Симои зоҳирӣ.ҳусни рафтори расмӣ ва сиёсӣ.маданияти низоми либоспўшӣ.симои .

 

Симои зоҳирии инсон маъмулан таасуроти нахустин ва муҳимро боқӣ мегузорад. Бо он ки шинохти беҳтар ва амиқтари сират ва ҷаҳони мураккаби ботинии инсон, дарки мазмуни арзишҳои маънавӣ ва идеалҳои зиндагӣ ва бахусус, кўшиши табии шинохти ҷавҳари инсон сабабгори нисбатан ва тадриҷан хира гардидани таассуроти симои зоҳирӣ, либос, манераҳо ва хусусиятҳои дигари амали зоҳирӣ ва ва рафтор мегарданд, вале хилофи ин ҳама ва ҳатто талошҳои огоҳона, таъсири симои ҳоҳирӣ муассир ва дарозмуддат аст. Агар инсони нек ва дорои хислатҳои бузурги маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дар бобби симои зоҳирӣ ( либос, манераҳо, ҳаракат, тарзи муносибат ва ғайра) таассуроти манфӣ гузорад, асари он муддати тўлонӣ эҳсос хоҳад шуд.

Шарти муҳимтарин ва асоситарини симои зоҳирӣ аз диди одоби сиёсӣ ва расмӣ покии тамоми аъзои бадани инсон аст. Чун шахси расмӣ ва сиёсӣ баёнгари симо ва фарҳанги низоми сиёсӣ ва давлатӣ мебошад ва ҳамзамон бо афроди зиёд (чӣ роҳбарону ҳамкорон, чӣ шаҳрвандон ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ) сарукор дорад, бояд доимо поку ботароват ва дилкашу ҷаззоб бошад. Бахусус тарошидани риш, гирифтани нохунҳо, сару рўи доиман пока мри ҳатмӣ мебошад. Истифодаи атриёт ва василаҳои дигари хушбуй амали писан даст, вале ҳадди мақул ва эътидолро бояд шинохт, то бўи онҳо боиси нороҳатии дигарон ва таассуроти манфӣ (дар мавриди завқи паст, худнамоӣ ва ғайра) нагардад.

Ниҳоят зарур аст, ки шахси сиёсӣ ва расмӣ чеҳраи боз ва кушода дошта бошад. Чини абрў ва виқори сохта дар дигарон, маъмулан, таассуроти манфӣ боқӣ мегузорад, ҳамкорон ва афроди муроҷеъро нороҳат ва ҳатто дурр месозад. Ҳамзамон дар ҳар маврид ҷиддият, диққат ва суботи хотиру зеҳнро бояд ҳифз кард.

Сирату сурати инсон бояд якдигарро мукаммал намоянд ва шахс бояд ҳам ботинан ва ҳам зоҳиран зебо бошад. Либос як нишонаи зоҳири инсон аст, ки дар сурати зебо дўхта шудан ва ба тани шахс, вақт, мавзеъ ва синну сол мувофиқ будан ҳусну ҷамоли ҳар як фардро зоҳирану ботинан афзун намуда, ба ў рўҳу илҳоми тоза мебахшад. Аммо либоси ба синну сол, ба мавзею вақт номувофиқ ҳам ба фаъолияти кас зарар мерасонад ва ҳам хусни зоҳиру ботини ўро қабеҳ менамояд. Аз ин рў талаботи либоспўшӣ, ки дар тўли таърих дар байни халқҳои гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд омадаанд, бояд аз ҷониби ҳама риоя карда шаванд.

Арбобони илму маърифат, тиббу ҳикмат аз замонҳои қадим пеш аз ҳама ба тозагии либос диққат дода, онро чун гарави саломатӣ ва хуштабиатии инсон шумурдаанд. Ба ҳамин сабаб барои шахс ҳар рўз либоси наву қиматбаҳо пўшидан шарт набуда, балки риоя намудани тозагии либоси ҳаррўза шарти аввалиниэстетикаи либоспўшӣ аст. Дар баробари тоза будан либос бояд дарзмолшуда бошад. Дарзмол намудан на фақат либосро зебову шинам менамояд, балки аз ҷиҳати гигиенӣ низ онро тозаю озода мекунад.

