Одоби меҳмоннавозӣ. Намудҳои қабул ва қоидаҳои рафтор дар онҳо

 

Халқи тоҷик ҳамчун халқи инсондўст, раҳмдил, таҳаммулгаро ва меҳмоннавоз дар миёни халқҳои дигар машҳур мебошад. Ин хислат дар расму оини мо аз қадимулайём вуҷуд дошт ва бо тариқи анъана то ба имрўз давом дорад. Меҳмону меҳмоннавозӣ иззату икроми зиёдеро талаб мекунад, бинобар ин мо бояд нисбат ба меҳмон лутфу карами беандозаро раво бинем. Иззату эҳтироми меҳмон ин шарти асосии меҳмоннавозӣ мебошад.

Вақте мехоҳед ба хонаи худ меҳмон даъват намоед, на фақат дўстони доро, балки даъват кардани шиносу хешу табори камбизоати худро низ фаромўш накунед. Меҳмонро дар даромадгоҳи хона бо чеҳраи кушод пешвоз гиред. Меҳмонони худро иззату икром намоед. Одатан иззату икроми меҳмон бояд дар зарфи се рўз бошад, баъдтар метавонед ба меҳмон каме озодӣ диҳед.

Дар вақти пазируфтани меҳмон дастархонро қаблан ё баъди омадани он ҳар чи зудтар кушоед, меҳмонро зиёд мунтазир кардан хуб нест. Таомро зиёдтар аз он ки меҳмон истеъмол карда метавонад, пешниҳод кардан зарурат надорад. Нонро дар дастурхон ба миқдори зиёд мондан низ хуб набуда, аз миқдори мавҷуда аввалан як нонро пора мекунанд. Зиёд пора кардани нон исроф мебошад.

Ҳангоми пешниҳоди таом, соҳиби хона меҳмонро ба хўрдан даъват менамояд. Одатан хўрдани таомро соҳиби хона шурўъ мекунад, вале баъди хўрок дастро соҳиби хона баъд аз меҳмон тоза мекунад. Баъди бас кардани хўрокхурӣ аз тарафи меҳмон, соҳиби хона низ одатан хўрок намехўрад. Шарт нест, ки гаштаву баргашта меҳмонро даъвати таом хўрдан кунед. Кифоя аст, ки якчанд маротиба ин амалро ба ҷо биоред.

Дар сари дастархон соҳиби хона бояд мувофиқи табъу завқи меҳмон рафтор намояд. Таоми беҳтарину бомазза ба меҳмон пешниҳод карда мешавад ва соҳиби хона бо вай ҳамроҳӣ менамояд.

Вақти қабули меҳмонон ба исрофкорӣ роҳ додан мумкин нест, зеро имкони дар бораи шумо тасаввуроти бад – гўё шумо мехоҳед дороии худро намоиш диҳед ва амсоли инҳо пайдо шудан фароҳам меояд, ки ин албатта нохуб мебошад.

Дар вақти қабули меҳмон дастархон бояд як-ду соат пеш аз омадани меҳмон кушода бошад. Соҳибхоназан бояд ҳама чизро то омадани меҳмонон омода карда, ба ғайр аз вақти пешниҳоди хўроки гарм ва гирифтани табақчаҳои холӣ, зиёд аз сари дастархон нахезад. Додани хўроки иловагӣ, пешниҳоди нон, табақи тоза бояд дар ўҳдаи соҳибхоназан бошад, вале пешниҳоди нўшокиро марди соҳиби хона бояд ба ўҳда гирад. Агар меҳмонон ҳама мард бошанд, мувофиқи урфу одати тоҷикӣ нишастани соҳибхоназан дар гирди дастурхон шарт нест, ё баръакс, агар ҳама меҳмонон аз ҷинси латиф бошанд, нишастани марди соҳиби хона ҳамроҳи онҳо зарурат надорад.

Хўроки якумро дар косаи чинӣ то ним мерезанд ва аз тарафи рости меҳмон бо дасти рост пешниҳод менамоянд. Хўроки дуюм, моҳӣ, газак, сабзавот, шириниҳо аз тарафи чап пешниҳод мешаванд. Қаҳваро аз тарафи рост медиҳанд, шакар ва широбчаро меҳмон худаш, мувофиқи завқаш мегирад.

Хўрокро чунин бояд пешниҳод намоем, ки ба меҳмон қулай бошад. Вақти ғундоштани косаву табақ садои ба ҳам задани онҳо бояд набарояд ва беҳтар он аст, ки як лаълии калон оварда якбора косаҳои холиро ҷамъ намоем.

