Илми ахлоқ ва масъалаҳои асосии он

Нақша

  1. Таърихи фарҳанг ва фалсафаи пешгузаштагони халқамон.

Шояд дар таърихи фарҳанг ва адабиёти ягон кишвар ин қадар ба масъалаи ахлоқи инсон даст назада бошанд, чуноне ки дар таърихи фарҳангу фалсафаи пешгузаштагони халқамон. Ин пирони хирад аз бар кардани илми ахлоқро, ки аз пояҳои асосии саодати иҷтимои аст нисбат бар дигар илмҳо муқаддас доштанд. у қисми асоси – назари ва амали xудо гардида, илмҳои назари бар асоси Чи тавре ки аз табақабандии илмҳо бар меояд илми ахлоқ дар васати илмҳо дорои мартабаи хос мебошад. Умуман тақсимбандии илмҳо ба мақсади баррасии моҳияти онҳо ҳанӯз аз қарнҳои пеш аз мелод таваҷҷӯҳи олимонро ҷалб намуда буд. Табақабандии маъруфе мебошад, ки ба мактаби фалсафии Арасту ва ҷонибдорони юнони вай тааллуқ дорад. Мутобиқи он илмҳо ба тааллуқияти худ ба се қисми асли, яъне табииёт, риёзиёт ва илоҳиёт тақсим шудаанд.

Илмҳои амали низ ба се қисм ҷудо гардидаанд: ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун.Илми назарияви ашёҳоеро мавриди барраси қарор медиҳанд, ки ҳастии онҳо новобаста аз фаъолияти инсони мебошанд. Илмҳои амали, ба хусус илми ахлоқ бошад, худи фаъолияти инсонро меомӯзад. Ҳадафи аввали – идроки маърифати воқеият бошад, ҳадафи дуввуми – ба даст овардани саодат аст.Одоби сиёси –дипломати низ табиатан риояти пурраи тамоми меъёрҳо, талабот, шароит ва қоидаҳои расман сабтшуда ва қонунишуда ва гоҳе нонавиштаро тақозо дорад. Риоят нанамудани онҳо ба эътибор, мақом ва симои давлату кишвар дар сатҳи байналмиллали зарари ҷидди ворид хоҳад кард.

Бинобар, зарур аст, то одоби сиёси ва расмиро ҳама кормандони масъул риоят ва дар фаъолияти худ татбиқ намоянд.Қобили тазаккур аст, ки табақабандии илмҳои назари аз ҷониби худи Арасту, вале тақсимбандии илмҳои амали пас аз гузашти вай, тавассути пайравонаш анҷом пазируфтааст. Дар шарқи мусулмонон низ аз асри аввали ҳиҷри ба табақабандии илмҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуданд ва қабл аз ҳама яъқуб ибни Исҳоқи Кинди ба ин масъала рӯй овард. Дар асрҳои баъди бошад ҷонибдорони мактаби Арасту – Фороби дар асари хеш «Эҳсо ул-улум» ва Ибни Сино дар «Ақсом ул-улум ал—ақлияти» онро баён кардаанд, ки боиси пешрафт ва рушду такомули фалсафаи машшоия гардидаанд.Аз рӯи табақабандии мазкур илми ҳикмат (яъне фалсафа) ба ду қисмат ҷудо мешавад, яке ҳикмати назарияви ва дигаре ҳикмати амали. Илми ҳикмат, чуноне ки зикр намудем, яке аз илмҳои назарияви буда, ҷинсу ашёҳоеро мавриди барраси қарор медиҳад, ки барои идрок ва маърифати инсон қуллай ва муносиб бошанд. Ба тариқи дигар гӯем ин илм нахустасоси ашё ва падидаҳо, инчунин сабабиятҳоро меомӯзад. Зеро танҳо таввасути онҳо ва аз тариқи онҳо метавон моҳияти соир равшан ашёҳоро дарк намуд.

