МУНОСИБАТИ    СИЁСАТ ВА АХЛОҚ

Нақша

  1. Муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва ахлоқ,

Яке аз масъалаҳои муҳими илми сиёсиро масъалаи муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва ахлоқ, баҳамтаъсиррасонии сиёсат ва соҳаҳои дигари ҳаёт, доираи таъсиррасони ва нуфузи сиёсат ташкил медиҳад. Дар сиёсат арзишҳои ахлоқию маънави нақши муҳим доранд. Таърихи тамаддун нишон медиҳад, ки мутафаккирон дар сиёсат ва давлатдори ба масъалаҳои аҳлоқи диққати хоса медоданд. Плутарх, Арасту дар сиёсат иштироки шахсони болаёқат ва арзандаро таманно доштанд. Арасту сиёсатро ҳамчун этикаи иҷтимои, фалсафаи ахлоқи медонист, ки бо уҳдадориҳои ҳокимият дар назди шаҳрвандон пайваста аст. Баҳаммувофиқони мақсад ва вазифаҳо дар сиёсатро аз маҳорати ҳоким вобаста медонист. Афлотун низ дар ҳамин маъно ибораи андеша намудааст. Г. Мабли бошад, сиёсатро ба сифати аҳлоқи ҷамъияти медонист. Ахлоқро то сатҳи сиёсати хусуси маънидод менамуд. Назари Ж. Ж. Руссо низ дар муносибати тарафайни сиёсат ва ахлок қобили таваҷуҳ мебошад. Ба фикри ӯ сиёсат ва ахлоқ ягонаанд ва ҳарчи ки дар ахлоқ бад ва нолозим аст дар сиёсат низ ба ҳамин тавр қарор дорад. Муаллифи Эъломияи истиқлолияти давлати ва президенти сеюми ИМА Т. Ҷефферсон (1743—1826) санъати идораро ба шарафноки мепайваст..

Равияи дигар дар муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва ахлоқ бо номи Н. Макиавелли пайвастааст. Асоси андешаҳоро ҷудоии сиёсат аз ахлоқ ташкил медиҳад. Гуё ҳар яки он қонунҳои махсуси инкишофи худро дорад. Ба андешаи Н. Маки­авелли ахлок абади буда, муносибатҳои инфиродии(шахси) одамонро танзим менамояд. Одамон ихтиёран қоидаҳои ахлоқиро риоя менамоянд ва дар муносибатҳои байниҳамдигари ба тасаввуроти худ дар бораи некию бади, идеалҳо, қоидаҳои ахлоқи такя менамоянд.