Дар табиат ҳамеша мутобиқати рангҳо зебоиро афзуну дилчасп менамояд. Мутобиқат намудани либос ба сурат ҳам ҳусни инсонро зеботар гардонида, аз шартҳои муҳими эстетикаи либоспўшӣ ҳисобида мешавад. Аз ин ҷост, ки бояд ҳар як фард ранги ба худаш муносибу дилкашро донад. Ранги либос ҳамчунин ба синну сол, ба талаботи фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятии шахс бояд мувофиқ бошад. Либос ва рангу ороиши он ҳеч гоҳ набояд василаи фахру мағрурӣ ва намоиши сарватмандию мансаб гардад.

Дар баробари риоя намудани ҷиҳатҳои эстетикию гигиении либос ба масъалаҳои ҷузъии либоспўшӣ низ аҳамият додан зарур аст. Масалан, баъзан ҳангоми саросемавор аз хона баромадан набудани тугмаҳои шим, курта ё пиҷак сабабгори ба хиҷолат овардани писарон шуданаш мумкин аст. Духтаронро бошад, дарозии доман, ҷўроб, тартиби мўю рўй метавонад ба ҳолати хиҷолатовар расонад. Аз ин рў бояд то аз хона баромадан шахс дар назди оина бодиққат худро аз назар гузаронида, ба тартиб дарорад. Дар хонадон аҳли оила, берун аз он рафиқон бояд оинаи якдигар бошанд ва камбудиҳои ҳамдигарро оид ба либосу шакли зоҳирӣ бо маслиҳати дўстона, бе таънаву маломат ислоҳ намоянд.

Дар хотир бояд дошт, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо либоси дарида, чиркин, бадбўй, ранголуд ҳозир шудан мумкин нест, зеро бо ин кор табъи дигаронро хира ва либосашонро ифлос кардан имкон дорад.

Бо одоби либоспўшии шахс ороиш додани рўю мўй, овезон кардани гўшвор ва истифодаи ороишоти дигар робатаи ҷудонашаванда доранд. Аз ин рў талабот оид ба ороиши бадан низ, ки ҷузви муҳими эстетика ва этикаи инсон аст, бояд ҳатман аз ҷониби ҳама риоя карда шавад. Масалан, истифодаи зару зевари зиёд ё расмкашию холкубӣ дар бадан ҳусни инсонро мекоҳонад.

Ҳар як шахс ҳар рўз чандин нақша дорад. Масалан, ба таҳсил ё кор меравад ва баъди он ба тўй, маҳфил, машқ ё сайругашт раҳсипор мешавад. Ё худ, шахс вақти холии худро дар хона мегузаронад. Дар хотир бояд дошт, ки шароиту талаботи таҳсилу кор дигар аст ва шароиту талаботи тўй, хона ё машқҳои варзишӣ дигар. Бо ҳамин сабаб дар баробари донистани рангу мўди мувофиқ ва андозаи либоси ба худ зебанда, донистан ва риоя намудани либоспўшӣ дар ҷойҳои гуногун ва аз кадом навъи матоъ будани либос ҳам ба ҳар як шахс зарур аст. Дар асоси ҳамаи ин омилҳо либосҳоро аз ҷиҳати мавқеи истифодаашон ба либосҳои хонагӣ, хобу таҳпўш, рўзмарра, корӣ, мактабӣ, маросимӣ, сафарӣ, варзишӣ ва ғайра тақсим намудан мумкин аст. Либос нишонаҳои миллӣ ҳам дорад. Ҳар яке аз ин навъи либосҳои зикршуда мувофиқи талаботу шароити зарурӣ интихоб ва ба бар карда мешаванд.

Либоси миллӣ – либосҳои занонаю мардонаеро, ки бо тарзи дўхт, таносуби рангҳои худ фарқ карда, чун ҷузъи маданияту фарҳанг ба ин ё он халқ тааллуқ доранд, либоси миллӣ мегўянд. Либоси миллии ҳар як халқ дар тўли асрҳо мутобиқи шароити ҷуғрофӣ, тарзи истеҳсолот, дараҷаи рушди фарҳангии ин халқ ба вуҷуд омада, тибқи талаботи замон инкишоф меёбанд.

