Одоби  меҳмоннавозӣ

 Намудҳои  қабул  ва  қоидаҳои  рафтор  дар  онҳо .

Халқи тоҷик ҳамчун халқи инсондӯст, раҳмдил, таҳаммулгаро ва меҳмоннавоз дар миёни халқҳои дигар машҳур мебошад. Ин хислат дар расму оини мо аз қадимулайём вуҷуд дошт ва бо тариқи анъана то ба имрӯз давом дорад. Меҳмону меҳмоннавозӣ иззату икроми зиёдеро талаб мекунад, бинобар ин мо бояд нисбат ба меҳмон лутфу карами беандозаро раво бинем. Иззату эҳтироми меҳмон ин шарти асосии меҳмоннавозӣ мебошад.

Вақте  мехоҳед ба хонаи худ меҳмон даъват намоед, на фақат дӯстони доро, балки даъват кардани шиносу хешу табори камбизоати худро низ фаромӯш накунед. Меҳмонро дар даромадгоҳи хона бо чеҳраи кушод пешвоз гиред. Меҳмонони худро иззату икром намоед. Одатан иззату икроми меҳмон бояд дар зарфи се рӯз бошад, баъдтар метавонед ба меҳмон каме озодӣ диҳед.

Дар вақти пазируфтани меҳмон дастархонро қаблан ё баъди омадани он ҳар чи зудтар кушоед, меҳмонро зиёд мунтазир кардан хуб нест. Таомро зиёдтар аз он ки меҳмон истеъмол карда метавонад, пешниҳод кардан зарурат надорад. Нонро дар дастурхон ба миқдори зиёд мондан низ хуб набуда, аз миқдори мавҷуда аввалан як нонро пора мекунанд. Зиёд пора кардани нон исроф мебошад.

Ҳангоми пешниҳоди таом, соҳиби хона меҳмонро ба хӯрдан даъват менамояд. Одатан хӯрдани таомро соҳиби хона шурӯъ мекунад, вале баъди хӯрок дастро соҳиби хона баъд аз меҳмон тоза мекунад. Баъди бас кардани хӯрокхурӣ аз тарафи меҳмон, соҳиби хона низ одатан хӯрок намехӯрад. Шарт нест, ки гаштаву баргашта меҳмонро даъвати таом хӯрдан кунед. Кифоя аст, ки якчанд маротиба ин амалро ба ҷо биоред.

Дар сари дастархон соҳиби хона бояд мувофиқи табъу завқи меҳмон рафтор намояд. Таоми беҳтарину бомазза  ба меҳмон пешниҳод карда мешавад ва  соҳиби хона бо вай ҳамроҳӣ менамояд.

Вақти қабули меҳмонон ба исрофкорӣ роҳ додан мумкин нест, зеро имкони дар бораи шумо тасаввуроти бад – гӯё шумо мехоҳед дороии худро намоиш диҳед ва амсоли инҳо пайдо шудан фароҳам меояд, ки ин албатта нохуб мебошад.

Дар вақти қабули меҳмон дастархон бояд як-ду соат пеш аз омадани меҳмон кушода бошад. Соҳибхоназан бояд ҳама чизро то омадани меҳмонон омода карда, ба ѓайр аз вақти пешниҳоди хӯроки гарм ва гирифтани табақчаҳои холӣ, зиёд аз сари дастархон нахезад. Додани хӯроки иловагӣ, пешниҳоди нон, табақи тоза бояд дар ӯҳдаи соҳибхоназан бошад, вале пешниҳоди нӯшокиро марди соҳиби хона бояд ба ӯҳда гирад. Агар меҳмонон ҳама мард бошанд, мувофиқи урфу одати тоҷикӣ нишастани соҳибхоназан дар гирди дастурхон шарт нест, ё баръакс, агар ҳама меҳмонон аз ҷинси латиф бошанд, нишастани марди соҳиби хона ҳамроҳи онҳо зарурат надорад.

Хӯроки якумро дар косаи чинӣ то ним мерезанд ва аз тарафи рости меҳмон бо дасти рост пешниҳод менамоянд. Хӯроки дуюм, моҳӣ, газак, сабзавот, шириниҳо аз тарафи чап пешниҳод мешаванд. Қаҳваро аз тарафи рост медиҳанд, шакар ва широбчаро меҳмон худаш, мувофиқи завқаш мегирад.