Илм ҳамон вақт қимату арзиши аслии хешро ба даст хоҳад овард, ки тибқи фармудаи Арасту, муроқибаткунанда буда, аз манфиатпарасти фоидаҷӯиҳо ва омӯзиши технологии олам дур бошад. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар асрҳои миёна ҳаёти муроқибаткунандаро шакли олии ҳаёт шумурда, тамаъкориву фоидаҷӯиҳои шахси дар вай ҷой дошта наметавонист. Ин шакли ҳаёт шакли хосаи ҳаёт шуморида шуда, барои ҷустуҷӯи ҳақиқат равона гашта буд ва шакли оли ва ниҳоии фаъолияти маънави ва эҷодии инсон маҳсуб мегашт.Барои ҳокимони гузаштаамон муносибати инсон ба олам, робитаи байни олами сағиру кабир, барқарор намудани ҳамоҳанги ва муносибати ашёҳои ягона бо нахустасоси куллашон моҳияти аслии маърифатро ташкил медод. Ба ибораи дигар, дарки кулл, қабл аз ҳама маънои аз ашёҳо ва падидаҳо дарёфт намудани усули умумии нахустасос ва мабдаи онҳо, фаҳмишу дарки низоми ягонаи олам, куллия ашёҳо ва муносибати зарурию ҳамоҳангии онҳо мебошад. Инсон дар ин занҷири низом ҳалқаи зарурие мебошад, ки моҳияти ҷавҳари воқеотро аз тариқи дониш ва аҳлу заковати хеш дарк менамояд. Камолоту рушди инсон низ, билхоса бар асоси дониш ва биниши вай устувор хоҳад гашт. Аз ин ҷост, ки илм ва хирадро сабаби умуми ва асосии падидаҳои ҳастии олам мешиносанд……..Ҳатто ҳангоме, ки худо инсонро офарид ба нахустин неъмати хеш, яъне илм ва биниш ба xадди одамон-бобо Одам ниҳод ва инсонҳоро аз бутаи тираи адам(нести) раҳои бахшид. Дар аввалин сурае, ки ба пайғамбари ислом дуруд фиристод, арзиши неъмати илм ва донишро бозгӯ намуд ва ба тамоми аҳли башар чунин изҳор кард, ки дар тамоми ҳамаи падидаҳои ҳасти, вуҷуди онҳоро бо илм вижаги бахшида аст ва мушаххасу мумтоз сохтааст. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки агар пас аз неъмати эҷод неъмати волотаре вуҷуд медошт худо одамонро ба илм мумтоз намекард.