Либоси миллии ҳар халқ ганҷинаи гаронбаҳои фарҳанги умумибашарӣ ба шумор меравад. Маҳз бо хусусияти хос доштан ва бо завқи мардум наздик будан ва ормонҳои мардумиро ифода кардан чун анъана дар шароити имрўза низ тарроҳон намунаҳои беҳтарини либосҳои миллиро дўхта, ба муштариёни худ манзур намуда истодаанд. Тарроҳон ва муштариён бояд асолати миллии либосҳоро бояд ҳамеша нигоҳ доранд ва асосҳои миллии онро аз назар дур насозанд. Аз ин рў сазовори таъкид аст, ки эҳтироми миллати худ дар кўҳнапарастона ҳимоя намудани урфу одатҳои қафомонда нест, балки ба талаботи вақту замон мувофиқ кардани ҳамаи либосҳо ва арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин асос интихоби пўшидани либоси миллӣ ё аврупоии занона ва мардона имрўз бояд танҳо ба завқи эстетикию фарҳангии ҳар як шахси ба камол расида вогузор карда шавад ва онҳо дар доираи фарҳанги либоспўшӣ бояд дар интихоби дурусти либосҳо сайъу талош намоянд. Барои хонандагон бошад, то ба камол расиданашон дар интихоби шакли либос бояд падару модар, аҳли хонадон мутобиқ ба тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф роҳнамоӣ намоянд.

Либоси миллӣ одатан ба намояндагони ҳамон миллат зебанда мебошад. Бинобар ин бояд шаҳрванд ин талаботро риоя намояд. Баъзан чунин ҳам ба мушоҳида мерасад, ки иддаи аз ҳамватанони мо тақлидкории сунъӣ ба сару либосҳои миллатҳои дигар намуда, ҳусну таровати зебоии хешро бо пўшидани либосҳои ғайр коҳиш медиҳанд. Ин низ ба фарҳанги либоспўшӣ мувофиқ нест. Аз ин рў пўшидани либосҳои миллии халқҳои дигар (ба истиснои чорабинихои фарҳангию маҳфилҳои вобаста ба ҷашнҳои миллии халқият ва халқҳои дигар , ки дар чорчўбаи ягон чорабинӣ ташкил мешавад) бо иллати зебо будани он ва ё ба талаботи динию мазҳабӣ мувофиқат кардани онҳо дар ҷомеаи дигар ва аз тарафи намояндагони миллати дигар дар ягон кишвари олам қобили қабул нест. Либоси миллии тоҷикӣ ҷавобгўи тамоми талаботи ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва динии миллати мо буда, барои пўшидани либосҳои миллии халқҳои дигар ягон ҳоҷате вуҷуд надорад.

Либоси хонагӣ – ин курта, шим, поҷома, ҷома, тоқӣ ва либосҳои дигаре аст, ки фақат дар хона ва саҳни ҳавлии шахсӣ пўшида мешаванд. Одатан шахс пас аз таҳсилу кор либосҳояшро ба ин навъ иваз мекунад. Аз рўи одоб ва гигиена пас аз шустушў либоси хонагиро мепўшанд. Бо ин либос шахс дар сари мизи хўрок ва корӣ менишинад, дар назди аҳли оила мегардад. Либоси хонагӣ бояд аз матои муносиб, тоза, шинам, ба синну сол ва мавсим мувофиқ бошад.

Либоси хоб ва таҳпўш – курта, поҷома, майка ва навъҳои дигари либос, ки барои хоб рафтан ё пўшидан аз таги либосҳои дигар истифода мешаванд. Агарчи либосҳои мазкур хусусияти фардӣ доранд, вале ҳамеша онҳоро тоза нигоҳ доштан лозим аст. Бо чунин либосҳо дар айвон (балкон) ё кўча гаштугузор кардан нишонаи беодобист.

Либоси рўзмарра ва кўча – пироҳан, костюм, шим, тоқӣ, боронӣ, палто ва либосҳои дигар, ки ҳангоми ба кўча, сайругашт, меҳмонӣ, ба тамошои синамо, театр, осорхона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ рафтан пўшида мешаванд (ба истиснои ҷойи таҳсил ё кор). Либосҳои мазкур бояд мувофиқи фасли солу вазъи обу ҳаво бошанд ва ҳатман ба талаботи замона ва ҷое, ки меравед, ҷавоб гўянд.