Хӯрокро чунин бояд пешниҳод намоем, ки ба меҳмон қулай бошад. Вақти ѓундоштани косаву табақ садои ба ҳам задани онҳо бояд набарояд ва беҳтар он аст, ки як лаълии  калон оварда якбора косаҳои холиро ҷамъ намоем.

Пешниҳоди хӯрокро аввал аз калонсолон сар мекунанд. Хӯрокро гарм-гарм пешниҳод намоед, ки хушхӯр бошад..

Таоми оддиро метавон бо кабутиву сабзавот оро дода, бо меҳрубонии хуб дили меҳмонро гарм ва шикамашро сер намуд.

Дар вақти меҳмондорӣ муҳимтарин шарт ин покизагии дастархон, косаву табақ ва хӯроки болаззат мебошад. Масале халқие ҳаст, ки меҳмон ба хона аз дари калон медарояду ризқу баракааш аз дарича.

Ҳангоми дар хона ҳузур доштани меҳмон, бояд бо овози баланд сухан нагӯем, ба ягон кас дар ҳузури меҳмон даѓалона рафтор накунем.

Вақти рафтани меҳмон, соҳиби хона то баромади хона ӯро гусел мекунад ва барои ташрифаш изҳори миннатдорӣ менамояд. Дар вақти қабули меҳмон чеҳраи соҳибони хона бояд доимо кушода бошад. Ҳамчунин риояи қоидаҳои зайл ва умуман одоби дигари меҳмоннавозиро аз хотир фаромӯш бояд накунед:

  • Таоми хунук ва равѓанӣ паи ҳам  тез дода намешаванд;
  • Кӯшиш намоед, ки ҳама анвои таом зебо ва эҷодкорона пешниҳод шавад;
  • Кӯшиш намоед, ки дар вақти қабули меҳмон таомҳо аз маводҳои гуногун пухта шуда бошанд;
  • Таомро танҳо гарм пешниҳод намоед;
  • Ҳангоми пешниҳоди таоми якум ва ё гӯштбирён коса ва ё табақро гарм карда, таомро кашед;
  • Мувофиқи анъанаи тоҷикон дар вақти қабули меҳмонон зиёфат аз шӯрбо, хомшӯрбо, хӯроки дуюм (палав, манту, гӯштбирён ва ѓ.), газакҳо  ва ширинию мева  иборат мебошад.

Ҳамчунин дар хотир нигаҳ доред, ки меҳмондорию меҳмоннавозӣ дар шаҳру деҳа ё байни халқҳои гуногун фарқ доранд. Масалан, агар шумо дар шаҳр дар хонаи серошёна зиндагӣ кунед ва ба хона меҳмон аз роҳи дур биёяд, онҳо одатан шабона мемонанд. Аз ин рӯ, ҳам шумо мизбонон ва ҳам меҳмонон бояд барои нороҳатиҳои муваққатӣ омода бошед. Меҳмононро дар ин ҳолатҳо дар меҳмонхона (зал) ё хонаи хоби хурдсолон барои шабгузаронӣ ҷой мекунанд. Тибқи анъанаҳои замони муосир меҳмононро ба ҳеҷ ваҷҳ дар хонаи хоби волидон ҷой кардан мумкин нест.

Шумо ҳамчунин метавонед аз тарафи дӯстону наздикон, ки намояндаи миллати дигаранд, ба меҳмонӣ даъват шавед. Дар ин ҳолат дар ёд дошта бошед, ки пешвоз ва пазироии меҳмонон байни халқҳо фарқ дорад. Масалан, русҳо аз қадимулайём меҳмонро бо нону намак дар остонаи хона пешвоз мегирифтанд. Ё худ, булѓорҳо бо мехчагули сурх ва равѓани садбарг меҳмонро пеш аз вуруд пазироӣ мекунанд. Байни баъзе халқҳо ҳангоми пазироӣ ба дастони меҳмонон атр мепошанд ва ѓайра. Анвои хӯрок, тарзи муносибат бо меҳмон ва қоидаҳои дигар низ байни халқҳо тафовут дорад. Аз ин рӯ шумо барои фаҳмидани чунин тафовутҳо бояд ҳатман омода бошед ва дар ҳар ҳолате, ки набошад аз беҳтарин расму ойин ва қоидаҳои меҳмондорию меҳмоннавозии миллию байналмилалӣ пайгирӣ намоед.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.