Одоби  хӯрдани таом ва нӯшидани  нӯшокиҳо.

      Ороиши дастархони миллӣ ва мизи аврупоӣ. 

Ороиши дастархони миллӣ ду вазифаи асосиро иҷро мекунад. Вазифаи аввал ин вазифаи  этикӣ ва вазифаи дигар – вазифаи биологӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи аввал. Халқи тоҷик миёни дигар халқҳо  бо ороиши дастархони миллии худ шӯҳрат дорад. Мардуми мо ба ороиши дастархон диққати махсус медиҳад. Кушодани дастархон анъанаи қадим буда, вазифаи асосии он сарҷамъ кардани аҳли оила ва дӯстон мебошад. Дар гирди дастархони миллӣ на фақат барои хӯрок хӯрдан, балки барои арҷгузории калонсолони оила, барои бо навигариҳо ошно кардани аҳли хонадон, барои ба ягон қарор омадан нисбат ба масъалаҳои рӯзмарра, барои ҳал намудани камбудиҳои рӯзгор ва ҳалли масъалаҳои дигари монанди онҳо ҷамъ меоянд. Яке аз анъанаҳои асосӣ дар ин мавридҳо гӯш кардани насиҳати калонсолон аз тарафи ҷавонон ва аз даҳон ба даҳон гузаштани таърихи авлод мебошад. Баъди таом бояд аввал калонсолон бобою бибӣ ва агар онҳо набошанд, ҳатман падар ва дар сурати ҳозир набудани падар модар бояд ба дастархон фотеҳа диҳад, сипас фарзандон ва ё ҳозирин ҳуқуқи аз ҷой бархостанро пайдо мекунанд. Дар сари дастархон баъди таом ва ҳангоми нӯшидани чой бо ширинӣ ҳуқуқи сӯҳбат намудан дар бораи оила ва рӯзгордорӣ ва ё мушкилоти хонавода иҷозат дода мешавад. Дар сари дастархон ѓайбат кардан, гуноҳ ҷустан ва шикоят кардан аз рӯзгор камоли беодобӣ мебошад.

Вазифаи дуюм ё худ вазифаи биологии кушодани дастурхон: барои хуб ҳазм шудани хӯрок шароити хӯрокхӯрии одам аҳамияти калон дорад. Дастархони хуб оро дода шуда, хӯроки бомазза иштиҳои одамро хуб мекунанд. Барои ҳамин бояд дастархон хуб оро дода шавад.

Одатан дастархони миллии мо дар рӯи хонтахта ё фарш кушода мешавад. Дастархон ин суфраест, ки дар рӯи он таом мехӯранд. Нону кулчаю қанд, қатламаю фатир ва ѓ., ки занҳо бо худ ба тӯю меҳмонӣ мебаранд, онро низ дастархон мегӯянд. Хонтахта бошад, мизи росткунҷаи пойҳояш паст буда, онро дар маркази хона ҷойгир менамоянд ва дар болои он дастархони полиэтиленӣ, гулдор, якранги сафед ва ё хокистарранг ва ё  вобаста ба завқи хонавода писандидаро мепартоянд.  Ҳангоми хӯрок хӯрдан, онро мувофиқи завқи соҳибхоназан ва одати оила ороиш медиҳанд. Дигар вақт болояшро холӣ мегузоранд ва ё табақи меваи тар мемонанд.

Дар рӯи фарш низ  дар байни кӯрпачаҳо дастархон ороста мешавад. Интихоб  намуди дастархони рӯи фарш  аз  завқи соҳиби хона вобаста мебошад. Аммо агар он сафед, хокистарранг ва ё баъзан гулдор, ки  занон ва духтарон махсусан барои ориоиши суфра  нақшнигорӣ мекунанд, истифода шавад, хуб мебошад. Новобаста аз он ки дастархон рӯи чӣ партофта мешавад, хоҳ рӯи қолин бошад, хоҳ рӯи хонтахта он бояд доимо тоза  бошад. Бояд аз овони кӯдакӣ фарзандон ба тоза нигоҳ доштани дастархон одат кунанд. Дар вақти кушодани дастархон пеш аз ҳама ба тозагии дастархон, асбобҳои хӯрокхурӣ ва ҳаҷму шакли хона диққати махсус додан шарт мебошад.

Ороиши дастархони миллӣ ва аврупоӣ ду намуд дорад: идона ва муқаррарӣ.

Ороиши дастархони миллии муқаррарӣ. Гирди дастархон бояд кӯрпачаҳои тоза партофта шуда бошад. Кӯрпачаҳо барои меҳмонон бояд алоҳида бошанд. Хуб мешуд, агар кӯрпачаҳо якранг ва болиштҳо бо ранги онҳо якхела бошанд. Кӯрпачаҳои идона метавонанд аз матоъҳои ѓафс ва кӯрпачаҳои ҳаррӯза аз матоъҳои тунуки пахтагӣ дӯхта астарӣ шуда бошанд.