Дар  сиёсат мақсаднокиро дарҳои аввал мегузорад. Манфиатҳои умумиятҳои иҷтимои дар он таҷассум меёбанд. Манфиатҳои одамон хосияти мушаххас доранд ва дар зери таъсири онҳо субъектҳои сиёсат метавонанд мақсадҳои худро дигар намоянд. Ба фикри Н. Макиавелли истифодаи зӯри, золими ва фиреб агар баҳри муваффақ шудани мақсадҳои сиёси бошанд равост. Ибораи «мақсад воситаро ҳақ мебарорад» қоидаи асосии сиёсати бадахлоқона аст.Мутафаккирон борҳо кушиданд, ки хосиятҳои канораи сиёсату ахлоқро суфта намоянд. Гурӯҳе аз онҳо ғояи «бадии кам»-ро пеш мегузоштанд. Ҳатто, низоми арзишҳо ва муносибатҳоро муайян кардани мешуданд. Масалан, Афлотун агар ба манфиати кор бошад андешаи ба дуруғу фиреб  оварданро ҷонибдори мекард. Вале, чунин муносибат низ хатост. Зеро он дарҳол ба одат табдил меёбад….М. Вебер низ таносуби сиёсат ва ахлоқро мавриди омeзиш қарор дода буд. низ нақши асосии зeриро дар сиёсат эътироф мекард. Вале, ӯ сиёсат ва ахлоқро тавассути тақсими соҳаҳои фаъолияти онҳо ба ҳам мепайваст. Ба назари ӯ то қабули қарор сиёсатмадор метавонад ба эътиқоди ғояви ва принсипҳои ахлоқи такя намояд. Баъди қабули қарор бошад ғами оқибатҳо ва натиҷаҳои онро дорад.М. Вебер кодекси ягонаи ахлоқии рафторро намеписандид. Дар ҳолати мушаххас сиёсатмадор худ қарор қабул менамояд.Равобити сиёсат ва ахлоқ аҳамияти махсус доранд. Онҳо ба сифати шакли шуур ва фаъолият дар баҳамалоқаманди қарор доранд. Зуҳуроти одди ва ҳамешагии ин пайвастаги чунин аст: ҳар гуна воситаи зури ва истифодаи онҳо баҳри муваффақ шудан ба мақсадҳо ва ҳатто, ба мақсадҳое, ки орзую омоли инсониятро дар ҳусуси адолати иҷтимои инъикос намоянд низ камоли беодоби ва ахлоқан нодуруст шумурда мешаванд. Ба муносибати байниҳамдигарии онҳо хосиятҳои ҷомеа, муҳити иxтимоию мадани таъсири худро мерасонанд. Дар навбати худ онҳо хусусиятҳои анъанаҳо ва мероси маданиро инъикос менамоянд. Қисман баҳампайвастагии сиёсат ва ахлоқ, хосиятҳои биоганетикии миллат ва нажодро низ таxассум менамояд. Дар ибтидо сиёсат ва ахлоқ аз ҳам ҷудо набуданд. Ин бештар дар Шарқи Бостон зуҳур меёфт.Тадриҷан сиёсат ва ахлоқ аз ҳам xудо мегаштанд. Ин бештар дар ҳаёти кишварҳои авропои рух медод. Ҳар чи қадаре, ки иқтидори индивидуализм ва динамизм афзуи гашт, ҳамон қадар сиёсат ва аҳлок аз ҳам ҷудо мегарданд. Дар назария Н. Макиавелли ба ҷудоии сиёсат ва аҳлок ҳиссагузори намудааст. Анъанае, ки e оғоз намуд ба он аст, ки мақсадҳои сиёси тавассути воситаҳои сиёси ба даст оварда мешаванд.Дар Замони нав яке аз тамоюлҳои муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсат ва ахлоқро сиёсигардонии алоқ, тобеи сиёсат гардондани он ташкил медод, ки то ба замони мо мушоҳида мегардад. Ин ҷиҳат дар замони шурави низ зуҳур мегашт. Гузориши масъала дар бораи ахлоқи коммунисти ҳамин тавр буд. Ахлоқ ба манфиатҳои муборизаи синфи тобеъ карда мешуд. Сиёсигардонии канории ахлоқ хосияти ниҳоят манфи дорад. Он роҳро сӯи «каҳрамони» мекушояд, қисми ҷомеаро муттаҳид менамояд (махсусан ҷавононро) ва онҳо аз номи мардум ба муқобили мардум фаъолият мегузаронанд. Ҳоло нақшаи умумии алоқаманди, аз ҳам ҷудонамои ва мухолифати сиёсат ва ахлоқ вуҷуд надорад. Дар ҳар макону замон муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсат ва алоқ, хосияти мушаххасро ба худ мегиранд. Таълимоти гуногун ба муноси­батҳои онҳо таъсир мерасонанд. Вале роҳу воситаҳои беҳтари танзими муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсат ва ахлоқро пайдо менамоянд. Ҳоло ду самти асосии чунин муносибат мавxуд аст: 1. Дарёфти меъёрҳои умумии гуманистии сиёсат ва он бояд дар конститутсия дарҷ гардад. Ҳуқуқ ва озодии инсон чунин меъёри умуми шуда метавонад, ки маънии фаъолияти сиёсатмадор ва масъулияти ӯро ташкил медиҳад. 2. Баланд бардоштани муносибати аҳлоқи ба сиёсат, ки тавассути назорати ҷомеа аз рӯи фаъолияти институтҳои сиёси амали мегардад. Ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири бештарро инчуннн маданият мерасонад. Мафҳуми «маданият» дар маънои васеаш ҳамаи он чиро, ки маҳсули фаъолияти инсон аст дарбар мегирад. Аммо ҳоло сухан аз боби фаҳми маҳдудтари маданият, маданият ба сифати омили таъсирбахши ҳаёти сиёси меравад. Маданияти маънавии ҷомеа ба интихоби шаклҳои институтҳои сиёси, методҳо ва воситаҳои амал намудани онҳо таъсир мерасонад. Масалан, ба вуҷуд омадани шаклҳои муайяни давлат, хоҳ шаклҳои идори бошад, хоҳ сохтори давлати ва ё хоҳ режимы сиёси на танҳо аз шароитҳои иқтисоди вобастаанд. Ба ташаккул ва инкишофи онҳо омилҳои мадани низ, аз қабили ҷараёнҳои фалсафи, иҷтимоию сиёси, дини, ҳаракатҳои милли ва ғайраҳо таъсир мерасонанд.Нақши усулҳои ахлоқию маънави нисбати сиёсат фақат асоси бунёдии маънави дошта, ҳеҷ гоҳ асосҳои моддии онро иваз карда наметавонад. Ҳар як сиёсатмадор бояд ахлоқи ҳамида дошта бошад ва дар фаъолияти худ дар баробари омилҳои дигар омилҳои ахлоқию маънавиро низ ба роҳбари гирад. ҳангоми ба амал баровардани мақсади асоси, тарзи иҷро ва воситаҳои он ҳосиятҳои аҳлокию маънави бояд нақши муҳим бозанд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.