Ақл, хирад ва дониш ҷавҳари басити инсонро ташкил дода, аломати фарқкунандаву мушаххаси у  мебошанд. Дар робита ба ин Арасту дар китоби «Метафизика» овардааст, ки агар чи одамони дар соҳаҳои мухталифи истеҳсоли  таҷриба дошта дорои зинадагии бою ғани бошанд ҳам, лекин одамони донишмандро нисбат ба онҳо ҳурмату эҳтиром менамоянд. Зеро онҳо медонанд, ки одамони донишманд иллат ва сабабияти сохтани ашёҳоро хубтар дарк мекунанд ва донишашон онҳоро як сару гардан аз дигарон боло медорад. Арасту чунин хулоса мекунад, ки донишмандон бохирадтаранд на ба он сабаб, ки таҷрибаи хуби зиндаги доранд, балки онҳо дониши хуби назарияви дошта, сабабиятро дуруст дарк менамоянд….Ба ҳамин тариқ ҳикмати назари аз илмҳои офаранда боло мебошанд. Фаъолияти назари бошад аз фаъолияти амали волотар аст. Гарчанде ки аз ҳикмат фоидаи мустақим ҳам нагирем, лекин дар байни соир илмҳо илми пурқимат мебошад. Ин илм худ барои худ вуҷуд дошта дар роҳи маърифати ҳақиқат равона шудааст. Ҳикмат ин устуворандеши ва санҷидагии гуфтору рафтор буда, саршор аз шукӯҳу аъзамат ва хайру баракат аст.Ҳикмати амали ва барои навбати худ илми ахлоқ барои дарки муносибатҳои иҷтимои ва вазифаҳои ҷамъиятии ҳар шахс, барои фаҳмиш ва дарки қоидаҳои ахлоқиву ҳуқуқие, ки ҳаёти ҷамъияти ба онҳо такя менамояд, инчунин танзими кирдору рафтору гуфтори одамон ба мақсади расидан ба ҳадафи волои олии ахлоқи хидмат менамояд. Ин илм ба ҳайси илми раҳбарикунанда буда, ҷой ва тамоюли фаъолияти инсонро дар ҷамъият ва олам муайян месозад. Тавассути ин илм инсон ҳадафи аслии офариниши худро дарк намуда, ҷавҳари басити хешро дармеёбад. Аз ин рӯ илми ахлоқ – илмест, ки шахсро ба ҳаракатдиҳанда ва созандаи таърих табдил медиҳад ва ба фармудаи И. Кант – илмест «доир ба қоидаҳое, ки инсон чи гуна амал бояд намояд. Ин илм дар ҷараёни амали иҷтимоии мардум ба вуҷуд омада, ба ҳар як фард қоидаҳои амалии одобро омӯзонда, лекин махсуси як одам шуда наметавонад. Илми ахлоқ шакли иҷтимои дошта кирдори касоне мебошад, ки бо якдигар муносибати фикри, эътиқоди ва ихтисоси муайяне доранд. Аслан илми ахлоқ зодаи ҷамъияти инсони буда, маънои хиради зиндагиро дар худ меғунҷонад. Яъне таълимотест дар бораи касб намудани сифатҳои иродиву рӯҳонии инсон, ки сараввал дар ҳаёти иҷтимои ва баъдан дар ҳаёти шахсии ҳар фард зарур ва ногузир мебошад. Ба ҳамин тариқ ахлоқ офаридаи мардум буда, василае барои таҳкими манфиатҳо ва амалкарди инсонҳо мебошад. Вай ба нерӯе табдил мешавад, ки гӯё бидуни дахолати одамон ба даст омада, шакли  ахлоқи тамоми ҷомеаро, ки пуштибон ва муҳофизи он аст, ба худ мегирад.

Чуноне ки гуфтем ахлоқ бо воситаи ақли шахс ба вуҷуд меояд ва ба андешаву ҷаҳони  ботинии фитрат вай робитаи мутақобила дорад. Ҳар як андешаи инсон ё барои фаъолияти амалии ӯ, ё барои эҷоди чизе ва ё барои фаъолияти назарияви равона гаштааст. Яъне инсон таваcсути мафкураи хеш дар фаъолияти худ роҳи дурустро интихоб менамояд, ки дар асоси дониш ва таҷриба сурат мегирад. Дар фарқият аз ҳикмати назари, ки маърифати ҳақиқат ҳадафи ниҳоии вай мебошад, илми ахлоқ донишу таҷрибаро барои ба даст овардани мақсади ахлоқии инсони ҳамаҷониба истифода менамояд, яъне ҳадафи ниҳоии тафаккури инсон маърифати холи набудан, балки устуворандеши ва санҷидагии гуфтору рафтор дар шароити хосу муайян мебошад. Инсон на танҳо бояд дар бораи фазилат донад, балки худ дорои фазилатҳои хуби инсони бошад ва тавассути онҳо бо разилатҳои нафси мубориза намояд.

Ба ҳамин тариқ ахлоқ дониши амали буда, дар он назарияҳо ва ақидаҳои амали гашта барои идораи кирдор, рафтор ва гуфтори инсон матраҳ мегардад. Умуман фард аз ахлоқ ва ахлоқ аз фард ҷудо вуҷуд дошта наметавонад.