Либосҳои маросимӣ – чунин либосҳо дар тўй, рўзҳои иду хурсандӣ ва ё баръакс, дар лаҳзаҳои нохушӣ ба бар карда мешаванд. Барои тўю ид ҳар кас мувофиқи завқи худ либос интихоб мекунад. Ба хонандагон дар ин кор падару модар ва аҳли хонадон бояд кўмак кунанд. Дар лаҳзаҳои нохушӣ бошад, мувофиқи расму оини аҷдодони худ тоҷикон одатан либосҳои кабуд, сабз ва ё сиёҳ мепўшанд. Риоя кардан ва ё риоя накардани пўшидани либосҳои маросимӣ ба ихтиёри худи шахс ва оила аст.

Либоси корӣ – либосҳое, ки дар вақти кор дар муассисаю ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ пўшида мешаванд. Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки самаранокӣ ва сифати меҳнат ба навъи либоси корӣ низ вобаста аст. Аз ин рў барои озодона меҳнат кардан либоси кории ҳар як шахс бояд ба шароити кори ў мувофиқ бошад. Агар дар корхона ё ташкилот навъи ягонаи либос ва ранги муайяни он таъин шуда бошад, риояи он барои ҳама ҳатмист. Дар навбати худ тозагӣ, назорати либоси корӣ на фақат гарави устувории саломатист, балки дараҷаи интизому одоби кормандро нишон медиҳад. Бо либоси махсуси корӣ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ намераванд.

Либосҳои протоколӣ – либосҳое мебошанд, ки ҳангоми вохўрӣ бо Президент, маҷлисҳои расмӣ, ҷаласаҳои ҳукуматӣ, вохўрӣ бо шахсиятҳои расмӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ пўшида мешаванд. Ин гунна либос ҳам барои мардон ва ҳам барои занон махсус буда, пўшидани он ва риоя кардани он дар ҷойҳои таъкидшуда ҳатмӣ мебошад. Ин ҳусни инсон ва фарҳанги ўро нишон медиҳад.

Умуман ба ҳар як шахс зарур аст, ки чӣ тавр либоси тозаву озода пўшидан, мутобиқ ба либос оро додани мўю рўй, гўш ва зоҳири худро дар маҷмўъ ба хубӣ бидонад, мутобиқ ба муҳити иҷтимоию ҷуғрофӣ сару либос ба бар кунад ва дар сурати мавҷуд будани талаботи ҳатмӣ дар ҷои таҳсилу кор онҳоро риоя намояд. Риояи одоби либоспўшӣ шахсро ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан зебо намуда, дар назди ҳамнишинон ва ҳамсўҳбатон эътибори ўро даҳчанд мекунад.

Маводи иловагӣ дар мавзўъ

Бузургон ва ихтисосмандон дар бораи сурату сират ва либос

Сурати зебои зоҳир ҳеҷ нест,

Эй бародар, сирати зебо биёр…

Одамиро ақл бояд дар бадан,

В-арна ҷон дар колбуд дорад ҳимор[1].

Саъдии Шерозӣ

Ҳар кӣ дар ў сирати некў бувад,

Одамӣ аз одамиён ў бувад.

«Ахлоқи Мўҳсинӣ»

Либос на танҳо тарҳи бадан, балки хулқро низ дигар мекунад.

Волтер

Инсонро бояд ҳама чиз зебо бошад: ҳам чеҳра, ҳам либос, ҳам рўҳ ва ҳам андешаҳо.

А. П. Чехов

Бенизомӣ дар либос инъикоскунандаи бетартибӣ дар рўҳи инсон аст.

А. Апшерони

Муҳимтар аз ҳама дар либоси зан худи зан аст.

Ив Сен-Лоран

Либос дар бораи шумо чизҳои зиёде мегўяд. Оне, ки шумо чӣ гуна сару либосро интихоб мекунед, шуморо на камтар аз нутқатон тавсиф мекунад. Ҳама чиз дар сару либоси шахс рамз аст.

Дезире Мейер

Ман чунин меҳисобам, ки одамон ба тарзи либоспўшии дигарон таваҷҷўҳи беҳад зиёд мекунанд. Эҳсоси мусобиқаи доимӣ бо дигарон касро хаста мекунад. Шумо бояд дар бораи либоси ба худ зебанда, на дар бораи либоси дигарон андеша кунед.

Диана Риленд

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.