Пешниҳоди хўрокро аввал аз калонсолон сар мекунанд. Хўрокро гарм-гарм пешниҳод намоед, ки хушхўр бошад..

Таоми оддиро метавон бо кабутиву сабзавот оро дода, бо меҳрубонии хуб дили меҳмонро гарм ва шикамашро сер намуд.

Дар вақти меҳмондорӣ муҳимтарин шарт ин покизагии дастархон, косаву табақ ва хўроки болаззат мебошад. Масале халқие ҳаст, ки меҳмон ба хона аз дари калон медарояду ризқу баракааш аз дарича.

Ҳангоми дар хона ҳузур доштани меҳмон, бояд бо овози баланд сухан нагўем, ба ягон кас дар ҳузури меҳмон дағалона рафтор накунем.

Вақти рафтани меҳмон, соҳиби хона то баромади хона ўро гусел мекунад ва барои ташрифаш изҳори миннатдорӣ менамояд. Дар вақти қабули меҳмон чеҳраи соҳибони хона бояд доимо кушода бошад. Ҳамчунин риояи қоидаҳои зайл ва умуман одоби дигари меҳмоннавозиро аз хотир фаромўш бояд накунед:

  • Таоми хунук ва равғанӣ паи ҳам тез дода намешаванд;
  • Кўшиш намоед, ки ҳама анвои таом зебо ва эҷодкорона пешниҳод шавад;
  • Кўшиш намоед, ки дар вақти қабули меҳмон таомҳо аз маводҳои гуногун пухта шуда бошанд;
  • Таомро танҳо гарм пешниҳод намоед;
  • Ҳангоми пешниҳоди таоми якум ва ё гўштбирён коса ва ё табақро гарм карда, таомро кашед;
  • Мувофиқи анъанаи тоҷикон дар вақти қабули меҳмонон зиёфат аз шўрбо, хомшўрбо, хўроки дуюм (палав, манту, гўштбирён ва ғ.), газакҳо ва ширинию мева иборат мебошад.

Ҳамчунин дар хотир нигаҳ доред, ки меҳмондорию меҳмоннавозӣ дар шаҳру деҳа ё байни халқҳои гуногун фарқ доранд. Масалан, агар шумо дар шаҳр дар хонаи серошёна зиндагӣ кунед ва ба хона меҳмон аз роҳи дур биёяд, онҳо одатан шабона мемонанд. Аз ин рў, ҳам шумо мизбонон ва ҳам меҳмонон бояд барои нороҳатиҳои муваққатӣ омода бошед. Меҳмононро дар ин ҳолатҳо дар меҳмонхона (зал) ё хонаи хоби хурдсолон барои шабгузаронӣ ҷой мекунанд. Тибқи анъанаҳои замони муосир меҳмононро ба ҳеҷ ваҷҳ дар хонаи хоби волидон ҷой кардан мумкин нест.

Шумо ҳамчунин метавонед аз тарафи дўстону наздикон, ки намояндаи миллати дигаранд, ба меҳмонӣ даъват шавед. Дар ин ҳолат дар ёд дошта бошед, ки пешвоз ва пазироии меҳмонон байни халқҳо фарқ дорад. Масалан, русҳо аз қадимулайём меҳмонро бо нону намак дар остонаи хона пешвоз мегирифтанд. Ё худ, булғорҳо бо мехчагули сурх ва равғани садбарг меҳмонро пеш аз вуруд пазироӣ мекунанд. Байни баъзе халқҳо ҳангоми пазироӣ ба дастони меҳмонон атр мепошанд ва ғайра. Анвои хўрок, тарзи муносибат бо меҳмон ва қоидаҳои дигар низ байни халқҳо тафовут дорад. Аз ин рў шумо барои фаҳмидани чунин тафовутҳо бояд ҳатман омода бошед ва дар ҳар ҳолате, ки набошад аз беҳтарин расму ойин ва қоидаҳои меҳмондорию меҳмоннавозии миллию байналмилалӣ пайгирӣ намоед.

Маводи иловагӣ дар мавзўъ

Порча аз «Футувватномаи султонӣ» -и Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Дар одоби зиёфат

Бидон, ки меҳмонӣ кардан, суннати Иброҳим пайғамбар аст. Ва ба меҳмонӣ рафтан ва иҷобат кардан суннати ҳазрати рисолат аст.

Агар пурсанд, ки одоб ва аркони меҳмонӣ кардан чан даст?

Бигўй: Чаҳордаҳ: Ду шарту шаш аркон ва шаш адаб.

Агар пурсанд, ки ду шарт кадом аст?