Қобил  ба тазаккур аст, ки мавзӯи матлаб дар илми ахлоқ муқаддимаи оддие нест, ки танҳо дар чаҳорчӯбаи табақабандии умумии маълумоти илми асос ёфта бошад. Табақабандии илмҳои ҷамъиятие, ки дар адабиёт вуҷуд доранд фақат ҳамон далели муайянро тасдиқ менамоянд, ки вай илми ҷамъияти, иҷтимои мебошад. Аз ин баъд мушкиле пайдо мешавад. Агар мо аз доираи xудошавии илмҳо ба соҳаҳо бароем, дар ин ҳолат илми ахлоқ бояд ба гурӯҳҳои илмҳое, ки марбут ба маҷмӯи муносибатҳои идеологи мебошанд дохил гардад ва дорои мавзӯи хоси худ, яъне ахлоқ ҳамчун шакли шуури ҷамъияти бошад. Илова бар ин хусусияти ахлоқ, ки мо баъдтар хоҳем дид, аз он иборат аст, ки вай дар фазою фосила маҳдуд намебошад. Агар мо дар асоси табақабандии Арасту гирем ва онро ба илмҳои фалсафи дохил намоем, дар ин ҳолат мо ба мушкилоте дучор хоҳем шуд, ки дар асоси он илми ахлоқ комилан ба ягон аз онҳо пурра дахл дошта наметавонад. Аз як тараф, вай илми ҷузъи мебошад, барои он, ки на ҳамаи ҷамъият, балки яке аз соҳаҳои ҷузъи онро меомӯзад. Лекин, аз дигар тараф, вобаста ба пайдоиши таърихи ва моҳияти истифода усулҳо дар он, вай ба гурӯҳи илми фалсафи тааллуқ дорад.

Мавзӯъи илми ахлоқ бевосита ба худи ахлоқ дохил мешавад ва аз умқи пурмазмуни вай вобаста аст. Ҳол он, ки дар вақти шарҳдиҳии силсилави ва бахусус дар рафти таълими илми ахлоқ вай ҳамчун ибтидои маҳсуб мегардад. Вале сарфи назар аз ин натиҷаи охирин, ҷамъбасти натиҷаҳои назариявии асосии онро дар бар мегирад. Он чизе ки Гегель дар замони худ доир ба фалсафа навишта буд, таид менамояд, ки барқарор кардани мафҳумҳои он ба дида баромадани тамоми мазмуни он баробар аст, мумкин аст ба илми ахлоқ ҳам тааллуқ дошта бошад. Аз ин лиҳоз мавзӯи илми ахлоқ на он қадар муқаддимави, ба возеҳ будан ё ба тасаввуроти умуми оид ба сохти донишии илмии ифодаи соҳаи омӯзиши вай мебошад, балки мушоҳидакунии пешакии хусусият ва мазмуни асосии вай мебошад. Аз ҳамин сабаб вай, ба назари мо, на бо роҳи тақозо бо дигар илмҳои махсус (ахлоқ ва педагогика, этика ва психология ва ғайра), балки мукаммалкунии бевосита дар худи мазмуни он мумкин аст ҳалли худро ёбад. Аз худи таърихи мафҳуми «ахлоқ» ва «этика» оғоз менамоем.

Аслан ахлоқ аз калимаи хулқ гирифта шуда, шакли ҷамъи арабии он мебошад. Халқ ва хулқ аз нуқтаи назари реша як мебошанд. Халқ – яъне шакли зоҳирии инсон буда, хулқ бошад шакл ё ҳолати нафсони ва сифати маънави ва ботинии ӯ мебошад.