Рӯи дастархон бояд сачоқчаҳои хурд омода бошанд. Барои тоҷикон дар рӯи дастархон аз ҳама ѓизои асосӣ ин нон мебошад. Нонро бояд сарфа кард.  Рӯи миз одатан ҷурѓот, кабудӣ ва мева гузошта мешавад. Пеш аз овардани хӯрок доимо чой мегардонанд. Хуб мебуд, агар дар вақти хӯроки гарм овардан, мувофиқи имкон хӯришҳои гуногун  омода бошад. Масалан, хӯришҳо аз лаблабу, турб, карам барои хуб ҳазм шудани хӯрок ёрӣ мерасонанд.  Ҳангоми мева овардан, сари дастархон ду табақча ва корд оварда мондан лозим аст.  Шириниро баъд аз хӯроки гарм бо чой пешниҳод кардан мумкин мешавад.  Рӯи дастархон ба ҳайси ширинӣ мураббо ва ё кӯлчақанд гузоштан мумкин аст.

Ороиши дастархони миллии идона. Дастархон бояд тоза ва дарзмол шуда бошад. Вобаста аз миқдори меҳмонон, дар рӯи дастархон пиёла ва қошуқ гузошта мешавад. Нон дар чаҳор кунҷи дастархон гузошта мешавад. Дар чаҳор тараф намак, мӯрч мегузоранд. Дар маркази дастархон қанд, меваи хушк чида мешавад. Дар ду тараф фишурдаҳо, оби нӯшокӣ гузошта мешавад. Миқдори табақчаҳои қанд, меваи хушк, меваи тар, самбӯса аз ҳаҷми дастархон ва миқдори меҳмонҳо вобаста мебошад. Самбӯса, хӯришҳои гуногун, меваи тар дар канори дастархон, барои гирифтани меҳмон наздик гузошта мешаванд. Дар чаҳор тараф ва ё шаш ҷой дар табақҳои ошӣ гӯшти яхнӣ, ҳасиб ва монанди он бо кабудӣ оро дода шуда, гузошта мешавад. Инчунин, бо ҳамин тарз помидору бодаринг пешниҳод мешавад. Помидору бодарингро баъзан пора накарда низ пешниҳод менамоянд. Чакка ва ё ҷурѓот дар табақчаҳои хурд дар масофаи наздик гузошта мешавад.

Дар канори дастархон барои ҳар як одам алоҳида табақчаҳои холӣ ва қошуқ гузошта мешавад. Чой бо пиёла дар кунҷи дастархон бояд бошад. Баъд аз холӣ шудани табақчаҳои хӯришҳо ва самбӯса, ба ҷои онҳо хӯроки гарм меоранд. Хӯроки дуюм одатан барои ду, се ва ё чаҳор нафар пешниҳод мешавад. Вобаста аз намуд ва миқдори хӯроки гарм сари дастархон қошуқ, чангол гузошта мешавад. Соҳибхона бояд сари вақт косаву табақ ва пиёлаву қошуқро шуста хушк карда биёрад. Чой низ тез-тез иваз карда мешавад. Одатан чойро гарм пешниҳод менамоянд. Пиёлаву чойник бояд тоза бошанд.  Ҷумаки чойник ва ҷои сарпӯшашро мунтазам тоза кардан зарур аст. Баъд аз хӯроки гарм барои пӯсти меваи тар ва меваи хушк табақчаҳои холӣ пешниҳод мешавад. Меваи тарро тоза ва пора карда мемонанд. Ҳангоми пешниҳод намудани мураббо ва ё асал, мураббогир ва ё пиёларо дар табақчаи хурд монда, ҳатман дар наздаш қошуқчаи хурд мегузоранд. Барои ҳар як меҳмон алоҳида  сачоқи хурд гузошта мешавад. Бояд ҳама чиз кам-кам ва зебо пешниҳод шуда бошад. Дар вақти кушодани дастархони миллӣ бештар анвои хӯроки миллӣ пешниҳод мешавад.

Ороиши мизи аврупоӣ. Рӯи мизро бо дастархони сафеди тоза ва хуб дарзмолшуда мепӯшонанд. Маркази дарзмолшудаи дастархон бояд ба маркази миз рост ояд. Вобаста аз миқдори одамоне, ки хӯрок мехӯранд, ду-се табақча бо нони миллӣ ва ё хлеби сиёҳ ва сафеди борик порашуда гузошта мешавад. Онҳоро бояд чунин ҷойгир кунем, ки нон ба воситаҳои таомхӯрии (корд, қошуқҳо ва панҷа) ҳар як шахс мувофиқи имкон наздик ҷойгир шавад.