Бигўй: Аввал, меҳмонро таоми ҳалолу покиза диҳад. Дуюм, он ки меҳмониро барои Худо кунад, на барои ғаразу риво ё ҷазо.

Агар пурсанд, ки шаш аркон кадом аст?

Бигўй: Аввал, меҳмонро таъзим кардан ва ба ҷои некў нишондан. Дуюм, бо меҳмон кушодарўй ва хандон будан. Сеюм, ҳарчанд меҳмон падид ояд, рўй турш накардан. Чаҳорум, меҳмони нохондаро ҳурмати зиёд доштан. Панҷум, бухл накардан ва он чи аз даст барояд, аз меҳмон дареғ надоштан. Шашум, такаллуф[1] накардан ва он чи мақдур[2] бошад, кардан.

Агар пурсанд, ки шаш адаб кадом аст?

Бигўй: Аввал, аз меҳмон суол кардан, ки майли ў ба кадом навъи таом бошад. Дуюм, таоми беҳтар пеши ў ниҳодан. Сеюм, дар хўрдан таклифи бисёр накардан. Чаҳорум, чун берун равад, мушояат[3] кардан ва камтари он ҳафт қадам аст. Панҷум, миннат наниҳодан, балки миннат фаровон доштан, ки Худои таъоло тавфиқ дод, то он шахс рўзии худро бар сари суфраи ў тановул намуд. Чунончи, устод гуфтааст:

Ҳар киро бинӣ ба олам рўзии худ мехўрад,

Гар зи хони туст нонаш, в-ар зи хони хештан.

Пас туро миннат зи меҳмон дошт бояд баҳри он-к,

Мехўрад бар хони эҳсони ту нони хештан.

Агар пурсанд, ки меҳмон чӣ овард ва чӣ барад?

Бигўй: Рўзии худ бо худ овард ва гуноҳи мизбон бо худ бибарад. Ва чунончи, дар ахбор омадааст: … чун меҳмон фуруд ояд, ризқи худ бо худ биёварад ва чун берун равад, гуноҳи он қавме, ки мизбони ў бошанд, бо худ бибаранд.

Агар пурсанд, ки одобу аркони ба меҳмонӣ рафтан чанд аст?

Бигўй: Чаҳордаҳ. Ду шарту ду суннат ва даҳ одоб.

Агар пурсанд, ки ду шарт кадом аст?

Бигўй: Аввал, он ки ба меҳмонии мардуми солеҳи некном равад, на мардуми фосиқ ва ҳаромхўр. Дуюм, дар маҷлисе, ки донад, ки дар ў номашрўъӣ[4] ҳаст, наравад, магар донад, ки ба эҳтироми ў тарк хоҳанд кард.

Агар пурсанд, ки ду суннат кадом аст?

Бигўй: Аввал, он ки чун бихонанд, бе тааллул[5] иҷобат кунад[6]. Дуюм, он ки напурсад, ки хўрданӣ чӣ хоҳад буд.

Агар пурсанд, ки даҳ адаб кадом аст?

Бигўй: Аввал, он ки дар вақти рафтан дар пеши мизбон наравад, Дуюм, чун ба дари хона расад, пои рост дар пеш ниҳад. Сеюм, чун ба хона дарояд, салом кунад. Чаҳорум, ҳар куҷо, ки вайро бинишонанд, бинишинад ва такаллуф накунад. Панҷум, бар зеру болову чапу рост нанигарад. Шашум, таом ба навъе хўрад, ки хотири мизбон хуш гардад. Ҳафтум, зуд-зуд аз пеши худ таъом барнадорад. Ҳаштум, чун таъом хўрда шавад, зуд бархезад, магар мизбон нагузорад. Нўҳум, баъд аз фароғ[7] мизбонро дуо кунад. Даҳум, чун берун равад, шукр гўяд ва шикоят накунад.

Агар пурсанд, ки ба меҳмонӣ рафтан чӣ бурдӣ ва чӣ овардӣ?

Бигўй: Баракат бурдам ва охират овардам.

Агар пурсанд, ки бар кадом суфра чизе хўрдӣ?

Бигўй: Бар қисмати азалӣ.

Агар пурсанд, ки мизбон чӣ кард ва ту чӣ кардӣ?

Бигўй: Ў даъват кард ва ман дуо кардам.

[1] Такаллуф – сохтакорї.

[2] Маќдур – ба ќадри имкон.

[3] Мушояат – њамроњї.

[4] Номашрўъї – ѓайриимкон.

[5] Тааллул – сабаб.

[6] Иљобат кардан – љавоб додан.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.