Этика бошад, аз нуқтаи назари этимологи аз решаи калимаи юнонии қадим «этос”-еthоs гирифта шуда, маънои аслию сарчашмаи он, масалан дар “Илиада”-и Гомер, ҷои истиқомати якҷояро дорад. Баъдан мафҳуми этика маъниҳои дигар гирифт: расму русум, мизоx, хулқ ва ё хислат. Аз ин рӯ таърихи калимаи “этос” муайян месозад, ки расму одат ва хулқи одамон дар ҳаёти мутаҳидона ва иҷтимоли, зиндагии якҷоя ба вуҷуд меояд. Дар яке аз порчаҳои асари Героклит гуфта мешавад, ки «этоси инсон ин илоҳиёти ӯст». Чунин тағйири мазмун хеле ибратбахш мебошад, зеро он иртиботи байни доираи муносибатҳои инсонро бо хислати ӯ ифода менамояд. Аз калимаи «этос» ба маънии хислат дури xeста, Арасту шакли сифати «этика»-ро ба вуҷуд овард ва барои муайян кардани соҳаи махсуси сифатҳои инсони онро фазилатҳои инсони номид. Фазилатҳои инсони хусусиёти хислат, ғайрат ва инчунин сифатҳои қалбии инсонро дар бар мегиранд. Онҳо аз фазилатҳои ақли ва ё ба шакли дигар аз фазилатҳо дианоэтники тафовут доранд. Барои муайян кардани маҷмӯи некӯкории ахлоқи ҳамчун соҳаи махсуси дониш ва барои xудо кардани худи ҳамин дониш ҳамчун илми махсус Арасту истилоҳи «этика»-ро ворид намуд.

Барои тарҷумаи дақиқи мафҳуми Арастуии этики аз забони юнони ба забони лотини Ситсерон истилоҳи «моралист» (ахлоқи) – ро тартиб дод. E онро аз калимаи «мос» (морес – ҷамъи он) – ҳамчунин ҳамчун лотинишудаи калимаи «этос»-и юнони, ки маънии хислат, ғайрат, мeд, сару либос, расму русумро дорад, ба вуҷуд оварад.

Ситсерон  аз ин ҷумла дар бораи фалсафаи ахлоқи сухан гуфта, зери ин мафҳум тамоми соҳаҳои дониш, ки онро Арасту этика меномид, мефаҳмид. Дар асри IV-мелоди дар забони лотини истилоҳи «моралитас» пайдо мешавад, ки он ҳамчунин бевоситаи истилоҳи юнонии «этика» буд.

Ҳар дуи ин калимаҳо, яке юнони ва дигаре лотини ба забонҳои аврупои дохил мешаванд. Дар баробари онҳо дар як қатор забонҳо мафҳумҳои хоси забони худ ба вуҷуд меоянд, ки онҳоро ҳамон воқеиятеро мефаҳмонад, ки дар истилоҳҳои «этика» ва «мораль» умумият ёфтаанд. Масалан дар забони руси «нравственность» ва дар забони олмони «ситтлихкейт». Ба қадре, ки ҳукм кардан мумкин аст, онҳо таърихи пайдоиши истилоҳҳои «этика» ва «морал» – ро такрор мекунанд: аз калимаи «нрав» (хулқ) – (Ситте) сифати «ахлоқи» Ситлих ва аз он акнун сифати исми нави ахлоқ ба вуҷуд меоянд. (Sifflichkeit).

Мазмуни ибтидоии «этика» ва «морал» калимаҳои мухталифанд, вале онхо моҳиятан як истилоҳ. Дар ҷараёни рушду такомули фарҳанг гуногуншаклии этики ҳамчун соҳаи дониш бо калимаҳои мухталиф  маъниҳои гуногун оғоз мегардад: зери мафҳуми «этика» ба таври асли шохаи мувофиқи дониш ва илм, зери мафҳуми «морал» бошад фанни омӯхташаванда дар назар дошта мешуд. Тибқи баъзе аз онҳо, ки аз осори Гегел оғоз мегирад, зери мафҳуми «морал» ҷанбаи субъективии рафторҳои мувофиқ мадди назар гирифта мешуд. Зеро мафҳуми «морал» бошад меъёрҳои  ахлоқии тағйирёбандаи замини ва таърихиро дар назар дошта мешуд. Аз он ҷумла аҳкоми  илоҳи ва  ахлоқи.

