Илми ахлоқ ва масъалаҳои асосии он

 

Илми ҳикмат, чуноне ки зикр намудем, яке аз илмҳои назариявӣ буда, ҷинсу ашёҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки барои идрок ва маърифати инсон қуллай ва муносиб бошанд. Ба тариқи дигар гўем ин илм нахустасоси ашё ва падидаҳо, инчунин сабабиятҳоро меомўзад.

Илм ҳамон вақт қимату арзиши аслии хешро ба даст хоҳад овард, ки тибқи фармудаи Арасту, муроқибаткунанда буда, аз манфиатпарастӣ фоидаҷўиҳо ва омўзиши технологии олам дур бошад.

Инсон дар ин занҷири низом ҳалқаи зарурие мебошад, ки моҳияти ҷавҳари воқеотро аз тариқи дониш ва аҳлу заковати хеш дарк менамояд. Камолоту рушди инсон низ, билхоса бар асоси дониш ва биниши вай устувор хоҳад гашт. Аз ин ҷост, ки илм ва хирадро сабаби умумӣ ва асосии падидаҳои ҳастии олам мешиносанд.

Дар аввалин сурае, ки ба пайғамбари ислом дуруд фиристод, арзиши неъмати илм ва донишро бозгў намуд ва ба тамоми аҳли башар чунин изҳор кард, ки дар тамоми ҳамаи падидаҳои ҳастӣ, вуҷуди онҳоро бо илм вижагӣ бахшида аст ва мушаххасу мумтоз сохтааст. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки агар пас аз неъмати эҷод неъмати волотаре вуҷуд медошт худо одамонро ба илм вобастагӣ намекард.

Ин илм худ барои худ вуҷуд дошта дар роҳи маърифати ҳақиқат равона шудааст. Ҳикмат ин устуворандешӣ ва санҷидагии гуфтору рафтор буда, саршор аз шукўҳу аъзамат ва хайру баракат аст.

Ҳикмати амалӣ ва барои навбати худ илми ахлоқ барои дарки муносибатҳои иҷтимоӣ ва вазифаҳои ҷамъиятии ҳар шахс, барои фаҳмиш ва дарки қоидаҳои ахлоқиву ҳуқуқие, ки ҳаёти ҷамъиятӣ ба онҳо такя менамояд, инчунин танзими кирдору рафтору гуфтори одамон ба мақсади расидан ба ҳадафи волои олии ахлоқӣ хидмат менамояд. Ин илм ба ҳайси илми раҳбарикунанда буда, ҷой ва тамоюли() фаъолияти инсонро дар ҷамъият ва олам муайян месозад. Тавассути ин илм инсон ҳадафи аслии офариниши худро дарк намуда, ҷавҳари басити( ҷои фарох, паҳновари васеъ) хешро дармеёбад.

Аз ин рў илми ахлоқ – илмест, ки шахсро ба ҳаракатдиҳанда ва созандаи таърих табдил медиҳад ва ба фармудаи И. Кант – илмест «доир ба қоидаҳое, ки инсон чи гуна амал бояд намояд. Ин илм дар ҷараёни амалӣ иҷтимоии мардум ба вуҷуд омада, ба ҳар як фард қоидаҳои амалии одобро омўзонда, лекин махсуси як одам шуда наметавонад. Илми ахлоқ шакли иҷтимоӣ дошта кирдори касоне мебошад, ки бо якдигар муносибати фикрӣ, эътиқодӣ ва ихтисоси муайяне доранд. Аслан илми ахлоқ зодаи ҷамъияти инсонӣ буда, маънои хиради зиндагиро дар худ меғунҷонад. Яъне таълимотест дар бораи касб намудани сифатҳои иродиву рўҳонии инсон, ки сараввал дар ҳаёти иҷтимоӣ ва баъдан дар ҳаёти шахсии ҳар фард зарур ва ногузир мебошад. Ба ҳамин тариқ ахлоқ офаридаи мардум буда, василае барои таҳкими манфиатҳо ва амалкарди инсонҳо мебошад. Вай ба нерўе табдил мешавад, ки гўё бидуни дахолати одамон ба даст омада, шакли ахлоқи тамоми ҷомеаро, ки пуштибон ва муҳофизи он аст, ба худ мегирад.

Мафҳуми «ахлоқ» ва «этика»- Маънии ахлоқ ва одоб чист? Ин масъала на танҳо масъалаи аввалияи ҳикмати амалӣ маҳсуб мегардад, балки дар тўли тамоми таърихи ин илм, ки тақрибан дуюним ҳазор солро дарбар мегирад, ҳамчун манбаи асосии манфиатҳои таҳқиқотӣ қарор гирифта буд.

Макотиби мухталиф ва мутафаккирон асрҳои гуногун ба ин савол ҷавобҳои мухталиф доданд. Таърифи ягона ва бебаҳси ахлоқ то имрўз вуҷуд надорад, ки ин худ аз муносибати бевосита бар гуногуншаклии ин дарак медиҳад. Ахлоқ ҳамзамон ба сифати вазифае пеш меояд, ки ҳалли худро талаб дорад. Илова бар он ахлоқ мулоҳизаи назариявиро низ тавсия менамояд. Ахлоқ чизе нест, ки ба таври содда мавҷуд бошад. E бештар онест, ки бояд бошад. Аз ин рў муносибати баробари илми ахлоқ бо худи ахлоқ ба инъикос ва тазеҳот маҳдуд намегардад. Илми ахлоқ инчунин вазифадор аст, намунаи хоси одоби худро пешниҳод намояд: файласуфони илми ахлоқро дар ин муносибат метавон ба меъмороне ташбеҳ дод, ки эътирофи касбии онҳо аз тарҳрезии биноҳои нав иборат мебошад. Мо баъзе аз таъиноти ба нисбат умумии илми ахлоқро баррасӣ намоем, ки онҳо ба таври васеъ дар илм пешниҳод шуда бошанд ҳам, лекин ба таври қатъӣ дар фарҳанг устувор нагардидаанд. Ин таърифҳо дар сатҳи хеле баланд ба ақидаи паҳншудаи ахлоқ мувофиқат доранд. Ахлоқ ду чизи бо ҳам муносиб ва дар айни замон чеҳраҳои мухталифро пеши рў меорад.

а) тавсифи шахсият ҳамчун маҷмўи сифатҳои ахлоқӣ ва накўкорӣ. Масалан, ростқавлӣ, бовиҷдонӣ, меҳрубонӣ ва ғайра.

б) тавсифи муносибатҳои байни одамон инчунин мавҷудияти меъёрҳо ва ахкоми ахлоқӣ. Масалан «дурўғ нагў», «надузд», «накуш

#
test

Добавить комментарий