалон ва на бойю ашрофон. Ҳамаи одамон озодии комилро истифода менямоянд ва ҳуқуқу eҳдадориҳои якхела доранд.

Насриддини Туси масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро дар асараш «Ахлоқи Носири» мавриди муҳокима қарор медиҳад. Ба нақ­ши истеҳсолот, ҳунарманди ва савдо диққати бештар медиҳад. У  низ дар бораи «шаҳри озоди– шаҳри халқи» орзу менамояд. Ҳама баробарҳуқуқанд. Аҳоли, ки аз одамони озод иборат аст, аз ҳокимон боло меистад. Ҳокимон бояд амалеро ба ҷо оранд, ки аҳоли мехоҳад. Дар шаҳр шахсоне, ки дар бораи озодии халқ сухан  мегуянд ва онро аз душманон мухофизат менамоянд, ба ҷумлаи беҳтаринҳо дохил мешаванд. Дар байни аҳолии таҳҷои ва омад фарқияте дида намешавад. Аз ин ҷост, ки одамон хоҳиши дар ин шаҳр зиндаги карданро дорамд

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.