Ба таври умуми кӯшиши мустаҳкам намудани мазмунҳои мухталиф зери калимаҳои «этика» ва «морал» ва мувофиқан ба онҳо додани мақоми мафҳум – истилоҳи алоҳида аз чаҳорчӯбаи таҷрибаҳои академики берун набаромад. Дар луғати умумифарҳанги ин ду калима ҳамчун синоним ва ивазкунандаи якдигар истифода мешаванд. Масалан дар забони русии имрӯза он қонунҳое, ки аз онҳо ҳамчун меъёрҳои ҳикмати амали ном мебаранд, ҳамзамон ҳамчун меъёрҳои ахлоқи  ва ё меъёрҳои одоби номида мешаванд. Мафҳумҳое, ки даъвои ҷиддияти илми доранд, асосан ба фарқгузории мафҳумҳои одоб ва ахлоқ маҳдуд шаванд, то охир нигоҳ дошта намешавад.

Ҳамин тариқ, баъзан этикаро ҳамчун соҳаи дониши фалсафаи ахлоқи ба қалам дода, барои муайян кардани фазилатҳои ахлоқи истилоҳи ҳикмати амалиро низ истифода мебаранд.

Дар чаҳорчӯбаи фанни таълими этикаро мо ҳамчун илм, соҳаи дониш ва анъанаҳои зеҳни меномем вале «ахлоқ» ё «одоб» ва аз қабили ин калимаҳоро, ки ҳаммаъно истифода мешаванд, фанни он меномем.

Мафҳуми  «ахлоқ» ва  «этика»- Маънии ахлоқ  ва одоб чист? Ин масъала на танҳо масъалаи аввалияи ҳикмати амали маҳсуб мегардад, балки дар дарозои тамоми таърихи ин илм, ки тақрибан дуюним ҳазор солро дарбар мегирад, ҳамчун манбаи асосии манфиатҳои таҳқиқоти қарор гирифта буд.

Макотиби мухталиф ва мутафаккирон асрҳои гуногун ба ин савол ҷавобҳои мухталиф доданд. Таърифи ягона ва бебаҳси ахлоқ то имрӯз вуҷуд надорад, ки ин худ аз муносибати бевосита бар гуногуншаклии ин дарак медиҳад. Ахлоқ ин худ беш аз далоиле ҳаст, ки он боиси умумият додан бошад. Вай ҳамзамон ба сифати вазифае пеш меояд, ки ҳалли худро талаб дорад. Илова бар он ахлоқ мулоҳизаи назариявиро низ тақозо менамояд. Ахлоқ чизе нест, ки ба таври содда мавҷуд бошад. E бештар онест, ки бояд бошад. Аз ин рӯ муносибати баробари илми ахлоқ бо худи ахлоқ ба инъикос ва тазеҳот маҳдуд намегардад.

Илми ахлоқ инчунин вазифадор аст, намунаи хоси одоби худро пешниҳод намояд: файласуфони илми ахлоқро дар ин муносибат метавон ба меъмороне ташбеҳ дод, ки эътирофи касбии онҳо аз тарҳрезии биноҳои нав иборат мебошад. Мо баъзе аз таъиноти ба нисбат умумии илми ахлоқро барраси намоем, ки онҳо ба таври васеъ дар илм пешниҳод шуда бошанд ҳам, лекин ба таври қатъи дар фарҳанг устувор нагардидаанд. Ин таърифҳо дар сатҳи хеле баланд ба ақидаи паҳншудаи ахлоқ мувофиқат доранд. Ахлоқ ду чизи бо ҳам муносиб ва дар айни замон чеҳраҳои мухталифро пеши рӯ меорад.

а) тавсифи шахсият ҳамчун маҷмӯи сифатҳои ахлоқи ва накӯкори. Масалан, ростқавли, бовиҷдони, меҳрубони ва ғайра.

б) тавсифи муносибатҳои байни одамон инчунин мавҷудияти меъёрҳо ва ахкоми ахлоқи. Масалан «дурӯғ нагӯ», «надузд», «накуш».

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.