Барои ҳар як шахс ду табақча – хурд ва каме калонтар мегузоранд. Дар тарафи чап, агар ҷой бошад, боз табақчаи хурд барои самбӯса ва нон гузоштан мумкин аст. Табақчаҳоро бояд чунин ҷойгир кунонд, ки шахси дар паҳлӯ нишаста, дастонашро бемалол ҷунбонда тавонад.

Дар тарафи рости ҳар як табақча корд, дар назди он қошуқ, дар тарафи чап – панҷа (чанголак), дар тарафи болои табақча – корд ва қошуқчаи майда барои ширинӣ мегузоранд. Дар назди ҳар як маҷмӯи ҷиҳозу воситаҳои  хӯрокхӯрӣ бояд истакон барои об ва шарбат, бокал барои шароб  гузошта шавад.

Дар маркази миз намакдону мӯрчдон мегузоранд. Сачоқчаҳои тозаву дарзмолшударо секунҷа ва ё ба тарзи дигар оро дода, дар рӯи табақчаҳои газак мегузоранд. Дар рӯи миз сачоқчаҳои қоѓазӣ низ  гузоштан мумкин аст.

Дастархони идонаро метавон бо гул оро дод. Дар ин сурат гулдонҳои (вазаҳои) зеборо дар маркази миз ҷой кардан лозим аст.

Дар назди миз  наздики соҳибхоназан мизи хурдакак гузоштан мумкин аст, ки дар рӯи он табақҳо барои хӯроки якум, косаи калон бо хӯрок ва амсоли он ҷойгир карда мешаванд.

Агар сари миз одами зиёд ҷамъ шуда бошад, хӯроки гармро алоҳида-алоҳида пешниҳод намоем  беҳтар аст. Агар хӯрок дар лаълии калон бардошта шуда бошад, онро ба меҳмон аз тарафи рост пешниҳод намоед. Ва агар хӯрокро худи меҳмон аз лаълиии калоне, ки шумо пешниҳод мекунед, гирад, лаълиро   аз тарафи чап пешниҳод кардан беҳтар мебошад.

Дар вақти кушодани дастархони идона, тартиби пешниҳоди хӯрок чунин аст: аввал газакро медиҳанд, онро дар ҷо-ҷои рӯи миз ҷойгир мекунанд, баъд шӯрбо, баъди он хӯроки моҳигӣ, гӯштбирён, парранда ва ѓайраро ба меҳмон пешкаш мекунанд. Дар охир ширинӣ гузошта мешавад. Дар вақти пешниҳоди ширинӣ ба ѓайр аз бокалҳо барои шароб ва ё пиёлаҳо барои чой дигар ҳама лаъличаҳои нодаркорро аз рӯи миз меѓундоранд. Дар ин вақт метавон мевагӣ низ пешниҳод намуд.   Мевагиҳо тоза ва дар лаълии калон барои хӯриш омода карда шуда бошанд, беҳтар аст. Дар ин гуна ҳолат панҷа,  корди тоза ва лаъличаҳо низ барои ҳар як фард  алоҳида пешкаш карда мешавад.

Агар меҳмон бегоҳӣ барои як пиёла чой даъват шуда бошад, ороиши дастархон каме дигар мешавад. Беҳтар аст, ки рӯи миз дастархони гулдор ва ё ба таъби соҳиби хона ва меҳмон мувофиқ  партофта шавад. Чойники чой ва ё оби ҷӯшомадаро дар мизи хурд назди соҳиби хона гузоштан лозим аст. Пиёлаҳоро низ назди соҳиби хона мегузоранд. Дар назди ҳар як аъзои хона ва ё меҳмон табақча ва қошуқчаи хурди ширинихӯрӣ, дар болои ин табақча сачоқча, дар тарафи чап панҷаи ширинихӯрӣ ва дар тарафи рост корди ширинихӯриро мегузоранд. Дар маркази миз табақҳои қанду конфет, косачаҳои мураббо,  табақчаҳо бо кулчақандҳо, лимӯи тунук резашуда, шакар гузошта мешавад. Агар дар рӯи табақчаҳое, ки кулчақандро мемонем, сачоқча андозем ва баъд кулчақандро монем, ҳам зебо мешавад ва ҳам резаҳои он ба рӯи дастархон намерезад.

Бояд фаромӯш накунем, ки дастархон на танҳо барои ѓизо хӯрдан, балки барои сӯҳбату истироҳат кушода мешавад. Бинобар ин сарфакорӣ ва маданияти хӯрокхурӣ ҳамеша бояд дар мадди аввал бошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.